Skip to main content

(Эҳдо ба ифтихори ҳаёт ва фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии академики маъруф ва Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуршед Ҳилолович КАРИМОВ)

Коре, ки туро ба ҳақ расонад илм аст,

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст.

Бе илм талаб макун ту андар олам,

Чизе, ки туро зи ғам раҳонад, илм аст.

2123Боре аз Луқмони Ҳаким пурсидаанд, ки кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз он кӯҳнатар нашавад? Ӯ сар ба ҷайби андеша фурӯ бурда ва баъди сипарӣ гардидани муддати муддате чунин посух додааст, ки ин номи неку кори нек!

Оре, барҳақ дуруст гуфтааст ин ҳаким. Аз ин рӯ, қаҳрамони нигоштаи мо, академики маъруф ва олими оламшумул, доктори илмҳои биологӣ (1974), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1981), академики АИ ҶТ (1985) аз рӯи ихтисоси «Селексия, растанипарварӣ», ки самтҳои асосии фаъолияти илмии номбурда аслан гирем, ихтисосҳои физиология, биохимия, биотехнология, генетика, селексия, экологияи растаниҳо ва инчунин растанипарварӣ маҳсуб меёбад, устоди гиромиқадр ва донишманди мумтоз Каримов Хуршед Ҳилолович мебошанд, ки аз худ кори нек ва аъмоли басо ҳам некро ба ёдгор мондаанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҳар яки мо аз китоби “Алифбо” аввалин ҳарфҳоро омӯхтаем ва хело ҳам хуб медонем, ки устоди азизу гиромиқадри мо, Хуршед Каримов - фарзанди муаллифи китоби мазкур, зиндаёд Ҳилол Каримов ба ҳисоб мераванд, ки рӯзи 10 – уми декабри соли 1935 дар шаҳри бостонии Самарқанд зода шудаанд.

Падарашон аслан аз шаҳри бостонии Канди куҳан, яъне Конибодоми имрӯза буданд. Азбаски Ҳилол Каримов инсони донишманд ва омӯзгори маъруф ба ҳисоб мерафтанд, солҳои 30-юми асри гузашта низ бо мақсади барҳам додани маҳви бесаводӣ ва таълиму тарбияи атфоли хурдсол, муддате дар шаҳри Самарқанд ба ҳайси муаллим ва фидоии ҷомеа кору фаъолият намудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки даврони бачагӣ ва овони ҷавонии Хуршед Ҳилолович Каримов дар шаҳри Душанбе гузаштааст. Соли 1943 ӯ ба яке аз мактабҳои маъруф ва номии пойтахти мамлакат, ки он солҳои шаҳри Сталинобод номида мешуд, ба мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №1 шомил гардида, азбаски аълочии хониш буданд, аз ин рӯ соли 1953 онро бомуваффақият ва ҳамзамон бо медали тилло хатм кардааст.

Хуршеди ташнаи илму дониш ва басо ҳам кунҷкову сермутолиа бо хоҳиши худ ва дуои волидайнаш соли 1953 баъди хатми мактаби миёнаи №1-и пойтахт ба яке аз донишгоҳҳои бонуфуз Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи Михаил Василевич Ломоносов ба факултети биология ва хокшиносӣ дохил шуда, дар Кафедраи биохимияи растаниҳо аз рӯи ихтисоси «Биохимияи растаниҳо» соли 1958 бомуваффақият хатм намудааст.

Сипас, худи ҳамон сол ба Шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Институти ботаника аз рӯйи ихтисоси «Физиологияи растаниҳо» шомил мешавад. Ҳангоми таҳсил дар аспирантура роҳбари илмии ӯ яке аз фитофизиологҳои хело ҳам маъруфи рус, доктори илмҳои биология, профессор Александр Аркадевич Прокофев буд. Ин олими бузургу закӣ дар рушди илми физиология ва биохимияи растаниҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми басо ва ҳам боризи худро гузоштааст.

Лозим ба тазаккур аст, ки фаъолияти кории академик Каримов Х.Ҳ., пас аз хатми ин донишгоҳи олии бонуфуз, соли 1958 аз вазифаи ходими хурди илмӣ шурӯъ гардид. Сипас номбурда ба ҳайси ходими калони илмӣ, мудири озмоишгоҳ солҳои 1961-1966, муовини директори Институти физиология ва биофизикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1966-1986, инчунин директори ҳамин институт солҳои 1986 - 2011 шуда кор кардааст.

Тавре устодони бузургсоламон ва ҳолдонҳо нақл карданд соли 1973 собиқ Институти физиология ва биофизикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода -17, ба бинои нав, яъне ба шаҳраки академӣ - кӯчаи Садриддин Айнӣ - 299 кӯчонданд. Дар ин самт саҳми мавсуф хело ҳам назаррас маҳсуб меёфт, чунки дар бинои нав барои гузаронидани корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ тамоми шароитҳои зарурӣ ва барои парвариши набототи соҳаи кишоварзӣ дар қитъаи илмӣ – таҷрибавии ҷудошуда имкониятҳои зиёде вуҷуд доштанд.

Маҳз баъди ба ин бино гузаштани институт таҳти роҳбарии Хуршед Каримов ва олимони басо ҳам ботаҷрибаю ҷавони онвақта, аз қабили Юсуф Саидович Носиров, Ваҳҳоб Бобоҷонов, Султонназар Маҳмадбеков ва шогирдаш Сайидалӣ Гулов як гармхонаи рӯйизаминӣ барои парвариши лимую апелсин бунёд карда шуд.

Дар озмоишгоҳи агрофизиология таҳқиқоти маҷмаавӣ оид ба асосҳои физиологӣ ва агротехникии ташаккулёбии соҳаи ситруспарварии саноатӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуданд. Натиҷаҳои омӯзиши шароити микроиқлим дар лимӯхонаҳои хандакию рӯизаминӣ ва хусусиятҳои физиологии ситрусиҳо дар шароити онҳо ба асосҳои коркарди усулҳои парвариши ин зироатҳо дар иншоотҳои парвариши типи рӯизаминии лимон замина гузоштанд.

Якҷоя бо мутахассисони Бюрои махсуси конструкторӣ – технологии АИ Тоҷикистон лоиҳа коркард карда шуда, лимӯхонаи таҷрибавӣ дар масоҳати 500м2 сохта шуд. Аз ҷониби мутахассиони варзида С.Маҳмадбеков, С.М.Гулов, Л.М.Махмадбекова, Г.Юсуфӣ дар асоси натиҷаҳои таҳқиқотҳои гузаронида шуда агротехникаи муосири парвариши лимон коркард карда шуд. Дар 1 гектар замин зиёда аз 1800 ниҳоли лимони навъи Мейер ҷойгир карда шуда, аз он бештар аз 80 тонна аз як гектар ҳосил ба даст оварда шуд. Таркиби механикӣ ва биохимиявии меваи лимон вобаста аз таъсири шароитҳои гуногуни агротехникии парвариш ва нигоҳдории дарозмуддати лимонҳо дар ниҳолҳо (усули биологии нигоҳдории лимон) мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Таҳқиқот оид ба омӯзиши ҳосили иқтидории зироатҳои ситрусӣ ҳангоми оптималикунонии шароити парвариш (ҳаво, намнокӣ, ғизо) барои системаи реша, инчунин таркиби агрохимиявии хок ва растанӣ бо мақсади таъсиси системаи автоматикунонидашудаи обёрӣ ва додани моддаҳои ғизоӣ гузаронида шуданд

Татбиқи васеи натиҷаҳои таҳқиқоти институт дар истеҳсолот оид ба саноатикунонии усули парвариши зироатҳои ситрусӣ имконият дод, ки айни ҳол Тоҷикистон ба базаи асосии истеҳсолкунандаи лимон дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Маҳз бо ташаббуси академик Каримов Х.Ҳ. Озмоишгоҳи асосҳои физиологии растанипарварии самаранок таъсис дода шуда, аввалин мудири ин озмоишгоҳ мавсуф дар коркарди системаи тамоми сол истифодабарии заминҳои обёришаванда саҳми назаррас гузоштааст. Усулҳои гуногуни интенсификатсияи растанипарварӣ дар заминҳои обёришаванда, аз ҷумла нақшаи кишти пахта, зироатҳои хӯроки чорвои мобайнии дар зимистон нашвкунанда ва ғайраҳо коркард карда шудааст.

Аз ҷониби академики АИ ҶТ Х.Ҳ.Каримов усулҳои таҳрезишудаи гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол дар асоси баҳисобгирии нурафкании нурҳои фаъоли фотосинтетикӣ ва истифодаи меъёрҳои оптималии нуриҳои маъданӣ коркард шудааст Тавсияҳои пешниҳодшуда оид ба растанипарварӣ дар тамоми сол дар заминҳои обёришаванда тайи солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.

Бар замми ин дар озмоишгоҳ корҳои илмӣ - таҳқиқотии экологию генетикӣ, физиологию биохимиявӣ ва селексионии зироатҳои асосии соҳаи кишоварзӣ, аз қабили пахтаю гандум, тритикалею мушунг ва ҷавдор оғоз гардида натиҷаҳояшон зуд ба истеҳсолот ҷорӣ карда шуданд. Инчунин дар ин ҷо мушкилоти асосии таҳқиқотҳои илмии институт ва масоили омӯзиши раванди фотосинтез дар сатҳи молекулавӣ, биохимия, физиология ва генетика ба роҳ монда шуданд.

Хуршед Каримов баъдан солҳои 1995 - 2001 ба сифати академик - котиби Шуъбаи илмҳои биология ва тиб, солҳои 2001-2010 дар вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдтар узви Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010 ва сипас аз соли 2011 сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ ва ҳамзамон номбурда дар давраи солҳои 1989 – 1991 як даъват вакили халқии ИҶШС интихоб гардидааст.

Хизматҳои шоёни академики АИ ҶТ Каримов Х.Ҳ. аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои «Барои меҳнати шоён ба муносибати ҷашни 100 - солагии зодрӯзи В.И. Ленин», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қадр карда шудаанд.

Бар замми ин академики АИ ҶТ Каримов Х.Ҳ. ба ҳайси раиси Ҷамъияти физиологҳои растании Тоҷикистон (1989), аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Физиологияи растаниҳо» (Академияи илмҳои Россия) аз рӯйи тахассуси «Фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо» маҳсуб ёфта, ҳамчун аъзои Шурои илмии АИ ИҶСШ (солҳои 1989-1991), аъзои фахрии Ҷамъияти физиологҳои Россия (1993) хизмат намуданд.

Ҳамзамон академик Х.Ҳ. Каримов аз соли 1982 муовини сармуҳаррир, баъдан аз соли 1991 то соли 2000 роҳбари ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ахбори АИ ҶТ. Шуъбаи илмҳои биология ва тиб», аз соли 1995 то соли 2014 муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Гузоришҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуда кору фаъолият намудаанд.

Илова бар ин гуфтаҳои мо, устоди гиромиқадр ва донишманди мумтоз Хуршед Ҳилолович Каримов муаллифи зиёда аз 400 асарҳои илмӣ, дар маҷмӯъ 11 китоб мебошанд. Хизмати академик Х.Ҳ. Каримов дар рушди илми биология дар Тоҷикистон бағоят калон аст.

Аз соли 1995 то соли 2013 устод Х.Ҳ. Каримов ба ҳайати Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буданд ва ҳамзамон аз соли 1995 то соли 2000 дар вазифаи академик- котиби Шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, аз соли 2001 то соли 2010 ноиби президенти АИ ҶТ буданд.

Барои саҳми арзанда дар рушди илми биология дар Тоҷикистон, дастовардҳои намоёни илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, инчунин омода намудани як зумра кадрҳои баландихтисос, фаъолияти хуби илмӣ - ташкилотчигӣ ва омӯзгорӣ академик Х.Ҳ. Каримов соли 1996 бо унвони фахрии «Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардонида шудааст. Соли 2011 ӯ бо Ҷоизаи давлатии баландмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ мушарраф гардидааст.

Бояд гуфт, ки устод инчунин ба забони модарии худ низ мақолаҳои илмию оммавии зиёде нашр намудаанд, ки аз ҷумлаи “Ба кор бурдани плёнкаҳои полиэтилинӣ дар сабзавоткорӣ”, “Биохимия”, ”Гапи нав бояд гуфт!”, “Давраи нашв”, “Ду-се бор ҳосил рӯёнем!”, “Замин асрор мекушояд”, “Кислотаҳои нуклеат”, “Кислотаҳои рибонуклеат”, “Кислотаҳои дезоксирибонуклеат”, “Кошифони илми оянда”, ”Матинҷ”, “Нитратҳо: суд ва зиён”, “Олимон-ба истеҳсолот”, “Омилҳои фаровонҳосилӣ”, ”Ревоҷи тагисангӣ”, “Тамоми сол - ҳосили фаровон”, “Тухмӣ ҳасту майдон не”, “Физиологияи растанӣ” ва ғайра ба қалами устоди гиромиқадри мо тааллуқ доранд.

Хулласи калом, устоди накӯному зиндаёди мо Хуршед Ҳилолович Каримов барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус медоданд. Таҳти роҳбарии устод дар маҷмӯъ 15 рисолаи номзадӣ ва якчанд рисолаҳои докторӣ дифоъ карда шудааст.

Илова бар ин академик Каримов Х.Ҳ. аз соли 1987 то охири умрашон муттасил Раиси Шурои диссертатсионии Д047.00.01 аз рӯйи ихтисосҳои «Физиологияи растаниҳо» (2002) ва «Физиология ва биохимияи растаниҳо» (аз соли 2003) дар назди Институти физиологияи растанӣ ва генетикаро ба зимма доштанд.

Дар давраи роҳбарии устод дар Шурои мазкур, ҷамъ 24 рисолаи докторӣ ва 94 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст, ки зиёда аз нисфи онҳо кормандони худи Институт буданд (12 рисолаи докторӣ, 45 рисолаи номзадӣ). Гуфтан, ҷоиз аст, ки ягон рисола аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия бозгардонида нашуда буд ва Шуро ҳам ягон эроде низ нагирифтааст.

Дар фарҷом бояд зикр кард, ки устоди гиромӣ вақтро ҳамеша ғанимат шуморида, мудоб дар шитоб буданд ва ҳамзамон манфиати давлату миллатро аз ҳама болову воло медонистанду илми тоҷикро дар ҳама ҷо ва ҳамеша ҳифз мекарданд. Покниҳоду покизахисол ва инсони асилу олими соҳибхирад буданд. Ёди некашон гиромию рӯҳи покашон мудом шод бод!

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Ончунон гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки дар ин дафтари пок,

Рақами хайр кашиду асари нек гузошт.

То ҷаҳон боқист номи неку нақши мондагори ин Хуршеди хирад ва тобони илми тоҷик, ҳамеша дар дилу дидаҳои мо – идомадиҳандагони кору пайкори устоди накӯномамон ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Ба ифодаи Саъдӣ:

Зиндаю ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!

БОБОЗОДА Бақохоҷа Бобо, директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ