Skip to main content

Гурӯҳи олимон аз Муассисаи илмию таҳқиқотии «Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва доктори илмҳои табиатшиносӣ Лю Ге Ю аз Институти техникии физика ва химияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой аз 22 то 25 майи соли 2025 ба кори саҳроии муштарак сафарбар гардиданд.

Мақсади асосии кори саҳроии муштарак ин омӯзиши растаниҳои худрӯйи Тоҷикистон буда, дар ин замина мушаххас кардани намудҳои растаниҳои потенсиалӣ ва гирдоварии намунаҳои гербарии растаниҳои худрӯйи Тоҷикистон самтҳои асосии фаъолияти муштарак ба ҳисоб мерафт.

Зимни иҷрои корҳои саҳроии муштарак иштирокчиёни экспидитсия аз як қатор мавзеъҳо, ки табиат ва флораи бой доранд, аз он ҷумла ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод, Оби Гарм, Роғун, Варзоб ва шаҳри Душанбе дидан намуданд. Бояд қайд кард, ки олимон ҳангоми иҷрои корҳои экспидитсионӣ аз пойгоҳҳои муҳими илмӣ ва таҳқиқотӣ боздид карданд, ки инҳо мебошанд:

  • Боғи куҳии Кондара (ноҳияи Варзоб);

  • Стансияи таҷрибавии Сиёҳкуҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ АМИТ;

  • Боғи Ирами шаҳри Душанбе;

  • Гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ АМИТ.

Натиҷаҳои асосии кори саҳроии муштарак

Дар давоми корҳои саҳроии муштарак зиёда аз 100 намуди растаниҳои барои намунаҳои гербарӣ ҷамъоварӣ ва омода карда шуданд, ки ин намунаҳо барои таҳқиқоти минбаъдаи илмӣ ва баррасии растаниҳои табиӣ истифода хоҳанд шуд.

Зимни иҷрои корҳои саҳроии муштарак мубодилаи илмӣ ва таҷрибавии кормандони Муассисаи илмию таҳқиқотии «Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти техникии физика ва химияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой ба амал оварда шуд, ки ба манфиати олимони ҳарду тараф ба ҳисоб меравад.

Муҳимият ва самти ҳамкории муштарак

Ин сафар дар доираи ҳамкории илмии байни Муассисаи илмию таҳқиқотии «Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти техникии физика ва химияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой, махсусан таҳқиқоти муштараки соҳаи маҳсулоти табиӣ ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон сурат гирифт.
Ҳадафи асосӣ - баланд бардоштани маърифат ва табодули таҷрибаи олимони ҳарду кишвар барои беҳтар намудани донишҳо ва таҷрибаҳо дар бораи растаниҳои минтақа ва истифодаи онҳо мебошад.