Перейти к основному содержанию
Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҷашнҳои куҳани аҷодии тоҷикон буда, вобаста ба мавсимҳои сол паси ҳам омада, бо ҳам робитаи диалектикӣ доранд. Бинобар ин, тоҷикон онҳоро ҷашнҳои мавсимии аҷдодӣ унвон дода, вобаста ба расму суннатҳояшон дар сатҳи давлатӣ таҷлил мекунанд. Бавижа, Сада – омодагӣ ба корҳои деҳқонӣ ва кишоварзӣ; Наврӯз – фарорасии файзи баҳор; Тиргон – ҷашни ситоиши обу борон ва Меҳргон – ҷашни ҳосилот, ки онро дар фасли тирамоҳ ҳангоми ғун кардани ҳосили парварида таҷлил мекунанд.

Тиргон аз зумраи ҷашнҳои куҳани мавсимии аҷдодӣ буда, бо тамоилгириҳои хосси худ ҷашн гирифта мешуд. Мувофиқ ба солшумории куҳан гузаштагонамон рӯзи сездаҳуми ҳар моҳро «тир» меномиданд ва ҳар вақт, ки номи рӯз бо номи моҳ баробар мегашт он рӯзро ҷашн гирифта, шодию хурсандӣ менамуданд. Чун рӯзи сездаҳум дар моҳи тир ба ҳам созвор омададанд, онҳо ин ҷашнро «Тиргон» номиданд ва нӯҳ рӯз онро ҷашн мегирифтанд.

Файласуфи маъруфи тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия»-и худ ин андешаро тақвият дода, навишта буд, ки «рӯзи сездаҳуми он, ҳамоно рӯзи «Тир», ҷашн аст, ки боз аз барои созвории ду ном «Тиргон» номида шуд. Ё худ ин ҷашнро марбут ба фариштаи «Тир» ё «Тиштар» медонанд, ки ба боридани борон ёрӣ мерасонад ва рӯзи гиромидошти дабирон аст. Бар замми ин, достони Ораши камонгир, ки дар ин рӯз рӯй додааст ва он рӯзро - рӯзи посдорӣ аз марзҳои Эронзамин дар баробари душманони туронӣ (Афросиёб) мешуморанд, далели дигари ҷашни Тиргон ном гирифтани он аст.

Дигар далели ба ҷашни хоссаи ниёкон табдил ёфтани «Тиргон» он аст, ки дар аҳди давлатдории Сосониён, давраи прдшоҳии Пирӯз дар Эрон ҳафт сол борон наборид ва хушксолӣ бедодӣ мекард. Дар ин рӯзҳо мардум рӯй ба биёбон оварда, бо ниёиши худ аз парвардигор орзуи боридани борон мекарданд ва пас аз он бориши борон оғоз шуд ва дар чунин рӯзи фараҳ онҳо бо шодӣ ба якдигар об мепошиданд, хурсандӣ мекарданд. То кунун ин рӯз ҳамчун рӯзи «Обрезгон» ёд карда мешавад ва ҳар сол онро ҷашн мегиранд.

Анъанаҳои муҳимми фарҳангии ин ҷашн онанд, ки чанд рӯз пеш аз таҷлили Тиргон мардум хонаҳоро покиза мекарданд ва бомдоди рӯзи ҷашн ҳама обтанӣ карда ҷомаи нав мепӯшиданд. Таомули дигари хоссаи ин ҷашн он буд, ки мардум тори нозуке аз абрешими ҳафтранг ва сими нозук ба ҳам мебофанд, ки шабеҳ ба «Тиру бод» ва далолат аз нишонаи рангҳои рангинкамон дар осмон ва намоде аз камони Ораш мекард.

Об, борон, ки фаровонии онро мардум асоси сарсабзгардонӣ, хуррамӣ ва ҳосили баланд, тиру камонро рамзи пирӯзӣ бар душман ва ҳимояи якпорчагии марзу бум мепиндоранд ва ба расму анъанаҳои ҷашни Тиргон иртиботи зич доранд, дар ҷомеаи муосир тақозо аз он мекунанд, ки барои такмилу густариши онҳо миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ баргузор кардани мусобиқаҳои намудҳои варзишӣ дар об, тирпарронӣ аз камон ба мақсад мувофиқ аст.

Насл ба насл мерос мондани суннати обпошӣ ба он хотир имрўз ҳам арзишашро аз даст надод, ки иҷрои амалҳои он вуҷуди инсонҳоро аз кинаву кудурат, аз ғаму андӯҳ озод мекард, баданро пок менамуд, тарсро ҳангоми ба бадан расидани об аз ҷисм берун меовард. Рӯҳу равони мардумро болида мегардонид ва ғайра.

Баргузор кардани маросими фолу кӯза бошад, маҳорати шеърхонию шеърдӯстӣ, ҳозирҷавобӣ, шавқу ҳаваси мардумро ба зиндагии шоиста тақвият мебахшад ва онҳоро барои расидан ба орзуҳои нек муваффақ мегардонид.

Самиев Бобоҷон – мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ