Skip to main content

123Дар ҷаҳони муосир терроризм ба яке аз хатарҳои ҷиддии амнияти ҷомеаи имрӯза табдил ёфтааст. Ин падида на танҳо бо роҳи зӯроварӣ, балки тавассути таъсири идеологӣ ва фарҳангӣ низ паҳн мегардад.Таҷрибаи ҷаҳонӣ муайян менамояд,ки мубориза бо терроризм танҳо бо усулҳои қувваҳои қудратӣ натиҷаи пурра ба даст оварда наметавонад. Ягона роҳи пешгирӣ аз чунин амалҳои палидона, тавассути маърифат ва фарҳанг мебошад. Мутасифона дар ҷомеаи имрӯз ҳаст нафароне, ки мафкураи заиф ва назарҳои аз ҷанбаи илму маърифат холиашон дунёи зебои онҳоро рӯ ба нестӣ овардаст. Агар аз нигоҳи маърифат ва фарҳанг нигоҳ андозем ин гуна шахсоне,ки дар байни хосу ом иғвову хархаша меандозанд, ҳам аз нигоҳи илмӣ ва ҳам аз нигоҳи динӣ онҳо қавму миллат надоранд.

Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо дар рӯи замин на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба куллӣ мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду раванди умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: Онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимиятӣ давлатӣ равона шудаанд. Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, воҳима ва ба таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон ба ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, кушиш ба он менамояд, ки аз пайомади ногувори ин гуна омилҳо ҷилавгирӣ намояд ва дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва барҳам додани ифродгароӣ дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани террор мегардад ҷилавгирӣ намояд. Ҳар яки моро мебояд, ки маърифат ва фарҳангӣ ватану ватандориро барои насли наврас омӯзем ва онҳоро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ тарбият намоем. Насли наврас ояндаи миллат ба шумор меравад.

Имрӯз мо бо чашми сар шоҳиди ҳамагуна ҷангҳое, дар кишварҳои гуногун ҳастем ва бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки мухолифини давлат барои ба мақсади нопокашон расидан садҳо занон, кӯдакон ва бегуноҳонро қурбони дасисаҳои худ месозанд.

Магистранти соли аввали АМИТ. Расозода.З