Skip to main content

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз таърихи 16 декабри соли 2025)

1Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз ҷанбаи фалсафӣ чунин мубрамият дорад: аввалан, Пешвои муаззами миллат тавассути Паём ба вакилони Маҷлиси миллӣ ва намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дар симои онҳо ба кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар бораи дастовардҳо, муваффақиятҳо ва мушкилоти соли сипаришударо дар муқоиса бо солҳои қаблӣ бо далелҳои эътимодбахш ва илмӣ мавриди таҳлилу муқоиса қарор медиҳанд; дуюм, барои рафъи камбудиҳо ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа дастуру супоришҳо ва вазифаҳои мушаххасро пешниҳод медоранд. То масъулини соҳаҳо ва ниҳодҳои гуногун дар нақшаи чорабиниҳои таҳиякардаи худ камбудиҳои ҷойдоштаро ҷой дода, ҷиҳати бартараф кардани онҳо кушишу ғайрати бештарро сарф намоянд. Аз ин рӯ, ҳамасола Паёмҳои Роҳбари давлат барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо хизмат менамоянд. Ҳамзамон, Паём хазинаи маълумоти ошкоро, расмию дақиқ ва илмӣ буда, имкон медиҳад, ки аз он олимону донишмандони ватанию хориҷӣ дар корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ васеъ истифода баранд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ ба масъалаҳои стратегӣ ё афзалиятноки кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд, ки ба онҳо шомил мешаванд: илму маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин масъалаҳои занон ва ҷавонон. Бахусус, воқеъбинона изҳори назар карда, зирк намуданд, ки миллати босаводу дурандеш воқеан таъмингари амнияту субот, муттаҳидӣ ва ягонагӣ мебошад. Чунки дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониши мукаммали таърихӣ дошта, аз мактаби ахлоқмеҳварӣ ва фарҳангсолории гузаштагони худ сабақ андӯхтааст, касбу пешаҳои замонавиро хуб азхуд карда, хешро ба муҳити нави ҷамъиятӣ мутобиқ гардонидааст, метавонад зинадгии шоистаро барои муҳити хонаводагӣ муҳайё карда, бар замми ин, барои рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муассир гузорад.

Дар робита бо ин, Пешвои миллат сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки барои самаранок амалӣ гардидани он тамоми имкониятҳо истифода бурда мешаванд. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем.

Воқеан, тамаддуни ҷаҳонӣ дар ҳолати бархӯрдҳои шадиди сиёсӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ қарор дошта, ин раванд тақозо менамояд, ки мо ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дода, онҳоро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба гузаштаи пурғановати фарҳангӣ тарбия намоем. Чунки насли худшиносу худогоҳ метавонад дар ҳар ҳолат ҳимоятгари фарҳангу миллат ва сарзамини аҷдодии худ бошад.

Ҳамагон боварӣ ҳосил карданд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри некуаҳволии насли наврас ва ҷавонон ҳукумати кишвар тамоми чораҳоро андешида истодааст. Чӣ тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд “Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва созгор кардани шароит барои зиндагии шоистаи онҳо изҳори назар карда, барҳақ гуфтанд, ки таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад.

Воқеан, дар ҷомеаи мо қувваҳо ва гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки амнияту осоиштагӣ ва рушду инкишофи кишвару миллати моро намехоҳанд. Ҳатто байни онҳо манқуртҳое низ ҳастанд, ки пиёдакунандаи, манфиатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии кишварҳои дигар мебошанд. Барои ҳамин месазад, ки мо ғояи ваҳдати миллиро инкишоф диҳем ва дар аснои он муттаҳидии кишварамонро таъмин намоем. Чи тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд “Вақте мо сарҷамъ ҳастем, бузургии мо аз ракетаҳои ҳастаӣ дида бузургтар аст”.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро таҳлили ҳамаҷониба намуда, воқеъбинона зикр доштанд, ки “... мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Дар ҳар давру замон омӯзгор шахсияти калидии низоми таълиму тарбия мебошад, зеро маҳз ӯ ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии шогирдон, такмилдиҳандаи маҳорату малакаи касбӣ, забондонӣ, ватанпарастии хонандагону донишҷӯён буда, мураббии худшиносию худогоҳӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, илмомӯзию рушди тафаккури созандагии насли наврасу ҷавон маҳсуб меёбад.

Ба назари мо, имрӯз омӯзгорони мо бояд новобаста аз зинаи таҳсилот ба талаботи ҷомеаи муосир ва фазои ҷаҳонии таҳсилот сатҳу сифати дониш, касбияти худро мутобиқ гардонанд. Тарбиятдида, хушахлоқ, босавод, зирак, ҳушёр, тавонманд, забондон, масъулиятнок ва содиқ ба касби худ бошанд. Қобилияти кор кардан бо воситаҳои технологии муосирро дошта бошанд ва дар раванди баргузории машғулиятҳои таълимӣ, семинару конференсияҳои илмӣ-назариявӣ аз онҳо самаранок истифода баранд. Аз ганҷинаи маънавии гузаштаи миллат, оид ба арзишҳои фарҳанги моддию маънавии ниёкони худ дониши зарурӣ дошта, хотираи таърихиашон ғанӣ бошад, то дар раванди тарбияи шогирдон ба хатоӣ роҳ надиҳанд, шогирдони соҳибкасб, боистеъдод, ихтироъкору навоварро тарбия намоянд. Ҳамаи ин ба он ҳадаф бояд бошад, ки дар тафаккури таълимгирандагон холигӣ пайдо нагардад ва ин холигиро онҳо бо андешаҳои хурофотию таассубангез, парастиши фарҳанги бегона пур нагардонанд, зеро сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.

Дар Паёми имсола зикр гардид, ки пешравии ҳар гуна ҷомеа ба илм вобаста аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд. Имрӯз онҳо аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд”. Воқеан, дастгирии давлатии соҳаи илм дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, олимони кишвари мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ниёзҳои истеҳсолотро ба инобат гирифта, кашфиётҳои илмиро ҳар чи зиёд намоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илм диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд кашида истодааст, зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурофот ва бесаводиро хатарноктарин зуҳурот барои рушду инкишофи ҷомеаи тоҷик баҳогузори намуданд. Чи тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд “фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад. Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта тамоми соҳаҳо, хусусан, илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.

Вобаста ба ин раванд қайд кардан зарур аст, ки нақши давлат, махсусан ниҳодҳои мухталифи он дар эҳё, ҳимоя ва баланд бардоштани нуфузи арзишҳои маънавии миллат бағоят бузург мебошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки фазои иттилотиии кишвари мо пайваста ба ҳайси объекти ҳуҷумҳои гуногун, аз қабили тарғиби фарҳанги бегонапарастӣ, тавсеаи таассубгароию хурофотпарстӣ, идеологияи зуроварию ифротгароӣ қарор медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳимоя ва арҷгузории арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ба таҳқиқи ҳамаҷониба ниёз дорад. Зеро, имрӯзҳо таҳдидҳое пайдо шудаанд, ки ба тамомияти арзии кишварамон хатар эҷод менамоянд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъияти ногувору пуртаззоди ҷаҳони имрӯза ёдовар шуда, қайд намуданд, ки “... вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад”. Воқеан, аз ҳад зиёд сиёсӣ шудани дин ва инчунин паст будани дониши динӣ, иттилоъ дар бораи дин, чӣ шаҳрвандон ва чӣ дар байни худи диндорон боиси нигаронист ва метавонад ба амнияти кишвари мо хатар эҷод намояд. Аз номи дин ташкил кардани ҳизб ва ба мақсадҳои сиёсии худ истифода бурдани он, моҳиятан, ба ҷомеа ворид намудани зиддият, конфронтасия аст. Ҷорӣ кардани ҷудоӣ ба хотири расидан ба қудрат, нуфуз ва шуҳрат таҳдид ба пояҳои давлату миллат дорад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “... Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии мо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад”. Қайд кардан зарур аст, ки экстремизм ва терроризм, инчунин ифротишавии шуури ҷавонон яке аз омилҳои асосии баамаловарандаи таҳдид ба амнияти миллии кишвар маҳсуб меёбад. Мубориза алайҳи ин зуҳуротҳо яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар марҳилаи кунунӣ ба шумор меравад. Муқовимат ба экстремизму терроризм чораҳои самаранок оид ба муқовимат ва пешгирии онро талаб мекунад, ки барои амалӣ гаштани онҳо мавҷудияти заминаҳои дахлдори ғоявӣ зарур аст. Сабабҳои аввалияи ҳамаи муаммоҳои муҳимми тарбияи зиддиэктремистӣ ва зиддитеррористии ҷавононро дар фазои муқовимат ба идеологияи экстремизм ва терроризм бояд ҷуст. Бешубҳа, пешгирии зуҳуроти экстремизм – ин проблемаи байнисистемавӣ ва байниидоравӣ маҳсуб меёбад. Неруи мураттаб ва муназзами давлат ва ҳамаи институтҳои ҷомеаи мо алайҳи идеология ва амалияи экстремизм ва терроризм зарур аст.

Ба назари мо истиқлолият боиси зиндашавии фарҳанги миллӣ, забон, анъана гардид. Баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави инкишофи иҷтимоӣ – иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мушоҳида мешавад. Худмуайяннамоии худташакулёбии миллӣ бо суръати фаъол идома дошта, нақши геополитикӣ ва геостратегии Тоҷикистонро назди ҷомеаи ҷаҳон боз баланд бардошта истодааст. Масъалаи мазкур дар паёми имсола ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ шуд. Чи тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “... тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”. Чи тавре мо мушоҳида менамоем бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ ва доман паҳн кардани мафкураи динию мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба фарҳангу арзишҳои миллӣ хатарҳои зиёд ворид месозад. Ин раванд тақозо менамояд, ки тамоми сохторҳои давлатӣ аз ҷумла Парлумон, вазорати фарҳанг, маориф ва илм, кумитаи кор бо ҷавонон, суд, прокуратура, агенти ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва дигарон дар ҳифзу ҳимояи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллӣ бояд саҳми бориз дошта бошанд.

Дар паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи фазилати инсон, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мақоми баланд дошт. Тавре маълум аст, воқеияти замони муосир инсонро ба буҳрони маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ сохтааст, ки он аз таҷзияи донишҳои иттилоотию технологӣ ва дигаргуниҳои густардаи ҷаҳони имрӯз вобастагӣ дорад. Ҷаҳони имрӯз новобаста ба комёбиҳо ба нузули арзишҳои ахлоқӣ ва инқирози экзистенсиалӣ ва дигаршавии ҷидди фаҳмишҳои инсон рӯ ба рӯ аст, ки сабабгори дигаргуншавии фаҳмишҳои ақлонии инсон гардидааст. Насли нави имрӯз дар руҳияи постмодернистӣ тарбия ёфта, тамоилҳо ва арзишҳои умумиинсониро канор мегузорад. Вобаста ба гуфтаҳои ироашуда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ин масъала дар шакли гуфторҳои пандомези Пешвои муаззами миллат ба ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон садо дод.

Пешвои миллат гаштаву баргашта таъкид сохтанд, ки дар фарҳанги тоҷикон аз замонҳои қадим то имрӯз фазилатҳои инсонӣ, чун накӯкорӣ, адлу инсоф, озодӣ, муҳаббат ба ҳамдигар ва ғайра пояи ҷаҳонфаҳмии инсонро ташкил додаанд ва онҳоро мо набояд фаромӯш созем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар маҳсуб меёбад. Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем.

Нозим Маҳмадизода - доктори илмҳои фалсафа, професссор, директори Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон