Skip to main content

Яке аз умдатарин омилҳои рушди босуботи мамлакат ваҳдату якпорчагии мардум мебошад. Ғояи миллии ваҳдат торафт ба умқи дарку фаҳми ҷомеа таъсир мерасонад. Дар тарғибу ташвиқи ғояи ваҳдат нақши забони миллӣ хеле бузург аст. Забони ягонаи миллии пурқудрат омили муҳими ваҳдати миллӣ мебошад, зеро забони ягонаи адабӣ намояндагони тамоми забонҳо, гӯишҳо ва лаҳҷаҳои Тоҷикистонро муттаҳид месозад. Забони тоҷикӣ тадриҷан ба забони муоширати байналмилалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст.

Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза ба фаҳму дарки аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавон, расонидани таъриху тақдири забони тоҷикӣ, қудрату тавоноии он ҳамчун муқаддасоти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ дар давраи истиқлол ба таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори шаҳрвандӣ, бедор намудани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба забон ва омӯзишу аз худ намудани забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, инчунин боло рафтани сатҳи худогоҳии маърифатӣ, маънавӣ ва мафкуравии сокинони мамлакат мусоидат мекунад.

Илова бар ин, забон падидаи фарҳанги миллӣ мебошад, ки маҳз тавассути он миллат ҳувияти хешро таҳким бахшида, муаррифӣ месозад ва онро ҳифз менамояд. Ба ибораи дигар, забон ҳастии миллат аст. Забон ҳамчун падидаи фарҳанги миллӣ на танҳо ҷузъи фарҳанг ба ҳисоб меравад, балки вижагиҳои равонию маънавӣ ва маърифатии халқро низ инъикос менамояд. Дар забони ҳар як миллат равоншинохтии ҳамон миллат таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, забон бузургтарин ёдгории маънавию фарҳангии миллат мебошад. Маҳз тавассути забон дастовардҳои фарҳангии миллат аз насл ба насл, аз як замон ба замони дигар, аз як давра ба давраи дигар ва аз як қарн ба қарни дигар интиқол ёфта, дастраси башарият мегарданд.

Забони миллӣ омили муҳими фарҳанг ва рушди он аст. Фарҳанги миллӣ аз бузургию шаҳомати миллат гувоҳӣ медиҳад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ яке аз муҳимтарин васоити ҳифзи ҳувият ва муаррифии миллат дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи имрӯза ба шумор меравад. Забони миллӣ ва фарҳанги миллӣ ду ҷузъи як падидаи ҳувиятсозӣ ва давлатсозӣ мебошанд. Ҳифзу таҳкими онҳо бар мабнои рақобатпазирӣ бо фарҳангу забонҳои дигар вазифаи умдаи давлат аст. Ҳифз ва таҳкими забон, ҳамчунин фарҳанги миллӣ, ба устувории пояҳои истиқлолияти давлатӣ мусоидат мекунанд.

Забони давлатӣ омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ низ мебошад. Ҳамчунин, он василаи муҳимми иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Эътироф гардидани забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ба муттаҳидшавии тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистон мусоидат намуд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» барои расидан ба ин ҳадаф саҳми бузург гузошт. Забони давлатӣ яке аз рукнҳои муҳими давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ, забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад.

Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин, инчунин дар устувории умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, забони давлатӣ нақши муҳим дорад. Забон дар баробари рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол омили муҳими ваҳдати миллӣ низ маҳсуб меёбад. Ҳар як давлат вазифадор аст, ки на танҳо рукнҳои соҳибистиқлолии худро мустаҳкам нигоҳ дорад, балки ҷиҳати рушди онҳо ғамхорӣ намояд, густариши онҳоро дар қаламрави мамлакат ва берун аз он таъмин кунад. Забони миллӣ забони идеологияи давлатӣ мебошад ва дар татбиқи он саҳми назаррас мегузорад.

Ғояи миллии ҳар як давлат тавассути назм, адабиёт, санъат ва ҳунар ифода ёфта, дар дилу ниҳоди ҳар як фард ҷой мегирад. Соҳиби истиқлолияти комили сиёсӣ гардидани Тоҷикистон дар сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик давраи нави тақдирсоз буд, ки барои рушди фарҳангу забони миллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Тоҷикистон бо чеҳраи хоси фарҳангии худ ба ҳайси давлати миллӣ ба арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардида, бо роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ қадам ба қадам ба сӯи пешрафт ва бунёди давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гом мебардорад.

Барои рушди устувори иқтисоди миллӣ замина ва шароити мусоид ба вуҷуд омада, баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии мардум имкониятҳо фароҳам шудаанд. Ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муайян гардида, дар ин замина корҳои бузург дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ анҷом дода шудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки фарҳанги миллии тоҷик кайҳо аз доираи маҳдуди маҳаллӣ берун рафта, дар намоишгоҳу ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст. Забони тоҷикӣ низ, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад, аз нав мақому нуфузи байналмилалӣ пайдо кард. Фарҳангу забони миллӣ заминаҳои маънавии бунёди давлатро фароҳам меоранд ва давлати миллиро дар ҷаҳон, пеш аз ҳама, бо фарҳангу забонаш мешиносанд. Тоҷикон кайҳо боз чун мардуми фарҳангиву тамаддунсоз шинохта шудаанд.

Нуктаи муҳим дар асари Пешвои миллат «Забон — ҳастии миллат» моро ҳушдор медиҳад, ки ба арзишҳои таърихии офаридаҳои моддиву маънавии халқи худ дар асри имрӯза арҷ гузорем:

«Хушбахтона, халқи мо аз ҷумлаи мардумони фарҳангсозу тамаддунсози дунёи қадим маҳсуб мешавад. Офаридаҳои моддиву маънавӣ дар як минтақаи васеи ҷаҳон паҳн гардида, на танҳо мардуми ҳамнажоду ба ҳам наздик, балки қавму қабилаҳои гуногунро дар домани худ парваридааст. Бинобар ин, агар аз захираҳои моддиву иҷтимоиву сиёсии садаҳои охир барои мо дороии бузурге боқӣ намонда бошад ҳам, аз ҷиҳати мероси фарҳангӣ ва арзишҳои ахлоқиву маънавии умумибашарӣ мо соҳиби сарвати нодиру камназире ҳастем, ки дар тору пуди миллат ҷой гирифтааст».

Имрӯз нақши забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи шуури миллӣ, омили ташаккули афкори солими ҷамъиятӣ ва воситаи мафкураи созандаи давлатӣ дар устуворсозии ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавии давлатсозӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъинсозии ҳувияти миллӣ, ҳамчунин тақвияти нуфузи байналмилалии Тоҷикистон барои ҷомеаи мо назаррас ва басо ҳадафманд мебошад.

Назрӣ Офаридаев доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ