Skip to main content

Ҳамдиёрони азиз, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ!

2212243Ҳамасола 10- ноябр дар саросари кишвар Рӯзи кормандони милитсия таҷлил мегардад. Бо фурсати муносиб ба тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, родмардони ватан, ки дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзишманд доранд иди касбияшонро табрику таҳният мегуям.

Воқеан ҳам фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ яке аз пояҳои муҳими таҳкими амният, субот ва оромии ҷомеаи мо ба шумор меравад. Саҳми Шумо, ҳомиёни содиқи қонун, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон назаррас мебошад.

Имрӯз, милитсияи тоҷик ҳамчун ниҳоди пурэҳтиром, касбӣ ва боэътимоди давлатӣ ҷойгоҳи хоси худро дар ҷомеа соҳиб аст. Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи заҳмату садоқат, фидокорӣ ва иродаи устувори ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки кормандони милитсияи кишвар дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматии худ, инчунин дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат нақши созанда доранд. Ҳар як қадами ҷасуронаи Шумо, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу Ватан анҷом мегирад, шоистаи қадрдонӣ ва эҳтиром аст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш иброз доштаанд: "Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд. Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани хаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд".

Бо дарки ин суханҳо мебояд қайд намуд, ки пойдории имрӯзаи давлати тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона аз масъулият ва шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот вобастагии амиқ дорад.

Бори дигар тамоми кормандони милитсияи кишварро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулияташон ба нафъи давлат ва халқи кишвари азизамон Тоҷикистон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак!