Яке аз масъалаҳои таъмини рушди устувор дар аксари давлатҳои ҷаҳон дар марҳалаи муосир, ин амалишавии кафолати раванди конститутсионализм тавассути таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ба шумор меравад.
Раванди конститусионализм дар марҳалаи муосир ҳамчун низоми ақидаҳои конститутсионие мебошад, ки дар сатҳи Конститутсияи давлати миллӣ инъикос ёфта, зимни татбиқи ғояи волоияти қонун, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, нақши махсус доштани он ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ифодаи худро пайдо мекунад. Инчунин, фаҳмиши дастаҷамъии муҳим дар принсипҳои сохтори конститутсиониро ифода мекунад. Дар марҳалаи муосир падидаи мазкур аз ҷониби ҷомеа ҳамчун омили муҳимми таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд, ташаккули низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънидод шуда, заминаи асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ гардидааст.
Конститутсияи давраи соҳибистиқлолии кишвар таҷрибаи таърихи давлатдории миллӣ, таҷрибаи конститутсионализми як зумра давлатҳои демократии рушдёфта, стандартҳои умумипазируфтаи ҷаҳонӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва идоракунии ҷомеаро ба инобат гирифта, омили муҳимми таъмини суботи ҷомеаи демократӣ ва рушди низоми ҳуқуқи ватанӣ гардидааст.
Конститутсияи кишвар барои бунёди давлатдории навин аҳаммияти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ эълон дошта, барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди низоми ҳуқии кишвар, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва муҳайё намудани фазои мусоид барои рушди озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хусусиятҳои ҷаҳонии давлат, яъне мустақилияти давлат бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ дар ҳалли масъалаҳои дохили давлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, асъори миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам гардида, барои муносибати мутақобилаи давлат ва мақомоти давлатӣ бо ҷомеа ва ниҳодҳои он заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Аз соли 1991 то соли 2014 танҳо дар Қирғизистон 4 маротиба, Сербия 3 маротиба, Албания, Қазоқистон, Полша ва Туркманистон 2 маротиба конститутсияҳои нав қабул шудаанд. Дар баъзе давлатҳои дигар тағйироти конститутсионӣ аз 5 маротиба зиёд сурат гирифтааст. Масалан, дар муддати солҳои 1991-2014 ба конститутсияҳои Гурҷистон 14 маротиба, Венгрия 9 маротиба, Латвия 9 маротиба, Молдова 8 маротиба, Федератсияи Русия 5 маротиба, Туркманистон ва Ӯзбекистон 4 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Ин шаҳодати зуд-зуд ба миён омадани тағйирёбии ҷиддӣ дар ҳаёти ҷомеа ва ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Тағйрёбӣ дар фазои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ инъикоси бевоситаи худро пайдо намуда, фарогирандаи тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Инчунин, тағйрёбӣ дар конститутсия боиси тағйироти дахлдор дар қонун ва санадҳои зерқонунӣ мегардад. Аз ин рӯ, танҳо пас аз такмили чунин санадҳо ва татбиқи амалии онҳо тағйирёбии суратгирифта метавонанд ба муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии мавҷуда таъсир расонанд.
Тағйироти конститутсионӣ ва натиҷаҳои муфиди аз он ба дастомада далели онанд, ки имрӯз раванди рушди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳои ҷаҳон ба қонуниятҳои ҷаҳонии зерин такя мекунад:
- демократӣ ва башардӯстонакунонии меъёрҳои Конститутсия;
- мустаҳкамгардонии асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа;
- такмили механизми мувофиқакунонии манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа.
Вожаи «Конститутсия» дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тобишҳои мухталифи худ зиёда аз 35 маротиба мавриди истифода қарор гирифтааст. Таҳлили вожаи мазкур имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои гуногуни ин падидаи ҳуқуқӣ муайян гарданд.
Конститутсия ин низоми меъёрҳои ҳуқуқиест, ки ҳамчун қоида қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, муносибатҳои асосии ҷамъиятии байни шахс ва ҷамъият аз як тараф ва аз тарафи дигар асоси ташкили худ давлатро муайян мекунад. Конститутсия қонуни асосии давлат, санад қувваи олии ҳуқуқи дошта, ба тариқи махсус аз тарафи мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар илми ҳуқуқи конститутсионӣ бештар вақт конститутсияро бо мафҳумҳои гуногуни зерин маънидод мекунанд:
- ҳуҷҷати сиёсӣ;
- конститутсияи моддӣ;
- конститутсияи расмӣ;
- конститутсияи ҳуқуқӣ ва ҳақиқӣ.
Маврид ба зикр аст, ки аввалин қабули конститутсияҳо аз солҳои 1787 то солҳои 1914, ки он зиёда аз 125 солро дар бар гирифтааст, ба ҳисоб меравад. Дар ин давра конститутсияҳои аввалини ҷаҳон дар ИМА соли 1787, Полша соли 1791, Фаронса соли 1791 қабул шудааст. Баъдтар, дар як қатор давлатҳои пешрафтаи Аврупо низ конститутсияҳо қабул карда мешаванд, Белгия соли 1831, Люксембург соли 1868, Олмон соли 1871, Шветсария соли 1874, Голландия соли 1887, Осиё: дар Япония соли 1889, Эрон соли 1906, Хитой соли 1912. Баъзе аз ин конститутсияҳо аз қабили конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо тағйироту иловаҳо то ҳол амал мекунанд.
Дар баробари Истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Бояд қайд намуд, ки қабули Конститутсия омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъиятиро муайян менамояд, яъне шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат ва муҳимтарин ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо гурӯҳҳои иҷтимоии ҷамъиятиро дар низоми сиёсӣ аниқ сохта, таъйинот, вазифаҳо, таркиби дохилӣ ва сохтори мақомоти худидора дар маҳалҳо ва ҷамоатҳо инъикос менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, инчунин заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, ҳисобидаанд.
Бинобар ин, дастовардҳоеро, ки тӯли 31 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидааст, натиҷаи заҳмату талош ва заковати азими Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарфманди тоҷик маҳсуб меёбад.
Бояд қайд намуд, ки қабули Конститутсия дар таърихи халқҳои ҷаҳон ҳодисаи хеле маъмул ва ибратомӯз мебошад. Зеро, он ҳанӯз соли 1787 дар ИМА қабул шуда буд. Дар Аврупо соли 1791 дар Фаронса қабул карда шудааст. Чунин санад дар Федератсияи Русия соли 1918 баъди ғалабаи Инқилоби бузурги сотсиалистии Октябр ба вуҷуд омад. Ба ин маънӣ, аввалин конститутсияи шӯравӣ дар даврони шӯравӣ Конститутсияи ИҶШС мебошад, ки дар асоси он конститутсияҳои дигари ҷумҳуриҳои шуравӣ таҳия шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 маротиба Конститутсия қабул карда шуда, 3 бор тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Ҳар яке онҳо талоботи замон буда, аҳаммияти таълимию тарбиявӣ ва илмӣ дорад. Имрӯз дар тамоми минтақаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамъомадҳои гуногун омӯзиш, таҳлил ва хулоса бардориҳо аз Қонун ва ҳуҷҷатҳои дар рӯзҳои охир қабул карда шуда бо маром идома дорад.
Конститутсия санади муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ аввалин ҳуҷҷати сатҳи олии кишвар мебошад, ки аз ҷониби худи халқ тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва эълон гардидааст. 6-уми ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқии баргузогардида Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дастоварди бузург дар даврони Истиқлоли давлатӣ ин дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба панҷ гурӯҳ тақсим мешавад:
- ҳуқуқҳои шахсӣ;
- ҳуқуқҳои сиёсӣ;
- ҳуқуқҳои иқтисодӣ;
- ҳуқуқҳои иҷтимоӣ;
- ҳуқуқҳои фарҳангӣ.
Конститутсия шоҳсутуни бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳифз ва риояи он ба ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Дар Конститутсия аввалин маротиба шакли идораи Ҷумҳурии Президентӣ якдилона пешбинӣ карда шуд. Инчунин, интихоби ин шакли идоракунӣ дар тӯли даврони соҳибистиқлолии мамлакат борҳо собит сохт, ки он ҷавобгӯи мақсаду мароми халқ буда, пешбаранда ва ташаккулдиҳандаи ғояву ақидаҳои миллӣ ва ҳифзкунандаи арзишҳову дастовардҳои мардумӣ мебошад.
Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳимми ҷомеа ба ҳисоб меравад. Табиист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бевосита муҳайёсозандаи ормонҳои деринтизори миллати соҳибтамаддуни мо маҳсуб меёбад. Дар марҳалаи муосир комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътибори коршиносони мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз зумраи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, яке аз намунаҳои беҳтарини Конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ба чунин натиҷагирӣ расидем.
- Конститутсия дар тӯли 31 соли арзи вуҷудаш барои устувор гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, ҳамчун бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофати он Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати “дарҳои кушода” шинохтаанд;
- Омӯзиши таърихи Конститутсия барои пешрафти ҷомеа ва таъмини волоияти қонун, ҳамчун таҳлили гузашта сабақ меомӯзад ва дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқии ҷавонон, тақвияти фарҳанги ҳуқуқӣ, ташаккули давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, давлати миллии тоҷикон, гуногунандешӣ дар давлати ҳуқуқбунёд нақши калидиро ифода мекунад;
- Конститутсияи соли 1994 шуури ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба куллӣ дигаргун сохт ва насли нави ҳуқуқии замони истиқлоли давлатиро таҷассум мекунад, зеро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ низоми нави мақомоти давлатиро муқаррар мекунад ва аз рӯи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимои конститутсияҳои замони Шуравӣ фарқ дорад;
-Конститутсия моҳияти фарҳангию ахлоқӣ дорад ва рушди миллӣ ва ғоявии давлатдории тоҷиконро инъикос намуда, иштироки бевоситаи мардумро дар ҳаёти ҷомеа дар марҳалаи нави таърихии гузариш ба сохти демократӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
П. МУҲАММАДАЛИЗОДА, - мудири шуъба, н.и.и.
А. РАҲМОНЗОДА, - ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.т.
