Skip to main content

Имрӯз, 3 июл дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 700 – солагии шоири классики тоҷику форс Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ намоишгоҳи нусхаҳои хаттии осори ин шоири ғазалсаро, ки дар Ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ нигоҳдорӣ мешавад, баргузор гардид.

Ба кори намоиш директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов ҳусни оғоз бахшида, қудуми иштирокдорони намоишгоҳро хайрамақдам гуфт.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷику форси асри 14 мебошад, ки бо ашъори нобаш пас аз гузашти қарнҳо ҳамчунон дар қалби на танҳо тоҷикзабонон, балки дар қалби ҳазорон ҳаводорони шеъру фарҳанг, дар саросари ҷаҳон ҷой дорад.

Таъкид гардид, ки осори ин шоири бузурги тоҷик форсу ҳануз дар асрҳои 18 ва 19 ба забонҳои мухталифи аврупоӣ тарҷума шуда буд. Шоир ва суханвари машҳури олмонӣ Гёте “Девони Шарқӣ”-и худро бо илҳом гирифтан аз осори Ҳофиз тадвин карда, онро ба номи ҳамин шоири тоҷик форсу гузоштааст. Ҳофиз асосан бо сароидани ғазалҳои бисёр равону шево шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Бар асоси барварди муҳаққиқон Девони Ҳофиз иборат аз 500 ғазал, 42 рубоӣ ва чанд қасида мебошад, ки онро дар тули умри пурбаракати худ эҷод намудааст. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистони мо борҳо ба хати кириллии тоҷикӣ чоп гардида, дастраси ҳамагон гардидааст.

Гуфта шуд, ки ғазалҳои ин шоири забардаст дар мавзуҳои гуногун аз ҷумла ишқу ошиқӣ, майу майгусорӣ, риндӣ, интиқоди иҷтимоӣ ва зуҳду тақвои дуруғин, зебоии табиат ва амсоли он эҷод шудаанд. Осори ин шоири забардасти ғазалсарои тоҷику форс дар бисёре аз китобхонаҳо ва марказҳои илмиву фарҳангии дунё нигаҳдорӣ мешавад, ки худ гувоҳи маҳбубияти ӯ мебошад.

Дар Ганҷинаи Маркази мероси хатии Академияи миллии илмҳо ва дигар китобхонаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нусхаи хаттии осори Ҳофиз мавҷуд аст. Пас аз истиқлолияти Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангдустонаи Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти бесобиқае дар ростои посдорӣ аз фарҳангу гузаштагони тоҷик сурат гирифт, ки ин сиёсат ҳамчунин бо суръат идома дорад.

Дар ростои ҳамин сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои Миллат буд, ки имсол дар таърихи 11 то 14 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ба муносибати 700 солагии Ҳофизи Шерозӣ канфронс ва намоишгоҳ доир гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд. Аз тарафи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмиллалӣ 15 нусхаи дастнавис, 1 китоби чопи сангӣ ва 10 қитъаи хаттотии ашъори Хоҷа Ҳофиз, ки дорои аҳамияти илмию фарҳангӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи махсуси боздидкунанадагон аз даҳҳо кишвари ҷаҳон қарор гирифт.

Дар идомаи намоишгоҳ дӯстдорони шеъру ғазали Ҳофиз мисраҳои пурмазмуну пурмуҳтавои ин шоири хушкаломро замзама намуда, диққати иштирокдоронро дубора ба осори ин марди хирад ва нобиғаи бузури тоҷику форс ҷалб намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби масъули Ганҷинаи нигоҳдории дастхатҳои маркази мазкур Мирзоев Изатулло оид ба дастхатҳои ба марази тамошогузоштаи Ҳофизи Шерозӣ ба иштирокдорони намоишгоҳ маълумоти муфассал дод.