Skip to main content

12123123Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олии иҷтимоӣ ва сарнавиштсоз дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсусро ишғол мекунад. Пас аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва нобасомониҳои сиёсӣ, маҳз Ваҳдати миллӣ кишвари моро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, ба сӯйи суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ раҳнамун сохт.

Мафҳум ва аҳамияти ваҳдати миллӣ:

Ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзистии осоишта, бахшиши кинаҳо ва якпорчагии миллатро дорад. Ин мафҳум танҳо як шиори сиёсӣ нест, балки асоси пойдории давлат ва ҳаёти осоиштаи мардум мебошад. Барои Тоҷикистон, ки кишвари бисёрмиллат ва пас аз ҷанги дохилӣ буд, ваҳдат наҷоти ҳақиқӣ гардид.

Роҳи расидан ба ваҳдат:

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва сурат гирифт, нуқтаи аввали оғози сулҳи комил дар Тоҷикистон буд. Талошҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибҳои даргир дар расидан ба созиш, барои тамоми минтақаҳои ҷаҳон сабақи таърихист.

Дастовардҳои ваҳдат:

Бо шарофати ваҳдат, имрӯз Тоҷикистон кишвари орому осуда, рушдёбанда ва боэътимод дар минтақа гардидааст. Муҳити мусоиди сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор, болоравии сатҳи маорифу тандурустӣ ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ – ҳама маҳсули сулҳу ваҳдат аст.

Масъулияти наслҳои оянда:

Имрӯз вазифаи насли ҷавон ва тамоми аҳли ҷомеа ин аст, ки ваҳдати миллиро на танҳо ҳифз намоянд, балки онро таҳким бахшида, насли наврасро дар руҳияи дӯстиву якдигарфаҳмӣ тарбия намоянд.

Хулоса Ваҳдати миллӣ на танҳо гузаштаи наздик, балки ояндаи дурахшони Тоҷикистонро низ муайян мекунад. Ҳар як шаҳрванди содиқ бояд онро ҳамчун неъмати бузурги таърихӣ қадр намуда, барои пойдории сулҳу оромӣ саҳми арзишманди худро гузорад.

Аминҷон Ҷураев-корманди Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD-и АМИТ.