Skip to main content

Имрӯз, 12 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷониби мураттибон профессор Суфизода Шодимуҳаммад ва академик Муҳаммадюсуф Имомзода омода гардидааст, рӯнамоӣ гардид.

Дар оғози маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои калидии таърихи навини тоҷикон буда, саҳми ӯ дар истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Воқеан, ба унвони бунёдгузори адабиёти навини тоҷик ва нахустин президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи пешоҳангоне ба шумор меравад, ки равишҳои мухталифро дар пажӯҳишҳои илмӣ ҳамаҷонибаву мукаммал ба роҳ монда, заминаҳои ташаккули илми муосири тоҷикро фароҳам оварданд.

Умуман, таъсири амиқе, ки устод Садриддин Айнӣ ба ҷаҳони маънавӣ ва маърифати мардум дошт, то ба имрӯз пояндаву арзишманд аст. Ба таъбири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст».

Таъкид гардид, ки китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» библиографияи осори мутафаккири бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва адабиёт доир ба ӯро фаро гирифтааст. Асари мазкур як таҳқиқоти муҳим ва муфассалест, ки ба таҳлили мероси адабии Садриддин Айнӣ ва пажуҳишҳое, ки дар бораи ӯ анҷом дода шудаанд, бахшида шудааст. Феҳристи мазкур ҳамчун як манбаи боэътимод ва роҳнамои арзишманд барои муҳаққиқон ва ҳаводорони фарҳангу адабиёт пешкаш мегардад.

Дар идомаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди Шодимуҳаммади Сӯфизода, шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, бори дигар аз хизматҳои таърихии устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти муосири тоҷик ёдовар гардиданд.