Skip to main content

Имрӯз, 12 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муносибати 28- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – ҳастии давлат ва бақои миллат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Маликшо Неъматзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфия Абдухолиқзода, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдураҳим Холиқзода, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хайриддин Усмонзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Даврон Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба кори ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам ҳусни оғоз бахшида иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва сохтани давлати мустақили Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба як заминаи боэътимод мубаддал гардиданд. Ин мафҳуми муқаддас барои давлати навҷавон имконият фароҳам намуд, ки сиёсати сулҳдӯстона ва муносибати ҳамкории баробар бо тамоми ҷаҳон барқарор гардид.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Маликшо Неъматзода дар суханронии хеш иброз доштанд, ки дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккули Ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, ба омилҳои дохилии ҷомеа, махсусан ба фарҳанги қадимаи сулҳофар ва хирадгароёнаи миллати тоҷик вобастагии амиқ дорад. Дар ин раванд дарки дурӯсти аҳамияти ваҳдати миллӣ, шинохти моҳият ва нақши стратегии он дар сарнавишти миллат ва давлати миллӣ ҳамчун хусусияти хоси ин кишвар ба назар мерасад.

Дар идома директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии хеш таъкид намудаанд, ки “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”

Гуфта шуд, ки мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” барои ҳар миллат ҳамчун арзиши олии маънавию сиёсӣ эътироф мегардад ва халқу миллатҳои ҷаҳон ба он аз тариқи равишҳои мухталиф ва дар пайи таъсири омилҳои гуногуни дохилию хориҷӣ мерасанд. Маънову моҳияти кӯтоҳи ваҳдат дар ҳамдилӣ ва иттифоқ, яъне дар ҷамъияти инсонӣ инсонвор зистан аст, ки онро фарҳанги ваҳдатофар меноманд.