Skip to main content

8-12 моҳи октябри соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус пойтахти зебои он шаҳри Душанбе мизбони меҳмонони зиёде аз қаламрави ИДМ хоҳад шуд. Тоҷикону тоҷикистониён аз қадимулайём бо меҳмондориву меҳмоннавозияшон шӯҳрати олам гаштаанд. Мардуми тоҷик ҳамеша меҳмонро азизу мукаррам дошта, тамоми кӯшишҳоро ба ҷо меорад, то меҳмонаш бо дили шод ва руҳи болида аз хонааш берун равад. Дар дини мубини ислом низ меҳмон ҷою мақоми хосаеро доро буда, хидмати меҳмон, хурсанд кардану гусел кардани он яке аз аъмоли неки ҳар як мусалмон шинохта шудааст.

Шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода оид ба қабули меҳмон ва дӯстон чунин фармудаанд:

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун

Тайи 2 моҳи охир шаҳрдории муҳтарами пойтахт бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои ободтару зеботар гардонидани роҳҳову гулгаштҳо заҳмат кашида истодааст. Тайи ин муддат роҳи асосии маркази Душанбе, ки ҷодаи ташрифотӣ мебошад, аз мавзеи “Водонасосная” то фурӯдгоҳи Душанбе аз нав тахту ҳамвор, васеъ ва хаткашӣ шуда, бисёр зебову дилнишин ба назар мерасад. Дар баробари роҳ тамоми боғҳо, гулгаштҳо ва майдонҳои шаҳр бо гулҳои тару тоза ва нав шинонидашуда хеле зебову дилнишин гашта, диққати ҳар як роҳгузарро ба худ ҷалб менамояд. Беҳуда шаҳри Душанберо шаҳри гулҳо ном наниҳодаанд.

Шаҳрдори муҳтарами Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дастпарвари мактаби зебоипарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон як шаҳри тозаву озода, сарсабз, гулпӯшу дилкаш бошад.

Вақте бо роҳи пиёдагарди паҳлӯи роҳи марказии Душабе қадам мезанӣ, гумон мекунӣ, ки аз миёни қолиҳои ранга ва гулбофт ва роҳравҳои гулӣ рафта истодаӣ. Кам одамон хабар доранд, ки ин гулҳо ва дарахтони нодиру зебое, ки имрӯз боғҳо ва гулгаштҳои шаҳри моро зеб додаанд бо чӣ заҳматҳое ба Душанбе ворид гардонида шудаанд. Пешвои муаззами миллати мо ба ҳар давлате, ки ба хориҷа сафар мекунанд, баъд аз анҷоми сафар вақти бозгашт бордони ҳавопаймояшонро аз гулу дарахтҳои ороишии ҳамон давлат пур карда меоранд.

Банда, ки бештар аз панҷ сол (августи соли 2005- феврали 2011 дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси атташеи низомӣ хидмат карда будам, шоҳид ва иштирокчии он будам, ки чӣ тавр Ҷаноби Олӣ ҳар дафъаи баргаштанашон аз Эрон бордони ҳавопаймояшонро аз гулу гиёҳ ва дарахтони камёб пур карда ба Душанбе бар мегаштанд.

Аз ин рӯ, мо шаҳрвандон бояд ба хотири эҳтиром гузоштан ба хидматҳои Пешвои муаззами миллат ва шаҳдори Душанбе ва қадр кардани заҳмати онҳо ин гулу гиёҳҳо ва дарахтони нодирро ҳифз ва эҳтиёт намоем.

Холназаров Назар, - ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон