Перейти к основному содержанию
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 16-уми декабри соли 2025 баргузор гардид роҳнамои ҳар як фарди кишвар буда, фарогирандаи масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо масъул ҳастем, ки баҳри амалисозии нуктаҳои Паём саҳми хешро гузорем.

Паём аз лиҳози мазмун ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи кишвар нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудааст, ки чунин пешравиҳо аз рушди босуботи сохаҳои мухталифи ҳайёти ҷамъиятии кишварамон гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсуроти беандоза ҷазобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём хуҷҷати асосии Стратегии тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равон ва бо пуррагӣ мурратабу матраҳ месозад.

Пешвои илмпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ дар баробари ҳама соҳаҳо чун ҳамеша ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои беҳтар намудани шароити аҳли илму маориф ва тайёр намудани кадрҳои босифат суханони самимиву ибратбахш, пешниҳодоҳои муҳим ва дастуру супоришҳои судманду созанда доданд.

Тавре, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид соҳаи саноат яке аз бахшҳои калидии соҳаи иқтисоди кишвар буда, омили асосии таъмини амнияти иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ махсуб меёбад.

Тавре, ки дар Паём таъкид гардид, рушди босуръати саноат яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи давлатӣ буда, идомаи раванди саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи муҳими гузариш ба иқтисоди истеҳсолӣ ва содиротӣ маҳсуб меёбад. Дар иртибот ба ин, коркарди технологии ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла маъданҳо, захираҳои энергетикӣ ва коркарди растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти маводи доругии воридотивазкунанда аз вазифаҳои афзалиятноки соҳаи иқтисодии кишвар буда, дар рушди саноатикунонии кишвар заминаҳои муносибро фароҳам месозад.

Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар дар меҳвари асосии суханронии Пешвои миллат қарор дошта, баён гардид ки дар давраи солҳои 2019-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта бунёд ва ба фаъолият оғоз намуданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар соли 2025 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Аз ҷумла корхонаҳои коркарди маъданҳои тилло, нуқра, хокаи сурб ва дигар аҷзои маъодин кишвар дар соли равон бо иқтидорҳои баланд арзи фаъолият намуданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии (дар соли 2020) ба 26 миллиард сомонӣ (дар соли 2025) расонида шуд, ки афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробарро ташкил медиҳад. Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст. Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки агар дар давраи аввали солҳои ба дастовардани Истиқлол мо ҳамагӣ 358 корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ дошта бошем, айни ҳол теъдоди он наздик ба 5000 шудааст, ки дар онҳо ҳазорҳо нафар шаҳрвандон кор ва фаъолият менамоянд. Ин раванд ба мустаҳкам шудани иқтисоди миллӣ ва ҷалби васеи мутахассисон ва шаҳрвандон ба ҷойи кори доимӣ мебошад.

Нуктаи муҳиме, ки дар Паём ироа гардид ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаи саноат мебошад, ки Сарвари давлат баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ, таъкид намуданд, ки истифодаи технологияҳои муосир метавонад рақобатпазирии маҳсулоти ватаниро дар бозорҳои минтақавию байналмилалӣ баланд бардорад. Аз ҷумла зикр намуданд, ки масъалаи рушди “саноати сабз” ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия низ дар замони муосир мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати коҳиши таъсири манфии истеҳсолот ба муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва татбиқи стандартҳои экологиро дар корхонаҳои саноатӣ таъкид карданд. Албатта ки барои рушди соҳаи саноат ва дигар соҳаҳҳо кадрҳои баландихтисос лозим аст, то ки рушди соҳаҳо таъмин карда шавад.

Дар маҷмуъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соҳаи саноатро ҳамчун неруи муҳаррики рушди иқтисоди миллӣ муаррифӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар ин бахш муайян карданд. Татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда метавонад ба рушди устувори саноат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар иқтисоди минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон аз 1-уми сентябр соли 2026 маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 25 ва 20% зиёд намуданд, ки ин иқдоми хайрхоҳонаи Пешвои миллат масъулияти ҳар яки мо, кормандони соҳаи илмро бештар намуда, водор месозад, ки барои рушди соҳаи илм ва тайёр кардани кадрҳои босифати ҷавобгӯи меъёрҳои байналмиллалӣ саҳми арзандаи хешро гузошта, шогирдонамонро дар рӯҳияи худшиносиву ватанпарастӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намоем.

Ба таъкиди Сарвари ҷавонпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.”

Шоистаи зикру ифтихори бузург аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қишри фаъолу ояндасози миллат эътироф гардида, баҳри онҳо ҳама шароити зарурӣ ҷиҳати донишандӯзиву фаъолияти корӣ муҳайё гардидааст.

Боиси ифтихори мост, ки чун ҳамеша як бахши муҳимми Паёми солонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани нуфузи омӯзгор дар ҷомеа бахшида шуда, ҳар сатри он саршор аз самимияту ҳидоятҳои созанда баҳри мо мебошад.

Яке аз самтҳои вижае, ки дар Паёми Президенти кишвар зикр мешавад ин баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии наврасону ҷавонон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ ва таҳкими пояҳои моддиву техникӣ, озмоишгоҳӣ ва кадрии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади амалисозии «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030» Раёсати Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон чораҳои заруриро баҳри баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатноки ва тавсеаи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиии магистрантон, аспирантон ва докторантон чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар иртибот ба ин бояд, гуфт, ки таи чанд соли охир теъдоди олимони ҷавон дар Институти кимиёи АМИТ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Зеро дарки худшиносии миллӣ ҷавонони бо ору номуси кишварро водор менамояд, ки рӯ ба илм ниҳанд, зеро ягона роҳи наҷот аз фақру камбизоати танҳо илм ҳасту бас. Масалан, нисбат ба соли гузашта дар Институти кимиёи АМИТ дар соли 2025 дар зинаи магистратура 24 нафар, докторантура PhD 16 нафар, аспирантураи анъанавӣ 2 нафар ҷавонон таҳсил ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ доранд, ки нисбат ба соли хониши 2022-2023 қариб 2.5 маротиба зиёд мебошанд.

Махсусан дар қатори дигар нишондиҳандаҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар масъалаи амалисозии энергетияи сабз таваҷҷуҳи хоса дода шуд, ки масъалаи мазкур бевосита дар таҳкими рушди соҳаи энергетикаи кишвар саҳми муассир дорад. Вобаста ба ин дар Институти кимиёи АМИТ таҳти роҳандозиҳои Президенти АМИТ академик Хушвахтзода Қ.Х. ва барномарезиҳои Институти кимиёи АМИТ гурӯҳи корӣ ташкил намуданд, зеро дар чунин шароит бунёди чунин як самти тадқиқот амри муҳим маҳсуб меёбад.

Сол то сол робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ густариш ёфта истодааст. Аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ барои таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар диққати калон дода мешавад. Бо давлатҳои Руссия, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Туркия, Олмон, Ҷумҳурии Халқии Чин ва ғайра шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуд. Имрӯз беш аз 50 000 нафар ҷавонони соҳибистеъдод аз ҳисоби давлат тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», дар хориҷа таҳсил мекунанд. Аз ин хотир бо итминон метавон гуфт, ки ҳар сатри дар Паём ироашуда, дастури роҳнамо ва машъалафрӯзи роҳи саодат баҳри мо, кормандони соҳаи илм ба ҳисоб меравад. Воқеан ҳам, дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза мо, илмро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, забономӯзиву донишандӯзӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ тарбия намоем.

Паёми Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз он ки ҳисоботи Президент ба халқ аст, барномаи мукаммалест, ки пешрафти ҳар соҳаро кафолат медиҳад. Бояд ҳар нуктаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ шавад.

Мо, ходимони Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Паёми солонаи Президенти кишварро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсозу дастури роҳнамо сармашқи кору фаъолияти илмии хеш қарор дода, барои амалӣ намудани он баҳри рушди саноатикунонии миллӣ ва ҳама дастуру ҳидоятҳои судманд ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба монанди машъали фурӯзонест, ки ҷомеаи соҳибистиқлоли моро ба сӯйи музаффариятҳои азиму таърихӣ роҳнамоӣ намуда, моро водор месозад, ки ин дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллатамонро қадршиносӣ намуда, баҳри рушду инкишофи кишвари азизамон саҳмгузор бошем, зеро ин вазифаи ҷонии ҳар яки мост.

Р.О. Раҳмонов - муовини директор оид ба илм ва таълим, доктори

илмҳои химияи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ.