Skip to main content

Сарчашмаҳои таърихӣ ва мадракҳои бостоншиносӣ далолат бар он мекунанд, ки мардуми тоҷик яке аз куҳантарин ва мутамаддинтарин миллатҳо дар Осиёи Миёна буда, тӯли ҳазорсолаҳо ба офаридани шаҳрҳо ва фарҳангу тамаддун машғул буданд. Ин нукта аз нигоҳи илмӣ низ, исботи худро ёфтааст. Аз он ҷумла академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби худ “Тоҷикон” ин паҳлуҳои таърихии миллати тоҷикро бо далелҳо ва такя ба ёдгориҳои таърихӣ исбот намудааст. [3. 3-970]

Соли 2025 аллакай 32 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комили Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (минбаъд ЮНЕСКО) мебошад. Тавре маълум аст, дар охири соли 2023 30 –солагии ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар сатҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Агар давраи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ЮНЕСКО ба се марҳала тақсимбандӣ намоем, марҳалаи аввал марҳалаи аъзошавӣ ва барқарор кардани муносибатҳо, марҳалаи дуюм марҳалаи омӯзиш ва муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо ва марҳалаи сеюм марҳалаи инкишоф ва рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар бахши мероси фарҳангӣ арзёбӣ карда мешаванд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муносибатҳои байналмилалӣ пас аз иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он нуктаҳои бунёдии сиёсати хориҷӣ баён гардида буданд, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст ва тибқи сиёсати усулии «дарҳои боз» равобит ва ҳамкории густурда ва мутақобилаи судмандро бо ҳамаи мамлакатҳои ҳавзаҳои марбута ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст. Натиҷаи чунин сиёсати ҳамгироӣ ва мутавозин аст, ки имрӯз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо зиёда аз 140 мамлакати дунё ҳамкории иқтисодию технологӣ ва фарҳангӣ дорад. [4.20]

Махсусан солҳои 2021-2023 ва шашмоҳаи аввали соли 2024 нуқтаи авҷ ва рушди он мебошад. Дар ин марҳала таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мероси фарҳангӣ (мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ) бештар гардида, зери назорати ҷиддӣ ва қатъии роҳбарияти олии мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Шахсан сафар намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ва мулоқоту вохӯриҳо бо Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Эмануэл Макрон далеле аз ин гуфтаҳо мебошад. Танҳо дар соли 2023 якбора 15 унсури фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси ҷаҳонӣ ва Рӯйхати репрезентавии ЮНЕСКО шомил шуданд, ки заминаи асосии он маҳз бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст.

Намунаи дигари дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтани соҳаи мазкур татбиқи амалии “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025” мебошад, ки мувофиқи банди 22 нақша-чорабиниҳои Барномаи мазкур, ворид намудани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва, мувофиқи банди 23 –и он, тарғибу ташвиқи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар сатҳи шоиста (Қарори Ҳукумати ҶУмҳурии Тоҷикистон аз 01 майи соли 2020, №253) пешбинӣ шудааст. [2. 20]

Таъсиси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ва таъин намудани намояндаи доимӣ аз ҳисоби мутахассиси соҳаи мероси фарҳангӣ иқдоми барҷастаи дигар барои рушди ҳамкориҳо арзёбӣ мешавад, ки ин иқдомот охири соли 2023 ва аввали соли 2024 рӯйи кор омад. [7]

Баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти 815 солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи марказии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса аз 03 то 10 июни соли 2024 маҳз бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон саҳифаи тоза боз намуд. Дар ҳамоиши мазкур мероси хаттии мутааллиқ ба эҷодиёт ва осори Мавлоно, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст, ба шаҳри Париж муваққатӣ бурда шуда, ба намоиш гузошта шуд. Ин иқдом диққати оламиёнро ба мероси гаронбаҳои хаттии ниёгони мо бештар ҷалб намуд. Тоҷикон бори дигар ҳамчун миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва соҳиби шахсиятҳои барҷастаи адабиёт ва таърих, ки ба ҷаҳониён адабу маърифат бахшидаанд, қабулу эътироф шуданд.

Далели дигари таваҷҷуҳи умдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷаҳоникунонии унсурҳои фарҳангӣ дар Паёми Сарвари давлат, Пешвои миллат ба Маҷлисии Олии кишвар дар соли 2023 зоҳир мегардад. Зеро дар ин Паём Пешвои миллат баҳри рушд додани соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷаҳоникунонии мероси фарҳангии тоҷикон пешниҳод намуданд, ки Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. [6. 19]

Дар ҳамин росто ташрифи босамари Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз 10 то 13 июни соли 2024 ба вуқуъ пайваст. Дар ҳошияи ин чорабинӣ мулоқоти хонум Одри Азуле бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Дар мулоқот паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, мавзуъ ва масъалаи мероси фарҳангӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар меҳвари мулоқот қарор гирифт. Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Тавсеаи робитаҳо бо ЮНЕСКО дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардида, сатҳу муҳтавои имрӯзаи он боиси қаноатмандии мост”. [9]

Ҳамчунин, барои пуштибонии доимии ЮНЕСКО аз иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои илму маориф, ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Гуфта шуд, ки “Шашмақом”, “Фалак”, “Гулдузӣ”, санъати бофтани атласу адрас, ҷашнҳои “Наврӯз”, “Сада”, “Меҳргон”, “Тиргон”, ёдгориҳои зиёди таърихӣ аз ҷумлаи мероси гаронбаҳои моддиву маънавии арзишманди тоҷиконанд, ки эътирофу эътибори ҷаҳонӣ пайдо намудаанд.

Дар ин зимн саҳм ва дастгирии ЮНЕСКО дар ҳифзи фарҳангу анъанаҳои ниёгони мо ва таҳвили онҳо ба наслҳои оянда амри муҳим шумурда шуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки кишвари мо ба ҳамкории судманди минбаъда бо ЮНЕСКО дар арсаи нигоҳдорӣ ва пешгирӣ аз нобудшавии мавзеъҳои таърихӣ ва ганҷинаҳои фарҳангии миллӣ манфиатдор мебошад. Дар ин ҷода истифодаи зарфиятҳои фанноварию техникии Созмон дар доираи барномаи “Таҳкими иқтидор барои мудирияти мероси таърихӣ” зарур шумурда шуд.

Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле аз изҳороти мавқеъ, таклифу пешниҳодҳо ва гомҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мероси фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон меҳмони вижа аз намоишгоҳ-фестивали баргузорнамудаи ҷониби Тоҷикистон боздид ба амал овард, ки дар он тамоми унсурҳои фарҳанги миллӣ, аз қабили “Оши палоб”, “Санъати кашидадӯзӣ ва абрешимбофӣ”, “Адрасу атлас”, “Чакан”, “Шашмақому фалак”, ки аллакай ба Рӯйхтаи репрезентативии ЮНЕСКО шомиланд, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдор ба намоиш гузошта шуда буданд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай пурра дар марҳалаи рушди ҳамкориҳои густурда, махсусан ҳамкориҳо дар самти мероси фарҳангӣ ва ҷаҳоникунии он, қарор гирифтааст. Айни ҳол парвандаи номинатсионии 11 адад ёдгориҳои таърихии моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи техникӣ комил арзёбӣ шуда, ба Феҳристи пешакии ЮНЕСКО ворид гардидаанд. Ҳамзамон онҳо ба рӯзномаи Иҷлосияи дахлдори ЮНЕСКО ворид буда, давоми соли 2025 ҷиҳати ворид шудан ба Феҳристи асосии ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор мегиранд. [10]

Лозим ба зикр аст, ки парвандаи номинатсионии ин ёдгориҳо таҳти унвони “Хуттали қадим” пешниҳод гардидааст. Лоиқи диққат ин аст, ки дар фарқият бо дигар номинатсияҳо ин номинатсия ба таври мустақим пешниҳод гардида, хусусияти бештари миллиро касб намудааст. Аз тарафи дигар, таҳлили объектҳои парвандаи номинатсияи “Хуттали қадим” нишон медиҳад, ки он намунаҳои гуногуни унсуроти фарҳанги миллӣ ва идеологияи таҳаммулгароиро доро мебошад. [8]

Яке аз самтҳои асосие, ки дар марҳалаи нави рушди Тоҷикистон метавонад мавриди диққат ва корбарӣ қарор гирад, ин зарфиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ-фарҳангии ЮНЕСКО мебошад.

Барои ин моро зарур аст, ки ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иқтидории ЮНЕСКО–ро омӯхта, барои рушди соҳа пешниҳодҳои мушахас манзур намоем, зеро ки дар ин раванд нақши муҳаққиқони соҳа ва олимон калидӣ аст.

Номзади илмҳои таърих, Сайҳомид Ҷаъфаров дар рисолаи илмии хеш аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг маълумот манзур кардааст. Аз ҷумла, дар рисолаи эшон зикр гардидааст:

“Ба хотири таъмини пойгоҳи моддиву техникии мактабҳои кишвар дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ЮНЕСКО як қатор кумакҳои башардӯстона расонида шуд. Вазорати маорифи ҷумҳурӣ тавассути ЮНЕСКО 200 комплекти мизу курсии талабагӣ бо арзиши 13040 доллари америкоӣ, 100 дона тахтаи синф бо маблағи 4320 доллари америкоӣ, 400 дона журнали синф бо нархи 540 доллари америкоӣ, 30 ҳазор дона дафтари талабагӣ бо арзиши 1980 доллари америкоӣ, 20 ҳазор дона ручка бо маблағи 1320 доллари америкоӣ, 1100 дона куртка (бона) ба миқдори 1100 доллари америкоӣ, 1100 дона курта бо арзиши 2200 доллари америкоӣ, 1100 дона шим бо маблағи 4400 доллари америкоӣ, 1100 ҷуфт пойафзол бо арзиши 11200 доллари америкоӣ ва, дар маҷмуъ ба миқдори 50 ҳазор доллари америкоӣ кумаки башардӯстона гирифт.” [5.64]

Ҳамчунин, дар давраи фаъолияташ ЮНЕСКО ба Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм кумакҳои зиёд кардааст, ки дар он ин матлаб дарҷ шудааст.

Аз рисола маълум мешавад, ки зарфиятҳои иқтисодии ЮНЕСКО-ро кишвари мо бештар дар самту соҳаи маориф истифода намудааст. Гарчанде айнан ҳамин хел зарфиятҳо ва имконотро барои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ истифода бурдан мумкин аст, вале то имрӯз аз он истифода нашудааст. Чунончӣ, зимни таҳқиқи бойгонии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақоми ваколатдори давлатӣ) дар бастаҳои ҳисоботӣ, гузоришӣ, ахборотӣ ва дигар оид ба кумакҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва техникии ЮНЕСКО ҳеҷ иттилооте пайдо нашуд.

Дар ин масъала муаллифон ду омили асосиро мебинанд, ки сабаби асосии бебаҳра мондани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имконият ва имтиёзҳои молиявии ЮНЕСКО гаштаанд:

- Коҳилӣ ва бетаваҷҷуҳии мутахассисони идораҳои масъули соҳа;

- Норӯшан будани мавзуъ, масъала ва надонистани зарфиятҳои иқтисодӣ.

Омили якум ба мушкилот вобаста ба салоҳияту масъулиятдории мутахассисону кормандони вазорату идораҳо иртибот дорад.

Дар омили дуюм, масъала ё мушкилот аз мо, муҳаққиқон аст, ки то имрӯз дар сатҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ҷанбаҳо ва зарфиятҳои молиявии ЮНЕСКО ва роҳҳои истифодаи мақсадноки онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодоте накардаем.

Ба ин хотир мавриди таҳлил ва баҳс қарор гирифтани ин мавзуъ саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Бояд қайд кард, ки яке аз имконот ё имтиёзи ЮНЕСКО ин “Фонди мероси ҷаҳонӣ” мебошад. Ин Сандуқ дар асоси моддаи 15 ва 16 Конвенсия оид ба мероси ҷаҳонӣ (16 ноябри соли 1972, Вена) таъсис дода шудааст.[1.15]

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Конвенсияи мазкур буда, имкони бевоситаи иштирок дар лоиҳаҳо ва дастрас кардани сармояҳои Сандуқро доро мебошад. Буҷети Фонд аз ҳисоби маблағҳои аъзоҳаққии кишварҳои аъзо ва маблағгузориҳои кишварҳои тавоно, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ғанӣ гардонида мешавад.

Аъзоҳаққии кишварҳои аъзо аз рӯйи 8 категория пардохт карда мешавад. Ҳаҷми пардохт аз 500 доллари ИМА оғоз ёфта, то 999, 999 ҳазор доллари ИМА дар як солро ташкил медиҳад. Албатта, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохтҳои болозикр дархур аст, ки он ҳам дар ду сол як маротиба сурат мегирад.

Барои иштирок дар барномаи дастрасии маблағҳои Фонд шарти асосӣ пардохт кардани аъзоҳаққӣ мебошад.

Боиси таассуф аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чандин сол аст, аъзоҳаққии худро на ин ки ба Фонд, балки аъзоҳаққии ба худи Созмони ЮНЕСКО-ро пардохт накардааст. Тавре тавассути бойгонии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумоти дастрасгардида аз ҳуҷҷатҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян, шуд дар Нақшаи солонаи Комиссияи миллӣ оид ба умури ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021, 2022, 2023 ва 2024 яке аз бандҳо мушаххасан ба мавзуи пардохт кардани аъзоҳаққии кишвар ва ҷӯстани роҳҳои ҳалли масъалаи мазкур бахшида шудааст.

Яке аз сабабҳои пардохт нагардидани аъзоҳаққӣ ин то ҳол вуҷуд надоштани суратҳисоби махсуси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо вуҷуди ҳама ҳолатҳо, вазъияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО – ро метавон мусбӣ ва дар марҳилаи рушди бемайлон дар бахши мероси фарҳангӣ арзёбӣ намуд. Танҳо қадамҳои минбаъдаро дар ин арса устувортар ва мақсаднок гузоштан зарур аст, то тавонем дар ҳифз ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва дар маҷмуъ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ муваффақ шавем.

Адабиёт:

1. Абдусаломов М. Дастурамали меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ/М. Абдусаломов. – Душанбе, 2022. 206 с.

2. Абдусаломов М. Аз таҳия то татбиқи “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-20255”/М. Абдусаломов, З. Отахон. – Душанбе, 2023. 87 с.

3. Ғафуров Б. Тоҷикон/Б. Ғафуров. – Душанбе, 2020. 971 с.

4. Сайидзода З. Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ / З. Сайидзода. – Душанбе, 2016. 608 с.

5. Ҷаъфаров С. Самтҳо ва пешомадҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг / С.Ҷаъфаров. – Душанбе, 2022. 192 с.

6. Юсуфӣ Х. Ҳифзи мероси таърихию фарҳанги-мароми ҲХДТ// Мероси ниёгон №26/ Х. Юсуфӣ. – Душанбе, 2024. 147 с.

7. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кушодани Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)” аз 12.01. 2024, №672

8. Бойгонии ҷории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон // Парвандаи номинатсионии “Хуттали қадим” соли 2024. 725 с.

9. Мулоқот бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле// аз санаи 10.06.2024 https://mfa.tj/tg/main/view/15183/muloqot-bo-mudiri-kulli-yunesko-khonum-odri-azule

10. Ancient Khuttal, Tentative Lists. Date of Submission: 12/07/2023 https://whc.unesco.org/en/tentativelists/6685/

Абдусаломов Мирзошариф Муҳабатович, муҳаққиқи ЮНЕСКО, Докторант (PhD) –и соли сеюми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.