Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як миллату давлат дар масири ташаккул ва рушд лаҳзаҳои душвору ҳалкунандаеро аз сар мегузаронад. Барои тоҷикон, чунин марҳилаи ҳалкунанда солҳои аввали истиқлолият ва ҷанги шаҳрвандие буданд, ки на танҳо зери шохаи сулҳу субот осмонро торик кард, балки тақдири миллатро ба вартаи фурӯпошӣ бурд. Аммо маҳз ваҳдати миллӣ — ин арзиши воло ва муқаддас, тавонист миллати парешонро гирд оварад, ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи рушду шукуфоӣ раҳнамун созад.
САБАБ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИИ БА МИЁН ОМАДАНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ :
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон вориди як марҳилаи нави таърихӣ гардид. Ин давра гарчанде бо умед ва шодӣ оғоз ёфт, аммо бо сабаби набудани таҷрибаи давлатдорӣ, омилҳои сиёсӣ, идеологӣ ва мазҳабӣ, инчунин дахолати нерӯҳои манфиатдор, вазъият ба як низои шадиди шаҳрвандӣ мубаддал гардид.
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 зиёда аз 150 ҳазор қурбонӣ бар ҷой гузошт, садҳо ҳазор шаҳрванди кишварро водор ба гурез гардонд ва зербиноҳои иқтисодиву иҷтимоиро пурра хароб кард. Тоҷикистон ба яке аз нооромтарин нуқтаҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт.
СУЛҲ — НЕЪМАТИ ОСОН БАДАСТНАОМАДА :
Дар чунин фазои вазнин ва печида, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар соли 1992 Раиси Шӯрои Олӣ (Президент) интихоб гардиданд, ба ҳайси раҳбари сиёсӣ масъулияти бузургеро бар дӯш гирифтанд: бунёди сулҳ ва барқарории ваҳдати миллӣ. Бо иродаи қавӣ, сиёсати сабру таҳаммул ва ҳадафҳои инсонпарварона, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувваро ба он равона сохтанд, ки байни тарафҳои даргир муколама ва гуфтушунид сурат гирад.
Ниҳоят, пас аз музокироти тӯлонӣ ва мураккаб, ки дар чанд кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Москва, Теҳрон, Ашқобод ва Алмаато сурат гирифтанд, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки санади таърихиест, ки бо хуни ҳазорҳо фарзанди миллат ва ашки модарону ятимон навишта шудааст.
ПАЙОМАДҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БАРОИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА:
Имзои Созишномаи сулҳ ҳамчун оғози марҳилаи нави таърихи кишвар — марҳилаи созандагӣ, эҳёи давлатдорӣ, таҳкими якпорчагии миллӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иродаи қавии мардуми тоҷик, Тоҷикистон тадриҷан аз вартаи буҳрон раҳо ёфт ва ба як давлати орому босубот табдил ёфт.
АЗ ҶУМЛА:
Муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд ва ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида шуд;
Сохтмони мактабу муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ оғоз ёфт;
Низоми давлатдорӣ, аз ҷумла Қонуни Асосӣ, шохаҳои ҳокимият ва мақомоти идорӣ такмил дода шуданд;
Вазъи иқтисодӣ тадриҷан беҳтар шуд, сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ҷалб гардиданд;
Ватани мо дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва устувор эътироф шуд.
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РИСОЛАТИ НАСЛҲО:
Имрӯз, мо дар фазои сулҳу оромӣ ва истиқлолият зиндагӣ дорем. Аммо ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ масъулияти на танҳо давлат, балки ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан насли наврасу ҷавон аст. Ҷавонон бояд ҳушёр бошанд, таърихи насли гузаштаашонро донанд ва дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ устувору қавӣ бошанд.
Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯз, таҳдидҳои идеологӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ метавонанд дар сурати бепарвоӣ ба ваҳдати миллӣ осеб расонанд. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ, таҳаммулпазирӣ, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ вазифаи муқаддаси ҳар тоҷику тоҷикистонист.
Рӯзи ваҳдати миллӣ — ин танҳо як санаи таърихӣ нест. Ин рӯзи бедории миллӣ, рӯзи эҳёи умеди мардум, рӯзи пирӯзии ақлу хирад бар зӯроварӣ ва нафрат аст. Ин рӯзи сарбаландиест, ки ҳар сол моро ба андеша водор месозад: агар ваҳдат бошад — миллат ҳаст; агар ваҳдат набошад — миллат парешон мегардад.
Биёед, сулҳу суботи имрӯза ва ваҳдати миллиро ҳамчун арзишҳои муқаддас, чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои таҳкими он пайваста талош намоем.
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1-уми ихтисоси идоракунии давлатӣ-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
30.08.2024
https://president.tj/event/news/47047
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳри Норак аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои зиёда аз 190 ҳуҷра, аз ҷумла 132 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 136 кат, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, дилшиносӣ, таваллуд, амрози даруна, занона, ҷарроҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Масоҳати умумии беморхонаи мазкур наздики 6 гектарро ташкил медиҳад.
Корҳои навсозию бунёдӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Норак бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасонӣ ба модару кӯдак, ки ба таври пилотӣ дар 4 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон роҳандозӣ гардидааст, иҷро шуд. Дар ин раванд дегхонаи нав, ҳуҷраи либосшӯӣ ва безараргардонӣ низ бунёд гардид.
Ҳамзамон дар доираи ин лоиҳа ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Норак дастгоҳу таҷҳизоти муосир дастрас карда шуда, кормандони онҳо ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб гардиданд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи тандурустӣ тамоми шуъбаҳои беморхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳри Норак солҳои 60-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо гузашти солҳо таъмирталаб шуда буд.
Таъмиру навсозӣ дар иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар шаҳри Норак бо ҷалби мутахассисону муҳандисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон 3” соли 2022 оғоз гардид. Коргарон дар вақти сохтмон аз масолеҳи аълосифати ватанӣ истифода бурда, корҳоро дар муҳлати муайянгардида бо риояи санъати хоси меъмории миллию муосир ба анҷом расондаанд.
Иншоот туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони шаҳри Норак дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешавад.
Дар баробари иҷрои корҳои таъмиру навсозӣ ба муассисаи тандурустӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла ҷарроҳӣ, оксигенераторҳо, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷаи гурда аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо маблағи беш аз 730 ҳазор доллари амрикоӣ ворид карда шудааст.
Шароити муосир дар беморхона, ки аз баракати сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ фароҳам омад, акнун имкон медиҳад, ки табибони шаҳри Норак ташхису муолиҷаи бемориҳои гуногунро дақиқ ба роҳ монанд ва барои сокинон дар сатҳи баланд хизмат намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, ба кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Норак ду воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа намуданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муассисаи тандурустӣ пас аз таъмиру навсозӣ мушкили чандсолаи аҳолии беш аз 67 ҳазор нафараи шаҳри Норак дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ бартараф гардид. Барои табобати саривақтии бемориҳои гуногун ба ҳайати беш аз 360 нафараи кормандону табибони ин муассисаи тандурустӣ шароити хубу ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Норак барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.
30.08.2024
https://president.tj/event/news/47045
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди варзишгоҳ соли 2020 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмону таҷҳизонидани он беш аз 37 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта шуда, дар ин ҷо барои машқу тамрин ва машғул шудан бо намудҳои гуногуни варзиш шароит фароҳам оварда шудааст.
Биноҳои дохили варзишгоҳ аз 4 қисм иборат буда, қисми 1-ум дуошёна ва боқимондаи он якошёна мебошад.
Дар қисми якуми варзишгоҳ барои ду дастаи варзишӣ, мураббиҳо ва доварон 15 ҳуҷра ҷойгир карда шудааст. Қисми дуюм дорои 9 ҳуҷра ва 5 маркази савдо мебошад.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳи нав барои 4 даста ҳуҷраҳои варзишгарон бунёд ёфта, ин иншоот ҳамчунин бо утоқҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникӣ мувофиқи талаботи замони муосир таъмин мебошанд.
Тибқи лоиҳаи таҳиягардида, дар варзишгоҳ боз дигар биноҳои ёрирасон, аз ҷумла системаи барқтаъминкунӣ, ҳавзи оташнишонӣ ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт низ сохта шудааст.
Баъди ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар ин ҷо 26 нафар бо корӣ доимӣ таъмин гардид.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ба ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш вазифадор намуда, барои тарбияи варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Фармоишгар Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “САНИОСП” таҳия шудааст.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак аз ҷониби ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012”, “Толокор”, “Насби нур”, “Абубакри Дилшод”, “Таҷҳизоти аср” ва “Зевар” сохта шудааст.
Ҳоло дар шаҳри Норак 2 мактаби варзишӣ аз рӯи 13 намуди варзиш - футбол, волейбол, тениси рӯи миз, гӯштинҳои тарзи “Озод”, “Самбо”, “Юнону Румӣ”, “Ҷудо”, варзиши сабук, шашка ва шоҳмот, дастхобонӣ, муштзанӣ, кикбоксинг ва панкратион фаъолият намуда, 19 мураббӣ ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғуланд. Аз ин шумора 9 мураббӣ бо маълумоти олии варзишӣ ва 10 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус кору фаъолият менамоянд. Дар мактабҳои номбурда дар 46 гуруҳ, беш аз 600 варзишгар тамрин мекунанд, ки аз ин шумора 65 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.
Оғози сафари корӣ ба шаҳри Норак ва ба кор даровардани чархаи чоруми неругоҳи обии “Норак”
30.08.2024
https://president.tj/event/news/47039
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак ташриф оварданд.
Боздиди Сарвари давлат бо шиносоӣ бо рафти навсозии неругоҳи Норак ва баъди таҷдид ба истифода додани агрегати чорум оғоз ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи обии “Норак” соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми корҳо маблағи умумии 35 миллиону 193 ҳазор евро равона карда шуд.
Иқтидори тавлиди гидроагрегати чоруми неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқ мерасад.
Агрегати навсозшуда бо пахши тугма аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуда, кори боэътимоди агрегат бо гузоштани танга дар болои он ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш доданд, ки дар доираи лоиҳа корҳои навсозии дигар агрегатҳо ва таҷҳизоти техникиро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
Айни ҳол марҳилаи якуми корҳои навсозӣ дар неругоҳ идома дошта, дар доираи он таҷдиди 3 гидроагрегати дигари неругоҳ, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 крани борбардор, навсозии 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, ивази лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, навсозии стансияҳои насосии неругоҳ, таҷдиди системаи идора ва назорат ба анҷом расонида шуда, дар маҷмуъ неругоҳи Норак тақрибан мавриди навсозии куллӣ қарор хоҳад гирифт.
То имрӯз дар доираи лоиҳа ба ғайр аз пурра навсозӣ гардидани ду гидроагрегати неругоҳ ҳамзамон дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 ва 500 кВ (киловолт) ба дастгоҳи тақсимоти пушидаи элегазӣ иваз карда шуд ва анҷоми ин тадбир сифати истеҳсол ва хизматрасониро беҳтар гардонидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инҷо бо раванди корҳои иҷрошуда дар дарбанди куравии гидроагрегати рақами 4 шинос шуданд.
Дарбанди куравӣ қисми асосии гидроагрегат ба ҳисоб рафта, ҳангоми кушодани он об вориди камераи спиралӣ мегардад ва ба воситаи чарха гидроагрегат ба даврзанӣ медарояд.
Ҳоло дар иншоот корҳои омодагӣ барои навсозии гидроагрегати навбатӣ бо ҷалби кормандону мутахассисони ширкати “Андритс” ва зерпурдратчии он Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТоҷикСГЭМ” идома дорад.
Ғайр аз ин дар неругоҳ корҳои навсозӣ дар дастгоҳҳои гидромеханикии иншооти гидротехникӣ, ивазнамоии автотрасформаторҳо ва назорати сарбанд аз тарафи ширкатҳои дохилию хориҷӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки гидроагрегати якуми неругоҳ баъд аз навсозӣ 24 октябри соли 2022 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд ва ҳоло бо иқтидори 375 МВт фаъолият дорад.
Август 29, 2024
29 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис нахуст дар бораи Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки стратегия ҳадаф, вазифа ва афзалиятҳои ошкорсозии бармаҳали бемориҳо, паст кардани сатҳи беморшавӣ, коҳиш додани фавти бармаҳал ва маъюбият аз бемориҳои ғайрисироятӣ ва беҳтар намудани сифати ҳаётро муайян менамояд.
Самтҳои асосии татбиқи стратегия амалисозии чорабиниҳо, аз қабили тарғиби принсипҳои тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Баъди баррасии масъалаи мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии стратегия, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва пешниҳод кардани ҳисобот аз рафти иҷрои корҳо дастуру супоришҳо доданд.
Сипас, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 қабул шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳадафи барномаи мазкур таъмини бехатарии мусофирон, ҳайати парвозӣ, кормандони рӯйзаминӣ, ҳифзи иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар идомаи кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)” муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Доир ба таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази миллӣ оид ба амалинамоии Созишномаи Париж” ва дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандони камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи саривақтии стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳо ба масъулин супоришҳо доданд.
Дастуру ҳидоятҳо ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба оғози соли нави хониш ва омодагии ҷиддӣ ба мавсими зимистон дода шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир гардид.
Имрӯз (29.08.2024) дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои асосии ҷамъоварӣ ва таҳияи осори хаттӣ дар замони Истиқлол” семинари илмӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори Марказ н.и.т. Давлатов Раҳматкарим оғоз шуда, мавсуф кормандони ММХ ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори санаи мубораку фархунда 9 сентябр-Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон шодбош намуд. Ӯ ҳамчунин роҷеъ ба дастовардҳои Марказ, масъалаҳои асосии ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, тармим, тавсиф ва таҳияи феҳристи мероси хаттӣ ба сурати мушаххас суҳбат намуд. Аз ҷумла зикр шуд, ки салоҳияти таҳияи мероси хаттии ниёгон тибқи муқаррарот ба зимаи Маркази мероси хаттӣ вогузор шудааст. Намунаи корҳои бузурге, ки аз ҷониби мутахассисони Марказ чӣ дар даврони Истиқлол ва чӣ то замони истиқлол дар заминаи таҳияи мероси хаттӣ анҷом шудааст, аз ҷумла матни “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Қонуни тиб”-и Абуалӣ Сино, “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Исмоили Ҷурҷонӣ ва ғ. мебошанд.
Дар ҳамоиши илмӣ маърузаҳои илмии муовини директори Марказ, н.и.ф. Ёраҳматзода Шодиҷон зери унвони “Дастовардҳои Маркази нигаҳдории осори хаттӣ дар замони Истиқлол”, мудири шуъбаи тавсиф ва таҳияи осори хаттӣ, н.и.ф. Шарифов Маҳмадёр бо номи “Тавсифи осори хаттӣ дар замони Истиқлол” ва мудири шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигадории мероси хаттӣ Мирзоев Иззатулло таҳти номи “Аҳамияти ҷамъоварӣ ва ҳифзи осори хаттӣ дар даврони Истиқлол” шунида ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ Марказ якчанд маротиба ному мақоми худро иваз намуда, бо номҳои Институти мероси хаттӣ, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва билохира соли 2017 ба Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ тағйири ном кардааст, дар ин муддат ба Ганҷинаи Марказ 1100 нусхаи дастнавис ва 1300 нусхаи чопи сангӣ ворид карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин замон ҷилдҳои 7-10-и Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нашр расонида шуданд.
Аз соли 2017 то имрӯз 126 китобу манография ва маҷмуаи мақолаҳои кормандони Маркази мероси хаттӣ ба нашр расонида шуда, 350 дастнаис ва 436 нусхаи чопи сангӣ вориди Ганҷинаи Марказ гардонида шудааст.
29 августи соли равон бахшида ба “Рӯзи дониш” ва ҳамзамон тантанаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шурои олимони ҷавон ва Шурои бонувони Институт мизи мудаввар дар мавзӯи “Истиқлоли давлатӣ дар масири рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Сухани муқаддимавиро Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра оғоз намуда, дар идома раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илмҳои филология Зиёзода Субҳиддин Насриддин ибрози андеша намуданд.
Ду нафар олимони ҷавони Институт ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илмҳои филология Мадимарова Гулҳаё дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои беназири он» ва ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Соҳиби Баҳрулло дар мавзуи «Нақши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар таҳкиму татбиқи сиёсати хориҷии кишвар дар замони Истиқлол» бо маърӯзаи илмӣ суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамагуна имконоти рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат ҷиҳати амалигардонӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар фароҳам оварда шуда, ҳамзамон таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва рушди маънавиёту тақвияти зеҳнияти илмиву техникии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хосса равона гардид.
Дар арафаи 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзораҳимзода Акобир, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдусаттор Самадович бо унвони фахрии корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Материалы свежего номера Білімді Ел Образованная Страна‼️‼️‼️В газете стартовала постоянная рубрика “Наука”
Материалы свежего номера Білімді Ел Образованная Страна![]()
![]()
В газете стартовала постоянная рубрика “Наука”
В Душанбе Национальная академия наук РК при Президенте РК и Академия наук Республики Таджикистан провели конференцию в рамках государственного визита Президента Республики Казахстан Касым Жомарт Токаев в Республику Таджикистан.
После конференции Akhylbek Kurishbayev посетил научно- исследовательский центр экологии и окружающей среды Центральной Азии, Институт геологии, сейсмологии и сейсмостойкого строительства НАНТ в Душанбе. В ходе визита заключено соглашение о разработке совместных проектов, возложены цветы к памятнику Каныша Сатпаева, основателя Казахской академии наук.
QR Oqu-ağartu ministrlıgı / Министерство просвещения РК ҚР Ғылым және жоғары білім министрлігі Sayasat Nurbek Куантар Алиханов Gulmira Qanay Гульнар Мансуркызы Бибигуль Асылова Tursynzada Kuangaliyeva Лаура Карабасова Гулзада Шакуликова Аскар Хикметов Талгат Ешенкулов Серик Ирсалиев Гульжан Сугирбаева Beibitkul Karimova Алина Жумагулова Мухтар Толеген Akerke Abylaikhan
