Солҳои охири 80-ум ва аввали 90-уми садаи гузашта Иттиҳоди Шуравии собиқи абарқудрат шикаста шуд ва дар натиҷа 15 давлати мустақил ва соҳибихтиёр ба вуҷуд омад. Баъзе аз ин кишварҳо: ба монанди Латвия, Литва ва Эстония чунин рӯзро солҳои сол интизор буданд. Аз ин рӯ, онҳо зуд худро ба оғӯши Аврупо партофта тамоми иртибот, муносибот ва алоқаашонро бо аксари кишварҳои навташкили ИДМ канданд.
Оҳиста-оҳиста миёни чанде аз кишварҳои собиқ Шуравӣ нофаҳмиҳо ва зиддиятҳо ба амал омада, ин зиддиятҳо ба низоъҳо ва низоъҳо ба низоъҳои яроқнок табдил ёфтанд. Масалан, зиддиятҳои марзиву ҳудудӣ миёни Озарбойҷону Арманистон ба ҷанг табдил ёфт. Декабри соли 1989 бо баҳонаи ба ҷойи Қунаев таъйин намудани як нафар русзабон байни аҳолии маҳаллӣ (қаззоқҳо) ва русзабонҳо задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад ва ин задухӯрд боиси ба сиёсати калон ворид гаштани Н.Назарбоев ва аз Қазоқистон рафтани беш аз 3 миллион русҳо ва русзабонҳо гардид. Қазоқҳо ин рӯзро “Желтоқсан” номидаанд.
Ҳамин ҳодиса дар Тоҷикистон низ бо баҳонаи “хона додани ҳукумат ба арманиҳо” такрор гардид ва боиси кушта шудани чанд нафар аз ҳаммиллатони мо шуд ва ин ҳодиса дар таърихи тоҷикон бо номи “Ҳодисаҳои февралӣ”ворид гардид.
Ин ҳодисаро метавон як “репетитсия” аз ҷониби мухолифин арзёбӣ намуд. Аз ҳамин давра сар карда вазъият дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз майл ба бадшавӣ намуд. Аз ҳамин давра сар карда пора намудани кишвар ба қисмҳо ба хотири маҳал, ҳизбҳову гурӯҳҳои алоҳида, ҳатто ба хотири ашхоси алоҳида, ташкили ҳизбҳо ва созмонҳои маҳаллӣ, вале бо номҳои дурӯғини демокративу мардумиву ҷамъиятӣ ва зиёиву ғайраҳо оғоз гардид.
Баҳори соли 1992 ин гурӯҳбозиву аҳзоббозиҳо мардуми ҷумҳуриро ба ду майдони ба ҳамдигар зид гирд овард ва ин майдонҳо бо номи “Шаҳидон ва Озодӣ” ба фаъолиятҳои зиддиҳамдигарӣ оғоз карданд. Дар ҳар кадоми ин майдонҳо рӯзе то 10-15 ҳазор ва аз ин ҳам бештар одамон ҷамъ мешуданд ва муқобили ҳамдигар суханронӣ намуда, мардуми ҷамъшуда дар ин майдонҳоро ба бадтарин корҳову амалҳо гунаҳкор медонистанд ва барои аз байн бурдани ҳамдигар даъватҳо ба амал овардаву бо оҳану чӯбу чӯбдастаҳо ҳамлавар мегаштанд.
Ташкилкунандагон ва пешвоёни майдони Шаҳидон барои ҷамъ намудани одамон аз тамоми роҳҳо истифода менамуданд, то сафҳояшонро зиёд нишон диҳанд. Барои он ки мардуми оддиро аз корҳои баҳорӣ, аз киштукор боздоранду ба майдон оваранд, ба пахш намудани ҳар гуна фатвоҳои дурӯғ аз қабили: “Ҳар касе ба майдон намеравад ё кӯмак намекунад, занаш талоқ”, ё “Нони муаллим ҳаром ва ҷанозааш нораво” ва ба ҳамин монанд фатвоҳои дурӯғин ва аблаҳона даст мезаданд.
Ҳамаи ин амалҳои душманона аз дохил ва хориҷи кишвар тавассути душманони дохиливу хориҷии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ ёфта бо дасти худи тоҷикон амалӣ карда мешуданд. Ҳадаф, мақсад ва мароми онҳо ба пораҳо тақсим намудани кишвар ва ба ҷони ҳамдигар андохтани мардуми бечора ва “обро лой кардану моҳӣ гирифтан” буд.
Чунин як вазъияти нобасомон, ки баъд аз пароканда шудани майдонҳо дар мамлакат ба вуҷуд омада буд, боиси оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардид ва вазъияти харбиву сиёсии кишварро аз бад бадтар гардонид.
Ҳамин гуна вазъияти муташанниҷ ҷонибдорони Сохти Конститутсиониро водор намуд, ки чораҳои муассир андешида. вазъиятро ба нафъи мардум ва давлат тағйир дода, сохти Конститутсиониро дар кишвар бақарор намоянд. Бо дарназардошти вазъияти мавҷуд ноябри соли 1992 Сессияи 16 Шурои Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хучанд доир гардид ва дар ҳамин Иҷлосия Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хамин Иҷлосия дар баромадашон таъкид намуданд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам ва тамоми гурезагонро ба маҳалли зисти доимиашон бармегардонам”. Аз ҳамин рӯз сар карда Пешвои миллат бо заҳматҳои зиёд ва талошҳои мудаввом, бо азхудгузариҳо ба кор шуруъ карда, ҳам гурезагонро ба Ватан баргардониданд ва ҳам сулҳро дар кишвар барқарор намуданд.Бо ҷидду ҷаҳди зиёд, бо талошҳои хастанопазир, бо он ҷасуриву хиради азалӣ, ки махсуси худи эшон мебошад, тавонистанд, ки тамоми мардумро сарҷамъ намуда як ҷумҳурии обод, озод, ором ва зеборо бо номи Тоҷикистон бисозанд. Имрӯзҳо мо бо шарофати Презденти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон дорои як давлати комилҳуқуқ, соҳибистиқлол, дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта, ободу зебо ва бехавфу хатар, мардуми сарҷамъ ва дорои ваҳдати комил мебошем. Бо истифода аз фурсати муносиб ҷашни Ваҳдатро ба тамоми мардуми шарифи ҷумҳурии азизамон табрику муборакбод мегӯем. Бигзор, сулҳу салоҳ дар кишвар доимӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Ватанамон устувор ва поянда бошанд.
Холназаров Н, ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики ИОМДОА-и АМИТ
05 сентябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - назариявӣ бо иштироки олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар оғози конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бори дигар тамоми кормандони соҳаи илмро ба муносибати ҷашни бошукуҳи Истиқлолияти давлатӣ таҳният хонда, таъкид дошт, ки ҳанӯз дар Шурои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таърихи24 августи соли 1990 «Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» пазируфта шуда, дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мутаассифона, то 19 ноябри соли 1992, ки дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат, яъне Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, Эъломияи мазкур дар бораи истиқлоли давлатӣ дар рӯйи коғаз монда, барои амалӣ сохтани он ягон тадбирҳои назаррасе амалӣ нашуда буданд, зеро дар он замон машғул будани сиёсатмадорон ба муноқишаҳои дохилии сиёсӣ, мансабталошӣ, аланга гирифтани оташҳои нахустини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, боло рафтани маҳалгароӣ, таассубу хурофоти динӣ, чаҳор тақсим шудани марзу буми Тоҷикистони ягона ва ҳодисаҳои дигари нангин ба ин имкон надоданд.
Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандонаю илмпарварона ва маорифпарварии шахсии Пешвоямон аст, ки мо имрӯз аз меваҳои шаҳдбори Истиқлоли давлатӣ баҳра бурда, Ватани озоду соҳибистиқлоламонро устуворона ба сӯи ояндаи дурахшон ба пеш мебарем.
Нақши илм ва илмомӯзиро дар мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат ҳанӯз дар Паёмашон ба аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 апрели соли 2001 қайд карда, даъват намуда буданд, ки ҷавононро тавре тарбия намоем, ки «дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ба воя расида бошанд, истиқлол ва якпорчагии давлати тоҷиконро ҳифз кунанд, аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархурдор бошанд ва номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Дар идома як зумра олимон доир ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба сиёсати маорифпарварони Пешвои муаззами миллат маъруза намуданд.
05 сентябри соли равон ба муносибати 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи ҷашнӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар роҳпаймоии идона ҳайати олимону академикони муассисаҳои илмӣ таҳқиқоти ҳамчун рамзи эҳтиром ба Истиқлоияти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдвати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ сулҳу субот ва сарҷамъии миллат бо як самимияти хосса иштирок намуданд.
Пас аз роҳпаймоӣ дар майдони баргузории чорабинӣ сиёсӣ – фарҳангӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сухани табрикотӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида олимону академиконро ба муносибати 33 – солагии Истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфта, аз қаҳрамониҳову ҷоннисориҳои Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон дар вартаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуд. Ҳамзамон ба олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, барои хизматҳои шоёнашон аз ҷониби президенти академия бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар як замони ҳассос баъди пош хурдани Иттиҳодияи Шуравӣ ва сар задани ҷанги таҳмилӣ дар як вазъияти ниҳоят душвор бо талошҳои одилонаву оқилонаи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз зулму ситам ва аз вартаи ҳалокат наҷот ёфтани мардуми тоҷик қабул шудааст.
Ҳамаи мардуми Тоҷикистонро мебояд ба қадри ин озодӣ, ободӣ, Истиқлолияти давлатӣ расида ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намуда, моҳияти Истиқлолиятро ба онҳо фаҳмонанд, то ки ин арзиши бузургро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта ба ояндагон аз худ як давлати ободу тараққикарда ба мерос гузорем.
05 сентябри соли равон ба муносибати ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва олимону кормандони муассисаҳои имлию таҳқиқотӣ роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии идона, ки ба ҷашни пуршукуҳи Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад олимону кормандони соҳаи илм бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва самимияти беандоза аз сулҳу суботи комил дар кишвар ҷонибдорӣ менамуданд. Зеро Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ҳифзи марзу буми кишвар мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Маҳз дар таҳкиму пойдории Истиқлолияти миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст.
Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали рузҳои корӣ барои мустаҳкам намудани пояҳои истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар хизматҳои мондагоре анҷом додааст. Албатта яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати кишвар ин соҳаи илм мебошад, ки маҳз дар таҳкиму пойдории Истиқлолияти давлатӣ олимону академикон низ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар ин росто дар пайравӣ аз ин сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири арҷгузорӣ ба Истиқлолияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳои расмию давлатӣ саҳми калон мегузоранд. Роҳпаймоие, ки имрӯз баргузори гардид метавон гуфт, ки ин ҳам як рамзи эҳтиром гузоштан ба парчами миллӣ – ҳамчун нишони сулҳу субот ва оромӣ, иттиҳоду сарҷаъмӣ ва Истиқлолияти Ватани маҳбуб – Тоҷикистони азиз мебошад.
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия
05.09.2024
https://president.tj/event/news/47114
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ иттилоъ доданд, ки дарозии он 14,5 километрро дар бар гирифта, деҳаҳои Файзобод ва Тагноби деҳоти Даштигулҳо, Анҷиркон, Сафедоб, Кодара ва Сафар Гадои деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Боғи деҳоти Қаҳрамон ва шаҳраки ноҳияро бо ҳам мепайвандад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин масир аз аввалҳои моҳи майи соли равон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида, бо харҷи 27,5 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.
Паҳноии роҳ, ки ба категорияи 5-уми роҳдорӣ шомил мебошад, 6 метрро ташкил дода, бо ғафсии 8 см мумфарш карда шудааст. Ин роҳ асосан солҳои 60-уми асри гузашта бунёд ёфта, солҳои охир таъмирталаб шуда буд. Вазъи нохуби роҳ ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбарро мушкил мегардонид.
Акнун дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мазкур дар муддати кутоҳ ва мувофиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ шуд.
Таъмиру навсозии роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то шаҳраки ноҳияи Ҳамадонӣ боиси хушҳолии сокинон гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳи мазкурро аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба миллату давлат номиданд.
Дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёду навсозии боз даҳҳо километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбир ба беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони ноҳия боис шуда, мушкилоти рафтуомади мардум, махсусан ронандагонро бартараф хоҳад кард.
Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ халқи тоҷик соҳибихтиёрии давлатиро ба даст овард ва дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи нави инкишофи истиқлолияти давлатӣ ба миён омад.
Аз ин ҷост, ки 9 сентябри соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин сана ҳамчун рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини он, оғози дигаргунсозиҳои нав дар самти бунёди давлати мустақилу миллӣ ва демократӣ эътироф шудааст.
Маҳз аз ҳамин давра сар карда, равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳотҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои нави миллӣ оғоз меёбанд. Давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз муқовиматҳои сиёсие, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, рост меояд. Давлате, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо буд.
Сабабҳои сар задани муқовимати сиёсӣ, фалаҷ гардидани ҳокимияти даввлатӣ ва ба нестӣ омадани сохти конститутсионӣ аз нигоҳи таҳқиқоти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсатшиносӣ ба таври мукаммал дар китобҳо, маърӯзаҳо, суҳбатҳо ва баромадҳои Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати ташаббускори асосии ба амал баровардани консепсияи оштии миллӣ дар Тоҷикистон баромад кардаанд. Зеро медонистанд, ки бе таъмини сулҳу салоҳ дар мамлакат бунёд намудани далати соҳибихтиёр ва дигар созандагиҳо ғайриимкон буд. Бинобар ин, Сарвари давлат тамоми ҳастии худро барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон бахшида буданд.
Баъд аз фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушод. Дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб карда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи ба роҳбарии давлат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат - таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи халқу миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад.
Раванди сулҳи Тоҷикистон саҳми босазоеро барои таҳкими сулҳ дар кишвар ва барои барқарор намудани сулҳ дар миқёси ҷаҳонӣ гузошт. Танҳо аз соли 1993, баъди он, ки амалиётҳои ҷангӣ коста мегардид, зарурати муросои миллӣ пеш омад.
Санаи 24-27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва даври хотимавии музокирот байни тоҷикон барпо гардид, ки дар он Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин ба имзо расонида шуд.
Аҳаммияти ҳуҷҷатҳои дар Москва имзошуда дар он буд, ки онҳо давраи гузаришро аз ҷанг ба сулҳ ва механизми дастовардаҳои ризоияти миллиро дар Тоҷикистон муайян карданд.
Созишнома бе хавфу хатар баргаштани гурезаҳоро таъмин, ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат фаъолона пайвастанашон бо мақсади барқарор кардани манзилҳо, объектҳои саноатӣ ва зироатии дар асари ҷанг харобшуда ёрӣ расонданро таъмин намуда, инчунин муайян кардани асоси боварӣ дар соҳаи сиёсат, дар хусуси парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар иртибот дар муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардидаанд, қонунигардонии ҳизбҳо ва ҳаракатҳои манъшуда, қатъ намудани иқдоми тахрибкориву террористӣ, ҷалб намудани васоити ахбори омма дар раванди оштии миллӣ пешбини карда шуданд.
Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард. Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1999 фармон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ» ба тасвиб расониданд, ки ба туфайли он дар кишварамон муҳити мусоиди бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам омад. Ин тадбир омили муҳиме гардид, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф муттаҳид гардида, фаъолияти худро ба ҳифзу таҳкими сулҳ, ризоияти миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеаи тоҷикон амалӣ созанд.
Барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва он тағйироти куллие, ки дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ падид омаданд, давраи комилан наверо дар низоми қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва мавқею мақоми Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардидааст, ба миён овард. Ҳамаи тадбирҳое, ки бо ҳидояти Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созишу Ваҳдати миллӣ, ки дар самти таҷдиди низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ дар пояи барномаҳои доманадори Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд, ҳадафи онро доштанд, ки кишвари мо эъмори ҷаҳонии худро ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони муосир ворид намояд.
Низоми нави давлатдорие, ки Президенти кишвар дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарҳрезӣ намуданд, барои озодии инсон ва ҷомеа, заминаҳои воқеӣ муҳайё карданд. Озодии инсон ва бузургдошти ҳуқуқҳои ӯ ба бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умури сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон бо дарёфти истиқлолияти пурраи миллӣ оварда расонид.
Самараи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардид.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ фаро гирифтааст ва бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд ва ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ намуда, ин неъмати бебаҳо - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Халқи Тоҷикистон хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи бунёди сулҳи тоҷикон, суботу оромӣ дар ҷомеа, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, амалӣ намудани ислоҳотҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодию ҳуқуқӣ, аз ҷумла таъмини амнияти Точикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти озуқаворӣ, баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати муосири демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандидошта муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар сатҳи қонуни конститутсионӣ қадр карда шудаанд.
Мутобиқи моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, № 1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва сохмону таҳкими давлати тоҷикон саҳми асосӣ ва беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши бузургуарзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.
Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори давлатдории тоҷикон мебошад ва мо бо Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем ва Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори бузурги халқи тоҷик мебошанд.
Бобоҷонзода И.Ҳ. - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Email: bobojonov_i@mail.ru
Қодирзода Т.Қ. - ходими пешбарӣ илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.БаҳоваддиновиАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, E-mail: t_ kodirzoda@mail.ru
Дар асоси сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои охир чиқадар корҳои барои солимгардонии миллат дар самти варзиш ба анҷом расонидааст, имрӯз бо дастури Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни пуршукуҳи миллиамон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни олимони ҷавон бозии Шашка ва Шоҳмот баргузор гардид.
Дар бозӣ олимони ҷавон духтарону писарон миёни худ сабқат намуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳо дар таҷлили ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Иттифоқҳои касабаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ карда мешаванд.
04 сентябри соли равон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ноибони президенти академия, роҳбарони муассисаҳои илмӣ таҳқиқотӣ ва олимону кормандон иштирок доштанд.
Ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, меҳмонро ба иштирокдорон муаррифӣ намуда, сухани муқаддимавиро ба ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ доданд.
Мавсуф зимни суханронии хеш корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳамаи мову шуморо мебояд дар пешрафти илми тоҷик дар дохил ва дар арсаи байналмилал саҳмгузор бошем, чун бараъло мушоҳидаҳо нишон дода истодаанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва маориф таваҷҷуҳи хосса доранд ва аз ғамхориҳои пайвастаашон дар ин самт ҳамаамон баҳрамандем.
Ҳамзамон ҳозиринро ба ҷашни пуршукуҳи миллиамон Истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфта, бори дигар аз давлати пояндаву парафшонии парчами ҳамешагии Тоҷикистони азиз ёдовар гардид.
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва олимону академкон бештар равона гардидааст. Зеро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бонуфузи илмӣ дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муҳим мебозад. Дар баробари дигар соҳаҳои фаъолияти иҷтимоию давлатӣ соҳаи илм ҳам барои пешрафту рушди ояндаи кишвар зарур дониста мешавад.
Ҳамин аст, ки дар шароити имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимону академикон ғамхориҳои худро дареғ надошта, заҳмату талоши онҳоро ҳамеша қадр менамояд. Дар робита ба ин дар остонаи 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 нафар олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Воқеан ҳам ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақому мартабаи олимону академикон дар ҷомеаи муосир сол то сол боло рафта истодааст.
Имрӯз (04.09.2024) бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ дар остонаи ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
