Skip to main content
Дар шароити муосир экстремизм ва терроризм ба яке аз хатарҳои ҷиддии амниятии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин падида на танҳо сохторҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро ноустувор месозад, балки ба арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва динии ҷомеа низ зарбаи ҷиддӣ мерасонад. Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин таҳдидҳо канор намондааст. Махсусан, ҷавонон бештар осебпазиранд, зеро онҳо дар марҳилаи ташаккули ҷаҳонбинӣ қарор дошта, ба осонӣ ба ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва таблиғоти пурфиреби гурӯҳҳои ифротӣ дода мешаванд.

123123Пайомадҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ нишон медиҳанд, ки экстремизм танҳо мушкили як ҷомеа ё як давлат нест, балки мушкили умумибашарист. Барои муқовимат ба он, таҳлили сабабҳои асосии рӯ овардани одамон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои самараноки пешгирӣ аҳамияти хоса дорад. Маҳз дар асоси чунин таҳлил метавон сиёсати дуруст ва чораҳои муассирро барои ҳифзи ҷомеа аз ин хатарҳо тарҳрезӣ кард.

Натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки ақидаи мусоҳибон оид ба симои иҷтимоии шахси экстремист гуногун мебошад. Мусоҳибон экстремистро шахси зидди давлат (16,9%), террорист (15,7%), шахси ҷангҷӯй ва иғвоандоз (11,9%), шахси хиёнаткор (10,5%), шахси зидди оромию тинҷии давлат (36,4%) ва гумроҳсозандаи ҷавонон (22,6%) ҷинояткор (7,6%), шахси бесавод (7,6%), беватан (7,3%), ифротгаро (4,9%), бедин (2,9%) ва дорои шуури пасти динӣ (2,9%) мепиндоранд. Албатта, чунин ҷаҳонбинӣ ва муносибати шаҳрвандон барои муқовимат ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва экстремизм хело муҳимаст.

Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ифротӣ барои ба доми худ афтонидани баъзе аз ҷавонони гумроҳ мақсадҳои нопоки худро маҳз ҷомаи динию мазҳабӣ пӯшонида, аз роҳу усулҳои ниҳоят гуногун истифода мебаранд. Онҳо асосан ба ҷавонони фанатики дин, дорои саводи пасти динӣ, зудбовару камирода ва ҷавонони мушкилидор таваҷҷӯҳ менамоянд. Бо тарғиботчиёни худ тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои пучу дурӯғ, зуд соҳиб шудани ба сарвати калон, ҷиҳоду ваъдаи биҳишт дода, ҳар хел овозаҳои бардуруғи мазҳабию дунявиро паҳн мекунанд, бадбинӣ ва низоъҳои мазҳабиро бармеангезанд ва ба эҳсосоти динии ҷавонон нохун мезананд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби дунашманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асри миёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”[1].

Мувофиқи таҳлили натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ ҳамроҳ шудани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ як мушкилии Тоҷикистон нест, балки мушкилии тамоми ҷаҳон аст. Ин падидаро на як сабаб, балки сабабҳои зиёд ба вуҷуд меорандИштирокчиёни пурсиши сотсиологӣ сабаби пурзуршавии гурӯҳҳои ифротгароро ба амалҳои экстремистӣ даст задани шаҳрвандон, махсусан, ҷавононро дар бекорӣ (51,7%), пурзуршавии тарғиботи гурӯҳҳои экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (44,3%), камбизоатӣ ва вазъи мушкили зиндагӣ (39,1%), фанатизм дар ҳама шаклҳояш (31,7%), паст будани сатҳи донишҳои динӣ (29,0%),бафиреби дӯстону хешовандони экстремист афтидан (28,2%), пас тбудани ҷаҳонбинии илмӣ (20,6%), рафтори бади худи шахс (15,0%), маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон (10,8%), ноадолатиҳои иҷтимоӣ (10,6%), набудани боварӣ ба шахсони расмӣ (18,0%) ва ғайраҳо мебинанд.

Фаъол шудани ҳизбу ҳаракатҳои экстримистию террористӣ масъалаи ташвишовари давлатҳои муосир мебошад, ки тарғибгарони онҳо ҷавононро ба роҳи ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ даъват менамоянд. Дар ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифродгарою экстремистӣ ва террористӣ шахсони алоҳидава гурӯҳҳои тарғиботӣ низ саҳмгузор ҳастанд. Аз сабаби ҷаҳонбинии маҳдуд, дониши паст ва иродаи мустаҳкам надоштан ҷавонон зуд ба доми намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Пайравони гурӯҳҳои ифротӣ барои тарғиби идеяҳои худ хуб омӯзонидашудаанд, дорои маҳорат ва қобилияти махсус мебошанд. Онҳо аз заифиҳои ҷавонони мо моҳирона истифода бурда метавонанд. Ҷавонони беназорат ва кучагарду каҷрафтор зуд ба доми ҳаракату гурӯҳҳои ифротию террористӣ меафтанд. Махсусан, фарзандони оилаҳои носолим ва низоъдор тӯъмаи асосии ин гуна гурӯҳҳо мегарданд. Маҳз беназоратии волидон ва муҳити иҷтимоӣ барои рушди ҳаракатҳои ифротӣ шароити заруриро муҳайё менамоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто фарзандони оилаҳои шароити иқтисодияшон хуб низ ба ин ҳаракатҳо рӯ меоранд, ҳол он ки давлат барои онҳо шароитҳои шоистаро таъмин кардааст, бекор нестанд ва молу сарвати фаровон доранд. Яке аз сифатҳои муҳими иҷтимоии инсон қобилияти таҳлил кардани ҳодисаҳои иҷтимоӣ ё ба ибораи дигар тафаккури таҳлилӣ мебошад. Рафтор ва самти фаъолияти инсон ба тафаккури таҳлилии ӯ алоқамандии зич дорад. Аз натиҷаҳои таҳқиқоти гузаронидашуда маълум гардид, ки яке аз сабабҳои ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ва каҷрафтории онҳо надоштани қобилияти таҳлили ҳодисаҳо мебошад.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо далелу бурҳони рӯякӣ, аммо боваркунанда, ба тафаккури ҷавонон таъсир гузошта, ба онҳо имконияти дуруст таҳлил кардани ҳодисаҳоро намедиҳанд. Сатҳи донишҳои ҳуқуқию сиёсии ҷавонон паст аст, онҳо бо ин донишҳои худ ҳодисаҳои мураккабу печдарпечи замони ҳозираро дуруст таҳлил карда наметавонанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз ВАО, махсусан интернет як бахши ҷудонашавандаи ҳаёт мебошанд, ки ба рафтор, эътиқоди динӣ ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири калон мерасонанд. Ҳарчанд имрӯз бисёриҳо зарару фоидаи интернетро ба хуби дарк мекунанд, аммо то ҳол аз ин технология самаранок истифода бурданро наомӯхтаанд, худро идора карда наметавонанд. Рӯзи дароз шабакаи иҷтимоӣ, мисли “Одноклассники” Facebook, ВКонтакте, Viber, Twitter-ро ғайрисамаранок ва бефоида истифода мебаранд.

Ба ақидаи иштирокчиёни таҳқиқот сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ барои ноором сохтани ҷомеа ва ба худ ҷалб намудани ҷавонони сустирода ҳамчун восита ва яроқи дастрас хизмат менамояд. Гурӯҳҳои террористӣ мутахассисони хуби соҳаи технологияи интернетӣ доранд. Онҳо тавассути гузоштани суратҳо ва видеороликҳои гуногун тафаккури ҷавононро заҳролуд мекунанд. Онҳо ҷавононро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз роҳ зада, худро сарсупурдаи дин нишон дода, барои муқобилият ба сохтори конститутсионии давлат ва иштирок дар ҷангҳои Сурия даъват мекунанд. Ба ақидаи иштирокчиёни мусоҳибаи амиқи экспертӣ давлат ва сохторҳои масъули он барои кам намудани таъсири интернет барои манфиати аҳолӣ назоратро пӯрзур намояд. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет-кафеҳо ва рӯзномаю маҷаллаҳои шубҳанокро барои аҳолӣ маҳдуд намояд.

Пешгирии одамон аз ҳамроҳшавӣ дар гурӯҳҳои ифротӣ масъалаи муҳими кишварамон дар самти муқовимат ба ифротгароӣ аст. Таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳад, ки чунин роҳу воситаҳои пешгирии одамон аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои радикалӣ вуҷуддоранд:

- баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар оила ва зинаҳои гуногуни мактаб – 47,6%;

- баланд бардоштани дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии динии аҳолӣ – 44,2%;

- беҳтар намудани сатҳи шароити зиндагии шаҳрвандон – 40,5%;

- паст намудани сатҳи бекорӣ– 34,5%;

- баланд бардоштани сатҳӣ маърифатнокӣ ва ҷаҳонбини илмии аҳолӣ– 30,5%;

- боло бардоштани сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон– 30,0%;

- гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятӣ-ташвиқотӣ– 17,4%;

- мустаҳкам кардани қонунгузорӣ – 8,7%;

- додани озодиҳои бештари динӣ – 3,9%.

Хулоса, таҳлили масъала нишон медиҳад, ки экстремизм ва терроризм яке аз хатарҳои ҷиддии замони муосир буда, таъсири манфии он ба амнияти миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва арзишҳои фарҳангиву ахлоқии ҷомеа бузург аст. Натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки шаҳрвандон шахси экстремистро асосан ҳамчун зидди давлат, мухолифи оромию тинҷӣ ва гумроҳкунандаи ҷавонон қабул мекунанд, ки ин худ далели мавҷудияти муносибати манфӣ ва омодагии ҷомеа ба муқовимат мебошад. Омилҳои асосии рӯ овардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бештар бо бекорӣ, камбизоатӣ, паст будани сатҳи маърифати динӣ ва илмӣ, таъсири густардаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин ноадолатиҳои иҷтимоӣ вобастаанд. Дар чунин шароит, чораҳои муассир — аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила ва мактаб, беҳсозии шароити зиндагӣ, кам кардани сатҳи бекорӣ, тақвияти шуури ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷавонон, инчунин ташкили чорабиниҳои тарғиботӣ ва маърифатӣ — аҳамияти калидӣ пайдо мекунанд. Маҳз ҳамгироии талошҳои давлат, ҷомеа ва оила имкон медиҳад, ки заминаҳои иҷтимоиву маънавии рушди экстремизм суст гардонида шуда, роҳи самараноки муқовимат ба он таҳким ёбад.

Шоисматуллоев Ш. – узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор, мудири шуъбаи сотсиологияи

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ