Назария ва таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки дар воқеъ Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимтарини давлатдории миллати тоҷик ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад. Боиси зикри хос аст, ки таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон дар шароити мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон омили устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва бақои миллату давлат ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, воқеъбинона таъкид намуданд, ки новобаста аз “вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд. Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод. Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад.
Таъкид менамоям, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд”[1]. Бо итминони комил таъкид бояд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли Ватан аст. Сиддқан метавон иброз намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бо шарофати хизмати содиқонаи афсарону сарбозон ва риояи волоияти қонун аз рӯзи таъсис то имрӯз рушду такомул ёфта истодааст.
Боиси хушбахтии кулли мардуми шарифу сарбаланди тоҷик аст, ки имсол 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои амну ободӣ ҷашн гирифта мешавад. Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш иброз намуданд, ки “тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад”[1].
Раванди азнавтақсимкунии дунё, махсусан дар шароити зудтағйирёбии (мувозинати) таносуби қувваҳо дар арсаи ҷаҳон фаъолона амалӣ гардида истодааст. Терроризму экстремизм бо шаклҳои нав зуҳур намуда, ба амнияти кишвар таҳдиду хатарҳои муосир эҷод менамояд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки ғояи “.... аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон”[1] пешниҳоди муҳимму саривақтӣ аз ҷониби сарвари мамлакат мебошад. Ҳамзамон дар даврони соҳибистиқлолӣ амнияти мудофиавии кишварро қавитар ва дар “баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон”[1] нақши муҳимму ҳалкунанда мебозад. Боиси тазаккур аст, ки бо беҳтарин шароити арзандаи зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими раванди худшиносию худогоҳии миллӣ, ормонҳои миллӣ, садоқатмандӣ дар иҷрои уҳдадориҳои касбии афсарону сарбозон заминаи боэътимод арзёбӣ мегардад.
Қобили зикри хос аст, ки Артиши миллӣ рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ, худшиносии миллати тоҷик ва сипари боэътимоди кишвар ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳонҳову озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишвари тозаистиқлоламон тақдирсоз бо баҳои ҷони хеш, бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ барои амну суботи кишвар сипар гардида, амнияту осудагии мамлакатро то имрӯз ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд.
Инчунин, ёдовар шудан ба маврид аст, ки “ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамалакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш иқдоми шоиста пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдом тадбирҳои зарурӣ андешанд[1].
Ҳамин тариқ, метавон зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии сокинон, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои боз ҳам баландтар бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, тарбияи шаҳрвандӣ, нигоҳдории якпорчагии сарзамин, ватандӯстӣ, худшиносиву хештаншиносӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Инак, 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, барои ояндаи дурахшону созанда ва боз ҳам дар сатҳи байналмилалӣ омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусии онҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар замони пурошубу вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ қарзи фарзандию номуси ватандории ҳар як афроди худшиносу худогоҳи ҷомеаи тоҷикистонӣ ва шахсони мутасаддии ин соҳа маҳсуб меёбад.
Умеди бузург дорем, ки минбаъд низ зери дастгириҳои ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти хеш дар роҳи ба эътидол овардани вазъи мамлакат, пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгарона ва зарбаи қатъи задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд сохтани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулотҳои ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназири хешро барои суботу амнияти Ватани маҳбуб дареғ нахоҳанд дошт. Мардуми сулҳпарвари тоҷик дар симои Кувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони содиқи Ватанро мебинад ва дилпурона дар роҳи бунёдкориву созандагӣ бо азму талош кору зиндагӣ мекунад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст” [2].
Қобили зикр ва мояи ифтихори модари тоҷик аст, ки имрӯз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари мардон занону бонувон низ хизмати содиқона намуда истодаанд. Бешубҳа, саҳми занону бонувони тоҷик дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ назаррас аст.
Аз ин минбари муқаддас истифода намуда, тамоми хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбиро ба ифтихори истиқболи ҷашни 31-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, осмони софу беғубор, зиндагии шоиста, хизмати сидқан бовафоро ба халқу миллати тоҷику тоҷикистониён орзу менамоям. Ҳамеша сарбаланду шоистаи таҳсин бимонед, зеро масъулиятшиносию ватандӯстию ватанпарастии Шумо афсарону сарбозони далери миллати тоҷбарсари тоҷик кафили амну суботи кишвар аст.
Кулли афсарону сарбозони шуҷоъи миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро бо ин ҷашни фархунда муборак бод мегӯям!
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна - номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Дар охири асри ХХ дар таърихи сиёсии ҷаҳон тағйироти кулли ба амал омад. Яке аз давлатҳои абадқудрати олам ИҶШС пароканда шуд. Моҳҳои август-сентябри соли 1991 ҳамаи 15 Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба давлатҳои мустақил табдил ёфта, соҳибистиқлол гардидаанд. 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Аз ин сана дар ҳаёти сиёсии тоҷикон таърихи навтарин оғоз гардид.
Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС (соли 1991) Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд институтҳои давлатдориашро муқаррар мекард. Боиси қайд аст, ки ба вазъи ҳарби сиёси – Ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда дар муддати кӯтоҳтарин дар мамлакат Интихоби Президент, Конститусия, Парлумон, ҳокимияти иҷроия, суду прокуратура, сохторҳои маҳалӣ, мақомоти давлатӣ, артиши миллӣ таъсис дода шуд.
Аксарияти давлатҳои навтаъсиси мустақили собиқ ИҶШС баъд аз ба даст овардани истиқлолияти комил дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарби дошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Бояд махсус таъкид намуд, ки ғайр аз Тоҷикистон давлатҳои навтаъсис Артиши Миллии худро аз ҳисоби ҷузъу томҳо, васоити техникии ҳарбӣ мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногун ва муҳиммоти ҷангии дар Артиши собиқ Шӯравӣ бударо «мерос» гирифтанд.
Назар ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод Тоҷикистон базаи мустаҳками ҳарбӣ қариб, ки надошт. Инро дар норасоии кадрҳои касбии ҳарбӣ, афсарони таҷрибадор, ва мутахассиони баландрутба- генералҳо мушоҳида кардан мумкин буд. Аммо ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як Артиши касбии минтака ташаккул ёфта минбаъд давра ба давра бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи замонавӣ амали карда шуд.
Хусусияти хоси ташаккули Артиши Миллии Тоҷикистон боз дар он буд, ки афсарон ва сарбозон таҷрибаи ҷангӣ ва санъати ҳарбиро дар давоми сангарҳо ҷангидан гирифта буданд ва ба танзими сохтори ташкилии ҳайъати шахсӣ машғул шуданд.
Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳала ҷудо кардан мумкин аст. Давраи якум аз соли 1992 - Таъсиси Комитети Мудофиа – то моҳи июни соли 1997 ро бар гирифта мақсади асосии давраи аввал сохтмони Артиши миллӣ, ташкили қуввахои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, як порчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.
Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда Қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумииҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳими ташкилӣ қабул карда шудаанд.
Давраи дуюм аз соли 1997 оѓоз гирифта то соли 2005ро фаро мегирад. Давраи мазкур аз азнавташкилдиҳии сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ мухолифини муттаҳидаи тоҷик (ОТО) оғоз гардид. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони мухолифини муттаҳидаи тоҷик созишнома имзо шуд, ки он ба ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима бахшид.
Вазифаи асоси ин давра такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ—Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаиз иддиҳавоӣ таъсис ёфтаанд.
Ва ниҳоят давраи сеюм аз соли 2005 то ин ҷониб барои азнавсозӣ , мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии ҚМ шароит фароҳам овард. Ҳамин тариқ дар давоми зиёда аз соли 30 соли истиқлолият Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои сохтмони ибтидои ҷузъу томҳо (1992-1997), ташаккули Артиши Миллӣ ва ташкили навъҳои қӯшунҳо (1997-2005)[1][1] ва давраи ислоҳот, ки аз 15 октябри соли 2005 оѓоз гирифта то ҳоло идома дорад, марҳилаи рушд, таҳкиму тақвият бахшидан ба сохторҳои навтаъсисро аз сар гузаронид.
Бояд зикр намуд, ки ислоҳот ба такмилу рущди минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба иҷрои муваффақонаи супоришҳо баҳри таъминиҲифзи Ватан, хусусан ташкили Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддӣ ҳавоӣ назорати доимии марзи ҳавои кишвар мусоидат намуд.
Ҳануз 18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуда буд.
Мувофиқи ин қарор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳайати «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Ҳукумати Конститусионӣ ташкил дода шуд. Ҳамин тариқ рӯзи 23 феврали соли 1993 бори аввал бо иштироки қисмҳои ҳарбй аз чузъу томҳои навтаъсиси ҳарбй дар майдони «Дустӣ»-и пойтахт паради ҳарбӣ баргузор шуд. Ин нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ буда айнан дар хамон майдон 23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳ собиқ Вазирони Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори мустаъфӣ А.В.Шишлянников, генерал-полковник Хайруллоев Ш.Х., собиқ муовинони Вазири Мудофиа генерал Чубаров А.С., генерал-майори мустаъфӣ Шералиев Н.Ш., Хабибов А.Ҳ., Файзиев Л., Турдиев Т., генерал-майори авиатсия Грудина В., генерал лейтенант Адхамов Ғ., полковникҳо Раҷабов Р., Раҳимов Ф., Ҳаётов Н. саҳми арзанда гузоштанд. Дар кори ташкили Вазорати Мудофиа генерал-лейтенантҳо Р. Раҳмонали, Ш.Мирзо, генерал-майорҳо Т.Тошмухаммедов, А.Н. Қаюмов, Н.Тоҳиров,Ш. Саидамиров, Ю Муродов, Ҳ. Одинаев, А. Ҷалолов ва полковникҳо Б. А. Муминҷонов, М. Нозилов, М. Ризоев, Д. Дилдорбеков, В. Рахматов, М. Додобоев,С. Саидакрамов, Л.Г. Маъруфӣ, Б. Шукуров ва дигарон назаррас аст.
Соли 1993 дар асоси қисмҳо, ҷузъу томхои мавчуда, асоситарин ва сершумортарин навъи қушӯн-Қушӯнҳои хушкигард таъсис ёфт.
Давоми зиёда аз 30 соли мавҷудияти Артиши миллии Тоҷикистон дар натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон хеле пеш рафт, такмилу таҳким ёфт, заминаҳои моддию техникии он мустаҳкам гардид. Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ се навъи қушӯн – Қушӯнҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қушӯнҳои зудамал созмон ёфтанд. Тадриҷан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳаматарафа аз нав бунёд гардида дар сафи он сохторҳои наву замонавӣ таъсисдода шуд. Аз ҷумла қисму ҷузъу томҳои десанти ҳавоӣ, муҳандисию сапёрӣ, сохторҳои таъминоти ақибгоҳӣ, сохтмонӣ, тиббӣ, таълими ҳарбӣ ва монанди инҳо барпо карда шуд
Қӯшунҳои хушкигард ду бригадаи тирандозии моторикунонидашуда, бригадаи десантии забткунанда ва артиллериро дар бар мегирад. Ғайр аз он баталиёни Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон дар ҳайати қувваҳои дастаҷамъии зудамали Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Ташкилоти шартномаи дастаҷамъии бехатарӣ шомил аст.
10 апрели соли 1993 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баталёни таъиноти махсус (қисми ҳарбии 3571) -и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бригадаи махсуси Вазорати мудофиа табдил ёфт[2][2].Аз рӯзҳои аввали фаъолият сохтори мазкур аз санҷишҳои ҷиддии Ҷанги шаҳрвандӣ гузашт, бригадаи махсус боварии Сарвари давлат ва мардуми кишварро ба даст овард. Бо назардошти дастовардҳои ҳарбӣ ва ҷангӣ бо Фармони Президент аз 17 январи соли 1995 бригадаи махсус ба Гвардияи Президентӣ табдил дода шуд.
Ислоҳоти ҳарбӣ , таъсиси сохторҳои нави Артиши Милли марҳила ба марҳила идома дошт. 26 январи соли 2004 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдил дода шуд.
Дар ибтидои ташаккули Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ таркиби ин сохтор аз чархболҳои МИ-8 ва МИГ-24 иборат буд. Нахустин парвози МИГ-24 дар фазои Тоҷикистон соли 1993 оғоз гардид . Баъдан қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ба иҷрои вазифаҳои ниҳоят вазмин, дар амалиётҳои ҷангӣ истифода шуданд. Ҳайати шахсии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар солҳои 1993-1997 дар зиёда аз 60 амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуданд. Бояд зикр намуд, ки мутахассисони соҳаи ҳавонаварди ҳарбӣ асосан дар мактабҳои олии ҳарбии берун аз кишвар ва дар Донишкадаи Ҳарбии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешавад. Нахустин мутахассисони маҳаллии ҳавонаврдони ҳарбӣ баъд аз 4 соли таҳсил соли 2008 ба ҳайати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавои шомил гардиданд.
Дар ташкилдиҳии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ генерал-майорҳо Грудина В.М., Толебаев Қ.Н., полковникҳо Гадоев М.Г., Қурбонов Т.П.. Леветский Б.А., подполковникҳо Қобилов С.Т., Ойев З.Т., Назаров Д. саҳми арзанда гузоштанд[3][3].
Дар Точикистон Барномаи бунёди марҳила ба мархилаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тахҳия ва амали гардид, ки ин ду давра- солҳои 1995-1997 ва 1998-2000- умро дар бар гирифта, таъсиси Артиши миллиро ба пояи асосноки илмй гузошт[4][4]. Дар ин давра сохторҳои марказии Вазорати мудофиа, Кувваҳои харбй- ҳавой, Донишгоҳи ҳарбӣ, Коллеҷи олии харбй, шифохонаи марказии ҳарбӣ ва як қатор дигар қисмҳо, ҷузъу томҳо, корхонаю муассисаҳои ҳарбӣ таъсис ёфтанд.
Нахустин мактаби касбии ҳарбӣ дар Тоҷикистон Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 №УП-198 ва Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 ноябри соли 1992 № 404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоҳи техникуми геологӣ Коллеҷи Олии Ҳарбии Фармондеҳию Муҳандисӣ ташкил карда шуд.
Дар Тоҷикистон ду макотиби омӯзиши ҳарбӣ - Донишкадаи ҳарбии Вазорати Мудофиа ва Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа ба номи генерал-майор Тошмуҳамадов фаъолият менамояд. Муддати таҳсил дар донишкадаи ҳарбӣ 4 сол буда баъд аз хатм афсарон бо унвони лейтенант ба қисмҳои ҳарбии Вазорати Мудофиа ва қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Амнияти Миллӣ равона карда мешаванд.
Дар тайёр намудани афсарони касбӣ нақши Донишкадаи ҳарбӣ беназир аст.
Минбаъд дар Тоҷикистон сафи афсарони касбии Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик, пурра гардонида мешавад. То ин дам, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола наздики 200 нафар афсарони касбӣ онро хатм менамоянд, ҳудуди се ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд. Ҳамин тариқ, масъалаҳои таъмин намудани кадрҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати Президенти малакат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар ягона Мактаби Олӣ – Донишкадаи ҳарбӣ ҳазорҳо афсарон тайёр карда шуда ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ равона карда шудаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо давлатҳои Муштараки Манофеъ, дар доираи Ташкилоти Шартномаи Бехатарии Дастаҷамъи фаъолона ширкат намуда маҳорати ҳарбии афсарон ва сарбозонро такмил медиҳад. Гузаронидани 3-6 апрели соли 2007 машкҳои ҳарбии “Марз:—2007» дар худудй чумхурй мақоми Тоҷикистонро дар ин ташкилотҳои бонуфузи ҳарбӣ сиёсӣ нишон дод.
Дар тӯли фаъолияти худ ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳамаи ҳолатҳои душвор мардонагӣ , таёрии хуби ҷанги нишон доданд. Аксарияти онҳо барои ҳифзи истиқлолияти давлат, ҳаёти осоиштаи мардум ҷоннисори намуданд. Воқеаҳои 19 сентябри соли 2010 дар минтақаи Рашт, моҳи сентябри соли 2012 дар Хоруѓ ва 4- сентябри соли 2015 дар ш. Душанбе ва дараи Ромит содиршуда нишон доданд, ки Артиши Миллии Тоҷикистон ба муқобили ҳама гуна амалиётҳои зиддидавлатӣ, террористӣ ва дигар кирдорхои ѓайриқонунӣ имконияти бартараф намуданро дорад. Зиёда аз ин афсарон ва сарбозони тоҷик вазифаи муҳими муборизаи беамонро бар зидди экстремизм ва қочоқи маводи муқадирро иҷро менасмоянд. Мутаассифона дар ҷараёни ин муборизаҳо Артиши Миллӣ афсарон ва сарбозони содиқи худ - полковник Маҳмудов Абдуҳаким, подполковник Сайвалиев Акрам, майор Солеҳов Алишер, капитан Саидов Саидҷамол, капитан Исоев Наврӯз, лейтенант Гиёев Давлатҷон, сарбозон Раҳимов Фирдавс ва Ёров Низомиддин баҳри ҳифзи Ватан ҷони худро нисор намуданд.
Ҳамин тариқ дар давоми 30 соли фаъолият ва бурду бохт дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифи яроқу аслиҳа, аз қабили нишонгир снайперҳо, парашутистон, минаҷӯён, тирандозон, нишонгиру ронандагони техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар Комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси нерӯҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар муносибатҳои ҳарбӣ техникӣ дар чорчубаи ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба Тоҷикистон фаъолона ширкат мекард. Танҳо дар соли 2001 Вазирони мудофиаи ИМА, Фаронса ва Ҳиндустон ба Точикистон сафархои расмй доштанд[5][5].
Вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳон барои пешгирӣ намудани ҳамагуна ҳаракатҳои вайрон намудан ва дахолат намудан, вазъи сиёсии минтақаро ноором сохтан ҳамбастагии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъи (СААД)ро талаб мекард, ки як мақомоти доимоамалкунанда таъсис карда шавад. Аз ин рӯ Шӯрои Вазирони Мудофиаи аъзоёни СААД дар асоси қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъи 28 апрели соли 2003 “Дар бораи таъсиси Ситоди муттаҳидаи СААД” ро таъсис доданд. Аз рӯзи таъсиси ин Ситод то моҳи июни соли 2004 Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири мудофиа генерал-лейтенант Надиров Р.Х ин мақомотро сарвари намуд.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), “Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст.
Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва донишҷӯёни низомии тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Точикистон қаҳрамониҳо ва хизматҳои содиқонаи афсарон ва сарбозони Артиши Миллиро қадрдонӣ менамояд. Дар тӯли 20 соли мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ, аз соли 1993 то соли 2013 зиёда аз ҳазор нафар хизматчиёни харбӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон бо рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шудаанд.
Танҳо бахшида ба 20 солгарди Артиши Миллӣ барои хизматхои намунавй ва Часорату фидокорй се нафар хизматчиёни харбй бо ордени Спитамен дарачаи 1 ва 2, бо ордени Шараф 3 нафар, бо медали Ҷасорат 7 нафар, бо медали Хизмати шоиста 3 нафар ва бо Ифтихорномаи Чумхурии Точикистон 4 нафар сарфароз гардонида шуданд[6].
Дар даврони истиқлолият аз ҷониби Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқии фаъолияти мунтазами Артиши Миллӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳайъати шахсӣ як қатор қонунҳои дахлдор қабул гардид. Барои ба танзим даровардани таъминоти мудофиавии кишвар, пеш бурдани сиёсати давлатӣ, амали гардонидани ваколатҳои мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ дар давоми 15 соли охир зиёда аз 400 қонун, фармон ва амрҳои Президент интишор шудаанд. Хамаи ин аз он далолат медихад, ки Сарвари мамлакат, асосгузори сулху вахдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон Э. Рахмон барои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ахамияти аввалиндарача дода хамачониба ѓамхорӣ мекунад.
Абдурашитов Ф.М., - сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Русия
Душанбе шаҳри калонтарини Ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Баъди Инкилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, Тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд.
Аз сарчашмаҳои таърих маълум аст, ки дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар Душанбе қалъаи мир, қозихона, дорухона, шифохона ва чойхонаҳо амал мекарданд. Мардум ба соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ ва ғайра машғул буданд.
Халқи тоҷик аз ин бохти таърихӣ руҳафтода нашуда, баҳри меъмори Душанбеи азизамон камари ҳиммат баст. Оҳиста- оҳиста деҳаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гашт. Баъди ҷумҳурии иттифоқӣ ном гирифтани он эътибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифт. Соли 1961 аз нав номи кадимааш барқаpop карда шуд.
Марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ, Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мактабҳои нави замонавӣ бунёд гардиданд.
Донишгоҳу донишкадаҳои олӣ бунёд шуданд, ки ҳазорон мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда ба хизмати халқ равона намуданд. Дар натиҷа Душанбе яке аз марказҳои бузурги илмию фарҳангии Тоҷикистон гардид.
Дар канори ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дустона зиндагӣ доранд. Онҳо аллакай ба расму русуми тоҷикон мутобиқ, гашта, дар чорабиниҳои миллӣ, мисли Наврӯз, Сада, Меҳргон, фаъолона иштирок менамоянд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣгаштааст.
Сад шукри истиқлол, ки Тоҷикистонро дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу хуқуқ-бунёду демократӣ шинохтанд, ва бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фархангӣ ва мақомотҳои давлатию ғайридавлатии мамлакатҳои хориҷӣ фаъолият доранд.
Маҳс бо талошҳову заҳматҳои беназири Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе сол ба сол рушд ёфта истодааст.
Вақте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем, гулгашту хиёбонҳои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд.
Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.
Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.
Акрамзода Рустами Ҷурахон - ходими калони илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи милии илмои Тоҷикистон
Яке аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муҳимтарин падидаҳое, ки дар Конститутсия ҳамчун асосҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ инъикос ёфтаанд, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани давлат ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол, тибқи муқаррароти конститутсионӣ дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Тавре, ки натиҷаи омӯзиши сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, таҳлили адабиёти махсуси таълимӣ ва рисолаҳои арзишманди илмӣ шаҳодат медиҳанд, интихобот яке аз қадимтарин падидаҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир низ интихобот яке аз унсурҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Вазифаи асосӣ ва муҳимтарини интихобот аз қонунӣ гардонидани ҳокимияти мавҷуда иборат мебошад. Бо роҳи гузаронидани интихобот мардум намояндагони худро барои иҷрои вазифа ва мансабҳои муайяни давлатӣ интихоб менамоянд. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.
Мо, ки имрӯз дар арафаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем, масъалаи таъмини масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагонро бобати иштироки фаъолашон дар интихобот хеле мубрам мешуморем.
Мо бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намоем ва дар самти муайян намудани дурнамои инкишофи давлатдориамон бетарафиро ихтиёр накарда, иродаи худро ба ҷонибдории номзади арзанда овози худро диҳем. Зеро бетарафӣ дар интихобот ба усули ширкати фаъоли интихобкунандагон дар интихобот мухолиф буда, баъзан оқибати ногувор низ дорад.
Масалан, тибқи муқаррароти моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихобот дар ҳавзаи якмандатии интихобот он гоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилшуда иштирок карда бошанд. Ба ҳамин мазмун моддаи 43 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» меъёр пешбинӣ намудааст.
Зоҳир шудани чунин ҳолат боиси таъйини интихоботи такрорӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки баргузории маъракаҳои интихоботӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, хароҷоти зиёдеро тақозо менамоянд. Дар сурати таъйини интихоботи такрорӣ зарурати харҷи иловагии маблағҳои буҷетӣ рӯи кор меояд, ки чунин ҳолат ҳарчанд мувофиқ ба нишондодҳои ҷомеаҳои демократӣ бошад ҳам, чандон мувофиқи мақсад нест. Зеро, агар шаҳрвандони кишвар дар интихоботи асосӣ фаъолона ширкат намоянд, пас зарурати баргузории интихоботи такрорӣ истисно мешавад ва маблағҳои буҷетӣ захира шуда, метавонанд дар соҳаҳои дигари хоҷагии халқ, махсусан самти таъминоти иҷтимоии шаҳрвандон масраф шаванд.
Дар баъзе кишварҳои демократии ҷаҳон, ба монанди Австрия, Белгия, Нидерландия, Италия, Испания ва қисми зиёди давлатҳои Амрикои Лотинӣ ба хотири таъмини иштироки фаъоли интихобкунандагон дар маъракаҳои интихоботӣ ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар намуди ситондани ҷарима пешбинӣ шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд дар самти эъмори давлати демократӣ қадамҳои устувор гузошта бошад ҳам, роҷеъ ба масъалаи мазкур усули нисбатан пешқадамтарро интихоб намудааст. Яъне ширкат дар интихоботро иҷборӣ эълон надошта, онро ба ҳайси ҳуқуқи шаҳрвандон кафолат додааст.
Натиҷаи таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳад, ки иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ дар давлатҳое бештар ба назар мерасад, ки сокинони он аз сатҳи олии маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бархурдоранд, яъне қонунгузории интихоботии кишвари худро хеле хуб медонанд, дар хусуси номзадҳо иттилои кофӣ ба даст меоранд, дарк менамоянд, ки ормонҳо ва ғояҳои сиёсиашон тавассути фаъолияти сиёсии кадом номзад ва ё ҳизби сиёсӣ татбиқ мегарданд ва дар ниҳоят раъйи худро ба ҷонибдории эшон изҳор медоранд.
Хулоса ҳар як ҷавони бонангу номуси ватан бояд дарк намояд, ки иштироки ӯ дар интихобот на танҳо нишонаи зиракии сиёсӣ аст, балки қадами аввалин ба сӯи ояндаи дурахшони миллат мебошад. Танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар равандҳои сиёсӣ мо метавонем рушди устувори кишвари худро таъмин намоем ва Тоҷикистонро ба давлати боз ҳам шукуфон табдил диҳем.
Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИ
Дар таълимоти иҷтимоӣ-сиёсии мутафаккирони тоҷик масъалаи таъсис додани артиш дар ҳама ҳолат барои давлат муҳим арзёбӣ карда мешавад. Зеро артиш муҳофизи марзу бум, таъмингари амнияту субот ва зиндагии ороми мардум мебошад. Масалан, асосгузори равияи маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна, файласуф ва мутафаккири шинохтаи тоҷик Аҳмади Дониш тартиби аскарро барои ҳар як кишвар муҳим ва ҳатмӣ мешуморад ва пешниҳод мекунад, ки сарвари кишвар бояд ҳайати артишро аз аҳли ду табақа: аҳли сайф (аҳли шамшер) ва аҳли қалам ороста дорад. Ҳайати аз аҳли қалам иборатбударо барои ҳалли низоъ, баррасии даъво, ҷамъи мол ва дигар корҳои дохилии мамлакат сафарбар намояд, аммо барои ҳимояи марзу бум, таъмини амнияту субот аҳли сайфро сафарбар ҷалб кунад. Дар баробари ин, назоратро аз болои фаъолияти онҳо қатъи намуда, тадбирҳои зерин андешад:
- аввалан, ҳайати ҳар ду табақаро ҷиҳати иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ба дӯшашон гузошта сафарбар намуда, нагузорад, ки онҳо ба кори якдигар дахолат карда, барои суботи ҷомеа монеа эҷод кунанд;
- дуюм, вобаста ба андозаи дахли кишвар ва вусъати мамлакат артиш таҳия дорад. Инчунин, сарбозу саркардагони аскар бояд ҷасур, нотарс, соҳибмаърифат, корозмуда ва аз ҳунари сипоҳигарӣ: тирандозӣ, аспсаворӣ, найзакашӣ ва ғайра огоҳ бошанд;
- сеюм, музди моҳонаи аскарияро аз хазинаи давлатӣ муайян карда, сари вақт пардохт намояд то онҳо барои таъмини ниёзҳои хонаводагӣ ба амалҳои номатлуб даст назананд;
- чаҳорум, сарбозону саркардагони ҷасуру нотарс бояд аз ҷониби подшоҳ пайваста ҳавасманд карда шаванд. Аз он наандешад, ки ӯро дар атрофи мамлакат душмане маълум нест ва дар ин замина қатъи пардохти музди моҳонаи аскария карда, онҳоро аз додани рутбаю ҳавсмандиҳои моддӣ маҳрум гардонад. Ё аз осудаҳолии мардум ва амнияти кишвар истифода бурда, аз паси пароканда гардонидани лашкария шавад. Зеро душман аз будани худ ногаҳон огоҳӣ медиҳад, аз ҷойе сар боло мекунад, ки дар он ҳол барои тайёрӣ дидан имконият даст намедиҳад.
Дар баробари ин, Аҳмади Дониш таъкид менамояд, ки саркардагони аскар бояд се сифати шоистаро доро бошанд: аввал, шуҷоат, дуюм, исобати раъй ва сеюм, таҷрибат. Яъне, ҷасур, нотарс, корозумуда бошанд, аз тиру туфанг ва обу оташ наҳаросанд ва айёми ҷанг аз таҷрибаашон истифода баранд.
Инчунин, ба ақидаи Аҳмади Дониш подшоҳ пеш аз он ки ба сӯйи лашкаре азимати ҷанг карданро мекашад, бояд чунин тавсияҳоро ба эътибор гирад:
- аввал, овозаи шурӯъи ҷангро аз тарафи номаълуме карда, баъдан ҷангро аз сӯйи дигар оғоз намояд то душман ғофилгир шуда, бенизоми дар ҳайати он пайдо шавад;
- дуюм, пеш аз омодагии ҳаматарафа ва таҳияи асбобу лавозимоти ҷангӣ ба набард оғоз нанамояд, то ҳангоми задухӯрд шиква накунад, ки фалон лавозимот кам аст ва ё намерасад;
- аскарияро ҳар рӯз бо хилъату инъом ва ваъда машғуфу масрур дорад;
- чаҳорум, аз вазъи аскар ҳамеша огоҳ бошад ва кору амали онҳоро пайваста зери назорат гирад, то онҳо аз ӯ битарсанд ва ҳадди худ нигоҳ доранд;
- панҷум, он нафаронеро ҳавасманд гардонад ва бо рутбаҳои олӣ сарафроз намояд, ки корозмудаю кордида ва ҳалиму шуҷоъ мебошанд на он тиҳимағзонеро, ки ба андак ғавғое пушт диҳанд ва лашкар бигузоранд;
- шашум, аз аҳволи душман рӯз ба рӯз маълумот ба даст орад ва нагузорад, ки душман аз ҳоли ӯ хабардор шавад;
- ҳафтум, тавонад бо душман мадоро кунад ва ба сулҳ розӣ шавад, ки оқибати ҷанг харобӣ, қатлу куштор аст;
- ҳаштум, ба назму насақи артиш аҳамияти вижа диҳад, зеро пирӯзӣ аз назму тартиби аскария ба даст меояд;
- нуҳум, ҳангоми тирагун будани ҳаво, бориши барфу борон ҷангро шурӯъ накунад, зеро номусоидии боду ҳаво зиёни ҷиддӣ ба ҳайати лашкария мерасонад;
- даҳум, аз фатҳу зафари бадастомада дарҳол хушҳол гашта, аскарияро пароканда накунад, зеро душман метавонад аз нав ҷамъ шуда, зарбаи ногаҳонӣ занад.
Воқеан, ин нуктаҳои ҷолиб на танҳо барои роҳбарони сиёсии ҷомеаи феодалии аморати Бухоро муҳим арзёбӣ мешуданд, балки дар ҷомеаи муосири башарӣ низ истифода ва татбиқи онҳо барои ҳимояи марзу бум, таъмини амният ва суботи ҷомеа аз манфиат холӣ намебошанд. Барои тартиби аскардорӣ низ метавонанд ба сифати дастури тавсиявӣ мусоидат кунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлол ва таъсис додани давлатдории миллӣ зарурат барои ташкил кардани артиши миллӣ пайдо шуд. То марзу буми кишвар, суботи ҷомеа, зиндагии осудаи ҳар як фарди бедордили миҳан - ватани азизу маҳбуб, обу хоку ҳаво, шиору ливо, ҳарфи поки садоямонро ҳимоят кунад. Зеро, бо таъкиди Пешвои миллат артиш - кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст ва хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ таъмингари амният ва зиндагии осудаи сокинони кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.
Агар ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ таваҷҷуҳ диҳем месазад зикр намуд, ки аввалин қароре, ки «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ба рӯзи 18-уми декабри соли 1992 рост меояд. Мувофиқ ба он Артиши миллӣ дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсионии кишварро эътироф мекарданд, таъсис дода шуд. Рӯзи 23-юми феврали соли 1993 бошад, дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, то ба имрӯз ҳамчун як саҳифаи дурахшон, рӯзи таърихӣ таҷлил карда мешавад.
Мувофиқ ба ин матлаб Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқен зодаи даврони истиқлол мебошад ва дар шароити ниҳоят вазнин, аввалан пошхӯрии артиши шӯравӣ ва баъдан шурӯъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нобуд гаштани Тоҷикистонро пешорӯ меовард, таъсис ёфтааст. Дар ибтидои таъсисёбӣ низ дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз Артиши шуравӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ягон кӯмаки моддӣ расонида нашуд ё аз мероси боқигузоштаи Артиши шӯравӣ артиши Тоҷикистон аз васоити техникии ҳарбию ҷангӣ бенасиб монд. Бо вуҷуди ин ҳама беадолатиҳо, нодидабиниҳо роҳбарияти ҷумҳурӣ ба такмили он, вусъат додани ҷузъу томҳояш ақлонӣ талош варзиданд, аз ҳикмати асилзодагони худ андар боби таъсиси аскардорӣ таҷриба андӯхтанд, шуҷоату мардонагиро марому мақсади ҳаёти худ ва зиндагии осудаи мардум шуморида, ба пеш барои ояндаи орому осудаи Тоҷикистон гомҳои устувор ниҳоданд.
Ҳамаи ин ҷаҳду талошҳо дар ниҳоят беасар намонд, балки самараи нек овард ва бо баробари ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҷонфидоию ватандӯстии фарзандони миллат ва марҳилаҳои баъдии рушди давлатдории миллӣ ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ба як неруи қудратманди низомии минтақа, муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осоиштаи мамлакат табдил ёфт, ки имрӯз ба Ватан ва халқи шарифи худ содиқона хизмат мекунанд.
Барои рушд ва такмили ҷузъу томҳо, таъмини артиш бо воситаҳои навини технологии соҳаи ҳарбӣ, мустааҳкам кардани пойгоҳи моддию техникии он боз зарур аст, ки тадбирҳои зерин андешида шавад:
- вобаста ба бархурдҳои ҷомеаи муосир, таҳдиду фишорҳои давлатҳои абарқударт ҳар як афсару сарбози шуҷоъ, ки ҳақиқатан сипари боэътимоди Ватан мебошанд бояд дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хизматиашон мудом ҳушёру зирак бошанд, барои устувории ваҳдати миллӣ, суботу зиндагии орому осудаи мардум ҷони худро дареғ надоранд;
- барои мардуми шарифи кишвар ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ фарзанди далеру шуҷои Ватани маҳсуб меёбад, аз ин рӯ, онҳо кушиш кунанд, ки ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор монанд ва аз боварии мардум набароянд;
- ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар даъват карда мешавад ва савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ пеш аз ҳама аз ӯ иродаи қавӣ, донишу маърифати замонавӣ ва эҳсоси садоқату самимиятро ба халқу Ватан талаб менамояд. Дар робита бо ин, бояд онҳо то давраи даъват ба уҳдадории ҳарбӣ худро ҳам ҷисман ва ҳам маънаван ташаккул диҳанд. Маърифати заруриро аз бар намоянд, аз арзишҳои фарҳанги миллӣ воқиф бошанд, бо як ё ду забони хориҷӣ муошират карда тавонанд ва дониши возеҳи техникӣ дошта, аз истифодаи дурусти воситаҳои навини технологӣ бароянд;
- аз курсҳои кутоҳмуддати омӯзишии дар қисмҳои ҳарбӣ ташкилшуда самаранок исифода бурда, аз нозукиҳои истифодаи яроқу аслиҳаҳои замонавии ҳарбӣ баҳравар гарданд. То аз онҳо мутахассисони варзидаи соҳаи ҳарбӣ тарбия ёфта, баъди адои уҳдадори ҳарбӣ ба таври шартномавӣ ҳамкории худро бо сохторҳои чузъу томи артиш идома диҳанд;
- хизмат ба Ватан мантиқан маънои ба ҷой овардани хизмати волидайн ва ҳимоя намудани марзу буми кишвари аҷдодӣ ва тамомияти арзии Ватанро дорад. Аз ин рӯ, то давраи расидани синну соли навдаъватшавандагон ба уҳдадории ҳарбӣ волидайн ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ тафаккури ватандӯстии онҳоро ташаккул диҳанд. То зимни ба даст гирифтани даъватнома ихтиёран барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар омода бошанд ва аз ҷонфидои кишвари худ будан дарак диҳанд ва ғайра.
Самиев Б.Ҷ. – мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Ҳамасола яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ, ва сипари боэътимоди Ватан мебошад, дар кишвар бо шукухи хоса тачлил мегардад.
Рӯзи Артиши миллӣ дар ҳоле таҷлил карда мешавад, ки сокинони мамлакат зери рӯҳбаланди ва таассуротҳои бузурги Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати амалӣ намудани нишондодҳо ва ҳадафҳои асосии он ҷаҳду талош намуда истодаанд. Ёдовар мешавем, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлоли давлатӣ,дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти он таҳти хатари нобуди қарор дошт.
Нахустин кӯшиш дар ин замина фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 “Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ” буд. Баъдтар 4-уми январи соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 10-уми июни соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси “Фронти халқӣ” ва 17-уми сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида бошанд, ҳам вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлоли давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид. Зеро кишвар дар шароити басо душвор ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт. Зеро дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту нарасидани озуқаворӣ, сару либос, техникаю муҳимоти ҷангӣ ва амсоли онҳо дар ҳар қадам эҳсос мешуд.
Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт. Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарор дар бораи фаврӣ ва бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба дӯши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон вогузошта шуд.
23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарби баргузор гардид ва рӯзи баргузоргардии парад, яъне 23-юми феврал – Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, мардуми сарбаланди кишварро ба муносибати 32 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадон тинҷию оромӣ, ҳаёти орому осуда ва бурдбориҳои нав ба навро таманно менамоям.
Шамсова С.С - ходими илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар тамоми суханрониҳояшон, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза ҷалб намуда, пайваста аз равандҳои пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор медиҳанд.
Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо дар Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад, яке аз сабабҳои тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардидааст, гармои шадид дар саросари ҷаҳон ва эҳтимоли баландшавии ҳарорат дар кураи Замин мебошад. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи он Хазинаи боварии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз обшавии пиряхҳо таъсис гардид, низ бо ҳамин мақсад пешбарӣ гардидааст.
Зарурати ҳифзи пиряхҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷаласаҳои қаблии Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуда буданд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ва ба ҳисоби миёна то 1 0С гарм шудани ҳарорати миёнаи солона пиряхҳо бошиддат об шуда, захираи оби тоза дар сайёра, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол кам мешавад.
Ба таъкиди олимон ва коршиносони, танҳо мутобиқшавӣ ба иқлим кофӣ нест. Мо бояд сабаби аслии онро пайдо ва нисбат ба коҳиш додани сатҳи рекордии партовҳои газҳои гулхонаӣ муносибати ҷиддӣ кунем. Гузариши сабз калиди ҳифзи пиряхҳо ва устувории онҳо ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мебошад.
Бо ин мақсад, Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул гардид. Нуктаҳои асосии Стратегия сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва офтобӣ мебошад, ки ба туфайли онҳо мамлакат ба калонтарин таъминкунандаи неруи барқ дар минтақа табдил хоҳад ёфт. Инчунин, татбиқи «иқтисоди сабз» дар саноатикунонии кишвар, ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди «нақлиёти сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Тоҷикистон иқтидори гидроэнергетикии калон дорад, вале ҳамагӣ 6 фоизи онро истифода мебарад. Солҳои охир, дар шароити тағйирёбии иқлим, ба ҳадди аксар расондани ин иқтидор боз ҳам таъхирнопазиртар шуд. Итминон дорем, ки бо амалисозии тадбирҳои болозикр истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне сад фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида, дар ин замина, аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тавреПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкид намуда буданд, мо маҷбурем, ки пеш аз ҳама бо роҳи кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, шинонидани дарахтон ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне наҷоти табиату инсоният вазъи ногувори муҳити зистро ислоҳ намуда, аз вайроншавии минбаъдаи он пешгирӣ кунем ва чораҳои таъҷилӣ ва самарабахш бинем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун ва стратегия ва барномаҳои давлатиро дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро ва рушди зеҳни сунъӣ таҳия ва қабул намудааст:
· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”;
· Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030;
· Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037;
· Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040;
· Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040;
· Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040;
· Даҳсолаи илмӣ Криосфера барои солҳои 2025-2034;
· Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия».
Дар санадҳои болозикр гуфта мешавад, ки ислоҳоти иқтисодиёти кишварро дар асоси гузариш ба технологияҳои “сабз”, ки дар, барои таъмини пайроҳаи устувори рушду тараққиёт он метавонад бештар пеш равад ва барои бадаст овардани манфиатҳои назарраси иқтисодӣ барои кишвар аз ҷиҳати илми бунёдӣ гузаронидани мониторинги пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар маҷмӯъ, коҳишдиҳии партовҳои гази гулхонаӣ мебошад.
Аз ин рӯ, гузариши сабз –ҳамчун чораҳои пешгирикунанда барои нигоҳдорӣ ва уствории ва самараноктарин роҳи ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ба «иқтисоди сабз» мебошад, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз»-ро дар бар мегирад. Инчунин, татбиқи «иқтисоди сабз» дар саноатикунонии кишвар, ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди «нақлиёти сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон зимни суханронӣдар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки рӯзи 12 ноябри соли 2024 дар шаҳри Боку баргузор шуда буд, иброз доштанд, ки мо ният дорем, ки то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳмонда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем.
Аз ин хотир, рушди иқтисоди «сабз»-ро Президенти Тоҷикистон ҳамчун роҳи мубориза бо истифодаи самараноки партовҳои истеҳсолӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва самтҳои ояндаи баромадан аз буҳрони ҷаҳонии молиявӣ-иқтисодӣ изҳор доштанд.
Маҳмад Сафаров- Ходими калони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Тибқи муқаррароти Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун як шакли муҳими сиёсати давлатӣ ва роҳнамоии ҷомеа, дар эҳёи афкори сиёсиву фарҳангии ниёгон ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ нақши калидӣ доранд. Ин паёмҳо на танҳо масоили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро дарбар мегиранд, балки ба масъалаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва ҳуқуқӣ низ аҳаммияти зиёд медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Соли 2024-ум мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.
Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст». Чи таве қайд намудем, дар Конститутсияи Тоҷикистон сохтори давлатдорӣ ва ҳукуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд моҳияти асосии онро муайян менамоянд. Дар Конститутсияи Тоҷикистон зиёда аз чил меъёр ба ҳукуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудаанд, аз ҷумла «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд» м.5, «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». моддаи 14, моддаҳои 15-47, 64,69,84,85,88,89,92 ва ғайра мебошанд.
Аммо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо чор уҳдадорӣ пешбинӣ карда шудаасту халос. Инҳо:
1. Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд (м. 42).
2. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст (м. 43).
3. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст (м. 44).
4. Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист (м. 45).
Ин уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон на ҳамеша ба таври дахлдор иҷро мегарданд ё умуман амалӣ намешаванд. Бинобар ин, мо пешниҳод менамоем, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 18-солагӣ мерасанд, махсусан барои иҷрои уҳдадории «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст», дар қонунгузорӣ то иҷро накардани ин уҳдадории худ якчанд маҳдудиятҳо пешбинӣ карда шаванд:
Шаҳодатномаи ронандагӣ дода нашавад;
Шиносномаи хориҷӣ дода нашавад;
Дипломи хатми муассисаҳои миёнаи махсус (коллеҷҳо) ва донишкадаю донишгоҳҳои олӣ дода нашаванд;
Ба хизмати давлатӣ ва дигар вазифаю мансабҳои давлатӣ ва интихобӣ роҳ дода нашаванд.
Барои бастани ақди никоҳ ба мардон иҷозат дода нашавад. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои рӯзмарраи сиёсӣ, ба шинохти мероси бойи ниёгон ва нақши онҳо дар ташаккули афкори сиёсӣ диққати махсус медиҳанд.
Тавассути паёмҳо таърихи давлатдории тоҷикон, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ эҳё шуда, ба ҷомеа ва хусусан ҷавонон эҳтиром ба гузаштаи таърихӣ талқин мешавад. Ин раванд барои барқарор намудани пайванди таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аҳаммияти калон дорад.
Ба табъ расонидани китобҳои муқаддаси «Авесто», «Қуръони маҷид» ва дастраси омма намудани онҳо, омӯзиши «Қонунномаи Сосониён» ва Эъломияи «Куруши Кабир», ба табъ расонидан ва ба ҳар як оилаи тоҷикистониён дастрас намудан китоби аълома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва эҳёи давлатдории «Сомониён» аз қабили ин иқдомҳои Пешвои миллат мебошанд, ки онҳо асоси таърихӣ, сиёсӣ фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлатдории тоҷиконро замина гузоштаанд.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ такони ҷиддӣ медиҳанд. Дар онҳо масъалаҳои марбут ба такмил ва мукаммалсозии қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқшиносӣ дар ҷомеа ва тарбияи мутахассисони соҳаи ҳуқуқ бо равияи замонавӣ ба таври васеъ баррасӣ мешаванд. Таваҷҷӯҳ ба қонунмандӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқӣ дар паёмҳо мавқеи асосӣ дорад.
Дар паёмҳо масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, таъмини адолати судӣ, мубориза бо коррупсия ва такмили низоми судӣ ва ҳуқуқӣ мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор мегиранд. Ин иқдомҳо барои рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, паёмҳо ба рушди илмҳои замонавии ҳуқуқшиносӣ мусоидат мекунанд, зеро ба мутобиқсозии меъёрҳои анъанавии ҳуқуқӣ ба шароити муосир равона шудаанд. Дар онҳо зарурати ҳамгироии анъанаҳои ҳуқуқии миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ таъкид мегардад, ки ба таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд. «Илова бар ин, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Мо соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудем ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ додем. Илова бар ин, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад.
Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад. Ман зимни вохӯриҳои худ масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид карда будам. Роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд.
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».
Дар замони муосир муҳимтарин роҳи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳои онҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бахусус донистан ва фаҳмидани самаранокии расмиёти ғайрисудӣ ва тосудии танзими баҳсҳо рафтори махсусро оид ба амалигардонии воситаҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа ташаккул хоҳад дод.
Аз ин лиҳоз тарғиби воситаву механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад. Аз ин рӯ, «Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд. Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд».
Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун як воситаи муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ дар эҳёи афкори сиёсӣ ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ нақши муассир доранд. Онҳо ба ҷомеа имконияти беҳтар фаҳмидани арзишҳои миллӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиро дода, заминаи устувор барои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд фароҳам меоранд.
Бобоҷонзода И.Ҳ., доктори илмҳои ҳукуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бахшида ба соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзу тӯли географие ҷойгир шудааст, ки кӯҳҳои осмонбӯсу сарватҳои бойи табиӣ, иқлими мусоид ва табиати зебову гуногунии ландшафташ таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ ҷалб намуда аст. Кӯҳҳои баланд натиҷаи ҳаракатҳои амудии замони алпӣ буда, омили тағйирдиҳандаи иқлим, манбаи асосии яхбандиҳои замони геологии Лахш (2 млн. сол қабл) ва муосир, инчунин шабакаи обии дарёҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Дар маҷмӯъ, 9139 пирях дар майдони 9 ҳаз. км2 зиёда аз 559 км3 оби сахтро ба худ нигоҳ дошта, 6 % -и ҳудуди Ҷумҳуриро дарбар мегирад. Бузургтарин пиряхи ҳудуди Тоҷикистон Ванҷях (Федченко) мебошад, ки 70 км дарозӣдошта, то 1000 м дорои ғафсӣ мебошад ва ҳамчун “дарахти пиряхин” зиёда аз 60 пиряхро ба канор гирифтааст. Инчунин, дар ин ҷо боз чанд пиряхи калонтарин низ ба монанди, пиряхҳои Академияи илмҳо, Корженевская, Ғармо, Ҷамъияти географҳои рус, Грамм-Гржимайло ва ғайраҳо мавҷуданд.
Марзи пиряхҳоро қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо бо гиреҳшавии қаторкӯҳҳои Петри 1, Дарвоз, Ванҷ ва Язғулом дарбар мегиранд. Дар ин ҷо қуллаи Исмоили Сомонӣ дар баландии 7495 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Яхбандии доимиро қуллаҳои баланди қаторкӯҳҳои Рӯшон, Шуғнон, Шоҳдара, Ишкошиму Вахон, инчунин Зарафшону Ҳисор, обҳои зеризаминӣ ва атмосфера нигоҳ дошта, манбаи асосии ғизогирии оби дарёҳо мебошанд.
Дар ин ҷо, инчунин як қисми пиряхҳо “кӯчанда”-ҳаракаткунандаанд. Онҳо хатарнок ва фоҷиабор (пиряхҳои Хирс ва Кашолаях) мебошанд.
Месазад қайд намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиягари асосии панҷ ташаббуси ҷаҳонии об мебошад:
1. Эълон кардани “Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза” Қатъномаи 55 Маҷмаи Умумии СММ аз20 декабри 2000, таҳти рақами 55/196;
2. Эълон гардидани солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» Қатъномаи Иҷлосияи 58-уми Маҷмаи Умумии СММ аз23 декабри соли 2003, таҳти рақами 58/217;
3. Эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қатъномаи иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии СММ аз20 декабри соли 2010, таҳти рақами 65/154;
4. Эълон гардидани солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» Қатъномаи Иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ аз21 декабри соли 2016, таҳти рақами 71/222.
Дар Тоҷикистон ду ҳавзаи дарёи калонтарин-Аму ва Сир ҳавзаи обҷамъкунандаи марзӣ-байналмилалӣ маҳсуб мешаванд. Дарёи Аму бо Афғонистон ва дарёи Сир бо Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳаммарзанд. Проблемаи об дар байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тӯли солҳои дароз яке аз масъалаҳои ҳалталаб буд ва он бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарварони ин ду давлат дар сатҳи баланд ҳаллу фасл карда мешавад.
Дарёи Иртиш аз Ҷумҳурии Чин сарчашма гирифта, Ҷумҳурии Қазоқистонро бо об таъмин менамояд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар дарёи Иртиш ҳар сол 5 км3 ҳаҷми об кам мешавад ва барои Ҷумҳурии Қазоқистон хатари экологиро пеш орад. Чуноне, ки имрӯз баҳри Арал дар чунин як фоҷиаи экологӣ қарор дорад.
Дар Осиёи марказӣ панҷ ҷумҳурии бародар - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар истифодабарии оби дарёҳои Аму ва Сир зич вобастагӣ доранд. Ин дарёҳо то солҳои 60-уми асри ХХ ба баҳри Арал мерехтанд. Ҳоло, оби ин дарёҳо ба наҳрҳои сунъӣ барои обёрӣ намудани майдонҳои пахтаву ғаллазор ва обанборҳои дигар ғайриоқилона истифода бурда мешаванд. Аз ин ҷост, ки баҳри Арал ташналаб мондааст. Майдони ҳавзаи баҳри Арал аз 70 км2 ба 30 км2, сатҳи об то ба 21 м паст фаромадаву атроф ҳама ба биёбону қамишзор табдил ёфтааст. Аҳолии атрофи баҳр зиёда аз 3 млн. нафар ба офатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ (бекорӣ, азбайнравии моҳипарварӣ, даромади пулӣ) дучор омадаанд.
Мутобиқба далелу маълумотҳои ТДМ300 дарё аз сарҳади ду ва зиёда мамлакат мегузаранд. Саволе ба миён меояд, ки оё дар байни онҳо нофаҳмиҳову муноқишаҳо ба миён намеоянд? Албатта, ин масоил ба миён меояд ва вуҷуд ҳам дорад. Ин масоил дар ояндаи наздик ҳам ба авҷи аълои худ хоҳад расид, чуноне, ки дар мамлакатҳои шарқи наздик ба миён омадааст.
Барои ҳалли ин масоил Конвенсияи Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба истифодаи оби дарёҳои марзӣ, ки соли1966 ва баъдтар бо дигар иловаҳояш дар Хелсинки қабул гардида буд, бояд риоя ва иҷро гардад. Аз он ҷумла, дар он ҷо омадааст, ки: давлатҳое, ки як қисми ҳудудашон дар ҳавзаи обтақсимкунандаи байнидавлатӣ воқеъ аст “давлатҳои байнимарзии ҳавзаҳо”-янд ва ҳуқуқи байналмилалие доранд, ки проблемаҳои экологӣ ва статуси обро якҷоя ҳаллу фасл намоянд.
Омили асосии ҳалли ин проблема аз рӯйи қоидаҳои қабулшуда бемаҳдудияти сарчашмаҳо, шинохтан ва ба эътибор гирифтани объектҳо ҳамчун ҳавзаи байналмилалӣ мебошанд.
Боиси ифтихор аст зикр намоем, ки чандин пешниҳоду таклифоти ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз он ҷумла:
· Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
· Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
· Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
· Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Ташаббусҳои созандаи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табиатро аз хатари нобудшавӣ ҳифз мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир панҷ ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳои узви СММ қабул ва эътироф гардида, мавриди амал қарор доранд.
Фарҳод Ғафуров - сарходими илмӣ, мудири лабораторияи ИГСЗТС – и АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия
Абӯалӣ Сино нобиғаи асрҳо, равшангари ақлҳо, файласуфи закӣ, шоир ва табиби мумтозест, ки то ҳанӯз олами илмро бо бузургии донишу ҷаҳонбинии фалсафӣ ва кушодани розҳои ниҳонии олами инсонӣ дар ҳайрат гузоштааст. Ӯ фарзанди фарзонаи халқи тоҷик буда, дар Бухорои шариф сарзамини аҷдодию ниёгонамон ба дунё омадааст. Абӯалӣ Сино дар бисёр соҳаҳои илмҳои замонаш то ба ҷое расидааст, ки ба унвонҳои гуногуни олии Шайхурраис, Раисулуқало (сардори оқилон) Хуҷҷатулҳак, (исботкунандаи ҳак,) ва устод, муаллим сазовор гардидааст. Баҳсу талошҳо нисбати мансубияти ӯ ба кадом халқияту миллат мутаалиқ будан чанд аср боз дар байни арабу турк ва дигар халқҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад, ки ин хеле аҷиб аст. Вале аз тарҷумаи ҳоле, ки худи ӯ навиштааст бармеояд, ки модарашон Ситорабону тоҷики Бухороӣ ва падарашон Абдулло аз тоҷикони Балх будааст. Дигар ба баҳс кашидани ин масъала, азхуд кардан ӯ бояд маънӣ надошта бошад.
Худи ӯ гӯё, ки ин даъвоҳоро ҳанӯз дар замони зиндагонияшон беасос ҳисобида, изҳор менамояд, ки :
Бупаҳрезу ҳазар мекун, мабодо ки расад бар ту,
Дами гуфтори шамшерам ва ё шамшери гуфторам.
Бузургии ӯро истифода намуда, имрӯз қавмҳои хонабардуши саҳроӣ, ки дар замони зиндагонии ӯ ҳамчун халқият вуҷуд надоштанд, даъвои мансубияти миллии ӯро доранд. Аз чӣ бошад ҳама мехоанд, ки ӯро азхуд кунанд ва Сино нафаре аз миллати онҳо бошад?
Мавриди қайд аст, ки Сино шахсияти нотакрорест, ки дар замонаш ба ҳама посухҳо ба ҷуз аз марг ҷавоб гуфта метавонист. Ин аст, ки дар тули зёда аз 1000 сол мо тоҷикон ва дигар эронтаборон ба ному нангу илму дониши ӯ ифтихору эҳтиром мегузорем. То ҳанӯз шеъри ҳазорсолаи Сино самимияту кайфияти худро гум накардааст. Сино устоди забон низ ҳаст, ки аввалин китоби дарсии “фонетикаро” навиштааст.
Академик , Мусо Диноршоев изҳори андеша доштанд, ки: Хизмати Абуалӣ Сино дар соҳаи маърифати инсонӣ , фақат иборат аз он нест, ки ӯ ба як ҷиддияти хос ташхиси илмӣ , назарияи пешгирии касалӣ ва табобати онро ба вуҷуд овардааст, балки саҳми ӯ дар он кашфиёту он идеяҳое мебошад, ки ояндаи илми тибро пешгӯӣ мекарданд.[1]
Воқеан, хизматҳои Абӯалӣ Сино дар ривоҷу равнақи соҳаи маърифати инсонӣ минҷумла дар илми тиб ва фалсафа низ хеле бузург аст.
Ӯ мавзӯи илмҳоро ба ду қисм тақсим намудааст: якум, мавзӯе, ки марбути инсон аст, монанди рафтору кирдор ва ғ. Дуввум, мавзӯе, ки қоим ба ғайри инсон баҳс мекунад, ҳикмати амалист, чун ки дар ҷомеа аз ҷумла сиёсат, ахлоқ, чӣ гуна вазифа доштани инсонро муайян мекунад.
Танҳо асарҳои ба илм тиб бахшидаи ин мутафаккир зиёда аз 40 номгӯйро дар бар мегиранд. Бояд тазаккур дод, ки аксари асарҳои тиббии ӯ ба ғайр аз “Рисолаи набз” бо забони арабӣ таълиф шудаанд. Рисолаи набз”-и ӯ бо забони модариашон иншо гардидааст.ки бисёриҳо намедонанд.
Аз 276 китоби калону хурде, ки Ибни Сино таълиф намудааст, 182-тоаш ба масъалаҳои фалсафа ва илмҳои дақиқ бахшида шудаанд. Машҳуртарин китобҳои фалсафии ӯ “Китоб-уш Шифо”, “Китоби Наҷот”, “Ишорат” ва “Донишнома” мебошанд. “Донишнома”-ро ӯ ба забони модариаш таълиф намудааст, ки он аввалин асари фалсафии бо забони тоҷикӣ-форсӣ таълифёфта ба шумор меравад.[2]
Ақидаҳои тиббии Сино дар ташаккулу инкишофи донишу истеъдоди назари ва амалии бисёр олимону фозилон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳатто дар тули асрҳои зиёд байни олимони тиббу файласуфон баҳсу мунозираҳои зиёди илмиро ба вуҷуд овардааст. Нисбати бузургию донишмандии ин ҳакими хирадманд на танҳо китобу мақолаҳои зиёд, балки бештари бузургону олимони дунё суханони неку воломақом навиштаанд.
Тарафи дигари бузургии таълимоти Сино аз он иборат аст, ки ӯ бештар ба илмҳои табиӣ ва дақиқ такя намуда, ақидаҳои таълиму тарбиявии худро ғанӣ мегардонад. Масалан, дар китоби “Қонуни тиб” ин мутафаккири борикбин баъзе ченакҳои илми варзишро бо қонунҳои асосии илми тиб мувофиқа намуда, тарбияи баданро ҳамчун илме, ки сиҳатӣ ва саломатии инсонро муҳофизат менамояд, муаррифӣ менамояд.
Ӯ вобаста ба ин дар «Уруҷуза фи-т-тиб» менависад: «Тиб асосан ҳомии саломатист. Вай касалро аз руи нишондодҳои дар бадан оризшудааш шифо мебахшад».
Бузургтарин асари ӯ “ Қонуни тиб”, ки аз панҷ китоби донишномаи тиббӣ иборат мебошанд ӯро машҳури дунё гардонидааст, ки соли 1020-ум онро ба итмом расонидааст. «Қонуни тиб» бо забони арабӣ навишта шуда, аввалин маротиба дар аср XII бо забони лотинӣ баргардонида шудааст.Баъди пайдо шудани дастгоҳи китобчопкунӣ соли 1473 ин асари бемисл бо нашрҳои чудогона дастраси оламиён мегардад. Танҳо 30 сол баъд аз ин “Қонуни тиб» зиёда аз 16 маротиба бо забони лотинӣ интишор ёфтааст.
Албатта, доштани чунин нобиға дар рӯзгор ба худ муҳиммияти хосса дорад, ки айни замон, мавриди баҳсҳои мухталиф гардидааст. Худи ба андешаи Сино, “шахсоне, ки ҳақиқату моҳияти дунёро маърифат мекунанд, покдил, шуҷоъ ва боғайратанд. Онҳоро бояд одамон ориф ва донишманд номанд”. Вале нафароне, ки дар илм ба дуруғпардозӣ гирифтор шуда, бузургони дигаронро аз худ менамоянд аз асли воқеа бехабаранд. Чунин гуфтори Сино дар бора онҳо “ дониши ақлӣ ба ҳастии ашёи ҷузъӣ муҳтоҷ нест ва ашёро бе ин ҳам тасвир мекунанд” [3] рост меояд. Аз ин бармеояд, ки даъвои азхуд намудани Шайхурраис Абуалӣ Сино дигар на мантиқ дораду на маъно. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ибни Синоро ба мансубияти миллӣ аз худ кардани бегонагон амри муҳол аст. Ӯ худаш дар ҳамон замон менависад, ки: “ турку зангӣ ғулом” аст. Пас имрӯз даъвоҳои туркона назар доштан чӣ мантиқ доранд.Аз инҷо , дар мақола чунин хулосабардорӣ када мешавад:
Аввалан, касоне, ки ӯро аз миллати худ барои бузург шуданашон даъво доранд ба онҳо иззату обрӯ ва тавоноии илмӣ орзу менамоем.Албатта офтобро ба домон пӯшида намешавад.
Дуюм, ин амали онҳо баъди соҳибистиқлолӣ барои муаррифии миллату халқияти ҷавони хеш мебошад.Магар имрӯз бо номи қотилони давру замон Чингизу Темур ва дигар бадхоҳон ифтихор доштан мумкин аст? Албатта не. Аз ин рӯ, аз худ кардани шахсиятҳои таърихии дигар миллатҳо, китобу дафтар ва фарҳангӣ онҳо ягона роҳе барои худмуаррифии дуруғини фарҳангии онҳо мебошад.
Сеюм, аз худ намудани бузургони мо аз ҷониби бегонагон ин хавфу хатар ва таҳдидҳои репутатсиониеро ба бор меоранд, ки дар айни замон, ҳамчун нерӯи нарм ба муқобили мо истифода бурда, мешаванд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёрии сиёсию фарҳангӣ дошта, арзишҳои миллии худро ҳифз карда тавонем. Мавриди қайд аст, ки аз ҷониби бегонагон азхуд намудани шаҳрҳои таърихӣ, арзишҳо ва тақлид ба расму русуми мо мисли бемориест,ки як хуруҷ мекунаду боз хомӯш мешавад. Аммо шунидану дидани ин ҳақиқати талх новобаста аз оне ки таъсири манфӣ дорад , аммо дар арсаи байналмилалӣ ва таърихи башарият паст задани авлоду фарҳанги чунин даъвогарон ва бебунёдони таърихист.
Хамин тавр, Абуалӣ Сино файласуф, донишманд ва равшангари розҳои ниҳонии илми тоҷик буда, ҳамчун фарзанди фарзонаи тоҷик ҳамеша тарғиби ақлу хирадро аз дигар андешаҳо боло гузоштааст. Ӯ ибрози андеша менамояд, ки инсон бояд фикри худро аз олоишу омезиши разилу нопок солим дорад. Ин аст, ки эшон ақлро меъёри рушду нумуи ҷомеа ва инсон донистааст. Аз ин рӯ , имрӯз дар асри ХХ1, ки дигарон ба кайҳон расидаанд, даъвоҳои кӣ аз кучост, дар куҷо ба дунё омадааст, мансубият ба кадом қавму миллат дорад? бунёде надоранд. Офтоб офтоб аст, аз нурҳои гармии он истифода баред, офтоб мллату мазҳаб надорад аз он ғизо гиред ва сад ташаккур ба модари тоҷик Ситорабону намоед, ки ӯ Синоӣ бузургро ба мою шумо ва дунё тақдим кард.
Муҳаммад Абдураҳмон,узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурғи субҳи доноӣ китоб аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фуpyғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.
Таърихи пайдоиши китоб ва пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Хулоса, бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣгардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз коғаз васеъ истифода мебаранд. Китоб асосан навиштаҷоти варақаҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри Қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазораи то мелод марбутанд.
Асрҳои миёна дар Осиё санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣаз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва нақши рӯи чӯбҳо то замони мо расида, имрӯз зиннати осорхонаҳои мӯътабари ҷаҳонианд.
Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳравшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣкитоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри Ҷомӣхеле мӯъҷаз ифода ёфтааст:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест.
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,
Ҳар лаҳза аз ӯба гӯшаи танҳоӣ,
Сад poҳaтe ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Қайд кардан ба маврид аст, ки замони салтанатии Сомониён барои рушду камолоти сухан ва анъанаии китобдори замимаҳои мусоид фароҳам овард. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣбо номи «Ганҷинаи ҳикмат» амал мекард. Хушбахтона, имрӯз дари Китобхонаҳои кишварамон ба рӯи ҳамаи ниёзмандон боз acт.
Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маьнавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухансозӣимрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.
Оре, «ганҷ магир – китоб гир» – мегуянд. Ганч агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣхоҳад монд:
Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.
Хулосаи калом ин аст, ки агар ҳар яки мо фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба китобу китобдорӣ тарбия намоем, дар ин ҳолат фарзандони мо ба хондани китоб нафрат пайдо намекунанд, варақу саҳифаҳои онро бераҳмона намеканад, болои китоб хат намекашад ва дар оянда ба он арҷ мегузоранд. Андешаҳои беасосу ботиле мисли “хондагиҳо чӣшуданд?...” низ дигар дар ҷомеаи мо роҳнамеёбанд. Яъне, китобро дӯст доштан, онро хондан пеш аз ҳама вазифаи калонсолон мебошад. Насли калонсол бо истифода аз таҷрибаи ғании рӯзгори хеш вазифадоранд ҳар як саҳифаи китобро муқаддас дониста, мавриди на танҳо мутолиа барои хеш, балки насли наврас қарор диҳанд.
Маҳмадулоева Насиба - лаборанти калони шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи ИФСҲ-и АМИТ
(дар асоси «Ахлоқи ҳасана»-и Файзи Кошонӣ)
Ахлоқи ҳамида ва замима, унсуру омилҳои пайдоиши ин ду категирия аз он масоили мубрамест, ки то имрӯз ба таври зарурӣ ва алоҳида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор нагирифтааст ва хонандаи муосир, махсусан ҷавонон дар бораи ин мафҳумҳо тасаввуроти кофие надоранд. Ба ин хотир, тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида, ки онро ҳасана низ мегӯянд дар байни насли муосир, махсусан наврасону ҷавонон ва худдорӣ намудани онҳо аз ахлоқи зишту разила аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷомеа аст.
Шахси соҳиби ахлоқи ҳамида – дорандаи фазилатҳои нек ва хӯи нек аст: илму ҳикмат, базлу бахшиш, сабру қаноатмандӣ, аъмолу рафтор ва гуфтори нек, шуҷоат, иффат, покӣ, ростгӯӣ, росткорӣ, тавозӯъ, адл, сукут ва монанди инҳо аз категорияҳои писандидаи ахлоқи ҳамидаи инсони бо фазилат аст. Дар муқобили ахлоқи ҳамида ва ё ҳасана ахлоқи разила ва ё замима меистад, ки он иборат аст: аз талх гуфтану дуруғгӯӣ, ғайбат задан, ҳасодат, кинаварзӣ, хабаркашӣ, кибру ғурур, такаббуру риё, худбинӣ, бадгӯӣ, бадбинӣ, иғвогарӣ ва ҳамчунин шаҳвату хашму ғазаби аз ҳадди эътидол баромада ва ғ…
Дар ин мақола дар бораи хашму ғазаб ва оқибатҳои бади он андешаҳои мухтасари хешро баён менамоем, ки ин ду мафҳум ҳам тарафи мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Қайд намудан зарур аст, ки агар хашм ва ё ғазаб дар ҳадди эътидол ва дар мавқеи зарурӣ аз рӯи ақли солим истифода шавад ин тарафи мусбати он аст. М.: то хашм набошад инсон наметавонад дар муқобили душмани хеш ва ё ҳайвони даранда худро ҳифз кунад. Ва баръакс агар аз ҳадди эътидол берун барояд ва бе мавқеъ аз он истифода шавад, боиси бадбахтӣ ва тавлиди дигар омилҳои ахлоқи замима мегардад, ки дар ин бора мутафаккирони гузаштаи мо ба монанди Носири Хусрав, Шамсиддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ(Асирӣ), Ҷалолуддини Балхӣ, Аҳлии Шерозӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ ва дигарон андешаҳои худро доштанд. Аз назари донишманди илму адаб ва муаллими ахлоқ дар асрҳои 16-17 Файзи Кошонӣ «…хашм – шуълаи оташест, ки дар зери хокистар махфист, ва маркази пойдоиши ин сифати разила гуштест,ки андаруни қалби инсонӣ аст ва агар қалб аз ин сифоти зишт ислоҳ шавад, тамоми аъзои бадан ҳам аз он наҷот ёфта солим мегардад…». Дар айни ҳол қалби инсон махзани нуру имон аст, яъне ба ҷои тирагиҳо, имон қавитар шавад инсон аз ғафлату ҷаҳолат дур шуда, рӯ ба ахлоқи ҳамида меорад. Хашму ҷаҳл боиси бадбахтии худи инсони ба хашм омада ва инсони муқобили он мегардад. Бинобар ин дар ҳангоми хашм инсон бояд худдорӣ намуда, сабру таҳаммулро пеша кунад ва ақли солими хешро ба кор барад, дар акси ҳол метавонад аъмоле анҷом диҳад, ки боиси пушаймонии ӯва бадбахтии шахси ба хашми вай гирифтор шуда гардад.
Файзи Кошонӣ роҳҳои аз хашм ва ё ғазаб наҷот ёфтани инсонро нишон дода, таъкид менамояд, ки ҳар гоҳшахс хашмгин шавад, дидагонаш қирмиз гардида, рагҳояш дам мекунанд. Барои аз ҳолати хашми шадид баромадан чанде аз роҳҳои дур шудани инсонро аз он раҳнамоӣ намудааст: 1. Ҳангоме, ки инсон ба чунин ҳол гирифтор мешавад, ӯпеш аз ҳама ба замин бояд бишинад, то палидӣ ва ғазаби шайтонӣ – нафсонӣ аз ӯ дур гардад; 2. Агар касе нисбат ба яке наздикони худ хашмгин шавад, ҳамон дам ба ӯ наздик гардад ва даст бар китфи ӯ биниҳад, зеро чун ба раҳми одам наздик шавад оташи хашмаш хомуш шавад; 3.То ҳадде метавонад худдорӣва дурӣ аз хашм кунад, ки ин аъмол аз омилҳои беҳбудии ин дард аст; 4.Сабру суббот, ботамкинӣ инсонро аз ҷаҳл дур намуда, ба хушбахтӣ сазовор мегардонад. Бузургон фармудаанд, ки «…ғазаб калиди ҳамаи бадиҳост». Дар ин ҷо бояд ҳамин нуктаро қайд намуд, ки қабзу басти хун ҳангоми ғазаб дар чи мизон аст: а) ҳангоме, ки фард нисбат ба шахси аз худаш пасттар хашмгин шавад ва яқин кунад, ки бар ӯ ғолиб аст, дар ин ҳолат хун дар аъзои ӯ паҳн мешавад; б) агар ин фард нисбат бар шахси неруманде хашмгин шавад ва натавонад интиқом бигирад, хун дар зери пӯсти баданаш баста шуда, ба қалб ҷорӣ мегардаду рагҳояш зард мешавад ва шояд вай ба ранҷи сахте гирифтор гардад; в) ва агар инсон ба фарде мисли худ ғазабнок шавад қабзу басти хуни ҳарду аз мизон берун шуда, дар натиҷа гоҳе рангашон ноил ба зардӣ мешавад ва изтироб дар вуҷуди онҳо рух медиҳад, ки аз паи интиқоми якдигар мешаванд.
Ҳамин тариқ, шахси хашмгин ҳамон вақт эҳсоси оромӣмекунад, ки аз аъмоли хеш лаззат барад, яъне аз ҳарифи худ интиқом гирад. Аз назари Файзи Кошонӣафроди дар хашм омадаи аз паи интиқом дар се дастаанд: 1. Ифрот – аз ҳадди эътидол берун баромадан аст; 2. Тафрит – бепарвоӣ кардан нисбати рафтору кирдори худ, беамалӣ аст; 3.Эътидол – дар ҳолати мувозинат, ё ин ки муътадил будан аст.
Гурӯҳи мардуме, ки дар роҳи тафританд, дорои қувваи интиқом набуда, ё андаке аз он қувва дар ниҳодашон мебошад. Ин тариқаи мардумро, Файзи Кошонӣ ба беғайратӣ таъбир намудааст, ки онҳо дар натиҷа номуси худро дар дасти душман мегузоранд ва тан зери бори пастфитратон медиҳанду худро ночиз мепиндоранд.Чунин фирқаи одамон аз ҳар амали зиште, ки мебинанд чашмпӯшӣменамоянд.
Дараҷаи ифроти қувваи интиқом ин аст, ки ӯ аз фармони ақлу маърифат хориҷ гардида, сар зери бори итоати онҳо дар намеорад. Дар натиҷа чунин инсон қувваи басирату фикру назари худро ба кор бурда натавониста ихтиёраш салб, яъне аз даст меравад. Дар ин ҳолат инсон на танҳо шахсияти хешро аз даст медиҳад, балки аз худшиносии ӯосор дар вуҷудаш намемонад. Шахси интиқомгиранда ин амали хешро дар муқобили интиқомшаванда диловариву мардонагӣ хаёл карда мегӯяд: «Ман касе ҳастам, ки бар корҳои муҳол хориҷ аз қонун собир нестам ва аз ҳеҷ кас таҳаммули душворӣ намекунам». Хулоса, ин гуна ашхоси ҷоҳилу аз худ ноогоҳ ин ҷумлаҳоро бо камоли ифтихор ба забон оварда ба гирдоби ҷаҳл ғутавар мегардад ва тамоми фазилатҳои инсониашро аз даст медиҳад. Чунин ашхос кару лол шуда, ҳеҷ гуна панду насиҳат дар ӯ таъсир намебахшад ва аз нури тобони ақлу маърифат бенасиб монда, онро ба дуди тираву зулмоти хашми хеш хомуш месозад. Аз ин ҷо: а) ин гуна хашм дорои осорест, ки нахуст дар зоҳири андом пайдо мешавад: рангаш тағйир ёфта, ларза дар ҷисму ҷонаш афтида, корҳояш аз таҳти ихтиёри ӯ хориҷ мешаванд; б) назму низоме дар умури ӯ ба назар наменамояд ва гуфтору кирдораш якҷоя дар изтироб буда, ба тавре, ки каф аз даҳонаш меояд; в) дидагонаш барафрухта ва аз ҳолати оддии хеш берун мешаванд; г) ҳар гоҳ одами хашмнок шакли зишташро дар ҳоли ғазаб бубинад, аз хиҷолати зиёд ғазабашро фаромуш мекунад. Аммо ин танҳо боиси тағйири ҳолати зоҳирии ӯст ва ботинаш дар ин ҳолат боз қабеҳтару кинадузтар мегардад.
Асаре, ки хашм ва ё ғазаб дар қалб мегузорад – ин ҳасодат, кибру масрурӣ, кина, бадрафторӣ, бадгуфторӣ ва амсоли инҳо аст. Яъне агар бадие ба ӯбирасад, забон ба бадгӯӣмекушояд ва агар хайре бубинад, масрур гардида, пайваста мехоҳад рози дигаронро фош кунад ва парда аз онҳо бардорад ва ҳамин тавр соири зиштиҳои дигарро содир менамояд.
Файзи Кошонӣ хашму ғазабро мазаммат намуда, роҳҳои халосӣ аз онро низ нишон медиҳад. Ба фикри ӯ инсони хашмнок қодир аст, ки худро идора намуда, ба бемории хашм беҳбудӣдиҳад ва ҳадди васатро, ки роҳи рост дар ҳама ҳолатҳо аст, пеша намояд. Бинобар ин ба назари мутафаккир «…тариқи рост бориктар аз мӯ ва бурандатар аз шамшер аст ва чун аз дарёфти он шахс оҷиз бимонад», худшиносии худро гум карда, ба бадбахтию ғурбат гирифтор мегардад. Ва «…касе, ки аз анҷоми амали нек боз бимонад, лозим нест пайваста ба кори шар(р) бипардозад.»
Кошонӣ андар хашм ва осори он бо рӯҳи инсон баҳс намуда ба суоли дигаре, ки «Оё, хашмро аз вуҷуди инсон пурра решакан кардан мумкин аст ва ё он ба таври ноаён дар он боқӣ мемонад?» - ҷавоб дода, таъкид мекунад, ки хашм дар тамоми инсонҳо вуҷуд дорад ва решакан кардани он зарурате надорад, зеро чунин амал ғайримумкин аст. Вале роҳҳои нисбатан заиф намудани нерӯи хашмро бояд ҷустуҷӯнамуд ба тавре, ки «…аз шиддати ботинӣон бикоҳад, ки асаре аз он намонад ва чунин амре ҳам ба ростӣ душвор аст». Аз ин ҷо, будани хашм дар ҳадди эътидол воҷибу зарурӣ аст.
Чунонки дар боло гуфтем мафҳумҳои ғазаб, ҳасад, ғайбату бадгӯӣ, бухл, кинаварзӣ, бадгумонӣ, хабаркашӣ, кибру риё аз сифатҳои зишти инсонӣ буда, боиси боло гирифтани ахлоқи замима бар ахлоқи ҳамида мегардад, ки ин масоил қариб диққати тамоми файласуфону орифони асримиёнагиро ба худ ҷалб намуда буд. Кулли ин масоил ҳанӯз дар таълимоти Абдуллоҳи Ансорӣ (асри Х1) баёноти худро ёфта буд. Дар фарқият аз Ансорӣ ва дигар ахлоқсароёни суфияву ирфон ва ҳамчунин аз Саъдии бузургвор, Кошонӣ на ба афоризму ривоятҳо, балки ба таърихи ахлоқи инсонӣ ва таҳлили ҷаҳони ботиниву зоҳирӣ ва маънавии худи инсон наздик шуда, тамоми сифату хислатҳои зишти инсониро дар муқоиса ба сифату хислатҳои ҳамидаи ӯ оварда, бартарию болоии якеро аз дигаре хеле равшану возеҳбаён мекунад. Ахлоқеро, ки Мулло Муҳсин Файзи Кошонӣ пешкаши инсонҳо намудааст дар тамоми давру замонҳо моҳият ва мубрамияти худро гум накарда, панд ва раҳнамоии бузурге ба башарият аст.
Муродова Тоҷинисо – н.и.фал., дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲба номи А.Баҳоваддинови АМИТ