Skip to main content

Истиқлолият ва Ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муқаддас ва сарнавиштсози давлату миллат ба ҳисоб меравад. Он асоси сулҳу субот, рушду тарақиёти кишвар ва зиндагии осоиштаи мардумро ташкил медиҳад.

Ваҳдат маънои ҳамдигарфаҳмӣ, бахшиш, эҳтироми якдигар, иттиҳоду ҳамбастагии тамоми табақаҳои иҷтимоӣ дар ҳудуди як кишвар ва зиндагӣ дар фазои сулҳу суботро дорад. Он танҳо калима нест, балки пояи бақои давлат ва кафили зиндагии осоишта мебошад. Бе ваҳдати миллӣ ҳеҷ як давлат наметавонад пояҳои истиқлолият субот ва пешрафти худро нигоҳ дорад.

Дар шароити муосир, вақте ҷаҳон пурҳаводис ва ноором аст, доштани ваҳдати миллӣ муҳимтарин омил барои нигоҳ доштани истиқлолият ва амнияти давлат мебошад.

Барои халқи тоҷик ва Тоҷикистони азизамон, Ваҳдати миллӣ маънии амиқ ва арзиши бузург дорад, зеро он дар натиҷаи заҳмату талошҳои зиёде ба даст омад.

Баъди ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ қадам гузошт. Аммо, мутаассифона, солҳои аввали истиқлолиятро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома ёфт. Ин ҷанг боиси марги ҳазорҳо нафар, харобии шаҳру деҳот ва аз ҳам пошидани зиндагии осоиштаи мардум гардид. Мақомотҳои давлатӣ заиф шуданд, гурӯҳҳои сиёсиву низомӣ ба мухолифат бархостанд ва кишвар дар остонаи нобудӣ қарор гирифт.

Дар ҳамин шароити душвор шахсияти сиёсатмадоре ба майдон омад, ки тавонист мардумро муттаҳид созад ва ба роҳи сулҳ ҳидоят намояд.

Бо заҳмату талош ва раҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардуми тоҷик, рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолиф ба имзо расид.

Ин рӯз дар таърихи кишвар ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид ва ба марҳилаи нав, марҳилаи сулҳ, оромӣ ва созандагӣ оғози тоза бахшид.

Имрӯз мо самараҳои неки Ваҳдати миллиро равшан мебинем. Тоҷикистон ба як кишвари ободу зебо табдил ёфтааст. Мақоми он дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Мактабу муассисаҳои нав сохта мешаванд, роҳу пулҳо бунёд мегарданд, ва ҷавонон бо эҳсоси ифтихор аз Ватани худ ба илм ва касбу ҳунар рӯ меоранд.

Ҳамчунин, мо шоҳиди сохтмони шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, нерӯгоҳҳо чун Роғун, ва дигар иншооти муҳими стратегӣ ҳастем, ки ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи мустақими Ваҳдати миллӣ мебошанд.

Агар дар кишвар нооромӣ ва ҷудоӣ идома меёфт, имрӯз на мактабе буд, на роҳе на ободиву осудагӣ. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд, бояд дониста бошад, ки ваҳдат неъмати бебаҳо ва заминаи ҳама гуна пешравист.

Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо, бахусус насли ҷавон, аз он иборат аст, ки ин неъмати бебаҳо – сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳмгузор бошем ва дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шуда, барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон – Тоҷикистон, содиқона хизмат намоем. Зеро Ваҳдати миллӣ шарти асосии мавҷудияти миллат ва кафили пешравии давлат аст.

Ш. Х. Мавлододова, мутахассиси пешбари Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ