Skip to main content

Имрӯз, 15 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Тоҷикистон ва Ҷопон ба мувофиқа омаданд. Изҳор карда шуд, ки байни Донишгоҳи Акита ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳо дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст ва ин ҳамкориҳо дар оянда низ дар самтҳои мухталиф тақвият хоҳанд ёфт.

Таъкид гардид, ки дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба фаъолияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), ки аз моҳи августи соли 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст, аҳамияти калон дорад.

Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаи маориф аз соли 1993 ба таври муназзам инкишоф ёфта, аз он вақт то имрӯз зиёда аз 2500 намояндагони ҷумҳурии дорои ихтисосҳои гуногун дар курсҳои таълимӣ ва такмили ихтисос дар Ҷопон иштирок намудаанд. Лоиҳаи пешниҳоди стипендия барои тайёр кардани кадрҳои JDS (магистратура ва докторантура) дар доираи барномаи кӯмаки грантии Ҷопон аз соли 2009 саҳми мусбати худро гузошт. Дар доираи ин барнома то имрӯз 136 нафар хизматчиёни давлатӣ соҳиби унвони магистрӣ ва аспирантура шудаанд.

Қайд гардид, ки Лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ва лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Панҷ» намунаи барҷастаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳост.

Изҳор карда шуд, ки шарикӣ дар соҳаи энергетика тадриҷан инкишоф меёбад. Татбиқи лоиҳаи «Беҳтар кардани ҳолати зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» намунаи хуби ҳамкориҳо дар ин самт мебошад.

Дар заминаи ин фаъолияти нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Ҷопон «Аввалин», ки аз ҷониби ширкати ҷопонии «Коки» дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст, саҳми арзанда дорад.

Дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки ҳамкориҳои илмию техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо марказҳои илмии Ҷопон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Акита сурат мегирад.

Соли 2022 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи милли илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Акита дар доираи барномаи байналмилалии SATREPS, JLSA ва JST лоиҳаро бо номи iTAG-SATREPS (лоиҳаи такмили системаи гармидиҳии декарбонатшуда бо истифода аз захираҳои зеризаминӣ ва татбиқи он дар Душанбе)- ро пешбарӣ мекунад.

Ҳадафи асосии он истифодаи захираҳои геотермалӣ барои эҷоди системаи муосири устувории биноҳо мебошад, ки на танҳо ба коҳиш додани вобастагӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия (ҳезум, ангишт, газ), балки инчунин ба коҳиш додани партовҳои гази карбон мусоидат мекунад.

Дар охир ҷонибҳо барои дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин барои омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо дар муассисаҳои олии Ҷопон ба мувофиқа омаданд.