Модар, модар накутарин инсонӣ,
То бовари гарму сарди ҳар давронӣ.
Гаҳ нарму латифу гаҳ матиниву қавӣ,
Нозук зи гулу сахтар аз сандонӣ.
Модар – офарандаи зиндагӣ, таскинбахши дилҳои хаста, беҳтарин марҳам барои дард, соябон ва ғамгусори фарзандон, нури хонадон ва манбаи муҳаббати бепоён аст. Меҳрубонии модар аз рӯзи аввали таваллуди фарзанд то охирин лаҳзаҳои умр, чун офтоб гармӣ мебахшад ва роҳнамоӣ мекунад. Дасти модар нахустин гаҳвораи тифл ва суханаш аввалин дарси зиндагист.
Модар мисли офтобест, ки бо гармии меҳраш дили фарзандро равшан мекунад. Ҳар лаҳзаи зиндагии ӯ саршор аз талошҳо барои хушбахтии фарзандон аст. Аз айёми кӯдакӣ то бузургсолӣ, модар ҳамеша дар паҳлӯи фарзанд буда, доимо дастгир ва роҳнамои ҷигарбандаш аст.
Асоси рушду камолоти фарзанд аз меҳнату заҳмати хастанопазири модар сарчашма мегирад.
Модар аз аввалин рӯзҳои таваллуди фарзанд шабу рӯз заҳмат мекашад. Ӯ ба фарзанд забон, ахлоқ, тарбия ва илму дониш меомӯзонад. Ҳар як сухани модар барои фарзанд дарси зиндагист. Ҳатто вақте ки фарзанд бузург мешавад, модар ҳамоно аз ҳолу аҳволи ӯ бохабар буда, бо дуо ва насиҳатҳои хирадмандонааш роҳнамоӣ мекунад.
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба-дон сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
Модар аввалин мураббии инсон аст. Аз рӯзи аввал то лаҳзаи охир ӯ ғамхорӣ, меҳрубонӣ ва ҳидояти худро нисбат ба фарзанд нишон медиҳад.Ӯ на танҳо тарбиятгар, балки муаллим, дӯст ва ҳимоятгари зиндагии мо мебошад.Фидокории модарро бо ҳеҷ чиз андоза кардан ғайриимкон аст. Вай шабҳоро бедор мегузаронад, то фарзанди худро бо меҳр парвариш диҳад. Вақте ки мо ба мушкилӣ дучор мешавем, аввалин шахсе, ки моро дастгирӣ мекунад ва бо суханони гармаш ором месозад, ин модараст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар ҳама давру замон бузург арзёбӣ намуда, занро «тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд» баҳогузорӣ намудаанд. Таъкиди дигари Пешвои миллат ин аст: «Нахуст мактаби инсон - мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем».
Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмондана нур мепошад. Ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.
Модар ягона фариштаест,ки ба ҷигарбанди худ гап задан, рафтору ахлоқи шоистаи инсонӣ ва муносибатҳои иҷтимоиро бо меҳру муҳаббати беандоза меомӯзонад.
Муҳаббати модар софу беғараз буда, фарзанде, ки онро эҳсос мекунад, ҳамеша нерӯманд ва муваффақ хоҳад буд. Дар дилу дидаи модар ҳар фарзандаш мисли гул бебаҳост ва ӯ барои хушбахтии онҳо тамоми ҳастии худро мебахшад.
Аз бузургию хизматҳои модар ҳар қадаре ки сухан кунем, кам аст, зеро модар фариштаеро мемонад, ки тамоми ҳастии худро ба беҳтарин неъмати ба дунё овардааш-фарзанд мебахшад.
Тағаев Алиакбар Пулотович н.и.х, Ходими калони илмии озмоишгоҳи “Коркарди комплексии ашё ва партовҳои саноатӣ” – и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
14 июни соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти пурсамари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Ҳиндустон маълумот муфассал дод.
Таъкид гардид, ки дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китобхонаи ба номи Индира Гандӣ фаъолият менамояд, ки аз замони таъсисёбии академия дар онҷо китобу дастхатҳои нодир ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо барномаҳои ҳамкории техникиву иқтисодии Ҷумҳурии Ҳиндустон пайваста ҳамкориҳои худро ба роҳ монда, ҳамасола мутахассисони ҷавон бо теъдоди 10-20 аз курсҳои такмили ихтисос дар Ҷумҳурии Ҳиндустон мегузаранд.
Зикр гардид, ки бо дастгирии Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти омӯзишии масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо гушаи омӯзиши фарҳангии Ҳиндустон ба номи Раҳул Санкритяян ташкил гардидааст, ки дар ин замина пайваста симпозиум ва семинарҳо баргузор мегарданд. Ёдовар мешавем, ки Раҳул Санкритяян дар таҳқиқ ва омӯзиши осори пурғановати Садриддин Айнӣ кушиш ба харҷ дода, маҳз дар ин замина дар Ҳиндустон нуфуз ва эътибори хешро пайдо намудааст.
Аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пешниҳод гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо мо имкон дорем Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рӯйхати донишгоҳҳои Ҳиндустон ҷойгир намуда, барои ҷалби магистрантону докторантони Phd ба муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои нав андешем.
Сипас Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике баромад намуда, барои мустаҳакам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму техника миёни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои “Ахтарон”, “Фотон”, “Риёзӣ”, “Зилзиласанҷ”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ
Мутобиқи банди 4.13 “Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” аз 15 майи соли 2024, №2 ва бо мақсади дар сатҳи сиёсию ташкилӣ баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои “Ахтарон”, “Фотон”, “Риёзӣ”, “Зилзиласанҷ”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ шуда гузашт. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизб раисони ташкилотҳо Буризода Анвар, Раҳимзода Алишер, Аминзода Пулод, Зарипов Афзаллшо азнав интихоб карда шуданд.
Ҳисоботи шашмоҳаи ташкилотҳои ҳизбӣ шунида шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд ва номзадии вакилонро ба конференсияи шашуми ҳисоботӣ-интихоботии КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ пешниҳод карда шуданд.
Дар суханронии муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ Ширин Қурбонова оиди саҳми Пешвои миллат дар барқарор намудани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ дар бораи ҷумҳуриро ба як давлати амну обод барқарор намудан шунида шуд. Аз номи Раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ узви вобастаи АМИТ аъзоёни кумитаро бо ин иди тақдирсози миллат табрик карда шуд.
Аксҳо замима мегарданд:
Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои “Яхшинос”, “Афканишот”, “Энергияи сабз”, “Меросдор”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ
Мутобиқи банди 4.13 “Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” 18 июни соли 2024 дар КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои “Яхшинос”, “Афканишот”, “Энергияи сабз”, “Меросдор” шуда гузашт. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизб раисони ташкилотҳо Қодиров Анвар, Мирсаидзода Илҳом, Қаюмов Абдулҳамид, Давлатзода Маҳмадкарим азнав интихоб карда шуданд.
Ҳисоботи шашмоҳаи ташкилотҳои ҳизбӣ шунида шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд ва номзадии вакилонро ба конференсияи шашуми ҳисоботӣ-интихоботии КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ пешниҳод карда шуданд.
Тавре иттилоъ дорем ҳафтаи сипаригардида бо ташббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо ибтикори Академияи хурди илмҳо кушодашавии 45- умин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо иштироки як қатор роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур тамоми аъзоёни Академияи хурди илмҳо аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Дар раванди иштирок аъзоёни фаъол аз рӯи равияҳои интихобнамудаашон баромад намуда, аз ҷониби ҳайати доварон баҳогузорӣ гардиданд.
Имрӯз (14.06.2024) зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмию – амалӣ дар мавзуи “Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон” иштирокчиёни фаъоли 45- умин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ба аъзогии узви вобаста ва пайваста қабул гардиданд. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ва меҳмонон аъзоёни фаъоли Академияи хурди илмҳо бо шаҳодатномаҳои узви вобаста ва пайваста сарфароз гардонида шуданд.
Чанде пеш бо дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва бо ибтикори Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни беҳтарин донандаи Конститутсия байни магистрантон ва докторантон роҳандозӣ гардида буд.
Ҳадаф аз баргузор намудани озмуни мазкур ҷалб намудани олимони ҷавон ба омузиши донишҳои сиёсиву дарки моҳияти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин имсол дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2024 ҳамчун “ Соли «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардида буд.
Имрӯз (14.06.2024) зимни як ҳамоиш озмуни беҳтарин донандаи Консититусия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолибон дар ҷойҳои якум дуюм ва сеюм муайян шуда, аз ҷониби роҳбарияти академия бо диплом ва дигар туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.
14 июни соли равон дар ҳошияи мулоқоти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30 – уми майи соли равон баргузор гардида буд бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию – амалӣ дар мавзуи “Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон” баргузор гардид.
Дар баргузории конфронс мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода ва олимону кормандони муассисаҳои илмю таҳқиқотӣ иштирок намуданд.
Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба маркази илми тоҷик хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки мусаллам аст, ки иқдоми пешгирифтаи мо кормандони академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти муаррифии дастовардҳои олимон, на танҳо тамошои намоишгоҳ, балки бо мақсади татбиқи натиҷаҳои илм дар истиеҳсолот ва густаришу тақвияти ҳамкориҳои корхонаву муассисаҳо ва ширкатҳои истеҳсолӣ бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон равона карда шудааст ва ҳамзамон бо боварӣ гуфта метавонем, ки олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамаи ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар бартарафнамоии камбудиву норасоиҳо ҷойдошта кушиш ба харҷ хоҳем дод.
Ҳамзамон сухани навбатиро ба мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода доданд. Мавсуф дар баромадаш оид ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм изҳори ақида намуда, таъкид доштанд, ки ҳар он дастуре ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм буд, баҳри дар амал татбиқ намудани он дастурҳо камари ҳиммат бояд баст.
Имрӯз (13.06.2024) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ дар партави суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар сурат гирифт. Дар ибтидо директори Марказ Раҳматкарим Давлатов нуктаву хулосаҳои асосии суханронии Пешвои миллат, марҳалаҳои омӯзиш ва роҳҳои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро барои рушди илми тоҷик бо мисолу далелҳои мушаххас шарҳ дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки бояд баҳри татбиқи дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат барномаву лоиҳаҳои мушаххас таҳия гарданд, ки суръату сифати ислоҳоти сохторҳои илмиро таъмин намоянд. Зеро дар ин мулоқоти тақдирсоз самтҳои асосии рушди илми тоҷик барои ояндаи наздик пешниҳод гардиданд.
Сипас, иштирокчиёни мулоқот С.Ализода, А.Муҳаммадиев, М.Ғиёсиев, Ш.Ёраҳматзода нуктаву хулосаҳои асосии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмонро баҳри татбиқ дар рушди илми матншиносӣ, ҳифз, таҳия ва оммавигардонии мероси хаттӣ иброз намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ муассиса ва марказҳои илмии даврони Истиқлолро чун дастоварди муҳим ёдрас намуданд: Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд.
Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд.
Дар фарҷом, олимону кормандони Маркази мероси хаттӣ тасмим гирифтанд, ки дар партави суханрониҳои Пешвои муаззами миллат бо аҳли илму маорифи кишвар нақша-чорабиниҳои дарозмуддат ва барномаҳои татбиқи илм дар амалияро таҳия намуда, бар асоси он ҷиҳати ислоҳи вазъият талош намоянд.
Мизи мудаввар дар мавзуи "Дурнамои рушди илми таърихи ватанӣ (дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)"
13 июни соли ҷорӣ дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар атрофи мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он роҳбарият, олимон ва дигар кормандони Институт иштирок намуданд.
Ҷамъомадро директори Институт доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Н.К. ифтитоҳ намуда, пас аз сухани муқаддимавӣ суханро ба ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи навтарин номзади илмҳои таърих Ҷ.А. Мирзоев дод. Мавсуф зимни баромади худ оид ба нуктаҳои муҳимми суханронии Сарвари давлат, хусусан масоили тарбияи ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба илм ва дигар паҳлӯҳои ин масъала андешаронӣ намуд.
Сипас мудири шуъбаи таърихи илм ва техника номзади илмҳои таърих А. Шарифзода ва доктори илмҳои таърих, профессор, Узви вобастаи АМИТ Ҳ. Пирумшоев баромад намуда, андешаҳои худро перомуни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд ва масъалаҳои дар суханронии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёншударо мубрам арзёбӣ намуданд. Дар баромадҳо махсусан мавзуи баланд бардоштани сифати таълифи диссертатсияҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Баъдан доктори илмҳои таърих, профессор А. Раҷабов, доктори илмҳои таърих, профессор Н.Б. Ҳотамов ва номзади илмҳои таърих, дотсент А. М. Ғафуров ба музокира баромада, масоили дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкидшударо ниҳоят муфид ва саривақтӣ дониста, баён карданд, ки ҳалли камбудиҳои дар он зикргардидаро ба манфиати илму маорифи кишвар ва рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ мешуморанд.
Аз кори мизи мудаввар директори Институт доктори илмҳои таърих, профессор Н.К. Убайдулло натиҷагирӣ намуда, доир ба сатҳи тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, самарнокии кори олимони Институт, таълифи китобу мақолаҳо ва дигар масоили марбута сухан ронданд. Даъват карда шуд, ки ҳамаи вазифаҳои аз ҷониби Сарвари давлат дар назди Институт гузошташуда бояд саривақт ҳалли худро ёбанд.
