Skip to main content

1Дар фасли зимистон ба назардошти хуб гузаронидани давраи оромӣ (карахтӣ ) дар боғҳо чунин тадбирҳои агротехнологӣ гузаронидан зарур аст:

1. Обмонии захиравӣ барои таъмини намӣ дар фасли зимистон ва аввали баҳор.

2. Яхобмонӣ (шабҳое, ки ҳарорати ҳаво дараҷаи манфӣ дошта бошад).

3. Меъёри обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ ба 1\га барои заминҳои сангу регдор 700-800 м3 ва барои заминҳои хокӣ 1200-1500 м3 мебошад.

4. Теъдоди обмонии зимистона 1-2 маротиба дар солҳое, ки боришот кам аст 2-3 маротиба дар моҳи январ ва феврал мондан лозим аст.

5. Аҳмияти яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ.

- захира намудани намӣ барои нашъуднамои ояндаи дарахтон.

- нобуд кардани зараррасонҳо ва касалиҳои дар хок зистткунанда.

- беҳтар намудани сохти хок.

- давраи оромии дарахтонро давомнок намудан ва ба қафо партофтани давраи гулкунии дарахтон.

- ба сардӣ тобовар намудани дарахтон ва ғ.

Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ Саидалӣ Гулов - узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

А. Унсурӣ

Сада яке аз ҷашнҳои мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд.

123123Бино ба тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахассиси фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:

«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».

Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.

Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22 марти тақвими мелодӣ) шурӯъ шуда, то охири моҳи меҳр (баробари 22 октябри тақвими мелодӣ) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон (баробари 23 октябри тақвими мелодӣ) сар мешуд ва то поёни моҳи исфандро (баробари 20 марти тақвими мелодӣ) дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.

Сада дар забони авастоӣ ба маънои «баромадан ва тулуъ кардан»-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарзаминҳои эронӣ дониста мешавад).

Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст:

Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрухтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар бомӣ хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишороте торих, ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешуда аст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушорекат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада, ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст.

Аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни «масленница», роиҷ аст.

Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 29-30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.

Теҳрон, Караҷ, устони Язд ва рустоҳои атрофи Ардакон, Кирмон ва рустоҳо, Аҳвоз, Шероз, Исфаҳон, Урупо (Суъед) ва Омрико (Колифурниё) ва Устуролиё бо гирд омадан дар як нуқта аз шаҳр ё русто дар канораҳои ҳам оташе бузург меафрӯзанд ва ба ниёишхонӣ ва сурудхонӣ ва ба пойкубӣ мепардозанд. Ин ҷашн дар тақвими ҷадиди зартуштиён мусодеф бо Меҳррӯз аз баҳманмоҳ шудааст, ҳол онки Абурайҳони Берунӣ ва дигар манобеъ онро Обонрӯз гузориш кардаанд.

Сада дар гузаштаи тоҷик

Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд. Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Дар Тоҷикистон аз рӯи тақвими мардуми форсизабон рӯзи ҷашни Сада дар баъзе аз деҳот ҷашн гирифта мешавад.

Маҳмадулоева Н.М. Лаборанти калони шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи ИФСҲ-и АМИТ

Эй ҷавон бархез то ҷашни Сада барпо кунем,

Оташи шодӣ биафрӯзему хуш ғавғо кунем.

Суннати ойини Эрони куҳанро нав кунем,

Андар ин рӯзи хуҷаста ёд аз обо кунем.

Он шукуҳу фарри дерина, ки аз мо гум шуда,

Дар ҷаҳони пур зи найрангу фусун пайдо кунем. Аржангӣ

Ҷашни Сада, ки бо номҳои ҷашни оташ, ҷашни зимистон ва садасӯзӣ низ ёд мешавад, ҳазорон сол пеш ба вуҷуд омада, аз куҳантарин идҳои мардуми ориёитабор аст. 6-уми декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Сада аз ҷашнҳои миллии мост ва руҳияи миллиро таҳким бахшида, ифтихори мардумро тақвият медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2023 дар паёми шодбошӣ бахшида ба ҷашни Сада қайд карданд: “Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.

Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид. Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст”.

Сада обонрӯзи баҳманмоҳ, яъне 10-уми баҳман, мусовӣ ба 30 январ, ҷашн гирифта мешавад. Сада садумин рӯзи зимистон аст: аз ибтидои зимистон – аз 1 обон (23 октябр) то 10 баҳман (30 январ) сад рӯзва аз 10 баҳман (30 январ) то Наврӯз (21 март) 50 шабонарӯз аст, ки бо шумори шабу рӯз адади 100 ташкил медиҳад.

Дар мавриди сарчашмаи пайдоиши ҷашни Сада фикрҳои мухталифе ҷой дорад. Аз ҷумла, бино бар қавли Абурайҳони Берунӣ: “Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол сад ба даст меояд”(Осор-ул-боқия). Инчунин номи ин ҷашнро ба Каюмарс пайванд медиҳанд: “Чун дар ин рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда...” (Ғиёс-ул-луғот,417). Ривояти дигаре ҳаст, ки фарзандони нахустин завҷи рӯйи замин – Маший ва Машийона дар рӯзи 10 баҳман ба сад расидааст.

Абулқосим Фирдавсӣ пайдоиши ҷашни Садаро аз замони Ҳушанг – замони падид омадани оташ медонад ва андар ойини Сада мегӯяд:

Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу ҳанг,

Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.

Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,

Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хурд,

Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.

Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг...

Бигуфто: “Фурӯғест ин эзадӣ,

Парастид бояд,агар бихрадӣ”.

Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард

Саданоми он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд з-ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр...

Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои ниёкон аст, ки Фирдавсӣ аз он дар баробари Занду Авесто ёд мекунад:

Ба ҷое ки донист, к-оташкадаст

В-агар Занду астову ҷашни Садаст...

Баргузор кардани расму ойини Меҳргону Наврӯзу Сада ва бунёди оташкада он замон аз рукнҳои муҳимми давладорӣ ва суботи кишвар дониста мешуд:

Ниҳод андар он марз оташкада,

Бузургӣ ба Наврӯзу ҷашни Сада.

Ва набудани ҷашни Садаву Наврӯз нишони заволи салтанати шоҳу кишвар ҳисобида мешуд:

Ҳам оташ бимурдӣ ба оташкада,

Шудӣ тира Наврӯзу ҷашни Сада.

Ҳаким Фирдавсӣ (“Шоҳнома”), Абурайҳони Берунӣ (“Ат-тафҳим”) ва Умари Хайём (“Наврӯзнома”) таҷлили садаро ба Фаридун – подшоҳи Пешдодӣ низ нисбат медиҳанд. Вақте ки Фаридун Заҳҳокро мағлуб кард, мардум ин пирӯзиро ҷашн гирифта, бо фармони Фаридун болои бомҳо оташ афрӯхтанд. Дар “Наврӯзнома” омадааст, ки ҷашни Садаро тамоми подшоҳони Эрону Турон дар замонҳои қадим таҷлил мекарданд, вале баъд аз он тадриҷан фаромӯш шуд ва танҳо аз ҷониби зардуштиён ҷашн гирифта мешуд.

Байҳақӣ дар “Таърихи Байҳақӣ” аз ҷашни Сада ба унвони яке аз се ҷашни бузурги эрониён ёдовар шудааст, ки дар замони ислом то замони ҳамлаи муғулҳо аз ҷониби подшоҳон ва ақвоми мухталиф таҷлил мешуд. Дар замони Ғазнавиён ин ҷашн ривоҷи бештар ёфт ва Унсурӣ – шоири маъруфи он давра дар бораи Сада мегӯяд:

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст,

Сада ҷашни мулуки номдор аст.

Мо аз суннатҳои таҷлили Сада дар даврони Сосониён огоҳӣ надорем, аммо бешубҳа, пеш аз ислом ин ҷашн чун маросими бошукӯҳ маъмул будааст. Ба ҷуз аз он ки Фирдавсӣ борҳо дар "Шоҳнома" аз ин ҷашн ёдовар мешавад, ӯ хотиррасон низ мекунад, ки дар Худойномаҳо Сада борҳо зикр шудааст ва он мисли Наврӯзу Меҳргон бузургу муҳим буд.

Решашинохтии вожаи Сада. Вожаи садаро ҳамон тавре ки зикр шуд, ба адади 100 нисбат додаанд. Адади сад вожаи аслан тоҷикӣ буда, реша дар забонҳои эронии бостон дорад: дар форсии миёна sat, эронии бостон sata, санскрит ṡatά, авестоӣ sata, форсии бостон θata, суғдӣ st (Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ).

Дар “Ғиёс-ул-луғот” омадааст: “ва лафзи сад (صد) дар асл ба сини муҳмала (سد) аст, ки ҳоло ба сод машҳур шуда” ва صد муарраби “سد” нест, балки таҳти таъсири хаттӣ арабӣ бо “ص” китобат шудааст.

Бархе аз донишмандон бар ин андешаанд, ки вожаи сада ба адади сад ҳеҷ пайванде надорад ва дар забони авестоӣ маънии “баромадани офтоб, тулуъ”, дар форсии миёна sad – “баромадан”, суғдӣ sat “баромадан” ва xvēr satē – “баромадани хуршед” аст, зеро дар ин рӯз чиллаи калон ба поён расида, чиллаи хурдак мерасад ва замину ҳаво рӯ ба гармӣ мениҳанд.

Эроншинос Раҳом Аша дар мавриди садачунин ибрози андеша мекунад: “Пешиниён дар ҷашни Сада ду вожа – сада (шумори сад) ва сада (баромада, бархоста)-ро бо ҳам омехтанд. Аз поёни меҳрмоҳ (21-уми октябр) то даҳуми баҳман (29-уми январ) сад рӯз аст, пас меҳр (офтоб) меравад то сад рӯз, ки барояд. Ҷашни Сада бозомадани меҳр – хуршед, офтоб аст, барои ҳамин оташ меафрӯзанд. Пас сухани Берунӣ нодуруст нест, танҳо порае аз номи Садаро гӯяд. Гузориши ӯ аз 50 шабонарӯз то Наврӯз нодуруст аст”. Ба андешаи Раҳом Аша аз поёни меҳрмоҳ (23 октябр), ки меҳр (хуршед) меравад, то 10 баҳман (30 январ) тақрибан 100 рӯз фосила аст, хуршед мебарояд ва табиат майл ба гармӣ ниҳода, рӯзҳо дарозтар мешаванд ва ба ин далел мардумон фаро расидани Садаро ҷашн мегиранд. Далели дигари 30-уми январ баргузор шудани ҷашни Сада 40 рӯз гузаштан аз шаби ялдо ё шаби чилла аст, яъне аз шаби ялдо (21 декабр) то 10 баҳман (30 январ) чил рӯз сипарӣ мешавад ва онро чилрӯзагии офтоб медонанд. Ин маросими тавлиди меҳр – хуршед мебошад ва ҷашни бошукӯҳи чиллабаророн аст, ки ҳамоно адади 40 дар расму ойини мо ба монанди чиллапоӣ кардани тифли навзод ё арусу домод, баргузории маросими чили одами аз дунё гузашта муқаддас шуморида мешавад.

Унсур ва намодҳои Сада. Оташ аз унсурҳои асосии ҷашни Сада мебошад. Инсон аз замонҳои қадим ба табиат ва унсурҳои он таваҷҷуҳ дошт, аз ин рӯ барои ориёитаборон аз даврони бостон чаҳор охшиҷ (унсур)-и ҳастӣ, аз қабили оташу обу боду хок ҷойгоҳ ва нақши вежа доштанд, чун зиндагиву рӯзгор ва иҷтимоъи онон бо ин чаҳор унсур пайванд буд.

Сари мояи гавҳарон ин чаҳор,

Бароварда беранҷу берӯзгор.

Яке оташе баршуда тобнок,

Миён обу бод, аз баре тирахок. Фирдавсӣ

Мардуми ориёитабор ба оташ арзиши баландро қоил буданд, ки дар эҷоди анъанаҳо, таърих, фарҳанг, тамаддун ва сарчашмаи пешрафти саноат нақши муҳиме бозидааст.

Оташи Сада таҷассумгари намодҳоест, ки реша дар бовару ойинҳои қадими мардуми мо дорад:

1. Пирӯзии нур бар торикӣ. Оташ намоди нур, гармию зиндагист ва афрӯхтани он дар ҷашни Сада баёнгари пирӯзии нур бар торикӣ ва Ҳурмузд бар Аҳриман мебошад.

2. Поксозӣ ва покизагӣ. Афрӯхтани оташ барои поксозӣ аз палидӣ ва нопокӣ дар назар гирифта шудааст ва мардум бо паридан аз рӯи оташ ба дунболи покӣ ва тандурустӣ ҳастанд.

3.Оғози фасли баҳор. Оташ намоди гармию зиндагӣ ва оғози фасли баҳор аст, аз ин рӯ афрӯхтани оташ дар ҷашни Сада нишонаи умед ба оянда ва оғози фасли ҷадиде аз зиндагӣ мебошад.

Бархе аз ин анъанот имрӯз ҳам дар миёни мардуми тоҷик боқӣ мондаанд. Аз ҷумла ба хотири рафъи маризӣ ва пок шудани бемор табибони мардумии мо навъе аз табобати аловгардонӣ доранд; давр задани арусу домод дар гирди гулхан, ки гумон меравад аз ҳамин ойин маншаъ гирифтааст.

Русум ва одоби ҷашни Сада. Ҷашни Сада аз нисфирӯзии даҳуми баҳманмоҳ (30 январ) шуруъ шуда, то бегоҳ идома меёбад. Мардум як рӯз пеш аз ҷашн ҳезум ҷамъ карда, барои афрӯхтани оташи бузург онро тал мечинанд ва рӯзи ҷашн ҷавонон машъалҳо ба даст ҳезумро оташ мезананд ва мардум гирди гулхани бузург рақсу пойкӯбӣ мекунанд, суруд мехонанд ва орзуҳои нек мекунанд. Пас аз паст шудани шуълаи оташ мардум аз болои он мепаранд ва баъд аз хомӯш шудани он деҳқонон хокистари боқимондаро гирифта, ба заминҳо ба нияти ҳосилхезиву борварӣ мепошанд.

Дар ин ҷашн одатан хӯрокҳои махсус – шириниҳо, шӯрбо ва нону биринҷ пухта мешавад.

Сада дар даврони бостону асрҳои миёна аз муҳимтарин ҷашнҳо буда, бисёр бошукӯҳ таҷлил мешуд. Суннатҳои ин ҷашн аз ситоиши Аҳурамаздо, дуову ниёиш, пойкӯбиву шодӣ, навохтани соз ва Шоҳномахониву наққолӣ иборатанд. Аз аркони муҳимми ҷашни Сада барафрӯхтани оташ аст, ки намоди покӣ, қудрату тавоноӣ ва ростӣ аст, зеро он рушаниву гармӣ мебахшад ва ҳамеша ба боло меравад ва палидиро бо худ намегирад.

Дар тули таърих пас аз густриши ислом ва ҳамлаи муғул шеваи баргузории ин ҷашн тағйир ёфт, аммо эҳтиром ба табиат ва ҳифозати он ва барафрӯхтани оташ, ситоиши некӣ ва ғалабаи нур бар зулмот ҳамоно боқӣ монд.

Сада реша дар қаъри таърих дорад ва дар аксари ривоятҳо ҷашнҳои миллии мо – Наврӯзу Садаву Меҳргонро ба шоҳони Эрони бостон ва шахсиятҳои таърихӣ нисбат додаанд, ки боиси мондагорӣ ва шукӯҳу ҷалоли бештари онҳо гардидааст. Сада аз ҷашнҳои миллии мост, пос доштани расму ойини гузаштагон, ки нишоне аз ҳувияту фарҳанги миллист, дар мақоми шоиста нигоҳ доштану баргузор кардани он аз вазифаҳои миллии ҳар фарди солимфикри ҷомеа аст.

Шарифзода Фарангис Худоӣ - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Санаи 22 январи соли 2025 дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ бо иштироки ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои биологи, профессор Мирзораҳимзода Акобир Карим ҷаласаи васеи кормандон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа Нақшаи кории Институт барои соли 2025 (вазифаҳои асоси), пешниҳоди номзадхои арзанда барои дарёфти ҷоизаҳои АМИТ ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илму техника ва масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани биноҳо ва ҳудуди Институт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар асоси лоиҳаи « iTAG-SATREPS » аз ҷониби Наҷмудинова Ф.И. - Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 02 ноябр то 26 декабри соли 2024 бо мақсади курсҳои кутоҳмудати омӯзишӣ ба Донишгоҳи Акитаи Ҷопон фиристода шуд.

Мақсади сафар: Омӯзиши усулҳои хроматографияи ион, корҳои лабораторӣ оид ба муайян кардани катионҳо ва анионҳо, омӯзиши усулҳои ICP-MS , корҳои амалии лабораторӣ оид ба муайян кардани микроэлементҳо дар об.

3-ноябрии соли равон ба префектураи Акита Айяка Юҷии моро самимона пешвоз гирифта, дар хобгоҳи байналмиллалӣ префектураи Акита ҷойгир кард.

05 ноябр Профессор Даизо Ишияма усули омода намудани Элуент барои катион дар анализатори иони хроматографро омӯзонид.

06 ноябр омода намудани элуент барои анион дар иони хроматографро омузонид.

Хроматографияи мубодилаи ион имкон медиҳад, ки молекулаҳо дар асоси таъсири мутақобилаи ионӣ ҷудо карда шаванд. Дар марҳилаи статсионарӣ гурӯҳҳои функсионалии заряднок мавҷуд аст, ки бо молекулаҳои иононидашудаи заряди муқобили таҳлилшаванда ҳамкорӣ мекунанд. Ин варианти хроматография ба ду намуд тақсим мешавад - хроматографияи мубодилаи ионҳои катионӣ ва анионӣ:

- хроматографияи мубодилаи ионҳои катионӣ катионҳои мусбат заряднокро нигоҳ медорад, зеро дар фазаи статсионарӣ гурӯҳҳои функсионалии манфии заряднок, масалан, фосфат (PO43 - );

- хроматографияи мубодилаи анионҳо анионҳои заряди манфиро нигоҳ медорад, зеро фазаи статсионарӣ гурӯҳҳои функсионалии мусбат заряднок дорад, масалан, +N(R)4.

07-ноябр омода намудани маҳлули стандат барои иони хроматограф баъди тайёр кардани маҳлулҳои стандартӣ ва намунаҳои озмоиш барои муайян кардани катионҳо дар таркиби обҳои озмудашуда таҳлил гузаронда шуд. Баъдан, маълумоти бадастомада дар барномаи EXCEL коркард карда шуд , то натиҷаи ниҳоии маълумот оид ба катионҳо ба даст оварда шавад.

Баъди тайёр кардани маҳлулҳои стандартӣ ва намунаҳои озмоиш барои муайян кардани анионҳо дар таркиби обхои озмудашуда тахлил гузаронида шуд. Баъдан, маълумотҳои гирифташуда дар барномаи EXCEL коркард карда шуданд , то натиҷаи ниҳоии маълумот оид ба анионҳо ба даст оварда шаванд.

8 - ноябр тадқиқоти саҳрои обҳои зеризаминӣ бо профессор Ишима Даизо дар якчанд минтақаҳои Акитаи Ҷопон аз ҷумла (Янаги Шимизу, Куме Шимизу Хатачия Шимизу, Ҳомон Шимизу, Фудзи Шимизу, Камия Сукунамаму, Шимизу, Ҷокай Шимизу, Камиза Шимизу, Нитеко ва ғайра) намунаҳои обҳои зеризаминиро ҷамъовари намудем барои санҷиши таркиби химиявӣ дар ион хроматограф ва ICP-MS.

11 - 13 ноябр омода намудани намунаи обҳои зеризаминӣ дар иони хроматограф барои муайян намудани катион ва аниони оби зеризаминӣ.

14 - 15 ноябр эҷоди хатҳои калибрченкунӣ ва ҳисоб кардани консентратҳо бо истифода аз EXCEL.

18-19 ноябр омода намудани элуентҳо ва маҳлулҳои стандарти барои хатти калибрченкунӣ (маротибаи дуюм).

21-22 ноябр Омӯзиши тарзи тоза кардани таҷҳизоти лабараторӣ зарфҳои шишагӣ монанди стаконҳо барои ICP-MS.

27-28 ноябр ман дар конфронси байналмилалӣ дар Донишгоҳи Кюсю дар Фукуокаи Ҷопон бо забони англисӣ презентатсия кардам. Ин барои ман бори аввал буд, ки тадқиқоти худро дар хориҷа бо забони англисӣ муаррифӣ мекардам. Ман хеле ҳайяҷони будам. Бо вуҷуди ин, ман фикр мекунам, ки ин таҷрибаи хуб буд.

03 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон аз озмоишгоҳи санҷиши таҳлили сифати об боздид намуданд.

Дар рафти боздид ман намунаи оби зеризаминие, ки соли гузашта ҷамъовари карда будем намуна барои иони хроматограф барои санҷиши катион ва анион омода намудам. Ва инчунин презентатсия омода намуда дар бораи фаъолияти худ дар рафти лоиҳаи сатрепс дар назди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон иттилоъ додам, ки дар Озмоишгоҳи мазкур тадбирҳои санитарию техникӣ барои нест кардани ангезандаи бемориҳои сироятии об андешида мешаванд. Пас аз таҳлили пурраи таркиби об сифати он муайян гардида, ҳамзамон тавассути моддахои химиявӣ (мас., хлор, озон, йод, ионхои нуқра) ё усулхои физикӣ (ҷушонидан, тавассути афканишоти ултрабунафш, ултрасадо, гамма-афканишот) безарар гардонида мешаванд.

Озмоишгоҳи мазкур дар пояи Донишгоҳи Акитаи Ҷопон фаъолият намуда, дар он муҳақиқони ҷавон ва магистрантону докторантони PhD ба пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Ҳамзамон дар ин озмоишгоҳ муҳақиқони ҷавон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, донишҳои муосири худро сайқал дода истодаанд.

Зимни боздид аз озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо муҳақиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суҳбат ороста, зикр дошт, ки дастгири пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон бештар зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, муҳақиқони ҷавонро зарур меояд, ки донишҳои худро муккамал созанд.

13-15 декабр профессор ДаизоИшияма як сафари саҳроӣ ба канализатсияи иншооти бо номи " Радбоу Север Холл " дар Токио Нерӯгоҳи тозакунии канализатсияи Токио гузаронд. Дар Корхонаи тозакунии обҳои префектураи Токио кормандони ширкат дар бораи коркард ва безараргардонии оби партов аз системаи обтаъминкунии префектураи Токио муаррифӣ карданд.

Баъдан ба мо лабораторияи химиявию биологӣ, иншооти тозакунии бисёрзинагӣ ва ҷои гипохлоризатсияро дар монитор нишон доданд . Сипас ман бо профессор Ишияма Дайзо дар Токио омӯзиш гузаронидам. Ман тозакунии оби канализатсияи иншооти канализатсияро бо номи " Радбоу Север Холл " дар Токио мушоҳида кардам. Дар ин ҷо бактерияҳо барои тоза кардани партовҳои канализатсия истифода мешаванд, ки баъдан ба уқёнус рехта мешаванд. Илова бар ин, ман дар ин ҷо як таҷриба гузаронидам, то ба кӯдакон дар фаҳмидани аҳамияти нигоҳ доштани сифати хуби об кӯмак расонад. Дар ин расм таҷриба нишон дода шудааст. Мехоҳам ин таҷрибаро дар таълими экологӣ барои кӯдакон ва мардуми оддии Тоҷикистон татбиқ кунам.

Баъдан аз музеи Даиго Фукурую Меру Озмоиши бомбаи водородиро Штатхои Муттахидаи Америка дар чазирахои Маршалл дар укьёнуси Чануби Ором соли 1954 гузаронданд дидан намудем. Ин абрхо абрхои сунъй мебошанд, ки аз заррачахои хеле радиоактивй иборатанд. Қувваи сафед зарраҳо мебошанд.

Дар вакти озмоиши бомбаи водородй 23 нафар мохигирони Япония бо киштии мохигирй дар наздикии махалли озмоиш буданд. Заррачахои радиоактивии баланд пусти мохигиронро пушонда буданд.

Сайёдҳо аз зарраҳои радиоактивии шадид сӯхта ва осеби радиатсионӣ диданд. Як моҳигир баъди шаш моҳи ин ҳодиса фавтид. Дигар сайёҳон солҳои зиёд аз таъсири радиатсионӣ зарар диданд. Дар ин сафар ман таъсири радиатсияи уран ва дигар маводҳоро ба организми инсон фаҳмидам.

Консентратсияи уран дар обҳои зеризаминии Душанбе паст аст. Шиддати радиатсия аз он уран шояд заиф бошад.

Аз ин рӯ, таъсири саломатӣ он қадар ҷиддӣ нест.

Дар оянда, агар мо обҳои зеризаминии дорои консентратсияи баланди уранро пайдо кунем, мо бояд аз он огоҳ шавем.

Ходими хурди илмӣ МРИИ ва ТН АМИТ Наҷмудинова Ф.И.

(Ба ифтихори ҷашни Сада)

Мардум аз ҳар миллату оташкада,

Гирди ҳам меоварад ҷашни Сада.

Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо маросимоти махсус ихтисос дода, бад-ин минвол умри ҷашнҳоро дароз мекарданд. Рабт додани ойину ҷашнҳо ба ҳодиса ё воқеае дар силсилаи таҷлилоти ойинӣ ва ҷашнии мардуми форсу тоҷик (ва фикр мекунам, тамоми мардуми дунё) аз воқеъбинии мардум гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин ки мардум ва дастандаркорони ҷашнҳои бостонӣ барои хушҳолӣ ва болидагии руҳию равонии ҷомеа, ҳамчунин баҳамойӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ маросимоти вижа тартиб мекарданд ва аз ин тариқ ойинҳоро машрӯият мебахшиданд. Бар ин асос ҷашну ойинҳои бостонии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо, ки барномарезиҳои инсонӣ дар қиболи мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ маҳсуб меёбанд, созмон ва давра ба давра интиқол ёфта, то ба замони мо расидаанд. Аз ин ҷост, ки ҷашну маросимоти миллию мардумӣ ифодагари ҳувияти миллӣ буда, тулияту собиқаи умри фарҳангу маънавиёт ва сиёсату ахлоқиёти ҷомеаро ифода мекунанд. Аз ҷониби дигар, силсилаҷашнҳои миллӣ ойину суннати шодзистию ҳамбастагиро ифода мекунанд.

Дар ҳошияи ҷашни Сада чанд нуктаи иҷмолиро хидмати хонандагон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ироа медорем:

Якум. Ҳамин тариқ, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Мунтаҳо, ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуѓрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо маросимоти махсус ихтисос дода, бад-ин минвол умри ҷашнҳоро дароз мекарданд. Рабт додани ойину ҷашнҳо ба ҳодиса ё воқеае дар силсилаи таҷлилоти ойинӣ ва ҷашнии мардуми форсу тоҷик (ва фикр мекунам, тамоми мардуми дунё) аз воқеъбинии мардум гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин ки мардум ва дастандаркорони ҷашнҳои бостонӣ барои хушҳолӣ ва болидагии рӯҳию равонии ҷомеа, ҳамчунин баҳамойӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ маросимоти вижа тартиб мекарданд ва аз ин тариқ ойинҳоро машруият мебахшиданд. Бар ин асос ҷашну ойинҳои бостонии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо, ки барномарезиҳои инсонӣ дар қиболи мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ маҳсуб меёбанд, созмон ва давра ба давра интиқол ёфта, то ба замони мо расидаанд. Аз ин ҷост, ки ҷашну маросимоти миллию мардумӣ ифодагари ҳувияти миллӣ буда, тӯлонияти собиқаи умри фарҳангу маънавиёт ва сиёсату ахлоқиёти ҷомеаро ифода мекунанд.

Дувум. Ба назари донишмандон, ҷашниСада аз куҳантарин ҷашнҳои гурӯҳӣ ва иштирокии мардуми иронитабор маҳсуб меёбад. Дар шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳ мардум ба баландии кӯҳҳо ва бомҳо баромада, оташ меафрӯхтанд ва ин суннат то имрӯз дар баъзе минтақаҳо камокон боқӣ мондааст.Мардум дар гирди гулхан ҷамъ омада, бо забони худ шеъру таронахонӣ мекарданд ва хурдешу гармиро даъват менамуданд. Дар баъзе минтақаҳо ба хонишҳои садавӣ, ҳамчунин бозӣ ва дигар намоишҳои ҷамъӣ зам мешуданд. Ба ин маъно:

Сада ҷашне пур аз рамзу рамузӣ,

Ба рағми сардиҳо оташфурӯзӣ,

Ба истиқболи гармӣ Садасӯзӣ,

Ба дунё бо фазилат дидадӯзӣ,

Ғуруру ҳиммату қудратбурузӣ,

Фари шоистарӯзӣ!

Пажуҳишгари иронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ дар матлаби ихтисосии “Ҷашни Сада: Ҷашни бузурги оташ бо хостгоҳи кайҳонӣ” бар он ишора мекунад, ки Сада дар гузашта дар густараи паҳновареаз Осиёи Сағир (Онотолӣ) то устони Синкёнг (Шинҷон)-и Чин таҷлил мегардидааст. Ба ин тартиб, дар миёни ҳама ақвому табор, новобаста аз адёну мазоҳиб Сада ҷашн гирифта мешудааст ва монанди Наврӯз сарчашмаҳои таърихӣ аз он ёд кардаанд. Ризо Муродии Ғиёсободӣ ба он ишора менамояд, ки Сада бо номҳои гуногун миёни мардум маъруфият доштааст ва мардум, новобаста аз тааллуқоти миллию нажодӣ ва динию мазҳабӣ ба ҷашн фаро гирифта мешуданд. Мардум оғози шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳ болои бом баромада, ҳезум ҷамъоварӣ карда, гулхан меафрӯзанд. Даҳуми баҳманмоҳ чиҳилумин рӯзи таваллуди хуршед аст ва мардум дар доираи ҷашни Сада чиҳилумин рӯзи таваллуди хуршедро таҷлил мекунанд. Ин аст, ки мардум шомгоҳ бо рӯйи даст гирифтани тадорукоти ҷашнӣ хушҳолона месарояд:

Ба даҳи моҳи баҳман шомгоҳон,

Ҳама ҷамъ омада пиру ҷавонон,

Бубин, ҳезум биоварда фаровон,

Аҷаб зебо кунанд оташ фурӯзон,

Ба гирди оташи ҷашни ниёгон,

Суруд хонад яке, дигар ғазалхон,

Ҳама хушҳолӣ карда аз дилу ҷон,

Барои даъвати хуршеди тобон.

Дар зимн, вожаи “Сада” дар “Авасто” ба маънии тулуъ ва ғуруб ва фарозу фурӯди хуршед омадааст.Ин аст, ки Сада дар баробари ҷанбаҳои ойинию маросимӣ, иҷтимоию маданӣ, фалсафӣ, ҳамчунин ҷанбаи кайҳонӣ низ дорад ва ҳодисаи тулуъу ғуруби ду ситораро ба ин мисол меоваранд (ниг.: Манбаъ: http://ghiasabadi.com/jashnesada.html).

Севум. Сада – дар мақоми як пружаи муҳимми стратегӣ дар роҳи мубориза алайҳи беҳувиятӣ, худбохтагӣ, ҷаҳолатписандӣ, нодонӣ, бечоранолӣ, худкифоӣ, худбоварӣ ва баҳамойӣ зарурат дорад. Илова бар ин, Сада дар роҳи муқовимат ва мубориза бар зидди бегонагӣ ва хирадситезӣ моро кумак мекунад. Ба ин маъно:

Ба ҳангоми ҷашни Сада чуну чанд

Макун ту барафрӯз оташ баланд.

Баланд барафрӯхтани оташ ба маънои бидуни чуну чаро ва чуну чанд (шакку шубҳа) ҷашн гирифтани ҷашни Сада буда, аз он ба унвони пружаву барномаи муҳимми ҳувиятӣ-миллӣ истифода бурдан вазифаи афроди банангу сарафрози миллат аст.

Чаҳорум. Аз сатҳи як ҷашну суннату маросими шодию баҳамойӣ то ба сатҳи як барномаи стратегии сиёсию мафкуравӣ боло бардоштани Сада. Дар ин замина ташаббусоту ибтикороти зиёде бояд рӯйи даст гирифт, аз ҷумла:

-ба ҷашни хонаводагӣ, миллию меҳанӣ ва ҷашни карнавалӣ табдил додани Сада ва дар ин замина ташкил кардани гаштугузору сайёҳати ҷашнӣ. Вежагии карнавалӣ гирифтани Сада ва сори ҷашнҳои миллӣ маънои густурдагӣ ва паҳнои маданию марзии ҷашнро дорад, чаро аз тариқи карнавали садавӣ мардум либосҳои рангоранги идона пӯшида, бо шодию сурур хушҳолӣ мекунанд ва якдигарро ба созу тараби ҷашнӣ даъват менамоянд;

-аз тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиби саросарии Сада ва маросимоти ҷашнӣ;

-бо баргузории маросимоти Садавӣ роҳандозӣ намудани барномарезиҳои тарбиятии миллию дунявӣ, мубориза бо хушкандешони мазҳабӣ ва хурофазадагону ифротгароёни динӣ.

Панҷум. Бегонагон ва душманони миллат ҳамеша бо Сада, ҳамчуноне ки бо Наврӯзу Меҳргону Ялдо ҷанг эълом карда буданд, сарсахтона мубориза бурдаанд. Душманони мардуми эронитабор (мардуми форсу тоҷик) доимо ба таври мустақим ва ғайримустақим ба ойинҳои пешинаи миллию мардумӣ, хоссатан Наврӯзу Меҳргон ва Сада мубориза мебурданд. Аз назари бузургон, ба хатар афтодани ҷашнҳои Наврӯзу Сада маънои ба хатар мувоҷеҳ гардидани сарзамин ва марзу бумро доштааст. Масалан, вақте ки Баҳроми Чӯбин аз хатари вуруди лашкари Совашоҳи турк сухан дар миён меорад, ба мардум бонги изтироб мезанад:

Кунад бо замин рост оташкада,

На Наврӯзмонад, на ҷашни Сада.

(ниг.: Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. -Ҷилди нуҳум. -Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.34)

Ё ин ки:

Аз ин зоғсорони беобу ранг,

На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

Ҳам оташ бимирад ба оташкада,

Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.

(ниг.: Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. -Ҷилди нуҳум. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.274)

Илова бар ин, Фирдавсӣ эҳтирому арҷгузорӣ ва нигаҳдорию ҳифзи ойину ҷашнҳои миллии Наврӯзу Садаро аз мушаххасоти ҳувиятию инсонӣ талаққӣ карда, аз ҳамватанон даъват ба амал овардааст, ки тавассути ҳифзу нигаҳдошти ҷашнҳои куҳани аҷдодӣ обрӯву иззати миллатро нигаҳбонӣ кунанд:

Нигаҳ дорад ойини ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.

(ниг.: Фасоӣ, Мансур Растагор. Бахти ту пирӯз бод. //Паёми андеша. Соли аввал, шумораи чаҳорум, марти 1998. –С.5)

Ба ин маъно, аз тариқи ҳифзу муаррифии шоистаи аносиру абзорҳои ҳувиятсози миллӣ – Садаву Наврӯз ва Тиргону Меҳргону Ялдо бо таҳоҷумоти сиёсию фарҳангии берунӣ муқовимату мубориза бояд кард, то ин ки миллатро сиҳҳату саломат ба сарманзили мақсуд бирасонем.

Шашум. Ҳанӯз дар асрҳои миёна ҷиҳати аз саҳнаи сиёсию ҷашнӣ ва ойинию суннатӣ берун бурдани Сада ва Наврӯз талошҳои зиёде сурат гирифтаст. Аз сӯйи дигар, бисёр мутафаккирони мо дар асрҳои миёна, мутаассифона, алайҳи ҷашнҳои миллӣ бо шумули Наврӯзу Сада қиём карданд ва бо ин роҳ, ба истилоҳ, бегонасолориро ривоҷ доданд (ниг.: Риёҳӣ, Муҳаммад Амин. Гулгашт дар шеър ва андешаи Ҳофиз. –Теҳрон, 1374. -С.34). Масалан, Муҳаммад Ғазолӣ (1058-1111) дар китоби “Кимиёи саодат” зимни мункироти бозорҳо чунин мегӯяд: “… ва шамшеру сипари чӯбин фурӯшанд барои Наврӯз ва буқи сафолин барои Сада ва аз ин чизҳо баъзе ҳаром аст, баъзе макруҳ. Аммо… он чӣ барои Сада ва Наврӯз фурӯшанд, чун сипар ва шамшери чӯбин ва буқи сафолин, ин дар нафси худ ҳаром нест, валекин изҳори шиори габргон аст, ки мухолифи шаръ аст ва аз ин ҷиҳат нашояд. Балки ифрот кардан дар оростани бозор ба сабаби Наврӯз ва қатоифи бисёр кардан ва такаллуфҳои нав сохтан барои Наврӯз нашояд, балки Наврӯз ва Сада бояд мундарис шавад ва касе номи он набарад.

То гурӯҳе аз салаф гуфтаанд, ки рӯза бояд дошт, то аз он таомҳо хӯрда наояд ва шаби Сада чароғ фаро набояд гирифт, то аслан оташ набинанд ва муҳаққиқон гуфтаанд: Рӯза доштан ин рӯз ҳам зикри ин рӯз бувад ва нашояд, ки номи ин рӯз баранд ба ҳеҷ ваҷҳ, балки бо рӯзҳои дигар баробар бояд дошт ва шаби Сада ҳамчунин, чунонки аз ӯ худ ному нишон намонад” (ниг.: Ғазолӣ, Муҳаммад. Кимиёи саодат. Ҷилди аввал. Ба кӯшиши Аҳмади Ором. –Теҳрон, 1333.- С.407).

Ҳафтум. Хушнудию хушҳолӣ ва шӯхию бозӣ асоси ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Садаро ташкил медиҳад. Махсусан, шӯхию бозӣ ва рақсу хушнудии духтарон бо нозу ишвагариҳо, ки ҳамагӣ хушҳолиро таҷассум мекунанд, Садаро минҳайси ҷашни матраҳи миллӣ-дунявӣ ба намоиш мегузорад. Масалан, Ҳаким Низомӣ дар “Шарафнома” аз ойину суннат ва маросимоти ҷанбаи миллӣ-дунявидоштаи ҷашнҳои куҳани Наврӯзу Сада ёдовар мешавад:

Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,

Ки нав гаштӣ оини оташкада,

Зи ҳар сӯ арӯсони нодидашӯй,

Зи хона бурун тохтандӣ ба кӯй.

Рух ороста, дастҳо пурнигор,

Ба шодӣ давидандӣ аз ҳар канор.

Муғона майи лаъл бардошта,

Ба ёди муғон гардан афрошта.

Зи Барзини деҳқонуафсуни Занд

Бароварда дуде ба чархи баланд.

Ҳама корашон шӯхию дилбарӣ,

Гаҳ афсонагӯйӣ, гаҳ афсунгарӣ.

Ҷуз афсун чароғе наяфрӯхтанд,

Ҷуз афсона чизе наёмӯхтанд.

Фурӯҳишта гесӯ шикан дар шикан,

Яке пойкӯбу яке дастзан...

Яке рӯзашон будӣ аз кӯйю кох

Ба коми дили хеш майдон фарох.

Ҷудо ҳар яке базме оростӣ

В-аз он ҷо басе фитна бархостӣ...

(ниг.: Ганҷавӣ, Низомӣ. Хамса. Шарафнома. –Душанбе: “Адиб”, 2012. -С.127-128)

Ҳаштум. Ҷашни Сада қабл аз ислом, дар замони исломӣ, давраи Хоразмшоҳиён ва то ҳамлаи муғул миёни амирону ҳокимону мардуми одӣ таҷлил мегардид. Бузургтарин ва машҳуртарину бошукӯҳтарин ҷашни Сада дар замони шоҳзодаи иронӣ, бунёдгузор ва нахустин амири Дудмони Зиёриён (930-935) Мардовиҷ ибни Зиёр (890-935) соли 323 ҳиҷрӣ дар Исфаҳон баргузор гардид. Ӯ ҷашни бошукӯҳе тартиб дод ва дар охири ҷашн ба дасти мухолифонаш кушта шуд. Ҷашни дигаре, ки дар хотири мардум боқӣ мондааст, таҷлилоти садавиест, ки дар замони Султон Масъуди Ғазнавӣ (1030-1041) дар соли 430 ҳиҷрӣ доир карда шуд.

Дар доираи маросимоту тадорукоти ин ҷашн мардум, сараввал барои ҷамъоварии ҳезум таҷаммуъ мекарда, болои кӯҳ ва ё бомҳо гулхан меафрӯхтаанд ва гирди гулхану оташ мегаштаанд, навозандагону мутрибон навоҳои ҷашнӣ менавохтаанд, суруд мехонадаанд ва дигарон ба рақсу бозиҳо мепардохтаанд. Ҳарчанд ки Сада ҷашни динӣ нест, зардуштиён ба он созу баргҳое илова карда, бар мабнои муътақидоти ойинӣ маросимоте ҷур кардаанд. Ба ин тартиб, мубад ҳангоми афрӯхтани гулхани садавӣ назди гулхан меояд, бо мардум дар хушҳолӣ шарик мешавад, гирди оташ мегардад ва дуову авроди мазҳабӣ мехонад. То хомӯш шудани оташ ва пойин рафтани гулхан мардум гирди он менишастанд, шодию нишот мекарданд, рақсу бозиҳо ҷур менамуданд, афсонаю қиссаҳо мепардохтанд ва ҳамин тур, хушҳолӣ менамуданд. Баъдан хокистари оташро деҳқонону кишварзон ғун дошта, ба киштзору мазрааҳо мерехтанд, ба умеди баракату серҳосилии замин.

Дар маҷмуъ, аз тариқи анҷом додани маросиму суннатҳои Садавӣ мардум чиҳилумин рӯзи таваллуди нуру хуршеду офтобро таҷлил мекарданд ва умеду орзуи пирӯзии рӯшанию нур бар торикию зулмотро дар қалбҳои хеш нигоҳ медоштанд (ниг.: Манбаъ: https://www.visitiran.ir/fa/event/جشن-سَدِه). Яъне, аз даст надодани умеду орзу ва ҳамеша ба зиндагӣ дилгарм будан асосу моҳияти ин гуна тадорукот ва дар маҷмуъ, ҷашнсозиҳои мардуми моро ташкил медодааст.

Нуҳум. Ба таври куллӣ, Сада ҷашнест, ки мардумро новобаста ба тааллуқоти қабилавӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рангу пустӣ гирди ҳам меоварад ва онҳо даст ба дасти ҳам дода, суннату маросимро якҷо гузаронида, хушҳолӣ мекунанд. Ин аст, ки Сада намоди шодзистӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамшарикии мардум маҳсуб меёбад (ниг.: Манбаъ: https://www.karnaval.ir/blog/the-ancient-ceremony-of-sadeh). Ин аст, ки ҷашни Садаро мебояд то ба сатҳи як ҷашни фарогири миллӣ-мардумӣ ва карнавали ҷашнӣ боло бурд. Дар ин замина нақши зиёиёни миллӣ ва интеллигенсияи ватанӣ, ки дар қолиби ҷомеаи маданӣ мунсаҷим шудаанд, хеле бузург аст.

Нозим Нурзода, - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

22 январи соли 2025

Устодурраис Абурайҳони Берунӣ (973-1048) аз бузургтарин донишмандони миллии мо барои ҳамаи давру замонҳост. Бо камоли итминону ифтихор метавон гуфт, ки дар таърихи илму фарҳанги мо тарҳи масъалаи ҳувияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии эронию ориёӣ ба номи ӯ бастагӣ дорад.

qwАз осори гаронмояи Берунӣ, аз ҷумла “Китоб-ут-тафҳим”, ки ба забони модарии мо таълиф кардааст, ҳисси ифтихори фаровонаш аз асолати эронию ориёӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳамин аст, ки донишманд ва арабшиноси маъруфи рус, академик И.Ю.Крачковский (1883-1951) бо таваҷҷуҳ ба матолиби китоби “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор”-и Берунӣ андешаи айни савобе пеш ронда буд, ки ҳанӯз аз ҳамин асар, ба сифати яке аз аввалин асарҳои Берунӣ ва пас аз он дар дигар осори баъдии ӯ, як ҷанбаи барои Берунӣ хос – эҳсоси амиқи “худшиносии эронӣ” ба дид меояд.

Абурайҳони Берунӣ дар осори мондагораш, ба хусус дар робита ба одобу русум ва ҷашну рӯзҳои маъруфи гузаштагони мо: ҷашнҳои Наврӯз, Наврӯзи нахустин, Наврӯзи бузург, Тиргон, Тиргони хурд, Тиргони бузург, Меҳргон, Меҳргони бузург, Парвардагон, Баҳмангон, Мардгирон, Гаҳанбор, Хуррамрӯз ё Навадрӯз, Озарҷашн, Ҷашни Нилуфар ва ғ., аз ҷумла дар бораи ҷашни Сада ва таърихи пайдоиши он тавзеҳи ҷолиб ва қобили мулоҳиза манзур кардааст.

Аслан Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мост, ки ҳамрадифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Тиргон қарор дорад ва дар фарҳангномаҳо ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст. Дар таърихи куҳани мардуми мо, панҷ моҳ, яъне аз оғози моҳи обон то анҷоми моҳи исфандро фасли сармо ё зимистони бузург ном мебурданд. Ҷашни Сада оғози коҳиш ёфтани фасли сармост, яъне сад рӯз пас аз оғози ҳамин фасли сармо ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз то ҷашни Наврӯз ҷашни Сада ё ҷашни оташ таҷлил мегардид. Сада дар фарҳангномаҳо, аз ҷумла “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “Луғатнома”-и Алиакбари Деҳхудо ва “Фарҳанги форсӣ”-и Муҳаммади Муин ғолибан ба маънии ҷашн аст, ки дар даҳи моҳи баҳман, яъне сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳаи Эрони бостон баргузор мешуд… ва дар ин ҷашн мардум оташафрӯзӣ мекарданд.

Дар «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» омадааст, ки Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ тайи маросими хосса анҷом мегирад.

Абулқосими Фирдавсӣ бунёд ниҳодани ҷашни Садаро ба Ҳушанги Пешдодӣ марбут дониста, чигунагии пайдоиши ин ҷашнро дар «Шоҳнома» тасвир кардааст. Фишурдаи тасвири ӯ ин аст, ки Ҳушанг бо гурӯҳе сӯйи кӯҳ рафт ва мори сиёҳи бузург дид. Санге ҷониби мор андохт. Санг ба мор нарасид, вале ба санги дигар бархурд ва аз бархурди ду санг оташ берун ҷаст. Ҳарчанд мор кушта нашуд, вале рози пайдо кардани оташ ошкор шуд. Ҳушанг шукри Яздон ба ҷой овард ва оташро ба сифати “фурӯғи эзадӣ” қиблаву маҳалли парастиш қарор дод. Чун шаб фаро расид, оташе чун кӯҳ барафрӯхт ва бо ёрон гирди он оташ бода хурду шодмонӣ кард ва ба ин тариқ ҷашни фархундаи Садаро бунёд ниҳод:

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Унсурии Ғазнавӣ, ки аз шоирони ҳамасри Фирдавсист, бунёди ҷашни Садаро марбут ба Фаридуну Ҷамшед медонад:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афредуну в-аз Ҷам ёдгор аст.

Ҷашни Сада мисли Наврӯзу Меҳргон дар давраҳои аввали исломӣ низ шукӯҳу эътибори худро то ҷое нигоҳ дошта, аз тарафи амирону сарварони давр бо шукӯҳу ҷалол таҷлил мешуд. Гуфтаанд, ки Маликшоҳи Салҷуқӣ як сол пеш аз вафоташ дар шаби 18 зилҳиҷҷаи соли 484 ҳиҷрӣ (30 январи 1091) дар Бағдод ин ҷашнро пуршукӯҳ таҷлил кард ва Абулқосими Мубаррадӣ ба муносибати баргузории ҷашни Сада ва оташи дар он афрӯхта шеъри зеринро суруд:

Ва куллу норин ъала-л-ъушшоқи музриматун

Мин нори қалбӣ ав мин лайлати-с-Садақ.

(Ва ҳар оташ барои ошиқон афрӯзандааст,

Аз оташи дили ман ё аз оташи шаби ҷашни Сада)

Ба назар чунин мерасад, ки аксари матлаби фарҳангномаҳо ва асарҳои назму наср дар робита ба ҷашни Сада ба он матолибе, ки дар осори боқимондаи Берунӣ нисбат ба ин ҷашни аҷдодӣ омадааст, беиртибот нест ва шояд аз ҳамон осори Берунӣ ибтидо гирифтааст.

Абурайҳони Берунӣ дар ду асараш, “Китоб-ут-тафҳим” ва ҳамчунин “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор”, ки ба арабӣ тасниф намудааст, роҷеъ ба ҷашни Сада ва таърихи он тавзеҳи кофӣ додааст. Тавзеҳи чашни Сада дар “Китоб-ут-тафҳим” ба ваҷҳи мухтасар ва дар “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор” ба таври нисбатан муфассал аст. Гузашта аз ин, дар ин ду асар Берунӣ ҳамчунин аз мавҷуд будани ҷашни дигаре бо номи Навсада ё Барсада, ки панҷ рӯз пеш аз таҷлили ҷашни Сада баргузор мешудааст, иттилоъ додааст.

Тавзеҳан, Берунӣ дар “Ёдгори мондагор” ёдовар мешавад, ки рӯзи панҷуми баҳманмоҳ рӯзи исфандормуз аст, ки Навсада, яъне Садаи нав ё Барсада, яъне фавқи Сада гуфта мешавад, зеро панҷ рӯз пеш аз ҷашни Сада аст. Аз ин матлаб ин воқеият ба назар мерасад, ки панҷ рӯз пештар аз баргузории ҷашни Сада пешиниёни мо ҷашни дигаре доштаанд, ки онро Навсада ё Барсада мегуфтаанд.

Дар робита ба худи ҷашни Сада Берунӣ дар “Китоб-ут-тафҳим” изҳори назар карда, бунёди онро ба Фаридун нисбат додааст. Берунӣ дар ин китоб мегӯяд, ки Сада: “обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум pӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву шодӣ ку­нанд... Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб. Ва низ гуфтанд, ки андар ин рӯз аз фарзандони падари нахустин сад тани тамом шуданд. Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар pӯзe, то мағзашон бар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯpo вазире буд номаш Армоил, некдил ва неккирдор аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристодӣ. Чун Афридун ӯpo бигирифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: Тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонидаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси кӯҳaнд. Пас бо вай устуворон (саворон) фиристод, то ба даъвии ӯ нигаранд. Ӯ касеро пеш фиристод ва бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ aфpӯxтaнд. Зеро-к шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид ояд, пас он наздики Афридун ба мавқеъ афтод ва ӯpo озод кард ва бар тахти заррин нишонд ва Мисмуғон ном кард, ай Меҳи муғон”.

Зимнан дар асрҳои баъдӣ ҳамин малаби дар обонрӯз ё “даҳуми баҳманмоҳ” баргузор кардани ҷашни Сада ва “аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб” мавҷуд будани фосиларо Фаррухии Сиистонӣ чунин ба назм овардааст:

Аз пайи таҳнияти рӯзи нав омад бар шоҳ,

Садаи фаррух рӯзи даҳуми баҳманмоҳ...

Чӣ хабар дод? Хабар дод, ки то панҷаҳ рӯз

Рӯй бинмояд Наврӯзу кунад арз сипоҳ.

Чунонки ба мушоҳида мерасад, ин сурудаи Фаррухӣ бо суханони Берунӣ дар “Китоб-ут-тафҳим” иртиботи қавӣ дорад.

Андешаи Берунӣ дар хусуси ба Фаридун бастагӣ доштани оғози ҷашни Сада дар “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ҳам такрор омадааст, ки “Офаридун... ҳамон рӯз, ки Заҳҳокро бигрифт ва мулк бар вай рост гашт, ҷашни Сада бинҳод...”.

Дар “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор” ҳам матлаби дар “Китоб-ут-тафҳим” ёдшудаи бунёди ҷашни Сада бо баёни дигар омадааст, вале дар зимн Берунӣ боз чанд ривояту устураи зерини таърихи ҷашни Садаро ёд кардааст:

Нахуст, “Сада, яъне сад”, ин ба он маънист, ки номи сада аз шумораи сад ба миён омадааст.

Дувум, ҷашни Сада ёдгори Ардашер писари Бобакон аст. Ба андешаи мо, назари Берунӣ дар ин маврид ҳамин аст, ки ҷашни қадими Сада дар рӯзгори бунёдгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон расмияти бештар пайдо кардааст.

Севум, ҳар гоҳ рӯзҳову шабҳоро ҷудогона баршумуранд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд, аз ин рӯ ин рӯзро Сада гуфтанд.

Чорум, дар ин рӯз буд, ки фарзандони Каюмарс ба сад расиданд. Ин матлаб чунонки дар боло ёд шуд, дар “Китоб-ут-тафҳим” ҳам омадааст: “андар ин рӯз аз фарзандони падари нахустин сад тани тамом шуданд”, ки мурод аз падари нахустин – Каюмарс, яъне падари башар дар устураи пешиниёни мост.

Панҷум, дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машёна, яъне нахустин зану шавҳар мутобиқи ривоятҳои асотирии гузаштагони мо ба сад расиданд.

Шашум, миқдори фарзандони Одам дар ин рӯз ба сад расид.

Ҳафтум, ин рӯз иди Ҳушанги Пешдодист, ки тоҷи олам ба даст овард. Дар боло, аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба номи Ҳушанг бастагӣ доштани ин ҷашн ёд шуд.

Ҳаштум, дар ин рӯз гӯё ҷаҳаннам аз зимистон ба дунё берун меояд, аз ин рӯ оташ меафрӯзанд, то шарри он бартараф гардад ва дуд меандозанд, то зиёни онро бартараф кунанд.

Нуҳум, дар ин шаб расм шудааст, ки оташ афрӯзанд ва чун шуълавар гардад, ҳайвоноти ваҳширо ба оташ андозанд ва мурғҳоро дар шуълаи он пазанд ва дар канори оташ нишаста шодмонӣ кунанд. Берунӣ зимни ёдкарди ин матлаб ин расмро нописанд медонад ва дар оташ афкандани ҳайвоноти безиён ва парандагонро сахт накуҳиш кардааст.

Даҳум, аҳли Караҷ ин шабро “шаби газана” мегӯянд, яъне шабе, ки дар он газидан зиёд аст ва мақсадашон ин аст, ки сармо аз шиддати худ шахсро дар ин шаб мегазад, яъне шаби ҷашни Сада сардтарин шаби фасли сармост.

Дар идомаи баёни ин матолиб Берунӣ дар ҳамин китоб ҳам сабаби дар ин шаб оташ равшан карданро ба ҳамон устураи марбут ба Заҳҳоки Морон ва иқдоми Армоил ё Азмоил, ки аз ду нафари маҳкум барои хӯрди морон якеро раҳо мекард ва дар боло аз “Китоб-ут-тафҳим” ёд кардем, марбут медонад.

Нуктаи ҷолиб ин аст, ки Берунӣ бо ифтихор аз асолати эронии худ Заҳҳокро аз ҳамаслу ҳамнажодони худ намедонад ва бо таваҷҷуҳ ба асли арабии ӯ сареҳан таъкид дорад, ки “пас аз омадани Заҳҳок ба Эрон” ҷабру бедод дар Эронзамин қиёмат кард ва Заҳҳок барои хӯрди моронаш ҳар рӯз ду нафарро қурбон мекард. Ин ба он маънист, ки Берунӣ фоҷиаи Эронзамини таърихиро дар он рӯзгор баста ба бегонагон медонад ва гӯё аз он ҳушдор медиҳад, ки барои пешрафти кишвар такя ҳамеша бояд бар худии худ кард.

Ҳамчунин дар робита ба ду мори Заҳҳок Берунӣ таъкид бар он дорад, ки мавҷуд будани ду мор бар ду китфи Заҳҳок аз ҳақиқат дур менамояд, вале имкон дорад, чунонки дар “Китоб-ут-тафҳим” омадааст, дар ду китфи Заҳҳок ду ҷароҳати ҷонкоҳ бошад, ки дарди онҳоро молидани мағзи сари инсон таскин бахшад.

Зимнан дар идомаи ин матлаб Берунӣ бори нахуст дар таърихи илм аз пайдоиши баъзе ҳайвонот, аз ҷумла дар хусуси мавҷудияти ҳайвоноти ба истилоҳ “халтадор” изҳори назар кардааст. Берунӣ ёдовар мешавад, ки дар сарзамини Ҳинд ҳайвонест, ки аз шиками модараш сари худро берун карда, ба чаридани алаф машғул мешавад ва боз ба шиками модари худ фурӯ меравад, то он ҳангом ки неруманд нашавад.

Ин матлаб далели он аст, ки дар рӯзгори Берунӣ дар сарзамини Ҳинд ҳайвоноти ширхӯру гиёҳхӯри халтадор ба мисли кенгуру, ки дар айни замон дар қитъаи Австралия сукунат дорад, мавҷуд будаанд, ки мутаассифона, аз шарри зиёни инсонҳо ба табиат нобуд шудаанд.

Ҳосили сухан, ҷавҳари андешаи Берунӣ аз ёдкарди Сада ва таърихи асотирии он ин аст, ки ҷашни Сада ҷашни қадими миллии эронию ориёист. Берунӣ чунонки аз матолиби боло ҳам ба мушоҳида мерасад, ба сифати донишманди бузурги риёзидон ва дорои тафаккури риёзӣ дар таълифоташ бо ишора ба чанд ривоят ба робитаи байни ҷашни Сада бо адади сад ба таври возеҳу равшан ишора кардааст.

Ин матлаб ҳамчунин гувоҳи он аст, ки забони модарии мо забони қадиму асил аст ва номи ҳамаи ҷашнҳои қадими миллии ҳувиятофари мо реша дар ҳамин забон дорад ва калимаи сада вожаи нобу сара буда, аз шумораи сад бо афзудани пасванди -а сохта шудааст.

Ҳасани СУЛТОН, - узви вобастаи АМИТ

Минбари халқ. 15 январи 2025, чоршанбе, №3 (1504). – С.8.

Дар қатори дигар чашнхои таърихии ниёгони мо чашни «Сада» дар радифи сегонаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дохил шуда, ба гунаи онхо таърихи хеле қадимаро дорад. Нисбати ба ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон иттилоот оиди пайдоиш ва чигунагии ҷашни Сада аз сарчашмаҳо маълумот камтар ба назар мерасад. Аммо маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳо оид ба ин ҷашн омадааст, то ҷое қонеъкунанда мебошанд, кимо метавонем ин ҷашни миллиро шиносем ва барои эҳёи он ҷаҳд намоем.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории Шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ шуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд.

Сада аз нигоҳи файласуфон ва мутафаккирони форсу тоҷик ба таври мушаххас низ арзёби гаштааст, ки асосан фалсафаи ин ҷашни ниёгонӣ дар фалсафаи иҷтимоиву ахлоқӣ ва хиради ба ҷой гузоштаи аҳли илму адаби форсу тоҷик ба хусус дар хираду ҳикмати эронитаборон дарёфт намудан мумкин аст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017 зикр гардида буд, ки: «Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Бояд гуфт, ки дар замони Шуравӣ халқи бофарҳанг ва бонангу номуси миллати тоҷик, бо вуҷуди ин ки 70 сол фарҳангу тамаддун, забону одобу рафтори шуравиро иҷборан дар кишвари худ ривоҷу равнақ медоданд, ғайрату ҳиммати тоҷикона ва руҳу равони миллӣ боис гардид, ки фарҳангу тамаддун, расму оин, забону ҳунари ниёгони худро то ба имрӯз ҳифз карда, ба насли баъдии худ ба мерос гузоранд.

Парлумони Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар расман таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ, дар сатҳи Ҳукумат ҷашни Сада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал рӯзи 30-юми январ соли 2018 ба таври расмӣ таҷлил гардид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба ин сана табрику таҳният намуда, ҳамзамон ба сарфакорӣ даъват намуд. Ин табрикоти Пешвои миллат шаби 29-уми январи соли 2018 аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар пахш шуд. Оид ба шарҳи истилоҳи «Сада» бошад, дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин ташреҳи мардумӣ ин аст, ки «Сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст. Гӯё шумораи сад аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз иборат буда, замони фарорасии Наврӯзро ифода мекунад. Бо шарофати фарорасии иди Сада мардуми тоҷик ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянду боғу токзорҳоро яхобмонӣ мекунанд. Ҳамзамон, то омадани Сада усулҳои омодагии замин барои кишт ва таври ғизонок намудани бехҳои дарахтон ба амал меояд.

Таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав зинда намудану ба насли оянда мерос гузоштани нозукиҳои тоҷиконаи он қарзи ҷонии ҳар як фарди солимақли ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад. Ҳамчунин, шоир ва файласуф Умари Хайём пайдоиши ҷашни Садаро ба замони Афредун нисбат дода, дар «Наврӯзнома» чунин зикр намудааст: «Афредун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигирифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон ки аз ҷабру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз оини он подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».

Ҳамчунин, дар бораи бунёнгузори ин ҷашн ҳам назари ғолиб бар Ҳушанг – дувумин шоҳи силсилаи Пешдодиён, набераи нахустин шоҳ - Каюмарс ва фарзанди Сиёмак далолат мекунад. Аҳёнан, ин ҷашн ба Фаридун низ нисбат дода шудааст, ки дар ин хусус дар «Фарҳанги асотир» баён шудааст. Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки маълумот дар бораи пайдоиши ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ хеле муфассалтар ва пурмаънотар, аз он маълумотест, ки дар ҳамин китоб дар бораи Наврӯз ва Меҳргон омадааст. Агар дар хусуси зуҳури он ду ҷашни бузург шоир ба даҳ то чордаҳ байт иктифо карда бошад, дар хусуси зуҳур ва оғози ҷашни Сада шумори адабиёт хеле бештар аст ва гузашта аз ин, дар хусуси он боби махсусе дар «Шоҳнома» низ вуҷуд дорад.

Раҳмонов Раҳмон Охонович - муовини директор оид ба илм ва таълим, д.и.х.

оҷикистон ҳамчун кишвари осебпазир аз ин раванд ва узви Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, ҷиҳати эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ташаббуснамуд, ки бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал якдилона қабул гардид. Ба мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа, Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд, дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Моҳи майи соли равон пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар ҳошияи раванди оби Душанбе мизбони боз як чорабинии сатҳи баланд – Конфронсибайналмилалии «ҳифзи пиряхҳо» мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси глобалии Сарвари давлат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки моҳи декабри соли 2022 бо ҷонибдории қариб 153 давлати дунё қабул гардида буд.

Интизор меравад, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «ҳифзи пиряхҳо» роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок намоянд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат гузаронида шуда, дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст.

Бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинии сатҳи баланд таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Кумитаи тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шудааст.

Қабул гардидани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ оид ба эълон гардидани “Соли 2025- соли ҳифзи пиряхҳо ва даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034”- барои баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну субот ва сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиии аҳолии мамлакат дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи пиряхҳо нақши муассир мегузорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки охирон маротиба инвентаризатсияи умумиҷаҳонии ҳолати мувозинат, ҳаҷму масоҳати пиряхҳо ва захираи барф дар Даҳсолаи байналмиллалии гидрологӣ, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) барои солҳои 1965–1974 бо ҷалби олимону коршиносони бонуфузи ҷахонӣгузаронида шудааст. Дар давраи Даҳсолаи байналмиллалии гидрологӣкаталоги пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Амударё ва Сирдарё таҳия карда шуд.

Айни замон дар доираи барномаи давлатӣ“Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар омода намудани каталоги нави пиряхҳои Точикистон корро идома дода истодааст, дар навбати худ “Даҳсолаи амал барои илмҳои Криосфера дар давраи солҳои 2025–2034” имкони ҷалби олимону коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ ва истифодаи технологияи муосирро фароҳам меорад.

Гарчанде, ки ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, бехатарии экологӣ, иқлим, самаранок истифода намудани захираҳои обӣ дар сатҳи байналмилалӣ баргузор мешаванд, вале чорабиниҳои байналмилалии махсусгардонишуда оид ба илми криосфера (пиряхҳо, барф ва яхбастаҳои абадӣ) ва ҳифзи пиряхҳо бори аввал дар рӯзномаи чорабиниҳои СММ бо талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дохил гардид, ки Конфронси аввали байналмилалии сатҳи баланд оид ба «ҳифзи пиряхҳо» 29-31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад.

Сафаров М.Т – Сардори шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо тағйирёбии иқлим ва адаптатсия

Ҳомидов А.Ш. – Сарходими илмӣ, Номзади илмҳои географӣ

Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”

123Сада дар қатори дигар ҷашнҳои ниёгонамон ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҳамешаинъикоскунандаи хулқу атвори ориёитаборон буда, дар онҳо расму русуми қадимаи гузаштагонамон баён гардидааст, ки барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва дигар анъанаҳои сунатии мо дар ҳаёт нақши босазое дорад. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз соли 2017 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ изҳори андеша намуда буданд, ки «Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар давоми таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат намудаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Воқеан ҳам, ҳамин тавр шуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо ҷашнҳои сунатӣ, балки пешниҳод ва 5 ташаббуси бузурги Президенти маҳбуби кишварамонро ҳамчун дастури роҳнамо аз минбари баланди СММ барои мардуми ҷаҳон қабул ва баррасӣ намуданд, ки ин ифтихору саодатмандии миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷашни Сада идест, ки дар муқобили сардиҳои сарди зимистон хеле гарму гуворост ва дар лаҳзаҳои сояторики зиндагӣ меҳри хоссае дар замири инсон пайдо мекунад.

Нахустин бор ин ҷашнро дар замони соҳибистиқлолӣ 30 январи соли 2018 ба таври расмӣ дар Тоҷикистони азизамон таҷлил намуданд. Аслан, мафҳуми «Сада» вожаи тоҷикӣ-форсӣ буда, маънояшро аз шумораи «100» мегирад ва ин ҷашн пас аз 100 рӯзи ҷамъоварии ҳосил ва панҷоҳ рӯз то оғози расидан ба ҷашни Наврӯзи рост меояд, ки онро 50 шабу50 рӯз ҳисоб намуда, Сада мегӯянд. Аз ин бармеояд, ки ба ҷашнҳои Сада ва Наврӯз намуди гӯштини тоҷикӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад. Зеро дар бисёр миндақаҳои кишварамон таёрӣ ба майдондорӣ аз Сада оғоз меёбад.

Дар бораи Сада ва таърихи пайдоиши он аз қадиммулаём то ҳануз ривоятҳои гуногуни таърихӣ, ҳикояву хотираҳои зиёде мавҷуд аст, ки ҳато аксари мардум ба онҳо боварӣ доранд. Махсусан , афсонаи пайдо шудани море дар пеши роҳи шоҳи сулолаи Пешдодиён -Ҳушанг паҳлавон ва ҳаво додани санге ба сӯи он ва пайдо шудани оташу гармию рушноӣ чандин асрҳо боз аз забони ровиёну мардуми оддӣ ҳамчун ҳақиқати ҳол шунида мешавад.

Шояд ин ҳама ривояте бошад, ки дар тафаккури мардуми мо мақому мартабае пайдо намудааст, ки ташбеҳу асоснокуниҳои зиёдеро дар бар мегирад. Ҳато аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ сар карда, то «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар сарчашмаҳои таърихию фарҳангиамон баҳсу мунозира ва андешаҳои зиёде дар бораи Чашн Сада баррасӣ гардидааст. Аммо ба андешаи мо, чунин ривоятҳо шояд фарзияе бошанд, ки барои заминаи пайдоиши Сада пойдевори бузурге гузошта, дар мантиқи дарки он моҳияти асосии ин ҷашнро падид орад. Яъне ин арҷгузорӣ ба оташи пок, гармӣ ва рӯшноӣ ба инсоният мебошад, ки он ба поён расидани чиллаи зимистон ва омад-омади баҳори навро далолат менамояд. Дар ин давраи гузариш оғози таёрӣ ба кишту кори деҳқон, тозаву озода намудани замину хонадон ва корҳои хоҷагӣ сар мешавад. Дар ин ҷашн аз ҳама бештар оҳангарону чуянгарон, афзолгарону устоҳои дуредгар серкортар мегарданд.Зеро онҳо барои таёрӣ ба поксозию рубу чини гирду атроф, олоту анҷоми гуногунро таёр менамоянд.

Ачибаш ин ки бузурге онро чунин тасвир намудааст: « Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашни ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст». Дарвоқеъ, он ба ягон дину мазҳаб вобастагӣ надошта, мардумро ба тозагӣ, муҳаббати эҳёи гармии қалбу бартарии рушноӣ ба торикӣ далолат менамояд. Фарорасии ин ҷашн бештар ба рӯзи 30 январ рост меояд, ки онро бештар деҳқону паҳлавонон хеле зиёд интизорӣ мекашанд.

Дар баробари ин, ҷашни Садаро оғози рӯйдодҳои нави зиндагӣ дониста, аз замони Шоҳ Ҳушанги паҳлавон мардум дар қатори дигар эҳёгариҳои зиндагӣ, рӯзҳои нави майдондорию паҳлавониро оғоз менамуданд.Албата санаву маъракаҳои муҳимми баргузории гӯштингирӣ дар гузашта ба ҷашнҳои Сада ва Наврӯз ҷашну хурсандиҳои мардумиву сайрҳои баҳорӣ рост меомад, ки маъмулан онро дар майдонҳои васеъ бо ширкати паҳлавонони бисёр аз гӯшаву канори шаҳру вилоятҳои кишвар барпо менамуданд. Ин суннати зебо имрӯз ҳам идома дорад. Мусобиқаҳо бо тарзу усулҳои анъанавӣ баргузор мегарданд. Масалан, дар навоҳии ҷануби кишвар, дар Кӯлобу Қаротегину Дарвоз паҳлавонон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, гирди майдонро як бор мегаштанду ба ҷойҳои худ рафта менишастанд. Бо ин амал онҳо иштироки худро дар мусобиқа маълум месохтанд, ки ин аз давраи Сада сар мешуд.

Мавриди қайд аст, ки гӯштини тоҷикӣ ҳамчун анъанаи ҷашни Сада ва Наврӯз ба онҳо шукӯҳу шаҳомати дигар мебахшад. Гӯштингирӣ ягона намуди варзиши паҳлавонӣ ва ё худ анъанае мебошад, ки махсусан, мардум ба хотири гӯштин ин ҷашнҳоро бесаброна интизорӣ мекашанд.

Қайд кардан месазад, ки нақши ин ҷашни бузург дар бедории паҳлавонон ва аз нав эҳё намудани анъанаҳои ниёкон ҷойгоҳи махсус дорад. Аз замонҳои қадим Ҷашни Садаро мардуми тоҷик деҳа ба деҳа дар алоҳидагӣ ҷашн мегирифтанд.

Сада дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон аз қабили ҷашнҳои бузурге мебошад, ки имконияти бартарӣ доштани некӣ ба бадӣ ва рӯшноӣ ба торикиро талқин намуда, баракати нави зиндагиро эҳё менамояд. Ба ҳама муборак бошад Ҷашни Садаи пурифтихор

Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, - узви вобстаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

«Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо–тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.»

Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷашни Сада дар баробари ҷашнҳои чоргона аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Шаби Чила яке аз ҷашнҳои ниҳоят қадимии мардумони ориённажод буда, аз замони пайдоиш то истилои Араб яке аз пуршукӯҳтарин ҷашнҳо ба шумор мерафт. Пас аз истилои Араб ва ташкили Хилофат он ҳамчун маросими динии маздаясноӣ ҳисоб карда шуда, ҷашнгирии он ба тадриҷ манъ гардид.

Хушбахтона, дар замони давлатдории Сомониён, ки муҳақиқони сатҳи ҷаҳонӣ ин давраро давраи гулгул шукуфии милати тоҷик медонанд, дубора эҳё гардида ба ҳамон шакли аввалӣ ҷашн гирифта мешуд. Ба ин гуфтаҳо нигоштаҳои адибон ва шоирони он замон нисбат ба ҷашни Сада, аз қабили Рӯдакии Самарқандӣ, Унсурии Балхӣ, Манчеҳрии Домғонӣ, Фаррухии Систонӣ, Абулқосим Фирдавӣ, Абӯрайҳон Берунӣ ва дигарон далели раднопазир аст. Мутаасифона, пас аз шикасти давлати Сомониён ва ба сари қудрат омадани давлатдориҳои туркон ҷашни Сада оҳиста-оҳиста на ҳамчун ҷашни бузурги давлатӣ, балки чун ҷашни камранги халқӣ танҳо дар қисматҳои кӯҳистонии ҳавзаи Хуросон ва Моваронаҳр дар доираи хурди мардумон ҷашн гирифта мешуд.

Ва ниҳоят бо шарофати Истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон расму оин ва ҷашнҳои миллии дар тӯли садсолаҳо аз назари халқ дур мондаву камранг гардида эҳё гардиданд, ки ҷашни Сада низ аз ин шумор аст. Ҳамасола, ин ҷашни миллии ниёкон чун нишони арҷгузорӣ ба гузаштагон ва бо барқарор намудани шукӯҳи пешин ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Сада таъкид месозанд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъана, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд».

Сада ин рамзи некиву меҳрубонӣ, пос доштани гармиву рӯшноии хуршеду оташ ва гармдилии мардумон аст.

Гузаштагони мо бар ин бовар буданд, ки Хуршед дар осмон бо нури гармии худ тамоми табиатро хуррам мегардонад ва оташ дар замин чун порае аз он барои мунаввар сохтани дилу дидаи мардумон хизмат хоҳад кард. Ва аз ин хотир дар гузаштаҳои дур, шуруъ аз Шаби Чилла (баробар ба 21-22 декабр) то ҷашни Сада (баробар ба 30 юми январ) тӯли 40 шабона рӯз гулхан меафрӯхтанд ба ин бовар намегузоштанд то торикии зулмот ба рушноӣ ва нури хуршедӣ ғолиб гардад. Ниҳоятан шаби чилум шоху шаппаҳои дарахти сада (бурс, арча)-ро ҷамъ намудаву гулхани калонеро меафрӯхтанд ва гирди он ҷамъ омада, то субҳ чун нишони ғолибияти гармиву рӯшноӣ бар сардиву зулмот рақсу бозӣ ва суруру шодмонӣ менамуданд.

Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд. Чун оташ дар фарҳанги мардуми ориёӣ рамзи покӣ, рӯшноӣ ва гармӣ буда, сарчашмаи рӯзгори босубот ва зиндагии шоиста маҳсуб мешуд, мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват менамуданд. Сада ба ягон дину ойин тааллуқ надошта, аз дарки амиқи равандҳои табиӣ хабар медод.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ мафҳуми Сада хеле хуб маънидод гардидааст. «Сада»-ро аз шумораи 100 медонанд, ки иборат аз панҷоҳ шабонарӯз то Наврӯз аст. «Сада» аз калимаи «санд»-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шудан омадааст. Яъне падид омадани рӯшноӣ ва гармӣ аст. Ниёгони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ ҳам таҷлил менамуданд. Дар айёми Сада рӯзҳо торафт дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Яъне маҳз аз ҳамин шабу рӯзҳо ғалабаи рӯшанӣ ба торикӣ ва некӣ бар бадӣ ибтидо мегирад.

Ҷашни Сада аз аҳди ориёиҳо (нимаи дуюми ҳазорсолаи 2 то мелод) то давраи ҳукумати Сомониёну Салчуқиён ва дар баъзе аз манотиқи тоҷикнишини Хуросону Мовароуннаҳр то истилои муғулҳо маъмул буд ва бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардид. Асарҳои «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин гуна маълумот медиҳанд.

Оташ сар то по хайру созанда тавсиф мешавад ва он маҳсули ҷаҳду талоши инсони воломаниш дар муҳити табиӣ ва дар доираи имконоти инсонӣ таъриф меёбад. Аз ин назар, бо достони пайдоиши оташ дар асотири миллатҳои дигар имтиёз ва бартарии равшан дорад.

Ҳушанг дар фарҳангҳо «Бахшандаи ҷойгоҳи хубу некуманзар» тавсиф шудааст, аммо аз матни «Шоҳнома» ва майли Ҳаким Фирдавсӣ чунин бармеояд, ки решаи ин ном бо «ҳуш», ки ба маънои дигар хирад ва равони хирадманд таъбир мешавад ва «анг» чун пасванди нисбатсоз корбурди фаровон дорад.

Бино ба тадқиқоти коршиносон нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Хеле муҳим аст, ки нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад. Ба ақидаи дигар воситаи рӯшноии тамоми мавҷудоти олами зинда ва ифодагари рамзи ҷовидоӣ ин Хуршед маҳсуб меёбад ва робитаи ногусастанӣ инсонро бо табиат бозгӯ месозад.

Ин ҷашни суннатӣ мардумро ба покиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, порсоӣ, фарҳангдӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват намуда, нурро дар муқобили зулмот мегузошт. Аз тарафи дигар, инсон дар муқобили ҳирсу ҷӯши нафсонии хеш метавонист ғалаба кунад.

Ин ҷашни бостониро метавон ҳамчун падидаи озодагӣ ва солим тавсиф намуд, ки ба асари он қувваҳои некӣ ба бадӣ ғолиб меоянд ва дар асоси дурахши оташ чобукию далерӣ ва матонати мардум зоҳир мегардад. Яъне покию покизакорӣ асоси нерумандӣ ва солимӣ аст.

Ш.Карим, - сармутахассиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИ

Фаъолияти бомуваффақияти ҳар як корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ аз он вобаста аст, ки вай захираҳои худро то чӣ андоза дуруст идора мекунад ва дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозорӣ самаранокии ҳар як корхона на танҳо ба миқдори захираҳои истифодашуда ё ҷалбшуда, балки пеш аз ҳама ба самаранокии истифодаи ин захираҳо марбут аст.

Дар ҳар як корхонаҳои замони муосир метавон ба истилоҳ сегонаи захираҳоро ҷудо кард - захираҳои моддӣ, инсонӣ ва молиявӣ. Маълум аст, ки ҳатто дар сурати мавҷуд будани пойгоҳи мустаҳками моддӣ-техникӣ ва инчунин бе иштироки мутахассисони баландихтисосдар сатҳи зарурӣ ба самаранокии истеҳсолот ноил шудан мумкин нест.

Дар сурати мавҷуд будани мутахассисон ва захираҳои моддӣ, мавҷуд набудани имкониятҳои молиявӣ, истеҳсоли самаранокро оғоз кардан ғайриимкон аст. Агар мафҳуми захираҳои моддӣ бо тамоми фарогирии номгӯйи худ мафҳуми хеле танг дошта бошад ва «захираҳои инсонӣ»-ро бо тамоми хусусиятҳои ба худ хосаш низ нисбатан осонтар муайян кардан мумкин бошад, пас мафҳуми «захираҳои молиявӣ» қобили қабул аст.

Аксар вақт бидуни инъикоси пурраи тамоми қисмҳо ва доираи зерконсепсияҳои дохилшуда тафсир карда мешаванд, инчунин аксар вақт бо истилоҳҳои дигар, ба мисли «капитал» (сармоя) иваз карда мешавад. Мафҳумҳои «захираҳои молиявӣ» ва «капитал» (сармоя) дар адабиёти иқтисодӣ ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд ва мафҳуми ягона ва равшан надоранд. Аксар вақт, надонистани як дастгоҳи аниқи категориявӣ боиси фаҳмиши нодурусти истилоҳот мегардад.

Агар ба асосҳои илмӣ, яъне решаҳо “мафҳум” баргардем, истилоҳи “молия” аз “financia” – пули нақд, даромад ва вожаи “капитал” аз лотинии “capitalis” омадааст, ки маънояш асосӣ аст.

Молия мафҳуми умумии иқтисодӣ буда, маънои ҳам пул, ҳам захираҳои молиявие, ки ҳангоми таъсис ва ҳаракат, тақсим ва аз нав тақсимот, истифодабарӣ ва муносибатҳои иқтисодие, ки бо ҳисоббаробаркуниҳои мутақобилан байни субъектҳои хоҷагидорӣ, гардиши пули нақд, гардиши пул ва истифодаи пул муайян карда мешаванд ба инобат гирифта фаҳмида мешаванд.

«Капитал» (сармоя) категорияи иқтисодӣ мебошад, ки он ҳамчун яке аз омилҳои истеҳсолот дар баробари меҳнат ва замин барои истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ ва ҳамзамон бо мақсади ба даст овардани даромад истифода бурда мешавад.

Молияро на танҳо пул, балки пеш аз ҳама муносибатҳои байни субъектҳо фаҳмида, пас мо метавонем бигӯем, ки молия шакл, усули миёнаравии сармоя ин ё он шакли сармояро ба категорияи универсалтар табдил додани ягон категорияи дигари алоҳидаро фаҳмонад. Дар молия нақши пул ҳамчун воситаи муомилот, ченаки арзиш ва захираи арзиш дар раванди истеҳсолот нисбатан васеътар зоҳир мегардад.

Молия аксар вақт механизм ва нақши ҳамоҳангсоз ба ҳисоб меравад. Зеро чунин мешуморанд, ки захираҳои муҳимтарин ин захираҳои молиявӣ мебошанд. Новобаста аз он ки ин дуруст аст ё не, мо кӯшиш мекунем, ки дар поёнтар онро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Аммо аввал зарур аст, ки Шумо пеш аз ҳамадар бораи таърифи мукаммалтарин ва дақиқи ин категория қарори дахлдори худро қабул кунед. Захираҳои молиявӣ, пеш аз ҳама, бояд ҳамчун ҷузъи асосии низоми молиявӣ қабул карда шаванд. Аз ин рӯ, мазмуни дохилии он, нақши он дар муомилоти маблағҳои корхона муайян карда шуда, вазифаҳое, ки ба захираҳои молиявӣ ҳамчун категорияи моддии муносибатхои молиявӣ хосанд, шарҳ додани ин категория якхела ва асоснок карда шавад.

Асоси моддии молияро пул ташкил медиҳад. Инро таъкид карда, иқтисодчии машҳури Шурави М. Боголепов навишта буд, ки «молия, чун ќоида, дар пўшонидани хароҷоти пулї њамеша омода аст, аммо барои он берун аз муносибатњои молу пул њељ як афзоиш вуҷуд надорад»[1].

Аммо, умумияти молия ва пулро ҳамчун категорияхои иқтисодӣ қайд намуда, аз ҷиҳати моҳият фарқҳои онҳоро надидан мумкин нест. Пул ҳамчун моли махсус ва монанди предмети умумии муомилот, эквиваленти умумибашарӣ хизмат мекунад, ки моҳият ва хусусияти хоси он мебошад. Молия ҳамчун категорияи иқтисодӣ, пеш аз ҳама, низоми муносибатҳои пулии объективӣ мавҷуда мебошад, ки бо ташаккул ва истифодаи захираҳои пулӣ ва пасандозҳои субъектҳои хоҷагидорӣ ва давлат дар шакли захираҳои молиявӣ алоқаманд ифода меёбад.

Масалан гирем, Т. М. Ковалева, С. В. Барулин дар ин хусус қайд мекунанд, ки «ҳамчун категорияҳои иқтисодӣ (абстрактсияи муайян) молия ва пул бо роҳҳои мавҷудияти худ аз ҳамдигар фарқ карда, шакл ва мазмунашон бо ҳамдигар алоқаманданд, вале онҳо чун воқеият муносибатҳои молиявию пулӣ ва маводи худро пайдо мекунанд. Пули муосир танҳо аз он сабаб бомуваффақият амал мекунад, ки вай шакли молияро мегирад»[14].

Аз ин рӯ, хусусияти ба худ хоси молия, ки онро аз пул ва дигар категорияҳои арзишӣ фарқ мекунад, муносибатҳои пулие мебошанд, ки бо ташаккул ва истифодаи захираҳои молиявии мутамарказ ва ғайримарказонидашуда (пулӣ) ба ҳамдигар алоқаманданд.

Захираҳои молиявӣ дар шакли даромад дар ихтиёри давлат ва бар замми ин ташкилоти тиҷоратӣ ва хоҷагӣ дар асоси ҳаракати яктарафаи арзиш дар шакли пул ташкил карда мешаванд. Мавҷудият ва инкишофи захираҳои молиявӣ дар шароити ташаккули муносибатҳои нави бозорӣ бо гардиши муносибатҳои молию пулӣ дар шакли ду марҳала: хариди мол ва фурӯши онҳо муайян карда мешавад.

Бори нахуст дар таҷрибаи Россия мафҳуми захираҳои молиявӣ, ҳангоми тартиб додани нақшаи панҷсолаи якум ба кор бурда шуд, ки яке аз фаслҳои он аз тавозуни (баланси) захираҳои молиявӣ иборатбуд. Минбаъд ин истилоњ дар адабиёти иќтисодї ва амалияи молиявї ба таври васеъ мавриди истифода ќарор гирифт ва тафсири он низ хеле мухтасар ба ҳисоб мерафт.

Дар замони муосир захираҳои молиявиро метавон ҳамчун пайванди байни баҳисобгирӣ, назорат ва идоракунӣ, инчунин робитаи байни сатҳҳои гуногуни идоракунӣ - аз стратегӣ то амалиётӣ баррасӣ кард. Дар адабиёти иќтисодї ва илмии солњои60 – 70-ум масъалањои бештар мубоњисаи муайян кардани ин мафњум мавриди баррасї ќарор гирифтаанд, ки дар байни онњо асарњои А.М. Бирман, В.П. Дяченко, В. Сенчагова, Г.М. Точилникова, М. Шерменева ва дигарон ба моҳияти иқтисодии захираҳои молиявӣ, таркиби онҳо, робитаи захираҳои молиявӣ бо фондҳо таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Ин саволњо њатто дар шароити ба муносибатњои бозорї гузаштани субъектњои хољагидорї олимонро ба ташвиш овардааст. Дар адабиёти илмии даҳсолаи охир, чун қоида, танҳо захираҳои молиявии корхонаҳо ба инобат гирифта мешаванд ва ё худ мафҳуми умумии захираҳои молиявӣ низ шарҳу тавзеҳ дода мешавад, ки онҳо ба марказонидашуда ва ғайримарказонидашуда тақсим карда шуда, танҳо ба як қисми онҳо нисбатан эътибори дахлдор дода мешавад.

Масалан гирем, дар китоби дарсии «Молия» зери назари В.М. Родионова, захираҳои молиявие, ки субъектҳои хоҷагӣ ва давлатӣ ҷамъ кардаанд, бе муайян намудани мазмуни онҳо манбаи таъминоти молиявии раванди такрористеҳсолкунӣ ҳисоб карда мешаванд. Танҳо дар ҳолати ба тавсифи молияи корхона бахшидашуда захираҳои молиявии корхона, хусусиятҳои ташаккул ва истифодабарии онҳо дар шароити иқтисоди бозорӣ ба таври пурра таҳлил ва ҳамзамон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар китоби дарсии «Молия» зери таҳрири С. И. Лушина ва В. Слепова, захираҳои молиявӣ чунин муайян карда шудаанд: «Захираҳои молиявӣ гуфта одатан ҷузъи маблағҳоеро мефаҳманд, ки соҳибони онҳо бо салоҳдиди худ барои ҳар гуна эҳтиёҷот истифода бурда метавонанд»[11].

Пас саволе ба миён меояд, ки кадом қисми маблағро захираҳои молиявӣ ташкил медиҳанд. Дар луғати молия - кредит ва ресурсҳои молиявӣ «маҷмӯи маблағи фондҳои дар ихтиёри давлат, корхонахо ва ташкилот мавҷуда, ки дар раванди тақсим ва аз нав тақсимкунии умумии маҳсулоти ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ ба вуҷуд меоянд» [8] шарҳу тавзеҳ дода мешавад.

Дар энсиклопедияи иќтисодї бошад, аз ҷумла чунин мафњум дода шудааст: захирањои молиявї ќисми таркибии захирањои иќтисодї буда, маблаѓњои системањои пулию буљетї мебошанд, ки барои таъмини фаъолияти муътадил ва рушди хољагии халќ истифода бурда мешаванд ва барои чорабинињои иљтимоию фарњангї, эҳтиёҷоти идоракунӣ ва мудофиа хароҷот ба таври мақсаднок карда мешаванд.

Ин таъриф ҷиҳати муайян кардани захираҳои молиявии мутамарказ қобили қабул аст, вале ба захираҳои молиявии корхонаю ташкилотҳо дахл надорад. Аммо, муаллифи мавод нишон надодааст, ки дар бораи кадом захираҳои молиявӣ сухан меравад.

Л. Н. Павлова бошад қайд мекунад, ки «ба ресурсҳои молиявӣ ҳамон маблағҳое дохил мешаванд, ки баъди иҷрои ҳамаи ухдадориҳо оид ба пардохту ҳиссаҳо, нигоҳ доштан ва маблағгузории хароҷоти ҷорӣ дар ихтиёри корхона боқӣ мемонанд» [25] ва захирахои молиявии минбаъда «маблағҳое мебошанд, ки барои маблағгузории сармоягузории кӯтоҳмуддат истифода бурда мешаванд, ки хароҷоти дарозмуддат дар корхона пас аз гирифтани даромад аз ҳамаи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва пӯшондани хароҷоти моддию ба ин монанд ташаккул меёбанд.

Аслан гирем, ин таъриф захираҳои молиявиро танҳо ба манбаъҳои дохилии худ кам мекунад. Ба ғайр аз ин, инчунин гуфтаҳои мазкур барҳақ гувоҳӣ медиҳанд, ки онҳо дар таърифи захираҳои молиявӣ (даромад аз ҳисоби хароҷоти моддию ба он баробар ва ё он чизе, ки пас аз ҳамаи пардохтҳо дар ихтиёри корхона мемонад) ба таври мушаххас ва возеҳ мавҷуд нест.

Саволе ба миён меояд, ки чаро захираҳои молиявӣ танҳо ба маблағгузориҳои кӯтоҳмуддат ва хароҷоти дарозмуддат равона карда мешаванд, ки баъдан хароҷоти дигар, масалан, такрористеҳсолкунии одиро бо пул таъмин мекунанд, мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Ба ақидаи онҳо захираҳои молиявӣ даромади умумие мебошанд, ки ҳангоми тақсими он ба фонди музди меҳнат ва пасандозҳои пулӣ истифода бурда мешаванд, ки сарчашмаи асосии захираҳои молиявии худ даромади умумӣ ва амортизатсия мебошанд [7].

Олимон далел пеш меоранд, ки қисми зиёди маблағҳои (даромадҳои) ба даст омада, аз маблағҳои муомилот ва танҳо қисми боқимонда дар шакли даромади умумӣ манбаи захираҳои молиявӣ мебошанд.

Муаллифон робитаи зичи мафҳумҳои «молия» ва «захираҳои молиявиро» ба инобат гирифта, ҳамзамон қайд мекунанд, ки тақсим ва аз нав тақсимкунӣ бо ёрии молия бо ҳаракати маблағҳое, ки шакли махсуси захираҳои молиявиро мегиранд, бештар мушоҳида мешавад.

Дар китоби дарсии «Молияи ширкат» қайд карда шудааст, ки «захираҳои молиявии корхонаи соҳибкориро аз маҷмӯи даромад ва даромадҳои пулии худи ӯ муайян кардан мумкин аст».

Дар китоби дарсии саноатӣ «Иқтисодиёт ва ташкили фаъолияти муассисаи савдо» муаллифаш А. Н. Соломатина қайд кардааст, ки «ресурсҳои молиявии муассисаҳои савдо натиҷаи фаъолияти молия буда, ҳамчун даромади пулӣ ва даромади маблағ амал мекунанд»[12].

Чунин таъриф ба мо гувоҳӣмедиҳад, ки захираҳои молиявии корхонаҳо ғайр аз натиҷаи фаъолияти онҳо чизи дигаре нестанд. Ба таври пурра ва дурусттараш, аз нуқтаи назари мо, моҳияти захираҳои молиявии корхонаю муассисаҳо дар китоби дарсии “Молияи корхона” бо таҳрири М.В. Романовский ифода ёфтаанд.

Захираҳои молиявии корхона ҳамчун «тамоми захираҳои пулие, ки корхонабарои ташаккул додани дороиҳо ва инчунин барои анҷом додани тамоми намудҳои фаъолият, чӣ аз ҳисоби даромади худ, пасандозҳо ва сармоя ва ҳам аз намудҳои гуногуни даромад ҷамъоварӣ мекунад, муайян карда мешавад»[9].

Ин таъриф робитаи ногусастании байни захираҳои молиявӣ ва захираҳои пулиро таъкид мекунад. Бар замми ин, васеътарин тафсири ташаккул ва истифодаи захираҳои молиявӣ ба назар мерасанд, яъне, ки онҳоро аз ҳамаи намудҳои даромад ба даст оварда, ба ҳамаи намудҳои фаъолият сарф кардан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, дар бисёр нашрияҳои илмӣ оид ба молия ба масъалаҳое, ки бо муайян кардани моҳияти захираҳои молиявӣ алоқаманданд, таваҷҷуҳи зарурӣ намедиҳанд. Ғайр аз ин, дар луғатҳои иқтисодӣ байни захираҳои молиявии давлат ва корхонаҳо сарҳади аниқ вуҷуд надорад. Зеро қисми зиёди сарвати ҷамъиятӣ дар ҳақиқат дар дасти давлат буд. Дар баробари ин дар байни захираҳои молиявии давлат, инчунин захираҳои молиявии субъектҳои хоҷагидор тафовут мавҷуд аст, ки пеш аз ҳама дар манбаъҳои ташаккули онҳо ва дар кадом соҳаҳои истифодашаванда зоҳир мегардад.

Ба ғайр аз ин, дар манбаъҳои захирахои молиявӣ ва истифодаи онҳо дар байни корхонаю ташкилоте, ки аз рӯйи шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқии моликият асос ёфтаанд, тафовут мавҷуд аст. Дар асоси гуфтаҳоизикршуда, захираҳои молиявии корхонаро ҳамчун категорияи мустақили иқтисодӣ баррасӣ кардан лозим аст, ки моҳият ва сохтори дохилии онро равшанӣ талаб мекунад.

Таҳқиқоти назариявии гузаронида шуда моро ба муайян кардани моҳияти захираҳои молиявии корхонаҳои кишоварзӣ наздик кард. Захираҳои молиявии корхонаин маҷмуи даромадҳои худи онҳо, пасандозҳо ва даромадҳои берунии пули нақд (ва ё муодили онҳо) дар ихтиёри ин корхона мебошанд, ки барои иҷрои уҳдадориҳо дар назди системаҳои буҷетӣ ва молиявию қарзӣ, инчунин контрагенттери онҳо бо пул таъмин намудани хароҷоти иқтисодии ҷорӣ маблағгузорӣ масъул мебошанд. Бар замми ин, бояд қайд кард, ки дар шароити ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, захираҳои молиявӣ, аз ҷумла, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо аксар вақт ҳамчун синоними мафҳуми «капитал» фаҳмида мешаванд.

Масалан В. Н. Незамайкин ва И. Л. Юрзинов қайд мекунанд, ки аз нуқтаи назари назарияи иқтисодӣ захираҳои молиявӣ сармояро ифода мекунанд, ки онҳо ба фаъолияти хоҷагидорӣ гузошта шуда, пай дар пай аз тамоми марҳалаҳои давраи истеҳсолию тиҷоратӣ (муомилоти капитал) гузашта, даромад ба даст меоранд [18].

Фарқи асосии байни захираҳои молиявӣ ва сармояи ташкилот дар он аст, ки дар ҳама вақт захираҳои молиявӣ аз сармояи корхона зиёдтаранд. Ин маънои онро надорад, ки корхона ягон уҳдадориҳои молиявӣ надошта бошад ва тамоми захираҳои молиявии мавҷуда ба муомилот ворид карда шаванд, инчунин, ҳар қадар миқдори сармоя ба андозаи захираҳои молиявӣ наздик шавад, пас корхона ҳамон қадар самараноктар кору фаъолияташро ба роҳ мемонад.

Дар амалия ҳисоботи молиявӣ тавре сохта шудааст, ки фарқияти байни захираҳои молиявӣ ва сармоя ошкор карда намешаванд. Гап дар он аст, ки ҳисоботи стандартӣ на захираҳои молиявиро, балки шаклҳои табдилёфтаи онҳо - уҳдадориҳо ва сармояро пешниҳод мекунад.

Дар муодилаи маъруфи идоракунии молиявӣ ва тавозуни: дороиҳо =сармояи умумӣ=уҳдадориҳо + сармоя, бо мазмуни захираҳои молиявии ташаккулёфтаи корхона дар шакли пассив ва сармояи худӣ, инчунин самтҳои истифодаи онҳо барои моддаҳои гуногуни дороиҳои тавозунро шарикӣ мекунад.

Ин модели захираҳои молиявии ташкилот сарчашмаҳои ташаккули онҳоро дар шакли ҳаракати даромад аз фурӯш, дигар даромадҳои амалиётӣ ва ғайриамалӣ, ки мундариҷаи захираҳои молиявии корхонаро ҳамчун маҷмуи тамоми ҷараёнҳои молиявиро ташкил медиҳанд, пинҳон мекунад. Яъне, захираҳои молиявии ташкилот хусусияти дугона ва шакли дугонаи зуҳур доранд: а) сармоя - қарз ва б) гардиши пули нақд. Ин хусусияти идоракунии захираҳои молиявиро муайян мекунад.

Ҳаминтариқ, захираҳои молиявии ташкилотро бо ду роҳ пешниҳод ва ҳисоб кардан мумкин аст: а) дар доираи модели тавозунӣ ё усули балансӣ; б) дар доираи модели ҷараён ё усули ҷараёнҳои молиявӣ. Моделҳои балансӣ ва гардиши захираҳои молиявӣ аз рӯйи шакл, таркиб, сохтор, усулҳои ташаккул, самт ва усулҳои истифода аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Захираҳои молиявии ташкилот ҳамчунмаҷмӯи гардиши пули нақд (аз ҷумла, эквивалентҳои хеле ликвидноки онҳо) тамоми маҷмуи даромадҳои худӣ ва муодили онҳоро дар бар мегиранд (даромади фурӯш, аз ҷумла даромади ниҳоӣ ва фоида, амортизатсия, даромад аз дигар фаъолиятҳо, уҳдадориҳои устувор, ғайридавлатӣ) даромади амалиёт) ва даромаде, ки аз берун ҷалб карда мешаванд (ресурсҳои кредитӣ, маблағҳои дигар ташкилоту муассисаҳо ва ғайраҳо) дарбар мегирад.

Самтҳои истифодаи ҷараёни воридоти маблағҳои молиявии ташкилоти типи холдинг дар ҳайати онҳо аз дигар ташкилоти тиҷоратӣ (хароҷоти ҷорӣ, аз ҷумла пардохтҳои ҳатмӣ, ташаккули барӯйхатгирӣ, хароҷоти таъмир, хароҷоти амалиётӣ ва дигар хароҷоти тиҷоратӣ, амалиёти хароҷот ва ғайраҳо, инчунин хароҷоти асосӣ) мебошанд. Муҳимтарин моддаи хароҷоти ташкилот, нисбат ба бисёр ташкилоти дигар, ташаккули захираҳои молҳо мебошад, ки ҳаҷм ва таркиби онҳо асосан даромади ояндаро аз фурӯши маҳсулот муайян мекунанд.

Ҳангоми таъсиси корхона (ташкилот) манбаи ба даст овардани воситаҳои асосӣ, дороиҳои ғайримодӣ ва сармояи муомилотӣ, сармояи оинномавӣ мебошанд. Ба туфайли он барои пеш бурдани фаъолияти соњибкорї шароити зарурї фароњам оварда шудааст. Сармояи оинномавӣ маблағеро ифода мекунад, ки моликон барои таъмини фаъолияти оинномавии корхона пешниҳод кардаанд.

Мазмуни категорияи «сармояи оинномавӣ» аз шакли ташкилию ҳуқуқии корхона вобаста аст: - барои корхонаи давлатӣ - баҳодиҳии амволе, ки давлат ба корхонаи дорои ҳуқуқи идоракунии пурраи хоҷагидорӣ вобаста кардааст; - барои Ширкати дорои масъулияти маҳдуд - маблағи саҳмияҳои моликон; – барои Ҷамъияти саҳомӣ - арзиши умумии номиналии сахмияҳои ҳамаи намудҳо; – барои кооперативи истеҳсолӣ - арзёбии амволе, ки иштирокчиён барои гузаронидани фаъолият пешниҳод кардаанд; - барои корхонаи иҷоравӣ - маблағи пасандозҳои кормандони корхона; - барои корхонаи шакли дигар, ки ба тавозуни мустақил ҷудо карда шудааст, - арзёбии амволе, ки соҳиби он ба корхонаи дорои ҳуқуқи идоракунии пурраи хоҷагидорӣ вобаста карда шудааст.

Ҳангоми таъсиси ташкилот саҳмҳо ба сармояи оинномавии он метавонанд пули нақд, дороиҳои моддӣ ва ғайримоддӣ бошанд. Дар лањзаи супоридани дороињо дар шакли сањм ба сармояи оинномавї њуќуќи моликият ба онњо ба субъекти хољагидор мегузарад, яъне. сармоягузорон аз ҳуқуқи моликият ба ин объектҳо маҳрум мешаванд.

Ҳамин тариқ, дар сурати барҳам додани ташкилот ё аз ҷамъият ё ширкат баромадани иштирокчӣ ӯ ҳақ дорад, ки танҳо ҳиссаи худро дар дохили молу мулки боқимонда ҷуброн намояд, аммо на бо роҳи баргардонидани ашёи дар як вақт ба ӯ додашуда.

Аз ин рӯ, сармояи оинномавӣ ҳаҷми уҳдадориҳои ташкилотро дар назди сармоягузорон инъикос мекунад. Ҳангоми омӯхтани моҳияти захираҳои молиявӣ, аз нуқтаи назари мо, масъалаеро, ки ба тамоми гуногунии муносибатҳои молиявӣ, ки таҷассуми моддии онҳо захираҳои молиявӣ мебошанд, дахл надорад, сарфи назар кардан мумкин нест.

Мутобиқи хулосаи олимони иқтисодшинос барои тавсифи муносибатҳои молиявие, ки дар байни субъектҳои хоҷагидор ҳангоми пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд меоянд, муносибати ягона вуҷуд надорад. Масалан гирем, М. Н. Крейина дар асоси мақсади ин муносибатҳо гурӯҳбандии тамоми маҷмуи муносибатҳои молиявии корхонаро бо дигар субъектҳои хоҷагидорӣ пешниҳод намуда, ҳамзамон гурӯҳҳои зерини муносибатҳоро муайян мекунад 1. Муносибатҳое, ки бо ташаккули сармояи худи корхона алоқаманданд. Усулҳои мушаххасе, ки ташаккул аз шакли ташкилию ҳуқуқии корхона вобастагӣ доранд. Аммо дар ҳама ҳолатҳо сармояи худӣ манбаи асосии маблағгузории дороиҳои ғайримуқаррарӣ ва як қисми муайяни дороиҳои ҷорӣ мебошад [16].

Дар баробари ин, вобаста ба сохтори дороиҳо ҳаҷми зарурии сармояи худӣ муайян карда мешавад. Дар сурати ба вуҷуд омадани зарурати зиёд кардани сармояи худ, имкониятҳои истифодаи маблағҳои сармоягузор, фоидаи худӣ, маблағҳои сохторҳои давлатию коммуналӣ ва ғайраҳо ба инобат гирифта мешаванд;

2. Муносибатҳо вобаста ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кор, хизмат) дар намуди асосии фаъолият. Ин, пеш аз ҳама, аз муносибатҳо бо таъминкунандагон ва харидорон: нархҳои имконпазири маҳсулоти фурӯхташуда ва шартҳои муқаррар намудани нарх ва ҳаҷми фурӯш ба дараҷаи барои корхона қобили қабул, шартҳои шартномавии ҳисобу китоб бо харидорон ва молрасонҳо, ки боиси ба амал омадани хари-дорон ва молрасонҳо мегарданд. Набудани маблағи зарурӣ дар муомилот, шартҳои ҷуброни зарар дар сурати вайрон кардани ухдадориҳои шартномавӣ;

3. Муносибатҳои вобаста ба дигар намудҳои фаъолияти корхона, ки натиҷаҳои онҳо ба маблағи фоидаи пеш аз андоз таъсир мерасонанд: фурӯш ва иҷораи амвол, омилҳои муайянкунандаи фарқи қурби муомилоти асъорӣ, шартҳои сармоягузории молиявӣ;

4. Муносибатхои байни корхона ва банкҳо оид ба шартҳои ба вуҷуд омадан ва пардохти қарзҳо. Арзёбии қобили қабул будани шартҳо аз нуқтаи назари баргардонидани манбаъҳои қарзии дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати маблағгузорӣ;

5. Муносибатхои байни корхона ва коргарони он оид ба тақсим ва истифодаи даромад, барориши саҳмияҳо, вомбаргҳо, додани дивидендҳо ва фоизҳо;

6. Муносибатҳои байни корхона ва давлат оид ба додани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин ҷаримаҳо дар сурати вайрон кардани қонунгузории амалкунанда;

7. Муносибатҳои байни корхона ва ташкилоти суғуртавие, ки аз суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии амвол, категорияҳои алоҳидаи кормандон, хавфҳои тиҷоратӣ, инчунин тиҷоратӣ ба миён меоянд.

Инак, барои ҷамъбаст кардани ҳамаи гуфтаҳои зикршуда қайд мекунем, ки захираҳои молиявии корхонаҳо категорияи маҷмуии (комплексии) иқтисодӣ мебошанд. Дар иқтисоди бозории муосири Тоҷикистон, бо устувории нисбӣ, фаҳмиши захираҳои молиявии корхона ҳамчун нақди мустақим ва муодили онҳо дар адабиёти иқтисодӣ инъикос наёфтааст. Захираҳои молиявии корхона ё бо маблағҳои пулӣ ё бо даромад ва даромадҳои пулӣ муайян карда мешуданд.

Ба пиндори мо ташкилот фоида надошта бошад ҳам, даромад ва пардохтҳояш ҳатман дар шакли пулӣ буданаш шарт нест. Шароити ҳозираи иқтисодӣ, ба назари мо таърифи аниқи захираҳои молиявиро тақозо мекунад, ки барои ҳар як системаи хоҷагӣ универсал бошад. Захираҳои молиявии ташкилот, ба андешаи мо, як категорияи мустақил буда, воситаҳои нақдӣ ва муодили пули нақдро ифода мекунанд, ки дар ҳар як лаҳзаи мушаххас мавҷуд буда, дар раванди ташаккул ва истифодаи онҳо доимо тағйир меёбанд.

Хулоса, нақши захираҳои молиявиро дар фаъолияти соҳибкорӣ аз ҳад зиёд баҳо додан душвор аст. Зеро онҳо метавонанд мустақиман ва дар муддати кӯтоҳтарин ба ҳама гуна дигар намуди захираҳои иқтисодӣ табдил дода шаванд ва ҳамзамон гардиши охиринро таъмин кунанд.

Аз ин рӯ, муваффақияти фаъолияти соҳибкорӣ ва эътимоднокии ташкилот ҳамчун шарики тиҷоратӣ бевосита аз мавҷудияти миқдори кофии захираҳои молиявӣ дар корхона вобаста аст. Дар бозори мутараққӣ масъулияти субъектҳои соҳибкорӣ барои маблағгузории фаъолиятионҳо хеле меафзояд.

Равшанзода Рузибойи Норбой – мудири шуъбаи банақшагирии молиявии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АДАБИЁТ

1. Боголепов М.И. Советская финансовая система- М.: Госфиниздат, 1945. -64 С.

2. Ковалева Т.М., Барулин С.В. Сиёсати буҷетӣ ва молиявии Федератсияи муосири Русия: китоби дарсӣ. - М.: Норус, 2005. - С. 22.

3. Ковалева А.М., Лапуста М.Г., Скамай Л.Г. Молияи ширкат: Китоби дарсӣ. - М.: ИНФРА-М, 2005. - С.38.

4.Крейина М.Н. Таҳлили вазъи молиявӣ ва ҷолибияти сармоягузории ҷамъиятҳои саҳомӣ дар саноат, сохтмон ва савдо. - М.: ҶСК “Дело и сервис”, 1994. - С. 56.

5. Моляков Д.С. Назарияи молияи корхона / Д.С. Моляков, Е.И. Шохин. - М.: Молия ва омор, 2044.-С. 23.28 67.

6. Незамайкин В.Н., Юрзинова И.Л. Молияи ташкилӣ: идоракунӣ ва таҳлил. - М.: Нашриёти «Эксмо», 2004. -С. 18.

7.Павлова Л.Н. Идоракунии молиявӣ дар корхонаҳо ва ташкилотҳои тиҷоратӣ. Идоракунии гардиши пули нақд. – М.: Молия ва омор, 1993. – С.142.

8. Луғати молия ва қарз. М.: Молия ва омор, 1984. - С. 330.

9.Молияи корхона: Уч.Пос. Эд. М.В. Романовский. – Санкт - Петербург: Пресс - бизнес, 2000. - С. 43. 10. Молия: Китоби дарсӣ / Ад. Родионова В.М. – М.: Молия ва омор, 1992.

11. Молия: Китоби дарсӣ / Ад. С.И. Лушина, В. Слепова. - М.: Нашриёти Академияи иқтисодии Русия, 2000. - С. 59.

12. Иқтисод ва ташкили фаъолияти корхонаи савдо: Китоби дарсӣ/ Ад. Эд. А.Н. Соломатина.-М.:ИНФРА_М„2001.-С229.

13. Незамайкин В.Н., Юрзинова И.Л. Молияи ташкилот: идоракунӣва таҳлил. 2004, 18с.

14. Луғати қарз - молия. М:. Финанси и статистика, 1984. - 330с. 9. Молияи фирма / СПб.: Бизнес-пресс, 2000. - 43с.

15. Молия / М.: Молия ва омор, 1992. 68 11. Молия / М., 2000. – 59с. 16. Иќтисод ва идоракунии ширкати савдо/М.: ИнфраМ, 2001.- 229с.

17.Молия:Китоби дарсӣ/Ад.Родионова В.М.- М.:Молия ва омор, 1992.

Subscribe to Мақолаҳо