Перейти к основному содержанию
Беш аз се даҳсола аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 июн ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Он барои мардуми мамлакатамон рамзи як пайкари том будани миллати тоҷик ва ҳамзистии намояндагони гурӯҳҳои этникии гуногун дониста мешавад, ки ҳар кадом ҷузъе аз ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

Муруре ба пешинаи ҷомеаи мо дар даҳаи навади қарни гузашта, вазъи онро дар ҳофизаҳо ва зеҳнҳо бедор мекунад, ки дар пасманзари он моҳияти таърихии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавию фарҳангии рӯзи ба ҳам омадани фарзандони як миллат равшантару барҷастатар дарк ва ламс мегардад. Онҳо, ки муддате бо ҳам аз сари ихтилоф бархоста буданд, ба расми хирадварзӣ ва зудудану дур рехтани кинаву ситез аз дилҳояшон, манфиатҳои миллат ва давлатро болотар аз ҳар иддаои фардӣ ва гурӯҳӣ қарор доданд ва бо гирд омадан бар сари суфраи созиш, манбаи ситезпароканиҳо ва пархошҷӯиҳоро фурӯ нишонданд. Рӯзи Ваҳдати миллиро бояд нуқтаи устувори оғози таърихи навини Тоҷикистон донист, ки роҳи душворгузар ва заҳматталаби тармим, бунёд ва камол бахшидан бар пайкари захмдидаи ватани азизамон аз он неру гирифт.

Пас аз расидани Тоҷикистон ба истиқлол, ҷомеа бо бесуботии сиёсӣ ва ихтилофи мусаллаҳона миёни гурӯҳҳои гуногун рӯ ба рӯ омад. Гусастан аз зербинои иқтисодӣ ва иҷтимоии шуравӣ, ки худ як марҳалаи мураккаби таърихӣ буд ва бунёди як инфраструктураи нави давлати тоза ба истиқлолрасидаро тақозо менамуд, ҳамроҳ бо фишори рӯзафзуни ин ихтилофу бесуботӣ ва нуфузи ҷараёнҳои дохилию берунии минтақа печидатар мегардид, ҷомеаро ба ҷанги шаҳрвандӣ расонд. Миллати табиатан нарму меҳрубон ва дурандеши тоҷик рӯзҳои фоҷиабори ситезу ихтилоф ва хунрезиро аз сар гузаронд. Дар ҷомеа парокандагӣ сурат гирифт, мардум дар муқобили ҳамдигар сангар гирифтанд, ҳазорҳо нафар аз вазъи ба амал омада фирор намуда, рӯ ба он сӯи Ому бурданд ва бо сахттарин шароит сохтанд; деҳкадаҳои хайманишин ва дар канори онҳо, мазорҳои тоҷикони муҳоҷир ба вуҷуд омад. Мардуми тоҷик, ки бо муҳоҷират хӯ надошт ва миллати хонапарварда буд, дар ин давра бо имтиҳонҳои сангини зиндагӣ рӯ ба рӯ омад. Ҷомеаро руҳияи ноумедӣ фаро мегирифт. Дар чунин вазъ, ки идомаи роҳ ғуборолудаву хира менамуд, фарзандони диловар ва хирадманди миллат бо пуштикор, фидокорӣ ва ҳиммати камназир тавонистанд ин парешониро ба ваҳдат табдил бидиҳанд. Дар садри онҳо Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, ки бо талошҳои шабонарӯзӣ, музокираҳои бисёр бо намояндагони ҷониби мухолиф, гузаштҳо ва канор гузоштани иддаову кинаҳо, саранҷом муваффақ гардид, то фарзандони як хонадон – хонадони миллат ва давлати тоҷикро бар сари суфраи оштӣ, созиш ва бахшоиш бинишонад. 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Пас аз имзои расмии ин санади сарнавиштсоз, марҳалаи дар амал пиёда сохтани он низ бо кӯшишҳо ва заҳматҳои фаровони сарвари давлат ва аҳли ҷомеа ҳамроҳ буд. Даргириҳои мусаллаҳ батадриҷ поён ёфтанд, мардуми фирорӣ ва овора марҳала ба марҳала ба ватан баргардонда шуда, вориди зиндагии осуда ва барқарор намудани хонаву рӯзгори хеш гардид. Ба қавли шоири миллат – Лоиқи зинданом:

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳи як оштӣ ва мусолимати воқеии миллӣ гардид, ки Тоҷикистон ба даст овард. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳони муосир як падида (феномен)-и камназир ва барои бисёре аз давлатҳо ва миллатҳо омӯхтанӣ ва намуна унвон шуд.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ватани азизамон, ки ба муносибати он 27 июн дар тақвими расмии Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон гардида ва дар тӯли чанд рӯз ба сурати барномаҳо ва ҳамоишҳои гуногуни фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷараён мегирад, пеш аз ҳама, барои бедор ва дур аз ғафлат нигоҳ доштани ҳофизаи таърихии миллат ва зеҳни он муҳим аст. Он рӯзест, ки хираду дурнигарӣ ва дурандешии миллати соҳибтамаддуни тоҷик бар торикӣ ва кайди аҳриманӣ пирӯз омад ва руҳияи ваҳдату ҳамдилиро бар фазои ватан биншонд, заминаи муҳимро барои дубора сохтану обод намудани он фароҳам овард.

Имрӯз ҷомеаи миллии Тоҷикистон хонаи миллатҳои дигаре низ ҳаст, ки зодаву парвардаи ин хок ва ин замин мебошанд. Фазои осудае, ки гаштугузори амни аҳли ҷомеаро дар ҳар соате аз шабонарӯз таъмин намудааст, аз беҳтарин ва беназиртарин неъматҳоест, ки дар шароити ҷаҳони ошуфта ва ноороми муосир фароҳам аст. Ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамкорӣ ва тафоҳуме, ки миёни табақаҳои ҷомеа ва намояндагони гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва ақидатӣ мавҷуд аст, пеш аз ҳама, далели хиради азалӣ ва таҷрибаи таърихии мардуми тоҷик аст.

Дар ҷаҳони пурҳаводиси оғози ҳазораи севвум, ҷангҳо ва низоъҳои миёни қудратҳо ва кишварҳо, буҳронҳои моддӣ ва маънавӣ, таҳрими кишварҳое аз як сӯ ва имтиёзҳои навишта ва нонавиштаи қудратҳое аз дигар сӯ, ҳар фарди солим ба унвони ҷузъе аз пайкари ҷомеа, нигарони пайомадҳое аст, ки барои ин ҷаҳон ногузир пеш омада ва дар оянда пеш меояд. Дар чунин шароите, донистан ва дифоъ аз таърихи куҳани миллат, андарзпазирӣ аз таҷрибаҳои он, нигоҳдории осори илмӣ, фарҳангӣ, табиӣ ва моддии миллат ва давлат беш аз пеш муҳим аст, то битавонем ватани худро аз хатарҳои ошкор ва ниҳони давраи муосир дур бидорем. Яке аз заминаҳое, ки роҳро барои ин ҳадаф ҳамвор намуд, ваҳдати миллии мардуми мо ва ба қавли фарзанди шоири миллат, “сулҳи деринтизори мо” аст, ки ба кӯшишҳо ва фидокориҳои Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдилию ҳамкории мардуми Тоҷикистон имконпазир гардид. Дар тӯли чанд даҳсола ин таҷрибаи камназир аз хиради сиёсӣ ва инсонӣ барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон намунаи шоистаи пайравӣ арзёбӣ гардидааст. Дар сатҳи дохили ватанамон дарки аҳаммияти ин созиши миллӣ фарҳанги хирадмеҳвари фарзандони миллатро сол аз сол пуррангтар ва барҷастатар намоён месозад. Ин таҷрибаро гиромӣ бидорем ва нагузорем, ҳеч неруе аз дарун ва берун моро даргир бо худамон созад, зеро ваҳдати миллӣ меъёри ҳатмии ҳар давлат ва ҷомеаи миллӣ ва ростин аст.

Ҳоҷибоева Л., Шарофова М. Муассисаи давлатии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ», Озмоишгоҳи фарматсевтика ва пизишкии таҷрибавӣ