Перейти к основному содержанию
Имрузҳо дар гушаву канори сайёра нооромиҳои динию мазҳабӣ ва геополитикии гуногун ба назар мерасад. Новобаста аз сабабҳои хоси худ, онҳо хусусиятҳои умумиро доро мебошанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар афканем, гуфта метавонем, ки сабаби бадбахтии инсон ва умуман башарият дар нофаҳмӣ ва дуруст дарк накардани роҳи ҳақиқат аст. Дар вазъияти баамаломада, ягона роҳи халосӣ аз бадбахтӣ, ки худ буҳрони маънавии умумибашарист, андешаи мутаҳидкунандаро пазируфтан ҳатмист. Чунин андеша андешаи муттаҳидсоз – андешаи ваҳдат аст.

Таърих исбот менамояд, ки зиндагии шоиставу сазовори мардум ва рушди бо суботи ҷомеа танҳо ҳангоми ҳукмрониии ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад.

Ваҳдати миллӣ, яке аз пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик, ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст. Кишваре, ки соҳиби ваҳдат бошад роҳу равиши хосаи давлатдорӣ ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо мекунад ва набзи давлату миллати худро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Дар ин раванд миллати тоҷик тавонист комёб шавад. Мо ба ҷаҳониён собит намудем, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати бофарҳанги тоҷик аст.

Хиради инсони муҳаррики асосӣ ва сарчашмаи ҷаҳонбинофар ҳисобида мешавад. Хиради азалии миллати тоҷик сабаби имрӯзу фардо дар кишвари мо эҳё шудани андешаи ваҳдат гардидааст. Пас тасодуфӣ нест, ки нахуст илҳомбахш ва дар сатҳи дунявӣ, эҳёгари андешаи ваҳдат фарзанди баруманди миллати тоҷик, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ба хисоб меравад. Бояд ёдовар шавем,ки дар амали гаштани ин падидаи таърихӣ, бе муболиѓа, хизмати Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Кушишҳои пайгирона ва сулҳпарваронаи ӯ буд, ки баҳри амали гаштани чунин андеша, яъне андешаи ваҳдати миллӣ шароит муҳайё намуданд.

Мафҳуми «Ваҳдат», «Соҳибихтиёрӣ» ва «Истиқлол» низ дар маҷмӯъ озодии инсон дар доираи давлату давлатдорӣ мебошад, ки мақоми инсонро дар ҷомеа меафзояд, шаҳрвандонро мустақилу шуҷоъ ва дар замирашон ѓояҳои озодандешӣ ва ватандӯстиро ҷой менамоянд.

Умуман таърихи инсоният ин таърихи рушду нумӯи озодист. Маълум аст, ки тамоюли пешравии тафаккури озод дар таърихи башарият якчанд садсолаҳо пештар бо эҳёи замони нав ба миён омада буд. Кишварҳои тараққиёфтаи дунё зиёда аз 100 сол муқаддам ба замони инқилобҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда, озодии хешро ба соҳибтстиқлолӣ ва дигар мафҳумҳо вобаста ба вақту замон омезиш дода тавонистанд.

Ваҳдат - мафҳуми барҷаставу пуробурангест, ки шодиву нишот, ҳаёти осуда, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандустиву ватансозиро ифода мекунад. Ваҳдат кафолати амният, оромӣ, сулҳу субот рушди иқтисод, иҷтимоиёт ва маънавиёт мебошад.

Воқеан, Ваҳдат — беҳтарин неъмат, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятии ҷомеа иборат аз он буда, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азиз ва муқаддасро аз пора- пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшад. Моро ҳушёрӣ мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда, ба қадри он расем. Қаҳрамонии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош меварзанд. Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босураъати кишвар зина ба зина ҷидду ҷаҳд мекунад.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнатдӯсти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ бартараф шуда, зиндагии босаодати халқи азизамон таъмин хоҳад гардид.

Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,

Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.

Паи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,

Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.

Маълум аст, ки Ваҳдат раванди ташакуллёбии миллатро метезонад. Пас миллат иттиҳоди ризоияти шаҳрвандони як ҷомеа дар як давлати миллӣ мебошад, ки омилҳои асосии онро унсурҳои давлати миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад.

Ҷои баҳс нест, ки ояндаи ҳар як миллату давлат дар дасти ин қишри ҷомеа мебошад, яъне тақдири ҳар як кишвар дар дасти ҷавонон қарор мегирад. Аз ҳамин нуқтаи назар, то чи андоза бархӯрдор будани ҷавонон аз фарҳанги миллӣ ва доштани ҳувияти миллӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Воқеан ин қишри ҷомеа дорои зарфияти бузурги зеҳнӣ ҳастанд, истифода накардан ва қадр накардани он ба манфиати ин ҷомеа нахоҳад буд.

Барои он,ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо пеш аз ҳама бояд аз таърих ва фарҳанти куҳанбунёдамон бархурдор гарданд. Ҳамчунин моҳияти Ваҳдати миллиро ба хуби дарк карда, бо рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқадасоти миллӣ эҳтиром гузошта ба ин неъмати бебаҳо ва муқаддас Ваҳдати миллӣ ва сарвари шуҷои ин сарзамин ба қадри ин сарзамини биҳиштосо расему ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар бошем, ки дар оянда, ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт карда тавонем.

Давлатмуродзода Балхия Давлатмурод - ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ав ҳуқуқи Институтити фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ