ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, УЗВИ ВОБАСТАИ АМИТ ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Имрӯз мо дар остонаи яке аз муҳимтарин идҳои кишвар-Иди касбии муҳофизони далери Ватан-32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки ба ин муносибат ҳамаи Шуморо табрику таҳният гуфта, бароятон баҳри мусоидат дар ҳифзи амнияту осоиштагии кишвари азизамон муваффақиятҳо ва дар тарбияи содиқонаю ватандӯстонаи ҷавонон баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ-хизмат ба Ватан-Модар комёбиҳои беназир таманно дорем. Маҳз, афсарони шуҷою далери Артиши миллии кишвар ҳастанд, ки дар ҳимояи амнияту оромии давлат ва якпорчагии кишвари соҳибистиқлолии мо тавассути матонату шуҷоат ва маҳорату кордонӣ, саъю талошҳои зиёд менамоянд.
Артиши миллии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ҳамқадами соҳибистиқлолӣ ва зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи холӣ, аз сифр таъсис дода шуд.
Дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳо ва илҳом аз корномаи беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ афсарону сарбозон тавонистанд, ки мушкилиҳои оғози давлатдории навинро сарбаландона паси сар карда, дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа табдил ёбанд.
Воқеан, ҳама гуна пешрафту гулгулшукуфоӣ дар партави сулҳу амният сурат мегирад ва хушбахтона ин саодат барои сарзамини мо таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат бо саъю талоши шабонарӯзӣ ва бедорхобиҳои афсарону сарбозони Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ таъмин гашта истодааст.
Вазъи имрӯзаи сиёсати геополитикии ҷаҳон, хатарҳои воқеии ба минтақа таҳдидкунанда, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, авҷи терроризму экстремизм дар сар то сари ҷаҳон имрӯзҳо зарурияти ба маротиб пурқувват намудани Артиши миллӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаро дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон тақозо менамояд. Сабақи таърихӣ гувоҳ аст, ки маҳз заъфи давлатдорӣ дар ҳамаи давру замонҳо аз надоштани омодагии ҷангӣ ва ба ин восита ба дасти аҷнабиён гузоштани рукни муҳими давлатдорӣ–артиши миллӣ будааст. Аз ин хотир, ҳар як афсари бонангу ори кишварро зарур аст, ки тарбияи ватандӯстии ҷавононро дар мадди аввал гузорад.
Тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, яке аз вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии мамлакат ба ҳисоб рафта давоми солҳои соҳибихтиёрӣ бо мақсади амалишавии вазифаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешида шудаанд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” санаи 29 январи соли 2021, таҳти рақами 1753 қабул карда шуд, ки он муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳатмии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Тоҷикистон танзим менамояд. Қонуни мазкур хизмати ҳатмии ҳарбиро барои донишҷӯён, аз ҷумла магистрантону докторантон ва хамткунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ҳамзамон уҳдадории ҳатмии ҳарбиро барои онҳое, ки минбаъд хоҳиши ба кор даромадан дар мақомоти суд, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро доранд, ба муддати як сол пешбинӣ намуд.
Ҳама ин кӯшишҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати ҳавасманд намудани ҷавонон барои ҳарчи бештар ҳимоя намудани марзу буми кишвар равона гарддааст.
Ҷашни садоқат ва ифтихори ватандорӣ муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Сессияи зимистона. ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ
Имрӯз, 20 январ бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020 -2040 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки рушди илм, махсусан илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар замони муосир бо суръати бениҳоят зиёд рӯ ба тарақист. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ба омӯзиш фаро гирифтани наврасону ҷавонон имкониятҳои мавҷударо фароҳам оварданд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятдошта ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст. Тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус ба наврасону ҷавонон дода мешавад.
Гуфта шуд, ки ҳадафи баргузории чорабинии илмии имрӯза низ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки Президенти маҳбуби кишварамон таъкид менамоянд, ки “Дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд.
Дар идома сухан ба ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ибодзода Саидмуқим Тиллохуҷа ва Мирзораҳимзода Акобир дода шуд. Қайд намуданд, ки ҳадафи асосии гузаронидани сессияи имрӯзаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ин бедор намудан ва бохабар шудан аз корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ, натанҳо дар маҷалаҳои оммавӣ, инчунин дар маҷалаҳои тақризшаванда, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд маърӯза намудани корҳои илмии хонандагони Академияи хурди илмҳо мебошад.
Сипас, тибқи барномаи сессияи зимистона сухани навбати ба мудири Шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ Манучеҳр Садриддинзода дода шуд ва вобаста ба муҳлати муқарраргардида, баромади маърӯзачиён, ки шумораи умумии онҳо бештар аз 60 нафар буд, шунида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки алҳол 15 бахшҳои ихтисосии Академияи хурди илмҳо таҳти сарпарастии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Аз ҷумла, математика, технологияи иттилоотӣ, астрофизика, физика, химия, биология, иқтисодиёт, гидрохимия, тиб, ҳуқуқ, генетика, таърих ва бостоншиносӣ, география, экология ва забонҳои хориҷӣ.
Дар фароварди сессияи зимистона устодони ҳамаи бахшҳои Академияи хурди илмҳо ва маърӯзачиёни 15 бахшҳо бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-и Раёсат ва Шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ қадргардонӣ гардиданд.
Имрӯз, 19 январи соли 2026, соати 11:21 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза эҳсос гардид.
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон, дар масофаи 526 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 259 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст.
Шиддати заминларза дар маркази он 6–7 баллро ташкил дод. Дар шаҳри Хоруғ қувваи таконҳо ба 3 балл баробар буд. Магнитудаи заминларза М=5,9 ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон ягон харобӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Хадамоти дахлдор назорати вазъи сейсмикиро идома медиҳанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷик
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2026:
- ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 дарсад зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда шуда, 893 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ 1614 сомонӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1506 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1668 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шаванд;
- маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шавад;
- маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 2002 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1800 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, 1800 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 2002 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- амалишавии фармони мазкурро дар соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;
- дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд;
- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигари ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа)-ро мутобиқи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, амалӣ намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
14 январи соли 2026
№1132
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо як зумра аз бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрӣ анҷом доданд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо як зумра аз бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар мулоқот масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокдорон аз иқдоми навбатии муҳтарам Рустам Эмомалӣ истиқбол карда, роҷеъ ба он фикру андешаҳои худро баён доштанд.
@RustamEmomali
ИНТИХОБИ УЗВИ ФАХРӢ ВА УЗВИ ХОРИҶИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВОМИ СОЛИ 2025




Дар давоми соли 2025 бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 11 нафар олимону шахсиятҳои барҷастаи муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Бо дарназардошти саҳми назаррас дар рушди илм, таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ, густариши ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ ва дастгирии ташаббусҳои муштараки илмӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдураҳмонов Қаландар, президенти Академияи илмҳои Русия Красников Геннадий Яковлевич ва сардори Шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи шаҳри Шуочжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ву Бао Хуа, Туймебаев Жансеит Кансеитович, Шоназаров Насрулло Абдуллоевич, Ҳоҷиакбар Айса, Раҳом Аша, Фумиаки Инагаки, Дайзо Ишяма, Илья Раскин, Синбо Гао, ва дигарон ба ҳайси узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Интихоби узви хориҷӣ бозгӯи эътирофи сатҳи баланди фаъолияти илмии ин шахсиятҳо буда, ҳамзамон аз нуфуз ва мақоми рӯзафзуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Узвияти олимони хориҷӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Инчунин, дар таърихи илм бори аввал Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон устод Ҳошим Гадоев, барои хизматҳои арзандааш дар рушди санъат ва саҳми назаррас дар тарбияи насли наврас ва таҳкими фарҳанги миллии тоҷик ба ҳайси узви фахрии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.
Шумораи обуначиёни саҳифаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба 20,000 нафар расид. Ин дастоварди муҳим шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти илмӣ, таҳқиқотӣ ва фарҳангии Академия дар байни ҷомеа ва олимон ба таври васеъ пазируфта шудааст.
Саҳифаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Фейсбук ҳамчун майдони иттилоотӣ ва таҳлилӣ барои паҳн кардани хабарҳо, натиҷаҳои илмӣ, дастовардҳои олимон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад. Ба ҳисоби миёна, хабарҳо ва маводи муфид дар ин саҳифа таваҷҷӯҳи ҳазорҳо нафарро ҷалб намуда, имконияти муоширати мустақим бо олимон ва коршиносонро фароҳам меоранд.
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба қадрдонӣ ва эҳтироми ҳар яки обуначиёни саҳифа таъкид намуда, изҳор медорад, ки дастгирии Шумо барои пешбурди фаъолиятҳои илмӣ ва таҳқиқотии Академия нақши ҳалкунанда дорад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои гуногуни илмӣ, таҳқиқотӣ ва фарҳангӣ бештар густариш диҳад ва барои обуначиёни худ маводҳои арзишманд ва муфид пешниҳод намояд.
https://www.facebook.com/groups/amit.tj
https://www.tiktok.com/@www.amit.tj?_t=8s5czgjfiz3&_r=1
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026
Имрӯз, 10-уми январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таҳти раёсати раиси шаҳри Панҷакент муҳтарам Абдухолиқ Холиқзода маҷлиси фаъолон доир ба "Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда" доир гардид.
Дар кори он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми раиси вилояти Суғд муҳтарам Суҳайлӣ Қурбонзода, инчунин, муовини якум, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони деҳот, намояндагон ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони хоҷагиҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ходимони дин ширкат доштанд.
Дар ҷаласа як масъала "Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026" мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз руйи масъалаи мазкур ҳисоботҳои муовинони соҳавӣ, раисони деҳот ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр шунида шуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, зимнан иброз дошт, ки масъулини соҳа ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлоли давлатӣ чораҳои иловагӣ андешанд ва мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбонҳо, манзилҳои зист, иҷрои сохтор ва дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, тавсеаи корҳои тарғиботӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд.
Муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва вусъати ҷараёни корҳои банақшагирифташуда, оид ба масъалаҳои пурра ба истифода додани иқтидорҳои корхонаҳои саноатӣ, ҷо ба ҷо гузории зироатҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, самаранок истифода бурдани замин, таъмири иншоотҳои обрасон, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пардохти андоз ва бунёди иншоотҳои ҷашнӣ баҳри беҳтару хубтар рушд намудани шаҳр вазифагузорӣ кард.
Ҳамзамон, прокурори шаҳри Панҷакент мушори адлияи дараҷаи 1 Раҳматзода Искандар оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар соли 2025 сухан карда, баҳри пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб пешниҳодҳои мушаххас манзур кард.
Дар фарҷом раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода оид ба баъзе масъалаҳои ҷорӣ аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, дастгирӣ намудани қишри осебпазири ҷомеа аз ҷумла, маъюбону камбизоатон ва шахсони яккаву танҳо инчунин шахсони барҷомонда изҳори андеша намуда, ҳамаи фаъолони шаҳрро таъкид кард, ки бо дасту дили пок баҳри иҷрои уҳдадориҳои мансабии худ содиқона хизмат намоянд.
Манбаъ: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
9 январ тақрибан соати 02:14 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза 61 километр аз ноҳияи Мурғоб, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи 5,3 дараҷа ба амал омад.