Перейти к основному содержанию

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -16 ноябр

Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба саҳнаи сиёсат қадам гузоштанаш худро ҳамчун шахсияти таърихӣ ва меъмори давлати навини тоҷикон муаррифӣ намуд. Дар шароите, ки кишвари ҷавони мо аз чолишҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва парокандагии иҷтимоӣ ранҷ мекашид, ӯ масъулияти таърихиро ба дӯш гирифта, тамоми дониш, таҷриба ва неруи хешро барои барқарории сулҳ ва эҳёи миллат равона сохт. Худи ӯ таъкид кардааст:

«Барои гул-гулшукуфии Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи мардум сидқан талош мекунам; агар зарур шавад, ҷон нисор мекунам».

Бунёди давлатдории навин ва истиқрори сулҳ

Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳи пойдор, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Ӯ тавонист дар муҳлати кӯтоҳ пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, артиш ва қӯшунҳои сарҳадиро эҳё намояд, институтҳои давлатӣ ва сохторҳои маъмуриро аз нав бунёд кунад.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) марҳалаи нав дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар гардид. Ин ҳуҷҷат, ки ба шарофати иродаи қавӣ ва талошҳои шахсии Пешвои миллат ба даст омад, Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ наҷот дод ва барои рушди минбаъдаи давлатӣ заминаҳои устувор гузошт.

Таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа

Дар сиёсати дохилии кишвар ҷойгоҳи муҳими Пешвои миллат эҳёи ҳофизаи таърихӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад. Бунёди муҷассамаҳо ва ёдгориҳои миллӣ, эҳёи ҷашнҳои таърихӣ, рушди илм ва маориф, инчунин арҷгузорӣ ба мероси тамаддуни ориёӣ – ҳамаи ин боиси таҳкими ҳувияти миллӣ ва рӯҳияи давлатсозии тоҷикон гардид.

Модернизатсияи иқтисодӣ ва инфрасохторӣ

Дар даврони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон раванди модернизатсияи иқтисодии Тоҷикистон ба марҳалаи босуръат ворид шуд. Аз ҷумла:

- Сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, махсусан НБО-и Роғун - ки барои истиқрори амнияти энергетикӣ аҳамияти тақдирсоз дорад;

- Рушди долонҳои нақлиётӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ;

- Саноатсозии босуръат, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва рушди бахши коркард;

- Амнияти озуқаворӣ, ки яке аз чор ҳадафи стратегӣ мебошад.

Ин ислоҳот сиёсати нави иқтисодиро ба вуҷуд оварда, муносибатҳои бозорӣ, низоми бонкӣ, пулию буҷетӣ ва гумрукро муосир гардонд.

Истиқрори муносибатҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои глобалӣ

Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда пайдо кард. Давлат ҳамчун пуштибони ташаббусҳои муҳими глобалӣ, бахусус дар масъалаҳои захираҳои об, амнияти экологӣ ва рушди устувор, шинохта мешавад.

Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2003, 2005-2015, 2013, 2018-2028 ба мавзӯи об бахшид. Ин иқдомҳо таҷрибаи Тоҷикистонро ба як модели умумибашарӣ табдил доданд.

Тоҷикистон ҳамчунин дар ҳалли мушкилоти минтақа, аз ҷумла бӯҳрони экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал, фаъолона саҳм мегузорад.

Модернизатсияи сиёсӣ ва иҷтимоӣ

Пешбурди ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ташаккули низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт. Ин раванд ба рушди устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ, вусъати фазои маънавӣ, рушди озоди андеша ва фаъолияти институтҳои сиёсӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Ҷомеаи муосир ва ҷараёни модернизатсия

Модернизатсия ҳамчун раванд аз таҳаввули амиқи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иборат аст. Он мегузаронидани ҷомеаи анъанавӣ ба ҷомеаи муосир буда, дарбаргирандаи инкишофи техника, истеҳсолот, муносибатҳои меҳнатӣ, идоракунии давлат ва сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Таҷрибаи Тоҷикистон дар ин замина як намунаи хоси модернизатсияи давлати пасоконфликтӣ ба шумор меравад, ки тавонист дар муҳити мушкил ба сатҳи нави рушди устувор бирасад.

Хулоса

Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар навсозӣ ва тараққиёти ҷомеаи тоҷик, дар таҳкими сулҳ ва ваҳдат, боло бурдани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ташаккули модели муосири давлатдорӣ бесобиқа аст. Ӯ ҳамчун меъмори давлати навин, ҳомии ҳувияти миллӣ ва роҳнамои ҷомеаи тоҷик ба сӯи рушди устувор шинохта мешавад.

Давраи роҳбарии ӯ саҳифаи пуршараф дар таърихи Тоҷикистон буда, роҳандозии ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ марҳила ба марҳила самараи воқеӣ ба бор овардааст.

ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент