Skip to main content
Ваҳдати миллӣ барои сарҷамъии миллати парокандашуда аз вартаи нестшавӣ ва эмин нигоҳ доштани давлати навбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши тақдирсоз дорад. Агар ба таърихи ваҳдати тоҷикон назар андозем, баръало ба чашм мерасад, ки дар сиришти мардуми покниҳоди ориёии мо хиради азалии анъанавӣ, сабру таҳаммул, мулоҳиза, бародариву баҳамоӣ ва ваҳдату ифтихори миллӣ ҷой гирифтааст.

Маҳз дар натиҷаи музокирот ва бо роҳи осоишта ҳал намудани ҳамагуна ихтилоф фазои муташаниҷи сиёсии Тоҷикистон тадриҷан муътадил гардида, оташи ҷанги бародаркуш хомӯш шуд ва миллати мо аз вартаи ҳалокатбори парокандагӣ раҳо ёфт.

Дар он рӯзҳои вазнин ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо фазои эътимоду бовариро афзуда, оқибат сулҳи деринтизори тоҷикон фаро расид.

Санади тақдирсози сулҳ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз намуд.

Ҷойи шарафу сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид ва дар тӯли солҳои сипаришуда ҳадафмандӣ ва устувории бештареро, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар арсаи байналмилалӣ, баҳри рафъи ихтилофот касб намуд.

Агар ба харитаи ҷаҳон назар андозем, мебинем, ки асосан манотиқи даргир ва зиддиятҳои ҳадафмандонаву манфиатовар бештар дар кишварҳои мусулмоннишин ба вуқуъ пайвастааст. Сабаб дар он аст, ки бештар сарчашмаҳои зиддияти байниҳамдигарӣ дар ин кишварҳо аз омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, фарҳангӣ, равонӣ, иҷтимоӣ иборат мебошанд. Вале мардуми он қурбони бозиҳои сиёсӣ мегарданд, ватани хешро тавассути манфиатдорони берунӣ ва дохилӣ валангор менамоянд. Маҳз тавассути ифротгароӣ, набудани ваҳдати миллӣ боиси он мегардад, ки ҷанги шаҳрвандӣ, қабилавӣ ва мазҳабӣ аланга мегирад. Кишварҳои абарқудрат баҳри пиёда намудани ҳадафҳои стратегӣ ва геополитикии худ кӯшиш менамоянд таъсири худро дар ин ё он минтақа васеъ намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории ваҳдати миллӣ, посдории сулҳу салоҳ ва роҳ надодан ба унсурҳои бегонапарастӣ доимо таъкид менамоянд.

Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент – ин се неруи қавӣ бо ҳам тавъам ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошанд. Маҳз бо кӯшишу талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем худро аз вартаи фоҷиаи миллӣ наҷот бахшем. Истиқлолияте, ки имрӯз дорем, амри тасодуф ва танҳо натиҷаи пошхӯрдани давлати Шӯравӣ набуда, балки натиҷаи саъю талоши миллати тоҷик аст.

Имрӯз Тоҷикистон тавонист истиқлолияти худро таҳким бахшад. Ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ гашт ва ба дастовардҳои назаррас дар ҷодаи эҳё ва рушди давлатдории миллӣ ноил гардид. Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ ва сулҳу ваҳдати пойдор мебошад. Ин таҷрибаи Тоҷикистон барои бисёр кишварҳое, ки ба чанголи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудаанду хатари фоҷиаи экологию демографӣ таҳдидашон мекунад, қобили истифода мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомад, зеро баъд аз 21 вохӯрию музокироти тарафҳо санади тақдирсоз ба имзо расид, ки он аз хиради азалии тоҷикон дар шахсияти Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвари азизи мо ҳукмфармост, симои Пешвои миллатро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат, бунёдгузори фарҳанги мусолиматомезӣ ва давлати навини тоҷикон дар асри нав нишон дода, бори дигар дар шакли комил ва мантиқан асоснок фалсафаи ҷовидонаи мардуми ориёнаҷод-рафтори нек, гуфтори нек ва кирдори некро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ҳақиқатан миллати тоҷик таҳаммулпазирӣ ва иттифоқ будани худро нишон дода тавонист.

Сулҳу ваҳдат ҳамчун дастоварди муҳими худшиносии миллии тоҷикон ва василаи ташаккули ҳувияти миллӣ шинохта шуда, ормони созандаи Ваҳдати миллӣ бузургтарин унсури муҳими худшиносӣ ва ҳувияти тоҷикон гардид.

Консепсияи ваҳдати миллӣ дар заминаҳои истиқлоли иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тарҳрезӣ гардид ва дар ин раванд шукуфоӣ ва пешрафти кишвар ба тадриҷ ба даст омад. Он аз оғоз яке аз воситаҳои сохтмони бинои истиқлол ва ҳувияти миллӣ хидмат кард. Дар бораи аҳамияти ин санади тақдирсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихор таъкид намуданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибистихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Тоҷикистон имрӯз низ бунёди ҷомеаи сулҳпарварро идома дода, таҷрибаву роҳҳои мусолиматомезро ба кишварҳои дигар тавсия медиҳад, ки саҳми назаррас ва арзандаи миллати тоҷик дар суботи ҷомеаи ҷаҳонист. Аз ин рӯ, тақвияти ваҳдати миллӣ, истеҳкоми пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити феълии раванди сиёсии ҷаҳон ва вазъи амнияти ҷаҳону минтақа бисёр муҳим аст.

Пешвои миллат доимо таъкид менамоянд, ки имрӯзҳо дар тамоми олам раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, сокинони кишвар бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Таҳкими худшиносии миллиро дар роҳи муттаҳид кардани миллат равона сохта, дастовардҳои бузурги худро муҳофизат намоем.

Воқеан, худшиносӣ аз масоили мубрами инсонист ва ҳар як шахс бояд ба миллату тамаддуну фарҳанги он дилбастагие дошта бошад. Бояд қайд намоем, ки худшиносӣ аз рукнҳои вижагии инсоният дониста мешавад. Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии тараққиёти миллат буда, сатҳу дараҷаи он аз рӯи мизони муайян муқаррар карда мешавад, ки то чӣ андоза афроди миллат ба манфиати миллат кору фаъолият ва фидокориҳо карда метавонанд.

Бояд таъкид намуд, ки истиқлоли ҳақиқӣ аз истиқлоли забон, ақлҳо, мафкура, худшиносию худогоҳӣ оғоз меёобад ва муҳофизат намудани ваҳдати мардумии ба даст омада вазифаи муқаддас ва ватандӯстонаи ҳар фарзанди худшиносу худогоҳи миллат аст.

Баъди ба даст овардани ваҳдати комил Тоҷикистон ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ ва рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор ниҳод ва дар ин радиф ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар чунин як замони тақдирсози миллат, пойдории истиқлолият, баъд аз овардани сулҳи комил, таҳкими ваҳдати миллӣ ва зина ба зина қадам гузоштан ба марҳилаи нави рушди кишвар яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Ш.Карим, сармутахассиси Шуъбаи илҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ