Skip to main content

(ба муносибати Рӯзи забон - 5 октябр)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон 5 октябри соли 2019 қайд менамоянд, ки “забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”.

Аз 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ҳамин тариқ, ин сана Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд. Дар робита ба баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва рушди он 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» тасдиқ карда шуд, ки дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.

Ҳамин тавр, ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад, ки соли равон ба 33 солагии Истиқлоли кишвар рост меояд. Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни асосии давлатдорӣ миёни қавму мардуми ҷаҳон буда, дар раванди давлатдорӣ нақши муҳим мебозад. Ба ин муносибат инҷо хостем, нигоҳи кутоҳе ба нақши забону адибон дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустону Покистону Бангладеш дошта бошем, ки минтақа собиқаи таърихӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон дорад.

Мавриди зикр аст, ки кишварҳои олам бо тамаддун, фарҳанг, забону адабиёт ва донишмандону мутафаккирони худ мақому макону манзалати худро дар ҷаҳон пойдору устувор нигоҳ дошта, ба равишу усули геофарҳангиро тақвият мебахшанд. Зеро ин ҳама ба монанди нардбоне мебошанд, ки ин ё он кишвар тавассут он метавонад худро ба суи қуллаҳои баланд расонад. Ин ҳама чун сутуну пояҳои қавии кишварҳо мебошанд, ки танҳо бо ин васила арзият ва мавҷудияти таърихиро фароҳам оварда, боқӣ мемонанд. Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустону Покистон аз кишварҳое мебошанд, ки бо тамаддуну фарҳангу таърихи қадимаи муштараки худ бо Осиёи Марказӣ ба хусус Тоҷикистон шӯҳрату шукуҳ дорад.

Бояд қайд, ки Ҳиндустону Покистон аз сераҳолитарин кишварҳои дунё буда, дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ҷойгиранд, ки ҳар сол дар нимаи моҳи август ё дақиқтар 14 ва 15-уми августи 1947 истиқлолии худро дарёфт намуда, таҷлил менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки забони давлатӣ як сарвату сармояи бебаҳо мебошад. Зеро фақат тавассути ҳамин забон метавон эҳсос ва фикру андешаҳои худро хубу ифоданок иброз намуд. Дар воқеъ забон ойинаи пурҷило, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор рафта, он дар фарҳангу тамаддуни халқу миллати мо - тоҷикон чун зербинои худшиносиву ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он ба шумор меравад. Зеро ин забон бо шеваҳои зебову ширинаш заминаи донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии қавму миллатҳои гуногуни ҷаҳон ба хусус Шибҳи Қораи Ҳинд нақши таърихсоз бозидааст. Тибқи баррасиҳо забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои бостонист, ки то ба имрӯз дар марказу шуъбаҳои донишгоҳҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди он ки Ҳиндустону Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон ҳамсарҳад набуда, балки мардумони ин сарзамин аз давраҳои гузашта бо ҳам равобит ва пайванди муштараки қавӣ доштанд, ки дар он саҳми шоирон, адибону нависандагон назаррас мебошад. Бояд зикр кард, ки ҳамаи муносибатҳо дар заминаи тамаддун, забон, фарҳанг ва тиҷорат сурат мегирад, ки то имрӯз идома дорад.

Ин буд, ки бештари донишмандони Осиёи Марказӣ ба хусус Тоҷикистон ба ин сарзаминҳо сафар карда, забону адабиёти тоҷикиро бо нашри девону осори пурарзишашон ҳифз карда, ташвиқу тарғиб намуданд. Имрӯз ин сарзаминҳо саршор аз шахсиятҳост, ки осорашон то ҳол дар китобхонаву марказҳои илмии онҷо маҳфузанд. Ҳамин тариқ, шаҳрҳо ва маҳаллаҳои гуногуни ин манотиқ ба монанди Деҳлӣ, Агра, Тӯғлақобод, Муршидобод, Колкатта, Лоҳур, Мултон, Пешовар, Кашмир, Ҳунза, Гилгету Свот аз ҷойҳое мебошанд, ки шахсиятҳои донишмандон аз қабили Мирзо Ғолиб, Мирзо Абдулқодири Бедил, Амир Хусрав, Низомиддин Авлиё, Масъуди Саъди Салмон, Саид Шоҳ Фатҳи Алии Вайсӣ (1816-1886) чун ёди ёрони меҳрубон ба хотир меоварад, ки файласуфи Шарғу Ғарб Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ шефтаи забону адаби онҳо шуда, дар васфашон чунин сурудааст:

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Дар ин зимн, Муҳаммад Иқбол аз ҳунару маҳоратҳои ин донишмандон низ ёдоварӣ намуда чунин таъкид намудааст:

Буд меъморе зи иқлими Хуҷанд,

Дар фани таъмир номи ӯ буланд....

Бо чунин эҷодиёт ва маҳоратҳо донишмандону ҳунармандон тавонистанд минтақаи Осиёи Ҷанубиро ба як макони таърихӣ бо доштани тамаддуну дину фарҳангҳои рангоранг табдил диҳанд, ки осорашон то ба имрӯз боқӣ мондааст. Ҳамаи ин донишмандон аз касоне буданд, ки барои давлатмардони даврони худ чун мушовири умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ машварату маслиҳатҳои муфид доданд, ки дар натиҷаи хадамоти илмии онон корҳои давлатдорӣ хело хуб анҷом меёфт.

Ҳамин корҳои шоиставу накуи онҳо мебошад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин донишмандон ҳамеша арҷгузорӣ намуда, зимни сафари худ ба Ҳиндустон дар соли 2006 аз марқади шоири ширинзабони тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил дидан намуд. Дар ин зимн, Президенти кишвар зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ иброз доштанд, ки мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст[1].

Мавриди зикр аст, ки забони тоҷикӣ тибқи сарчашмаҳо дар сарзаминҳои Осиёи Ҷанубӣ беш аз 600 сол ё дақиқтар аз соли 1203 то соли 1837 забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ маҳсуб ёфта, ба ҳайси забони гуфтугӯи байни миллатҳо мавриди истифода қарор мегирифт. Ҳамин тариқ, он на танҳо забони аҳли дарбор, балки забони адабиёт, сиёсат, маориф ва мақоми иҷтимоӣ дар Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш маҳсуб меёфт ва ё ба қавли Ҳофизи Шерозӣ.

Шакаршикан шаванд, ҳама тутиёни ҳинд,

З-ин қандӣ порсӣ ки ба Бангола меравад... нақш калидӣ бозидааст.

Дар ин зимн, ахиран ҳукумати Ҳиндустон забони форсӣ-тоҷикиро дар доираи сиёсати нав оид ба маориф ба феҳристи забонҳои классикии Ҳиндустон шомил намуд, ки то ин замон забонҳои тамилӣ, санскрит, каннада, телегу, малаялам ва ория ба он шомил будаанд.

Тибқи сарчашмаҳо дар заминаи ҳамин забони ширину шевову форам дар ин сарзамини сермиллат забони урду эҷод шуда, вожаҳои зиёде ба забонҳои дигар аз ҷумла панҷобӣ, синдҳӣ, банголӣ, гуҷаратӣ ва кашмирӣ таъсир гузаштанд, ки имрӯз бо ҳар кадоми ин забонҳо миллионҳо нафар гуянда дорад.

Дар асри XVI донишмандони зиёди форсу тоҷик аз Эрону Афғонистону Мовароуннаҳр инҷо даъват шуданд, то дар омӯзиши забону адабу ҳунар ба мардум кӯмак расонанд. Ҳамин тавр, тавассути ин бузургони адаб забони тоҷикӣ на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар деҳот низ паҳн гардид ва то дараҷае шуҳрату маъруфият пайдо кард, ки ба андешаи муҳаққиқ Музаффар Алам наздик буд мақоми забони якумро ишғол намояд. Дар тӯли таърих ин забон дар соҳаҳои маориф, адабиёт, мақомоти судӣ ва мавзеъҳои ҳукмронии ҳокимон аз ҷумла дар Ҳайдаробод то соли 1884 мақоми расмӣ истифода мешуд. Дар ин зимн, мансабдорону коргузорони англистабор дар коллеҷҳои таъсисдодаи инҷо забони тоҷикӣ омӯхта, ба дараҷаи профессорӣ расиданд. Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ миёни аҳли илму адаби Ҳиндустону Покистону Бангладеш нуфуз пайдо карда, тавассути Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо истифода аз заковат ва осори пурғановаташ дар эҳёи забону адаби тоҷикӣ дар инҷо пардохта, мувафаққиятҳои шоёне ба даст овард, ки то ба имрӯз боқӣ мондааст.

Ҳамин тариқ, то ба имрӯз дар марказу шуъбаҳои донишгоҳҳои Ҳиндустону Покистон ин забон мавқеи шоиста дошта, дар радиоҳои инҷо ба ин забон барнома таҳия мекунанд. Дар Донишгоҳи Панҷоби Покистон таълими забони форсӣ-тоҷикӣ дар соли 1870 бо таъсиси Коллеҷи шарқӣ оғоз шуда дар соли 1922 дарсҳои зинаи болоӣ аз ҷумла магирстратура (М.А) ба роҳ монда шуданд. Зимнан дар Донишгоҳи Сринагари Кашмир аз соли 1969 маҷаллаи «Дониш» ба забони тоҷикӣ нашр мешавад.

Дар ин даврони тӯлонӣ китобу дастхатҳои зиёде нивишта шуд ва садҳо шоирону орифон шеъру ғазалҳои худро эҷод карданд, ки то имрӯз дар баъзе китобхонаву марказҳои манотиқи Осиёи Ҷанубӣ ва Бенгал нигоҳдорӣ мешаванд. Дар шаҳри Колкаттаи Ҳиндустон 5 то 6 рӯзномаҳои тоҷикӣ бо шумули "Султон-ул-ахбор" ва "Дурбин" дар миёнаҳои асрҳои 18 ва охирҳои асрҳои 19 мураттаб нашр мешуданд, ки арзишу шуҳрати забони тоҷикиро дар минтақа нишон медиҳад. Тибқи маҷаллаи Анҷумани дӯстдорони адабу забони тоҷикӣ, ки бо ташаббус ва дастгирии устоди забон ва адабиёти тоҷикӣ Доктор Муҳаммад Исҳоқ (1898-1969) анҷумани мазкур барои рушду нумӯи адаб дар соли 1944 таъсис додааст, аввалин маротиба рӯзномаи "Мирот-ул-ахбор" дар шаҳри Калкутта дар санаи 1822-23 зери роҳнамоии Раҷа Рам Моҳан Рой ба чоп расид. Ҳафтаномаҳои тоҷикии «Ҳиндустон» (1810), «Мирот-ул-ахбор» (1822), чун намунаи беҳтарин метавон ҳисоб намуд.

Аз ҳамон сол то имрӯз Анҷумани мазкур чун яке аз машҳуртарин маркази озодандешманди адабии Ҳиндустон ҳаст, ки аъзоёни он аз ҳама қишрҳои ҷомеа буда, барои рушд ва нумӯи адабёт,забон,фарҳанг ва илм бо гузаронидани семинару маҳфилҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолият мекунад. Бояд зикр кард, ки он дорои утоқи коллексияи шахсии Доктор Муҳаммад Исҳоқ, толори китобхонӣ ва маҳфилу семинарҳои илмӣ ва китобхонаи арзишмандест, ки саршор аз китобу дастхатҳои нодир, қадима ва муосир ва маҷаллаи илмӣ ду забона (англисӣ ва тоҷикӣ) зери унвони “Индо-ироника” мебошад, ки муҳаққиқон метавонанд аз он истифода намоянд. Анҷумани мазкур ба даври доим семинару чорабиниҳои илмӣ бо забонҳои англисӣ, ҳиндӣ, урду ва тоҷикӣ мегузаронад, ки аз дастовардҳои пажӯҳишии он маҳсуб меёбанд.

Бо ташаббусҳои хубу олии шоир ва қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода адибони маъруфи Ҳиндустону Покистон ба хотири арҷу эҳтироми бузургони адабу забон ва ворисони онҳо ба Тоҷикистон ташриф меоварданд. Ҳамин тариқ, донишмандон бо адибон ба хусус Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар ва дигарон робитаи адабӣ ва дӯстӣ барқарор намуда, чун рӯйдоди муҳими фарҳангӣ дар рушди дипломатияи фарҳангӣ миёни ин кишварҳо маҳсуб меёбад.

Дар воқеъ, Мирзо Турсунзода бо асарҳояш аз ҷумла «Қиссаи Ҳиндустон», «Аз Ганг то Кремл», «Садои Осиё» тавонист пайванди адабу забону фарҳанро бо олимону шоирони муборизи меҳанпарасти Ҳиндустону Покистон чун рамзи дӯстии миёни тамоми халқҳои ин кишварҳоро фароҳам созад. Барои бозҳам нигоҳ доштани ин пайвандҳои илмиву адабӣ донишманду давлатмардони кишварҳоро зарур аст, то рафту омадро байни марказҳои илмӣ таҳким бахшида, омӯзишу ҳифзи дастҳои қадимаи тоҷикӣ муштаракона роҳандозӣ намуда, курсҳои омӯзишии мавсимӣ моделҳову саноатҳои пешрафтаро миёни ҳам мубодила намоянд. Ҳамин тариқ, миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанду Кулобу Хорӯғу Лоҳуру Пешовару Деҳливу Калкуттаву Муршидобод, Ҳайдарободу Агра хатсайрҳо ташкил намоянд, то равобити дипломатияи фарҳангӣ бештар тақвият ёфта, тиҷорату сайёҳат баҳри осоиштагии мардумони якдигар рушд ёбад.

Хулосаи калом, минтақаи Осиёи Ҷанубӣ хусусан Ҳиндустону Покистону Бангладеш бо донишмандони бузурги тоҷик чун устоду омӯзгор аз шахсони фозилу равшанзамиру барнодил мебошанд, ки осори онҳо то имрӯз боқӣ мондааст. Бояд таъкид намуд, ки ин ҳама бузургони адабу забон чун муаллими башар дар тарбияи маънавии инсонҳо нақши муассир дошта, боиси эҳтиром ва шаҳомат гардидаанд. Ин ҳама бузургони забону адаб дар фурӯғу равнақи забону адаб ва ҳунару меъморӣ нақши таърихӣ гузоштаанд. Ҳамин тариқ, ташрифи олимон, коршиносон ва роҳбарону намояндагонии ин кишварҳо нишони дӯстӣ ва ҳамгироиро таҷассум намуда, заминаро дар таҳкими муносибатҳои ҳасанаи миёни кишварҳо дар партави рушди дипломатяи мардумӣ фароҳам хоҳад овард. Ҳамин тавр, бо эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мо донишмандонро зарур аст, то бештар ба мақому мартабаи бузургони забону адаб таваҷҷӯҳ намуда, заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоӣ, санаду қонунҳо, нақшу арзиши забони давлатиро, ки аз сарвати бебаҳои миллат маҳсуб мешавад, арҷ гузошта, дар рушди геофарҳангӣ саҳми сазовор гузошт.

Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёти истифодашуда:

1.Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ омодагӣ мебинанд//https://khovar.tj/2024/09/dar-dushanbe-baroi-ta-lili-r-zi-zaboni-davlat-omodag-mebinand/

Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ маъруф ба Мавлоно аз машҳуртарин шоири тоҷиктабори қарни ХIII ва аз бузургтарин чеҳраҳои адаб ва ирфон буда, нуфузи ӯ фаротар аз марзҳои милливу тақсимоти қавмӣ аст ва шеъри ӯ ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст.

Маволоноро бо номҳои Балхӣ ба хотири зодаи сарзамини куҳану тамаддунхез будан, Румӣ ба хотири замоне дар Рум (Анатолия) зиндагӣ кардан ёд мекунанд. Дар авоили қарни ХХ муҳаққиқон сари зодгоҳ ва мансубияти миллии ӯ баҳсҳое оростанд. Аз ҷумла адабиётшинос Бадеъуззамон Фурӯзонфар, олимони амрикоӣ Колман Бракс, Бред Гуч, Франклин Люис зодгоҳи Мавлоно ва хонаводаи ӯро аз Вахшонзамин гуфтаанд. Зимнан Мавлоно ҳам дар дафтари чаҳоруми “Маснавии маънавӣ” аз ин ноҳия ёд мекунад:

Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,

Дар дурахше кай тавон ёфт сӯи Вахш.

Дар остонаи ҷашни Наврӯзи соли 1401 (2023) донишманди маъруф аз ҳавзаи тамаддунии муштарак дар фазои маҷозӣ навишта буд, ки “хеле зуд Мавлавӣ ҳам мешавад тоҷику забонаш ҳам тоҷикӣ!” ва бо сароҳат ба тоҷикон хитоб кард: “Мавлавӣ аз шумост, аз шири модар ҳам ҳалолтар барои он ки ба номи ӯ ҳамчун дигар номҳои баланд ҳурмат мегузоред” (21).

Мавлоно аз вожаи тоҷик борҳо ёд кардааст ва дар ин бора мавлонопажуҳ Хуршед Зиёӣ мегӯяд: “Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ бо сабаби он, ки айёми кӯдакию наврасии худро дар байни тоҷикони Вахшонзамин, Балх ва Самарқанд гузаронидааст, ба зумраи он шоироне дохил аст, ки беш аз дигарон вожаи тоҷикро дар меросашон истифода намудаанд” (4.103). Мавлоно дар ғазали шумораи 1385 “Девони Шамс” мегӯяд:

Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,

Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам.

Мавлонопажуҳи маъруф Карими Замонӣ шарҳи вожаи тоҷикро тариқи зайл додааст: “мусалмонони аам аз араб ва эронӣ” (3, 137), аммо андешаи “аам аз эронӣ” будани тоҷик боиси таассуф ва то куҷо сиҳҳат доштани ин андеша аст. Аммо ба андешаи Х.Зиёӣ вожаи тоҷикро Мавлоно дар нисбати тамоми мардуми ориёии минтақаҳои муосири Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон ба кор бурдаанд (4).

Дар атрофи мансубияти этникии Мавлоно чунон ки мушоҳида мешавад, назарҳои мухталиф ва бархурди андешаҳо миёни муҳаққиқон ҷой доранд ва ба қавли худи Мавлоно “ҳафтоду ду миллат нафйи ҳамдигар мекунанд” (21).

Мавлавипажуҳи тоҷик Хуршед Зиёӣ беҳтарин андешаро дар мавриди ин мабоҳиси бепояву бунёд баён мекунад, ки метавон бо қавли эшон ба ин баҳсҳо хотима гузошт: “Бояд таъкид дошт, ки румӣ, балхӣ ё аз минтақаи дигаре будани Мавлоно, ё ба кадом миллату халқ ё қавм тааллуқ доштани ӯ имрӯз муҳиммияте надорад, зеро мутафаккир бо афкори ҷовидонааш шаҳрванди тамоми олам ва ҳамватани тамоми оламиён гаштааст...” (4,99).

Айнияти гуфтори Мавлоно ва ба кадом марзу бум мансуб будани ӯро бояст дар осорош ҷӯё шуд. Осори Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ чаҳони маънавиеро монад, ки бо ғановату рангинии худ ҳаводоронашро қарнҳо боз мутаассир кардааст. Мавлоно дар боби фавоиди маснавиаш мегӯяд: «Покизатарини меваҳост барои касе, ки бичинад ва дар он бузургтарин орзуҳо ва хосторҳоро метавон ёфт» (21). Ҳар хонандае, ки “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоноро варақгардон менамояд, дар як ҷаҳони маънавӣ сайри маърифату дониш менамояд, аз ин дарёи хираду фазилати инсонӣ дурдонаҳое бармечинад. Сухани Мавлоно “пайдову пинҳон аст, зеро сухан мағзи мағз аст, на сухан пӯсти пӯст ва аз мағзи мағз, сиҳҳат ҳосил ояд” ва ин сиҳҳатии ҳосилро бояст аз сухани ӯ ҷӯё шуд (21).

Ба андешаи адабиётшинос Х.Шарифов “Дар сухани Мавлоно се чизи муҳим аст, ки бо мавқеи инсон дар ҳастӣ ва мақсади вуҷуд пайванд меёбанд: 1) сӯз, сӯхта ва сӯхтагон; 2) васлу ҳиҷрон ё ҳиҷрону васл; алфозу гуфтор; 3) олами маънавӣ. Шаҳомат ва бузургии сухани Мавлоно дар ҳамон алфозу таъбироти ба назари донишмандон тоза, ки мабдаи аксар лаҳҷаи хуросонии форсӣ буда, қисме ҳам ба тақозои мавзуъ сохтаю бофта шудаанд, айнияти гуфтор ва сабки гуворои Мавлоноро ба вуҷуд овардаанд”, ки аз фарҳанг ва гуфтору муҳити хонаводаву зодгоҳ сарчашма гирифтааст (16,148-163 ), ки намунаи возеҳи онро дар абёти зер мебинем:

Чун касеро хор дар пояш ҷаҳад,

Пои худро бар сари зону ниҳад.

В-аз сари сӯзан ҳаме ҷӯяд сараш

В-ар наёбад, мекунад бо лаб тараш...

Осори Мавлоно саршор аз вожаву таркибу таъбироти гӯйиши тоҷикиву одобу русуми мардумони тоҷик аст. Дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” омадааст: “Мавлоно парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, ашъори ӯ саршор аз таъбиру калимаҳои хоси ин диёр ва забони тоҷикист” (10). Мавлоно забони порсии хешро чунин ситоиш мекунад:

Ишқро худ сад забони дигар аст,

Порсӣ гӯ, гарчи тозӣ хуштар аст.

Гарчи з-ин ғофиланд ва дар хобанд

Форсӣ гӯ, ки ҷумла дарёбанд.

Далели ба забони форсии мовароуннаҳрӣ эҷод кардани Мавлоно порае аз шеъри машҳури “Тӯтӣ ва баққол”-и ӯст:

Кори поконро қиёс аз худ магир,

Гарчи монад дар набиштан шер шир.

Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ нест,

Кам касе з-абдоли ҳақ огоҳ шуд.

Муҳаққиқони эронӣ ин байтро чунин тавзеҳ додаанд: дар порсии замони Мавлоно шири хӯрокиро ба ҳамин сурати имрӯзӣ талаффуз мекарданд, вале шери дарандаро бо ی-и маҷҳул, яъне шер талаффуз мекарданд, аммо китобати ҳар ду яксон буд. Ҳоло он ки дар забони тоҷикии муосир ҳанӯз ҳам чунин талаффуз риоя мешавад ва ин нуктаро мавлонопажуҳ Карим Замонӣ низ таъйид мекунад.

Вожаҳои форсии мовароуннаҳрии “Маснавии маънавӣ” дар забони тоҷикии омиёна имрӯз корбурди фаровон доранд, ба монанди ожанг, эзор, бар (ҳосил), булуқ (овози об), бурё, бед, потоба (пойпеч), пор, порин (соли гузашта), палос (гилем), пес (лакаҳои сафеди пӯст), чиркин, чаридан (парвариш), ҳашар, хез, роғ, шӯридан, шишак (барраи шашмоҳа), карбос, калон, кулича (нон), кӯса (камриш), наск, мумсик, нокас, ношуста, додар, кал, кулича (кулча, нон), кампирак, атласпӯш, ҷигарбанд, даҳкаса, чаҳормех (пойбанд), кисабур каҳдон (охур). Намунаи чанде аз вожаҳои омиёнаи серистеъмоли тоҷикиро, ки дар забони форсӣ камкорбурданд, бо тафсири онҳо аз китоби “Шарҳи ҷомеъи “Маснавии маънавӣ””-и Карим Замонӣ барои муқоиса ва тақвияти андеша дар зер оварда мешаванд:

Додар– “бародар, дӯст. Аз луғоти форсии мовароуннаҳрист” (7,167).

Талх хоҳӣ кард бар мо умри мо,

Кай бар ин медорад эй додар туро. (7, 116б)

Кал - качал

К-аз чӣ эй кал бо калон омехтӣ,

Ту магар аз шиша руған рехтӣ. ( 7,11)

Ток – дарахти ангур

Одам аз хокаст, кай монад ба хок,

Ҳеч ангуре намемонад ба ток. ( 21)

Кисабур – дузд, ҷайббур

Гуфт ӯ аз баъди савгандон пур

Ки наям ман хонасӯзу кисабур. (21)

Кампирак – пиразан, аз ҷузъи кам+ пир ва пасванди тасғири –ак.

Аз қазо кампираке ҷоду ки буд,

Ошиқи шаҳзода бо ҳусну ...

Даҳкаса – “даҳ нафар, даҳ баробар” (3,155). Бо ин фикри муаҳаққиқ К.Замонӣ, яъне “даҳ баробар” наметавон розӣ шуд, зеро ҷонишини кас ишора ба инсон аст.

Мешавад з-илҳомҳову васваса,

Ихтиёри хайру шарт даҳкаса. (21).

Таркибҳои фразеологии дастак задан(каф задан), пой кашидан (бозкашидан, боздоштан), ҷигар сӯхтангарав бастанношуста рӯ (қалби нопок дошта) имрӯз низ корбурди фаровон доранд.

Дар «Маснавии маънавӣ» луғоте мавҷуд аст, ки дар гӯйишҳои чанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ маҳфуз мондаанд, аз ҷумла: хик, хав (кардан), калопеса, таф, тос, навола, тоса, ҷул, лоғ, лаванд.

Дард доруи куҳанро нам кунад,

Дард ҳар шохи малуле хав кунад (7, 668).

Ин чӣ мегӯӣ дуо чӣ буд маханд,

Бар сару риши ману хеш эй лаванд. (21)

Қидмати забони тоҷикӣ дар гӯйишҳову лаҳҷаҳои маҳаллӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Пажӯҳишгарони шеваҳои забони тоҷикӣ мегӯянд, ки гӯйиши ҷанубӣ аз шеваҳои архаистиест, ки дар таркиби худ калимаҳои зиёди қадимиро маҳфуз доштааст ва ба қавли Парвиз Нотили Хонларӣ: «тоҷикон забон ва одоби худро ҳифз кардаанд» (14; 292).

Дар ганҷинаи гӯйишҳои забони тоҷикӣ чунин вожаҳо зиёданд, ки айни ҳамон сохту маънои дар “Маснавии маънавӣ” корбаст шударо доранд: пушта (теппа), пагаҳ (пагоҳ), пирхар (харидор ва толиби пир), табақ, вағо (доду фарёд), вағ-вағ кунон (доду фарёд), ҳанг (қудрат, тавоноӣ).

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фарзонафарзанди миллати тоҷик ва аҳли башар мебошад, ки бо забони шевову гуворои модарӣ, забони аҳли шимоли Хуросони таърихӣ – гӯйиши порсии хуросонӣ асар офаридааст. Далели ин нукта ҳамоно мавҷудияти вожаҳои нобу асили осори Мавлоно дар ин густараи таърихӣ роиҷбуда мебошад, гарчанде дар шумори андаке аз ин вожагон тағйироти маъноиву сохториву овоӣ мушоҳида мешавад ва ба қавли Мавлоно:

Мусалмонон, мусалмонон забони порсӣ гӯям,

Ки набвад шарт дар ҷамъе шакар хӯрдан ба танҳоӣ.

А Д А Б И Ё Т

1.Гуч Б. Асрори Мавлоно. Зиндагиномаи шоири сӯфии ошиқ. – Душанбе: ЭР-Граф, 2022. – С. 21.

2. Ғисуддин Муҳаммади Кошифӣ. Ғиёс-ул-луғот.Ҷ.I.II III-Душанбе:Адаб, 1987.

3. Замонӣ К. Шарҳи ҷомеъи “Маснавии маънавӣ”. Ҷ. 7-Теҳрон: Иттилоот, 1400.- 916с.

4. Зиёӣ Х. Мавлоно ва мавлавия.- Душанбе: Дониш, 2022.-334с.

5. Ирано-таджикская поэзия. Библиотека всемирной литературы. Серия первая, том 21. — перевод В.Державина. – М.: Издательство «Художественная литература», 1974. — С.127-186)

6. Қосимова М. Чор унсур: маъниофаринӣ, калимасозӣ. - Душанбе, 2007 -113с.

7.Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ Маснавии маънавӣ (бар асоси матни Николсон).-Теҳрон: Нашри Замон, 2001. -728 с/абёти баъдӣ аз ҳамин нусхаи асар оварда шудаанд.

8. Маҳмудов М.,Чӯраев Ғ. Луғоти шеваҳои забони тоҷикӣ.-Душанбе, 1997-287с.

9.Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн.-Душанбе,2006.-168 с.

10.Раҳмон Э. Забони миллат – ҳастии миллат.-Душанбе, 2017.-

11.Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ.- Душанбе, 2012.-946с.

12.Фарҳанги забони адабии тоҷик. Ҷилди 1 ,-Москва: Советская энциклопедия 1968 - 951с. Ҷилди 2-Москва: Советская энциклопедия 1969-949

13.Фарҳанги мухтасари Шоҳнома.-Душанбе:Адаб, 1992-492с.

14. Хонларӣ П.Таърихи забони форсӣ.Ҷ.1-Теҳрон:Фирдавс,1377.

15. Ҳасанов А. Унсурҳои луғавӣ ва сарфию наҳвии осори садахои X -ХIII дар гӯиши шимолӣ - Хӯчанд: Нури маърифат .2003-254с.

16. Шарифов Х. Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ. - Душанбе: Адиб, 2012. – 352 саҳ. – С.).

17. Ҷӯразода Ш.Хусусиятҳои лексикӣ-грамматикии Маснавии маънавӣ-и Ҷалолуддани Румӣ-Душанбе. 1998- 145с.

18. ЭшниёзовМ. Диолектологияи тоҷик.-Душанбе, 1977-113с.

19. Lewis D.F. Rumi. Past & Present, East & West. The Life, Teaching & Poetry of Jalal al-Din Rumi.- С. 42.

20. Баркс К. Суть Руми /https: //royallib. com/ book/ barks_ kolman /sut _rumi .html (санаи мурољиат: 14.10.2022).

21.Ёҳақи М. https://www/instagram.com/p (муроҷиат 10.02.2024)

21.https://ganjoor.net (муроҷиат 10.02.2024)

22.https://vajehyab.com (муроҷиат 10.02.2024)

23.https://vazhaju.tj. (муроҷиат 10.02.2024)

Шарифзода Фарангис Худоӣ - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Сирри Худо, ки орифу солик ба кас нагуфт,

Дар ҳайратам, ки бодафурӯш аз куҷо шунид.

Хоҷа Ҳофиз

Зиёда аз ҳаштсад сол қабл, санаи сиюми сентябри соли 1207-и мелодӣ дар шаҳри тоҷикнишини Балхи куҳан, ба он башорате, ки Худованд дар Қуръони Маҷид дар сураи Юнус, ояи муборакаи 62 додааст: «-Ало инна авлиёаллоҳи ло хавфун ъалайҳим ва ло ҳум яҳзанун («-Огоҳ бош, ба дурустӣ, ки бар дӯстони Худо ҳеҷтарс нест ва онҳо андӯҳгин нашаванд»). Дар кулбаи фақиронаи фарзанди арҷманди миллати куҳанбунёди тоҷик Ҳазрати султонулуламо Шайх Баҳоулвалад офтоби тариқат ва ҳақиқату маърифат, маҳбуби раббонӣ Қутбулақтоб Ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣдида ба ҷаҳон кушод, ки тавлиди ин тифли муборакқадам оламро нури ирфону маърифат бахшид, ки муборак аст.

Суоле матраҳ мешавад, ки оё Мавлоно Ҷалолиддини хурдсол аз кӯдакӣ ғарқи ангезаҳои маънавию ирфонӣ буд, ё дар овони камолоти ӯ, дар синни 40-солагиаш ба ӯ аз Шамси Табрезӣ насиб гардида буд?

Барои посух ба ин суол нахуст рӯ меорем ба ҳамон қитъаи машҳури:

Ҳеҷкас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷоҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷдоное нашуд Мавлои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Мавлонои кӯчак ва хурдсол то дидор ва мулоқоташ бо вуҷуди мубораки Шамси Табрезӣ меваи расида буд, вале ҳоло ширин набуд ва гармию рӯшноии офтоби маънавӣ- Шамси Табрезӣ меваи расидаро бо нури ирфонӣ пурра ширин намуд, ки зиёда аз 800-сол аст, ки лаззати ширинии маънавии меваи боғи Шамс ва вориси Шамс – Мавлонои Балхӣкоми аҳли назарро ширин ва қалбҳоро дармон мебахшад. Ҳар фарде лоиқи суҳбат ва хилвати Шамси Табрез набуд. То мулоқот бо Шамси ТабрезӣМавлонои Балхӣ дар овони кӯдакӣва навҷавонӣдар хонадону ҳалқаи сӯфиён ва машоиху уламои оламшумули силсилаи кубравия ба камол расид. Маҳз таълимоти тариқаи олиаи кубравия буд, ки Мавлонои Балхиро тарбият ва то ба мулоқоти Шамси Табрезии Кубравӣмушарраф шудан бурда расонд:

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Мавлонои Балхӣ аз овони хурдсолӣ зери ҳимоят ва сарпарастии бевоситаи падари бузургвораш Шайх Баҳоулвалади Кубравӣ сарчашмаҳои улуми ислому ирфон, шариату тариқат, таъриху фарҳанг ва ҳикмати тамаддуни хешро ба шоисатгӣ фаро гирифт. Ҳанӯз дар овони хурдсолӣМавлонои закитабъ дар ҳавзаи илму ирфони шаҳри Балх бо пурра аз худ намудани Қуръони Маҷид, илми тафсир, илми Ҳадис ва ҳозирҷавобию зуҳду парҳези аҷибу чун малоик ғарқи нури маърифат будани хеш, ҳамаро дар ҳайрат гузошта буд. Ва бино ба шаҳодати тазкираҳо ва маълумоти Аҳмади Афлокӣ дар овони хурдсолии хеш Мавлоно ба суолҳои бузургсолони аҳли илму ирфон ҷавобҳои қонеъкунанда медодаанд. Шайх Баҳоулвалад аз пайравони мактаби Ҳасани Басрӣ, Ҳабиби Аҷамӣ, Довуди Тоӣ, Абӯсаиди Абӯлхайр, Абулҳасани Харақонӣ, Абулқосими Гургонӣ, Маъруфӣ Кархӣ, Ҷунайди Бағдодӣ, Сирии Сақатӣ, Аҳмади Ғазолӣ, Зиёуддин Абӯнаҷиби Суҳравардӣ, Шайх Рӯзбеҳон ибни Ваззони Мисрӣ ва ғ. буд, ки таълимоти ононро аз бузургони ин силсила, ки баъдан бо номи Кубравия шуҳрат ёфт, аз афкори бузургоне чун асосгузори кубравия Шайх Наҷмуддини Кубро, Шайх Маҷдуддини Бағдодӣомӯхт ва худ низ аз акобири ин фирқаи аҳли тасаввуфи Хуросони Бузург маҳсуб меёфт.

Саршиностарин ва маҳбубтарин шогирд ва муриди Наҷмуддини Кубро маҳз падари Мавлоно Ҷалолуддин, яъне Баҳоуддин Валад буд, ки таълимоти кубравияро ба муриди хеш Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ биомӯхт ва ӯро то ба камолоти маънавӣ бирасонд ва баъдан тарбияи фарзанди хеш Ҷалолиддинро ба Бурҳониддини Муҳаққиқ вогузор кард. Мавлоно Ҷалолиддин аз хурдсолӣ аз ду намояндаи барҷастаи кубравия, яъне падараш Шайх Бахоулвалад ва Бурҳониддини Муҳаққиқ одобу русуми кубравияро фаро гирифт. Шайх Бурҳониддини Муҳаққиқ баъди вафоти пираш Шайх Баҳоулвалад аз Балх ба Қунияи Рум омада, то охири умри худ ба тарбият ва ҳимояти Мавлоно машғул буд ва дар соли 1244 дар Қайсария ҳаётро падруд гуфт.

Ба иллати хушунате, ки яке аз дустони Муҳаммади Хоразмшоҳ, мушовири ӯ Имом Фахри Розӣ ба уламои давр, ба хусус бо Баҳуддин Валад, Маҷдуддини Бағдодӣва Наҷмуддини Кубро барангехта буд, лоҷарам Баҳоулвалад бо аҳли хонадони худ, бо писари панҷсолаи хеш Ҷалолуддин Муҳаммад ҷилои ватан кард ва аз Балх ба сӯи Осиёи Сағир раҳсипор шуд. Имом Фахрии Розӣ ба Султон Муҳаммад Хоразмшоҳ гӯшзад карда буд, ки вай набояд ҷамъиятҳои бузургеро, ки дар атрофи ин ду шайх, яъне Наҷмуддини Кубро ва муридаш Баҳоулвалад, ки аз силсилаҷунбонони суфия ҷамъ мешуданд, нодида бигирад (Зарринкӯб. Ҷустуҷӯ дар тасаввуфи Эрон.-Теҳрон, Амири кабир, 1972.-297)умР.

Шайх Наҷмуддини Кубро ва пайравону муридони ӯ, ки давомдиҳандаи силсилаи аҳли тасаввуф буданд, ин чиз Имомфахри Розӣ ва Маҳмуди Хоразмшоҳу атрофиёни ононро сахт ба ташвиш меовард. Ба гуфтаи устодСаид Нафисӣдалели дигари ҷилои Ватан ва тарки Балх кардани аҳли назар мисли Баҳоулвалад он аст, ки ӯро пиру роҳнамояш Наҷмуддини Кубро аз чи гунагии ҳамалоти Чингизхони муғул ба Чин иттилоъ дода буд ва Баҳоулвалад хуб медонист, ки сипоҳи ғаддору хунхори муғул дер ё зуд ба Хоразм хоҳанд расид. Вақте ки Муҳаммади Хоразмшоҳ бо фитнаи дарбориёни худ ноҷавонмардона яке аз абармардони оламшумули асримиёнагии тоҷик шогирду муриди Шайх Наҷмуддини Кубро, устоди Шайх Аттор аллома Маҷдуддини Бағдодиро дасту пой баста, ба Ҷайҳун ғарқ карданд, Наҷмуддини Кубро дар хонақоҳаз ин фалокат огоҳшуда, ба ғазаб омад ва барои заволи давлати Хоразмшоҳӣаз ҷигари сӯхта дуои бад кард:

То дили марди Худо н-омад ба дард,

Ҳеҷ қавмеро Худо расво накард.

Ба гуфтаи Саид Нафисӣ: “Маҳз дуои Султонулавлиё Наҷмуддини Кубро буд, ки Худованд бо дасти муғул решаи давлати Хоразмшоҳироаз замин барканд”. Ҳавзаи Хоразм, ки ба устоди Баҳоулвалад, ба Шайх Наҷмуддини Кубро тааллуқ дошт, бинобар ҳамин Шайх Баҳоулвалад хост то барои худ ва аҳли хонадон дар мамолики ғарбии Императории исломӣ ҷойи мувофиқ пайдо кунад. Баҳулвалад дар тайи роҳи худ ба Бағдод аз Нишопури Хуросон гузар кард ва ба ҳузури Шайх Аттори Валӣ, ки шогирди Маҷдуддини Бағдодии муриди Наҷмуддини Кубро буд, мушарраф шуд. Шайх Аттор устоди худ ШайхБаҳоулваладро, ки нахустхалифа ва ҷойнишини Шайх Наҷмуддини Кубро дар Балх буд, бо тамоми шоистагӣистиқбол кард. Аз завқи саршор фарзанди хурдсоли Баҳоулвалад Ҷалолиддини хурдсолро ба канор гирифт ва гуфт: «Фарзанди ту – ин Ҷалолиддини азизи мо мабдаи илҳоми ҷамоатҳои бузурги муъминон хоҳад шуд». Ва Шайх Аттори Кубравӣ дар ҳаққи Ҷалолиддин дуои иршод дода, ҳамзамон китоби «Асрорнома»-и худро ба Ҷалолиддин ҳадя мекунад. Мавлоно то охири умри хеш китоби пири кубравии хеш Шайх Атторро, яъне «Асрорнома»-ро ҳамроҳбо бузургасари падараш Баҳоулвалад, китоби «Ал-маориф» дар канори худ мегузоштва аз ин ду китоб баъди Куръону Ҳадис китобҳои рӯйимизии басо азизи Мавлоно буданд. Баҳоулвалад аз Нишопур ба Бағдод рафт ва дар он ҷо бо Шаҳобуддини Суҳравардӣ, шогирди асосгузори силсилаи суҳравардия Шайх Зиёуддин Абӯнаҷиби Суҳравардӣ (амаки Ш.Суҳравардӣ) мулоқот кард ва аз он ҷо ба Мустансирия рафта, дар мадрасаи он ҷо таваққуф кард. Аз Мустансирия ба Макка, Мадина ва Димишқсафар карда, ҳини сафарҳо барои худ ва хонаводааш макони осоиштаи зист меҷуст. Шайх Баҳоулвалад, ки аз донишмандони ба ном ва шогирду халифаи аввали Наҷмуддини Кубро буд, ҳар ҷое ки таваққуф мекард, хурду бузурги шаҳрҳо ва қарияҳову вилоятҳо ҳама ба зиёрат ва сӯҳбати ӯ меомаданд ва донишмандон аз ӯ фоидае вофир медиданд.

Ба хотири он ки салотин ва ҳокимон ва низ дигар суфиён аз ғулғулаҳо ва фавҷ-фавҷгирд омадани мардум ба ҳузури Шайх Баҳоулвалад дар ташвиш нашаванд, шайхи вақт Баҳоулвалад зуд аз Димишқ ба Ҳалаб ва аз он ҷой ба Молотиё рафт ва муддати чаҳор сол он ҷо зист ва сипас ба Лорандо (Коромон- дар Туркия) дар ҷанубу шарқи Қуния рафт ва муддати ҳафт сол он ҷо зист.

Дар Лорандо Ҷалолиддин Муҳаммад бо Гавҳархотуни духтари Хоҷалолои Самарқандӣиздивоҷ кард ва дар соли 1226 соҳиби фарзанде шуданд, ки ӯро Султон Валад ном ниҳоданд. Дар Лорандо Шайх Баҳоулвалад ҳамсари худ ва фарзандаш Алоуддин Муҳаммадро аз даст дод. Дар соли 1228 бино ба даъвати Аловуддини Кайқубод аз салотини Салҷуқия, Шайх Баҳоулвалад ба Қуния – пойтахти империяи Салҷуқиёни Туркии Рум рафт ва Ҷалолуддинро ва хонаводаашро дар Лорандо танҳо гузошт. Шайх Баҳоулвалад ду соли дигар дар яке аз мадрасаҳои Қуния зиндагӣ кард ва дар соли 1230 аз олам даргузашт. Баҳоулвалад, ки аз пайравони Наҷмуддини Кубро буд, на танҳо одобу русуми кубравияро ба писараш Ҷалолуддин омӯхт, балки ӯро ба сойири машоҳири Кубравӣ, аз ҷумла муриди худаш Бурҳониддини Муҳаққиқи Тирмизӣ ошно сохт. То дидор ва мулоқот бо Шамси Табрезии Кубравӣ муриди падараш Бурҳониддини Муҳаққиқ беш аз ҳар каси дигар дар таълиму тарбияи маънавии Ҷалолиддин ва сулуки сӯфиёна кӯшо буд. Баъди вафоти Шайх Баҳоулвалад тарбияи Ҷалолуддин дар умури марбут ба тасаввуф ва сулуки кубравия ба ӯҳдаи Бурҳониддини Муҳаққиқ буд. Бо ҳидояти ӯ Ҷалолиддин ба бисёре аз шаҳрҳои тамаддуни исломӣ сафар карда, илму дониш омӯхт ва дар Ҳалаб бо Муҳуддин ибни Арабӣ ошно гардид. Пас аз ҷаҳонгардиву таҷрибаомӯзии зиёд Ҷалолиддин барномаи таҳиякардаи Бурҳониддини Муҳаққиқ иҷро гардид ва ӯ Ҷалолиддинро аз Лорандо ба Қуния боз овард ва зимоми умури роҳбарии сӯфиёни кубравияро ба дасти ӯ дод. Шайх Бурҳониддини Муҳаққиқи Кубравӣ нақши бисёр муассире дар зиндагии Ҷалолиддини Балхӣ бозӣ кард. Ва ӯ баъд аз вафоти Баҳоулвалад мақоми шайхухиятро ба ӯҳда гирифта, таи 9 соли фаъолияти хеш кӯшиш кард, ки васияти Баҳоулваладро ба ҷой орад, яъне Ҷалолиддинро ба минбари иршод биншонад. Бурҳониддини Муҳаққиқ ин васиятро комилан ба ҷо овард ва хирқаи кубравияро ба Ҷалолиддин бахшид ва соли 1244 дар Қайсария падрӯди ҳаёт гуфт. Шахсияти мутабаррики силсилаи кубравияи сӯфия, ки дар зиндагии Мавлоно таъсири бисёр амиқу муассире гузошта, дар вуҷуди Мавлоно шӯр барангехт ва инқилоби фикрии ӯро ба вуҷуд овард Шамси Табрезии Кубравӣ буд ва ба гуфтаи муриди худи Мавлонои Балхӣ аллома Иқболи Лоҳурӣ:

Синае дорӣ агар дархӯрди тир,

Дар ҷаҳон шоҳин бизӣ, шоҳин бимир.

Баъди вохӯрӣ бо Шамси Табрезӣ Мавлоно бо шуҷоати том парвози пуравҷ дар самои тасаввуф кард.

Шамс ба Мавлоно меомӯхт, ки ӯ бояд на танҳо аз навиштаҳои падараш дурӣ ҷӯяд, балки бояд аз ҷаҳон дил биканад ва чун шоҳини тезчанголу тезпарвоз тарки лона кунад ва озод парвоз кунад ва бигзорад рӯҳаш он чиро, ки дар қалбаш ниҳон аст ифшо созад.

Гӯянд, вақте Мавлоно, ки дар он вақт 40-сол дошт, Шамси Табрезиро 60-сола буд дид, ба ҳайрат афтод, зеро барои Мавлоно Шамси Табрезӣ ҷилваи Худойгун таъолоро дошт. Худованд дар симои Шамс илми ладунӣ, ирфонӣ ва ҳақиқати ҳолро ба Мавлоно ба маърази намоиш гузошта шуда буд. Агар Мавлоно то ба мулоқоташ бо Шамс дар кураи таълимоти кубравия гудохта намешуд, шояд муҳол буд, ки Шамсро бо чашми дил бубинад. Овардаанд, ки дар ҳамон ваҳлаи аввал вай натавонист ба суолҳои Шамс ҷавоб диҳад ва аз ҳуш рафт. Дидор бо Шамс маҷрои зиндагии Мавлоноро билкул тағйир дод ва ҳосили он ҳаминҳост, ки Мавлоно ба василаи дониш ва ишқ дар заминаи таълимоти кубравия силсилаи ҷадидеро ба вуҷуд овард, ки оқибат ба Мавлавия маъруф гардид, ки Шамси Табрезӣ муриди Шайх Бобокалони Ҷандии Кубравӣ ва вай муриди Абулҷаноб Шайх Наҷмуддини Кубро буд ва бо Шайх Фахриддини Ироқӣ нисбати ҳамхирқагӣ дошт. Бадин тартиб Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳам аз ҷониби падар ва ҳам аз ҷониби Шамс нисбати иродат ба Шайх Наҷмуддини Кубро гардида буд (Рисолаи “Ноия”-и Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Душанбе 2019, с.174).

Осори ирфоние, ки дар риштаи назм Мавлоно сурудаанд мисли “Маснавии маънавӣ”, “Девони ғазалиёт” ё худ “Девони кабир” (“Девони Шамс”) ва асари ирфонии дигар бо номи “Фиҳи мо фиҳ” ва ғайра, ки маҳсули таъсири бевоситаи маънавии пири ирфониаш Шамси Табрезии Кубравӣ мебошад.

Аз нигоҳу андешаи Мавлоно инсон ба маънии инсон касест, ки марҳилаҳои ҷамодӣ, наботӣ ва ҳайвониро пушти сар карда, ишқ, дин ва ақлу донишро сарманшаи кори худ қарор додааст. Ҳақ ба ҷониби Эраҷи Баширӣ аст, ки мегӯяд: “Мавлавӣ, ки пайравӣ тариқаи кубравияи Наҷмуддини Кубро буд, масъалаи нур ва пиндорро меҳвари аслии фалсафии худ қарор дод ва аз он дар таълими румузи бурдборӣ ва ҳамфаҳмӣ истифода кард. Вай ба мо мефаҳмонад, ки бояд чун нур яксонбин бошем ва мушкилотеро, ки сутуҳи зери инсонӣ ба ҷониби мо партоб мекунанд, бо муношоти инсонӣ ва малакутӣ ҳаллу фасл кунем” (Эраҷ Баширӣ. Мероси ишроқии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Душанбе, 2008, саҳ. 55).

Дар таълимоти кубравия меҳвари андеша ваҳдати вуҷуд буд, ки Мавлоно онро ба ишқ меҳвар кард ва баъди даргузашти ӯ, пас аз 15 сол пайравони Мавлоно дӯсташ Ҳисомуддини Чалабӣ ва писари Мавлоно Султонвалад барои зиндаву абадӣ гардонидани хотираи Мавлоно таълимоти нави ӯро бо номи силсилаи мавлавия бунёд гузоштанд.

Бурҳониддини Бузургмеҳр (Тураев Б.Б.) ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илми филология

“Ренессанс” (давраи Эҳё) - ҷараёни хеле бузурги ҳаракатҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва азнавсозӣ, ки ба қарнҳои14-16 рушди тамаддуни Аврупо рост меояд. Доир ба ин мавзуъ садҳо рисолаҳо, таҳқиқоти мухталиф офарида шудааст ва аврупоиён ин замонро боиси ифтихор ва омили бузурги хештаншиносӣ медонанд.

Моҳияти бузурги эҳёи аврупоӣ дар он буд, ки фарҳанги аврупоиён пас аз давраи тираву торики ҳукмронии пешвоёни католикӣ бо истифода аз эҳё намудани падидаҳои нодири тамаддуни юнону римӣ рӯ ба маърифати дунявӣ ва аз ҳама муҳимтараш, ба инсонгароӣ оварданд. Ин ба ҳама маълум аст.

Вале дар оғози қарни20 яке аз шарқшиносони маъруфи олам, олими швейтсарӣ Адам Метс пас аз дақиқ ва амиқ омӯхтани таърихи маданияти кишварҳои Шарқи исломӣ асаре эҷод намуд зери унвони “Мусульманский ренессанс”. Китоби мазкур ба масъалаҳои таъриху фарҳанги хилофати ислом дар асрҳои 9-10 бахшида шудааст.

Муаллиф бо такя ба садҳо асноди таърихӣ дар баробари ҷанбаҳои иқтисодиву молиявии империяи ислом таваҷҷуҳи хосаеро ба вазъи ҳаёти маънавии ин замон, тарзи зисту зиндагонии мардум, адабиёт ва ғайра равон намудааст.

Арзиши бузурги ин таҳқиқот дар он аст, ки таи зиёда аз сад сол мешавад, ки аксари кулли муҳаққиқони олами Шарқ гаштаву баргашта ба муҳтавои пурқиммати ин асар муроҷиат мекунанд. Олими маъруфи рус В.В. Бартолд пас аз шиносоӣ бо ҳамин асари Адам Метс изҳор намуда буд, ки муҳтавои китоби мазкур ҳатман барои минбаъд амиқтар таҳқиқ намудани масъалаҳои фарҳанги мардумони Шарқ мадад хоҳад расонид.

Мусулманский ренессанс” чи маънӣ дорад? Адам Метс чиро дар назар дорад? Дар ин китоб сухан аз боби он меравад, ки ҳанӯз 500 сол қабл аз ренессани аврупоӣ дар олами Шарқи исломӣ, хусусан дар Мовароуннаҳр унсурҳои хеле қудратноки тамаддуни эҳёгароӣ ба миён омаданд: дар давлатдорӣ, дар сохти чамъиятӣ, дар маданияти зиндагӣ, дар рушди беҳамтои илм (бо такя ба юнониён) ва аз ҳама муҳимтараш, дар бунёди нахустин дар олами Шарқи исломӣ ҷараёни инсонгароӣ (гуманизм) офарида шуданд ва Адам Метс онҳоро чун “ренессанси исломӣ” муаррифӣ намудааст.

Имрӯз дар олами фарҳангшиносӣ ва баъзан сиёсатмадорӣ истилоҳи “ренессанс” аз нав мавриди истифода қарор гирифтааст.

Масалан, мегӯянд, ки “ренессанси аввал” ба давраи Сомониён, ренессанси дуюм ба темуриён тааллуқ дорад. Ҳоло навбат ба кӯшишҳое расидааст, ки ренессанси сеюм – яъне ренессанси муосирро дар замири тамаддуни кишварҳои туркзабон эълон намоянд. Зоҳиран ин ҳаракат ягон бадӣ надорад ва ҳатто шояд барои амиқтар омӯхтани таърихи фарҳанги мо мадад расонад.

Лекин вақте сухан аз эҳёгароӣ меравад, пас бояд эътироф намуд, ки дар ду давраи ренессансҳои аввале ки онҳо дар назар доранд (Сомониён ва давраи Темуриён) мазмуну мундариҷаи фарҳангӣ, маърифатӣ, илмӣ, ҳунарӣ, адабӣ, санъати тасвирӣ, мусиқии Дувоздаҳмақом, назми классикии форсии тоҷикӣ, санъати хаттотӣ, нақшу нигори ин ренессансҳо қариб комилан иборат аз арзишҳои тамаддуни тоҷикӣ иборат буданд. Пас ин лаҳза сухун азбоби эҳёи тамаддуни тоҷикон меравад, ё худ бояд равад!

Дар асри Сомониён бузургтарин намояндагони илму адаб на танҳо таълимоти юнониёнро азбар намуданд, балки ҳатман рӯ ба арзишҳои замони тоисломӣ оварда, падидаҳои нодири онро вориди осорашон намуданд. Ин давра ҳамчун марҳилаи хеле пурарзиши рушди тамаддуни аҳли башар шинохта шудааст.

Масалан, Абунасри Форобӣ дар осораш унсурҳои фарҳангии замонаш – мусиқӣ, урфу одати мардум, шаҳрнишинӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаро зикр намудааст. Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” тараннуми ғояҳои инсонгароиро ба дараҷаи олии адабӣ ва фалсафӣ боло баровард.

Ибни Сино дар “Китоб-уш-шифо” оид ба созҳои мусиқии давраи тоисломӣ маълумот меорад. Дар маркази таълимоти ин ду бузургвори илм ва маърифати замони Сомониён қабл аз ҳама ғояҳои инсонгароӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Устод Рӯдакӣ ҳамзамони Форобӣ буд, ӯ низ дар Самарқанду Бухоро таҳсил мекард, аз осори юнониён низ хабардор гардида буд. Ҳамагон медонанд, ки Рӯдакӣ нобиғаи замон буд, ӯ забони арабиро ба хубӣ медонисту дар 8-солагиаш Қуръонро азбар намуда буд.

Ҳоло мехоҳем доир ба як мавзуи хеле аҷоиб ва то ҳол таҳқиқ нашуда муроҷиат намоем. Адам Метс гуфта буд ва исбот намуд, ки ҷараёни эҳёгароӣ 500 сол қабл аз Аврупо маҳз дар олами ислом фаол гардида буд. Маълум ас, ки маданияти олами исломи қарнҳои 9-10 аз ҷумла комилан маданияти Бухорову Хуросонро фарогир аст. Рӯдакӣ дар маркази ҳамин тамаддун ба воя расида ҳамчун нобиғаи шеъру адаб шӯҳрат пайдо намудааст.

Албатта бо илҳом аз қудрати давлати Сомониён ва бо истифода аз донишҳои мукаммали худ дар ҷодаи таъриху адаб Рӯдакӣ тавонист ғояи бузурги эҳёгароиро (ҳанӯз аз давраи Саффориён, ки аллакай бо номи худ сикка мезаданд) ҷонибдорӣ намуда дар ашъораш васф намояд.

Яке аз ҳамзамононаш дар васфи Рӯдакӣ фармудааст:

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

Май бирезад, нарезад аз май бӯй... (Марсия)

Яъне шоири номаълум ишора ба он дорад, ки аз Рӯдакӣ ҳикмат боқӣ мондааст. Чиро дар назар дорад? Барои пайдо намудани ҷавоб ба чанде аз навиштаҳои устод муроҷиат мекунем.

Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,

Бода андоз, к-ӯ суруд андохт

Дар як ишораи шоир эҳёи суннатҳои тоисломии чангнавозӣ мушоҳида карда мешавад.

Рӯдакӣ таъкид менамояд: Чанг баргирифту навохт (мисли расми қадимии суғдӣ), яъне чангро “дар бараш гирифту навохт”. Пас он чанги қадимӣ дигар асту чанги имрӯза дигар ва маълум мешавад, ки Рӯдакӣ ҳамон чанги қадимии суғдиро эҳё намудааст.

Мисоли дигар. Дар худи ҳамин деворнигораҳои Панҷакенти қадим тасвирҳои набарди Рустам бо аждаҳо мавҷуд аст.

Расми 4 (Рустам бо аждаҳо)

Медонем, ки Рӯдакӣ яқинан ин расмҳоро надидаст, зеро он замон Панҷакенти қадим аллакай ба хок яксон шуда буд, вале бо такя ба ривоятҳои қадим симои қаҳрамон Рустами Достонро хеле қабл аз Фирдавсӣ чунин тавсиф намудааст:

Рустамро ном агарчи сахт бузург аст,

Зинда бад-ӯяст номи Рустами Дастон (Модари май)

Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,

Рустами Дастон туӣ андар набард.

Мисоли дигар. Рӯдакӣ зимни эҷоди анвоъи гуногуни шеър зарур шуморидааст, ки ҳатман навъи хеле қадимӣ ва тоисломии назми мардумӣ – троникроэҳё намояд, аз ҳамин лиҳоз ӯро баъдан дар сарчашмаҳо “возеҳи навъи тарона” меноманд:

Гули баҳорӣ, бути таторӣ,

Набиз дорӣ, чаро наёрӣ... (тарона)

Рӯдакӣ забони арабиро хуб медонист, набзи замонро эҳсос мекард, ҳамин буд, ки гӯё номаълум, хеле моҳирона дар ду мисраъи шеъраш ҳамасронашро даъват намудааст, ки номи аслии сарзаминашонро арҷгузор бошанд:

В-агар паҳлавонӣ надонӣ забон,

Варазрӯдро Мовароуннаҳр дон.

Яъне Рӯдакӣ даъват менамояд, ки Мовароуннаҳр не Варазрӯд гӯед! Мутаассифона, ҳазор соле ки шеъри Рӯдакӣ ба фаромӯшӣ рафта буд, Варазрӯд низ фаромӯш шуда буд. Ҳикмати Рӯдакӣ танҳо дар замони истиқлоли Тоҷикистон эҳё гардид. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин давра номҳои қадимии даҳҳо мавзеъҳои Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва бо ҳамин ҳикмати устод Рӯдакӣ рӯйи кор омад.

Мисоли дигар: Рӯдакӣ шарту шароит, одоби зиндагиро ба хубӣ риоя мекард, вале дар шеъраш шоирона, далерона мусиқиро васф намудааст:

Дӯсто, он хурӯши барбати ту,

Хуштар ояд ба гӯшам аз такбир!

Ана ин мисоли бузуги шуҷоати шоирона, таваҷҷуҳ фармоед, дар шароити он замон дар пойтахти дини ислом навозиши барбатро болотар аз такбир гуфтан кори чандон осон набуд. Албатта ин амал соф шоирона (тахайюлангезона) аст, вале чи ӯро ба ин водор кардааст? Маълум аст, ки шоир, ки худаш мусиқидон ва мутриби руднавоз буд (яъне барбатнавоз) хостааст, ки нахуст номи қадимии ҳамин созро, ки аллакай дар он замон арабҳо “уд” мехонданд эҳё намояд. Барбат сози маъруфи замони сосониён, сози дасти Борбади Марвазӣ. Рӯдакӣ мегӯяд: садои барбати суғдӣ аз такбири ту болотар аст! Мана мисоли олии эҳёгароӣ, яъне эҳёи арзишҳои асили қадимӣ!

Мисоли дигар. Рӯдакӣ аз расму русуми ниёгони қадим огоҳи дошт ва зарур шуморид, ки шоҳро дар рӯзи ҷашн чунин табрик созад:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону Хусравон омад.

Ин ҳам мисоли рӯшани он ки Рӯдакӣ бо истифода аз ҳама имкониятҳои эҷодӣ даъват ба эҳёи ҷашни Меҳргон дорад. Шояд дар ин маврид бо ифтихор арз намоем, ки ин даъвати устоди назми классикӣ баъд аз ҳазор сол аз ҷониби Сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хирадмандона пазируфта шуд ва ҷашни Меҳргон эҳё гардид.

Ва ниҳоят, боз як мисоли дигар. Рӯдакӣ аз оинҳои қадимии ниёгон ёдовар шуда дар ашъораш меорад:

Зану духтар-ш гашта мӯякунон,

Рух карда бо нохун шудгор. (қитъаҳои пароканда).

Рӯдакӣ ин ҷо аз расми хеле қадимии ниёгон – аснои мотам руйҳояшонро хуншор кардани зану духтарони маит ёдовар шудааст. Ин мавзуъ низ сесад сол қабл замони Рӯдакӣ айнан дар деворнигораҳои Панҷакенти қадим тасвир шудааст

Бубинед, ин ҷо манзараи вобаста ба Марги Сиёвуш (Кини Сиёвуш) тасвир шудааст. Дар атрофи тобути қаҳрамон занону духтарон ба сару рӯяшон нохун зада нола мекунанд.

Ин гуна намунаҳое, ки ҳаракатҳои эҳёгароиро дар осори Рӯдакӣ ифода намудаанд, хеле зиёданд. Ин мавзуъ ҳанӯз ба таври бояду шояд таҳлил нагардидааст. Аммо ҳатто аз ҳамин гузориш низ хулосае пешбинӣ намудан мумкин аст, ки дар ашъори Рӯдакӣ тамоюли эҳёгароӣ, васфи асолати фарҳанг, ёдоварӣ аз намунаҳои қадимтарини тамаддури аҷдодӣ нишонаи бузурги ватандӯстӣ ва инсонгароии устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ маҳсуб меёбанд.

Аслиддин Низомов

В ходе визита Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона в Нью-Йорк для участия в Генеральной Ассамблее ООН в сентябре 2024 года, состоялось несколько значимых встреч и выступлений, касающихся международной безопасности, развития и борьбы с глобальными угрозами. Эти события не только укрепляют позиции Таджикистана на международной арене, но и подтверждают ведущую роль Эмомали Рахмона в продвижении ключевых инициатив, направленных на решение мировых проблем.

Встреча с заместителем Генерального секретаря ООН Владимиром Воронковым

Одна из ключевых встреч состоялась 23 сентября, когда Президент Рахмон обсудил с Владимиром Воронковым современные вызовы, такие как терроризм, экстремизм и вооружённые конфликты. Президент подчеркнул необходимость использования международных и региональных ресурсов для противодействия этим угрозам, предложив укрепить сотрудничество между соответствующими службами. Особое внимание было уделено предстоящей конференции в Кувейте, связанной с “Душанбинским процессом по борьбе с терроризмом”, который служит платформой для обсуждения стратегий борьбы с международным терроризмом. Эта инициатива демонстрирует активное участие Таджикистана в решении вопросов глобальной безопасности.

Участие в Саммите Будущего

Выступление Президента Рахмона на Саммите Будущего также стало важным событием, акцентируя внимание на глобальных проблемах, таких как изменение климата, бедность, здоровье, инклюзивное образование. В своей речи Президент выразил уверенность в том, что мировое сообщество примет меры по реформированию международных финансовых структур и улучшению механизмов реагирования на глобальные вызовы. Лидер Таджикистана также подчеркнул, что несмотря на определённые достижения в области водоснабжения и санитарии, требуются дополнительные усилия для устойчивого развития в этих сферах. Он призвал международное сообщество к диалогу и сотрудничеству для преодоления современных вызовов и предложил принять резолюцию ООН о “Десятилетии укрепления мира во имя будущих поколений”. Это предложение отражает приверженность Эмомали Рахмона укреплению международного мира и стабильности.

Встреча с управляющим директором Всемирного банка Анной Бьерде

На встрече с Анной Бьерде, Президент Таджикистана обсудил вопросы развития экономики страны и сотрудничества с Всемирным банком. В ходе встречи было подчёркнуто, что за 31 год сотрудничества с банком реализовано 116 приоритетных проектов на сумму 2,9 миллиарда долларов, что свидетельствует о значительных результатах совместной работы. Важным вопросом стало дальнейшее развитие энергетики и привлечение инвестиций в «зелёную экономику» Таджикистана. Президент Рахмон выразил благодарность Всемирному банку за поддержку в финансировании достройки «Рогунской ГЭС», подчеркивая важность этого объекта для экономики страны и региона.

Встреча с Генеральным секретарём Всемирной метеорологической организации Селестой Сауло

На встрече с Селестой Сауло обсуждалось сотрудничество в области изменения климата, а также вопросы борьбы с последствиями стихийных бедствий, таких как сели, наводнения и оползни. Президент Эмомали Рахмон обратил внимание на успешное многолетнее сотрудничество с Всемирной метеорологической организацией, особенно в рамках “Душанбинского водного процесса”. Проведение в 2025 году Международной конференции по защите ледников было названо ярким примером взаимодействия сторон. Важной темой обсуждения стало укрепление технического потенциала Агентства по метеорологии Таджикистана и подготовка кадров в сфере климатологии и гидрологии.

Встреча с Президентом Ирана Масудом Пизишкияном

Во время встречи с Президентом Ирана Масудом Пизишкияном обсуждалось дальнейшее развитие сотрудничества в экономической и научно-образовательной сферах. Президент Таджикистана отметил важность реализации программы торгово-экономического сотрудничества до 2030 года и сотрудничества в рамках межправительственной комиссии. Эти инициативы направлены на укрепление двусторонних отношений и взаимовыгодное партнёрство.

Вклад Эмомали Рахмона в международное сотрудничество и развитие

Инициативы Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона на международной арене подчеркивают его значительный вклад в развитие международного сотрудничества, борьбу с глобальными угрозами и содействие устойчивому развитию. Будь то участие в международных форумах, взаимодействие с ведущими международными организациями или предложения по решению глобальных проблем, лидер Таджикистана продолжает играть важную роль в укреплении мира, безопасности и стабильности. Несомненно, величайшим достижением Президента Эмомали Рахмона является его вклад в установление прочного мира и национального единства после братоубийственной навязанной извне гражданской войны в Таджикистане, тем самым заложив надёжный фундамент для перехода к этапу восстановления экономики и начала созидательной деятельности в стране. Но в дальнейшем Президент Рахмон стал основателем и вдохновителем новой дипломатии – дипломатии воды на международном уровне. Теперь его новая инициатива о “Десятилетии укрепления мира во имя будущих поколений” подчеркивает и еще раз доказывает приверженность и последовательность Лидера нации Таджикистана в установлении прочного мира, обеспечении безопасности и политической стабильности во имя устойчивого развития и процветания человечества.

Каримов Шамсиддин , Юсуфджонов Фаридун, научные сотрудники отдела США и Канады Института изучения проблем стран Азии и Европы Национальной академии наук Таджикистана

Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рақмон ба ШМА ва иштирок дар иҷлосияи 79- уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид

Моҳи сентябри соли равон давраи Иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки 5 сентябри соли 2023 оғоз гардида буд, ба итмом мерасад ва давраи нав – давраи Иҷлосияи 79-ум ба кори худ шурӯъ мекунад. Роҳбарии кору фаъолияти иҷлосияи 78-умро Деннис Фрэнсис (Dennis Francis), намояндаи доимии Тринидада ва Тобаго дар СММ ба уҳда дошт. Имрӯзҳо дар Қароргоҳи СММ ҳафтаи мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ, ки бо иштироки сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва муассисаҳои корҳои хориҷии тамоми ҷаҳон сурат мегирад, ҷараён дорад. Иҷлосияи мазкур гузориши Котиби Генералии СММ-ро низ барои давраи ҳисоботии соли 2024 шунида мавриди муҳокимаи васеъ қарор дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки соле ки мегузарад, инсониятро ба озмоишҳои зиёде дучор кард, аммо сарфи назар аз мушкилот пешрафт дар маҷмӯъ имконпазир буд ва тағйирот пайваста дар мадди назар аст. Ба қавли Котиби Генералии СММ, “сарфи назар аз монеахое, ки пеши роҳи онҳо меистанд, майлу хоҳиши онҳо ба ояндаи бехтару дурахшон дар ҳамаи корҳояшон аён аст. Онҳо азм доранд, ки барои одамон дар саросари ҷаҳон натиҷаҳо ба даст оранд ва кӯмак ва умеде расонанд, ки ҳар як шахс сазовори он аст ва ҷомеаи инсонӣ ҳоло аз ҳарвақта бештар ба он ниёз дорад”[1].

Асли гап. 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гумон меравад, ки сафари навбатии Пешвои миллат ва иштирокашон дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии СММ на фақат ба таъмини амнияти саросарӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувор, балки боз ҳам боло бурдани мақому шуҳрат ва муаррифии бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард.

Аҳамияти сафар. Иштироки Президенти Тоҷикистон дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии СММ аҳамияти бисёрҷанба дорад:

1. Тақвияти қудрати байналмилалӣ. Суханронӣ дар чунин як ҳамоиши олӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мавқеъи худро дар масоили муҳими ҷаҳонӣ эълом кунад ва нақши худро дар равандҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ нишон диҳад.

2. Вусъат додани робитахои дипломатй. Иҷлосияи СММ барои гузаронидани мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо раҳбарони дигар давлатҳо имкони беназир фароҳам меорад, ки ба таҳкими робитаҳои мавҷуда ва барқарор кардани робитаҳои нав мусоидат мекунад.

3. Ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои минтақавӣ. Тоҷикистон метавонад бо истифода аз ин минбар таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба мушкилоти Осиёи Марказӣ, аз қабили амнияти об, мубориза бо ифротгароӣ ва рушди иқтисодии минтақа ҷалб кунад.

4. Пешбурди манфиатҳои миллӣ. Иштирок дар кори Созмони Милали Муттаҳид ба мо имкон медиҳад, ки манофеи миллии Тоҷикистонро дар заминаи рӯзномаи ҷаҳонӣ пешбарӣ кунем ва дар ҳалли масъалаҳои барои кишвар муҳим аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак биҷӯем.

5. Эълони ташаббуси нав дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳти унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”. Ибтикори навбатии Пешвои миллат на фақат аз камолоти касбии Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ, арбоби барҷастаи давлатӣ ва дипломати олимаҷоми сатҳи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, балки мақом ва мартабаи Тоҷикистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалии закмони муосир бамаротиб боло мебарад ва ҳамчун кишвари соҳибистиқлоли сулҳовар муаррифӣ мекунад.

Каримов Шамсиддин, Юсуфҷонов Фаридун- ходимони илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёти истифодашуда:

1. Доклад Генерального секретаря о работе Организации 2024 год // https://www.un.org/sites/un2.un.org/files/sg_annual_report_2024_ru.pdf

Зимни сафари худ ба ИМА Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор намояндаҳои дигар кишварҳо ва коршиносон мулоқот баргузор намуданд.

23 сентябри 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди кишвар номида, аз ҳамкории босамар бо он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Қобили қайд аст, ки, дар тӯли 31 соли ҳамкории дуҷониба бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 116 лоиҳаи афзалиятнок дар соҳаҳои иҷтимоӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллари ШМА татбиқ шудааст.

Масоили ҷалби маблағ барои татбиқи тарҳҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳадафҳои иҷтимоии кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, дастрасӣ ба “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” аз мавзуъҳои умдаи суҳбат буд.

Ба хонум Анна Бйерде барои иқдомҳои амалиаш дар раванди маблағгузории сохтмони НБО-и“Роғун” изҳори сипос карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ, бахусус барои тавлиди энергияи барқароршаванда ва рушди кишоварзӣ мебошад ва зарур аст, ки барои истифодаи босамар аз ин имконот дастгириҳои байналмилалии молиявию техникӣ афзун гардад.

Ногуфта намонад, ки дар зимни сафарашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, паёмадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ ва ноамнии озуқавориро муҳокима намуда, амалҳои дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самтҳо зарур шумурданд.

Ба масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, нобудшавии гуногунии биологӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, татбиқи Рӯзномаи-2030 ва натиҷаҳои Саммити оянда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва Конфронси навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об дар соли 2028, ки ҳарду дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, низ аз мавзуъҳои муҳимми суҳбат буд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд карданд, ки барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, ҳифзи сиҳатии омма, рафъи камбизоатӣ, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст.

Раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» яке аз иқдомҳои неки Президенти кишварамон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Саммити имрӯза ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ дучор шудаанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки дар арсаи байналмилалӣ аксари кишварҳои дунё ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба ниёз доранд.

Мо бояд аз таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, оид ба табодули иттилоот барои пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ густариш диҳем.

Роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд.

Ташаббуси Пешвои муаззами миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Азбас, ки дар дунёи глобалии таъғирёбанда, таҳдиду хатарҳои осебпазир дар геосиёсии ҷаҳон пешгӯинашаванда аст, “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” саривақтӣ зарур ва оқилона аст.

Санавбарбону Воҳидова - мудири Шуъбаи Аврупои Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор

(Дар ҳошияи пешниҳоди нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»)

Ходимони давлатӣ дар эҷоди ҷомеаи солиму созандаву созгор нақши муҳиму муассир мебозанд. Дар ин зимн, машварату мулоқотҳои судманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳоро дар ин бахш бештар фароҳам сохта, шомили нуктаҳои муҳимми давлатдорӣ, сулҳу созандагӣ ва ваҳдату дӯстӣ буда, дар дарки масоили мубрам, шинохти шахсиятҳо, макону маросимҳои муҳиму таърих бо назардошти манофеи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакат ва ҷаҳон бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, амалӣ мегарданд. Ҷаҳони имрӯза ё ба ибораи дигар “ҷаҳонишавӣ” ба роҳу равандҳои муосири худ дар гирдоби масоили печида, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизм, ва корбурди «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгаро дар гирифт қарор дошта, василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидааст. Роҳбарону донишмандонро лозим аст, то барои дарки дуруст ва ҷилавгирӣ аз хавфу хатароти он пайваста ҷидду ҷаҳд намуда, насли навраси худро дар партави хирад тарбият намоянд.

Ҳамин тариқ, паёму мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи бештари давлату миллатҳо қарор гирифтааст. Бояд қайд кард, ки масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор дода, 23 сентябр соли 2024 зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

Президенти Тоҷикистон чун як абармарди сиёсати кишвар бо машварату роҳнамоиҳои созандаву саривақтӣ баҳри зиндагии озоду орому осоиштаи мардуми сайёра бахшида шудааст.

Зеро кишвари мо бо эҷоди мактаби сулҳу салоҳу созандагӣ мақом ва манзалат пайдо карда, ба яке аз амнтарин кишвар табдил ёфт. Ҳамин тариқ, Тоҷикистону мардумони он чун кишвари сулҳофарину созанда, диёри фарзонагони илму адабу тамаддуну маърифат, макону манбаи кӯҳҳои осмонбӯсу обҳои тозаву чашмаҳои мусаффо шинохта шуда машҳури ҷаҳон гаштааст.

Ташаббуси созандаи Тоҷикистони навин дар даврони беш аз 33 соли Истиқлолият зиёд буда, ки яке аз онҳо арҷгузорӣ ба орифону фозилону донишмандони кишвар аз маърифату маданияти халқу миллати мо шаҳодат медиҳад.

Ҳамин тариқ, пешниҳоди нави Президенти кишвар дар Конференсия заминаҳои саривақтӣ дар дарки масоили мубрами ҷомеа буда, бо ибрози андешаву пешниҳодҳои олимону донишомӯзони кишвар роҳҳои хубтару беҳтар барои пешгирӣ ва мубориза бо чунин хатарҳо кӯмак хоҳад расонд.

Ҳамин муҳаббату дилбастагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки имрӯз чун роҳбари дилсӯз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо ном баровард аст. Тоҷикикстонро бо мактаби сулҳу созандагиаш дар ҷаҳони имрӯза чун кишвари беҷангу хунрезӣ, мардуми сулҳпарвар ва хоҳони хушбахтии инсон эътироф кардаанд.

Давлати Тоҷикистонро бо ин абармарди таърих на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё хусусан мешиносанд. Зеро Президенти кишвар пайваста дар форуму нишастҳои минтақавиву ҷаҳонӣ тавассути пешниҳоду ташаббусҳои созанда дар ҳалли масоили мубрами мардуми сайёра нақши калидӣ ифо намуда, кӯмаку ҳамкорӣ менамояд. Ҳамин ҷасорату фасоҳату хирад ин шахсият ҳастанд, ки ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон баҳри ободии насли башар пазируфта мешаванд.

Бо ҳамин азму иродаи матин Президенти Тоҷикистон дар Ҳамоиш сӯханронӣ намуда, боз якбори дигар ба мардуми олам ва алалхусус Осиё паёми сулҳу оромиро расонида, таъкид мекунанд, ки бо ҳамин силоҳ метавон тухми ҷаҳлу ҷангро решакан кард ва ғолибиятро ба даст овард.

Ин паёми сулҳу озодӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки мардумони баъзе аз манотиқи олам зери садоҳои тубу туфанг ва чанкҳои вирусмонанди ҷангӣ қарор дошта, афроди зиёде аз ҷумла пиронсолону хурдсолон зери зулму ситами тиру туфанги даҳшатафканону муҳоҷимон қарор гирифта, замину гулу булбулу обу ҳавои табиат ҳама ба хоку хун табдил шуда истодаанд.

Марому мақсади аслии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя ва риояи ҳуқуқи мардумони мазлуму бечора мебошад, ки зери чархаи зулму ҷаҳолат ва бераҳмии ғосибону истеъморгарону муҳоҷимону даҳшатфканон қарор мегиранд.

Дар воқеъ вазъияти ҷаҳон куллан дигаргун шуда, имкони аз нав тақсимбандии он вуҷуд дошта, дорои ғояҳои мутафовитест, ки ҳар як бо дидгоҳи худ чархиши айёмро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ҳамаи ҷаҳонро ваҳшату даҳшат фаро гирифтаст, ки таҳдиду хатарҳои пай дар пай мардуми сайёраро хатару ноамниҳо фарогирифтааст.

Ин ҳамаро Президенту мардуми Тоҷикистон бо эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ саривақт дарк карда, аҳли оламро аз он огоҳӣ медиҳанд.

Ҳамин тариқ, баҳри мубориза ва пешгирӣ аз хатарот ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбати пешниҳоди нави роҳбари Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муҳим ва саривақтӣ ҳисобида мешавад. Роҳбарияти кишвари Тоҷикистон пайваста дар пайёму пешниҳод аз хираду ҳимояи инсоният зери шиори "Бани одам аъзои якдигаранд" кор гирифта, пайваста талош менамояд, то сулҳу созандагӣ ва дӯстиву ҳамсоягӣ ҳифз гардида, аҳоли ҷаҳонро аз хатару таҳдидҳо муштаракона наҷот дод, ки қарзи имонӣ ва рисолати башарӣ маҳсуб мебошад ва ё ба таъкиди Президенти кившар «Имрӯз мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро байни аҳолии осоишта дар пай доранд». Ҳамзамон таъкид намуданд, ки роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд. «Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем».

Дар ин лаҳзаҳои фоҷиавор барои башар ин пешниҳоди Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дарак дода, ба қавли мунодии Сулҳи ҷаҳон Мирзо Турсунзода:

Осиё гӯяд сухан овози онро бишнавед,

Мавҷи дарё, ғӯрриши баҳри ҳамонро бишнавед.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон робита дошта, дар замони истиқлол муаррифгарони адабӣ ва ходимони ҷамъиятии онҳо заминаи рушди равобити дипломатияи фарҳангии ин кишварҳоро ба вуҷуд оварда, бо ташаббусҳои созандаи худ мақоми хос пайдо кардааст. Хулосаи калом, давлатмардонро зарур аст, то аз дастурот ва роҳнамоиҳо ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон гирифта, баҳри ободии халқу Ватан ва мардуми сайёра саҳми сазовор гузошт.

Мирсаид Раҳмонов, - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(дар ҳошияи мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

23223Воқеан, дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илму маориф соҳаи афзалиятнок пазируфта шуда, ҷиҳати рушду такомули он ҳамеша чораҳои муҳиму судманд андешида мешавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму баромадҳояшон пайваста ба илму маориф ва тарбияи шоистаи насли наврасу ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Барои пешрафту инкишофи соҳаи илму маориф пайваста дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла афзоиши рӯзафзуни маблағузорӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илму маориф шаҳодати таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат аст.

Илму дониш дар назди халқи фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём мақому манзалати хоса дошт. Имрӯз мо дар остонаи арафаи таҷлили ҷашни истиқлолияти кишварамон қарор дорем. Ва дар ин муддати 33 сол дар кишвар натиҷаҳои хуби илмӣ дар самти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба даст омадааст.

Дар давраи истиқлолият дар кишварамон фаъолияти олимон дар таҳқиқи проблемаҳои илмии қариб ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, химия, биология, геология, ситорашиносӣ, риёзиёт, физикаи таҷрибавӣ ва назариявӣ, сохтмони ба зилзила тобовар, физиология ва биофизикаи растаниҳо хеле назаррас аст. Дар яке аз вохӯриҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё гуфта буданд, ки дар нимаи дуюми асри гузашта ва солҳои истиқлолият бозёфту кашфиёти олимони тоҷик, алалхусус, дар соҳаҳои зилзиласанҷиву ситорашиносӣ, кимиёву биология ва риёзиёту тиб таваҷҷуҳи аҳли илми оламро ба худ кашида буданд ва таҷрибаи илмии онҳоро мавриди истифода қарор медоданд.

Имрӯз низ мо боварӣ дорем, ки нерӯи зеҳнии халқи тоҷик имкон медиҳад, то олимони мо ин анъанаи некро идома дода, дар самтҳои гуногуни илм минбаъд ҳам парчамбардор бошанд. Дар айни замон зикр намудан ба маврид аст, ки барои рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ шароити мусоид лозим аст, яъне, барои инкишофи онҳо бояд заминаи кофии моддиву техникӣ вуҷуд дошта бошад. Шароити нави сиёсиву иқтисодие, ки баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар мамлакат ба вуҷуд омад, таҳияву қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи илм тақозо менамояд. Аз ин рӯ, ҳукумат як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимро дар робита ба рушди илмҳои дақиқу табиатшиносӣ омода ва тасдиқ кард, ки барои пешрафти фаъолияти муассисаҳои илмии кишварамон ва рушди ҳамаҷонибаи илм мусоидат менамоянд.

Сиёсати давлатӣ дар самти илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ба ҳифз ва пурмаҳсул гардонидани фаъолияти марказҳои асосии илми тоҷик - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон равона гардида, илм дар баробари маорифу фарҳанг аз самтҳои афзалиятноку стратегии рушди миллӣ эътироф гардид. Аз ҷумла, ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ ба муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сол ба сол афзуда, фақат дар 5 соли охир қариб 3 баробар зиёд гардид.

Барои ба фаъолияти пурсамари илмӣ ҷалб намудани кормандони Академияи миллии илмҳо маоши онҳо бо фармони Президенти мамлакат зиёд карда шуданд. Инчунин баланд бардоштани маоши ҳамаи кормандони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба хусус соҳаи илму маориф ба ҳадди 40% ҷиҳати такмили фаъолият ва ба даст овардани мустақилияти онҳо; афзоиши сохтмони садҳо иншоотҳои илмию таълимӣ; барои баланд бардоштани сифати таҳсилот роҳандозии усулҳои муосир ва муносибати босалоҳият дар соҳаи илм; фароҳам овардани имкониятҳо ба рушди илму технология ва фаъолияти инноватсионӣ дастовардҳое мебошанд, ки дар доираи сиёсати хирадмадона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Бо мақсади дастгирии молиявии таҳқиқоти бунёдӣ ҳанӯз соли 1996 Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ таъсис ёфт. Дар давоми солҳои 2000-2023 бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишварамон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муассисаҳои нави илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ташкил карда шуданд.

Олимони мо дар тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаҳои мухталифи илм ба натиҷаҳои муҳим ноил шудаанд. Масалан, аз тарафи олимони химия коркарди технологии конҳои фосфордор бо маҳсулнокии хуб, коркарди нафтҳои баландсулфурдор ва ҷудосозии моддаҳои органикии сулфурдор бо мақсади таҳияи композитҳои антипаразитӣ, технологияи коркарди шишаи моеъи бордор, коркарди хӯлаҳои нав дар асоси алюминий ва ғ., муяссар гардидаанд.

Дар тӯли 33-соли истиқлолияти кишвар зиёда аз 350 навоварӣ ва тавсияҳои илмии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардидаанд ва ҳоло аксари онҳо дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химия, геология ва тиб амалӣ шуда истодаанд.

Масъалаи аз ҳама муҳим ва асосӣ, ки дар мадди назари ҳукумат қарор дорад, ин саноатикунонии кишвар мебошад. Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун як зерсохтори АМИТ, дар ҳалли масоили саноатикунонии кишвар саҳми муассирро дорад, зеро бидуни таҳқиқоти илмии омӯзиши раванди коркарди технологияи химиявӣ наметавон ба аҳдофи муҳими марбут ба саноатикунонии босуръати кишвар ноил гашт. Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои афзалиятнок барои ҷумҳурӣ - омӯзиши коркарди технологияи кимиёвии боигариҳои табии ҷумҳурӣ ва коркарди илман асосноки ихтироъи пайвастагиҳои нави кимиёвӣ ва мавод барои эҳтиёҷоти саноат, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ва инчунин гирифтани маҳсулоти арзишнок аз партовҳои корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва ашёҳои хоми маҳаллӣ тағйири самти фаъолият кард.

Истеҳсоли коагулянтҳо барои полоиши об низ аз тарафи олимони Институти кимиё ба роҳ монда шуд. Технологияи ҳосилкунии маъдани криолит-гилхок аз партовҳои истеҳсолоти алюминий ва ашёи хоми минералии маҳаллӣ (сиенитҳои нефелинӣ, сиаллитҳо ва флюорит) дар Институт коркард гардид, ки дар асоси технологияи мазкур дар корхонаи алюминийбарории Тоҷикистон сехи коркарди партовҳо сохта ба кор андохта шуд.

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, 30 майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот доир намуданд.

Мақсади асосии вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва ояндабинии он, масоили баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни ироаи баромади хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои кори олимонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Аз баромади пурмӯҳтавои Сарвари давлат бармеояд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи шароит ва имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили ташкили инфрасохтори пойгоҳи илмӣ махсус сухан ронда, таъкид намуданд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои шакли нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд шудааст.

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Дар тӯли 33-соли истиқлолияти кишвар зиёда аз 350 навоварӣ ва тавсияҳои илмии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардидаанд ва ҳоло аксари онҳо дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химия, геология ва тиб амалӣ шуда истодаанд.

Масъалаи аз ҳама муҳим ва асосӣ, ки дар мадди назари ҳукумат қарор дорад, ин саноатикунонии кишвар мебошад. Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун як зерсохтори АМИТ, дар ҳалли масоили саноатикунонии кишвар саҳми муассирро дорад, зеро бидуни таҳқиқоти илмии омӯзиши раванди коркарди технологияи химиявӣ наметавон ба аҳдофи муҳими марбут ба саноатикунонии босуръати кишвар ноил гашт. Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои афзалиятнок барои ҷумҳурӣ - омӯзиши коркарди технологияи кимиёвии боигариҳои табии ҷумҳурӣ ва коркарди илман асосноки ихтироъи пайвастагиҳои нави кимиёвӣ ва мавод барои эҳтиёҷоти саноат, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ва инчунин гирифтани маҳсулоти арзишнок аз партовҳои корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва ашёҳои хоми маҳаллӣ тағйири самти фаъолият кард.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки илми тоҷик дар оянда хело хуб рушд намуда, олимони мо саҳми арзандаи хешро дар рушди иқтисоди миллӣ хоҳанд гузошт.

Рахмонов Р.О. – доктори илмхои кимиё, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ

Ҳаст кешу роҳи миллат бешумор,

То ту бишморӣ, наёбӣ рӯзгор.

Ҳар замон хӯи дигар натвон гирифт,

Бар ҳама кас теғ бар натвон гирифт.

Ҳаёту фаъолияти Фаридуддини Аттори Нишопурӣ ба нимаи дувуми асри XII ва аввали асри XIII рост меояд.

Абуҳомид ибни Абубакри Иброҳим Фаридуддини Аттори Нишопурӣ аз шоирон ва мутафаккирони бузурги адабиёти тоҷикии форсӣ маҳсуб мешавад.

Номи шоир Муҳаммад буда, Фарид тахаллуси адабии ӯ мебошад. Ӯ дар яке аз қарияҳои бузурги Кадкани Хуросон, ки ба шаҳри Нишопур наздик будааст, таваллуд ёфтааст. Пасонтар аҳли оилаи онҳо ба Нишопури нав кӯчида, дар он ҷо зиндагии доимиро ихтиёр мекунанд. Нишопур дар он давра яке аз марказҳои бузурги тиҷоратии Осиёи Миёна ва Эрон ба шумор мерафт.

Падари шоир Абубакр ибни Иброҳим бо касби атторӣ рӯзгори хонаводаашро таъмин менамуд. Муҳаммади хурдсол аз кӯдакӣ касби падарро меомӯзад ва пас аз вафоти падараш касби атториро ба мерос мегирад. Ӯ дар баробари Фарид тахаллуси Атторро ҳам гирифта, онро бештар дар ғазалиёт ва достонҳои худ ба кор бурдааст.

Аттор аз синни хурдӣ бо сарпарастии падару модараш таълим гирифта, улуми замони худ, аз қабили илми адаб, ҳикмату калом, нуҷуму тиб ва ғайраро дар назди устодони барҷаста аз бар намудааст.

Ҳамзамон бо ин, Аттори ҷавон дар баробари тадрис ба атториву табибӣ ва дорусозӣ барои таъмини нафақаи рӯзгораш машғул буд.

Назар ба маълумоти тазкираҳо Фаридуддини Аттор соли 1221 вафот мекунад ва марқадаш дар зодгоҳаш то кунун пойбарҷост. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» навиштааст, ки Алишери Навоӣ, яке аз мухлисони эҷодиёти Аттор, соли 1485 дар оромгоҳи шоир мақбара месозад.

Аттор бо мероси ғании худ дар таърихи афкори халқи тоҷик ҷойи намоёнеро ишғол мекунад. Миқдори осори шоирро Давлатшоҳи Самарқандӣ 40, Ризоқулихони Ҳидоят 190 ва Қозӣ Нуруллоҳи Шустарӣ 114 адад гуфтаанд. Дар бораи таълифоти Аттор назарҳои гуногун мавҷуд аст ва як қисм осори суханварони дигарро, ки Аттор тахаллус кардаанд, ба ӯ нисбат медиҳанд. Аммо асарҳои «Мантиқ-ут-тайр», «Илоҳинома», «Мусибатнома», «Асрорнома», «Хусравнома», «Мухторнома» ба қалами ӯ мансубанд. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» осори ӯро бештар аз сад ҳазор байт муайян кардааст.

Аттор, ки яке аз шахсиятҳои бонуфузи замони худ маҳсуб мешуд, дар осори безаволи худ ба муқобили низоъҳои диниву мазҳабӣ баромада, оини диниву диндории мардумони гуногунро вобаста ба ақлу идроки онҳо медонад. Ҳар як дин расму оини хоси худро дошта, пайравони он ба тариқи дарку фаҳмишии худ худоҷӯӣ мекунанд ва Худои худро парастиш мекунанд. Ин аст, ки тарзу равишу оини диндории онҳо аз ҳамдигар фарқикалоне дорад. Дар бисёр мавридҳо ҳисси душманиву адоват дар байни онҳо зиёд шуда, бо гузашти ҳар рӯз авҷ мегирад. Аттор инсонҳоеро, ки дар худ ҳисси нафрату адоватро нисбат ба пайравони динҳои дигар мепарваранд, мавриди накуҳишу мазаммат қарор додааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳар як халқият ба худ дини алоҳидаро интихоб мекунад ва дар дунё дину оинҳои хеле зиёде мавҷуд аст, ки умри одамӣ барои баҳсу мунозира кардан ба онҳо кифоят намекунад:

Ҳаст кешу роҳи миллат бешумор,

То ту бишморӣ, наёбӣ рӯзгор.

Ҳар замон хӯи дигар натвон гирифт,

Бар ҳама кас теғ бар натвон гирифт.

Новобаста ба гузашти асрҳо ва тағйир ёфтани кишварҳову пешравии илму техника дар ҷомеаи имрӯза чунин тарзи тафаккур ва суитафоҳум атрофи дину мазҳаби мардуми сайёра афзоиш ёфта, боиси бадбахтӣ ва ҳалокати миллионҳо нафар гашта истодааст. Диндорони ҷоҳилу мутаассиб бо ҳар роҳу усул мекӯшанд, ки ақидаи мардумро тағйир дода, ҳадафҳои худро дар кадом кишваре набошад, пиёда созанд. Ҷанги шаҳрвандии кишвар дар натиҷаи чунин дасиса ва истифодаҷӯӣ аз номи дин ба вуқуъ омад, ки боиси бадбахтии миллати мо гардида буд.

Аттор дар осораш беадолатии шоҳони замон ва намояндагони дину шариатро, ки ба ҳар восита мардумро ғорат намуда, боигарии худро аз ҳамин ҳисоб зиёд мекарданд, мавриди танқид қарор додааст. Намояндагони шариати исломӣ фатвоҳои бардурӯғ содир намуда, ҳама вақт мардуми мазлумро дар зери шиканҷаву таъқиб қарор медоданд. Аттор дар «Мусибатнома» ҳикояеро овардааст, ки муҳтасиб шахси мастеро дастгир карда, ӯро барои вайрон кардани шариати исломӣ гунаҳкор ҳукм мекунад. Шахси маст мегӯяд, ки агарчи ман мастам ва ҳамаи мардум медонанд, аммо ту масттариву ҳеҷ кас инро намефаҳмад:

Муҳтасиб он мардро мезад ба зӯр,

Маст гуфт, ай муҳтасиб, кам кун ту шӯр.

З-он ки аз нони ҳаром он ҷойгоҳ,

Масти ӯ гардиву афкандӣ ба роҳ.

Будаӣ ту масттар аз ман басе,

Лек он мастӣ намебинад касе.

Дар ҷафои ман марав з-ин пеш ту,

Дод бистон андаке аз хеш ту.

Аттор риёкориву мунофиқӣ ва дурӯягии қозиву муфтиву муаззинонро, ки корҳои нопоку сиёҳи худро дар ниқоби дин пинҳон намуда, ба чашми мардум хок пошида, худро хидматгорони роҳи Худо муаррифӣ мекарданд, ифшо месозад. Онҳо ба баҳонаи иҷрои расму оинҳои динӣ молу амволи худро афзун месохтанд. Аттор дар ҳикояе навиштааст, ки Саноии шоир аз роҳе мегузашт, дар як тарафи роҳ фаррош хасу хокрӯбаро пок дорад ва дар паҳлуи дигари роҳ муаззин ба тиловат машғул аст. Саноӣ мегӯяд, ки ман фарқиятро намебинам. Дар ҳар ду тарафи роҳ мардум барои таъмини маишати рӯзгорашон кор мекунанд. Аммо яке бо меҳнати ҳалол нони худро меҷӯяд ва дувумӣ ба мунофиқиву дурӯягӣ машғул аст. Дар ин ҷо шоири донишманд кори фаррошро болотар аз ибодати муаззин медонад:

Гуфт нест ин кор холӣ аз халал,

Ҳар дуро мебинам андар як амал.

Балки ин каннос дар кор аст рост

В-ин муаззин ғурраи рӯю риёст.

Пас дар ин маънӣ билошак, ай азиз,

Аз муаззин беҳ бувад каннос низ.

Аттор муқобили хидматгорони шариати исломӣ, ки ба манфиати аҷнабиёни истилогар подшоҳро сояи Худо дар замин фатво дода, сиёсати забткоронаи онҳоро ҳимоя мекарданд, баромад намуда, риёкориву дурӯягии муфтиёну зоҳидонро фош месозад. Аттор дар шахсияти онҳо чеҳраи воқеии қозиву уламои мутаассибро, ки бо дарбори шоҳони аҷнабӣ алоқаи зич доштанд, нишон додааст. Бо фатвоҳои разилонаи худ амалҳои шоҳону амиронро пинҳон намуда, мардумро фирефтаву гумроҳ месохтанд. Аъмоли разилонаи онҳоро Аттор чунин тасвир кардааст:

Муфтиеро дид он парҳезгор,

Бар дари султон нишаста рӯз бор.

Фатвие пурсид аз ӯ марди ҳалим,

Гуфт: ин чӣ ҷойи фатвист, ай салим.

Мард гуфташ бар дари шоҳу амир,

Ҳам чӣ ҷойи муфтиён-ст, хурдагир.

Назарияи қобили таваҷҷуҳи Аттор дар он аст, ки ӯ зиндагии моддиро дар ҷойи аввал мегузорад. Ӯ тасдиқ мекунад, ки диндорӣ ва мурооти маросимҳои динии ҳар як шахс ба сатҳи таъминоти моддии вай вобаста аст. Агар халқ гурусна бошад, дар гӯшаи хаёли вай ба ҷуз нон чизи дигаре намегузарад. Аттор қаҳтии Нишопурро тасвир карда, навиштааст, ки чил шабу чил рӯз гурусна дар Нишопур гаштам, ягон маротиб овози азон нашунидам ва дари масҷидеро низ боз надидам. Маълум гашт, ки нон аз ҳама болотар буда, бунёди дин низ ба нон вобаста аст:

Соиле пурсид аз он шӯридаҳол,

Гуфт: агар номи меҳини[1] зулҷалол

Мешиносӣ, боз гӯй, ай марди нек,

Гуфт: Нон аст, ин бинатвон гуфт лек.

Мард гуфташ аҳмақиву беқарор,

Кай бувад номи меҳин нон, шарм дор.

Гуфт: Дар қаҳтӣ Нишобур, ай аҷаб,

Мегузаштам гурсина чил рӯзу шаб.

На шунидам ҳеҷ ҷо бонги намоз,

На даре бар ҳеҷ масҷид буд боз.

Ман бидонистам, ки нон номи меҳин-ст,

Нуктаи ҷамъияту бунёди дин-ст.

Аз нигоҳи шоир агар инсон заррае нишонаи инсоф дар вуҷудаш дошта бошад, беҳтар аз он аст, ки як умр дар рукую суҷуд бошад:

Аз ту гар инсоф ояд дар вуҷуд,

Беҳ ки умре дар рукую дар суҷуд.

Худ футувват нест дар ҳар ду ҷаҳон,

Бартар аз инсоф додан дар ҷаҳон.

Аттор ҳадафи асосии зиндагӣ ва лаззат бурдан аз онро, махсусан дар фасли баҳор бештар мавриди тавсиф қарор дода, мегӯяд, ки ин умри азизро бояд ҳамеша хуш нигаҳ дошт ва аз ин зебоиҳои табиат бояд лаззат бурд. Зеро рӯзе мерасад, ки мо ба хокистар табдил мешавем. Мантиқи гуфтори Аттор он аст, ки умри инсон гузарон аст ва аз он инсон бояд бархурдор бошад:

Май хӯр, ки фалак баҳри ҳалоки ману ту,

Қасде дорад ба ҷони поки ману ту.

Бар сабза нишин даме, ки бисёр намонд,

То сабза бурун дамад зи хоки ману ту.

Аттори Нишопурӣ гоҳо ба муқобили ҳама гуна таълимоти динӣ баромада, эътирозомез худро бутпарасту зуннорбанд муаррифӣ кардааст:

Манам он габри дерина, ки бутхона бино кардам,

Шудам бар боми бутхона дар ин олам нидо кардам.

Салои куфр дардодам, шуморо, ай мусулмонон,

Ки ман он куҳнабутҳоро дигарбора ҷило кардам.

Ба бикрӣ зодам аз модар, аз он Иси-м мехонанд,

Ки ман ин шири модарро дигарбора ғизо кардам.

Агар Аттори мискинро дар ин габрӣ бисӯзонанд,

Гуво бошед, ай мардон, ки ман худро фано кардам.

Аттор аз озодии баёну андеша ҳимоят карда, бо вуҷуди муҳити тангу тор ва фишори мутаассибони замон ҳаргиз аз гуфтани фикри худ наҳаросид, розу ниёзи худро ошкоро баён кард. Андешаҳое, ки Аттор баён карда, ҳатто аз назари мутаассибони имрӯза як навъ куфру бединӣ шумурда мешавад. Бо ин ҳол, ҷасорати шоир, ки дар фазои танги асримиёнагӣ мезист, нисбат ба равшанфикрони муосири мо бештар аст:

Ба саҳро гар яке девона будӣ,

Ки чун девонагиш андар рабудӣ.

Ба сӯйи осмон кардӣ нигоҳе,

Чунин гуфтӣ ба дарди дил к-илоҳӣ!

Туро гар дӯстдорӣ нест пеша,

Вале ман дӯстат дорам ҳамеша.

Маро ар ту намедорӣ басе дӯст,

Вале ман ҳамчунон дорам туро дӯст.

Чӣ гуна гӯямат, эй оламафрӯз,

Ки як дам дӯстӣ аз ман биёмӯз!

Доираи маҳдуди шариат барои баёни андешаҳои баланди донишмандони асил тангӣ мекард. Аз ин рӯ, онҳо ба мактаби хосе рӯ оварданд, то аз ин тариқ андешаҳои озоду умумибашарии хешро ба гӯши пайравони худ бирасонанд. Чунончи, Аттор дар ғазали дигар мефармояд:

Соқиё, тавба шикастам, ҷуръаи май деҳ ба дастам,

Ман зи май нанге надорам, майпарастам, майпарастам.

Сӯхтам аз хӯйи хомон, баршудам з-ин нотамомон,

Нангам аст аз нанги имон, тавба пеши бут шикастам.

Ман на марди нангу номам, фориғ аз инкори омам,

Майфурӯшонро ғуломам, чун кунам чун майпарастам.

Дину дил барбод додам, рахти ҷон бар дар ниҳодам,

Аз ҷаҳон берун фитодам, аз худии худ бирастам...

Соқиё, бода фузун кун, то манат гӯям, ки чун кун,

Хезам аз масҷид бурун кун, к-аз майи дӯшина мастам.

Гар чу Атторам, ки обам мебарад аз дида хобам,

Баски аз бода харобам, нестам воқиф, ки ҳастам.

Хулоса, ҷаҳонбинии фалсафии Аттор бар асоси андеша ва хиради тоҷикӣ поягузорӣ шудаву шакл гирифтааст. Ин мантиқ аз осори ӯ бармало мешавад. Аттор дар маснавии «Мантиқ-ут-тайр» фалсафаи худшиносиро ба авҷи аъло мерасонад. Қиссаи сӣ мурғе, ки дар орзуи мулоқоти Симурғ дар кӯҳи Қоф буданд, ҳамин нуктаро ба равшанӣ баён мекунад. Вақте сӣ мурғ бо азобу машаққати фаровон роҳи дуру дарозеро тай намуда, ба мулоқоти Симурғ ба кӯҳи Қоф мераванд, дар он ҷо хештанро мебинанд ва дарк мекунанд, ки Симурғ иборат аз ваҳдати сӣ мурғ будааст. Аттор ба инсонҳо гӯшзад мекунад, ки онҳо низ аз як гавҳар офарида шудаанд ва агар ба ваҳдату ҳамдилӣ бирасанд, ба як неруи азими фавқулодаву шикастнопазир табдил хоҳанд шуд.

Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.

2313Куфри чу мане газофу осон набувад,

Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,

Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.

Абуалӣ ибни Сино (980-1037) табиб, риёзидон, ситорашинос, ҷуғрофиядон, шоир ва яке аз машҳуртарин файласуфону донишмандони тоҷик мебошад.

Ибни Сино 450 китоб дар мавзуъҳои гуногун навиштааст, ки бештари онҳо дар соҳаи илми тиб ва фалсафа аст. Аз ҷумла, китобҳои «Шифо» – донишномаи илмию фалсафии мукаммал ва «Ал-қонун фӣ тиб»-и ӯ аз маъруфтарин асарҳо дар таърихи илми тибби ҷаҳон маҳсуб мешаванд.

Абуалӣ ибни Сино дар рустои Афшанаи наздики Бухоро ба дунё омад ва падараш яке аз соҳибмансабони дарбори Сомониён буд. Абдуллоҳ падари ибни Сино аз мардуми Балх буд ва дар рӯзгори Нӯҳ писари Мансури Сомонӣ ба Бухоро омад.

Ибни Сино осори худро ба ду забон – тоҷикӣ ва арабӣ эҷод кардааст. Аз муҳимтарин асарҳои Сино ба забони тоҷикӣ «Донишнома» ва рисолаи «Рагшиносӣ» мебошанд, ки ҳаким барои баёни мафҳумҳои нав, даст ба вожасозӣ зада, захираи луғавии забони тоҷикиро ғанӣ намудааст. Аз ҷумла, бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда, Сино танҳо дар ин ду китоби хеш 1039 истилоҳи тоза сохтааст.

Ин рубоӣ тавоноии Абуалӣ ибни Синоро дар илм ва аз ҷониби ӯ фаро гирифта шудани тамоми донишҳои роиҷи замонашро инъикос мекунад:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд гушуда шуд, магар банди аҷал.

Ибни Сино ба хотири баён кардани афкори пешқадамонаи хеш аз тарафи фақеҳон ё донандагони қонунҳои шариат ба куфргӯйӣ муттаҳам гардид ва таҳти таъқиб қарор гирифт. Маҳз фишору таъқиби руҳониёни иртиҷоъгаро сабаб шуд, ки ин донишманди маъруф сарзамини аҷдодии худро тарк намуда, ба тарафи Эрони имрӯза муҳоҷират намояд. Абуалӣ ибни Сино рубоии маъруфи худ «Куфри чу мане газофу осон набувад»-ро, ки дар аввали матлаб оварда шуд, дар посух ба арбобони мутаассиби динӣ ва барои дифоъ аз хеш сурудааст

Ибни Сино намояндаи бузурги фалсафаи машшоъ буд. Дар осори фалсафии ӯ масъалаҳои табиат, шаклҳои ҳастӣ, моддаву сурат, нафсу тан, сабаб ва дарки олами моддӣ ҳамаҷониба таҳқиқ шудааст.

Дар фалсафаи Ибни Сино ба таҳлили масъалаи моҳияти ҳаракат, замон ва макон диққати зиёд дода шудааст. Ҳаракат аз назари ӯ ҷой иваз кардани ҷисм, тағйироти миқдорӣ ва табдили ҳолати он аст. Ибни Сино ҳаракатро аз рӯи манбаи пайдоишаш ба табиӣ, қасрӣ ва аразӣ тақсим кардааст. Манбаи ҳаракати табиӣ дар дохили худи ҷисм ва манбаи ҳаракати қасрию аразӣ дар берун аз ҷисм пайдо мешавад. Ибни Сино дар заминаи ҳаракат ду фикри аз ҷиҳати илмӣ муҳимро баён кардааст. Яке аз онҳо тасаввуроти ӯ дар бораи «майл» аст. «Майл қувваест, ки аз ҷисми мутаҳаррик ба муҳаррик мегузарад ва ҷисм то тамом шудани он ҳаракат мекунад», – навишта буд ӯ. Дар ин ақида ғояи инерсия ифода ёфтааст, ки онро Галилей дар асри ХVII кашф намуд. Дувум, ӯ назарияи баъзе мутафаккирони қадимро, ки мегуфтанд: «ҳар чи хурдтар будӣ, тезтар ҷунбидӣ ва ҳар чи калонтар будӣ, дертар ҷунбидӣ» рад карда, хилофи онро исбот кардааст. Ин гумони ӯ бо хулосаҳои илми ҳозира комилан мутобиқ аст.

Ибни Сино замонро шумораи ҳаракат дониста, алоқаи онро бо ҳаракат ва модда эътироф мекард. Ӯ ақидаи касонеро, ки замонро хаёлӣ медонистанд, рад кардааст.

Ибни Сино бар ягонагии моддаву сурат таъкид карда, муътақид буд, ки шаклҳои гуногуни ҳаёт монанди зоиш, ҳаракати ихтиёрӣ, дарёфтҳои ҳиссӣ ва ақлӣ на якбора, балки ба таври тадриҷӣ сурат гирифтаанд. Ӯ нафси наботию ҳайвониро ба тан зич алоқаманд дониста, ақли нотиқаро гавҳари мустақилу абадии ба тан берабт медонист.

Ибни Сино назарияи динии растохез ё рӯзи қиёматро рад карда, назарияи таносухро ботил шуморидааст. Ӯ дар китоби «Шифо» ва дар баҳси маод навиштааст, ки наметавонад маоди ҷисмониро аз назари ақлонӣ собит кунад. Ӯ дар рисолаи «Азҳавия» маоди ҳақиқиро маоди руҳонӣ дониста, масъалаи мазкурро чунин шарҳ додааст: «... Маоди руҳониро ба ваҷҳе баён кардӣ, ки авом фаҳм кунанду бидонанд ва рағбат намоянду битарсанд... аз барои он ки саодати ҳақиқӣ ва лаззоти руҳонӣ эшонро мафҳум нест ва дар ваҳми эшон наояд...».

Лозим ба зикр аст, ки баъзе аз назарияҳои Ибни Сино дар хусуси пайдоиши олам, табиат ва масъалаи маод бо аҳкоми динӣ зид буд, бинобар ин баъдтар Муҳаммад Ғаззолӣ ва Фахруддини Розӣ ба муқобили ӯ баромада, Сино ва пайравонашро ба куфру илҳод (сарпечӣ аз қонуни дин) муттаҳам намудаанд.

Масъалаи ихтилофи Ибни Сино бо руҳониён ва дигар арбобони дин перомуни ақлу хираду имон, на танҳо дар рисолаҳои илмӣ, балки дар ашъори ӯ низ ба равшанӣ инъикос ёфтааст. Сино фаҳми зоҳирӣ ва сатҳӣ аз мафҳуми таваккал ва ба умеди тақдир хомӯшу бекор нишастани инсонро сарзаниш карда, мардумро ба амалгароӣ ва кӯшишу талош ташвиқ мекард:

З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,

Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х(в)ард.

Имрӯз бикун чу метавонӣ коре,

Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард.

Ба назари Ибни Сино, маърифати нодуруст аз тақдир, таваккал ва сабру қаноат дар тинати инсон хислатҳои коҳилиро парвариш хоҳад дод. Ин бардоштҳои ғалат дар адабиёти классикӣ таърифу тавсифи меҳнат ва мазаммати бекорию беҳунариро ба вуҷуд овардааст:

Ҳар он кас, ки бигрезад аз коргард,

Аз ӯ дур шуд ному нангу набард.

Ҳамон коҳилии мардум аз баддилист,

Ҳамовоз бо баддилӣ коҳилист.

Таносоию коҳилӣ дур кун,

Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун.

Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест,

Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.

Чу коҳил бувад марди барно ба кор,

Аз ӯ сер гардад дили рӯзгор.

Маълум мешавад, ки шоирони классик ба муқобили фаҳми нодурусти таваккал ва фарқи он аз танбалӣ, коҳилӣ ва муфтхӯрӣ кӯшиш намуда, инсонро ба меҳнатдӯстӣ даъват кардаанд.

Ибни Сино илмро аз ҷон беҳтар ва сабаби пешрафти ҳаёт дониста, онро ба чароғ ва ҳикматашро ба равғани он ташбеҳ кардааст:

Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад,

Пешрафту беҳтарӣ ҷонро яқин бо илмҳост.

Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,

Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост.

Дар ҳақиқат зинда ҳастӣ дар дами рахшиданаш,

Гар шавад торик он лаҳза, ҳаёташ дар фаност.

Дар адабиёти классикӣ дар аксар маврид май мавзуи мунозираи шоирону руҳониён қарор гирифта, дар бораи ҳарому ҳалол будани он баҳс рафтааст. Шоирон бо такя ба зарбулмасали «Сухани ҳақ талх аст» аз санъати суханбозӣ ва мантиқи калом (ҳақ талх, май талх, – пас май ҳақ аст) истифода карда, дар муқобили мардумозорию риё майро ҳалол донистаанд. Ба гуфтаи Ибни Сино, май барои ҷоҳилон (афроде, ки аз ҳад берун менӯшанд ва даст ба авбошию бадкирдорӣ мезананд) ҳаром аст, вале бо иҷозати ақл барои одамони доно ҳалол мебошад:

Ба таъм талх чу панди падар, валек муфид,

Ба назди мубтил[1]ботил, ба назди доно ҳақ.

Ҳалол гашта ба фатвои ақл бар доно,

Ҳаром гашта ба аҳкоми шаръ бар аҳмақ.

Ҳалол бар уқалову ҳаром бар ҷуҳҳол,

Ки май маҳак бувад, хайру шарр аз ӯ муштақ.

Май аз ҷаҳолати ҷуҳҳол шуд ба шаҳр ҳаром,

Чу маҳ, ки аз сабаби мункирони дин шуд шақ.

Май нӯшидану ишқи некувон варзидан ба фиребгарӣ ва дурӯягии руҳониён зид гузошта шудааст. Шоирони озодихоҳ бо ин восита фиребу найрангбозии руҳониёнро фош мекарданд. Май дар адабиёти риндӣ дар баробари мардумозорӣ, ришвахорӣ ва зулми ҳокимону арбобони дин муқобил гузошта шудааст.

Дар адабиёти классикӣ ба ғайр аз май, ки моҳият ва маънии хосе дорад, «ишқ» ҳам мақоми муҳимме ишғол кардааст. Ин категория низ бар зидди бардоштҳои нодуруст аз маъно ва мафҳуми ишқи ҳақиқӣ ба кор бурда шудааст. Ин даста аз шоирон воизони даврро ба хотири шарҳу тафсири нодурусти мафҳуми ишқ ва ё ишқи илоҳӣ, ки мардумро ба дунёбезорӣ ва тарки неъматҳои дунявӣ даъват менамуданд, мавриди танқиду мазаммат қарор медоданд.

Мавзуи дигари доғ дар ҷомеаи асримиёнагӣ бархурди ношоистаи руҳониёни ҷаҳолатпараст бо аҳли илму дониш буд. Онҳо дар ҳаққи донишмандони ҳақиқӣ туҳмату буҳтон баста, ба фоидаи идораҳои динӣ ҷосусӣ мекарданд ва беҳтарин фарзандони халқу ватанро қурбон менамуданд. Ибни Сино дар яке аз қитъаҳои арабиаш аз ҳасадхӯрӣ, таҳқир, сарзанишҳои ноҳақ, айби худро ба каси дигар ҳавола кардан ва дигар хулқу атвори нопоки баъзе арбобони дин шикоят карда, дар айни ҳол мегӯяд, ки агар роҳи кас дуруст бошад, ӯ бояд аз ин туҳматҳо натарсад:

Чӣ қавме, ки ҳосид ба фазли мананд,

Зи ғайбат бихоҳанд азоби маро.

Камолу фану ҳикматам сарзаниш,

Намоянд аз нақси худ ҳар куҷо.

Чу бузҳои ваҳшӣ ба кӯҳи баланд

Зада шох, ҷӯянд таҳқири мо.

Вале бар ҷавон то яқин гашт роҳ,

Натарсад зи гуфтори нофаҳмҳо.

Дар шеъри дигараш Ибни Сино руҳониёни туҳматбофро ба саг ва худро ба шери нотарс монанд кардааст:

Ба дилҳо ваҳм агар аз ман намебудӣ, намегуфтанд

Сухан аз бахшиши айбам, намекарданд таҳқирам.

Зи тарси шери ғуррон чоҳ кованду зананд ав-ав,

Гирифт овози он сагҳо, валекин ман ҳамон шерам.

Пагоҳӣ ҷаста аз ҷо каҷ назар созанд сӯйи ман,

Зи бас бедораму шабҳо зи меҳнат дил намегирам.

Агар чашми адолат будӣ дар ҷойи адоват, пас,

Намедидӣ қабеҳ он корҳои нағзтаъсирам.

Масъалаи инкори ақлу дониш аз сӯйи намояндагони динӣ дар асрҳои миёна дар меҳвари эҷодиёти шоирону донишмандони озодипарасти давр қарор дошт. Руҳониёни манфиатҷӯ ба баҳонаи ҷудо кардани дин аз илм ба донишмандон ҳамла мекарданд. Муборизаи шоирони озодихоҳу донишманд алайҳи намояндагони табақаи ҳоким ва арбобони диние буд, ки бо зулму заҷр ҳамаи неъматҳои моддии ҷамъиятро барои худ ҷамъ намуда, аксарияти халқро аз он маҳрум мекарданд.

Донишмандону озодихоҳон аз чунин вазъият ба сутуҳ омада, ҳақиқатро ошкор мекарданд, то мардуми омиро аз вартаи ғуломӣ наҷот диҳанд. Табиатан, ин ҳаракати мардуми оқил хашми арбобони диниро бармеангехт ва ба хотири ҳифзи манфиатҳои хеш онҳоро бо туҳматҳои нораво, бахусус ба баддинӣ туҳмат зада, аз майдон берун мекарданд.

Ибни Сино натанҳо шоир, балки донишманду табиби тавоно, ҳакими ҳама гуна дарду даво ва дар фалсафа, мантиқ, илми мусиқиву забони арабӣ низ нодираи даврони хеш буд. Сино тавоноии ақлонии худро дар як рубоӣ чунин тавсиф кардааст:

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,

Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.

Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,

Охир ба камоли заррае роҳ наёфт.

«Андар дили ман ҳазор хуршед битофт», – ишораи Сино ба доноию тавоноии хеш дар улуми гуногун аст. Бинобар ин, Ҷорҷ Сартр дар китоби «Таърихи илм»-и хеш аз Сино ба унвони яке аз бузургтарин андешамандон ва донишмандони соҳаи тиб ном бурдааст. Ӯ ҳамчунин Синоро машҳуртарин донишманди ҳамаи замонҳову маконҳо ва нажодҳоменомад.

Аз Ибни Сино ҳамчун бузургтарин мантиқдони асрҳои миёна ва яке аз чеҳраҳои давронсози таърихи илми мантиқ ном мебаранд. Ӯ дар бораи илми мантиқ беш аз 20 китобу рисолаи мустақил эҷод кардааст. Аз ҷумла, панҷ ҷилд аз даҳ ҷилди донишномаи «Шифо»-и ӯ ба мантиқ ихтисос ёфтааст. Мантиқдонони маъруфи ҷаҳонӣ сабаби ҳассосияти Синоро ба мантиқ бархоста аз алоқаи шадиди ӯ ба забон дарёфтаанд. Ишқи ӯ ба забон ва кӯшишҳояш барои равнақ бахшидани он дар байни мардум афсонаҳое паҳн кардааст.

Унсури дигари фалсафаи табиии Ибни Сино хидмати ӯ ба мантиқ ва истифодаи мантиқ дар илми риёзӣ будааст. Сино пас аз таҳлили равиши қиёсии Арасту бори нахуст имконпазир донист, ки сабабҳои табиӣ ҳам дар қиёс мавриди истифода қарор гиранд. Яке аз бузургтарин хидматҳои Ибни Сино исботи ин идея буд, ки барои кашфи ҳақиқат на аз як равиш, балки аз равишҳои гуногун, монанди озмоишҳо, қиёсу далел ва шаҳодати айнӣ барои дарёфти дониш бояд истифода шавад. Акнун дар илми муосир, ки аз методҳои гуногун барои исботи назарияҳои илмӣ истифода мекунад, ин идеяи Сино аз аҳамияти калоне бархурдор аст. Аз тарафи дигар, фалсафаи Ибни Сино бар асоси ҷаҳонбинии табиӣ шакл гирифтааст. Бо вуҷуди он ки Сино мисли Насириддини Тусӣ як риёзидони ҳирфаӣ набуд, вале ба фалсафаи риёзиёт хидмати калоне кардааст. Ӯ бо таҳқиқи робитаи байни мантиқи сурӣ[2] ва мантиқи риёзӣ дар заминаи пайдоиши фалсафаи риёзиёт ҳамчун шохае аз фалсафаи илм нақши муҳим бозид. Ҷанбаҳои гуногуни фалсафаи табиӣ ва риёзии Ибни Сино дар китоби машҳури ӯ «Шифо» ба чашм мехӯрад.

Ибни Сино дар баробари фаъолиятҳои илмии хеш ҳамчунин барои тарбияту табобати аҳли башар хидмати арзанда кардааст. Хидмати ӯ ба илми тиб, дорушиносӣ ва мавзуи вобаста ба онҳо зиёд аст. Сино бо омезиши фалсафаи тибби юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва табибони қабл аз ислом дар боби табобат равишҳои тоза пайдо намудааст. Вай барои дармони беморӣ аз ҳеч равиши муфид худдорӣ намекард. Ибни Сино аз аввалин ҳакимонест, ки дар бораи таъсири мутақобили реҷаи хӯрокхӯрӣ ва истеъмоли дору ва қоидаи истифодаи он дастуруламали мушаххас пешниҳод кардааст. Ӯ дар замони хеш таблиғгари густариши огоҳию ақлоният дар миёни оммаи мардум буд. Аз суханони гуҳарбори Сино аст, ки гуфтааст: «Агар барои як хато ҳазор далел биёваред, дар ҳақиқат ҳазору як хато аз шумо сар задааст». Ин фарзия худ далели гароиши ӯ ба ақлоният ва мантиқ мебошад.

Ибни Сино ташкили ҷомеаи солимро ба вуҷуди ҷисми солим вобаста медонист. Алоқаи ӯ ба илми тиб ҳам аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Ибни Сино фармудааст, ки «ҳеч чиз бар саломатии инсон бештар аз он садама намезанад, ки хӯрок бар рӯи хӯрок тановул намояд». Бинобар ин, ӯ мардумро ба варзиш ва анҷоми ҳаракатҳои ҷисмонӣ ташвиқ мекард. Ибни Сино ҳаракатро беҳтарин равиши дармон медонист. Ба ин гуфтаҳои ҳакимонаи ӯ диққат кунед, ки фармуда: «Касе ки ба тамринҳои баданӣ мепардозад, ба ҳеч доруе ниёз надорад, дармони ӯ дар ҷунбиш ва ҳаракат аст». Тибби муосир ҳам имрӯз ба ҳамин натиҷа расида ва ташвиқи варзиш ба яке аз усулҳои табобатӣ табдил шудааст. Мисолҳои боло возеҳу равшан менамоянд, ки Ибни Сино як донишманди дунявӣ буда, дар фаъолияти рӯзмарраи хеш ҳамеша аз ақлу мантиқ ва фалсафа истифода мекардааст. Агар ҷомеаи суннатии асримиёнагӣ мантиқи Ибни Синоро хуб дарк мекард, шояд аз вазъияти хеш асрҳо пеш мерафт. Мутаассифона, таассуб, ифрот ва хурофоти ҳоким дар он давра иҷозат намедод, ки андешаҳои пешқадами фарзандони фарзонаи миллат ба гӯши ҳамагон бирасад ва дар ҷомеа татбиқ гардад.

Ба иловаи илмҳои номбурда, хидмати Ибни Сино дар рушди илми кимиё, коншиносӣ ва маъданшиносӣ ҳам чашмрас мебошад. Ибни Сино якравиро нишонаи таассуб ва хомии одам медонист. Аз ин рӯ, фармудааст: «Таассуб дар донишу фалсафа монанди ҳар таассуби дигар нишонаи хомӣ ва бемоягӣ аст ва ҳамеша ба зиёни ҳақиқат тамом мешавад».

Ин донишманди тавоно бо таҳлили сохтори як шаҳобсанг, ба ташкили харсангҳои русубӣ[3] ва нақши заминларза дар пайдоиши кӯҳҳо андешаҳои ҷолиб баён кардааст. Имрӯза кишварҳои шарқӣ башиддат ниёзманди рушди фалсафаи табиии худ ҳастанд ва дар ин замина метавонанд ба назарияҳои фалсафаи илми Ибни Сино такя намоянд.

Аз назари Ибни Сино, арбобони дин дар он замон на барои омӯзиши илму дониш талош мекарданд ва на ба он чи мегуфтанд, амал менамуданд. Дурӯғу беамалии руҳониёни иртиҷоӣ дар ҳар давру замон монеи пешрафту тараққии ҷомеа ва ҳатто хиёнат ба давлату миллат шудааст.

Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.

232Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 1207 дар водии Вахши Тоҷикистон, дар хонаводаи Баҳоуддин Валад чашм ба дунё кушодааст. Падараш марди соҳибилму огоҳ ва дар байни мардум аз маъруфияти зиёд бархурдор буд. Мардумон ба ӯ эътиқод ва иродати зиёд доштанд. Бояд гуфт, ки муносибати ӯ бо ҳокими вақт – Хоразмшоҳ дар аввал хуб буд, аммо баъдан сардие дар миёни онҳо падид меояд ва ин сабаб мешавад, ки Баҳоуддин Валад бо тамоми аҳли оилааш Балхро тарк кунанд. Қиссаи дар роҳи Нишопур ба Аттор вохӯрдани онҳо ва ба Ҷалолиддин Муҳаммади хурдсол тақдим шудани «Асрорнома» аз ҷониби ӯ барои ҳамагон маълум аст. Баҳоуддин Валад баъд аз зиёрати Макка рӯ ба Осиёи Хурд овард, зеро дар ин айём Хуросону Мовароуннаҳр ба дасти муғулон афтода, Хоразмшоҳ дар гурезагӣ ба сар мебурд. Бинобар ин, аҳли оилаи Мавлоно ба Қуния, ки ҷои нисбатан амну осоишта маҳсуб мешуд, рафтанд.


Мавлоно баъд аз фавти падар ба маснади ӯ нишаста, ба таълиму тадрису ваъз машғул мегардад. Вай дар сояи тарбияти Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, ки аз шогирдону муридони падараш буд, ба илму маориф рағбат пайдо карда, муддате дар Шом низ касби дониш менамояд. Ӯ дар ҳамин давра бо Шамси Табрезӣ шинос мешавад ва ин ошноӣ тарзи зиндагии ӯро батамом тағйир медиҳад:

Шамси Табрезӣ, аз он рӯзе, ки дидам рӯи ту,
Дини ман шуд ишқи рӯят, мафхари дил ёд дор.

Бояд гуфт, ки пас аз ғоиб гардидани Шамси Табрезӣ, Мавлоно ба Салоҳиддини Зарринкӯб ва Ҳисомиддини Чалабӣ рӯ меорад ва бо онҳо ҳамчун пиру мурид иродат меварзад.


Мавлоно соли 1273 дар Қуния вафот менамояд. Қабраш дар он ҷост ва зиёратгоҳи арбоби шавқу завқ ва илму адабу ирфони олам мебошад.

Мавлоно аз адибону андешамандони пуркору пуросор ба шумор меравад. «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» («Девони Шамс»), «Фиҳӣ-мо-фиҳӣ», «Мактубот» ва «Маҷолиси сабъа» аз осори машҳури Мавлоно мебошанд.

«Маснавии маънавӣ» аз шаш дафтар иборат аст, ки дар он мавзуот ва мазмунҳои мухталиф баён ёфтаанд. Бинобар ин, бисёре аз абёти китоб ба ҳадде ба зиндагию воқеият гиреҳ мехӯрад ва аз фасоҳату равонию маънии воло бархурдор аст, ки ба сифати такбайт ё масалҳои мардумӣ даромадаанд ва асрҳо боз вирди забони мардуманд. Назири ин байт:

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Майли онро дар дилаш андохтанд.

Мавлоно мисли соири адибони пешқадам, дар пардаи афкори пӯшидаву рамзомез андешаҳои пешқадам ва иҷтимоии худро ба намоиш мегузорад. Воқеан, Мавлоно табъан гӯяндае озодандеш, воқеъгаро буда, дар маркази осори ӯ ҳаёти пурзиддияти инсон меистад. Аммо дарку фаҳми он барои ҳар кас муяссар нест. Хусусан афкори пешқадамонаи шоирро, ки тавассути рамзу киноёт, афсонаву тамсилу ҳикоёт баён ёфтаанд, берун кашидан кори чандон сода нест, аммо ин кор зарурат дорад, зеро, мутаассифона, то имрӯз ағлаб осори ӯ аз дидгоҳи тасаввуф ва дин мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷанбаҳои дигари осори вай, аз ҷумла инсонӣ, миллӣ, хусусан, озодандешии шоир, хеле кам тадқиқ шудаанд. Аз ин рӯ, Мавлоно наҷотдиҳандаи фикри башар аз гирифторӣ ба ғаму андуҳ, аз ғуломӣ, сарояндаи озодӣ, ифшогари таассубу хурофот, намояндагони фирқаҳои мазҳабӣ, воизони риёкор ва амсоли он мебошад.

Дар ҳақиқат, Мавлоно, на танҳо ба дину шариати расмӣ пайванд ва пойбанд нест, балки бисёре расму ривоҷи маъмулро нозарур мешуморад ва риоя намекунад. Ӯ дар ин бора гоҳе ошкоро ва гоҳе пӯшида сухан мегӯяд. Чунончи:

Соқӣ, биёр он ҷомро, бистон зи ман оромро,
Бигзор ин исломро, рав каъбаро бутхона кун.

***

Безорам аз он лаъл, ки пирӯза бувад,
Безорам аз он ишқ, ки серӯза бувад.
Безорам аз он мулк, ки дарюза бувад,
Безорам аз он ид, ки дар рӯза бувад.

Мавлоно, ки донишманде сутургу равшанфикр аст, ба намозу рӯза, ки риёкорон баҳри ғаразҳои шахсӣ ба ҷо меоранд, беэътино аст. Ӯ рӯи маъшуқаро намоз ва чашмонашро рӯза медонад ва мегӯяд:

Рӯи ту намоз омаду чашмат рӯза
В-ин ҳар ду кунанд аз лабат дарюза.
Ҷурме кардам, магар, ки ман маст будам,
Оби ту бихӯрдаму шикастам кӯза!

Мавлоно дар ин замина то дараҷае пеш меравад ва ба шинохтани оламу одаму ҳастӣ, хусусан динҳо мерасад, ки дигар эътимодро билкул аз динҳо аз даст медиҳад. Бинобар ин, бо сароҳат мегӯяд, ки ӯ аз миллати ишқ аст, зеро динҳо байни башар нифоқ ва душманӣ меварзанду одам мекушанд:

Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.

Бунёди фалсафаи Мавлоно бар камолоти инсонӣ асос ёфтааст. Ӯ онҳоеро, ки дар чорчӯби дину шариат худро маҳдуд мекунанд, сарзанишу накӯҳиш намудааст. Чунончи, мефармояд:

Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Яъне дар андешаи Мавлоно инсон будан болотар аз мақоми мусулмон будан аст. Мусулмонӣ аввали роҳ аст ва ниҳояти онро камолоти инсонӣ ташкил медиҳад. Ҳамин фалсафаи инсонгароёнаи ӯ буд, ки пайравони тамоми динҳо дар суҳбату маҳфилҳои Мавлоно ҷамъ мешуданд ва баҳра мебурданд.

Кору кӯшишро, ки мояи ҳастӣ ва саодату зинда мондани инсон аст, адибони мо аз сапедадами шеъри тоҷикӣ дар осорашон сутудаанд ва талқин кардаанд. Аммо дар тасаввуф, ки бар пояи тақдир ва таваккал поярезӣ шудааст, ризқу рӯзиро аз ҷониби Худо медонанд, ки пешакӣ таъйин шудааст ва ӯ расонандаи он аст. Яъне бе дасту по задан, ҳаракат кардан, кор кардан ҳам метавон зиндагӣ кард. Албатта, ин фикри ғалат аст, ки дар зеҳни мардум, бавижа мусулмонон нишаста ва эшонро танбалу коҳилу коргурезу ақибмонда кардааст, зеро эшон маънии таваккал ва мавқеи коргирӣ аз онро дуруст нафаҳмидаанд. Саросари осори адибони сӯфӣ оганда аз ин андешаи ботил аст. Аммо Мавлоно, баръакс, саъю кӯшиш, дасту по задан, ҳаракат, фикр карданро ба башар талқин мекунад:

Чу по дорӣ, бирав, дасте биҷунбон,
Туро бедаступоӣ маслиҳат нест!

Худшиносӣ аз аркони муҳимми зиндагӣ, сарбаландӣ ва сарфарозии банӣ башар аст. Бидуни худшиносӣ инсон наметавонад аз мақом ва ҷойгоҳи худ бархурдор бошад.

Ба назари Мавлоно ҳақиқат яке аст ва ба он чун аз дидгоҳи мухталиф нигариста мешавад, садрангу гуногун менамояд. Ба ақидаи вай душманиҳои мазҳабӣ ва таассубҳои вайронгаре, ки ба номи дин барангехта мешаванд, пайомади ҷаҳлу ғафлат аст:

Аз назаргоҳ аст, ай мағзи вуҷуд,
Ихтилофи муъмину габру ҷуҳуд.

Тибқи фармудаи Мавлоно, аз он ҷо, ки ақлу идроки башарӣ нисбат ба ҳақиқати мутлақ маҳдуд аст, одамӣ наметавонад ҳақиқатро он сон, ки ҳаст, бишносад, ба ин сабаб ихтилоф дар таъбир ва тафсири ҳақиқат амре табиӣ ва гурезнопазир аст:

Аз назаргаҳ гуфташон шуд мухталиф,
Он яке долаш лақаб дод, ин алиф.

***

Дар кафи ҳар кас агар шамъе будӣ,
Ихтилоф аз гуфташон берун шудӣ.

Бинобар ин, аз назари Мавлоно дидгоҳҳои гуногун боиси ба вуҷуд омадани таъбир ва бардоштҳои мухталиф аз ҳақиқат мешавад, пас ин дидгоҳҳо холӣ аз хато нест. Аз ин рӯ, ҳақиқат дар инҳисори ҳеҷ кас ва ё гурӯҳе нест:

Ин ҳақиқат дон, на ҳаққанд ин ҳама,
Не ба куллӣ гумраҳонанд ин ҳама.
З-он, ки бе ҳақ ботиле н-ояд падид,
Қалбро аблаҳ ба бӯи зар харид.

Аз назари Мавлоно тафовути дину мазҳабҳо шаклӣ буда, ихтилоф аз надонистани таъбиру истилоҳоти якдигар сар мезанад. Ҳикояти он чаҳор нафар, ки ҳар кадом забони худро доштанд ва мехостанд, ки ангур бихӯранд, дар ҳамин боб аст. Ин чаҳор нафар ба сабаби нафаҳмидани забони якдигар ба тавофуқ намерасанд ва корашон ба ҷангу хушунат мекашад, дар ҳоле, ки мақсудашон яке буд. Мавлоно мегӯяд, агар ҳангоми кашмакаши он чаҳор нафар фарзонае мебуд, ки забони ҳар чаҳорро медонист, аз якдигарнофаҳмии онҳо ҷилавгирӣ мекард ва миёнашон сулҳ барқарор мешуд.

Соҳиби сирре азизи сад забон,
Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон.
Пас бигуфтӣ ӯ, ки ман з-ин як дирам,
Орзуи ҷумлатонро медиҳам.

Ба ҳамин тартиб, Мавлоно башариятро барои раҳоӣ аз буҳрони шадиди маънавӣ, равонӣ ва эътиқодӣ ба ишқу муҳаббат варзидан тавсия мекунад, зеро танҳо чизе ки инсонро дар сайри такомулии он тақвият мебахшад ва боис мешавад, то болои инсон сифатҳои ноқиса ғолиб нагарданд, муҳаббат аст. Дар асари муҳаббат варзидан кина, бухл, ҳасад, адоват ва дигар хислатҳои разила аз вуҷуди инсон берун шуда, одам аз роҳи худшиносӣ ба камолоти инсонӣ мерасад.

Мавлоно бар ин бовар буд, ки дину мазҳабҳо ҳаргиз ихтилофҳои башариро ҳал намекунанд, балки сабаби бештар шудани кинаву душманӣ дар миёни одамиён хоҳанд шуд. Ӯ дар бораи ҷанбаҳои хатарзои динҳо ба башарият дар китоби «Фиҳӣ-мо-фиҳӣ» менависад:

«Гуфтам, охир ин дин кай як будааст? Ҳамвора ду ва се будааст ва ҷангу қитол қоим миёни эшон. Шумо динро як чун хоҳед кардан? Як он ҷо шавад дар қиёмат. Аммо ин ҷо, ки дунёст, мумкин нест, зеро ин ҷо ҳар якеро муродест ва ҳавоест мухталиф. Якӣ ин ҷо мумкин нагардад, магар дар қиёмат, ки ҳама як шаванд ва ба як сӯй назар кунанд ва як гӯшу якзабон шаванд».

Албатта, Мавлоно фарзанди замони худ аст ва дар осораш гоҳо зиддият, таноқуз, афкори мухолифи якдигар паҳлуи ҳам омадаанд. Аммо мо аз осори ӯ ҳамон намунаҳоеро мегирем, меомӯзем ва пайравӣ мекунем, ки барои башари имрӯзу оянда муфид аст ва ҷанбаи созандагӣ, пешқадамона доранд, барои дунёфаҳмӣ, ҳастишиносӣ, худогоҳӣ, башардӯстӣ, инсофу адолат, озодию истиқлол хидмат менамоянд. Хусусан, миллати моро аз таассубу хурофот, сабру таваккал, аҷзу нотавонӣ, қаноат, ки асрҳои аср гирифтори он гардида, руҳи мазҳабию хӯи ғуломонаро дар ниҳодаш парвариш карда буд, озод менамояд, моро дунёгаро, на уқбогаро, бохабар, на бехабар месозад. Дар ин роҳ чакидаҳои хомаи Мавлоно, ки озодагию озодандешӣ, ҳаётдӯстию башарпарварӣ, оқилонаву ҳушмандона зистан, илму дониш омӯхтан, ҳамранги рӯзгор шудан, ба миллату кишвар хидмат карданро меомӯзад, ба мо кумаки бедареғ менамоянд. Имрӯз аз таровишҳои табъи ин нобиғаи бузург на танҳо мо – тоҷикон, ки фарзанди миллати мост, шаҳрвандони Туркия, ки ӯ умрашро дар он ҷо сипарӣ кардааст, балки ҷаҳониён низ ифтихор менамоянд, зеро ӯ дардҳои башарро дар осораш тасвир кардааст. Аз ин рӯ, тамоми башар имрӯз ӯро аз худ медонанд.


Мавлоноро бузургтарин адиби инсонпараст хондаанд, ки саҳеҳ аст, зеро ҳадафи аслии Мавлоно хидмат ба инсон буда, ӯро аз хорию зорию залолат раҳонидан аст, то дар камоли одамият, шукӯҳу ҷалолу шавкат бизияд, дари озодагию хушҳолӣ, бародарию баробариро ба рӯи худ бикушояд ва аз нозу неъмати дунё баробар баҳраманд гардад, якдилу якҷону меҳрубони ҳам бошад. Тавре ки худ мегӯяд:

Ман ба таблиғи рисолат омадам,
То раҳонам ман шуморо аз надам.

Аз ин хотир, барои ӯ дину мазҳаб, ки башарро ба гирдоби гумроҳӣ мебаранд, ба бунбаст ва инҳироф гирифтор менамоянд, бегона аст. Ӯ ошнои кулли башар аст, ҳамагонро яксон дӯст медорад, зеро мазҳабу динро мисли дигарон барои худ ниқоб намесозад, ба ҳар ҷониб намедавад, балки ӯ ҷониби одамият ва беҷонибӣ ҳаракат мекунад. Ба гуфти ӯ:

Ҳар кабутар мепарад дар мазҳабе
В-ин кабутар ҷониби беҷонибӣ.

Мавлоно ба насабҷӯён, лофзанони дину мазҳаб, ки худро бартар аз дигарон, бахусус авом, мешуморанд ва аз сайидзода, эшонзода будани худ тафохур менамояд, сахт нафрат дорад ва безор аст, зеро ин жожхоён агарчи аз насаби худ мелофанд, аммо аз феълу атвори ҳамида, аз сирати поки онҳо бенасибанд ва дар муқобили онҳо қарор доранд. Мо инро дар рафтору амали онҳо ҳар замон мушоҳида менамоем. Бинобар ин, Мавлоно мегӯяд:

Ҳарчанд зи анбиё билофад,
Аз сирати анбиё чӣ дорад?

Интиқод аз аҳли зоҳир, яъне зоҳиргароён, ки бархе аз аркони динро дастак карда, даст ба лофу такаббур мезананд, худнамоӣ мекунанд ва хештанро дар пеши чашми мардум порсову намозгузор нишон медиҳанд, аммо кору кирдору гуфторашон хилофи он аст, дар осори Мавлоно зиёд ба назар мерасад. Мавлоно бо як ҷуръати хос ин тоифаро ба боди интиқод мегирад ва аз масъулият, ҷасорат ва озодандешии худ ба хонандагон дарак медиҳад:

Гӯӣ, ки ман шабу рӯз марди намозгорам,
Чун нест, эй бародар, гуфтори ту намозӣ?

Мавлоно ҳамвора ба аҳли зуҳд, арбоби дастору тасбеҳ, ки худро порсову зоҳид вонамуд мекунанд, аммо бо макру ҳила мардумро мефиребанд, метозад ва бад-ин тартиб парда аз рӯи кори эшон мебардорад:

Эй бар сари бозоре дастор чунон карда,
Рӯ бо дигарон карда, моро нигарон карда.

Шоир руҳониёну зоҳидону суфиёни риёкору зоҳиргарову мардумфиребро дар бисёре аз ашъораш ба боди интиқод мегирад, зеро ба андешаи вай:

Дар гӯр мор нест, ту пурмор саллаӣ,
Чун ҳаст ин хисоли бадат як ба як аду.

Қазову қадар ва иродаву ихтиёр дар низоми зиндагии башар таъсири зиёд доранд. Ҳамин аст, ки яке ба тақдир тан медиҳад ва ҳама чиро азалӣ, аз пеш тарҳрезишуда медонад, дигаре онро рад мекунад ва мухтор будани инсонро эътироф мекунад. Мутаассифона, аксари мардуми авом то имрӯз гирифтору тарафдори қазоанд, аммо олимону адибони пешқадам ҷонибдори ихтиёранд. Аз ин рӯ, ихтиёрро меситоянд ва саодати башарро ба худи инсон, фаъолият, ақлу фаросат ва саъю талоши вай вобаста медонанд. Мавлоно низ ҳамчун донишманди ҷаҳоншинос тарафдори ирода аст, зеро ӯ хуб бовар дорад, ки инсон бояд тавассути ақлаш ҳаёти худро сару сомон бахшад, саодаташро таъмин намояд ва ҳаргиз нокомияшро аз осмон, аз тақдир надонад, балки аз ноуҳдабароии худ бидонад:

Бо қазо ҳар к-ӯ қароре медиҳад,
Ришханди сиблати худ мекунад.

Мавлоно нисбат ба арбоби зоҳир, бавижа аҳли дастору ришу фаш хушбин нест. Ришмонӣ яке аз суннатҳои аҳли зоҳир аст, аммо дар гузаштазамон, ки асбоби ришгирӣ маҳдуд буд, ин амал хусусияти оммавӣ дошт, намояндагони расмии дин мондани ришро сахт риоя мекарданд ва ришу фашу саллаву дастор як имтиёзи иҷтимоӣ маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, аҳли илму адаб дар осорашон аҳли ришу саллаву дасторро интиқод мекарданд ва ба боди истеҳзо мегирифтанд. Мавлоно низ борҳо аз ин гурӯҳ интиқод менамояд ва тарки риш карданро, ки сабаби ташвиш аст, тавсия медиҳад:

Риш шона карда, ки ман собиқам,
Собиқӣ, лекин ба сӯи маргу ғам.
Ҳин, равиш бигзину тарки риш кун,
Тарки ин мову ману ташвиш кун.

Тавре ки гуфтем, Мавлоно дар як давраи пурошӯб, давраи истилои муғул, ба сар мебарад ва шоҳиди ҷангҳои хунину вайронгар аст. Аммо ӯ ҳамчун шоире сулҳхоҳ, мадороҷӯ, тарафдори оромию сулҳу салоҳ ба саҳна мебарояд ва дар осораш сулҳхоҳонро ҳимоят менамояд, меситояд, аммо ҷангҷӯёнро маҳкум мекунад. Мавлоно онҳоеро, ки фитнакорӣ мекунанд, байни одамон ҷангу ҷидол меандозанд ва худ аз дур тамошо менамоянд, бо як тарзу зарофати хос ифшо менамояд:

Мекунӣ моро ҳасуди якдигар,
Ҷанги моро хуш тамошо мекунӣ.

Хулоса, дар осори Мавлоно, нисбат ба дигар адибони пешин, андешаҳои миллӣ, инсонӣ, озодандешӣ, худшиносӣ, зидди таассубу хурофот, ҷаҳлу нодонӣ бехабарӣ, ғафлат, зулму золимӣ ба чашм мерасанд, ки мо ин гуна афкори ифшокунандаро ҳатто дар осори адибони муосир наметавонем пайдо намоем. Аз ин лиҳоз, Мавлоно як чеҳраи мубориз, адолатҷӯ, истисноӣ, нодир, қаҳрамон ва дорои неруи бузурги инсонӣ аст. Ӯ ягона роҳи наҷоти башарро дар талқини ишқу муҳаббати бепоёни одамон мебинад. Ба қавли ӯ:

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Ҳамин гуна ишқу муҳаббати Мавлоно ба инсонҳо буд, ки ҳангоми марги Мавлоно, дар баробари мусулмонон, яҳудиҳову насоро низ дар ҷанозаи ӯ иштирок карда, дар сӯги ӯ ашк аз дидаҳо мерехтанд ва аз марги чунин шахсияти инсонпарвар, сулҳдӯст ва некхоҳ дареғу афсӯс мехӯранд, ҳамдардии худро баён мекарданд ва нолаву фиғон аз дил сар медоданд. Ин манзараро писари ӯ Султон Валад дар «Валаднома» чунин тасвир кардааст:

Мардуми шаҳр аз сағиру кабир,
Ҳама андар фиғону оҳу нафир.
Деҳиён ҳам зи румию атрок.
Карда аз дарди ӯ гиребон чок.
Ба ҷаноза-ш шуда ҳама ҳозир,
Аз сари меҳру ишқ, н-аз паи бир.
Аҳли ҳар мазҳабе бар ӯ содиқ,
Қавми ҳар миллате бар ӯ ошиқ.
Карда ӯро масеҳиён маъбуд,
Дида ӯро ҷуҳуд хуб чу Ҳуд.
Исавӣ гуфта, ӯст Исии мо,
Мусийӣ гуфта, ӯст Мусии мо.
Муъминаш хонда сирру нури расул,
Гуфта ӯ ҳаст азим баҳри нуғул].

Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.

https://merosikhatti.tj/tj/dobavit-statya/mavlono-shoiri-ozodandesh

Subscribe to Мақолаҳо