Агарчанде исми поки модар ҳамеша дар зеҳну хаёламон асту, ҳама кору фаъолиятамон бо дуои модар маншаъ мегирад, таҷлили “Рӯзи Модар” фурсате аст барои изҳори сипосгузорӣ ба хизмату фидокориҳои беназири модари бузург, сари таъзими фарзандӣ фуруд овардан ба ҷоннисорию меҳру муҳаббати модаронааш.
Дар мадҳияву тарона модар гӯем,
Дар умр ба ҳар баҳона модар гӯем.
Пирем ё ҷавон, вале дар ҳама ҳол,
Бо шеваи кӯдакона модар гӯем.
Модар! Ин вожаи муқаддас ва пурэҳсос аст, ки дар қалби ҳар шахс ҷойгоҳи беҳамто дорад. Модар рамзи муҳаббат, меҳрубонӣ ва фидокорӣ аст. Модар нахустин омӯзгор, дӯсти беҳтарин, маслиҳатчӣ, омодаи шунидани арзу дод ва ҳамеша пуштибони фарзанд дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ мебошад. Модар аст, ки бо меҳрубонӣ, дониш ва сабру тоқати худ фарзандонро барои зиндагии шоиста омода мекунад. Модар бо наздикии ҳиссӣ бо фарзанд беҳтар аз ҳар каси дигар эҳтиёҷоти ӯро дарк мекунад ва барои таъмини рушди муназзаму солими фарзанд саҳми беназир мегузорад. Тарбия ва муваффақияти фарзандон бо меҳнати хастанопазири шабонарӯзии модар пайваста аст.
Нақши модар дар рушди ҷомеа танҳо дар доираи оила маҳдуд нагаштааст. Шаклгирии шахсияти ҳар як фард ва ташаккули маънавияти ӯ ғолибан бо аввалин талқинҳои модар дар ахлоқу тарвиҷи арзишҳои инсонӣ вобаста аст. Ин тарбия ба шахсияти кӯдак таъсири амиқ гузошта, онро ҳамчун шахси бомаърифату арзишманд ба ҷомеа ворид месозад. Ӯ ба фарзандон на танҳо донишҳои аввалинро меомӯзад, балки меҳру муҳаббат, сабр ва адолатро ҳамчун арзишҳои асосии ҳаёт ба онҳо интиқол медиҳад. Модар на танҳо бо шири ҷон ғизои чисмонии фарзандро таъмин мекунаду ҳастиашро сабаб аст, балки бо аллаю суруду бозиҳояш аз рӯзҳои аввал ба ӯ қонуну қоидаҳои ҳаёт, арзишҳои иҷтимоӣ ва маънавиятро меомӯзонад.
Модар меҳвари асосии оила буда, бо меҳрубонию ғамхорию сарсупурдагиаш фазои орому осударо фароҳам меорад. Ҳамин аст ки модарро сутуни оила ва гармидиҳандаи хонавода мегӯем. Чӣ хуш аст, ки дар ин рӯз бо гулу туҳфа ва суханпардозиҳои самимӣ бори дигар модарони бузургро қадрдонӣ мекунему эҳтиромашонро ба ҷо меорем.
Ин ҳама рӯзе, ки рӯзи мост рӯзи модар аст
Оташи Наврӯз ҳам як шуъласӯзи модар аст
Модари азиз! Ҳарчанд бо сухан эҳсоси дилро бароят баён карда намешавад, мехоҳам бо ин сатрҳо каме бузургиатро васф созам. Модар, ту чашмаи ҷӯшони меҳрубонӣ ҳастӣ, ки ҳамеша бо муҳаббати бепоёнат дилҳои моро шод мегардонӣ. Модар, ту офтоби дурахшон ҳастӣ, ки бо нурҳои гарми худ зиндагии моро равшан месозӣ. Ту моҳи тобон ҳастӣ, ки бо зебоии беҳамтоят шабҳои моро мунаввар мегардонӣ. Ту мисли ситораҳои дурахшон ҳастӣ, ки бо нури умедбахши худ роҳи торики зиндагии моро равшан месозӣ. Ту мисли баҳори нозанин ҳастӣ, ки бо накҳати форамат дилҳои моро шод мегардонӣ. Модар, ту чун чамани пур аз гулҳои рангорангӣ, ки бо бӯи муҳаббатат ҳаворо муаттар месозӣ ва бо ҳар нафасат зебоии зиндагиро ба мо ҳадя мегардонӣ. Ту мисли дарёи пуртуғён ҳастӣ, ки бо мавҷҳои иродаат монеаҳои зиндагиро аз сари роҳи мо дур месозӣ. Ту омӯзгори донишманд ҳастӣ, ки бо суханони ҳикматомезат ба мо роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳӣ. Ту дӯсти вафодор, аз дили мо огоҳ ҳастӣ ва дар лаҳзаҳои душвор ҳамеша дар паҳлӯи мо қарор дорӣ. Чашмонат мисли осмони кабуди бепоён пур аз умед ва нурест, ки роҳи торики рӯзгорамонро равшан мекунад. Садоят, чун навои ҷӯйбори форам дар фасли баҳор, қалбамонро таскин медиҳад ва рӯҳамонро аз гармии муҳаббатат сероб мегардонад. Дастонат, чун шохаҳои дарахти пурсамари зиндагӣ, моро дар оғӯш гирифта, аз боди сарди рӯзгор ҳифз кардааст ва меваҳои ширини фидокориат зиндагиамонро ширин сохтааст.
Модарҷон, ту лаҳзаҳои ширини ҳаётро барои мо фидо кардӣ! Ҳар як хидмат, ҳар як нигоҳи пурмуҳаббати, ҳар як дуо ва ниёзи ту бароям ҳамчун гавҳари нодир аст.
Идат муборак, модарҷони азиз!
Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон.
МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ ОСИЁ ВА АВРУПО ДАР ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ
27 сентябри соли равон дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки олимону кормандони Иститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони "Афкори сиёсии муосири Тоҷикистон дар бораи Русия ва равобити Русияву Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷура, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафархон Рафиев олимону кормандони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани мизи мудаввар ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ бо олимону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар ин замина олимонро зарур меояд, ки ба шарикии стратегии Тоҷикистону Русия, ки заминаи устувори рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба мебошад, баҳои коршиносӣ диҳанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин пеш аз ҳама омӯзиши муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷӣ, равандҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ, геофарҳангӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ, низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико мебошад.
Таъкид гардид, ки воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия шарикии стратегӣ буда, равобити сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд ба таври мунтазам байни ин ду кишвар роҳандозӣ мегарданд. Вобаста ба ин вазифаи аввалиндараҷаи олимону кормандони соҳа ин пеш аз ҳама ҳифзи манфиатҳои миллию геосиёсӣ ва геоиқтисодии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар идома олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маърузаҳои хеш доир ба рушди устувор ва муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия андешаҳои хешро иброз намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ байни олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия музокираҳо сурат гирифт.
Дар асоси фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.07.2024, 22/шд дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шурои диссертатсионии 6DKOA-076 аз рӯи ихтисосҳои 12.00.05. Ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва 12.00.10. Ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи Аврупо таъсис дода шуд.
Имрӯз (24.09.2024) дар толори Маркази “Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” – и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи якуми шурои диссертатсионии 6DKOA-076 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муаррифии ҳайати шуро, тартиби ба роҳ мондани кори шуро нақшаҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба кори шуро равона гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
БАРГУЗОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ВАЗЪ ВА ТАМОЮЛИ РУШДИ ФАЛСАФАИ МУОСИРИ ТОҶИК (ДАР АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-АМАЛИИ АКАДЕМИК КАРОМАТУЛО ОЛИМОВ)»
24 сентябри соли равон бо ташаббуси Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Вазъ ва тамоюли рушди фалсафаи муосири тоҷик (дар асоси фаъолияти илмӣ-амалии академик Кароматуло Олимов)» баргузор гардид.
Дар Конференсия бо суханони ифтитоҳӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қ.Х. ва д.и.ф., профессор, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Содиқӣ Н.Н. ва директори ИФСҲ АМИТ д.и.ф., профессор Маҳмадизода Н.Д. баромад намуданд.
Иштирокчиёни конференсия маърузаҳои Олимов К. – д.и.ф., профессор, академики АМИТ дар мавзуи “Фалсафаи замони истиқлол: дастовардҳо ва дурнамои таҳқиқот”, Музаффарӣ М. – д.и.ф., профессор, узви вобастаи АМИТ дар мавзуи “Доираи андешаву тарзи баён ҷилваҳои рафторанд” ва Мирзоев Ғ. – д.и.ф., мудири кафедраи фалсафаи Раёсати АМИТ-ро дар мавзуи “Хирад гавҳари шаҳриёрон бувад” муҳокима ва баррасӣ намуданд.
Дар конференсия олимон, донишмандон ва меҳмонон аз бахшҳои гуногуни фаъолияти илмӣ-амалии академик Кароматулло Олимов сухан ронда, зарурати таҳқиқоти бунёдии масоили фалсафиро дар Тоҷикистон таъкид намуданд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки асарҳои мавсуф дар асоси дастовардҳои навтарини илмӣ, бо истифода аз методологияи муосири таҳқиқоти илмӣ таълиф гардида, аз ҷумла, як нигоҳи тозае ба тасаввуфи минтақа ва умуман ба таълимоти ирфонӣ дар Шарқ мебошанд. Академик Кароматулло Олимов асосан он ҷанбаҳои тасаввуфро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки дархӯри талаботи замони муосир мебошанд. Ҷанбаҳои манфии ин таълимоти фалсафию диниро низ ин олими шинохта ба хубӣ дарк мекунад ва аз ин рӯ изҳор доштааст, ки “ривоятҳову афсонапардозиҳои иғроқомез ва даъватҳо ба ҳаёти ғайрифаъол ва таваккули аз ҳад зиёд, ки дар мероси тасаввуфӣ ҷой доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ дархурди имрӯз намебошанд ва ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фаъол мусоидат намекунанд”. Аз ин рӯ “мероси ирфонӣ барои тамаддуни муосир бо ақидаҳои сулҳофаринӣ, таҳаммулгароӣ ва бузургдошти қадру шарафи инсонӣ, қатъи назар аз мақоми иҷтимоӣ ва манзалати ӯ, дорои аҳаммият ва қобили истифода мебошад”.
Дар баробари ин, аз ҷониби муҳаққиқон таъкид гардид, ки масъалаҳои сиёсат, замон, фарҳанг ва шахсият дар асарҳои академик Кароматулло Олимов ҷойгоҳи махсус дошта, муаллиф дар онҳо ба тари возеҳ қайд мекунанд, ки дар ҷомеа вуҷуди элитаи сиёсӣ ҳатмӣ буда, он бояд сарвари сиёсиро ба вуҷуд орад, то ки манфиатҳои худро ба воситаи ӯ таҳаққуқ бахшад.
Устод Кароматулло Олимов одилона таъкид доштаанд, ки агар аз нуқтаи назари ба вуҷуд омадани элитаи сиёсӣ ва сарвари сиёсӣ таърих ва роҳи тай кардаи халқи тоҷикро пайгирӣ намоем, пас маълум мешавад, ки он басо душвор ва пур аз фоҷиаҳо буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳар давлату миллат ҳамеша ба Пешво ниёз дошта, дар даврони навини таърихи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мақомро сарбаландона ба дӯш доранд. Аз ин рӯ, Кароматулло Олимов Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти бузурги миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ намуда, нақши эшонро дар эъмори ваҳдат ва таҳкими истиқлоли давлатӣ кушодаанд.
Пас аз боздид аз намоишгоҳи асбобу таҷҳизоти махсусгардонидашудаи омӯзиши пиряхҳо ва дастовардҳои олимони Муассисаи давлатии илми "Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимон ва мутахассисони марказ машварати корӣ доир намуд.
Дар суханронӣ хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт саравал ба роҳбарияти муассиса барои муҳаё намудани шароити хуби корӣ барои кормандон изҳори минатадорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки воқеан ҳам тибқи дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати муайян шуда, Муассисаи давлатии илми Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо шароити замонавӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд, ки боз ҳам баро пешбурди фаъолияти кормандон мусоидат хоҳад кард.
Дар робита ба ин кормандони самти пиряхшиносӣ бояд фаъолияти худро дар ин самт тақвият дода ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Пеш аз ҳама барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо корҳои муҳимро ба анҷом расонидан зарур аст.
Сипас, роҳбарияти Муассисаи давлатии илми "Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" шунида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои сарвақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №407 Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва корбарӣ ҷиҳати татбиқи босамари қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид оид ба “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034” дастурҳои мушаххас доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки омӯзиши фосилавии пиряхҳо дар доираи лоиҳаи буҷетии илмии “Кор карда баромадани Феҳристи (Атлас) - пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи технологияҳои инноватсионии геоиттилоотӣ барои солҳои 2022-2026” мониторинги фосилавии пиряхҳо роҳандозӣ гардидааст.
23 сентябри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи нақшаи чорабиниҳои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024 аз Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» боздид кард.
Зимни боздид ба роҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар муддати камтар аз ду моҳ Маркази омӯзиши пиряхҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, тамоми воҳидҳои сохторӣ бо асбобҳои тадқиқотии муосири илмӣ, либосу лавозимоти махсуси экспедитсионӣ, компютерҳои нав, мебел ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд.
Нахуст роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба фаъолияти озмоишгоҳи илмӣ-истеҳсолии таҷҳизоти худкори гидрометеорологӣ оғоз бахшиданд.
Озмоишгоҳи мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додашуда, дар он 5 нафар мутахассисон ба кор ҷалб гардидаанд.
Дастгоҳҳои мазкур ба шароити сахти иқлимии минтақаҳои куҳсор мутобиқ гардонидашуда, насби онҳо дар тамоми пиряхҳои кишвар дар назар дошта шудааст. Иҷрои чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки бо усули муқоисавӣ бо истифода аз маълумотҳои метеорологии мавҷуда модели ташаккулёбии равандҳои глятсиологӣ таҳия карда шуда, пешгӯии равандҳои пиряхҳо барои даҳсолаҳо пешгӯи карда шаванд.
Инчунин синфхонаи нави иноватсионии муҷаҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ аз қабили компютерҳо бо барномаҳои махсуси корӣ, тахтаи электронӣ ва маводҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Синфхонаи мазкур метавонад дар як вақт 10 нафар муҳақиқони самти илмҳои криосфераро ба таълим фаро гирад.
Ҳоло дар Маркази омӯзиши пиряхҳо 4 нафар дар зинаи магистратура, 2 нафар докторантураи PhD аз руи ихтисос, 3 нафар унвонҷуй таҳсил мекунанд. Иттило дода шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 нафар барои такмили ихтисос ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти омӯзиши фосилавии замин сафарбар гардида, 4 нафар мутахассисон барои таҳсил ба кишвари Чин фиристонида шудаанд.
Сипас роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти Озмоишгоҳи омӯзиши фосилавии пиряхҳоро оғоз бахшида, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши пиряхҳо ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034 дастур доданд.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 “Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” рӯйи даст гирифта шуд. Ҳар сол ба ин манзур дар сатҳи баланд дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Мавлоно бо иштироки васеи олимону донишмандон, мавлоношиносон, омӯзгорону хонандагон ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор мегардад.
Дар ин ҳошия бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ як зумра олимони ҷавону муҳаққиқони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади шиносоии бештар ба осору афкор ва шахсияти ин орифи бузург, донишманди беназир, нодираи илму адаби ҷаҳонӣ аз мавзеи боғи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ва хона-музейи ин чеҳраи тобноки олами илму маърифат воқеъ дар шаҳраки Балх, ки маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, дидан карданд.
Дар ин сафар ҳайати олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва масъулин аз мақомоти прократура ҳамроҳӣ намуданд.
Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ дар шакли қадима, бо истифода аз унсурҳои фарҳанги миллӣ сохта шуда, бозгӯи рӯзгор ва зиндагии ин шахсияти барҷаста мебошад.
Ҳайати олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳуҷраҳои дарсии Само, ҳуҷраи дарсии бачагона, чиллахона, анҷомхона ва дигар ҳуҷраҳоеро, ки тарзи зисту зиндагии Мавлонои Ҷалолиддини Балхиро нақл мекунанд, тамошо карданд.
Дар идомаи ин сафари омӯзишӣ ва тарғиботӣ бо иштироки зиёда аз 300 олимону донишмандон, омӯзгорону хонандагон ва сокинони фаъоли ноҳия ҳамоиши сатҳи баланди илмӣ – оммавӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши илмиро раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рустам Холиқзода оғоз бахшида, барои пешбурди идомаи кори конфронс инони сухан ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дода шуд.
Профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар маърӯзаи худ аз олами рангину зебо ва пурмаъонии мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки шуҳрати оламгир дорад, ёдовар шуда, нақши ӯро дар эҷод ва ташаккули андешаи ваҳдати вуҷуд барҷаста арзёбӣ намуд. Изҳор гардид, ки осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пурарзиштарн осори ҳама давру замонҳост. Шоир ва адабиётшиноси амрикоӣ Колман Баркс тарҷумаи пораҳои шеърии Мавлоноро аз “Маснавӣ” ва “Девони кабир” дар 13 маҷмуаи хурду бузург ба табъ расонд, ки ба шаҳодати муҳаққиқони амрикоӣ, тарҷумаҳои Колман Баркс ашъори Мавлоноро дар ИМА ба пурхонандатарин китоб, ҳатто бештар аз асарҳои Шекспир, табдил доданд.
Дар ҳамоиш зикр карда шуд, ки ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфил ва озмуни “Маснавихонӣ” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад. Ин ва дигар чорабиниҳои адабию фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ, бешак, барои тарғибу ташвиқи осори Мавлоно ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Балх ё Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст, ки ин барои ворисони ин шахсияти оламшумул боиси ифтихори бузург аст ва дар шароити шиддатёбии ҷангҳои иттилоотӣ, ки меҳвари онҳоро ситезаҳои фарҳангии дорои ҷараёнҳои иртиҷоӣ ташкил медиҳад, масъулияти ҳамсанд ба ҳамин ифтихорро тақозо мекунад, то ин ки тоҷикият ва мансубияти ин орифи шӯрида ба миллати тоҷик нигоҳ дошта шавад.
Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки миллати куҳантамаддуни тоҷик ба омӯзиши осори баландарзиши ниёгони худ аз дидгоҳи нав рӯ орад ва онро мувофиқ ба ормонҳои деринаи миллат таҳқиқ намояд ва ба наслҳои имрӯза, ки меросбарони ояндаи давлату миллат ва тамаддуни беш аз шашуним ҳазорсолаи миллати тоҷик мебошанд, таълим диҳад ва онҳоро дар рӯҳияи ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гиромӣ доштани таъриху тамаддуни ниёгон раҳнамун созад. Дар ин масир шинохти шахсият ва осори мондагори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қобили зикри хос аст.
Санаи 15 сентябри соли 2024 аз ҷониби Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 пойгоҳи сейсмикӣ (Сарез ва Мурғоб) ба истифода дода шуда, 1 пойгоҳи сейсмикӣ (Манем, назди ш. Хоруғ) азнавсозӣ гардид.
Санаи 15 сентябри соли 2024 аз ҷониби Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 пойгоҳи сейсмикӣ (Сарез ва Мурғоб) ба истифода дода шуда, 1 пойгоҳи сейсмикӣ (Манем, назди ш. Хоруғ) азнавсозӣ гардид.
Ин пойгоҳҳои сейсмикӣ рақамӣ буда, ҳар як пойгоҳ ду бақайдгирак (датчик) дорад, ки онҳо нисбат ба заминларза баландҳассос мебошанд. Яке аз бақайдгиракҳо (датчик) сейсмометр буда, суръати мавҷи замиларзаро сабт менамояд. Дуюм бақайдгирак (датчик) аксилерометр ном дошта, шитобнокии заминалрзаро чен мекунад. Тавре роҳбари Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Негматуллоев Собит Ҳабибуллоевич қайд мекунанд, афзалиятҳои пойгоҳҳои сейсмикии номбурда дар он мебошад, ки иттилоот ба онҳо мунтазам бо тариқи маҷозӣ ворид мегардад, ки ин ба коркарди оҷилии иттилоот мусоидат менамояд.
Пойгоҳҳои сейсмикии номбурда аз ҷониби худи ходимони илмӣ ва муҳандисони Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Девонашоев Азиз ва Қосимов Эркин насб гардида, аввалин иттилоотҳо, ки аз ҷониби пойгоҳҳои сейсмикии нав ба тариқи маҷозӣ ба Хадамот ворид гардиданд, аз ҷониби ходими калони илмӣ Улубаева Т.Р. коркард карда шуданд.
Пойгоҳҳои сейсмикӣ бо таҷҳизотҳои муосири рақамӣ, ки аз ҷониби ширкати бонуфузи хориҷӣ Nanometrics (Канада) истеҳсол шудааст, дар чоҳорчӯбаи лоиҳаи “Васлшавии шабакаҳои сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” бо дастгирии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардидаанд.
19 сентябри соли равон дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай” баргузор гардид.
Дар ибтидо сухани ифтитоҳӣ ба директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дода шуд. Ӯ зимни суханрониаш қайд намуд, ки иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳадафи таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, равобити боэътимод ва дӯстона дар байни давлатҳои аъзо ва нозири созмони мазкур, инчунин таъмини амнияту оромӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаро пайгирӣ мекунад. Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти беш аз пеши нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, ҳамкорӣ дар ҳифзи муҳити зист ва густариши муколамаи фарҳангӣ ба нафъи ҳамгироии минтақавӣ аст. Дар поёни суханронии хеш ӯ ба кори семинари илмӣ-амалӣ барор хост.
Баъдан ходими пешбари илмии Институт, номзади илмҳои фалсафа Давлиёрова Сафаргул дар мавзуи “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай” маърузаи илмӣ намуд ва таъкид кард,ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай як иттиҳодияи бисёрҷанбаест, ки фаъолияташ ба таъмини амният ва нигоҳдории сулҳу субот дар фазои васеъи АвруОсиё, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ нигаронида шудааст. СҲШ созмони байни тамаддуниест, ки имкони бархӯрди тамаддунҳоро дар минтақаи масъулияти онҳо баробар мекунад. Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии минтақаве мебошад, ки дар сиёсатгузориҳои олами муосир нақш ва таъсири махсус дорад.
Дар охири семинари илмӣ-амалӣ як баҳси судманд бо иштироки ходимони илмии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор гашт.
