Табрикоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бахшида ба 30-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони гиромӣ!
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор барномаи худро дар асоси манфиатҳои халқ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ амалӣ намуда, маҳбубият ва мақоми хосса пайдо намуд. Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зарурати ташкили ҳизбро ба таври мушаххас чунин таъкид намудаанд: «Тавре дар хотир доред, ҳанӯз дар давраи бисёр мураккабу сарнавиштсоз - замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад. Дар ин замина, тарҳи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро, ки баъдтар вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа онро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номидем, омода сохтем ва фикр мекунам, ки иштибоҳ накардем...».
Дар воқеъ, Сарвари муаззами ҳизб тавонист дар як муддати кӯтоҳ тараққиёти ҳама гуна шохаҳои ҳокимиятро ба маҷрои муайян дароварда, сатҳи некӯаҳволии мардумро боло бардорад. Бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор ва муттаҳидкунандаи ҷомеа табдил ёфта, шумораи аъзоёни он аз ҳисоби донишмандону меҳансолорон ва бомасъулият зиёд гардида истодааст.
Имрӯз фаъолияти назарраси ҲХДТ- ро мо пеш аз ҳама дар баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ мушоҳида карда метавонем. Дар сохтори бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ имрӯз ҳамон ҳизби сиёсие пирӯз гардида соҳиби мақому мартабаи хосса мешавад, ки барномаи он фарогир аз манфиатҳои тамоми ҷомеа бошад. Мазмуну муҳтавои барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фарогир аз манфиатҳои мардумӣ буда, муҳтавои асосиашро дар умум амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлату миллат ташкил медиҳад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Дар воқеъ таҷрибаи 30 солаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он ҳизби мардумӣ буда, ҳамеша дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти назаррас дорад. Ин фаъолияти назарраси ҳизб пеш аз ҳама аз иродаи Асосгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Шиори барномаи ҳизбро «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ташкил медиҳад, ки барҳақ амалан тасдиқи худро ёфта истодааст.
Имрӯз аъзо будан ба ҲХДТ ва фаъолияти назаррас нишон додан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи барномавии он шарафи бузургест. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар қадамҳои устувор гузошта, дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад.
30- умин солгарди таъсисёбии ҳизби фарогир аз манфиатҳои миллӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мардуми шарафманди Ватани азизамон муборак бошад!
28-уми майи соли равон дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии таъсисёбии Шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва 100-солагии олим, санъатшинос, театршинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Ташаккул ва пешрафти санъатшиносӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Конференсияро директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ профессор Насрулло Убайдулло ифтитоҳ намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронии муқаддимавӣ ва табрикотӣ саҳми кормандони шуъбаи таърихи санъат дар давоми 70 соли фаъолияти шуъба, бахусус нақши профессор Низом Нурҷоновро дар таҳқиқи анъана ва оиинҳои мардуми тоҷик, драматургия ва театри касбиву суннатӣ, мусиқӣ, рақс ва дигар соҳаҳои санъатшиносӣ назаррас арзёбӣ карда, таҷлили ин санаҳои таърихиро рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари волои миллӣ унвон кард.
Сипас мудири Шуъбаи таърихи санъати ИТБМ, профессор Аскаралӣ Раҷабов, олимони шинохта Баҳринисо Қобилова, Равшан Раҳмонӣ, Лариса Додхудоева, Муҳаммадулло Табаров, санъатшиносон аз кишвари ба мо дӯст Ӯзбекистон Баҳора Хуррамова ва Бахтишод Ғайбуллооев, инчунин ходимони ҷамъиятиву давлатӣ ва ҳунармандони шинохта Тамара Абдушукурова, Ҷӯрабек Муродов, Гулҷаҳон Бобосодиқова ва Кароматулло Олимов оид ба ташаккул ва рушди санъатшиносӣ ва саҳми бевоситаи профессор Низом Нурҷонов дар ин самт суханронӣ карданд.
Дар анҷоми конфронс ҳунармандони гурӯҳи “Шамс” чанд порча аз мусиқӣ ва сурудҳои мардумиро пешкаши ҳозирин намуданд.
Бояд зирк кард, ки нахустин роҳбари шуъбаи таърихи санъат Низом Нурҷонов буданд ва дар шуъба гурӯҳи хурди санъатшиносон дар ҳайати Н.Ҳ.Нурҷонов, В.А.Мешкерис, О.Л.Данскер ва баъдан Н.А.Белинская аввалин навиштаҳои илмиро ба нашр расониданд. Солҳои 1955-1956 дар Маскав рисолаҳои Н.Нурҷонов «Муҳаммадҷон Қосимов», «Театрии халқии тоҷик» ба нашр расид, дар Душанбе бошад аввалин маҷмӯаи санъатшиносӣ чоп шуд. Ин навиштаҳо аз аввалин корҳои таҳқиқии он солҳо дар рушди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ накши муассир гузошт.
Барои кор ва таҳқиқ шӯъба ба кормандони касбӣ ниёз дошт. Дар ҷумҳурӣ ягон мактаби олӣ ихтисосмандони соҳаи санъатшиносӣ омода наменамуд. Шӯъба ягона марказе буд, ки аз ашхоси дорои маълумоти забон ва адабиёт, рассом, санъатшинос, театршинос, киношинос тайёр менамуд ва онҳоро барои бозомӯзии асосҳои назарии ҳунарҳои бадеӣ ба марказҳои таҳқиқии ҳунаршиносии Маскаву Ленинград мефиристод.
Дар як муддати кӯтоҳ шӯъба дорои ихтисосмандони касбӣ ва ба яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқии масоили таърих ва назарияи ҳунарҳои бадеӣ – меъморӣ,санъати тасвирӣ,театр, кино, мусиқӣ ва амсоли ин (аз аҳди бостон то имрӯз) дар ҷумҳурӣ табдил ёфт ва эътибори шоиста касб кард.
Ихтисосмандони касбӣ дар шуъба ба камол расиданд ва дар заминаҳои гуногуни ҳунарҳои бадеӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифо намуданд. Аз ҷумла санъатшиносон В.А.Мешкерис, Н.А.Белинская, М.О. Рӯзиев, Н.З.Юнусова, тетршиносон М.Шарофов, М. Эркабоев, Б.Хураммова, киношиносон Аҳроров, Ҳ.Муҳаммадқулов, мусиқишиносон З.М.Тоҷикова, Э.Р.Гейзер, Б.Т.Қобилова,таърихи меъморӣ М.Мамадназаров, Р.Додобоев, таърихи фарҳанг ва ҳунар А.Раҷабов ва дигарон доир ба масоили таърих ва назарияи санъат таҳқиқоти арзишманд нигоштанд. Зумраи дигари пажӯҳишгарони шӯъба Л.Н.Винокурова, Л.Ш.Қиёмова, М.Хоркашев, С.Ҳақдодов, Л.Айнӣ, Ш.Анорқулова, Т.Мирова, М.Мирсаидов ва дигарон низ доир ба масоили муҳимми театр, санъати тасвирӣ, эҷодиёти мардумӣ низ корҳои таҳқиқӣбурданд.
Шӯъба аз ибтидои фаъолияти таҳқиқиаш ба гирдоварию баррасии жанр ва шаклҳои осори ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла мусиқӣ, театрӣ, рақси мардумӣ, саноеи амалию ҳунармандӣ муназзам кор бурд. Аз ин рӯ, таҳти роҳбарии Н.Нурҷонов ҳар сол пажӯҳишҳои саҳроии комплексии санъатшиносӣ дар манотиқи Зарафшону Суғд (Ленинобод), Кӯлобу Хатлон, вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, инчунин маҳалҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон гузаронида шуда ва намунаҳои нодири шаклу анвои осори ҳунарҳои бадеӣ гирдоварӣ мешуданд. Тавассути ин пажӯҳишоти саҳроӣ намунаҳои зиёди осори шеърию мусиқии мардумӣ гирдоварӣ ва ба навори магнитӣ сабт шуданд, ки ин осор хазинаи тиллоии Институт маҳсуб шуда ва аз лиҳози бадеӣ қаринаи худро надоранд.
Аз соли 1999 сарварии шӯъбаро доктори илмҳои таърих, профессор А. Раҷабов ба зимма дорад. Дар ин солҳо шӯъба барои амалӣ шудани барномаҳои илмӣ дар таҳияи асарҳои дастаҷамӣ доир ба таърихи фарҳанг ва санъати тоҷик нерӯҳои таҳқиқиро аз нав сафарбар намуд. Фаъолияти таҳқиқии шӯъба дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурвусъату рангин ҷараён гирифта, дар нашри асари чорҷилдаи академии «Очеркҳои таърих ва назарияи фарҳанги тоҷик» (2001, 2006, 2009, 2010), ки масоил, паҳлӯҳои норавшану проблемавии таърих ва назарияи фарҳанг, санъатҳои амалию ҳунармандӣ, тасвирӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мусиқӣ, театру кинои тоҷик ва амсоли ин бар пояи маводи навтарин бо диди нави таҳлилӣ ба риштаи таҳқиқ омадаанд.
Олимони шӯъба иштирокдори чандин конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик, мамолики муштаракулманофеъ ва Аврупо буда, бо маърӯзаву мақолаҳо арзишҳои муҳимми масоили дирӯзу имрӯзи фарҳангу ҳунари тоҷикро муаррифӣ намудаанд.
Шӯъбаи таърихи санъат имрӯз чун маркази ягонаи бонуфузи илмию таҳқиқии академӣ осор, таъриху назарияи фарҳангу ҳунари тоҷик дар ҷумҳурӣ ва бурун аз он эътибори шоиста касб кардааст.
Бо мақсади ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳифзи сарҳадоти кишвар моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи
Бо мақсади ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳифзи сарҳадоти кишвар моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ қарори дахлдор қабул гардид, ки дар асоси он дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил ва баъди чанд муддат бо қарори раёсати Шурои Олӣ дар ҳайати кумитаи зикршуда Раёсати ҳифзи сарҳад таъсис дода шуд.
Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад.
Марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад. Бинобар ин, яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар назди давлати мо ҳанӯз дар оғози ба даст овардани истиқлол қарор дошт, таъсис додани сохторҳои марзбонӣ буд. Вале айнан дар ҳамон айём кишвари мо ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин набудани ҳимояи сарҳади давлатӣ ба шумор мерафт.
Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади оммавият ва тарғибу ташвиқи варзиш ҳафтаи равон миёни олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқи варзишии футболи хурд баргузор гардид. Ҳамин аст, ки варзиш - омили муҳими солимӣ ва машғул гардидан ба он ифодагари баҳамоӣ, сулҳу оромӣ ва таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни аҳли ҷомеа мебошад.
Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба оммавият гардонидани соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои боз ҳам рушд намудани ин соҳа тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда истодаанд. Маҳз ҷавонони варзишгаро зарур меояд, ки аз ин шароитҳои фароҳам овардаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хуби истифода намуда, барои муаррифии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ кушиш ба харҷ диҳанд.
Хушбахтона барои боз ҳам рушд намудани соҳаи футболи кишвар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки онро Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ пешниҳод намуд, қабул кард.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 16 даста аз ҳисоби кормандони раёсат ва олимони ҷавони сохторҳои зертобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон байни ҳам мусобиқа намуданд. Дар ин мусобиқа дастаи Институти химия ҷойи аввал ва дастаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷойи дуюмро ишғол намуданд. Имрӯз мусобиқаи хурди футбол бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷамбаст гардид.
Нимаи дуюми рӯзи 24 майи соли равон дар толори калони маҷлисии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Масъалаҳои фарҳанги муосири бадеии тоҷик» бахшида ба бузургдошти файласуф ва санъатшиноси тоҷик Саъдулло Раҳимов баргузор гардид.
Дар оғоз директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АМИТ, Маҳмадизода Нозим Давлатмурод миззи мудавваро ифтитоҳ карда, қайд кард, ки воқеан, фарҳанг сатҳи муайяни таърихии рушди ҷомеа, неруи эҷодӣ ва қобилияти инсон, ки дар шаклу намудҳои гуногуни ташкили ҳаёт, таҳияи арзишҳои моддию маънавӣ зоҳир мегардад, фаҳмида мешавад. Ченаки муайянкунанда, асоси ҳаётии инсон ва чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ баҳо додаанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”.
Қайд гардид, ки вобаста ба вусъатёбии раванди бархӯрди тамаддунҳо донишмандони ҷомеашиноси тоҷикро масъулияту вазифа пеш меояд, ки беш аз пеш ҳимоят аз арзишҳои фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷикон ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани онҳо талош варзанд.
Дар идомаи ин андешаҳо доктори илмҳои фалсафа, профессор Б. Самиев ба масоили фарҳанги ҷомеаи муосири кишвар таваҷҷуҳ дода, зикр дошт, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги тоҷик чӣ дар даврони шӯравӣ ва чӣ дар давраи истиқлол саҳми фарҳангшиноси варзида, олими пурмаҳсул Саъдулло Раҳимов беназир аст, зеро шодравон на танҳо дар таҳқиқ ва баррасии фарҳанги зебоишиносии тоисломии миллати тоҷик, балки дар рушд ва рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи фарҳанги зебоишиносии миллӣ хидматҳои бориз кардааст.
Доктори илмҳои фалсафа аз Институти фармасевтии ш.Тошкент Х. Абдураҳманов дар мавзуи “Манбаъҳои иҷтимоӣ-ахлоқии ташаккули фарҳанги ҷавонон” сухан гуфта, қайд кард, ки минбаъд корҳои пажуҳишӣ дар соҳаи фарҳанг байни олимони ин ду кишвар вусъат дода шуда, боварии комил дорам таҳқиқҳои арзандае дар ин ҳамкориҳо рӯи кор меояд. Мавсуф доир ба татбиқи сиёсати ҷавонон дар Ӯзбекистон ибрози андеша карда, тазаккур дод, ки олимони ҷавони ду кишвар, ки ояндаи пешрафти илмҳои ҷомеашиносӣ ва фарҳанг аз онҳо алоқамандӣ дорад, бояд чунин ҳамоишҳои илмӣ миёни олимони ҷавони ду кишвар беш аз пеш ба роҳ монда шавад.
Дар ин миззи мудаввар олимони соҳа зиёд иштирок доштанд ва онҳо роҷеъ ба пешрафту мушкилотҳои ҷойдоштаи фарҳанг мубодилаи афкор карда, хулоса карданд, ки пешрафти соҳаи фарҳанг аз пажуҳишҳои фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавонони болаёқат вобастагии ногусастанӣ дорад.
24 майи соли равон бахшида ба рӯзи байналмилалии Морхур Конференсия баргузор гардид. Ба кори конфронс раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ҳусни оғоз бахшида, доир ба моҳияти баргузории конфронс суханронӣ намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Ҳамдамзода Ҷ. суханронӣ намуда, доир пазируфтани ташаббуси навбати Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани “Рӯзи байналмилалии морхур” тариқи қатъномаи дахлдор аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид фикру андешаҳои хешро баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин қатънома аҳаммитяи бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхурро хамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст. Дар он инчунин аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхур, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, қайд карда шудааст. Бо қабул гардидани қатъномаи мазкур рӯзи 24 май “Рӯзи байналмилалии морхур” эълон гардид. Дар ҷараёни конфронс аз ҷумлаи олимону академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ягона ниҳодест, ки дар пешбурди сиёсати илмии кишвар ва барои баланд бардоштани муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ саҳм бузург дорад. Бояд гуфт, ки олимону академикон ва дигар кормандони академия ҳамеша дар ҷустуҷӯи илм пешравӣ ва муваффақиятҳо саҳм мегузоранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки илму маориф бо ҳам талъаманд ва бо ин мақсад имрӯз 22.05.2024 Шарипов Толиб – ходими пешбари илмии Маркази татқиқоти технологияи иноватсионии конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Зеҳни сунъи” баргузор намуд. Дар баргузории конференсия ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пешсаф иштирок намуданд.
Ба кори конфронс ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида муҳтавои конференсияро ба иштирокдорон фаҳмонд ва дар суханро ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳр вогузор кард, дар идома ноиби президент Амонзода Илҳом Темур оид ба мавзуи интихобшуда маъруза намуданд. Ҳамзамон Шарипов Толиб – ходими пешбари илмии Маркази татқиқоти технологияи иноватсионии тариқи презентатсия ба иштирокдорон нишон дода иштирокдоронро аз муҳтавои асосии конференсия бохабар намуд.
Нимаи дуюми рӯзи 21 май дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар баргузории конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ноибони навтаъини президенти академия иштирок намуданд.
Ба кори конфронс нахуст Зиёев Субҳиддин – номзади илмҳои филология, Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳиро ба президенти академия миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Зимни баромади хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба ғамхориҳову дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки ҳануз аз замонҳои нав сари қудрат омаданашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри дорои нерӯи тавоно хитоб карда гуфта буданд, ки “Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд” пас моро мебояд, ки барои сазовор гаштани ин суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат кушиш ба харҷ дода, барои дар амал татбиқ намудани илм ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани он, чун гузаштагони хеш Ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони баруманди миллат хизмат намоянд.
