Skip to main content
Ҷаҳонишавӣ раванди ҷаҳони муосирро бисёр мураккаб, пурасрор ва пур аз ихтилофу низоъ гардонид. Имрӯзҳо дар фазои маҷозии олам падидаву ҳодисаҳое ба вуқӯъ пайваста истодаанд, ки рӯз то рӯз ҳаётро дар сайёраи Замин беш аз пеш ба таҳдиду хатар рӯбарӯ сохта, рӯзгори тамоми инсониятро тира ва умеду бовариро аз дилҳои инсонҳо нисбат ба ояндаи нек рабуда, авзои давлатҳоро бӯҳронитар гардонидааст.

1231Дарвоқеъ дар шароити тағйирпазирии арзишҳо дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, сӯистифодаи ғаразнок ва ҳадафманди ин зуҳуроти манфӣ аз ҷониби нерӯҳои мухталифи сиёсӣ афзун гардида, рӯ овардани бозигарони майдони сиёсии олам ба ин амали мудҳиш ва зишт ҳамчун воситаи расидан ба мақсадҳои нопок дар шаклҳои гуногун сурат мегирад. Терроризм ҳамчун воситаи расидан ба мақсадҳо бо сифатҳои нав ва симоҳои дигаргун муаррифӣ гашта, дар байни аҳли сиёсати ҷаҳонӣ зери гарди ғаразу манфиатҳо худро пинҳон карданист, ин ҳолат дар олами илми ҷиноятӣ шинохти дақиқ ва баҳодиҳии воқеии онро ба маротиб душвор гардондааст.

Албатта, ҳеҷ манфиат, ҳеҷ ғараз ва ҳеҷ як нерӯи сиёсӣ, ки дар партави ҳастии инсон зуҳур менамояд аз назари ахлоқи башарӣ ва қонунии умумии адл ин зуҳуротро ҳодисаи мусбат ва сазовори рафтори инсонӣ дониста наметавонад ва вобаста ба ин Президент ҳақиқатнигорона таъкид намуданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.» Онҳое, ки дар сиёсати байналмилал бо ҳар роҳу восита дастандаркорони иддае аз чунин ҳодисаҳои манфур гашта, намояндагони онро ҳамчун муборизони роҳи ҳақ муаррифӣ менамоянд, бояд аз ин зовия дуруст андеша намоянд ва ҳеҷ гоҳ аз хотир наброранд, ки ҳеҷ неъмат, ҳеҷ арзиш ва ҳеҷ манфиат ва қудрат болотар аз қадр ва манзалати инсон буда наметавонад. Ҳама неъматро дастрас намудан мумкин аст, ҳама вайронаҳоро обод кардан имкон дорад, ки агар вайрон шавад бо дасти инсонӣ аз нав сохта мегардад, вале умри бармаҳал кандашудаи инсонро касе аз нав зинда карда наметавонад. Аз ин рӯ ҳақ ба ҷониби Президент аст, ки «террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.»

Чанд вақт қабл аз қаринаи тадқиқоти илмӣ мо атрофи ин падидаи манфур изҳори назар намуда будем, бо дарназардошти он ки дар шароити нав ин зуҳурот шаклҳои нав гирифтааст ва Пешвои муҳтарами миллат аз он ҳамчун таҳдиди глобалӣ ёдрас шуда аз гуногунфаҳмиаш изҳори нигаронӣ намуданд, зарур шуморидем бори дигар ба табиати ҳуқуқии он, омилҳои тавлиддиҳанда ва қисматҳои таркибиаш дидаи таҳқиқ дузем. Зеро баррасии рукнҳои ин зуҳуроти манфӣ дар маҷмӯъ дар шинохти воқеии оқибатҳои манфии он кӯмак намуда, имкони истодагарӣ ва мубориза бо онро осон менамояд.

Истилоҳи терроризм аз ду қисмат аз калимаи лотинии «terror» «терорр» «тарс», «ваҳшоният» ва суфикси исмсози «изм», ки ба исмҳои мардона сифати ҷараён, самт ва ба раванди ҳодисоти дар решаи онҳо мавҷуд буда табдил ёфтанро зам менамояд, иборат аст. Мисол, сталинизм, фрейдизм, исламизм, архаизм. Дар ибтидо дар муборизаи байниҳамдигарии инсонҳо террор эҳтимол бо мақсади тарсонидан ва ба таҳлука андохтани рақибон ва аҳли ҷомеа, дар шакли зӯрии ҷисмонӣ ва то несту нобуд кардани онҳо истифода мешудааст. Аммо баъдан дар шароити пайдоиши нахустин давлатҳо ба назари олимон террор ҳамчун усули ба мақсад расидан дар муборизаи сиёсӣ бо таҳдиди истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва маънавию рӯҳӣ зуҳур карда навъҳои мухталифи худро касб кардааст.

Имрӯз бошад терроризм ба масъалаи глобалии замони муосир, воситаи муассири тарси инсоният, нерӯи манфии вайронкунандаи низомҳо, унсури нодуруст ва манфии расидан ба мақсадҳо, таҳдиди ҷиддӣ ба фарҳангҳо, тамаддунҳо ва ба бехатарии ҷаҳон ва ҳар давлати демократӣ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гаштааст. Ин ҳама боис гаштааст, ки дар баробари илми ҳуқуқи ҷиноятӣ ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ҳама думболи ҷустуҷӯӣ воқеият ва табиати аслии ин зуҳуроти манфӣ гаштаанд. Ибтидои муқовимат ва истодагарӣ бо ин зуҳуроти манфӣ, ки рӯзафзун чун тори анкабут ба тори низому тартиби ҷаҳонӣ бо шаклу навъҳои мухталиф рахнаҳо ворид месозад, албатта ин шинохтан ва эълон кардани аслияти он аст. Дуруст аст, ки душманро нашинохта бо ӯ мубориза бурдан номумкин аст.

Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ду намуд терроризм маънидод карда мешавад:

якум, терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ, яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, низоми ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбати ҳукумат ва президент фалаҷ гардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ.

дуюм, терроризми ҷиноятӣ, яъне гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ҷиҳати барои худ фароҳам овардани вазъияти муътадили ҷиноӣ, ки ҳеҷ кас садди роҳи онҳо нашавад ва шароит муҳаё месозанд барои содир кардани ҷиноят. Масалан, ҷиноятҳои трансмиллӣ, бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқаманд буда ва ғ. Дар самти иқтисодиёт гурӯҳи ҷинояткор бо истифодаи террор рақибони худро метарсонанд ва диққати мақомоте, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сару кор доранд, ба дигар ҳодисаҳо ҷалб менамоянд.

Азбаски ин ду намуди терроризм ба якдигар алоқаманданд, ташкилотҳои террористӣ гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро, дар соҳаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, харидуфурӯши силоҳ ҷиноятҳои трансмиллиро истифода мебарад ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъаовар таъмин мекунад, байни якдигар ҳамкорӣ доранд.

Ташкилотҳои террористии байналхалқӣ дар тамоми дунё бо якдигар аз тариқи шабакаи интернет ва дигар воситаҳо, ҳамкорӣ мекунанд. Олимону коршиносон оид ба сабабҳои пайдоиши терроризм ва рушд гирифтани он дар замони нав як қатор корҳои тадқиқотиро ба анҷом расонидаанд. Хулосаи умдаи онҳо ин аст, ки фаъолияти террористонро ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ сурат ҳимоят кардан лозим нест. Аммо худи ҷинояткорону террористон ва гурӯҳҳои манфиатдори сиёсӣ барои собит кардани ҳаққонияти худ ба дифои якдигар баромада аз амалҳои террористии ҷудогона дастгирӣ менамоянд.

Масалан, террористони покистонӣ, террористони Ирландияи Шимолӣ ва Индонезияро ҳамчун гурӯҳҳои озодихоҳ, ки барои Ватан ва озодии миллат мубориза мебаранд, маънидод мекунанд. Ё худ, амалиётҳои курдҳо дар Туркия ва Ироқ низ ба ҳамин тартиб аз ҷанбаҳои гуногун ва субъектони мухталиф чандмаъно шарҳ мегарданд. Ҳамаи амалҳои тахрибкоронаи онҳо дар асл аз назари табиати содиршавиашон, албатта терроризми сиёсӣ ба ҳисоб мераванд, ки тавассути онҳо одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд ва зарари иқтисодӣ ба ҷомеа расонида мешавад.

Фарқияти терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар он аст, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ барои муташанниҷ гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан барои амалӣ сохтани амали террористӣ шароит муҳайё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд. Аммо дар ҳарду сурат мақсади онҳо зарба задан ба сохти давлатдорӣ, заиф сохтани пояҳои бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳарду ҳолат аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад.

Азбаски ташкилотҳои террористӣ бо ҳам иртиботи қавӣ дошта, яке аз воситаҳои асосии зуҳури ҷиноятҳои муташаккил ба ҳисоб мераванд, кумаки иқтисодии онҳо ба воситаи ҷиноятҳои трансмиллӣ таъмин карда мешаванд. Гурӯҳҳои муташаккил гардиши ғайриқонунии маводи нашъадорро зери назорат мегиранд. Дар ҷаҳони муосир усулҳои нави террор бо суиистифода аз «террористони худкуш»-и мардон ва занон «шаҳид, ё ин ки фидоиён» васеъ паҳн гардида истодааст.

«Террористони худкуш» бо фаъолияти тахрибкоронаашон аввалан дар давлатҳои араб ва баъдан дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, мавқеи худро ҳамчун силоҳи таъйиноти стратегӣ муайян кардаанд.

Акнун дар шинохти истилоҳи террорист дар навбати аввал, бояд мафҳуми «террористи худкуш»-ро дуруст дарк кунем. Дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ як қатор калимаҳои ба ин мафҳум монанд вуҷуд доранд, ба монанди «терроризм бо роҳи худкушӣ» (суицидальный терроризм), «терроризми қурбонӣ» (жертвенный терроризм), «камикадзе», «шаҳид» ва ғайра.

Терроризм бо роҳи худкушӣ имрӯз дар баробари паҳн гардидан дар тамоми мамолики дунё, боз ба худ базаи ғоявии устуворро пойдор кардааст. Дар шароитҳои муосир ҷоннок гардидани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккил, ки ба шохаҳои гуногуни иртиҷоӣ тақсим мешаванд бо истифода аз усулҳои террор ба марому мақсадҳои худ ноил мегарданд. Яъне мо бо ҳодисаҳои омехтаи ҷиноятӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки дар таркиби он аломатҳои чандин ҷиноят мавҷуд аст.

Амалҳои террористие, ки аз тарафи террористони худкуш содир карда мешаванд, якчанд хусусиятро доро мебошанд:

Оқибати амали террористӣ дараҷаи махсуси хавфнокӣ дорад.

Бениҳоят мураккаб будани пешгирӣ ва огоҳонидани чунин навъи ҷиноятҳо. Чӣ тавре ки таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҳамлаҳои террористони худкуш бениҳоят мушкил буда, дар бештари мавридҳо натиҷаҳои мусбати пешгирии он имконнопазир мебошад.

Содир шудани чунин амалҳои террористӣ аҳолиро ба тарсу ваҳм оварда дар ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Террористи худкуш маводи таркандаро одатан бевосита бо ҳадафи мушаххас ба ҷойи лозима оварда, ба кор медарорад. Мавриди муайян намудани террористи худкуш, безарар гардонидан ва пешгирию барҳам додани мақсади ӯ, умуман ғайриимкон мебошад, зеро террористи худкуш дар ҳама ҳолатҳо моддаи таркандаро ба кор дароварданаш мумкин аст.

Фавтидани террористи худкуш баъд аз амалҳои террористӣ, ташкилкунандагонро дар бештари мавридҳо пинҳон монда, роҳҳои тарк кардани ҷойи ҳодисаро барои иштирокчиён осон менамояд, чунки ин амалҳо худ на танҳо вазифаи муҳимми макомот аст, инчунин аз вазифаҳои мураккаби коркарди банақшагирии иловагии ташкилкунандагон низ ба шумор меравад.

Терроризми худкуш имрӯз дар ҷаҳон на танҳо васеъ паҳн гаштааст, балки ба пойгоҳи мустаҳками ғоявие табдил ёфтааст, ки барои доимо пурра кардани қатори худ заминаи усулиро тайёр мекунад ва аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ дастгирӣ меёбад.

Ба ташкилотҳои террористӣ созмон додани барномаҳои махсуси мадҳушкунандаи мафкураи ҷавонон, ба роҳ мондаи тайёрии равонӣ ва таълими усулҳои ба марг гирифтор кардани онҳо аз назари эътиқодӣ ва боварҳо муяссар гардидааст. Ба ҳар як одами солимақл, табиат савқи табиии муҳофизати худро додааст ва барои доро будан ба чунин савқу ирода инсон иродаи мустаҳкам дошта, тарбияи нек гирифта бошад.

Иродаи террористи худкуш, ки барои ҳарчи бештар нобуд гаштани шаҳрвандони бегуноҳ равона мегардад, ҳатто ба давлати зулмдошта, аз ҷиҳати моҳияти рӯҳии (психологии) худ аз нобуд шудан дар ҷанг фарқ дорад.

Дар вақти амалиётҳои ҳарбӣ-тактикӣ ҷанговарон барои он ба худкушӣ даст мезананд, ки нуқтаҳои оташфишонии душманро нобуд созанд. Худро метарконанд, то ки ба асорат наафтанд, ё ин ки дигаронро наҷот диҳанд, халқро аз асорат халос намоянд ва дар баробари ҳамин кӯшиш мекунанд афсарони душманро нобуд созанд. Ҳангоми амалиёти террористӣ дар ш. Беслани Федератсияи Русия ҷанговарони қувваҳои махсуси ХФБ (ФСБ) Русия бо тани худ пеши гранатаҳои партофтаи террористҳоро гирифтанд, то ки аз пораҳои он кӯдакон – гаравгонҳоро ҳифз намоянд. Яъне аз назари мақсад ва муҳтаво низ онҳо аз ҳам фарқ мекунанд.

Дар бисёр ҳолатҳо террористони худкуш гумон намекунанд, ки онҳо пешакӣ ба қатори фавтидагон дохил кунонида шудаанд ва «кӯр-кӯрона» бо хоҳиши дигар ашхос ба сифати қосид – контейнер ва восита барои дастраскунии маводди тарканда ҳадафмандона истифода бурда мешаванд.

Дар роҳи ташкили амалиёти террористӣ дар пеши иҷрокунандаи он дар баъзе амвридҳо вазифа гузошта мешавад, ки маводди тарканда ё борхалтаро ба ҷойи таъйин гардида ба дасти каси дигар супорад ё дар ҷои муайяншудае гузорад, дар бораи чизи дар дохили он буда дар бештари ҳолатҳо мумкин аст хабар ҳам надошта бошад, бинобра он пешакӣ огоҳ кунонида ҳам намешавад, зеро тақдири ояндаи ӯ алакай ҳал гардидааст.

Қарор дар бораи ба марг дучор гаштани террорист ба ақидаҳои динии идеологии ӯ вобаста мебошад. Чунин боварӣ метавонад дар одам худ аз худ дар асоси таҷрибаи ҳаётии ӯ ва вобаста ба ҳақиқати ӯро иҳота намуда ба амал ояд, ё ин ки онҳо метавонанд дар ӯ ба таври мақсаднок аз берун бо роҳи технологияҳои монопулярӣ ворид карда шавад.

Бо дарназардошти чунин омилҳо баъзе таълимотҳои динӣ тайёрии равонии пайравони худро барои муборизаи беамон ба нигоҳдории арзҳо дар роҳи хилофат бо мақсади муайян омода намуда, таҳти таъсири эътиқоди динӣ ё иродавӣ, нобуд сохтани худро зарур мешуморанд.

Асосан ин усул барои ташкилотҳои иртиҷоӣ хос мебошад, ки он сохти ташаккулёфта ва мустаҳками тартиби тайёр кардани террористони худкуш маҳсуб мегардад. Онҳо аз сатҳи саводи пасти ҷавонон сӯиистифода намуда ба таври мутаассибона ба ташкилоти террористӣ онҳоро аввалан ҷалб ва тарбия намуда, баъдан ба ғояи худ содиқ сохта ба рои иҷои амалҳои вайронкоронаи террористӣ раҳсипор менамоянд.

Ташкилотчиён ва иштирокунандагони амалиёти террористиро, ки ба худнобудсозии иҷрокунандагони онҳо оварда мерасонад, аз назари услуб, ташкили кор, ба нақшадарории амалиёт ва рафъи оқибатҳои кирдори ҷинояткорона метавон ба якчанд навъ тақсим намуд: фармоишгарон ва ба маблағ таъминкунандагони ин навъи амалиёти ҷиноятӣ; размандагон-роҳбарон; бартарафсозони иҷрокунандагони эҳтимолӣ; дастурдиҳандагон оид ба омодашавии рӯҳӣ; иҷрокунандагони ҳақиқӣ; назораткунандагони иҷрои амалиёти террористӣ; муайнсозони нақши иҷрокунандагон ва ғ.

Дар баробари ин, мутасаддиёни тайёрии амалиёти террористӣ метавонанд дар интихоби номзад, ҷалб намудан ва тайёр намудани он бевосита ва ё бавосита иштирок намоянд ин вобастагӣ дорад аз дигар омилҳо. Ба ғайр аз ин, ба сифати одамҷалбнамоӣ метавонад шахсе баромад намояд, ки худ шахсан тайёр аст дар амалиёти террористии худкуш иштирок намояд.

Барои тезонидани интихоби номзадҳои ба марг маҳкумшудагон аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ усулҳҳои гуногун истифода бурда мешавад. Яке аз ҷойҳои аввалинро дар рӯйхати мазкур шаклҳои равонии бедоркунии ҳиссиёти онҳо ва ба марг ҷалбкунии моддии онҳо ташкил медиҳад. Бисёр вақт нарасидани воситаҳои ҳаёти солими шаҳрвандӣ ва набудани дониши кофии дунявӣ ва динӣ, зери таъсири ақидаҳои идеологӣ монондани ҷавонон дар ҷиноят, боиси ба марг ҷалбкунии онҳо мегардад. Дар ин раванд ҳам омилҳои маънавӣ ва ҳам моддӣ нақши муайян мебозанд.

Дар бисёр ҳолатҳо пешвоёни ташкилотҳои террористӣ ба ваъдааҳои молии додаашон вафо менамоянд ва бо истифода аз ин роҳ ва усул ба ҳайси террористи худкуш шахсони нав ҷалб карда мешаванд. Аз назари равонӣ ва эътиқодӣ омода кардани террористони худкуш ба омилҳо ва шароитҳое такя мекунад, ки онҳо дар маҷмӯъ заминаи мусоид барои истифодаи эътиқоду боварии ҷавонон муҳаё менамояд. Ба фаъолияти экстремистӣ ва террористии чунин афрод метавонад чунин шартҳо мувофиқат намояд:

Гуногунии равандҳои динӣ бо ҳуқуқҳои афзалиятнок ба майдони муборизаи кашфи ҳақиқат баромада, масъалаҳои сиёсӣ ва маънавиро ба худ тобиш медиҳанд.

Паҳнкунии фаъолияти тоталитарӣ ва деструктивии равияҳои анъанавӣ, ки ба мурури замон ба талаботи умум ҷавоб намедиҳанд.

Маҳв кардани муносибатҳои одамдӯстӣ, эҳтиром ва таҳаммулгароӣ дар муносибат ба шахсоне, ки дигар ақидаҳоро дастгирӣ мекунанд.

Догматизм ва шахшавии андеша, ки боварии шахсиро ба ҳақиқат табдил додаст ва дар ин замина қабул накардани танқид ё дарднок қабул кардани он нисбати худ, ки ба истифодаи зӯроварӣ ва фишороварӣ рӯ меорад.

Думаъногӣ ва зиддияти як қатор мухолифатҳои матнҳои диние, ки барои маънидодкунии бемаврид заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар бисёр ҳолатҳо шахсоне ба амалиётҳои террористӣ ҷалб карда мешаванд, ки ба фанатизм гирифтор шудаанд. Дар чунин ҳолат дар рафти омӯзиши динӣ, содири фатво ё ҳангоме, ки шаҳрвандон ба таври ихтиёрӣ бо боварии худ ба сӯйи марг майли рафтан доранд, пайдо мешавад. Ин ҳолат аз ҷониби ташкилкунандагон ҳамчун тӯҳфа ба зудӣ дастгирӣ меёбад.

Чунин шахсони гирифтори васвасаи терроризм гашта аз назари сатҳи маърифат ва маълумот гуногунанд: аз маълумоти нопурра то ба хатмкардагони донишгоҳҳои маъруф ва дорандагони дараҷаҳои илмӣ байни онҳо мавҷуд аст. Одатан онҳо ё бо ҳиссиёти зери таъсири воқеияти ичтимоӣ ва ё эҳтимол бо норасоии равонӣ байни худ умумиятҳо доранд. Вале ҳақиқат он аст, ки тарз ва усули муносибати онҳо ва баёни назар ва норизояташон нисбат ба ҷомеа ғайриқонунӣ ва ваҳшиёна аст.

Дар ин ҷо, ҳодисае ба амал меояд, ки аломатҳои экстремистии субъективӣ- бегонагардии инфиродӣ, маҳдудияти имконият, бадбинӣ ва хусумати шахсӣ, камсаводӣ бо дигар унсурҳои равонӣ дар маҷмӯъ дар зеҳнияти як инсон муттаҳид гашта он тавассути шахсони ташкилкунанда бо усулҳои таъсиррасонии равонӣ ва эътиқодӣ ба амалҳои муайяни террористӣ зуҳур менамоянд.

Фаъолияти террористӣ аз назари таркиб мураккаб буда аз чунин қисматҳо иборат аст: ташкил, банақшагирӣ, тайёр кардан ва содир намудани амали террористӣ; иғво андохтан ба амали террористӣ, зӯроварӣ ба ашхоси воқеӣ ё маҷбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани молу мулк ва дигар объектҳои моддӣ бо мақсадҳои террористӣ;ташкили воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, иттиҳоди ҷинояткорӣ (ташкилоти ҷинояткорӣ), гурӯҳҳои муташаккил барои содир кардани амали террористӣ, ҳамчунин иштирок дар чунин амал; ҷалб кардану мусаллаҳ гардонидан, таълим додан ва истифода бурдани террористҳо; бо маблағ таъмин кардани ташкилоти террористӣ ё гурӯҳи террористӣ ва ё расонидани кумаки дигар ба онҳо.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалии ба зимма гирифтааш чунин фаъолияти террористиро фаъолияти террористии байналмилалӣ эътироф менамояд:

–амалиёт аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар қаламрави бештар аз як давлат;

– амалиёт аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбати шаҳрвандони давлати дигар ё дар қаламравии давлати дигар;

– дар ҳолатҳое, ки ҳам террорист, ҳам ҷабрдидаи амали террористӣ шаҳрвандони як давлат ё давлатҳои гуногун буда, вале ҷиноят дар қаламрави ин давлатҳо содир шудааст (мисол, амали террористии дар ҳудуди дигар давлат аз ҷониби шаҳрвандони давлати хориҷӣ содиршуда);

– амалиёт бо мақсади вайрон кардани тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ.

Aмали террористӣ:

– бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, сахттаъсир, заҳролуд;

– нобуд сохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо;

– суиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ, ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ;

- гаравгонгирӣ, одамрабоӣ;

– ба вуҷуд овардани хатар, расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахсони доираи номуайян тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеии ташкили чунин хатар;

– паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна восита;

– содир намудани дигар амалҳое, ки хавфи ҳалокати одамонро доранд;

– расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатҳои барои ҷамъият вазнин.

Фаъолияти зиддитеррористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

қонуният;

эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

ногузирии ҷазо барои фаъолияти террористӣ;

ҳамбастагии усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкоро дар мубориза бар зидди терроризм;

муҳофизати ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки дучори амалҳои террористӣ гардидаанд;

қонунӣ будани расонидани зарар ба террористон;

яккасардорӣ дар роҳбарии фаврӣ ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ;

риояи принсипи пинҳонкорӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳои махсуси зиддитеррористӣ.

Таҳти мафҳуми пешгирии фаъолияти террористӣ фаъолияти субйектҳои асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, ки оид ба гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба ошкор ва рафъ намудани ҳолатҳое, ки ба содиршавии фаъолияти террористӣ мусоидат мекунанд, фаҳмида мешавад.

Пешгирии фаъолияти террористӣ дар се самт ба роҳ монда мешавад: ташкил ва ба амал баровардани маҷмӯи амалиётҳое, ки зидди идеологияи терроризм ва зуҳуроти ифротгароӣ равона карда шудааст; мукаммал намудани ҳимояи амалиётҳои зиддитеррористии объектҳои махсусан муҳим, ки назари террористонро ба худ ҷалб мекунанд; назорати қатъӣ аз болои тартиботи маъмурию ҳуқуқӣ ва дигар қоидаҳое, ки ба фаъолияти зиддитерористӣ равона карда шудааст.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти террористӣ сохторҳои қудратиро лозим меояд, ки ба масъалаҳои зерин аҳамияти ҷиддӣ дода, чунин ҳаракатҳоро амалӣ созанд:

– коркард ва омода намудани тавсияҳо ва ба амал баровардани чорабиниҳо вобаста ба рафъ намудани ҳолатҳое, ки оид ба вуҷуд омадану паҳн шудани ҳаракатҳои террористӣ сабаб шуданд;

– ошкор ва пешгирии таҳдидҳои террористӣ ва дар ин бора огоҳонидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин ҷомеа барои андешидани чораҳо барои барҳамдиҳии онҳо;

– ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбаст намудани маълумоти аҳамияти оперативӣ дошта оид ба ташкилотҳои террористӣ ва шахсоне, ки дар фаъолияти террористӣ иштирок мекунанд (ё иштирок кардаанд);

– таҳти назорати қатъӣ гирифтани шахсоне, ки дорои қобилияти амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ) мебошанд;

– коркард ва амалӣ гардонидани талабот вобаста ба ҳимояи объектҳои махсус ва маҳалҳои ҷамъомади одамон аз таҳдиди амалҳои террористӣ;

– мустаҳкам намудани ҳамкории сохторҳои қудратӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳо;

– зери назорати фаврӣ қарор додани шахсоне, ки дар донишгоҳҳои исломии дигар давлатҳои хориҷӣ беиҷозат таҳсил намудаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми тайёрӣ дидан ба амали террористӣ аз тарафи ҷинояткорон силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш ва дигар ашё, ки барои гузаронидани амалиётҳои террористӣ зарур аст, ба даст оварда мешаванд, объектҳои таҳти суиқасд қарордоштаро таҳти назорат мегиранд, то ки фурсати қулайро барои содир намудани ҷиноят интихоб намоянд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ин марҳилаи тайёрӣ ба ҷинояти хусусияти террористидошта, маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ барои дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳгорон андешида шавад.

Айни замон зарурат ба миён омадааст, ки оид ба ҳалли масъалаи мазкур маркази (маълумоти) ягонаи байнисоҳавӣ субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда дар миқёси ҷумҳурӣ таъсис дода шавад.

Дар ин марказ бояд нисбати аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили (иттиҳод ва ташкилотҳои) ҷиноятӣ, шахсони алоҳидаи майли содиркунии чунин ҷиноят дошта, ҳамчунин нисбати шахсоне, ки қобилияти сохтани моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркишро доранд, имконияти дастрас намудан ва истифодаи моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркишро медонанд, инчунин мақсади истифода бурданро доранд, маълумот ҷамъоварӣ шуда, ҳангоми зарурат чунин маълумотҳо бояд дастраси кормандони оперативии ҳамаи мақомот ва субъектони бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда гарданд. Марказ вазифаҳои зеринро бояд ба анҷом расонад;-Муқаррар кардани ҳолати ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани ташкилотҳои ифротгаро ва террористӣ; Манъ намудани фаъолияти онҳо, бастани вебсайти интернетии Ҷамоатҳои онҳо ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, адабиёту варақаҳои фаъолияти онҳоро тарғибкунанда.

Таҳлили маводҳои бадастомада аз он далолат медиҳад, ки солҳои охир фаъолияти баъзе гурӯҳу созмони ҷиноятии радикалӣ дар дохил ва беруни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок гардида, ба амнияти миллии мамлакат бо роҳҳои мухталиф таҳдид мекунанд.

Аз ҷониби иддае аз чунин ташкилотхои ифротгаро барои паҳн намудани ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ сайтҳои интернетӣ истифода бурда мешаванд, ки дар онҳо баёнияҳои паёмҳои роҳбарият ва фаъолони он ба халқи Тоҷикистон ба нашр мерасанд. Роҳбарон ва фаъолони он ба халқи Тоҷикистон дар баромадҳои худ тавассути сайтҳои номбурда нисбати роҳбарияти Тоҷикистон суханҳои таҳқиромез ва таҳдидовар гуфта, барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват менамоянд.

Умуман тавре аз баррасии шаклҳои зуҳур, қисмҳои таркибии он ва омилҳои тавлидшавиаш маълум шуд, терроризм дар арсаи байналмилалӣ ва вазъи ноороми ҷаҳонӣ на танҳо паҳнои мувофиқи рушди худро пайдо кардааст, инчунин вай бо ғаразҳои эътиқоди динӣ, манфиатҳои молӣ ва сиёсӣ ҳамчун ҷинояти мутташакилона дар шаклҳои гуногун ба давлатҳо ва тамаддуни инсонӣ зарар ҷиддӣ мерасонад.

Таҳлилҳо гувоҳи он аст, ки ҳеҷ ақли солим ва маърифати инсонӣ пуштибонӣ ва ҳифзи онро дар ҳеҷ сурат раво намедонад. Мо тоҷикон, ки аз роҳи пуршебу фарози таърихӣ бо паси сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ ба чунин як давлати озоду обод расидааем, бояд аз ҳар вақта дида бештар ҳушёру зирак бошем ва ватани азизи худро аз дасти чунин нохалафон пок дорем. Зеро таърих моро дубора нахоҳад бахшид. Бинобар он тавре Пешвои муаззами миллат Эмомали Раҳмон гуфтанд;, барои мо терроризм ва террорист ба худию бегона ҷудо намешавад, вай душмани ашаддӣ мебошад ва ислоҳгаро ё хубу бад ҳам буда наметавонад, вай касе ҳаст ки бо роҳи ҷиноят мақсадҳои нопоки худро амалӣ карданӣ мешавад пас вай ҷинояткор аст, ҷинояткоре, ки ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Мухимтарин ишорати Пешвои миллат ҳам дар он аст, ки мо дар рохи ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам рушду нумӯъ бахшидаи низоми идораи кишвари худ, ба шарҳу тафсири мухталифи ғаразноки ин зуҳуроти манфии ҷиноятӣ дода нашуда, ҳамагуна рӯйпушу ниқобҳои онро аз рӯяш бардошта, вайро ҳамон тавре, ки зишт, бад ва ғайриқобили қабул аст муаррифӣ намуда, ба муқбилаш ҳам як ҷо мубориза барем. Зеро терроризм имрӯз на танҳо ба ҳаёти инсонҳо, балки ба тинҷию оромии мо, ба ободии хонадони халқ ва соҳибихтиёрии давлат таҳдид дорад. Ҳифз намудани ватан, дин, ояндаи давлат ва фарзандонамон аз ин зуҳуроти манфии хатарзои ҷаҳонишуда имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар ватандор аст.

Ҳакимов Ҳилолиддин Камолиддинович, - унвонҷуи шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

С распадом СССР и обретением независимости, Республика Таджикистан, стала принимать самое активное участие в общемировых и региональных процессах, что привело к значительному расширению объема, сферы и географии участия таджикских организаций, учреждений, предприятий и граждан в международных отношениях.

Приоритетным направлением внешнеполитической деятельности страны является участие в международном сотрудничестве по решению глобальных проблем современности, в том числе проблемы преступности.

В силу объективных причин в Республике Таджикистан возрос удельный вес преступлений, носящих транснациональный характер. Особую тревогу стали вызывать такие преступные проявления, как терроризм, экстремизм, преступная деятельность в сфере нелегальной миграции, незаконного оборота оружия, наркотиков, «отмывания» денег и её связь с политически мотивированными преступными сообществами.

В свете последних реалий борьба с транснациональной организованной преступностью требует объединения усилий и координации действий большинства членов мирового сообщества и предполагает интенсивное развитие международного сотрудничества в этой области.

Не секрет, что катализатором ухудшения ситуации в Центральной Азии, а в конечном итоге – в Европе и в мире в целом, остается Афганистан. На протяжении длительного времени критическая ситуация в Афганистане остается дестабилизирующим фактором и опасным очагом военно-политического напряжения в Центрально азиатском регионе, будучи основным источником распространения религиозного экстремизма, терроризма и наркотиков. Разветвленная система политически мотивированных международных террористических и экстремистских организаций, лишенных в своих государствах легальных источников финансирования, использует территорию Афганистана с ее развитой наркоиндустрией и отлаженной системой поставок наркотиков на мировой рынок для решения проблемы собственного ресурсного обеспечения.

Если учесть, что годовая сумма от продажи реинтегрированных в легальный оборот наркотиков составляет до 400 миллиардов долларов США, то можно представить, насколько могущественной является международная преступная сеть, которая, вероятнее всего, уже успела структурно оформиться во многих государствах, оказывая влияние на выработку политических решений и тем самым лоббируя свои интересы в международной политической жизни. Так, многие политически мотивированные преступные организации, реализующие свою активность в республиках Центральной Азии и, по известным причинам, особенно вольготно чувствующие себя в Афганистане, имели свои ячейки во многих европейских государствах. К подобным политически мотивированным группам, имеющим целью под различными идейными лозунгами дестабилизировать Центрально азиатский регион, относятся:

1. «Организация арабских моджахедов», другое название - «Борцы за дело Аллаха». Её базой является «Aль-Каида», которую идейный руководитель Усама бен Ладен основал в 80-х гг. на территории, подконтрольной Пакистану.

2. Организация «Исламский джихад», основанная в 1973 году в Египте под руководством близкого к Усаме бен Ладену Доктора Амана Аль-Завахири, часть сторонников, которой позже перешла в «Аль-Каиду».

3. Исламский центр «Братья - мусульмане», основанный в 1928 году в Египте. Руководителем является Мамун эль Худайби.

4. Независимая организация «Хизб-ут-Тахрир - аль Исламия». Основана в Иордании в 1953 году журналистом Тагиуддином ан-Набхани, одним из членов «Братьев-мусульман», руководитель – Абдаль Кадим Заллум.

Политическая доктрина этих организаций мало отличается от целей других организаций подобного рода: освобождение мусульманского мира от западного влияния, введение и установление «исламского порядка» и, конечно, уничтожение государства Израиль.

Многие террористические и экстремистские организации до последнего времени имели средой обитания многие европейские страны. Пользуясь достижениями европейской демократии, они явно вели антизападную пропаганду в ущерб установленным демократическим ценностям, разжигая национальную и религиозную рознь. Лидеры «Хизб-ут-Тахрир» в своём издании «Explizt», выпускающемся на немецком и голландском языках, отмечают: «В Европе есть действительно существующий аспект, в

котором ислам и демократия не совместимы. При демократии законодателем является человек. Он устанавливает такие законы, согласно которым он хотел бы обустроить свою жизнь. Исходя же из исламского принципа, законотворчество является исключительным правом Творца, в существовании которого мы рационально убеждены. Обе эти точки зрения, как исламская, так и западная, так различны, что недоступны для интеграции». «Как мусульманам нам должно быть ясно, что проблема Израиля является не вопросом границы, а вопросом существования. Это сионистское чужеродное тело в сердце исламского мира не должно более оставаться ни при каких условиях. Общие палестинские земли... есть собственность исламской уммы. Решение: Джихад... Аллах Всевышний приказал: И убивайте их там, где вы их поймаете, и гоните их оттуда, откуда они вас прогнали».

15 января 2003 г. Министерство внутренних дел Германии наложило запрет на деятельность организации «Хизб-ут-Тахрир-аль Исламия» и других политически мотивированных преступных организаций.

Экстремистский настроенные организации сумели открыто вести идеологическую пропаганду в Европе и вербовать рекрутов из числа мигрантов в ряды борцов за дело Аллаха, использовать финансово-кредитные учреждения для перевода финансовых трансферов с целью материально-технического обеспечения национально-освободительной борьбы и боевых действий в зонах конфликта. Причина заключалась в том, что до недавнего времени в условиях двуполярного мира трудно было провести грань между национально-освободительной борьбой и терроризмом.

В нынешних условиях глобализации политически мотивированные преступные организации оказались мобильнее и оперативнее в части налаживания по всему миру механизмов сотрудничества с различными освободительными движениями, сепаратистами и просто с уголовным элементом, используя прорехи и неурегулированные моменты в международном уголовном праве.

Сотрудничество в области борьбы с терроризмом регулировалось типовыми и двухсторонними договорами. Конвенционный механизм срабатывал между государствами, ратифицировавшими его. Однако сотрудничество по линии правоохранительных органов испытывало трудности из-за давления руководства той или иной страны с целью отказа в помощи недружественному государству.

Только после окончания «холодной войны» вследствие распада СССР, когда угроза для западной демократии от террористических и экстремистки настроенных организаций не исчезла, а наоборот, усилилась, международное сообщество реально осознало значимость консолидации усилий в деле борьбы против терроризма. В ноябре 1999 года был принят Закон РТ «О борьбе с терроризмом».

Данный закон определяет терроризм, как насилие или угрозу его применения в отношении физических и юридических лиц, устрашение населения или оказание воздействия на принятие органами власти решений, выгодных террористам, удовлетворение их неправомерных интересов, а также посягательство на жизнь государственного или общественного деятеля, нападение на представителя иностранного государства или сотрудника международной организации, если эти действия совершены в целях провокации войны или осложнения международных отношений.

Современная уголовная наука различает терроризм нескольких видов: это государственный, обще криминальный и международный. В борьбе с обще криминальным и государственным терроризмом любая страна вынуждена опираться на собственные внутренние ресурсы.

В нынешних условиях глобализации, когда терроризм формирует новые формы и методы осуществления своих коварных планов и приобретает статус международного, тактика борьбы с ним испытывает существенные трудности в плане её правового обеспечения. А именно, международный терроризм - тип преступления, который усложняет борьбу с ним в рамках международного сотрудничества, так как террористические мотивы часто являются политическими, идеологическими, социальными, националистическими, религиозными, этническими и имеют место как внутренняя проблема каждого государства.

Обращаясь к опыту международного сообщества, в частности к деятельности международного органа Интерпол, можно проследить, что эффективность борьбы с международным терроризмом и международной организованной преступностью была ограничена положениями статьи 3 Устава Интерпола, в соответствии с которой «Организации строго запрещается предпринимать любое вмешательство или действие

политического, военного, религиозного или расового характера».

В этом отношении деятельность европейской организации криминальной полиции Европол оказалась более прогрессивной и дальновидной. Европейская конвенция по подавлению терроризма от 1977 года в ст.1 содержит конкретный список нарушений, которые не должны рассматриваться как политические нарушения, или как нарушения, связанные с политическим нарушением, или как нарушения, вдохновленные политическими мотивами, в целях экстрадиции между государствами, подписавшими Конвенцию. Именно на основании Европейской конвенции по подавлению терроризма 1977 года Генеральная ассамблея Интерпола в 1984 и в 1994 гг. приняла новые принципы борьбы с терроризмом.

В соответствии с ними статья 3 не запрещает сотрудничество в случаях террористических действий, если никто из политических деятелей или организаций не взял на себя ответственность за совершение преступления. Если не было, сделано таких заявлений или не было получено никакого утверждения относительно мотивов, то нет никакого нарушения ст.3 и Интерпол может вмешаться.

Если известны мотивы террористических действий или террорист возьмет на себя ответственность за действие, то должен быть определен преобладающий характер совершенного преступления - нарушения.

Действия, которые отвечают условиям ст. 3, включают нарушения, которые являются политическими по своей природе, вроде членства в запрещенной организации, выражения запрещенных мнений, нарушений, включающих прессу, нарушений в отношении встреч (демонстраций), нарушений против внутренней безопасности государства и т.д. При этих обстоятельствах субъекты международного сотрудничества по линии Интерпола не могут отслеживать, разыскивать или вести другую оперативную деятельность в отношении лиц за такие действия. Для того, чтобы Интерпол вмешивался в ситуацию, связанную с террористической деятельностью, в сообщениях национальных центральных Бюро, являющихся структурными подразделениями правоохранительных органов той или иной страны, должно быть четко указано, что преступления, совершенные террористами, являются нарушениями преимущественно уголовного характера.

В 1990 г. в Гаване на 8 конгрессе ООН по предупреждению преступности и обращению с правонарушителями в документе «Меры по борьбе с международным терроризмом» были сформулированы основополагающие принципы. В документе сказано, что государства должны стремиться к разработке и эффективному осуществлению международных договоров о выдаче независимо от того, являются ли они частью многосторонних региональных конвенций или двухсторонних договоров.

Отмечено также, что в сотрудничестве между компетентными органами государств-участников договоров или конвенций исключение в отношении политических преступлений не должно являться препятствием для выдачи правонарушителей за совершение преступлений, связанных с террористическим насилием, в соответствии с существующими международными конвенциями.

В формате межведомственного и международного сотрудничества Республика Таджикистан ведет многоплановую работу и участвует в региональных организациях. В рамках Шанхайской организации сотрудничества создан антитеррористический центр (Региональная антитеррористичес кая структура, а так же Координационный комитет по контролю наднаркотиками. В рамках Организации договора о коллективной безопасности сформированы Коллективные силы оперативного реагирования , что является результатом плодотворного сотрудничества по обеспечению безопасности в Центрально-азиатском регионе.

Развитие сотрудничества в рамках Шанхайской организации сотрудничества и Организации договора о коллективной безопасности предоставляет собой концептуально новый подход в плане сотрудничества против транснациональной организованной преступности. Данное сотрудничество качественно отразилась на деятельности правоохранительных органов Республики Таджикистан.

Компетентными органами Таджикистана успешно используются и реализуются новые методы и формы стратегического и оперативного анализа и прогнозирования тенденций развития тех или иных преступных проявлений, внедряются качественно новые системы информационно – технического обеспечения и телекоммуникаций и информационного взаимодействия, а также новые формы управления, организационные и координационные механизмы участия в международном сотрудничестве в противодействии терроризму, экстремизму и сопутствующим им преступным проявлениям.

Акрамов Муртазо Иномович, старший научный сотрудник

Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша

Дар шароити муосири тезутунди ҷаҳонишавӣ падидаи номатлуби радикализм ва ё тундгароӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти сиёсӣ ва маънавию фарҳангии бисёр кишварҳо гардида, дар амалу фаъолияти маънавии элитаҳои сиёсӣ, шаҳрвандони оддӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеа баръало зоҳир мешавад.Ин падидаи номатлуб гуногунҷабҳа буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба маротиб шиддат гирифта, зоҳиран ва моҳиятан хеле тағйир ёфтааст. Вай шаклу намуди гуногунро пазируфта, ба мушкилоту хатарҳои муосири фарҳангӣ худро мувофиқ сохта, амалҳои шуми худро анҷом медиҳад.

Воқеаҳои гузаштаи таърихӣ ва раванду тағйиротҳои ҷаҳони муосир ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки усулҳои тундгароӣ хоссатан дар шароити бӯҳронҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳангоми ҳалли муноқишот ва мушкилоти онҳо аз ҷониби мақомоти давлати васеъ истифода мешавад.Дар вазъияти хеле муташшаниҷи ҷомеаи муосир, ки ҷангу хунрезиҳои зиёде дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна, Африқо, баъзе минтақаҳои даргири Европа ва ғайра рӯҳияи хушунатгароии пешоҳангони равандҳои сиёсӣ, инчунин фаъолияти созмонҳои гуногуни тундгаро ва ифротӣ ба таври назаррас боло рафтаанд. Дар айни замон, таҳқиқоти тундгароӣ, шаклҳои асосӣ ва хусусиятҳои он яке аз масъалаҳои хеле муҳими илмӣ ва амалӣ ба ҳисоб рафта, аз муҳаққиқон тақозо менамояд ба паҳлуҳои мухталиф ва роҳу усулҳои муборизоти он диққати ҷиддӣ зоҳир созад.

Қобил ба зикр аст, ки омӯзиши падидаи тундгароӣ ҳанӯз аз даврони кӯҳан ва “эҳё” диққати олимонро ба худ ҷалб карда, дар асрҳои ХХ ва нимаи аввали асри XXI хеле рӯзмара шудааст. Танҳо дар ду даҳсолаи охир китобу мақолаҳо ва таълифоти зиёде дар ин мавзӯъ навишта ва нашр шудаанд. Дар байни олимоне, ки моҳият, хусусият, шаклҳо ва усулҳои мубориза бо тундгароиро таҳқиқ кардаанд, аз кишварҳои Европа, Шарқ ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳазорҳо мерасонд.

Масъалаи ифротгароӣ ва шаклҳои нави он, ки мавриди таҳқиқ карор гирифтааст, новобаста ба омузиши ҳамаҷонибаи он барои хонандаи тоҷик, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта ва шаклгирӣ ва зуҳуроти он дар ҷаласаи пасошуравӣ Тоҷикистон ошноӣ дорад, хеле зарур аст, зеро ба қавли Президенти кишвар “фаромӯш набояд кард, ки яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифатнокӣ ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад” [1.c.15].

Ба ҳамин тариқ истилоҳи тундгароӣ аз тарҷумаи калимаи радикализм (англ.radicalism, аз лот. radiх реша) гирифта шуда, дар Англия дар охири асри ХVIII вориди фарҳанги истилоҳот гардидааст. Чарлз Фокс аввалин шуда калимаи “радикализм”- ро барои ишора ба ҷонибдорони даврони кӯҳан ва тағиротҳои куллӣ дар низоми давлатҳои аврупоӣ дар такя ба намунаи давлатдорӣ дар Фаронса истифода бурдааст (27,с.21). Сипас ин мафҳум дар асри ХIХ ба тадриҷ дар Аврупо паҳн гардида, тафаккури илмӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фалсафии аҳли ҷомеаро ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ равона кард. Сараввал зери ин мафҳум “тағйиротҳои бунёдиро” дар назар доштанд.

Дар даврони шиддат гирифтани инқилобҳои саноатӣ ва иҷтимоии зиддифеодалӣ, буржуазӣ, радикализм ҳамчун намунаи навини дигари рушди иҷтимоии ҷомеа муаррифӣ шуда, ки дар афкори иҷтимоӣ сиёсии аврупоиёни асри ХХ таввасути ҷонибдорони “традитсионализм” ва “консерватизм” ба вокуниши ҷиддитар ба рӯ ба рӯ шуд. “Радикализм” на танҳо ба маънои “инқилоб”, балки тамоми шаклҳои он вокуниш ёфта, раванди таърихии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро дар тӯли зиёда аз дусад соли охир муайян кард.

Маҳз он ҷунбишиён номи “радикализм” -ро ба худ касб карда буд имкон дод, и шакли дигари муътадилсозии динамикаи иҷтимоӣ дар шароити равандҳои босуръати иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ ва мутобиқсозии баланди зиддибӯҳронии ҷомеаи аврупоӣ ба вуҷуд ояд. Мафҳуми “радикализм” дар худ муҳтавои муҳити номусоиди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, тасавуроту ҷаҳонбинӣ ва идеологӣ, таҳдидҳои техногенӣ ва экологӣ, омилҳои маънавӣ муносибатҳои иҷтимоӣ-психологӣ ва хусусиятҳои апнтропологӣ намунаи ботини рафтору кирдори шаҳрванди аврупоири дар бар гирифт.

Қобил ба зикр аст, ки зуҳури ин шакли “радикализм” ва ё тундгароӣ дар натиҷаи афзоиши беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, паҳншавии сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ ва карупсия, барҳам додани низоми кафолати иҷтимоӣ, ноамнии ҳуқуқии шахс ва моликият, даст кашидан аз раванди дигаргунсозиҳои демократӣ ва рӯё оварданд тақвияти бахшидани тамоюлоти авторитарӣ, заиф шудани давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, парокандагии низоми анъанавии арзишҳо, низоъҳои пинҳонӣ ва бисёр омилҳои дигари объективӣ ба вуҷуд омад.

Дар баробари ин мафҳуми тундгароӣ ва ё “радикализм” дар иртибот ба ғайриимкон будани тағйиротҳои ҷиддӣ дар вазъи мавҷудаи иҷтимоӣ бо истифода аз усулҳои демократӣ, набудани имконот барои баёни норизогӣ нисбат ба сохторҳои давлатӣ ва сиёсати мавҷударо рӯӣ кор омад. Нокомии элитаҳои сиёсӣ дар ҳалли самараноки мушкилоти иҷтимоӣ, ҷустуҷуи роҳҳои раҳоӣ аз бӯҳронҳои тӯлонӣ ва муноқишаҳо низ омилҳое мебошанд, ки ба “радикализатсия” ва ё тундгаро шудани гурӯҳҳои норозӣ, табақаҳо ё шахсони алоҳида мусоидат кард.[3 с.13].

Қабл аз ҳама, мафҳуми “радикализм” ба маънои зикршуда, дар баробари ин маънои тарзи тафаккур ва модели рафтори ба он алоқамандро низ дорад. Масалан, фундаментализм ба маънои риояи қатъии талаботи ҳама гуна таълимот (динӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва ғайра) дошта утопизм - тасаввуротро дар бораи имкониятҳои бунёдии ҷомеа, ки дар он намунаҳои асосии разилатҳои иҷтимоӣ решакан карда мешаванд дар худ ғунҷонидааст.Аммо инқилоб бошад ин эътирофи ногузири тағироти куллӣ тавассути зуроварӣ дар доираи муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ғайраро дар назар дорад. Дар доираи ин мафҳумҳо унсури аввалӣ ҳамчун қисми ҷудонопазири радикализм моҳияти олами ҳастӣ ва сабаби номувофиқатии муносибатҳои иҷтимоии мавҷударо муайян карда, унсури дуюмӣ бошад ба идеали иҷтимоӣ ишора мекунад, ки ҷомеа бояд ба он саъй кунад.Аммо унсури сеюмӣ усули бо роҳи зуроварӣ ба даст овардани идеалро дар бар гирифтааст. Ба ибораи дигар, ин се унсури аососии моҳияти онро дар бар гирифта, ба саволҳои “чӣ”, “чаро” ва чӣ гуна” будани ҳаёти иҷтимоӣ ҷавоб медиҳанд.[4, с.258].

Ҳамчунин мафҳуми тундгароӣ ва ё радикализм дар масъала бо роҳи “оддӣ” ҳал кардани мушкилоти мураккабу гуногунҷабҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, байниқавмӣ, динӣ, экологӣ ва ғайраро тавассути зуроварӣ ҳамчун воситаи “самаранок” ва амали мустақиму фаврӣ барои бартараф кардани маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, инчунин омода сохтан ба муколама ва созиш тавсиф мекунад. Ба хусусиятҳои асосии тундгароӣ- “радикализм” инҳо шомил мебошанд: тақсимоти ҷомеа ба қувваҳои оштинопазир, яъне ба “худиҳо” ва “бегонагон”; ҷустуҷӯи доимии душманону гунаҳкорони нооромиҳои иҷтимоӣ; ташнаи мубориза ва рӯҳияи муқовимати харобиовар ба душманон; максимализм; омодагӣ барои шаҳид шудан; ҷустуҷӯи усули умумии ҳалли мушкилоти мураккаби иҷтимоӣ; услуби тоталитарии тафаккур ва ғайра [30, с.89].

Тундгароӣ дар раванди низоми иҷтимоӣ-сиёсӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: ихтори иттилоотӣ дар бораи дараҷаи номусоидии муҳити иҷтимоӣ- сиёсӣ; рафъи ташаннуҷи иҷтимоӣ тавассути гурӯҳҳои норозӣ, фишор ба институтҳои сиёсӣ, омодагӣ, қабул ва татбиқи қарорҳои сиёсӣ; ислоҳи самти сиёсат; ҳавасмандгардонии тағйироти куллии иҷтимоӣ-сиёсӣ, навоварӣ ва ғайра [6, с.89].

Болотар аз ин тундгароӣ ҳамчун риояи қатъии усули ҳама чизҳои нав (ҷадид) метавонад дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоӣ зоҳир шавад ва дар баъзе ҳолатҳо, масалан, вақте сухан дар бораи ҳалли бунёдии ин ё он мушкилоти назарӣ ё амалӣ мешавад, асоснок карда мешавад.Аммо вай дар муносибатҳои иҷтимоӣ ҳамчун низоми муносибат ва амал, ки бо ахлоқ ва амалҳои иҷтимоӣ мухолифати шадид дорад, ғайриқобили қабул мебошад.

Дар иртибот ба гуфтаҳои боло метавон ду шакли тундгароиро, ки ҷомеаи муосир бо онҳо рӯ ба рӯ ҳаст ҷудо намуд: тундгароии иҷтимоӣ ва сиёсӣ.Тундгароии иҷтимоӣ дар маҷмӯъ афзалияти манфиатҳои ҳар як гурӯҳи иҷтимоиро нисбат ба манфиатҳои ҷомеа эътироф менамояд. Масалан, “феминизм” як навъи тундгароии иҷтимоӣ буда, ба дараҷаи мутлақ нишон додани аломати гендерӣ ташаккул ёфтааст. Дар навбати худ, тундгароии динӣ динро унсури асосии ҳаёти инсон ва манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоии дахлдорро ҳамчун манфиатҳои ҷомеа эътироф мекунад. Шаклҳои асосии радикализми иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ зуҳуроти нажодпарастӣ, этноцентризм, феминизм, экологизм, фундаментализми динӣ, субҳфарҳангҳои ҷавонон ва мухлисон, ҳзаракати ЛГБТ ва ғайра эътироф карда шудаанд [7].

Шаклҳои тундгароӣ аз қабили тундгароии иҷтимоӣ - этникӣ ва динӣ дар назария ва амалияи муносибатҳои байналмилалӣ ва байнимазҳабӣ пойбандии ақидаҳо ва усулҳои шадид мебошанд. Тарафдорони онҳо, ки аз мавқеи ҳимояи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои як миллат ё дин баромад мекунанд, ҳуқуқҳои дигар халқу динҳоро ошкоро ва таҳқиромез поймол месозанд. Идеологияи онҳо миллатгароии ҷиҳодӣ, бунёдгароӣ, ксенофобӣ ва шовинизми миллатгароӣ буда, сиёсати онҳо зӯроварии этникӣ ё динӣ дар ин ё он шакл мебошад.Хусусиятҳои хоси тундагароии динӣ таҳамулнопазирӣ нисбат ба атрофиён мебошад, ки бешубҳа барои мавҷудияти устувори давлат хатар эҷод мекунад.Хатари тундгароии динӣ инчунин вобаста ба тамоюли ҷинояткории аъзоёни як қатор равия ва мазҳабҳо вобаста мебошад.Тамоюлоти ҷиноятии ин равияҳо аз “фанатизм” дар амалҳои онҳо дарак медиҳад. [8, саҳ.105].

Ҳангоми ҷудо кардани диндорон ва равияву мазҳабҳо ва фарҳангҳои динӣ ҳамчун равия “радикалӣ” бояд хеле эҳтиёткор шуд, зеро аксар вақт гуногунрангӣ аз ҷониби ин равияҳо ба ифротгароӣ (экстремизм) оварда мерасонад. Дар бисёр ҳолатҳо сатҳи идеологии радикализми иҷтимоӣ дар шакли хеле содда тавсиф карда мешавад, ки ин нодуруст аст, зеро аксаран идеологияи “экстремизми иҷтимоӣ” ба идеологияи сиёсии пешрафта табдил меёбад. Аммо, як қатор “идеологияҳои иҷтимо” мавҷуд мебошанд, ки дар доираи фарҳангҳои муайян боқӣ мемонанд. Намунаи барҷастаи чунин идеологияи радикалии иҷтимоӣ ин идеологияҳои фарҳангии ҷавонон шуда метавонад. Ҷараёнҳои радикализми иҷтимоӣ дар амалҳои хоси аксаран даст ба баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ, пикетҳо ва намоишҳои ғайриқонунӣ, содир кардани амалҳои авбошӣ ва амалҳои харобиоварӣ, вайрон кардани фаъолияти нақлиёт ва ғайра мезананд. Яке аз таҳдидҳои муҳимтарини “тундгароӣ ва ё радикализми иҷтимоӣ” ба ҷомеа он аст ки вай ҳамчун заминаи тундгароии радикализми сиёсӣ хидмат мекунад ва мақсад дорад бо истифода аз вазъияти мушкили иҷтимоии байналмилалӣ ва байни динҳо ҷомеаро ба бӯҳрони пурраи иҷтимоию сиёсӣ савк диҳад, ин раванд қодир ба он аст, ки барои нерӯҳои барангезандаи ин буҳрон заминаҳои ғасби ҳокимияти давлатиро дар кишвар ва ё минтақаи алоҳидаи фароҳам орад. Ин падида дар якҷоягӣ бо пешрафти технологияҳои иттилоотӣ аз рушди экстремизми иттилоотӣ дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад бурд. [11]. Дар муқоиса бо тундгароии иҷтимоӣ тундгароии сиёсӣ мақсад дорад ҳокимияти давлатиро ба даст орад ва ҳукумронӣ кунад. Илова бар ин майдони муборизоти иҷтимоии тундгароии сиёсӣ одатан васеътар буда, бунёди решаҳои идеологӣ нисбат ба идеологияи тундгароии иҷтимоӣ бештар коркард шудаанд. Бо вуҷуди фарқиятҳои ҷиддӣ байни радикализми иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар байни онҳо бешубҳа робитаи мутақобила ба назар мерасад. Масалан, фаъолияти тундгароӣ метавонад дар ду шакл зоҳир шавад: якум, ҳамчун фаъолияте ки бо истифодаи зӯроварии сиёсӣ алоқаманд нест (масалан аксияҳои эътирозӣ, пикетҳои ғайриқонунӣ, бастани роҳҳо ва ғайра); дуюм, ҳамчун фаъолияте, ки дар асоси он истифодаи зуроварӣ дар шаклҳои гуногун (терроризм, генотсид, репрессияҳои оммавӣ ва ғайра) ҷой дорад. Маҳз фаъолияти тундгароӣ бо такя ба истифодаи зӯроварии сиёсӣ метавонад ҳамчун ифротгароии сиёсӣ, яъне ҳамаҷониба пойбанди шаклҳои тундрави фаъолият дар сиёсат тавсиф карда шавад. Ҳамин тариқ, ифротгароии сиёсӣ як навъи фаъолияти тундгароӣ мебошад, ки ба истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ асос ёфтааст. Дар радикализми сиёсӣ ҷараёнҳои чап ва рост ҷудо карда мешаванд. Ба радикалҳои чап шахсон ва гӯруҳҳои сиёсии дорои ақидаҳои коммунистии шадиди чапгаро дохил мешаванд. Одатан, ба чунин гурӯҳҳо иттиҳодияҳои анархистӣ, ташкилотҳои коммунистҳои чап, аз ҷумла троцкистҳо, инчунин гурӯҳҳои коммунистие, ки дар мавқеи маоизм ва сталинизм истодаанд, дохил мешаванд.Хусусиятҳои муҳимтарини идеологияи тундгарои чап инҳоянд: коммунизм талош барои банёди ҷомеаи бетабақотӣ, ки холӣ аз истимсор меварзад; интернатсионализм эътирофи усулан баробарии тамоми нажоду миллатҳо ва қавмҳо аст; дар муқобили империализми рад кардани сиёсати таҷовузкорӣ, миллатгароӣ ва шовинистии синфи ҳокими кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва ғайра; муқобили ҷомеаи сармоядорӣ, арзишҳои он ва иқтисоди бозоргонӣ, дастгирӣ аз мудохилаи давлат ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ; инқилобгароӣ, эътирофи истифодаи усулҳои зӯроварии тағйир додани муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ғайра [4. с. 260-261].

Радикализми рост низ дорои усулҳои худ мебошад: авторитаризм, яъне омода сохтани имконотҳои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ, нигоҳ доштан ва ё ғасби ғайриқонунии он аз ҷониби шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ё ҳизб; миллатгароӣ- муаррифии миллати худ ҳамчун арзиши олӣ ва кӯшиши манфиатҳои он- ҳамчун хидмати шоиста; адами озодандешии гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар масъалаи ифодаи мавқеи шахсии худ; шовинизм ҳамчун шакли шадиди миллатгароӣ буда, бартарии як миллатро нисбат ба дигар миллатҳо ва ҳуқуқи тобеъияти онҳо эълон медорад; нажодпарастӣ- таълимот дар хусуси нобаробарии нажодҳо ва нақши муайянкуннандаи фарқиятҳои нажодӣ дар рушди ҷомеа ва фарҳанг ва ғайра.

Ба андешаи мо мубориза бо тундгароиро метавон танҳо тавассути таҳамулпазирӣ, муколамаи байнифарҳангӣ, байнидинӣ ва байналмилалӣ дар ҷомеа, ташаккули идеологияи зиддитундгароӣ, фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи демократӣ бо муваффақият анҷом дод. Идеология ва амалияи радикализмро метавон ба воситаи маъракаҳои иттилоотию таълимӣ аз ҷониби институтҳои давлатӣ, васоити ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ислоҳоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба мақсади демократкунонии тамоми соҳаҳои ҷомеа, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, тавонмандии табақаҳои иҷтимоӣ, бахусус гурӯҳҳои камбизоат, таъмини муколамаи баробарҳуқуқи байни конфессияҳо ва миллатҳо, иттиҳоди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фароҳам овард. Аз байн бурдани радикализм ғайриимкон аст, аммо кам кардани шиддати зуҳуроти харобиовари он комилан имконпазир мебошад.

Адабиётҳо

1. Э.Раҳмон. Суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар.- с.15.

2. Radicalisation: a marginal phenomenon or a mirror to society? / edited by Noel Clycq, Christiane Timmerman, Dirk Vanheule, Rut Van Caudenberg and Stiene Ravn. Leuven (Belgium) : Leuven University Press 2019.250 p.

3. Бороздин А.Н. Радикализм как социально -политический феномен. Весник Академии эканомической безапасности МВД Росси.2015 №6 С. 12-17.

4. Самойлов С.Ф., Плотников В.В. Концептуализация понятий социольного и политического радикализма и экстремизма. Весник Краснадарского унверистета МВД России. 2015 №4 (39). С. 258-261.

5. Русаков О.Ф. Томография радикализма. Дискрус -Пи: Научно-практический альманах 2001.Вып 1.С.86-92.

6. Левченко Л.О. Радикализм та экстремизм як крайни прояви нонконформнои повиденик : загальнотеоретичний аспект. Наукови праци ( Чорноморського державного унверистету имени Петра Могили). Сер. : Политология. 2009. Т.110 , Вип. 97.С.77-80.

7. Молодeжные субкультуры Москвы /Сост.Д.В. Громов, отв. ред. М.Ю. Мартынова. Москва : ИЭАРАН, 2009.544.с.

8. Борисовский А.В., Римский А.В. Дискурс экстремизма, радикализма и терроризма. Наука. Искусство. Культура. 2018. Вып.4 (20). С. 98-115.

9. Кубиякин Е.О.,Сафронов А.Н. Информационый экстремизм в среде молодёжи как деструктивный феномен соврименного российского общества. Вестник Краснадарского унверистета МВД Росси. 2013. № 4 (22) .С.100-104.

10.Лопушанский И.Н. Радикализм: теория и практика : учебное пособие для магистратуры /Акад. Генеральной прократуры РФ. Санкт Петербургский юридический ин-т ( фил.).2-е изд., перераб .и доп Санкт Петербург: Санкт Петербургский юридический ин-т (фил.) Акад. Генеральной Прократуры РФ,2016.47.

11. Религии и радикализм в постескулярном мире / (С.Амгар, А.М.

Ахунов , И.Л. Бабич и др.); под редакцией Е.И. Филипповой и.Ж.Радвани. Москва: Горячая линия – Телеком , 2017.331 с.

12.Кадиев А.М. К вопросу о сущности религиозного экстремизма. Религиоведение. 2007. № 4. С. 127-137

Шамолов А.А. – д.и.ф., ходими пешбари шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Экстремизм дар миёни як гурӯҳи иҷтимоӣ аз гурӯҳи иҷтимоии дигар фарқ мекунад, он вобаста аз як доира нисбат ба доираи дигар хусусиятҳои худро дорад. Масалан, руҳияи экстремизм ва муқовимат ба он дар доираҳои ҷавонон, занон, хонаводаҳо ва ё ҷомеаҳои мазҳабӣ ва ғ. аз ҳам фарқ мекунад.

Баъзе хусусиятҳои экстремизмро дар мисоли паҳншавӣ миёни ҷавонон баррасӣ мекунем, зеро ин падидаи номатлуб, пеш аз ҳама, ба доираҳои ҷавонон хос аст. Экстремизми ҷавонон шакли хосе аз фаъолмандии онҳо аст, ки аз доираи меъёрҳо, намунаҳо ва шаклҳои пазируфташуда берун рафта, ба вайрон кардани низоми иҷтимоӣ ва ё ягон қисмати он равона шудааст. Экстремизм миёни ҷавонон ҳамчун падидаи оммавии даҳсолаҳои охир дар фазои пасошӯравӣ дар беэътиноӣ ба қоидаҳо ва меъёрҳои амалкунандаи рафтор дар ҷомеа ва ё инкори онҳо ифода меёбад, ки онро аз мавқеъҳои гуногун метавон баррасӣ кард.

Тавре маълум аст, ҳама гуна падидаҳо дар таърихи башарият дорои робитаи сабабӣ мебошанд. Падидаи экстремизм миёни ҷавонон, ки ба таври фаъол паҳн шудааст ва ба ин омилҳои гуногун мусоидат кардаанд, ҳамчун воқеияти мо аз ин қатор истисно нест. Омилҳои пайдоиши экстремизму терроризми ҷавононро шартан метавон ба таври зайл гуруҳбандӣ намуд: - иҷтимоию иқтисодӣ; - равонӣ; - ҳуқуқӣ; - сиёсӣ; - демографӣ ва иқлимӣ-ҷуғрофӣ.

Буҳронҳои иқтисодӣ ва сиёсие, ки баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба вуҷуд омаданд, барои аксари ҷавонон дар оғози солҳои навадуми асри гузашта боиси буҳрони маънавӣ ва ташаккули шахсияташон гардиданд. Табақабандии иҷтимоии ҷомеа, ки дар ин замон зуҳур кард, барои бархе аз онҳо боигарӣ овард ва бархеро аз моликияти моддӣ маҳрум намуд, дар миёни бархе аз намояндагони ҷавонон ноумедӣ, аз даст додани дурнамои зиндагӣ ва ҳамчунин ҳисси маъюсиро ба бор овард. Руҳияи сардаргумӣ ва ноумедие, ки бархе аз қишрҳои ҷавононро фаро гирифта буд, татбиқи худро дар шаклҳои гуногуни рафторҳои зиддииҷтимоӣ пайдо кард.

Аз маҷмуи омилҳои таъсиррасон ба рушд ва шаклгирии ҳама намуди экстремизму терроризм миёни ҷавонон дар замони мо инҳоро метавон ҷудо кард:

1) суст шудани корҳои тарбиявӣ бо ҷавонон;

2) буҳрони ниҳоди оила ва тарбияи хонаводагӣ;

3) паст шудани шароити зиндагӣ ва вазъи номуайянӣ;

4) нуфузи фаъол пайдо кардани фарҳангҳои омиёна;

5) фаъолшавии фаъолияти созмонҳои экстремистии динӣ.

6) паҳншавии густардаи воситаҳои муосири иртибот ва иттилоот ва ғайра.

Аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта муқовимат ба равандҳои ифротгароӣ дар Интернет самти муҳими фаъолиятҳои зиддиэкстремистии кишварҳои пешрафта қарор гирифт. Маҳз барои ҳамин омӯзиши таҷрибаи хориҷии мубориза бо зуҳуроти экстремизм дар Интернет чӣ дар бахши идеология ва чӣ дар бахши қонунгузорӣ манфиати қобили мулоҳиза дорад.

Ҳангоми таҳлили экстремизм миёни ҷавонон метавон чанд навъи онро ҷудо кард:

- экстремизм дар бахши робитаҳои байниқавмӣ, ки асоси онро идеяҳои миллатгароёна ташкил медиҳад ва мазмуни он аз мухолифат миёни намояндагони миллатҳои гуногун иборат аст. Зуҳури фаъолмандии экстремизм метавонад аз сӯйи миллати унвонӣ дар баробари ақаллиятҳо ва ё баръакс бошад. Дар љумҳурии мо ин намуди экстремизм ба назар намерасад, лекин тољикони муҳољир бо он дар Россия дар мисоли скинхендҳо дучор мешаванд;

- экстремизми динӣ. Асоси онро мухолифат миёни намояндаҳои мазҳабҳо, динҳо ва равияҳои динии гуногуне, ки дар як қаламрав зиндагӣ мекунанд, ташкил медиҳад. Мисоли ин, дар кишвари мо дар фаъолияти љараёнҳои ваҳобия, салафия, Ҳизбуттаҳрир ва ғайра зуҳур намуда буд;

- экстремизми сиёсӣ. Ба муқобили низоми сиёсии кунунии давлат, намояндагони он ва ё рақибони сиёсии он равона шудааст;

- экстремизм дар доираи хурди фарҳангии (субкултураи) ҷавонон. Асоси ин гуна кирдорро мухолифат миёни намояндагони гурӯҳҳои фарҳагии фарқкунандаи ҷавонон, ки ҳомили арзишҳо, навъҳо, моделҳои рафтору ҷаҳонбиниҳои ба ҳамдигар муқобил мебошанд, ташкил медиҳад;

- экстремизми иҷтимоӣ. Дар заминаи мухолифатҳои гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун сар мезанад ва ба решакан ва нобуд кардани ҷамъият ё ҷомеаи алоҳида нигаронида шудааст.

Аксари ҷиноятҳои характери ифротгароёнадошта аз тарафи ноболиғон дар ҳайати гурӯҳҳо содир карда мешаванд. Аз ин рӯ, бояд дар назар гирифт, ки дар вақти гурӯҳ, омма, тӯда шудан, зеҳни инсон, хусусан, љавонон, кунд мегардад. Ин дар маҷмуъ тафовути бисёр муҳими ҷинояткории ноболиғон ва дар алоҳидагӣ экстремизм миёни ноболиғон мебошад. Наврасони дар алоҳидагӣ нотавон, вале хушунатхоҳ ба ҳам омада, метавонанд ба низоми иҷтимоӣ, хусусан дар муассисаҳои таълимӣ таҳдид кунанд. Дар чунин гурӯҳҳои наврасон аъзои онҳо барои худ мақоми муайян пайдо карда, дар он арзишҳои хоси худро ба таври муболиғаомез хеле баланд эҳсос менамоянд.

Экстремизм инчунин хоси ҷомеаҳои динӣ, равияҳо ва фирқаҳои он мебошад. Тавре маълум аст, набудани таҳаммулпазирӣ дар баробари дигарандешии динӣ метавонад аз оғоз майл ба паҳншавии хушунатомези таълимоти худ дошта бошад. Дар чунин ҳолатҳо идеологияи экстремистӣ рушд мекунад. Муроҷиат ба олимони бонуфузи динӣ ва донишмандони дигар ба сифати омили қавии таъсиргузорӣ ба омма, ҷалби онҳо ба сӯйи худ, хусусан агар ин таълимот барои ҷомеа суннатӣ ё посухгӯйи ниёзҳои қисме аз онҳо бошад, хизмат мерасонад. Дар баробари ин, мухолиф эълон кардани ҳамаи онҳое, ки бо чунин идеологияҳо мувофиқ нестанд, нишондиҳандаи омили ҷиддии равоние на танҳо барои тарафдорони муттаҳидшудаи идеологияи экстремизм мебошад, балки дар назари онҳо мақоми иҷтимоии худи онҳоро боло мебарад.

Ҷомеа ва ё равияи динӣ – гуруҳ ё ҷомеаи иҷтимоиест, ки аз дини ҳоким ҷудо шудааст. Аз рӯйи баҳогузории мутахассисон, дар ҷаҳон ҳазорон равия вуҷуд дорад. Бисёр будани равияҳо тасодуфӣ нест. Ҳатто аз нигоҳи забонӣ вожаи “равия” ё “секта” маънои чизи ҷудошуда аз умумро дорад. Таърихи ҳар гуна равия нишон медиҳад, ки дар саргаҳи он мухолиф гузоштани худ ба тартиботи мавҷуда ва арзишҳои маънавии суннатӣ аст.

Ба бахши қобили мулоҳизаи ҷомеаҳои динӣ идеологияи муосири бунёдгароии исломӣ таъсир мегузорад. Дар солҳои ахир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин идеология зиёд шудааст. Ҳадафи онҳо дар кишварҳои мусулмонӣ ва ҳатто дар ҷаҳон ҷорӣ кардани “низоми исломӣ”-и нав дар сохтори давлативу иҷтимоӣ ва низоми равобити миёни инсонҳо мебошад. Роҳи ҳалли ин ҳадафи ҷаҳонӣ, аз нигоҳи ҷонибдорони бунёдгароии исломӣ хеле гуногун, то ҳатто истифода аз василаҳои хушунату силоҳ мебошад. Ҳадафҳои таҷовузгаронаи худро онҳо таҳти шиорҳои “исломи ноб”, мубориза барои эҳёи усулҳои он ҳамчун дини ҷаҳонӣ пинҳон мекунанд. Вале амалҳои воқеии бунёдгароёни муосир ҳеч умумияте бо исломи асилу воқеӣ надоранд.

Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Дар шароити муосир экстремизм ва терроризм ба яке аз хатарҳои ҷиддии амниятии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин падида на танҳо сохторҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро ноустувор месозад, балки ба арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва динии ҷомеа низ зарбаи ҷиддӣ мерасонад. Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин таҳдидҳо канор намондааст. Махсусан, ҷавонон бештар осебпазиранд, зеро онҳо дар марҳилаи ташаккули ҷаҳонбинӣ қарор дошта, ба осонӣ ба ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва таблиғоти пурфиреби гурӯҳҳои ифротӣ дода мешаванд.

123123Пайомадҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ нишон медиҳанд, ки экстремизм танҳо мушкили як ҷомеа ё як давлат нест, балки мушкили умумибашарист. Барои муқовимат ба он, таҳлили сабабҳои асосии рӯ овардани одамон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои самараноки пешгирӣ аҳамияти хоса дорад. Маҳз дар асоси чунин таҳлил метавон сиёсати дуруст ва чораҳои муассирро барои ҳифзи ҷомеа аз ин хатарҳо тарҳрезӣ кард.

Натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки ақидаи мусоҳибон оид ба симои иҷтимоии шахси экстремист гуногун мебошад. Мусоҳибон экстремистро шахси зидди давлат (16,9%), террорист (15,7%), шахси ҷангҷӯй ва иғвоандоз (11,9%), шахси хиёнаткор (10,5%), шахси зидди оромию тинҷии давлат (36,4%) ва гумроҳсозандаи ҷавонон (22,6%) ҷинояткор (7,6%), шахси бесавод (7,6%), беватан (7,3%), ифротгаро (4,9%), бедин (2,9%) ва дорои шуури пасти динӣ (2,9%) мепиндоранд. Албатта, чунин ҷаҳонбинӣ ва муносибати шаҳрвандон барои муқовимат ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва экстремизм хело муҳимаст.

Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ифротӣ барои ба доми худ афтонидани баъзе аз ҷавонони гумроҳ мақсадҳои нопоки худро маҳз ҷомаи динию мазҳабӣ пӯшонида, аз роҳу усулҳои ниҳоят гуногун истифода мебаранд. Онҳо асосан ба ҷавонони фанатики дин, дорои саводи пасти динӣ, зудбовару камирода ва ҷавонони мушкилидор таваҷҷӯҳ менамоянд. Бо тарғиботчиёни худ тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои пучу дурӯғ, зуд соҳиб шудани ба сарвати калон, ҷиҳоду ваъдаи биҳишт дода, ҳар хел овозаҳои бардуруғи мазҳабию дунявиро паҳн мекунанд, бадбинӣ ва низоъҳои мазҳабиро бармеангезанд ва ба эҳсосоти динии ҷавонон нохун мезананд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби дунашманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асри миёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”[1].

Мувофиқи таҳлили натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ ҳамроҳ шудани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ як мушкилии Тоҷикистон нест, балки мушкилии тамоми ҷаҳон аст. Ин падидаро на як сабаб, балки сабабҳои зиёд ба вуҷуд меорандИштирокчиёни пурсиши сотсиологӣ сабаби пурзуршавии гурӯҳҳои ифротгароро ба амалҳои экстремистӣ даст задани шаҳрвандон, махсусан, ҷавононро дар бекорӣ (51,7%), пурзуршавии тарғиботи гурӯҳҳои экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (44,3%), камбизоатӣ ва вазъи мушкили зиндагӣ (39,1%), фанатизм дар ҳама шаклҳояш (31,7%), паст будани сатҳи донишҳои динӣ (29,0%),бафиреби дӯстону хешовандони экстремист афтидан (28,2%), пас тбудани ҷаҳонбинии илмӣ (20,6%), рафтори бади худи шахс (15,0%), маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон (10,8%), ноадолатиҳои иҷтимоӣ (10,6%), набудани боварӣ ба шахсони расмӣ (18,0%) ва ғайраҳо мебинанд.

Фаъол шудани ҳизбу ҳаракатҳои экстримистию террористӣ масъалаи ташвишовари давлатҳои муосир мебошад, ки тарғибгарони онҳо ҷавононро ба роҳи ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ даъват менамоянд. Дар ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифродгарою экстремистӣ ва террористӣ шахсони алоҳидава гурӯҳҳои тарғиботӣ низ саҳмгузор ҳастанд. Аз сабаби ҷаҳонбинии маҳдуд, дониши паст ва иродаи мустаҳкам надоштан ҷавонон зуд ба доми намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Пайравони гурӯҳҳои ифротӣ барои тарғиби идеяҳои худ хуб омӯзонидашудаанд, дорои маҳорат ва қобилияти махсус мебошанд. Онҳо аз заифиҳои ҷавонони мо моҳирона истифода бурда метавонанд. Ҷавонони беназорат ва кучагарду каҷрафтор зуд ба доми ҳаракату гурӯҳҳои ифротию террористӣ меафтанд. Махсусан, фарзандони оилаҳои носолим ва низоъдор тӯъмаи асосии ин гуна гурӯҳҳо мегарданд. Маҳз беназоратии волидон ва муҳити иҷтимоӣ барои рушди ҳаракатҳои ифротӣ шароити заруриро муҳайё менамоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто фарзандони оилаҳои шароити иқтисодияшон хуб низ ба ин ҳаракатҳо рӯ меоранд, ҳол он ки давлат барои онҳо шароитҳои шоистаро таъмин кардааст, бекор нестанд ва молу сарвати фаровон доранд. Яке аз сифатҳои муҳими иҷтимоии инсон қобилияти таҳлил кардани ҳодисаҳои иҷтимоӣ ё ба ибораи дигар тафаккури таҳлилӣ мебошад. Рафтор ва самти фаъолияти инсон ба тафаккури таҳлилии ӯ алоқамандии зич дорад. Аз натиҷаҳои таҳқиқоти гузаронидашуда маълум гардид, ки яке аз сабабҳои ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ва каҷрафтории онҳо надоштани қобилияти таҳлили ҳодисаҳо мебошад.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо далелу бурҳони рӯякӣ, аммо боваркунанда, ба тафаккури ҷавонон таъсир гузошта, ба онҳо имконияти дуруст таҳлил кардани ҳодисаҳоро намедиҳанд. Сатҳи донишҳои ҳуқуқию сиёсии ҷавонон паст аст, онҳо бо ин донишҳои худ ҳодисаҳои мураккабу печдарпечи замони ҳозираро дуруст таҳлил карда наметавонанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз ВАО, махсусан интернет як бахши ҷудонашавандаи ҳаёт мебошанд, ки ба рафтор, эътиқоди динӣ ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири калон мерасонанд. Ҳарчанд имрӯз бисёриҳо зарару фоидаи интернетро ба хуби дарк мекунанд, аммо то ҳол аз ин технология самаранок истифода бурданро наомӯхтаанд, худро идора карда наметавонанд. Рӯзи дароз шабакаи иҷтимоӣ, мисли “Одноклассники” Facebook, ВКонтакте, Viber, Twitter-ро ғайрисамаранок ва бефоида истифода мебаранд.

Ба ақидаи иштирокчиёни таҳқиқот сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ барои ноором сохтани ҷомеа ва ба худ ҷалб намудани ҷавонони сустирода ҳамчун восита ва яроқи дастрас хизмат менамояд. Гурӯҳҳои террористӣ мутахассисони хуби соҳаи технологияи интернетӣ доранд. Онҳо тавассути гузоштани суратҳо ва видеороликҳои гуногун тафаккури ҷавононро заҳролуд мекунанд. Онҳо ҷавононро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз роҳ зада, худро сарсупурдаи дин нишон дода, барои муқобилият ба сохтори конститутсионии давлат ва иштирок дар ҷангҳои Сурия даъват мекунанд. Ба ақидаи иштирокчиёни мусоҳибаи амиқи экспертӣ давлат ва сохторҳои масъули он барои кам намудани таъсири интернет барои манфиати аҳолӣ назоратро пӯрзур намояд. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет-кафеҳо ва рӯзномаю маҷаллаҳои шубҳанокро барои аҳолӣ маҳдуд намояд.

Пешгирии одамон аз ҳамроҳшавӣ дар гурӯҳҳои ифротӣ масъалаи муҳими кишварамон дар самти муқовимат ба ифротгароӣ аст. Таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳад, ки чунин роҳу воситаҳои пешгирии одамон аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои радикалӣ вуҷуддоранд:

- баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар оила ва зинаҳои гуногуни мактаб – 47,6%;

- баланд бардоштани дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии динии аҳолӣ – 44,2%;

- беҳтар намудани сатҳи шароити зиндагии шаҳрвандон – 40,5%;

- паст намудани сатҳи бекорӣ– 34,5%;

- баланд бардоштани сатҳӣ маърифатнокӣ ва ҷаҳонбини илмии аҳолӣ– 30,5%;

- боло бардоштани сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон– 30,0%;

- гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятӣ-ташвиқотӣ– 17,4%;

- мустаҳкам кардани қонунгузорӣ – 8,7%;

- додани озодиҳои бештари динӣ – 3,9%.

Хулоса, таҳлили масъала нишон медиҳад, ки экстремизм ва терроризм яке аз хатарҳои ҷиддии замони муосир буда, таъсири манфии он ба амнияти миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва арзишҳои фарҳангиву ахлоқии ҷомеа бузург аст. Натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки шаҳрвандон шахси экстремистро асосан ҳамчун зидди давлат, мухолифи оромию тинҷӣ ва гумроҳкунандаи ҷавонон қабул мекунанд, ки ин худ далели мавҷудияти муносибати манфӣ ва омодагии ҷомеа ба муқовимат мебошад. Омилҳои асосии рӯ овардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бештар бо бекорӣ, камбизоатӣ, паст будани сатҳи маърифати динӣ ва илмӣ, таъсири густардаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин ноадолатиҳои иҷтимоӣ вобастаанд. Дар чунин шароит, чораҳои муассир — аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила ва мактаб, беҳсозии шароити зиндагӣ, кам кардани сатҳи бекорӣ, тақвияти шуури ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷавонон, инчунин ташкили чорабиниҳои тарғиботӣ ва маърифатӣ — аҳамияти калидӣ пайдо мекунанд. Маҳз ҳамгироии талошҳои давлат, ҷомеа ва оила имкон медиҳад, ки заминаҳои иҷтимоиву маънавии рушди экстремизм суст гардонида шуда, роҳи самараноки муқовимат ба он таҳким ёбад.

Шоисматуллоев Ш. – узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор, мудири шуъбаи сотсиологияи

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

“Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хатари бениҳоят зиёд дорад”

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, таҳти №187 қабул шудааст, гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд.

Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Вазифаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ бошад, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун мебошанд.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.

Экстремизми миллатгароӣ – ғояҳои радикалӣ, таҳамуллнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гуруҳҳои этникӣ, миллатҳо, гуруҳҳои нажодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид – терроризм зидди мардуми гурӯҳҳои дигари этникӣ мебошад.

Экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.

Экстремизми наврасон ва ҷавонон – назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.

Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ – назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои ба фазои ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсиркунанда мебошад. Ифротгароён дар ҳаракати зидди ҷаҳонишавӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавидошта, иштирок мекунанд.

Экстремизми ахлоқӣ – таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накукорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва ғайра мебошад.

Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон дарҷ кард:

- сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ;

- моддӣ;

- идеологӣ;

- хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;

- пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;

- ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;

- коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;

- хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ;

- поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;

- дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;

- фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон бошад, барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон бузургтарин таҳдид ин фақат экстремизм не, балки экстремизми динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом, ки тамоми Ховари Миёнаро бахусус: Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ҳоло бошад. таҳдиди вай ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна дида мешавад, метавон хотиррасон кард.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1-уми Конститутсия худро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, онро ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, дар моддаи 100-уми Конститутсия бошад, онро ҳамчун омилҳои тағйирнопазир донистааст, ки тибқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстримизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.

Тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” аз 8 декабри соли 2003 № 69 cубъектҳои бар зидди экстремизм муборизабаранда мақомоти давлатии зерин мебошанд:

- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди экстремизм бо тартиб ва шароитҳои пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Мақомоти прокуратура дар доираи ваколатҳои худ иҷроиши қонунҳоро оиди мубориза бар зидди экстремизм назорат мебаранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24», Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Инчунин вебсайти интернетии www. irshod.kom, www.irshod.net ва дигар вебсайтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» баста шудааст. Ба ҳудуди Тоҷикистон ворид, паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» манъ карда шудааст. Сомонаҳои интернетии «Гуруҳи 24» баста шуда, ба Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои «Гуруҳи 24» манъ карда шудааст.

Тибқи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ташкилотҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)” аз 31 августи соли 2007 таҳти №7 барои экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф намудани фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ, фаъолияти ҳизб, ҳаракат ё дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ муқаррар намудан лозим аст, ки ҳаракатҳои онҳо барои ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ҳалалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб ё аз худ намудани салоҳияти ваколатҳои ҳокимият, ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ алоқаманд аст, паст задани шаъни миллӣ, ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурӯҳи иҷтимоӣ, ташвиқот оид ба бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон бе хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо, даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои амалҳои номбаршуда, маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кӯмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддӣ-техникӣ барои амалӣ шудани ин фаъолият, равона карда шудааст.

Бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд.

Қодирзода Тоҳир Қамар - ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Одним из наиболее веских причин появления международного терроризма аналитики называют процесс глобализации, неизбежно приведший к столкновению цивилизаций. В свою очередь, столкновение цивилизаций привело к конфликту идей, ценностей и представлений, столкновению несовместимых принципов и идеалов, свойственных региональным цивилизациям. Другой причиной появления и распространения международного терроризма аналитики считают появление различных теоретических учений, как например, теории «столкновения цивилизаций» С.Хантингтона и др.

Вначале определимся с понятием «международный терроризм». В статье 24 Кодекса преступлений против мира и безопасности человечества, принятого в 1991 году, международный терроризм однозначно квалифицируется как преступление, под которым понимается «совершение представителем государства или его агентом действий по организации, содействию, финансированию, поощрению, укрывательству акта против другого государства, направленных в отношении физических лиц или имущества и создающих ситуацию террора в сознании публичных сообществ, социальных групп или населения в целом».

Вернемся к теории столкновения цивилизаций С.Хантингтона. До появления теории Хантингтона европейские народы не могли различать особенности наций и народностей планеты, иных религиозных догматов. Европейцы считали себя «суперэтносом», игнорируя иную совокупность родовых, архетипических, социально-генетических, мировоззренческих взглядов и доминирующих черт национального характера, свойственную неевропейскому этносу. Как было отмечено, впервые об угрозах, которые возникают в результате столкновения цивилизаций, написал американский аналитик С.Хантигтон. «В мире после «холодной войны» культура и различные виды культурной идентификации (которые на самом высоком уровне являются идентификацией цивилизации) определяют модели сплоченности, дезинтеграции и конфликта, - пишет Хантингтон. – Распространение западных идеалов и норм не приводит к возникновению всеобщей цивилизации в точном смысле этого слова, ни к вестернизации не-западных обществ. Баланс влияния между цивилизациями смещается: относительное влияние Запада снижается; растет экономическая, военная и политическая мощь азиатских цивилизаций; демографический взрыв ислама имеет дестабилизирующие последствия для мусульманских стран и их соседей; не-западные цивилизации вновь подтверждают ценность своих культур». Основная мысль Хантигтона заключается в следующем. Сложившаяся неравномерность цивилизационного развития привела к групповой этнической и религиозной дискриминации в универсальном масштабе, отказу традиционалистских обществ от передовых западных социокультурных ценностей.

Ф.Фукуяма, пытаясь «сгладить» растущие межцивилизационные противоречия, возражал Хантигтону: «Высокий уровень благосостояния, обеспечиваемый технологически ориентированным капитализмом, в свою очередь служит питательной средой для либерального режима всеобщего равноправия, в установлении которого борьба за человеческое достоинство достигает своей кульминации» - писал Фукуяма.

То, что глобализационные процессы являются общемировой тенденцией на пути к мировой экономике, стремлению к созданию мирового рынка, выравниванию уровней экономического развития всех стран мира – это безусловный и бесспорный факт, положительно оцениваемый всеми странами. Но этот процесс, впрочем, как и любой другой процесс общественного движения вперед, чреват многими побочными факторами, не всегда положительно воспринимаемыми социальными группами.

Сегодня ни для кого не секрет, что понятие «переход к рынку» означает, по словам К.Маркса, смену общественно-экономической формации. То есть, говоря проще, мы сейчас живем при капитализме. Мы стали воспринимать ценности капитализма – стремление к получению прибыли, к обогащению – как часть естественной, само собой разумеющейся картины мира. И эта картина стала для абсолютного большинства из нас культурной и идеологической нормой. Понятие «переход к рынку» сменил негативные ярлыки советского периода типа «спекулянт», «торгаш», и декриминализировал статьи Уголовного кодекса «спекуляция» и «частнопредпринимательская деятельность и коммерческое посредничество». Эта смена серьезно сдвинула всю ценностную, культурную и социальную рамку, разрушила культурную матрицу и восточную ментальную идентичность. Но это не всё. Глобализационные процессы неизбежно влекут за собой западные стандарты мышления и западный образ жизни, главная из которых – личное обогащение. «Запад – единственная из цивилизаций, которая оказала огромный и временами разрушающий эффект на все остальные цивилизации – отмечает С.Хантингтон. – По мере того, как относительное влияние других цивилизаций возрастает, утрачивается привлекательность западной культуры и не-западные жители всё больше доверяют своим исконным культурам и всё больше преданы им. В результате этого основной проблемой взаимоотношений между Западом и остальными стало несоответствие между стремлением Запада насаждать универсальную западную культуру и всё снижающейся способностью делать это». Проще говоря, представители западной цивилизации до сих пор твердо убеждены, что их образ жизни – единственно возможный. Но это не совсем верно. Представители восточной цивилизации, начиная от японской, китайской, исламской – признают бесспорный приоритет духовных ценностей над материальным, тогда как Запад отводит духовное на второй план, выдвигая на первый исключительно материальную сторону жизни. На востоке жизнь вне общества – трагедия, на Западе индивидуализм возведен в абсолют, выраженная в формуле «моя жизнь – мои правила». И когда такая формула начинает постепенно внедряться в общественное сознание как норма жизни, это расценивается как неприемлемое покушение на собственную цивилизационную идентичность.

Как правило, современная модернизация, т.е. следование глобализационным процессам на пути построения рыночной экономики – происходит под флагом создания либерально-демократического общества европейского образца. Западные ценности: индивидуальная свобода, культура прав человека, гражданское общество и правовое государство, рыночная экономика отражают определенный цивилизационный выбор и выступают в противоречие с традиционными культурными парадигмами восточно-религиозного типа. Навязанная современному мировому сообществу западная ценностная модель, подаваемая как «система общечеловеческих ценностей», показывает свою непродуктивность в странах с сильным традиционалистским компонентом.

В этом случае традиционалистское общество начинает защищать свою целостность, психологический и моральный комфорт, игнорируя или же отвергая взгляды, угрожающие мировоззрению его представителей. Возникает конфликт идей, ценностей и представлений, отвержение западных ценностей. В Иране, например, не носят галстуки – неотъемлемый предмет гардероба европейца. Несмотря на так называемый «дипломатический этикет», Хамид Карзай никогда не снимал с себя халат, даже на самых высоких мировых саммитах. На бытовом уровне люди лояльны группе, с которой их связывает реальная или мнимая общность происхождения с одной стороны, и насторожены и подозрительны в отношении групп иного происхождения – с другой стороны. Этническая лояльность – одна из самых больших и интенсивно переживаемых человеком лояльностей. А наиболее радикально настроенная общественная группа (которая, впрочем, существует в любой человеческой общине), твердо убеждена, что правда, справедливость и Бог на их, и только на их стороне. А если противостоящая группа лишена Бога, правды и справедливости, то против неё допустимы любые меры убеждения и принуждения. Более того, чем более жесткие меры против этой группы они используют, тем сильнее они убеждают себя в собственной правоте, абсолютно необходимой и законной жестокости используемых против неё средств.

Таким образом, разрыв между идеями построения либерально-демократического общества европейского образца и родным, существующим на данный исторический момент обществом, столкновение новых, формально установленных, либо устанавливаемых ценностей (наподобие легализации проституции или однополых браков) и исконных, обычных для данной социальной группы морально-этических ориентиров, религиозных правил в разы увеличивает сопротивление социума восприятию новых, чуждых для неё идей и риски террористических актов. Серьезной негативной чертой концепции «евроцентризма» является разрушение локальной идентичности и непостроение идентичности глобальной, по сути маргинализация социума, что означает формирование социальной базы для терроризма. При этом, нужно признать, что международный терроризм широко использует возможности глобальных информационно-коммуникационных технологий. Согласно данным Общественного фонда гражданской инициативы и политики Интернет в Таджикистане, экстремистские и террористические организации направляют ежедневно в адрес граждан Таджикистана и стран Центральной Азии более 90 тыс. sms-сообщений с призывами присоединения к международным террористическим организациям.

Фактор особой роли массовой информации в современном мире безусловно является ещё одной детерминантой развития международного терроризма. Необходимым элементом террористического акта является его информационное освещение. Подробное освещение террористического акта в сети Интернет значительно расширило горизонт возможностей террористической пропаганды, актуализирующейся в показательном характере экстремистских акций, героизации маргинальных личностей. Иными словами, пресса стала информационным каналом террористического влияния.

Модернизация и её следствие – маргинализация традиционалистских обществ препятствуют завершению процессов национально-государственной консолидации, что порождает целую цепь последствий, способствующих развитию международного терроризма. В условиях кризиса национальной идентичности главенствующую идеолого-оппозиционную функцию берет на себя религия, причем, с учетом существующей напряженности, в своем наиболее радикальном варианте. Она ориентирует на фундаментальный разрыв с официальными социополитическими ценностями, поощряет нетерпимость к политическим оппонентам, упрощает действительность до уровня дихотомного деления по принципу «свои-чужие», направляя накопившуюся социальную агрессию во внешнюю, «виновную» в сложившейся ситуации среду. Приведенный тезис можно ярко проиллюстрировать на примере эволюции в Таджикистане Партии исламского возрождения Таджикистана (деятельность запрещена законом).

Аналитики отмечают, что религия как одна из наиболее прочных и инерционных национально-культурных традиций не есть фактор, непосредственно порождающий терроризм. Таковым является её толкование, часто субъективное, превращающее стандарты поведения в жесткие обязательные стереотипы. В связи с этим, современные аналитические центры терроризма уделяют особо пристальное внимание современному исламу – достаточно закрытой малоподвижной системе, ориентированной по групповому признаку. Несмотря на существующие различные взгляды на ислам, в целом серьезные аналитики терроризма согласны с мнением о том, что терроризм не основан на религиозной доктрине, и связь с терроризмом несправедливо очерняет ислам. Идея сакрального подвига, ставшая одной из характерных черт современного терроризма, была оформлена еще давно, внутри христианской политико-правовой доктрины. По мнению католической церкви, крестоносцы, погибая во имя триумфа правой веры, жертвуя ради неё жизнью, обеспечивают себе вечное спасение на небесах. В последующем эта черта политического насилия обернулась против европейской цивилизации, став идеолого-моральным обоснованием множества террористических актов современности.

В целом, следует согласиться с мнением видного аналитика проблемы терроризма В.А.Чернядьевой, которая полагает, что «активизация международного терроризма второй половины XX века вызвана, прежде всего, кризисными процессами в мировой политической системе. Падение международной системы сдерживания, ликвидация биполярности повлекли за собой рост конфликтогенности, активизацию противоречий между признанными лидерами мирового процесса и развивающимися государствами».

Ряд исследователей связывают истоки терроризма с проблемами чисто экономического характера, социально-экономической поляризацией, антагонизмом между бедностью и богатством, тенденцию к неравномерному распределению ресурсов и пр. Однако современные исследователи считают, что связь между бедностью и терроризмом, хотя и существует, но имеет косвенный характер. Международный терроризм имеет, прежде всего, не материально-денежную мотивацию, как стандартное преступление, а политическую, ориентированную на масштабный резонанс и ответные действия со стороны политического руководства. Приведем в качестве примера два громких террористических акта. 1 сентября 2004 года в Беслане произошел захват школы террористами группы Басаева. Другой террористический акт, совершенный в г. Дангаре, не сопровождался захватом заложников, а напротив, имел явный демонстративный характер. Всё в этом акте, начиная от объекта террористического акта (выбора лиц, которые предполагалось лишить жизни), метода совершения (нанесение ножевых ран), и кончая местом совершения акта – свидетельствует о том, что это была продуманная до мелочей террористическая акция, которая абсолютно не имела намека на материальный характер. Акция совершалась в открытом месте, в ясный солнечный день, чтобы иметь возможность снять происходящее на видеокамеру. Все эти обстоятельства подтверждают вывод о том, что акция была направлена именно на реакцию иностранных государств на совершенное преступление, а лица, его совершившие, не стали прятаться, а объявили, кто и зачем это совершил. Из этих примеров следует, что нищета и экономическое неблагополучие в рамках террористической идеологии расцениваются не как категория вещного порядка. Террористическое движение по своей природе не направлено на удовлетворение материальных потребностей участников (в большинстве случаев террористы изначально позиционируют себя как смертники-камикадзе). Эти цели, если они и присутствуют, носят вторичный характер в дополнение к первичным – политическим целям. Именно по этим основаниям Партия исламского возрождения Таджикистана, провозгласившая террор для достижения политических целей, была признана террористической организацией.

Таджикистан как самостоятельный субъект международного права вступил в свой нелегкий путь суверенитета и государственной самостоятельности в непростой исторический период. Этот период характеризуется как «период нестабильности международных отношений», вызванных борьбой мировых держав как за энергоресурсы, так и за стремление к гегемонии. В этот период наиболее оптимальным путем сохранения суверенитета, национальной идентичности является выверенная и продуманная правовая политика, реализуемая с использованием политических, экономических, организационных, идеологических и правовых мер. В Концепции правовой политики Республики Таджикистан на 2018-2028 годы указанное положение приведено в п. 6 Общих положений: «В современных условиях глобализации, финансового и экономического кризиса, эскалации региональных и цивилизационных противоречий наиболее важным средством защиты государственного суверенитета, построения гражданского общества, устойчивости правового государства и защиты интересов народа Таджикистана является правильное, системное и соответствующее общечеловеческим ценностям и национальным интересам проведение правовой политики государства». В Концепции констатируется, что «…международные конфликты, международный терроризм и сепаратизм, транснациональные организованные преступления, несовпадение интересов сверхдержав, столкновение цивилизаций негативно влияют на эффективность международно-правовой политики». Для решения этих проблем Концепция предусматривает расширение двустороннего и многостороннего международно-правового сотрудничества по противодействию международным правонарушениям, включая международный терроризм, сепаратизм и транснациональную организованную преступность.

В заключение можно констатировать, что в борьбе с международным терроризмом Таджикистан выбрал наиболее оптимальный вариант – устранение начальных проявлений террористической активности через развитие и улучшение правового механизма воздействия на общественно опасное деяние, одним из путей которых является целенаправленная работа средств массовой информации.

А.Абдуджалилов - заведующий отделом частного права

доктор юридических наук

Литература:

Хантингтон С.Столкновение цивилизаций. – М.: АСТ, 2005.

Фукуяма Ф. Доверие: социальные добродетели и путь к процветанию. – М.: АСТ, 2006.

Чернядьева Н.А. Международный терроризм: происхождение, эволюция, актуальные вопросы правового противодействия: монография. – М.: Проспект, 2017.

Лепёшкин Н.Я., Василин В.Г. и др. Психологические основы терроризма и антитеррористической деятельности в современных условиях. Учебно-методическое пособие. – Хабаровск, 2008.

Мухаммад А.Н., Абдуджалилов А. Терроризм и религия: опыт Таджикистана. Душанбе, “Дониш”, 2021.

Лунеев В.В. Тенденции терроризма и уголовно-правовая борьба с ним. – Государство и право, 2002. № 6,

Концепции правовой политики Республики Таджикистан на 2018-2028 годы. – Душанбе, 2018.

Терроризм яке аз мушкилоти аслии замони муосир аст, ки на танҳо ба як кишвар, балки ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Ин падидаи номатлуб бо истифода аз хушунат ва зӯроварӣ кӯшиш мекунад, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ва давлатҳоро ба ҳадафҳои сиёсии худ ҷалб кунад. Террористҳо, ки аксаран гурӯҳҳои хурду ноустувор мебошанд, бо ҳамлаҳои хунини худ ҷони одамони бегуноҳро ба хатар мегузоранд ва осоишу амнияти мардумро халалдор мекунанд.

11Сабабҳои терроризм бисёр ва мураккабанд. Аввалан, беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ метавонад сабаби аслии нооромии ҷомеа ва пайдо шудани гурӯҳҳои зӯровар шавад. Вақте одамон имкониятҳои баробар намебинанд, ва ҳаққу ҳуқуқи онҳо поймол мешавад, онҳо метавонанд ба шеваҳои зӯроварона рӯй оваранд, то ҳаққи худро талаб кунанд.

Дуюм, ихтилофҳои сиёсӣ ва доғ шудани баҳсҳои идеологӣ низ яке аз сабабҳои асосии терроризм мебошанд. Дар бисёр минтақаҳо гурӯҳҳои мухталиф барои ҳокимият ё назорати замин бо якдигар рақобат мекунанд ва ин рақобат баъзан ба истифодаи террор ва хушунат мебарад.

Сеюм, баҳсҳои динӣ ва миллӣ низ метавонад сабаби ба терроризм рӯ овардан шаванд. Гурӯҳҳои тундраве ҳастанд, ки бо истифода аз идеологияҳои радикалӣ мардумро ба амалҳои хушунатбор даъват мекунанд ва аз онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мебаранд.

Терроризм на танҳо ба ҷони одамон зарар мерасонад, балки ба тамоми ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиёт низ таъсир мегузорад. Ҳар як ҳамлаи террористӣ мардумро ба тарс ва нигаронӣ меандозад. Онҳо худро дар маконҳои ҷамъиятӣ бехатар ҳис намекунанд ва ин ба фаъолияти оддии ҳаёти онҳо халал мерасонад.

Ба иқтисодиёт низ терроризм зарбаи шадид мезанад. Ин ҳамлаҳо сармоягузориро кам мекунанд, корхонаҳо ва ширкатҳо фаъолияти худро маҳдуд мекунанд ва иқтисодиёти кишварҳо заиф мешавад. Мусофирон ва сайёҳон ҳам бештар аз кишварҳое, ки таҳдиди терроризм доранд, худдорӣ мекунанд, ки ин ба бозори сайёҳӣ ва хизматрасониҳои туристӣ таъсир мегузорад.

Барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм лозим аст, ки тамоми ҷомеа ва давлатҳо якҷоя кор кунанд. Пеш аз ҳама, бояд сабабҳои аслии терроризмро шиносои намуда, барои бартараф кардани онҳо чораҳои муассир андешид. Ин маънои онро дорад, ки бояд сатҳи зиндагии мардумро беҳтар кард, имкониятҳои баробар фароҳам овард ва ҳуқуқи инсонро ҳифз намуд.

Ҳамчунин, ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм нақши калидӣ дорад. Интизор аст, ки кишварҳо иттилоотро бо якдигар мубодила кунанд ва барои таъмини амнияти ҷаҳонӣ якҷоя кӯшиш кунанд. Қонунгузорӣ ва ҷазоҳои сахт нисбат ба террористон низ метавонад таҳдиди онҳоро кам кунад.

Маориф ва тарбияи ҷавонон барои таҳкими фарҳанги сулҳпарварӣ ва таҳаммулпазирӣ низ яке аз роҳҳои муҳими пешгирӣ мебошад. Агар мардум фаҳманд, ки хушунат роҳе ба ҳалли мушкилот нест, онҳо камтар ба терроризм даст мезананд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм қадамҳои муҳими сиёсӣ ва амалӣ мегузорад. Ҳукумати кишвар тавассути тақвият додани низоми амниятӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани барномаҳои пешгирӣ аз идеологияҳои тундрав кӯшиш мекунад, ки фазои осоиштаро дар кишвар таъмин намояд.

Ҳамзамон, Тоҷикистон бо таълим ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи сулҳ ва ҳамзистии осоишта саҳми муассир мегузорад, то ҷавонон ба доми гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ афтида наметавонанд. Ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон мавқеи қатъӣ ва устувор дар муқобили терроризм ва ифротгароӣ дорад.

Хулоса терроризм яке аз таҳдидҳои ҷиддии имрӯзи ҷаҳони мост, ки боиси аз байн рафтани осоиш ва амнияти одамон мегардад. Барои бартараф кардани ин падида бояд сабабҳои аслии он шинохта ва барои рафъи онҳо чораҳои ҷиддӣ андешида шаванд.

Мубориза бо терроризм на танҳо вазифаи давлатҳост, балки масъулияти тамоми ҷомеа ва ҳар як инсон аст. Бо ҳамкории зич ва талошҳои пайваста мо метавонем ҷаҳони ором ва бехатарро барои наслҳои оянда таъмин кунем.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Чуноне, ки мегуянд ҷавонон оянда миллату номбардори ватананд.

1213Бинобар ин хамаи мо бояд донем, ки дар ҳама давру замон, дар ҳаёти инсоният ду қувваи ба ҳам муқобил амал мекунад, ки ҳамеша миёнашон ихтилофот ҳукмрон аст. Аз ҷумла, некиву бадӣ, рӯзу шаб, сафеду сиёҳ, хайру шар ва дигар мафҳумоти зидмаъно. Чуноне, ки хайр ҳамеша болои шар бартарият дорад. Дар замони муосир низ чунин зиддиятҳо зиёд ба назар мерасад. Агар нафаре, гурӯҳе ва ё миллате ба ягон муваффақияту комёбие ноил шавад, ҳатман нотавонбине зуҳур мекунад, то пеши роҳаш санг гузорад.

Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо амалҳои террористиву экстремистист, ки ҳамарӯза дар кишварҳои ҷаҳон анҷом дода мешавад ва мо тариқи васоити ахбори аммо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем. Ногуфта намонад, ки терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои муаззами милат Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби оли муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар ҳар баромадҳои хеш дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ иброз менамояд: тераризм ва ифродгароӣ ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташакули фаромиллӣ ва гардиши маводҳои мухаддир ба амнияти кишварҳо хатари ҷидди эҷод карда истодаанд. Ҳоло фаъолшавии гуруҳҳои террористиву ифродгаро ва дигар ҷумбишҳои иртиҷои дар нуқтаҳои ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст. Ногуфта намонад, ки дар паси ин тераризм нафароне ё давлатҳое ҳастанд, ки намехоҳанд давлатҳо тинҷу ором ва ба давлат пешрафта бошанд. Ингуна шахсиятҳо ва давлатҳо медонанд ки бо кадомроҳҳо мардумро ба таҳалука ва давлатро ноором созанд. Аз ин лиҳоз афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва терористӣ дошта ба суръат ёфтани тероризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро,ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои тероризму экстримитӣ мусоидат менамоянд. Ба ҷавонон собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд. Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд.

Бо сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззамӣ миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Пешвои миллат 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст. Инчунин, соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.

Раҳимов Илҳомиддин Мирзоевич номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии, мудири озмоишгоҳи “Коркарди комплексии ашё ва

партовҳои саноатӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”.

“Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Воқеан, имрӯз терроризм ва экстремизм ба яке аз таҳдидҳои бузургтарини башарият табдил ёфтааст. Амали террористӣ метавонад дар ҳар ҷойу замон суботи давлатҳоро зери хатар гузорад, ҷони ҳазорон нафарро рабояд ва ҳисси тарсу ноумедиро дар ҷомеа паҳн намояд. Фаҳмидани сабабҳо, шаклҳо ва оқибатҳои терроризм ва экстремизм барои ҳар як шаҳрванд аҳамияти калон дорад, зеро мубориза бо ин падида на танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ, балки масъулияти ҷомеа низ мебошад.

Терроризм аз калимаи лотинии terror гирифта шуда, маънои тарсу ваҳмро дорад. Дар маънои муосир, терроризмро метавон ҳамчун истифодаи мақсадноки зӯроварӣ ё таҳдид барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ё мазҳабӣ таъриф кард. Дар амал, ин маънои ҳамла ба афроди бегуноҳ, тарконидани биноҳо, ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ ё дигар амалиёти хатарнокро дорад, ки мақсади асосии онҳо эҷоди фазои тарс ва фишор ба қарорҳои сиёсӣ мебошад. Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, терроризми ҳастаӣ, биологӣ тақсим намудаанд.

Маънои аслии экстремизм бошад – (аз калимаи франсавии “extremism” ва лотинии “extremus”) гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.

Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сўйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гўё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд.

Бояд ќайд намуд, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷўй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгароӣ мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрўза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рўз мебошад, чунин иброз менамояд: “Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Ин суханони Сарвари давлат бозгӯи воқеияти талхи замони мо мебошанд. Дар ҳақиқат, имрӯз терроризм ва экстремизм ба яке аз хатарҳои ҷиддии глобалӣ табдил ёфта, суботу амниятро дар тамоми ҷаҳон зери хатар қарор додаанд.

Имрӯз дар шароити нави таърихӣ низ ҷуғрофиёи терроризм ва экстремизм боз ҳам васеъ гардида, бештаре аз давлатҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Ин муаммо ва мушкилоте ба шумор меравад, ки ҳаллу фасл, пешгирӣ ва аз миён бурдани он рисолати тамоми кишварҳои дунё ва роҳбарону сарварони онҳо ба шумор меравад.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.

Дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони яке аз чеҳраҳои бузурги арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва ташаббускори барномаҳои мусоид бар ҳаллу фасли муаммоҳои сайёра, борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи олам ба ин масъала руҷӯъ намуда, мақоми шахсии хеш ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза алайҳи ин мушкилоти аср муайян намудаанд.

Дарвоқеъ бояд гуфт, ки вазифаҳои дарпешистода аз корҳои то имрӯз анҷомдодаамон бузургтар ва душвортар мебошанд. Зеро мо дар марҳалае қарор дорем, ки авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақаҳои алоҳидаи сайёра метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад, равандҳои глобализатсия халқҳо ва миллатҳои гуногунро таҳти таъсир қарор диҳанд, яъне ҷомеаи башарӣ ва муҳите, ки инсоният дар он умр ба сар мебарад, ниҳоят осебпазир гаштааст.

Дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат, таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рӯҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад.

Танҳо бо иҷрои ин вазифаи муқаддас ва адои ин қарзи имонӣ, фақат бо меҳнати ҳалол, софдилона ва фидокорона мо метавонем давлати ҷавону соҳибистиқлоли худро обод созем, тараққӣ диҳем, пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам намоем ва мақому обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Воқеан ҳам ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро водор мекунад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба хотири сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид бошем. Танҳо бо ҳамбастагӣ, фаҳмиши дуруст ва масъулияти шаҳрвандӣ метавонем ба нигоҳдории оромиву субот ва пешгирии хатарҳои замони муосир муваффақ гардем.

Назарова Ш.К. лаборанти калони ШФКА

Мусаллаҳгардонии нав, силоҳҳо ва фановариҳои микробӣ бештар мавриди таваҷҷуҳи ташкилотҳои террористӣ қарор гирифтааст. Метавон бо ҷуръат гуфт, ки яроқҳои ҳастаӣ дигар як хатари аслӣ нестанд ва танҳо як қудрати потенсиалӣ ба ҳисоб мераванд. Имкони зиёд аст, ки бештари кишварҳое, ки соҳиби ингуна силоҳҳо ҳастанд, ба осонӣ наметавонанд аз онҳо бар зидди душманони худ истифода намоянд, зеро оқибатҳои фарогирии истифодаи ингуна силоҳҳо чунон густурда аст, ки қисмати бузурги ҷаҳонро дарбар хоҳад гирифт.

Шуъоҳои радиоактивӣ, гарду ғуборҳои атомӣ, туфони атомӣ, ки дар қолаби марзҳои ҷуғрофӣ намеғунҷанд, қисмати васеъеро олуда хоҳанд кард. Табиатан ҳар кишваре, ки аз ин силоҳҳо истифода мекунад ва зараре, ки ба давлатҳои ҳамсоя мерасад, бояд ҷавогӯ бошад. Истифода ва истеҳсоли силоҳи биологӣ ва ҳама зербобҳои он аз ҷониби Конвенсияи байналмилалии Женева аз 17-уми июни соли 1925 манъ карда шудааст.[1]

Аз сӯйи дигар, силоҳҳои кимиёӣ низ чандон интихоби муносибе барои фаъолиятҳои террористӣ нестанд. Мушкилӣ дар нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ, вақти муайяни кутоҳ, хавфи нобудшавӣ ва ғайраҳо боис шудааст, ки чандон мавриди қабули террористон набошанд. Ҳарчанд ин як интихоби муваффақ дар майдони ҷанг буд, пас аз он ки Конвенсияи Женева оид ба манъи истифодаи онҳо дар соли 1935 аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ба имзо расид, аммо кишварҳои душман аз он бо эҳтиёт истифода мекунанд, ки ин, албатта, ба абарқудратҳо низ дахл дорад. Ҳоло ҳам зери фишори шадиди афкори ҷамъиятии ҷаҳон қарор хоҳанд гирифт.

Аз ин рӯ силоҳҳои микробӣ, чи дар арсаи ҷангӣ чи дар арсаи террористӣ, василаи бисёр хубе барои душманон шудааст. Иқтидори баланди истеҳсолӣ, нигоҳдории хуб, қобилияти интишор, қобилияти муҳофизати қувваи худ, қобилияти таҷдиди дубора барои омилҳои микробҳои зинда, душвориҳои зиёд дар пайгирии шахсони алоҳида ё шахсони алоҳидаи ҷангҷӯ, доираи амалиёт аз одам то чорводорӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ва бисёр манфиатҳои дигар ташкилотҳои террористиро ба ин технологияи нав оварда расонданд. Силоҳҳои микробӣ, бахусус дар арсаи терроризми давлатӣ ва бар зидди сохторҳои саноатӣ-кишоварзӣ дар солҳои охир бисёр ба кор рафтааст. Ба унвони мисол, Кореяи Шимолӣ, паҳншавии вабо дар Пхенянро дар охирҳои солҳои 80-ум натиҷаи фаъолияти ҷосусҳои амрикоӣ медонад, ки бо ҳадафи маҷбур кардани ин кишвар бо пазируфтани шароити давлатҳои аврупоӣ-амрикоӣ барои қатъи озмоишоти ҳастаӣ анҷом шудааст.

Тибқи назари коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ), дар айни замон 17 кишвари ҷаҳон қобилияти истеҳсоли чунин маводро доранд. Истеҳсол, истифода ва интишори як силоҳи биологӣ бисёр арзонтар аз бомби атомӣ буда ва камтар эҳсосоти ҷаҳониёнро ба ҳаяҷон меорад. Албатта, истифода аз ин силоҳҳо то андозае барои террористон бехатар мебошад. Одатан муайян кардани микробҳо ва мубориза алайҳи онҳо мушкил аст. Ба унвони мисол, дар сурати интишори ин ангеза дар оби як минтақа то давраи безараргардонӣ сипарӣ шавад ва эъломи беморӣ зоҳир шавад, чанд руз тӯл мекашад, ки фурсати муносибе барои террористҳо аст, то ба ҳадафҳои худ бирасанд. Интиқоли микробҳо ё ин ки силоҳи микробӣ низ аз як кишвар ба як кишвари дигар ба воситаҳои гуногун, ҳатто нақлиёти одии мусофирбарӣ осон ба назар мерасад. Ба унвони мисол, ба дохили капсул хокаи антраксро ҳамчун дору андохта ба ҷойҳои зарурӣ мувофиқи мақсадашон бурда мерасонанд. Ин ангезандаҳои бемориовар аз роҳҳои гуногун дар ҷомеаҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Интишори ангезандаҳои зараровар дар ҳаво, об, маводи ғизоӣ, анвои маводҳои консервашуда, асбобҳои бозӣ, ҳадяҳо ва ғайраҳо собиқа доштааст. Истифода аз ангезандаҳои биотерроризм бар асоси ҳадафҳои террористҳо сурат мегирад. Дар сурате, ки терроризм қасди густариши васеъи бемориро дошта бошад, аз ангезандаҳое монанди чечакӣ (бемории бачагонаи сирояткунанда) инсон истифода мекунад, ки ба осонӣ аз фарде ба фарди дигар мунтақил мешавад ва боиси олудагии васеъ мешавад ва дар сурате, ки мақсади он мавриди ҳадаф қарор додани шахси хосе бошад, аз ангезандаҳое ба монанди шорбун (сибирская язва) ва ғайраҳо истифода мекунад.

Дар робита бо мафҳуми биотерроризм коршиносони Интерпол қайд мекунанд, ки “Биотерроризм истифодаи огоҳонаи агентҳои биологӣ ба мисли бактерияҳо, вирусҳо ва токсинҳо барои осеб расонидан ё нобуд кардани одамон, ҳайвонот ё растаниҳо, паҳн кардани тарс, бо мақсади майл кардани давлатҳо ё ҷомеаҳо ба пайравии ҳадафи мушаххаси сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ мебошад”.[2]

Ҳамлаҳои биотеррористӣ иборат аст аз пахш кардани вирус, бактерия, микроб ё дигар ангезандаҳои зараровар, ки сабаби беморӣ ва марг дар байни одамон, ҳайвонот ва наботот мегардад. Кашф ва шиносоии як ҳамлаи биологӣ сахт ва душвор ба шумор меояд.

Таъсироти як ҳамлаи биотеррористӣ ба чаҳор даста тақсим мешаванд:

  • Физикӣ: паҳншавии беморӣ;

  • Равонӣ: паҳншавии тарс ва ваҳшат;

  • Иқтисодӣ: маҳдудиятҳо барои сафар ва кӯчидан, қатъи фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ;

  • Экологӣ: осеб дидани инсонҳо, ҳайвонот, наботот, олуда шудани манбаҳои табиӣ, мисли манбаи об.

Биотеррористҳо маъмулан гурӯҳҳо ва ҷунбишҳои сиёсӣ ва фирқаҳои мазҳабӣ ё ашхосе ҳастанд, ки тавоноии истеҳсол ва бакоргирии силоҳҳои биологиро доранд.

Ҳамин тариқ, муайян карда шудааст, ки дар 67 кишвари дунё 543 маҷмӯи штаммҳои бактериявӣ ҷамъоварӣ карда шуда, 54 маркази тиббӣ патогенҳои сӯзанда ва 18-тои он – ваборо нигоҳ медоранд ва рӯйхати вирусҳо ва бактерияҳо тақрибан 48 организм, аз ҷумла 25 вирус, 13 бактерия, 10 токсинро дар бар мегирад.[3]

Хулоса, ҷаҳон имрӯз нисбат ба ним қарн қабл бо фазои нооромтар ва таҳдидҳои зиёде рӯ ба рӯ аст. Ин ҳам бошад далелҳои гуногун дорад. Шояд муҳимтарин далели он ин бошад, ки давлатҳо дигар танҳо бозингарони муқтадири арсаи сиёсӣ нестанд ва бозингарони ғайридавлатӣ низ дар арсаҳои гуногун нуфуз пайдо кардаанд. Гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумлаи бозингарони ғайридавлатӣ ва ғайрирасмӣ ҳастанд, ки ба воситаи пул, дониш ва силоҳ иқдомоти террористии гуногунро анҷом медиҳанд. Дар 20 соли охир баъзе давлато қурбони ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ гаштаанд, ки ин сабаб шудааст амнияти шаҳрвандон дар зери хатар қарор гирад.

Зебониссо ЗИЁЕВА - ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

[1] Онищенко Г.Г. Противодействие биологическому терроризму. М.: Петит –А, 2003. С. 13-14.

[2] Руководство по прогнозированию и предотвращению актов биотерроризма. ICPO — Interpol. 2007. C. 7.

[3] Рубинштейн Э. Биотеррирзм: значение антимикробных препаратов. Электронный ресурс. Дата обращения 14.09.2022 г. http://www.antibiotic.ru/cmac/200134/290text.htm.

21Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ - рушди таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар, тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва чамъиятиро сафарбар мекунад. Дар заминаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва барқарорсозии ваҳдати миллӣ ҷумҳурии мо мушкилоти зиёди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва фарҳангиро аз сар гузаронд, ки боиси хисороти зиёди пулию молиявӣ гардид. Аз ин рӯ, кишвари моро зарур аст, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, бахусус терроризму ифротгароӣ пояҳои истиқлолияти давлатӣ, пойдор гардидани ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комилро таъмин намояд.

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва падидаҳое вуҷуд доранд, ки на танҳо ба як кишвар ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва тамоми мардуми сайёра таҳдид мекунанд. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубест, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба вуҷуд оварда, майли густариши ҳама минтақаҳои ҷаҳонро дорад. Терроризм ва ифротгароӣ имрӯз ва дар оянда ҳамчун хатари хатарноки башарият ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд мекунад, роҳу усулҳои нави истифодаро касб мекунад. Масалан, дар даҳ соли охир садҳо ҳазор нафар сокинони осоишта қурбони амалҳои террористию экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюб шуданд. Аз ин хатари марговар ҳалок шудани ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, ба хусус қишри осебпазири ҷомеа, занону кӯдакон гувоҳи он аст, ки ин амали ваҳшиёна ба касе ва чизе раҳму шафқат надорад.

Терроризм аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш “тарс ва ваҳш” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарконидан, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро, мардумро ба ҳолати тарсу ҳарос, ноумедӣ, оҷизию нотавонӣ афкандан аст.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «eхtremisme» ва лотинии «eхtremus» гирифта шуда, маънои он дар луғат ифротгароӣ, андеша ва амали ифротӣ, берун рафтан аз ҳад, берун рафтан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои ифротӣ мебошад. Ин амал ва зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш рӯй диҳад.

Терроризм худ як падидаи номатлуби ҷомеаи муосир буда, фаҳмиши онро содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор, гаравгонгирӣ, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиёт ва амсоли инҳо медонанд. Дар мавриди ифротгароӣ бошад, он хусусияти ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвогарӣ дошта, бо терроризм робитаи ногусастанӣ дорад. Яъне ҳадаф ва оқибати ифротгароӣ терроризм аст. Аммо, дар маҷмӯъ, бояд баҳо дод, ки ҳардуи ба истилоҳ комилан хатари бузурги парокандашавӣ ва бесарусомонӣ доранд ва натиҷаи хеле нанговар доранд. Бояд гуфт, ки ҷунбишҳои террористӣ дар миқёси ҷаҳонӣ гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ муттаҳид мекунанд: аввалан, онҳо ба халалдор кардани амнияти ҷамъиятӣ ва заиф кардани пояҳои ҳокимияти давлатӣ нигаронида шудаанд, дуюм, ин ҳаракатҳо дар байни шаҳрвандон эҳсосотро ба вуҷуд меоранд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, «терроризм хоси ҳеҷ дину мазҳаб ва миллат нест, яъне террорист Ватан, миллат, дин ё мазҳаб», далели он аст, ки ин амалҳои номатлуб ба ҳеҷ дину аҳкоми он робита надоранд.

Баъзе аз олимон бар ин назаранд, ки пайдоиши чунин амалҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо робита дорад. Қисмати дигар зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ марбут медонад.

Дар ҷомеаи имрӯзаи пажӯҳишгарон навъҳои гуногуни терроризму ифротгароӣ, аз қабили сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноятӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян намуда, онро барои мардум хатарноктарин ва мушкилтарин маънидод кардаанд. Яъне ин амалу рафтори аблаҳона аз бединӣ, хиёнаткорӣ ва эътиқоди пасти чунин гурӯҳҳо нишон медиҳад.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди бошуур ва бомаърифати ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки қисми асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд, набояд фирефтаи ин ақидаи бардурӯғи шахсиятҳои сиёсии ноаён шаванд, аз пайи илму маърифат ҷӯё шаванд, ахлоқиву ҳуқуқӣ ва ҳуқуқшиносии худро рушду ғанӣ гардонда, то ки дар таҳкими суботи куллии сиёсии Тоҷикистони азиз заминае гардад, зеро суботи амнияти Тоҷикистон, устувории мавқеи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту оромии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзишҳои муҳим ва калидӣ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза бурда, кӯшиш мекунад, ки оқибатҳои ногувори чунин амалҳоро пешгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерҳуқуқӣ қабул ва амалӣ карда шуданд, ки ба таъмини амнияти шаҳрвандон ва дигар шахсони муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Дар қаламрави он аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, рафъи таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ (экстремизм) дар қаламрави кишвар, ошкор намудани омилҳое, ки ба рафъ ва пешгирии сабабҳо ва шароитҳое, ки боиси пайдоиш ва паҳншавии терроризм ва экстремизм мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошанд.

Ҳамин тариқ, дар баробари санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти давлат ва татбиқи онҳо, фаъолияти муштараки қишрҳои гуногуни ҷомеа дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ зарур мебошад. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёриву зиракии мардум имкон медиҳад, ки аз ин омилҳои номатлуб пешгирӣ намоем, то сулҳ пойдор гардад ва ҳар фард тавонад дар ватани азизаш Точикистони сохибистиклол зиндагии ободу осуда ба сар барад. Мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбар, ворисони шоистаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллатгароӣ, пояҳои миллии худро эҳтиром ва ҳифз менамоем.

Хоҷаев М.А. Котиби илмии Маркази инноватсионии

биология ва тибби АМИТ.