Перейти к основному содержанию
Вақте баргҳои таърихро варақ мезанем ва ба сарнавишти халқи тоҷик назар меандозем, дармеёбем, ки ин миллат дар тӯли асрҳо бо дили пурифтихор аз тӯфонҳои ҷанг, парокандагӣ ва фишор гузаштааст. Аммо ҳар дафъа, пас аз уфти сахт, боз бо иродаи шикастнопазир қомат рост кардааст. Яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихи навини миллати тоҷик, ки дар рӯҳи ҳар фарди бономус ҷой гирифтааст, Ваҳдати миллӣ мебошад.

Ваҳдат — ин на танҳо як рамзи сулҳу оромист. Ваҳдат — ин нафаси зиндагии миллат, пайванди дилҳост. Агар миллатро як бадан тасаввур кунем, пас ваҳдат қалби он бадан аст. Бе он зиндагӣ маъно надорад.

Бо имзои Созишномаи сулҳ, Тоҷикистон ба сӯи оромӣ ва пешрафт раҳсипор шуд.

Имрӯз Тоҷикистонро тамоми ҷаҳониён чун кишвари амну субот, сулҳ ва оромӣ мешиносанд. Ин ҳама ба шарофати ваҳдат ба даст омадааст. Имрӯз кӯдаки тоҷик бо хандаи беғам ба мактаб меравад, модар бо оромӣ фарзандашро тарбия мекунад, ҷавонон бо умеди фардо дониш меомӯзанд. Ин ҳама аз файзи Ваҳдати миллӣ ва раҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ваҳдат бояд дар дил бошад, дар рафтор, дар гуфтор. Вақте мо якдигарро гиромӣ медорем, ба забони ҳамдигар эҳтиром дорем, ба фарҳанги якдигар арҷ мегузорем — ин ваҳдати воқеист.

Чӣ қадар зебост, ки дар Тоҷикистон имрӯз намояндагони миллатҳои гуногун бо ҳам зиндагии осоишта доранд, ҷашнҳоро якҷо меороянд, ҳамдигарро ба хонадориҳо ва тӯю идҳо даъват мекунанд. Ин худ нишонаи комили Ваҳдати миллӣ аст.

Бигзор бошад ҳар нафас, саршор аз оромиву сулҳ,
Ҳар забон гӯяд сухан, бо муҳаббату фатҳ.
Даст ба даст, дил ба дил, мо равем роҳи саодат,
Миллати муттаҳидем, пояндаем то абад.

Шукр, ки имрӯз Ватан, чун баҳоре сарсабз аст,
Аз хуну ашки гузашта, мондааст дарси бас арзаст.
Аз барои ваҳдати худ, ҷони худро дод касе,
Пас биёмӯзем мо, дӯст доштан ба ҳамдигар басе.

Насли ҷавони имрӯза бояд бо дарки масъулияти бузург ин неъмат — ваҳдати миллиро ҳифз намояд. Ҳар як ҷавон бояд донанда, офаранда, дӯстдор ва муҳофизи ваҳдат бошад. Дар саҳифаҳои рӯзгори навин, ҷавонон бояд номашонро ҳамчун бунёдгарони фардои обод сабт намоянд.

Ҷавонон бояд донанд, ки ваҳдат на танҳо як таърихи гузашта, балки оинаи равшани оянда аст. Агар мо онро аз дилу ҷон ҳифз кунем, Ватани мо рушду тараққӣ хоҳад кард.

Ваҳдати миллӣ як чароғест, ки дар зулмот роҳи моро равшан мекунад. Ин нури ваҳдат аст, ки миллати моро ба сӯи рушд мебарад. Мо — насли имрӯз, насли соҳибистиқлол, бояд бо тамоми ҳастӣ ин гавҳари гаронбаҳоро пос дорем. Зеро ваҳдат меваест, ки бо заҳмати ҳазорон дил ба даст омадааст, ва ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди боифтихор аст.

Соҷидхон Баҳронов-директори Маркази минтақавии таълимию ва омӯзишӣ дар соҳаи амнияти ХБРЯ ва муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли оми Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ