Skip to main content

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад, ки 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате руй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар ин давлат волоияти қонун ҳукумрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд. Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард. Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. 30-соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад. Тавре дар муқаддимаи Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст: “Халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон, бо эҳсоси масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозираву оянда ва муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи таърихии худ эълон намуд”. Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ, ҷомаи амал пӯшонид. Ғояҳои башардӯстонаи он инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳангии ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони таъриху адабиётӣ аз ҷониби умум эътирофгардидаи мо сарчашма мегиранд. Дар баробари ин, Конститутсияи мо аз таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фаровон гирифтааст. Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст.

Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид.

Айни ҳол Конститутсия давлати навини тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуда, азми қатъии моро дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои байнидавлатии минтақави ва байналхалқиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар намудаст.

Қонуни асосии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиро барои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ фароҳам оварда, оғози марҳалаи сифатан нави инкишофи давлат ва рушди ҷомеа гардид ва халқи тоҷикро ба шоҳроҳи бузурги ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкорона раҳнамун сохт.

Он ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт ва муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод.

Конститутсия дар баробари эътирофи як қатор арзишҳои давлатдории ҷаҳони муосир, аз қабили сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои таъсис ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ заминаҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овард. Он ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас меҳисобад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро кафолат медиҳад.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ намуда, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия - кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми 30 - сол ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба бо тариқи раъйпурсӣ - 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.

Конститутсия тақозои онро доранд, ки минбаъд низ дар асоси меъёрҳои он дар кишварамон Ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, пояи он устувор гардад. Зеро мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи зикршуда, муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад. Ҳамчунин, бо дарназардошти аҳолии кишварро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ, эҳтиром кардани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеаро муайян месозад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конситутся пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, нагаравидани ҷавонон баҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли тундгароӣ ва ифротидошта, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ дарҷ гардидааст, ки пайрави аз он вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид намуданд, ки фақат қабули Конститутсия тавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.

“Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ пазируфта шуда бо 181 давлати дунё муносибатҳои дипломатии худро барқарор намуд. Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. Хотирнишон месозам, ки эҳтиром ба Конститутсия ва қонун - эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кӯшиши худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафта мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос гузорем.

Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.

Мирзоев Ҳабибҷон -н.и.т, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

«Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдатӣ миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии ҷумҳуриамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».

Эмомалӣ Раҳмон

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, тамоми пояҳои давлатдориро аз тариқи раъйпурсӣ ва интихобот эҳё, барқарор ва устувор намудааст. Маҳз самараи ҳамин раванд буд, ки имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафтгонаи беҳтарин Конститутсияҳои давлатҳои пешрафта шомил гаштааст.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардида, ба меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи инсон асос ёфтаанд. Зеро дар боби 1-уми моддаи 1-уми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ шудааст. Давлат нисбати тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла ятиму наврасон, оилаҳои камбизоат, пиронсолону беморон, маъюбон ва ғайра ғамхории хоса мекунад.

Ҳарчанд чунин санад доштем, вале ба ҳадафҳои давлату миллат ҷавобгӯ набуд ва пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати танзими самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Забони тоҷикӣ расман забони давлатӣ эълон шуда, рамзҳои давлатӣ муқаддас дониста шуданд. Мутобиқи талаботи Конститутсия кор, ҳуҷҷатгузорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бақайдгирии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Ҳамзамон, тибқи Конститутсия мазмуни қонунҳо ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро таъмин, эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад ва дар раванди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши муҳим дорад.

Шахсе ҳуқуқҳои худро истифодаю ҳимоя карда метавонад, ки уҳдадориҳои худро иҷро менамояд ва маърифати баланди ҳуқуқӣ дошта бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи маърифаткунонии аҳолӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки “инсон дорои маърифати ҳуқуқӣ қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад”.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ро ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки ин омил барои баланд бардоштани маърифатӣ ҳуқуқӣ ҳисси баланди ватандорӣ ва барои бедор намудани ҳуввияти миллии мо - ҷавонон рощандозӣ мекунад.

Маърифати ҳуқуқӣ бо паҳн намудани дониши ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ алоқаманд буда, бо мафҳумҳои тарбияи ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, алоқаманд аст. Маърифати ҳуқуқӣ натиҷаи фаъолияти муташакилонаи давлат ва ҷомеа (мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираи васеи шаҳрвандон) мебошад, ки самти сиёсати давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ буда, мақсадҳо ва вазифҳои худро дорад, бо истифодаи тарзу воситаҳо ва шаклҳои муайян амалӣ карда мешавад.

Конститутсия асосҳои низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлатро муқаррар намуда, он ҳуҷҷати асосии бунёдии давлат мебошад, ки тақсими ҳокимият, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд. Асоси қонунҳо, Конститутсия ва санадҳои меъёри - ҳуқуқӣ барои ба танзим даровардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, муайян намудани муносибатҳои давлат ва шаҳрвандон, муносибатҳои байниҳамдигарии шаҳрвандон, ҳифзи моликият, тантани адолат дар ҷомеа мебошад, ки барои қабули он зарурат ба вуҷуд меояд. Конститутсия санади асосии ҳуқуқии давлат буда, қонуни асосӣ ва қонуни қонунҳо, асоси рушди муносибатҳои сиёсӣ - иҷтимоӣ кафолати таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар ҳар як кишвар мебошад. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати юридикӣ дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои муайян намудани муносибати байни шаҳрванд ва давлат, инчунин танзимкунандаи сохтори қудратии давлатдорӣ ва асоси сохти конститутсионӣ мебошад.

Конститутсия қонуни асосии ҳар давлати муосири мутамаддин мебошад. Моҳияти дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сохтори иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегузаранд, дар ташаккули қонунгузории конститусионӣ дарҷ мегарданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти миллиро доро мебошад, пурра ҷавобгӯи талаботи нави замон буда, дар воқеъ қонуни Ваҳдати миллӣ ва рушду нумуи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгири менамояд.

Самтҳои асосии рушди ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба предмети танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян мегардад. Пайдоиш ва камолоти муносибатҳои ҷамъиятии ҳуқуқии конститусионӣ ба худ шакли хос пайдо карда, ба ҳадди татбиқи онҳо мусоидат менамояд. Раванди қабули қонунҳои нави конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ, мукаммал намудани онҳо беист идома ёфта, ба устувории ҳуқуқӣ конститутсионӣ замина мегузоранд.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқи конститутсионӣ ҳамчун соҳаи намоёни ҳуқуқи Тоҷикистон аз марҳаллаи таъсисёбӣ то ҳол мунтазам такмил ва ривоҷ меёбад. Баробари ин, онро пурра такомулёфта донистан ҳанӯз барвақт буда, дар танзими муносибатҳои ҷамъиятии дар сатҳи меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионӣ муайяншуда, масоилҳо мавҷуданд ва кӯшиши бартарафсозии онҳо ба рушди ҳуқуқи конститутсионӣ мусоидат менамояд.

Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории муосир санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи Конститутсия ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. (Конститутсияии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи10, қисми3).

Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои навин, қонунҳои масъалаи таҳкими соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар маркази таваҷҷуҳи олимон қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари тозабунёд, соҳибистиқлол дунявӣ ва ягона мебошад. Халқи Тоҷикистон дар назди худ мақсади бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузоштааст ва дар назди наслҳои оянда ӯҳдадор мегардад, ки барои онҳо ҳаёти бошарафона рушди иҷтимоӣ ва сиёсии босуботро мерос гузоранд.

Ҳамин тариқ давлат ҳамаҷониба мардуми худро зери ҳимояи худ гирифта, барои ҳимояи ҳуқуқу уҳдадориҳо тамоми шароитро муҳаё намудааст, имрӯзҳо аз ҷониби олимони сиёсӣ як қатор китобҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, кодексҳои меҳнат ва ба монанди инҳо ба рӯй чоп омадаанд, ки барои роҳу воситаҳои осоиша ба зиндагии мардум кумак расонад.

Махмедов Муҳаммадҷон, ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

213Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз аввалин рузҳои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба гардишҳои бузурги сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардид, ки заминаҳои воқеии рушди батадриҷи мамлакат, сулҳу субот ва амнияту осоииштагии истиқлолро халалпазир гардонид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист баҳри ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ ва пойдору бегазанд нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ ҷиҳати қабули Конститутсияи нави мамлакат ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ талош намояд. Дар ин санади муҳимми сарнавиштсоз ҳама арзишҳои умумибашарӣ, аз қабили озодии инсон, хуқуқи шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд.

Маълум аст, ки дар таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазми Пешвои миллат беназир аст. Маҳз иродаи қавии сиёсии роҳбари давлат дар шароити бисёр мушкили сиёсӣ имкон дод, ки қувваҳои сиёсии гуногуни мавҷуда дар кишвар ба созиш омада, муҳимтарин меъёрҳо аз қабили мардумсолорӣ ва демократия ба сифати принсипҳои асосӣ дар Конститутсия мақоми хоси худро пайдо намоянд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мустаҳкам баҳри инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа буд, ки механизми ҳокимияти давлатиро ба шохаҳо тақсим намуда, салоҳияту ваколати ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судиро ба таври мушаххас ва возеҳ муайян намуд. Дар ин замина дар минбаъда дар мамлакат низоми комилан нави парламентаризми дупалатагӣ ташаккул ёфт, ки баҳри тақвият ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ шароити мусоидро фароҳам овард.

Ҳамин тариқ, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ низ инъикоси бевоситаи худро пайдо кард. Қабули ин санади тақдирсоз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардуми кишвар таҳаввули ҷиддиро ворид намуд. Дигаргуниҳои дар ин замина бадастомада нишонаи возеҳи талошҳои созандаи Роҳбари давлати тоҷикон дар масъалаи таҳкими давлатдории миллӣ ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушду такомули он буд.

Маҳз тавассути қабули Конститутсия мушкилиҳои мавҷуда ба тадриҷ роҳи ҳалли худро ёфта, муносибатҳои ҷамъиятӣ танзими созандаи худро ёфтанд. Ба қавли Пешвои муаззами миллат «фақат қабули он (Конститутсия) метавонист, ки барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам орад».

Конститутсия моҳияти давлат, шакли идоракунӣ, шакли сохтори давлатӣ ва фазои сиёсии онро муқаррар намуда, дар моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат эълон доштааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Муқаррароти мазкур ифодаи маҷмуи арзишҳои муҳимми демократияву тантанаи ҳуқуқи инсон мебошад. Дар ин замина дар моддаи 5-и Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудаанд. Маҳз ҳамин нуқта моҳияти инсонпарваронаи Конститутсия ва дар маҷмуъ сиёсати давлати моро инъикос менамояд. Инсонмеҳварӣ хосияти асосии сиёсати имрӯзаи давлат буда, маҳз инсон дар меҳвари он қарор дорад.

Имрӯз бо гузашти 30 сол аз қабули он мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ, тавонист роҳнамои боэътимоди ҷомеа ва давлат дар масири таҳкиму рушди минбаъда гашт.

Конститутсия ҳамчун санади муҳимми раҳнамунсоз мардуми сарбаланди моро ба сӯйи музаффариятҳои нав ҳидоят намуда истодааст.

Мирзоева Нушофарид Зафаровна докторант PHD-и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи баноми А.Баҳоваддинови АМИТ

6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи нав кушода шуд – халқи Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул намуд.

Имсол мо 30-солагии ин санаи муҳими таърихиро дар шароите ҷашн мегирем, ки бо ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидааст.

Қабули Конститутсия дар марҳилаи ҳассостарини таърихи миллати тоҷик – дар давраи мураккаби гузариш аз як сохти давлатдорӣ ба сохти нав, дар шароити ноустувории вазъи сиёсиву иҷтимоӣ рух дод. Маҳз ҳамин санади тақдирсоз заминаи ҳуқуқии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеаи моро гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эълон намуд. Ин муқаррарот дар моддаи 5-уми Конститутсия чунин сабт ёфтааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд».

Дар партави “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бояд таъкид намуд, ки Конститутсия на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳад, балки тавассути меъёрҳои худ роҳҳои татбиқи онҳоро низ муайян менамояд. Санади олии ҳуқуқии мо ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касбу кор, ҳуқуқ ба моликият ва мерос, инчунин озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқ ба иттилоотро кафолат медиҳад.

Дар баробари ин, Конститутсия вазифаҳои шаҳрвандонро низ муқаррар намудааст, ки риояи онҳо барои рушди давлат ва ҷомеа муҳим мебошад. Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст Конститутсия ва қонунҳоро риоя намояд, Ватанро ҳифз кунад, андозҳоро пардохт намояд, муҳити зистро эҳтиёт кунад ва арзишҳои миллиро эҳтиром намояд.

Бояд қайд кард, ки дар тӯли 30 соли амали худ ба Конститутсия се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйирот ба талаботи замон ва ниёзҳои рушди ҷомеа мувофиқ буда, барои такмили низоми идоракунии давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти қонун равона гардидаанд.

“Соли маърифати ҳуқуқӣ” имконият медиҳад, ки мо дар бораи аҳамияти Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ бештар андеша намоем. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ на танҳо ҳуқуқу озодиҳои моро кафолат медиҳад, балки барои рушди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои нави замони муосир, донистан ва риоя намудани Конститутсия аҳамияти хоса пайдо мекунад. Зеро маҳз тавассути Конститутсия мо метавонем истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем, ҳуқуқу озодиҳои худро ҳимоя кунем, дар рушди давлат ва ҷомеа саҳмгузор бошем ва ба насли оянда кишвари пешрафта ва ободро мерос гузорем.

Бо дарназардошти ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, яке аз вазифаҳои муҳимтарини рӯз мебошад. Зеро танҳо шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ огоҳ аст, метавонад онҳоро самаранок истифода барад ва ҳимоя намояд.

Ҳамин тариқ, 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ба мо имконият медиҳад, ки аҳамияти ин санади тақдирсозро амиқтар дарк намоем ва дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи пешрафта қадамҳои устувор гузорем.

Дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсия, рушди давлатдории конститутсионӣ ва таҳкими ҳокимияти қонун бениҳоят бузург аст.

Саҳми бунёдӣ дар таҳия ва қабули Конститутсия. Дар солҳои аввали истиқлолият, замоне ки кишвар дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, маҳз бо ташаббус ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат раванди таҳияи Конститутсияи нав оғоз гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари комиссияи конститутсионӣ дар таҳияи лоиҳаи Конститутсия саҳми арзанда гузошт. Қабули Конститутсия дар соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ марҳилаи наверо дар рушди давлатдории миллӣ оғоз намуд.

Нақши роҳбарикунанда дар рушди давлатдории конститутсионӣ. Пешвои миллат ҳамчун кафили Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон пайваста дар самти рушди давлатдории конститутсионӣ талош меварзад. Таҳти роҳбарии он кас низоми ҳуқуқии кишвар ташаккул ёфта, механизмҳои татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуданд. Махсусан, таъсиси Суди конститутсионӣ ва ниҳодҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ бо ташаббуси Президент сурат гирифт.

Ташаббусҳо дар самти такмили Конститутсия. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ба Конститутсия тағйиру иловаҳои муҳим ворид карда шуданд, ки ба рушди минбаъдаи давлатдорӣ мусоидат намуданд. Ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999, 2003 ва 2016 барои такмили низоми идоракунии давлатӣ, тақвияти ҳокимияти судӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон замина гузоштанд.

Таваҷҷуҳ ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон. Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ диққати махсус медиҳад. Бо ташаббуси Президент барномаҳои давлатии таълими ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ гардида, китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ оид ба Конститутсия ва қонунгузорӣ нашр мешаванд. Инчунин мунтазам вохӯриҳо бо намояндагони касбҳои гуногун доир гардида, масъалаҳои риояи қонун муҳокима мешаванд.

Роҳнамоӣ дар самти риояи қонуният. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар кишвар фазои ҳуқуқие ташаккул ёфтааст, ки дар он риояи қатъии қонун ҳамчун арзиши олӣ эътироф мегардад. Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ зарурати риояи қонунро таъкид намуда, мақомоти давлатиро ба таъмини волоияти қонун ҳидоят менамояд. Ҳамзамон, назорати қатъӣ аз болои иҷрои қонунҳо ба роҳ монда шудааст.

Таҳлили фаъолияти бисёрсолаи Пешвои муаззами миллат нишон медиҳад, ки маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи эшон дар Тоҷикистон низоми мукаммали давлатдории конститутсионӣ ташаккул ёфта, фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа тақвият пайдо кардааст. Нақши Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсия, такмили минбаъдаи он ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа бебаҳо буда, заминаи боэътимоди рушди минбаъдаи давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро фароҳам овардааст.

ЮСУФҶОНОВ Ф.М., номзади илмҳои сиёсӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетики метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55% дар сади захираҳои обӣ аст, ки аз ин неъмати бузург бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард.

Таъмини бехатарии иқтисодӣ зарурати коркарди стратегияи асосноки идораи захираҳои табиии миллиро муайян менамояд. Ташаккул ва пешрафти иқтидори содиротии Тоҷикистон бо коркарди саноатии захираҳои об ва истифодаи оқилонаи об робитаи зич дорад.Захираҳои об иқтидори бузурги рушди устувор, азнавсозии иқтисодӣ ба шумор мераванд.

Афзалият дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обро «Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст (с.2001) муайян мекунад.

Сохтумони лоиҳои бузурги энергетикӣ – НОБ-и Роғун дар Тоҷикистон ҳанӯз охири солҳои 70 — уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Имрӯз НБО-и «Роғун» майдони заҳматҳои самарабахш, мояи ифтихору эътибори давлат, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст.

Бунёди Роғун яке аз бузургтарин ншооти аср маҳсуб меёбад, ки ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣаҳамияти бузург дорад. Баъди ба истифода додани НБО-и «Роғун» дар кишвари азизамон корхонаҳои зиёди саноатӣ ба кор даромада, аҳолӣсоҳиби ҷои корӣмешавад, нуфузи муҳоҷирати меҳнати кам мегардад ва дар баробари ин иқтисодиёти ҷумҳурӣпеш меравад. Аз диду нигоҳи сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои тарақиёфтаи ҷаҳон мавқеи худро боз ҳам боло хоҳад бурд.

Роғун пуриқтидортарин нерӯгоҳдар Осиёи Марказӣ маҳсуб дониста мешавад. Иқтидори тавлиди нерӯи барқи Роғун 13,5 млрд квт — ро ташкил медиҳад, ки ин барои таъмини истиқлолияти энергетикй аҳамияти калон дорад.

Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро пурра ба даст меорад. Ин ҳама заҳматҳои пурмашаққати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки имрӯз ду агрегати он ба фаъолият оғоз намуданд ва мамлакати мо рӯз то рӯз барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ғадамҳои устувор мегузорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки НБО «Роғун» макони созандагию меҳнат аст. Аз рӯйи ҳисоби мутахассисон, барои сохтмони пурраи нерӯгоҳи Роғун миллиардҳо доллар зарур аст, ки ин маблағи хеле бузург мебошад. Бинобар ин, Президенти кишвар оид ба ин масъалаи муҳим ба халқ муроҷиат намуданд.

Инак рӯзи нангу номус, рӯзи саховатмандиву ҷавонмардӣ ва саҳмгузорӣдар рушду инкишофи ободии Ватан фаро расидааст. Месазад, ки ҳама аз як гиребон cap бароварда, баҳри ҳифзи нангу номуси ватандорӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии сарвари давлат ба хотири таъминоти мунтазами барқва ободии Ватан саҳмгузор бошем. Зеро, сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» талаби давру замон аст ва ҳар фарди солимфикру худогоҳ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар онро бояд хуб дарк намояд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми мардум якдилона ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем. Итминони комил дорам, ки миллати соҳибмаърифати тоҷик ба ин кор қодир аст ва дар ин роҳ мо, ҳатман, пирӯз хоҳем шуд.

Қудрату шаҳомати нерӯгоҳи «Роғун», аллакай дар хонаи дилҳо эҳсос мешавад ва хушбахтиву комёрии миллатамонро дар ин самт дар ояндаи мушоҳида хоҳем кард.

Ope, Рогунро бояд созем. Дар канор будани ҳар яки мо аз рӯйи виҷдону имон нест. Ватандорӣаз имон аст ва имрӯз рӯзи ватандории мо фаро расидааст.

Қурбонов Амиршо – д.и.х., директори Филиали Агетии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Хатлон

6 ноябри соли 1994, дар таърихи Тоҷикистон санаи муҳиме сабт гардид. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, халқи тоҷик роҳ ба сӯи як давлати ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявиро бо тасмимгирии умумихалқӣ оғоз намуд. Ҳамчун санади бунёдии давлатдорӣ, Конститутсия заминаҳои мустаҳкам барои пойдории сулҳ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳдошти зиндагии мардум фароҳам овард. 30 соли гузашта нишон дод, ки ин санад на танҳо омили устувории дохилӣ, балки воситаи муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ низ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат ва ташаккули низоми давлати ҳуқуқбунёд

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳия ва тасдиқ гардид. Ӯ дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ масъулияти бузурги роҳбарии кишварро бар дӯш гирифта, барои ба сулҳу субот овардани мардум ва таъмини ягонагии миллӣ аз тамоми имконот истифода бурд. Қабули Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ як қадами бебозгашт барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон буд.

Нақши Конститутсия дар таъмини сулҳ ва суботи миллӣ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли пайвандгари ҳамаи гуруҳҳои иҷтимоии кишвар амал мекунад ва таъкид бар ин аст, ки ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз мансубияти миллию мазҳабӣ ва иҷтимоӣ, дар назди қонун баробар ҳастанд. Бо қабули Конститутсия, Тоҷикистон роҳи ба сулҳу субот овардани мардумро тай намуда, як низоми идоракунии устуворро дар асоси арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ ба роҳ монд.

Ислоҳоти конститутсионӣ ва такмили меъёрҳои қонунгузорӣ
Дар давоми 30 сол, бо дарназардошти рушди ҷомеа ва пешрафти давлатдории тоҷик, ба Конститутсия тавассути раъйпурсиҳои умумӣ се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016 – тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин ислоҳотҳо барои ба низоми қонунгузории кишвар ворид намудани талаботҳои нави замон замина гузошта, ба таъмин намудани амнияти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ барои шаҳрвандон мусоидат карданд. Дар натиҷа, меъёрҳои қонунгузорӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқат карданд, ки ин ба равобити байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат намуд.

Конститутсия – санади асосии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ
Дар заминаи Конститутсия, давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба такмил додани сохторҳои давлатӣ, идоракунии самараноки иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардид. Сиёсати устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат шароити мусоидро барои рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтори кишвар фароҳам овард. Конститутсия кафолат дод, ки сиёсати давлат дар асоси манфиатҳои мардум нигаронида шуда, адолат ва баробарии иҷтимоӣ таъмин карда шавад.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон – мақсади аслӣ ва арзиши муҳими Конститутсия

Қабули Конститутсияи нав ба халқи Тоҷикистон имконияти фаровон фароҳам овард, ки ҳуқуқ ва озодиҳои худ, новобаста аз нажод, миллат, ҷинс ва дигар мансубиятҳо ҳифз карда шаванд. Меъёрҳои конститутсионӣ таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқҳои инсон дар сатҳи ҷаҳонӣ пешрав мебошад ва барои дастгирии озодиҳои бунёдии ҳар як шахс дар кишвар аҳамияти баланд медиҳад.

Конститутсия ва дастовардҳои 30 сол дар таҳкими амният ва обрӯи байналмилалӣ

Бо қабули Конститутсия, Тоҷикистон тавонист дар равобити байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам пайдо кунад ва бо кишварҳои ҷаҳон дар масъалаҳои амниятӣ ва стратегӣ ҳамкории густурда ба роҳ монад. Аз ҷумла, дар масъалаҳои ҳифзи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аҳамияти махсус доранд, Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона амал намуда, бехатарии миллии худро бо таъмини меъёрҳои баланди байналмилалӣ муҳофизат мекунад.

Натиҷа ва аҳамияти таърихии Конститутсия

30 соли гузашта нишон доданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади азим ва таърихиест, ки на танҳо дар мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ, балки дар афзоиши шуур ва фаҳмиши ҳуқуқии ҷомеа низ нақши муҳим дорад. Дар шароити пешрафти замон, Конститутсия ҳамчун санади таҳкимбахши истиқлолият ва ваҳдати миллӣ идома ёфта, ба ҳар як шаҳрванди кишвар кафолати ҳуқуқӣ ва эътимоди қавӣ барои ояндаи дурахшон медиҳад.

Илхом Мирсаидзода – д.и.т. профессор, Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият зарурати таҳия ва амалӣ сохтани раванди нави ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ пеш омад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ва роҳҳову самтҳои инкишофро муайян намуд. Нуқтаи тадбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсия-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату ҷамъиятро инъикос менамояд.

Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ соҳаеро номбар намудан мушкил аст, ки вобаста ба он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда бошад. Мавҷудияти заминаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатро таъмин карда, яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Аз ин рӯ дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад. Дар чунин давлат ҳамагуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2006 таъкид кардаанд, ки «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».

Ҳарчанд қабули қонунҳо, сифату табиати иҷтимоӣ ва механизми амали онҳо масъалаи марказӣ ё худ бунёдии рушди давлат бошад ҳам, татбиқи бечунучарои қонунҳо дар ҷомеа аҳамияти калон дорад. Ин масъала ба сатҳи тафаккури ҳар фарди ҷомеа зич алоқаманд аст. Беҳуда нест, ки таъмину волоияти қонун ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа баробари дигар унсурҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, аз қабили таҷзияи ҳокимият, таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти дуҷонибаи давлат ва шахсият аз рӯи аҳамият дар як сатҳ ниҳода шудаанд.

Аз ин ҷост, ки сарвари давлат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки «Мамлакате, ки дар он қонунро риоя ва эҳтиром намекунанд, рӯ ба таназзул меорад». Яъне, ҳар қадар дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, ҳамон андоза ба пешрафт муяссар мегардад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегардад. Ба қавли файласуфи Рими қадим Ситсерон: «Агар хоҳи озод бошӣ пас ғуломи қонун бош».

Файласуфи Юнони қадим Арасту ба маврид мегӯяд, ки «инсоне, ки бо иҷтимоъ такомул пайдо карда бошад, аз ҳама ҷонварон беҳтар аст ва агар бидуни қонун ва адолат зиндагӣ кунад хатарноктарин ҷонвар аст». Аз ин лиҳоз донистани ҳуқуқ вазифаи танҳо мутахассисону коршиносони соҳа набуда, он вазифаи ҳамаи шаҳрвандон аст, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунад. Он нишонаи маданият ва нерӯи ақлонию илмии шахсро нишон медиҳад. Шаҳрвандон дар чунин давлату ҷомеа бояд қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд. Чунки дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият баланд мебардорад, зеро ки ба мафҳумҳои ҳаққу ботил амиқ сарфаҳм меравад ва аз роҳҳои чапу нодуруст худро боз медорад. Агар ҳар як нафар узви ҷомеа бихоҳад, ки дар зиндагӣ боэътибор бошад, бояд ки дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ арҷгузорӣ намояд. Инсон шаъну шарафи хешро танҳо ба воситаи қонунҳои амалишаванда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣметавонад ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсионӣ моро водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ намуна бошем.

Бояд қайд намуд, ки бе ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайри имкон мебошад. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли2008 ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуда, аз ҷумла қайд намудаанд, ки «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш тадбиқ намудани он ба миён омадааст».

Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти инсонӣ исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад. Хулосаи муҳим ин аст, ки барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, бартарафсозии нигилизми (инкори маслаку мафкура, шаккокӣ) ҳуқуқӣ, беэътиноӣ ба қонуну тартибот тарғиби дониши ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар баробари ин ҷалб гардидани кулли муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва бунёдҳои хайрия ба ҳалли ин масъала шароити мусоидат менамоянд. Аз санадҳое, ки ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бевосита дахл доранд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин асос қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22-и августи соли 1997 хусусияти универсалӣ дорад. Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи санадҳои зикршуда қабул шудааст, бешубҳа, дар баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон барои тақвият бахшидани ин чорабиниҳо соли2002 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи милли таълим» ва соли 2006 «Консепсияи миллии тарбия» тасдиқва қабул гардид, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз аҳамият холӣ нест.

Яке аз натиҷаҳои назарраси ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ташкили якчанд ниҳодҳои нави мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар доираи сохторҳои дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дигаргуниҳои ташкили воҳидҳои нави корӣ мебошад.

Дар фарҷом бояд хотирнишон намуд, ки барои баланд бардоштанимаърифати шуури ҳуқуқии ҷомеа дар баробари чораҳои зикргардида, инчунин имрӯз муассиса ва идораҳои дахлдорро зарур аст, ки бевосита миёни мардум корҳои зиёди ташвиқотию тарғиботӣ бурда, бо ин роҳ худ ва ҷомеаро аз бӯҳрони маънавию ҳуқуқӣ раҳоӣ бахшанд.

Ҳ. Расулзода - ходими пешбари илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(дар ҳошияи 30-солагии Конститутсияи миллӣ ва Соли маърифати ҳуқуқӣ)

Аз замоне ки инсон худро дар баробари ҷаҳони перомунаш шинохта, ба марҳилаи огоҳӣ расид, дар пайи барномарезиҳои назарию амалӣ, тадоруки танзими зиндагӣ, офаридани неъматҳои рӯзгор ва ҳифзу ҳимояти фардию ҷамъӣ шуда, дар ин замина иқдомот рӯйи даст гирифт. Дар марҳилаи болотари огоҳию шинохт инсон ба қонунофаринӣ машғул шуда, фаъолиятҳои сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва мадании худро аз тариқи қонунофаринӣ танзим карда, роҳро барои рушди инсонӣ ҳамвор намуд.

Бо боло рафтани сатҳи тафаккуру шуури фардию ҷамъиятӣ қонунофаринӣ ва дар доираи қавонини зарурӣ танзим намудани рӯзгору зиндагии инсонӣ ба ҳукми анъана даромад ва бо таваҷҷуҳ ба муқтазиёти замонию маконӣ рушду густариш ёфт. Бо таваҷҷуҳ ба рушду пешрафти башар, қонунофаринӣ ба кори давлатӣ ва умури асосии сиёсӣ бадал гашт ва ҳар давлату кишвар дар доираи қонуни асосӣ фаъолияти сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангиашро ба танзим дароварда, заминаи пешрафту тараққиро фароҳам меоварад. Дар ин замина, офаридани Қонуни асосӣ (Конститутсия), ки сарчашмаи ҳуқуқ маҳсуб шуда, соири қавонину барномарезиҳои давлатӣ бар мабнои он тарҳу таҳия мешаванд, вежагии аслию асосии давлатдорист.

Дар ҳошияи 30-юмин солгарди Конститутсияи ватанӣ ва Соли маърифати ҳуқуқӣ матлаби кӯтоҳи ҷашниеро таҳти унвони “Қонунофаринӣ ва ормонҳои миллӣ” омода кардаем, ки дар чанд нуқтаи мухтасар манзур месозем:

Якум. Мусалламан, ормонҳои миллӣ тору пуди ҳувияти миллатро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, қонуни асосии кишвару давлатҳо ғолибан бар асоси ормонгаройии миллатҳо шакл мегирад ва таври худогоҳу нохудогоҳ ифодакунандаи орзую омол ва ормони миллатҳост. Беҳуда нест, ки ҳанӯз 20 июли соли 1994 Раиси вақтиШурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар заминаи ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи Х1Х Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд: “Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту такдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеӣ дорад. Конс­титутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст” (ниг.: //Садои мардум №128 (3765) 31.10.2017). Аз ин ҷост, ки қонуни асосии мо ҳам бар мабнои орзуву омол ва ба истилоҳ, ормонҳои миллӣ таҳия гардидааст.

Дувум. Вақте ки дар бораи ормонҳои миллӣ суҳбат мекунем, мебояд сари мафҳуми “ормони миллӣ” таваққуф намоем. Ормони миллӣ -- арзишҳо ва ихлосу алоқаҳои аслию асосии як миллат аст, ки тавассути раҳбарони олии сиёсӣ бо дар назар гирифтани ақидаҳо, мафкураҳо, масолеҳи миллӣ ва қавонини ҳоким дар кишвар ташхис ва табйин мешавад. Ба сухани дигар, ормони миллӣ манофеи аслию асосӣ, ҳадафҳои бисёр бузург ва гоҳ дастнаёфтаест, ки тавассути раҳбарон таъйин мегардад ва миллатҳо бо ҳидояти раҳбарон ба самти он ҳаракат менамоянд. Ба сухани дигар, ормони миллӣ тасвири идеалии зиндагии миллӣ, ки дар тахайюли як фард вуҷуд дошта, барои ҳамбастагию иттиҳоди қавмӣ кумак мекунад ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва тавсеъаву рушди фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Севум. Дар олами асотир ва бовардоштҳои бостонии мо фарҳанги меҳрварзию хирадмадорӣ ба унвони мавзуи меҳварӣ будааст ва дар раъси ин навъ фарҳанг шаҳриёри миллӣ – Ҷамшеди Пешдодӣ қарор дорад. Маҳз Ҷамшеди Пешдодӣ аз тариқи илму хирад ва меҳру шарофат ҷаҳонро тағйир дод ва қонуни асосии кишварашро бар асоси меҳру хирад таҳия намуда, шароити беҳтари зистро барои мардум вазъ кард. Дар устураҳои ба Ҷамшед ихтисосёфта бар он ишора мешавад, ки дар замони зиндагии ӯ мардум озоду осуда зиндагӣ мекарда ва беморӣ, ранҷ, дард ва марг ҷомеаро таҳдид наменамудааст. Аз тарафи дигар, Ҷамшеди Пешдодӣ тавассути илму хирад ва ақлу мантиқ қонун офарида, ҳаёту рӯзгори мардуми замонашро ба хубӣ танзим кардааст. Дар китоби “Вандидод” (фаргарди дувум, бахши якум, банди 5), ки ба достони Ҷам ихтисос ёфтааст, Ҷамшед дар посух ба пурсиши Аҳуромаздо гуфтааст: “Ман ҷаҳони туро фарохїӣ бахшам. Ман ҷаҳони туро биболонам ва ба нигаҳдории (ҷаҳониён) солору нигаҳбони он бошам. Ба шаҳриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг” (ниг.: Вандидод. -Ҷилди аввал. Фаргардҳои 1-8. Тарҷума ва пажуҳиши Ҳошим Разӣ. -Теҳрон, 1385. С. 425). Ҳаким Фирдавсӣ, бо такя ба асотири куҳани аҷдодӣ дар қолаби достони Ҷам аз дарду беморию ранҷурӣ ва марг раҳо гардидани мардумро фоли неки Наврузӣ дониста, аз ҷумла таъкид кардааст:

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

Баросуда аз ранҷрӯйи замин.

Бузургон ба шодӣ биоростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд...

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. -Ҷилди аввал. -Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. С.55-56)

Дар зимн, шукӯҳмандиҳои Ҷамшеди Пешдодӣ ва пешрафтҳои замонии ӯ дар қолиби асотири пешини аҷдодӣ рехта шудааст. Аз сӯйи дигар, устураҳо бозгукунандаи зиндагӣ ва рӯзгори фикрию маданию иҷтимоию фарҳангии инсонҳоянд. Ба назари муҳаққиқон, устура шарҳи амал, ақида, падидаи табиӣ аст ба сурати фаросӯйӣ, ки дастикам бахше аз он аз суннатҳо ва ривоятҳо гирифта шуда ва ё бо ойинҳо ва ақоиди динӣ пайванди ногусастанӣ дорад (ниг.: Ҳаририён Маҳмуд, Шаҳмирзодӣ, Омӯзгор Жола, Мирсаидӣ Нодир. Таърихи Ирони бостон. Ҷилди аввал. Теҳрон: Созмони мутолеа ва тадвини кутуби улуми инсонии донишгоҳҳо, 1380. С.53). Ҳодисаҳое, ки дар устураҳо нақл мешавад, ҳамчун достони воқеӣ талаққӣ мегардад, зеро ба воқеиятҳо баргашт дода мешавад ва ҳамеша мантиқеро дунбол мекунад. Устура гоҳе ба зоҳир ҳодисоти таърихиро ривоят мекунад, аммо он чи дар ин ривоятҳо муҳим аст, сиҳҳати таърихии онҳо нест, балки мафҳумест, ки шарҳи ин достонҳо барои муътақидони онҳоро дар бар дорад. Ҳамчунин аз ин ҷиҳат, ки дидгоҳҳои одамиро нисбат ба хештан, ҷаҳон ва офаридгор баён мекунад, дорои аҳаммият аст (ниг.: Ҳаририён Маҳмуд, Шаҳмирзодӣ, Омӯзгор Жола, Мирсаидӣ Нодир. Таърихи Ирони бостон. Ҷилди аввал. Теҳрон: Созмони мутолеа ва тадвини кутуби улуми инсонии донишгоҳҳо, 1380. С.54). Мунтаҳо, танҳо Ҷамшеди устураӣ тавонистааст, ки аз тариқи се асли вуҷудию ҳувиятӣ -- меҳр, хирад ва дод мардумро ба худшиносию пирӯзӣ ва рифоҳу тараққӣ расонад. Ба қавли донишмандон, дар даврони Ҷамшеди Пешдодӣ мардум ба шукуфоии иқтисодӣ ва рифоҳи иҷтимоию маданӣ расида, хонаҳои бошукуҳ бунёд мекунанд, гармобаҳо месозанд, ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор бурда, билохира дар нозу неъмат ғарқ шудаанд (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. -Теҳрон, 1386. С.156). Тибқи устураҳои Ҷамшедӣ, ҷомеаи давраи Ҷамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоҳу осоиши маънавию моддӣ ғарқ мешаванд, ки ранҷу дард, зулму бадӣ, заъфу нотавонӣ, пирию беморӣ ва маргу нестиро аз ёд мебароранд ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебаранд. Фирдавсӣ он давраи пуршукӯҳро тайи 3 байт (достони Ҷам, абёти 56-58) хеле муассир бозтоб додааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома, -Ҷилди аввал. -Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. С.56)

Хулоса, дар асотири Ҷамшед ва Фаридун қонқнофаринӣ бар мабнои ақлу хиради инсонӣ ва манофеи миллию мардумӣ тарҳ мегардад ва рифоҳу озодӣ таъмин мешавад. Ин аст, ки ормонҳои миллӣ, ки дар қолиби асотиру бовардоштҳоямон мунсаҷим шудаанд, равиши зиндагӣ ва рӯзгори мо дурусту мантиқӣ бозтоб ёфтааст.

Ҷаҳорум. Ормонҳои миллӣ минбаъд дар марҳилаи таърихӣ шакл мегиранд ва ба воқеият табдил меёбанд. Бад-ин минвол, дар замони давлатдории Куруши Кабир (559-530 то мелод) ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд. Бар асоси ормонҳои миллӣ ва давлатдории Ҷамшедӣ нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз милод эълом ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 милодӣ, пас аз даргузашти 2507 сол баъд аз судури фармони мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. С.209). Аз таърих маълумамон аст, ки барои сарнагун кардани истибдоди шоҳи Бобул мардуми Бобул Курушро даъват мекунанд. Баъди озод намудани мардуми Бобул Куруш Маншур ё ба истилоҳи имрӯза Эъломия мунташир мекунад. Дар Маншур-Эъломияи худ Куруши Кабир, қабл аз ҳама, ба масъалаи озодӣ ва анвои гуногуни он, амсоли озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ талаққӣ мешавад, таваҷҷуҳ менамояд ва дар ин замина, таъкид мекунад: “Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагзоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд…ба тирабахтиҳои онон поён бахшидам. Ман бардадориро барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд” (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. С.217). Мардонагӣ ва шарофати Курушро дар бахшҳои 32 ва 34-и Маншур-Эъломияи Куруш нукоти зерини калидиро дар заминаи эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва инсон ба хубӣ мушоҳида мекунем: “Фармон додам ҳамаи ниёишгоҳҳое, ки баста буданд, бигшоянд”. “Ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам“ (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. С.218). Ин саховатмандӣ, мардонагӣ, хирадмандӣ ва шарофати ӯро дида, мардуми Бобул ба вай унвони “Шоҳи Бобул” ва “Шоҳи сарзаминҳо”-ро додаанд. Куруш бар маросими иди Наврӯз ба суннати деринаи подшоҳзни Бобул, дасти Bel (Баал) – Худои бузурги бобулиёнро ламс мекунад ва қонунан ва шаръан дар шумори подшоҳони Бобул дармеояд. Куруш он ҷо сиёсати родмардӣ ва инсондӯстии худро ба намоиш мегузорад ва фармони аз асорат озод кардани яҳудиёнро содир мекунад. Ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба сарзамини хеш бозгашта, маъбади Байтулмуқаддасро ба ҳамон сурати пешазвайронӣ бозсозӣ кунанд (ниг.: Гиршман Роман. Таърихи Ирон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурӯзӣ. –Теҳрон: Ҷомӣ, 1379. С. 122).

Панҷум.Дар асоси ормонҳои миллию мардумӣ дар шароити нави таърихӣ (манзур давраи Истиқлоли давлатӣ аст) мардуми тоҷик сарнавишти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангию иҷтимоии худро дар қолаби Конститутсияи миллӣ аз нав тарҳрезӣ намуд. Он чи ки мелоки ормонҳои миллии бостониро ташкил медод, дар Конститутсияи миллӣ ҳаминъикос ёфтааст. Муқаддимаи Конститутсия (Моддаи 1) калидғояро дар шакли зайл таъкид мекунад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад”. Дигар бахшҳои санади асосии миллӣ мазмунан ин нуктаи калидиро тавзеҳу ташреҳ медиҳанд (барои намуна, моддаи 5: Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд; моддаи 18: Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад; моддаи 30: Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқиистифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст (ниг.: Маҷмӯаи қонунҳо. –Душанбе, 2006. С.3, 5, 6). Бар пояи Маншури Куруш ва асноди байналмилал моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаққӣ мекунад: “Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсїӣ вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад”. Нукоти мазкур, ки дар шаҳодатномаи миллӣ (Конститутсия) инъикос ёфтаанд, дар заминаи омўзиш ва бозшинохти ормонҳои миллии бостонӣ, ки дар боло ишора шуданд, дарҷ гардидаанд.

Шашум. Давлатсозӣ ва давлатдорӣ кори саҳлу осон набуду нест. Имрӯз, ки дар шароити ҳассоси бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ба сар мебарем, муваззафем, ки манофеи миллӣ-давлатӣ, аз ҷумла Конститутсияи ватаниамонро дифоъ намоем ва дар роҳи расидан то ба сатҳи як миллати шоистаю пешрафтаю мутамаддин саъю талоши фаровон биварем. Дар ин роҳ, албатта, мо ба ормонҳои миллӣ, қувваи давлатмадорони ватанӣ, неруи зиёиёни саршиноси миллӣ ва саъю талоши ҳадафмандонаи афроди огоҳу банангу боғурури имрӯзӣ такя мекунем. Ба ин маънӣ:

Ҳамватан, имрӯз айёми ғуруру ҷуръат аст,

Тоҷико, даври талошу имтиёзи қудрат аст,

Асри ҳиммат, асри иффат, асри сахти заҳмат аст,

Асри донишу фазилат, асри илму ҳикмат аст,

Асри оғози хирадмандӣ, суъуди миллат аст,

Асри анҷоми хурофоту нузули ваҳшат аст,

Асри пирӯзии нуру варшикасти зулмат аст,

Ай хушо, асри раҳо аз бандубасти зиллат аст,

Асри тарки ғурбат аст,

Асри дарки шавкат аст,

Асри касби давлат аст!

Аз фурсат истифода намуда, 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи миллиро барои кулли ҳамватанони гиром шодбош мегӯем. Ҷашни миллию давлатӣ муборак!

Нозим Нурзода, - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Боиси хушнудист, ки 29 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор додашуд.

Марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расида аст. Иншооти навбунёд 4-ошёна буда, дар масоҳати 35 садяк бо тарҳи меъмории замонавӣ бунёд гардида аст.

Маркази мазкур дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд. Озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгу омода шудааст. Ифтитоҳи озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” амали гардида, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина хоҳад гузошт. Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад. Бо мақсади бозҳам зиёд гардонидани ҳамкории байналмилалӣ ва дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ иҷро намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Марказ ёддоштҳои ҳамкорӣ бо Институти физикаи ядроии Узбекистон ва Қазоқистон ба имзо расонидааст.

Иншооти мазкур хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои худро барои кишварҳои минтақа пешбинӣ намуда, дастрасии таҳлилҳои босифат ва таҳқиқотро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба амният таъмин менамояд. Маркази муосир ба ҳайси платформа барои табодули таҷриба, гузаронидани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ дар оянда хидмат намуда, барои ташаккули ҷомеаи илмӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои амнияти ҷисмонӣ ва пешгирии паҳншавии маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ равона шудааст, саҳм мегузорад. Дар ин ҷода, ифтитоҳи маркази мазкур афзалиятҳои стратегӣ ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими амният ва рушди илм дар минтақа инъикос намуда, инчунин садоқати кишварамонро ба ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи паҳн накардани аслиҳа тасдиқ мекунад. Барои дастгирии олимони ҷавон 12 ҷойи хоб муқаррар шудааст, ки шароити мусоиди гузаронидани таҳқиқот ва табодули дониш байни олимон аз кишварҳои гуногунро фароҳам меорад. Марказ дорои 4 синфхонаи махсус мебошад, ки дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои низомӣ омӯзиш гирифта, дар соҳаи муқовимат ба таҳдидҳо, ки ба силоҳи қатли ом ва терроризми химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқамандӣ дорад, дониш ва малакаи худро баланд мебардоранд. Барномаҳои таълимӣ барои ба такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ин ру ин Марказ яке аз бузургтарин муассисаҳои минтақавӣ барои омодасозии кадрҳо басо муҳим дониста мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба иншооти мазкур алалхусус ба корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти озмоишгоҳҳои марказ баҳои баланд дода, барои истифодаи самаранок баҳри рушду таҳкими илми тоҷик ва муаррифӣ намудани дастовардҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тавсияҳои судманд доданд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистончун муассисаи илмии кишвар дар пешбурди сиёсати илмии кишвари азизамон нақши муҳим дошта, дастгириҳои ҳамешаҷониба ва иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбарои пешрафти илми тоҷик имконият ва шарту шароити хуб фароҳам овардаанд.

Мо аҳли илми кишвар, махсусан ҷавонон уҳдадор ҳастем, ки нерӯи созанда ва сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвари азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, дар раванди татбиқи он саҳми арзанда гузорем, садоқат ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳифзи дастовардҳои Истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон бошем.

Мо олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамеша дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол пайрави Пешвои миллат бошем.

Мо олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷавобан ба ин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Илҳом Мирсаидзода ва устодони ин ниҳоди бузурги илмӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити корӣ, баҳри боз ҳам таҳким бахшидани мақому мавқеи илм дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар илм, фарҳанг, варзиш ва фаъолияти иҷтимоӣ, тақвияти нуфузи ҷавонон дар ҷомеа, ҳисси Ватандустӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва маънавӣ, бурдани корҳои илмӣ таҳқиқотӣ ва дар амал тадбиқ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ, муаррифии илми ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ минатдории самимии хешро баён менамоем.

Баҳронов С.М – Раиси Шурои олимони ҷавони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ҷаҳони муосирро бидуни давлатҳои дорои арзу бум ва сарзамини хеш тасаввур кардан ғайри имкон аст. Қисмати аъзами давлатҳои имрӯза соҳибистиқлол буда, ҳокимият ва низоми хоси давлатдории хешро доранд. Яке аз рукнҳои асосии Истиқлол мавҷудияти Конститутсияи давлатӣ маҳсуб мегардад. Таҳия ва қабули Конститутсия барои ҳар як давлати соҳибихтиёр ибтидои кор буда, моҳиятан сабаби зуҳури маҷмӯи дигар қонунҳои миллӣ мегардад.

Дар шароити феълии ҷаҳони муосир шояд дар ҳудуди даҳ ё зиёдтар давлатҳое бошанд, ки ҳанӯз соҳиби конститутсияи хеш нагаштаанд. Боқимонда кишварҳое, ки дорои конститутсияи миллӣ мебошанд ин санади олии меъёриву ҳуқуқӣ ҳамчун қонуни асосии давлату миллат хидмат намуда, асосу бунёди ҷомеа ва сохтори давлатиро муайян сохта, онро ба танзим медарорад.

Шояд саволе ба вуҷуд ояд, ки аслан Конститутсия худ чист ва чаро амалан ҳар як давлат ба он эътибору тавоноии олии ҳуқуқиро ато менамояд? Мафҳуми “Конститутсия” аз калимаи лотинии “constitio” пайдо шуда, маънои он сохтор ва барқарориву танзим мебошад. Сараввал ин мафҳум дар Фаронсаи асрҳои миёна ба хотири аломатгузории санаду ҳуҷҷатҳои сатҳи императорӣ (фармонҳо, гувоҳиномаҳо, ҳукмҳо ва ғайра) истифода гашта, баъдан дар низоми қонунҳои динӣ дар доираи қарорҳои Папаи Рум, ки дар замони муосир ҳамчун “Конститутсияи ҳаворӣ” (апостолӣ) ном бурда мешавад, мавриди истифода қарор мегирифт. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар замонҳои пешин кишварҳо бидуни қонунҳо низоми давлатдории хешро пеш мебурданд. Намунаи аввалини конститутсияҳои имрӯза таҳти унвони “қонунҳои муассисон” аз ҷониби қонунгузорони хос дар шаҳрҳои Юнони қадим қабул мегаштанд. Маъруфтарини онҳо “қонунҳои Солон ва Клисфен” ба шумор мерафтанд, ки намунаҳои онҳо то замони мо расидаанд. Дар Руми қадим бошад, нақши чунин қонунгузорро шоҳ Сервий Тулий мебозид. Ҳатто спартаниҳо низ дар шакли шифоҳӣ конститутсияи худро доштанд, ки бо номи “Ретраи бузург” ёд мешуд ва муаллифи он Ликургуро маҳсуб мегашт.

Дар асрҳои миёна яке аз қадимтарин Конститутсия, ки имрӯз низ фаъол мебошад, Қонуни асосии “Сан-Марино” ба шумор меравад ва он ҳанӯз дар соли 1600 қабул гардида буд. Қонуни мазкур дар асоси оинномаи шаҳр, ки дар соли 1300 пазируфта шуда буд, тарҳрезӣ гардид.

Дар замони нав низ яке аз аввалин конститутсияҳо “Низомномаи шоҳигарии Бузурги Литва” ба ҳисоб меравад, ки он дар соли 1529 қабул гардида буд. Ба ин Конститутсия дар солҳои 1566 ва 1588 иловаву тағйирот ворид шуд. Қонуни мазкур баъдан дар “Паёмҳои Посполит” ва баъдтар дар низоми давлатдории Империяи Россия то соли 1840 ҳамчун Конститутсия амал мекард. Дар таърихи башарият аввалин қонуни асосӣ “Конститутсияи Америка” маҳсуб мегардад, ки он ба таърихи 7 декабри соли 1787 дар штати Делавэр қабул шуд ва соли 1789 ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар Аврупо якбора ду кишвар Полша 3 майи соли 1791 “Конститутсияи Паёми Посполита” ва Фаронса 3 сентябри ҳамон сол “Конститутсияи Фаронса”-ро қабул карданд, вале фаъолияти онҳо дер давом накард. Сабаби қатъ гаштани фаъолияти ин ҳуҷҷатҳо дар он буд, ки дар Фаронса инқилоб сар зада, сарзамини Полша ба қисмҳои гуногун тақсим шуда буд.

Дар кишвари мо низоми конститутсионализм баъд аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ба тадриҷ амалӣ гашт. Дар асоси қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ ба таърихи 27 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфт. Баъд аз панҷ соли мавҷудият дар ҳайати Ӯзбекистон 21-28 апрели соли 1929 Анҷумани дуввуми Шӯроҳои ҷумҳурӣ дар хусуси қабули Конститутсияи (Қонуни Асосии) ҶШС Тоҷикистон қарор қабул кард.

Қонуни мазкур ҳамчун аввалин Конститутсияи Тоҷикистон асосҳои сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, роҳу усулҳои умдаи интихобот, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шаклҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва баъзе масъалаҳои дигарро дар ибтидои низоми давлати навин дар бар гирифта буд. Тибқи муқаррароти ҳуқуқи конститутсионии давлати муттамаркази Иттифоқ конститутсияҳои ҷумҳуриҳои худмухтор бояд баъд аз тасдиқи мақомоти дахлдори сатҳи олии давлати Шӯравӣ амалӣ мегаштанд. Лекин раванди мазкур ҳанӯз оғоз наёфта, аз ҷониби аҳолии ноҳияи (округи) Хуҷанд ба Анҷумани дуввуми шӯроҳҳои ҶМШС Тоҷикистон муроҷиатнома пешниҳод гардид, ки дар асоси он бояд ноҳияи Хуҷанд ба ҳайати Тоҷикистон дохил мешуд. Ин иқдоми ватанпарастонаи мардуми Хуҷанд ва чанд тан аз фарзандони сарсупурдаи миллат боиси он гашт, ки ҶМШС Тоҷикистон ба таъсиси Ҷумҳурии Иттифоқии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ноил гардад. Хамроҳ шудани ноҳияи Хуҷанд барои тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, афзоиши шумораи зарурии аҳолӣ барои таъсиси ҶШС Тоҷикистон ва васеъ гардидани қаламрави ҷуғрофии он кӯмаки бемисл намуда, рисолати миллии худро дар назди таърих иҷро кард. Ҳамин тариқ, муроҷиатномаи мардуми Хуҷанд аз ҷониби мақомоти олии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуда, масъалаи мазкур ба анҷумани севвуми фавқулоддаи Шӯроҳҳои Тоҷикистон пешкаш гардид ва дар ҷаласаҳои он Эъломия дар бораи табдил додани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, бевосита ба ҳайати ИҶШС дохил шудани он, эъломия дар бораи таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, қарор дар хусуси таъсиси ҶШСТ аз 16 октябри соли 1929 баррасӣ ва қабул шуд.

Ин як воқеаи хеле муҳими таърихӣ ва сиёсии кишвари мо маҳсуб мегашт, зеро мувофиқи он Тоҷикистон на дар ҳайати кадом як давлати дигар, балки ҳамчун як кишвари баробарҳуқуқ бо дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Дар робита ба ин воқеъа лоиҳаи Конститутсияи соли 1929 аҳамияти сиёсӣ ва таърихии худро аз даст дод ва ба ҳукми қонунӣ надаромад.

Баъд аз чанде дар ҷумҳурӣ маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне таҳия ва қабули Конститутсияи аввалини Тоҷикистон шурӯъ гардид. Дар муддати се сол аз роҳбарияти ҷумҳурӣ то равшанфикрони кишвар дар таҳияи он саҳми бевоситаи худро гузоштанд. Лоиҳаи конститутсияи мазкур дар доираи талаботи Конститутсияи ИҶШС аз соли 1924 тарҳрезӣ гардида, талаботи меҳварӣ ва калидии он таъмини диктатураи коргарон (пролетариат) ва сохтмони ҷомеаи коммунистӣ дар ин сарзамин маҳсуб меёфт. Билохира ба таърихи 25 феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар Анҷумани чаҳоруми шӯроҳои Тоҷикистон қабул гардида, дар Ватани мо конститутсионализм по ба арсаи вуҷуд ниҳод ва ба фазои ҳуқуқии романӣ-олмонӣ ворид шуд. Дар асоси конститутсияи мазкур усули мансубияти ҳокимият ба шӯроҳои вакилони коргарон, деҳқонон ва аскарон эълон гардид.

Конститутсияи соли 1931 аввалин қонуне дар таърихи ҳазорсолаи миллат ба шумор мерафт, ки тибқи моддаҳои 7-21 он ба халқ озодии изҳори ақида, озодии виҷдон, иттиҳоду ваҳдат, имконоти иштирок дар маҷлису гирдиҳамоиҳо ва ғайраро дода буд. Болотар аз ин мувофиқи Конститутсияи мазкур барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва фарҳанги аҳолии кишвар, маҳви бесаводии саросарӣ - таҳсилоти ибтидоӣ, умумӣ ва олӣ ҳатмӣ ва ройгон эълон гардид.

Дар маҷмӯъ Конститутсияи аввалини Тоҷикистон тамоми масъалаҳои низоми давлати шӯравиро дар худ инъикос дода буд. Дар он масъалаҳои объектҳои моликияти давлатӣ, асосҳои истифодаи онҳо, зарурияти хоҷагидории дастаҷамъӣ ва ғайра сабт шуда, низоми мақомоти намояндагии олии ҳокимияти давлатӣ, яъне анҷумани шӯроҳо, Кумитаи иҷроияи марказии шӯроҳо, раёсати он, инчунин мақомоти иҷроияи олӣ ва марказӣ- Шӯрои комиссариати халқ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, ташкили ҳокимияти шӯравӣ дар маҳалҳо, тартиби интихоботи шӯроҳо ва ҳуқуқи буҷавии онҳо муқаррар гардид.

Баъд аз чаҳор соли фаъолият дар моҳи январи соли 1935 дар асоси талаботи давр ва пешниҳоди Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Конститутсияи соли 1931 аввалин бор баъзе тағйироту иловаҳо ворид гашта, он аз ҷониби Анҷумани панҷуми шӯроҳои Тоҷикистон қабул шуд. Аз он ҷумла дар хусуси пирӯзии бебозгашти сотсиализм, табдил ёфтани давлати диктатураи коргарон (пролетариат) ба давлати сотсиалистии коргару деҳқон, шӯроҳои вакилони меҳнаткашон - пояи сиёсии давлат, хоҷагидории состиалистӣ ва моликияти сотсиалистӣ - бунёди иқтисодӣ ва иттиҳоди байни табақаи коргару деҳқонон - асоси иҷтимоии Тоҷикистон ва ғайра муайян карда шуданд.

Дар соли 1936 дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ Конститутсияи нави он пазируфта шуд ва мувофиқи талаботи Конститутсияи нави ИҶШС ба таърихи 1 марти соли 1937 ба Конститутсияи Тоҷикистон низ баъзе тағйирот илова шуданд.

Дар он дар боби сохти давлатӣ дар асоси ихтиёран дохил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Шӯравӣ, нигоҳ доштани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии худ, ҳуқуқи озодона баромадан аз Иттиҳод, низоми нави интихобот ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғайра иловаҳо ворид гардиданд.

Мувофиқи таҳрири нави барномаи Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар соли 1978 сурат гирифт дар конститутсияҳои ҷумҳуриҳои аъзои иттиҳод низ тағйирот ба вуҷуд омаданд. Дар асоси ин рӯйдоди таърихӣ дар ҳамон сол дар Конститутсияи Тоҷикистон низ тағйироту иловаҳо ворид гаштанд. Ба қавли аксарияти ҳуқуқшиносон сабаби дур шудани сохтори сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ аз қонуният ва ба давраи карахтӣ ворид гардидани он ҳамин барномаи ҳизбӣ гашта буд. Ҳамин сарнавиштро Конститутсияи Тоҷикистон низ интизор буд.

Баъд аз шурӯъ шудани ҷунбиши ҷудоихоҳӣ ва марказгурезӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1990 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба таърихи 24 августи ҳамон сол Эъломияи истиқлолияти хешро қабул кард. 9 сентябри соли 1991 ба Эъломияи мазкур баъзе тағйироту иловаҳо дохил шуданд, ки мувофиқи ин тағйирот асосу бунёди соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ боз ҳам васеъ гардид.

Баъд аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи декабри соли 1991 ба Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Конститутсияи соли 1978 тағйирот шомил шуданд, ки дар доираи онҳо соҳибихтиёрии воқеии сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даромад. Ба ҳамин тариқ Конститутсияи соли 1978 бо тағйироту иловаҳои лозима то соли 1994, яъне то қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард.

Сарфи назар аз шароити хеле муташанниҷи сиёсии солҳои 90-ум ва ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ Парламенти кишвар аз тамоми имконоти зеҳнӣ ва таҷрибаи қонунгузории солҳои қаблӣ ҳамаҷониба истифода бурда, тавонист дар кӯтоҳтарин замон лоиҳаи Конститутсияи давраи соҳибистиқлолии ҷумҳуриро пешкаш созад. Баъд аз баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ ва иштироки бевоситаи мардуми кишвар дар беҳбудии он ба таърихи 6 ноябри соли 1994 Сарқонуни давлати мустақили тоҷик баъд аз райъпурсии умумӣ қабул гардид. Дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ дар саросари мамлакат 2 млн. 685 ҳазору 724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар райъпурсӣ 2 млн. 535 ҳазору 437 нафар ё ин ки 94, 4% иштирок намуданд. Ба ҷонибдории қабули лоиҳаи мазкур 2 млн. 352 ҳазору 554 нафар, ё ин ки 87, 59% овоз доданд. Дар асоси райъпурсии умумимиллӣ Конститутсияи (Сарқонуни) давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд ва шаҳрвандони кишвар бо қабули он саҳифаи нави таърихи давлатдории тоҷиконро кушоданд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 1994 қабул гардид аввалин қонуни асосии кишвар аст, ки аз ҷониби олимони ҳуқуқшинос ва намояндагони мардумӣ ба забони тоҷикӣ таҳия шуда, ҳамчун истеҳкоми фатҳнопазири демократия дар кишвар пазируфта шуд. Вай ба сифати санади олии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ зербинои ҳуқуқбунёд будани ҷумҳурии моро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ кард.

Қисми бунёдии Конститутсияи навро барқарории мақоми давлат ва меъёрҳои муносибатҳо ба сиёсати хориҷии кишвар ташкил медиҳад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат сохтори иҷтимоӣ ва давлатӣ, низоми интихоботӣ, усулҳои таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳокимият ва роҳбарӣ, ҳуқуқҳо ва вазифаҳои асосии шаҳрвандонро муайян сохтааст.

Конститутсия ба сифати санади олии меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ба пояҳои сохтори давлатӣ таҳким бахшида, ташаккули сохторҳои ҳокимияти судӣ, иҷроиявӣ, ҳуқуқу озодиҳои ҳар як тоҷикистониро анҷом медиҳад ва таъсиси худидоракунии маҳаллиро таъмин намудааст.

Конститутсияи нав ҳамчун пойдевори қонунгузорие тарҳрезӣ шудааст, ки муносибатҳои мутақобилаи байни шаҳрвандон ва давлатро муайян мекунад. Ба ибораи дигар Конститутсияи нав зиддияти байни қонунҳои қабулшударо аз байн бурда, намегузорад, ки ҳуқуқҳову озодиҳои шаҳрвандон халалдор гарданд, зеро мавҷудияти худи Конститутсия ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон нерӯи бузурги ҳуқуқӣ дода, шаъну шараф, нангу номус, ихтиёру озодӣ ва иродаи инсонро пуштибонӣ мекунад.

Конститутсияи нав ҷомеаи имрӯзаи кишварро дар паҳнову фазои ягонаи ҷуғрофӣ муттаҳид сохта, онро бо номи давлати тоҷикон дар ҷомеаи башарӣ муаррифӣ сохт.

Конститутсияи нав ҳамчун тазмингари ҳаёту зиндагӣ ва мавҷудияти Тоҷикистони соҳибихтиёр хидмат намуда, ба давлат ҳамчун институти мустақил барои дастгирии якпорчагии марзу бум ва урфу анъаноти пешини ҷомеа ва арзишҳои волои миллӣ хидмат мекунад.

Дар муддати си соли мавҷудияти хеш Конститутсияи нав тавонист соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, аз он ҷумла соҳаҳои нави онро бо назардошти таҳаввулоту тағйирот дар иқтисодиёт, рушди иҷтимоиёт, сиёсат ва фарҳанг ба вуҷуд орад. Воқеан дар ҳар кишваре, ки дар он Конститутсия вуҷуд дорад, бо сароҳат метавон дар ҳусуси ҳуқуқбунёд будани он давлат, ки қонунҳои дигар ва санадҳои зерқонунӣ, ки мавқеи конститутсияро мушаххас месозад, ҳарф зад. Он қонунҳое, ки дар асоси Конститутсия зуҳур мекунанд дар навбати худ асоси муносиботи ҳуқуқиро дар байни шаҳрвандон ва давлат дар симои сохторҳои он, ҳамчунин муносиботи байни худ ва субъектҳои хоҷагидорӣ дар самтҳои мухталифи фаъолияти инсонӣ муайян месозанд. Ба ибораи дигар таҳаввулоте, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба вуҷуд меоянд, дар ин ё он шакл дар низоми қонунгузории конститутсионӣ инъикос меёбанд.

Бо назардошти ин аввалин тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи нав ба таърихи 26 сентябри соли 1999 ворид шуданд, ки онҳо дар иртибот ба Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом гирифтанд. Дар натиҷаи райъпурсии умумихалқӣ ба 29 моддаи он тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Райъпурсии дуввум оид ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи нав ба таърихи 22 июни соли 2003 сурат гирифта, ба дебочаи он тағйироти таҳрирӣ ва ба 54 моддаҳои он дохил карда шуданд.

Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи умумибашарӣ давраҳои мухталифи ташаккул ва инкишофи конститутсионии худро пушти сар намуда, ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ба пешравиҳои бузурге дар самти демократикунонии ҷомеа дастёб гаштааст. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар муддати начандон тӯлонии таърихи навини мавҷудияти хеш марҳила ба марҳила ҳадафҳои асосии давлатдории тоҷиконро, ки аз Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд, амалӣ сохта, ба хотири таъмини баробарии стратегии тамоми қишрҳои ҷомеа дар назди қонун, дар хамгашти пурпечутоби ҷомеаи муосир тавонист ягонагии ҷомеаро нигоҳ дорад ва барои фардо қадамҳои устувор бардорад. Конститутсияи нав тавонист миллатро сарҷамъ созад.

Бесабаб нест, ки дар байни ҷашнҳои нави даврони Истиқлол “Рӯзи Конститутсия” ҳамчун рӯзи барои миллат муқаддас таҷлил мегардад, ки ин аз боварӣ ва садоқати мардум нисбат ба давлат ва муқаддасоти он дарак медиҳад.

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд Конститутсияи хешро гиромӣ дорад, онро омӯзад ва фарзандони хешро низ омӯзонад, зеро ҳамин қонун буд, ки миллатро аз партгоҳҳои нобудиву ҳалокат бираҳонид ва офтоби Истиқлолро бар сараш партавфишон сохт. Дилҳои умедрафтаи ҳар як марди вафодори Ватанро гарм карда, парчами ҷаҳонгиру хиради номовари миллатро бар тоқи Созмони Милали Муттаҳид нурафшон кард. Озодиро, ки шифодиҳандаи дилҳои мардони вафодори Ватан аст, ба ҳар хонадон ворид намуд.

ШАМОЛОВ А.А.,ШАМОЛОВА, С.А - Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ҳоло мардуми шарафманди кишвар 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта истодаанд.

Ин санад, ки 6 ноябри соли 1994 қабул шуда буд, дар таърихи навини кишвари мо нақши калидӣ мебозад. Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар доираи салоҳияти худ ба сифати ҳокимияти мустақили давлатӣ фаъолият дорад. Конститутсия кафолатҳои ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро мустаҳкам намуда, асосҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлатро муайян кардааст. Дар тӯли ин солҳо, Конститутсияи Тоҷикистон ба рушд ва пешрафти кишвари мо хидмат кардааст. Ба шарофати ин санад, сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқӣ тақвият ёфта, муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ таҳким ёфтанд.

Конститутсия инчунин дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бузург гузошта истодааст. Пас аз гузашти 30 сол, мо бояд ба қадри ин санади асосӣ расида, онро чун музаффарияти бузурги давлати худ пос дорем ва дар нигоҳ доштани арзишҳои он кӯшиш намоем. Бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари худ асос гузошт.

Ба шарафи 30 солагии Конститутсия, мо метавонем аз дастовардҳои худ ифтихор намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои баландтар дар оянда саъйу кӯшиш ба харҷ диҳем. Иқдомиҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ ва илмӣ, ки дар ин маврид баргузор мешаванд, на танҳо таърих ва дастовардҳои моро ёдрас мекунанд, балки наслҳои навро бо арзишҳои миллӣ ва демократии мо ошно мекунанд. Аз ин лиҳоз, таҷлил кардани 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - фурсати бузургест, ки ҳамаи моро ба тафаккур ва ифтихор аз дастовардҳои худ водор месозад.

Тӯли солҳои гузашта, Конститутсияи Тоҷикистон якчанд маротиба тағйир ёфтааст, то ба талаботи замон ва инкишофи кишвар мутобиқ шавад. Дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд. Дар баробари ин, тағйироти муҳиме, ки дар Конститутсия ворид карда шуданд, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт таъсири амиқ гузоштанд. Масалан, ислоҳоти судӣ, ки бо мақсади баланд бардоштани мустақилияти судҳо ва беҳтар намудани дастрасӣ ба адолат амалӣ шуданд, яке аз муваффақиятҳои калидӣ мебошанд. Ин ислоҳот на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи адолат дар ҷомеа мусоидат карданд, балки боварии шаҳрвандон ба системаи адолатиро низ тақвият медиҳад.

Ҳамчунин, Конститутсияи мо ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандонро кафолат медиҳад, ки ин барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аҳамияти бузург дорад. Бо ёрии ин ҳуқуқҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба таҳсил, тандурустӣ ва шароитҳои зиндагии беҳтар дастрасӣ дошта бошанд.

Бояд қайд кард, ки Конститутсия на танҳо ҳамчун як санади ҳуқуқӣ, балки ҳамчун як манбаи илҳом ва ваҳдати миллӣ аҳамият дорад. Он моро ба як миллати ягона муттаҳид месозад ва арзишҳои умумимилии мо - сулҳ, адолат, ваҳдат ва пешрафтро мустаҳкам мекунад.

Ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати хубест барои баррасӣ ва муҳокимаи дастовардҳои мо, инчунин барои муайян кардани роҳҳои нави рушд. Мо бояд кӯшиш намоем, ки ин арзишҳо ва дастовардҳоро нигоҳ дошта, барои наслҳои оянда мероси пуровоза ва мӯътабар гузорем.

Дар ин муносибат, чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафи онҳо беҳтар фаҳмидани аҳамияти Конститутсия ва арзишҳои он мебошад. Мактабҳо ва донишгоҳҳо метавонанд лексияҳо ва семинарҳо баргузор кунанд, ки дар онҳо таърих ва аҳамияти ин санади асосӣ тавзеҳ дода шавад. Ҳамчунин, намоишгоҳҳо ва конфронсҳо дар саросари кишвар метавонанд мардумро дар бораи дастовардҳои 30-солаи Конститутсия ва нақши он дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон маълумот диҳанд.

Инчунин, бо ин муносибат метавон дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо мақолаҳои таҳлилӣ ва таърихӣ оид ба Конститутсия ва таъсири он ба рушди кишвари мо нашр намуд. Радио ва телевизион низ метавонанд барномаҳои махсуси ҷашниро омода созанд, ки тавассути онҳо мардум метавонанд бо Конститутсия ва нақши он дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои худ шинос шаванд. Ба ин тариқ, ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо фурсатест барои таҷлили дастовардҳои гузашта, балки ҳадисест барои баррасии пешрафтҳои оянда ва истиқболи ҳадафҳои нав, арзишҳо ва принсипҳои ин санади асосӣ бояд ҳамчун роҳнамои моро дар роҳи рушд ва муваффақиятҳои оянда роҳбаладӣ намоянд.

Муаллифон: д.и.ф.-м., узви вобастаи АМИТ #Қоҳирова Г.И., ходими илмӣ #Ҷонмуҳаммади А.И.

Рӯзи 6 ноябри соли 1994, яъне сӣ сол аз ин муқаддам тавассути раъйпурсии умумихалқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ин сана бошукӯҳ таҷлил мегардад.

123123Воқеан, Конститутсия хатти тақдир ва санади сарнавиштсозест, ки ҳар миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни ҷаҳон онро бо дарки масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндааш бо дасти худ менависад.

Ба баёни дигар, Истиқлоли давлатӣ моро тақдирнависи миллату давлати худ кард ва таҳияву тасвиби бахтномаи миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзгори файзбори Истиқлол ба ибтикори Пешвои муаззами миллат бозгӯйи ҳамин ҳақиқат аст.

Конститутсияи Тоҷикистон истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян сохт.

Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар баробари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани давлат мазмуни иҷтимоӣ доштани онро комилан ифода менамояд.

Яке аз талаботи муҳимми Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳои дигар мебошад. Зеро қонунмандӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва пешрафту созандагии он ба шумор меравад.

Барои ноил гаштан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми анъана дароварда шавад.

Конститутсия аслан истилоҳи лотинист, ки “ташкил додан”, “барпо намудан”, “бунёд гузоштан”, “эҷод ва таъсис кардан” маънидод мешавад ва таърихи чандсадсола дорад. Ба ин маънӣ, Конститутсия қонуни асосии давлат мебошад, ки дорои эътибори олии ҳуқуқист ва асосҳои сохтори давлатӣ, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва авзои ҳуқуқии шахсро муайян месозад.

Ёдоварӣ мебояд, ки баъзе меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла озодии динию дунявии инсон ва шаҳрванд реша дар умқи таърих дорад ва аз ҷӯйи хиради ниёгони бузурги мо об мехӯрад.

Ба ибораи дигар, нахустин санади таърихие, ки дар он баробарии ҳамаи инсонҳо таъкид шудааст, муқаррароти ҳуқуқии бунёдгузори сулолаи подшоҳии Ҳахоманишиён Куруши Кабир аст ва яке аз боғҳои зебои Душанбешаҳри мо дар шафати Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.

Соли 539 то милод бунёдгузори сулолаи подшоҳии Ҳахоманишиён Куруши Кабир (солҳои давлатдорияш 559-530 то милод) шаҳри Бобилро, ки қавми яҳуд дар ин шаҳр дар асорат қарор дошт, ба даст овард ва ин қавмро аз бандагию бардагӣ озод кард. Ӯ ҳамчунин бори нахуст дар таърих баробарии нажодии инсонҳоро эълон намуд.

Ин муқаррарот бо дастури Куруши Кабир барои наслҳои пасин бо хатти мехӣ дар устувонаи сафолие сабт гардид ва дар Бобилистон нигаҳдорӣ мешуд. Хушбахтона, соли 1879 ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ дар Бобилистон ин устувонаи сафолӣ ошкор карда шуд ва аз ҳамон таърих то ба имрўз дар Осорхонаи Британияи Кабир нигаҳдорӣ мешавад.

Бо камоли ифтихору фараҳмандӣ метавон гуфт, ки муқаррароти ҳуқуқии Куруши Кабир аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар аст. Ин муқаррарот бо шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид тарҷума ва муҳтавои аслии он дар чор моддаи аввали Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мунъакис шудааст.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ низ ҳамин ғоя, яъне баробарии инсонҳо, қатъи назар аз рангу пӯст, дар қиссаи накӯҳиш кардани Зол падараш Соми Наримонро, ки фарзанди худро ба хотири сапедии мӯй, дар кӯҳ пинҳон карда буд, сареҳан таъкид шудааст. Зол ба падараш Соми Наримон мегӯяд:

Зи модар бизодам, бияндохтӣ,

Ба кӯҳ андарам ҷойгаҳ сохтӣ.

На гаҳвора дидам, на пистони шир,

На аз ҳеч хубӣ маро буд вир...

Туро бо ҷаҳонофарин буд ҷанг,

Ки аз чӣ сапеду сиёҳ аст ранг?!

Ҳамин ғояи баробарии ҳуқуқи инсон, қатъи назар аз рангу пӯст, ки аз ҳикмати азалии ниёгони мо маншаъ мегирад, баъдан аз сарзамини пешиниёни мо ба сарзаминҳои Ҳинду Юнон ва ниҳоят ба Рими Қадим густариш пайдо карда, дар Рим ташаккули бештар ёфт ва имрӯз бунмояи Конститутсияи аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Конститутсия воқеан бахтномаи ҳар як миллати озодандеши соҳибхираду соҳибфарҳанг аст. Вай рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдорию бақои давлату миллат мебошад. Зеро, дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному эҳтиром шуда метавонад, ки дар заминаи Конститутсияи худ дорои истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақил бошад ва музаффариятҳои онро азизу гиромӣдорад ва чун гавҳари чашм ҳифз намояд.

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Subscribe to Мақолаҳо