Перейти к основному содержанию

Моҳияти вожаи “ваҳдат”, ба маънои пойдорӣ ва таҳкими ҷомеа далолат мекунад. Пас ҳамчун истилоҳ, мафҳуми «ваҳдати миллӣ» ҷомеаи имрӯзаи мо аз он иборат аст, ки он танҳо ба намояндагони як миллат ё тоҷиконе, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд тааллуқ надошта, балки ваҳдат ва ҳамгироии кулли мардуми кишвар дар назар аст, яъне он ба тоҷикистониён тааллуқ дорад. Пас, ваҳдати миллӣ, ин ваҳдати тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар таркиби ибораи «ваҳдати миллӣ», калимаи «миллӣ» аз нигоҳи сиёсӣ «шаҳрвандӣ»-ро мефаҳмонад, ки тааллуқ доштан ба кишвари хос аст. Ҳамчунин мо дар илмҳои ҷомеашиносӣ ва ҳам дар таҷрибаи давлатдориамон мафҳумҳои «манфиатҳои миллӣ», «истиқлолияти миллӣ», «амнияти миллӣ», «идеяи миллӣ», «пули миллӣ», «сарвати миллӣ» барин ибораҳои монандро истифода мебарем. Ҳамаи ин истиллоҳҳо умумияти хос дошта, ба кишвар ва сарзамини муайян тааллуқ доштани онҳоро мефаҳмонад, ки дар ин маврид истилоҳи «ваҳдати миллӣ» айни ҳамин тавзеҳ мебошад.

Пас истифодаи мафҳуми ваҳдати миллӣ («национальное согласие» -русӣ; «national consensus»-англисӣ) дар илмҳои ҷомеашиносии муосир аз чанд нуқтаи назар иборат мебошад:

Пеш аз ҳама«ваҳдати миллӣ» ҳамчун истилоҳи илмҳои ҷомеашиносӣ воситаи ба танзим даровардани ҳалли низоъҳо ва масъалаҳои ихтилофангезе мебошад, ки дар ин ва ё он ҷомеа ба вуҷуд меоянд.

Дуввум, ваҳдати миллӣ ҳамзамон натиҷаи дастоварди муайяни сулҳ дар раванди музокирот байни гурўҳҳои даргир мебошад.

Сеюм, дар ҷомеаи муосир, ки тафовутҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва миллӣ, ки бараъло мушоҳида мешаванд, ваҳдати миллӣ воситаи муҳими ба танзимдароварандаи ин муносибатҳо мебошад.

Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ раванде аст, ки барои ташаккули ба ҳам омадан ва ба ҳам наздик шудани қишрҳо ва гуруҳҳои иҷтимоии ҷомеа оварда мерасонад, ки он натиҷаи фаъолияти якҷояи афроди ҷомеа мебошад.

Қобили зикр аст,ки ба даст овардани ваҳдати миллӣ бузургтарин ва нодиртарин падидаи иҷтимоӣ дар ҷомеа ба шумор меравад. Чуноне медонем ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ кори саҳлу осоне набуд. Ваҳдати миллӣ дар натиҷаи саъю талош ва гузашт карданҳои зиёд ба даст омадааст. Чанд нуктаҳо ва омилҳое муҳиме буданд, ки барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ кумак намудаанд. Махсусан, риоя намудани принсипҳои инсондўстӣ ва эътирофи комили тарафҳо барои сулҳ ҳамчун арзиши муҳим ва олӣ барои аҳли ҷомеа, инчунин эътирофи фикру пешниҳодҳои ҳарду ҷониб дар раванди музокирот ва ташаккули мусолиҳаи сиёсӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд.

Ҳамзамон бояд эъитироф намоем, ки ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ дастоварди беҳтарин дар ҷомеаи мо ба шумор рафта, барои рушди минбаъдаи кишвар ва таҳкими амниятии ҷомеа нақши муҳим бозидааст. Имрўз датовардҳои бузурги мо дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва соҳаи варзиш маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳанўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2005 дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд: «Тоҷикистон бо роҳи дуруст равона аст ва асоси онро суботи сиёсӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад».

Чуноне қайд намудем, ваҳдати миллӣ як раванд аст, ки дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ташаккул меёбад. Имрўз низ дар ҳоле, ки ҷомеаҳои муосирро хатарҳои гуногун таҳдид мекунанд, ваҳдати миллӣ бояд тақвият ёбад. Ҳар як фарди ҷомеа бояд дар ин раванд саҳм дошта бошад. Рисолати ҳар як фарди солимфикри ҷомеа новобаста аз мақоми иҷтимоӣ ва хидматияш бояд таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ бошад.

Дар ин раванд бояд маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шуда, ҳисси худшиносӣ ва ватандўстӣ тақвият дода шавад. Маҳз иттиҳод ва ваҳдат дар атрофи арзишҳои умумии чомеа барои тақвияти ваҳдати миллӣ ва рушди бонизоми он мусоидат менамояд.

Имрӯз моро зарур аст, ки ҳисси ватандӯстиямон, танҳо дар асоси гиромидошти манфиатҳои миллии давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ ташаккул ёбад. Бо назардошт ва дарки воқеии вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, моро зарур аст, ки ватандӯстии худро дар мафҳуми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони ягона - Ватани маҳбуби мо ташаккул ва тақвият диҳем. Ватандӯстии мо ифодакунандани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ки тамомияти арзии кишвар, эҳтирому арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, арзишҳои моддиву маънавӣ ва дар маҷмӯъ манфиатҳои миллии кишвар бояд бошад.

Нусратулло Зокирзода, номзади илмҳои фалсафа. Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин.