Ҳар миллате, ки худро мешиносад, таърихи худро пос медорад ва озодона зиндагӣ мекунад, сазовори ифтихор аст. Барои миллати тоҷик, 9-уми сентябр танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин рӯз рамзи эҳёи давлатдорӣ, рамзи ягонагии миллӣ ва нишонаи бебаҳои истиқлолияти давлатӣ аст.
Дар ин рӯз 9-уми сентябри соли 1991 — Тоҷикистон ба ҷаҳониён эълон кард, ки дигар зери ҳеч зулме нахоҳад монд. Мо озодем! Мо соҳибдавлатем! Мо миллате ҳастем бо забон, фарҳанг, арзишҳо ва сарнавишти худ!
Истиқлол — оғози роҳе буд, ки ҳар қадамаш пур аз талош, гиря ва шодист
Соли 1991 Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, аммо ин озодӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Солиҳои аввали истиқлол, Тоҷикистони азиз ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хуни бародар рехт, садҳо ҳазор одамон бе хонаву дар шуданд, ҷомеа парешон гашт.
Аммо дар ҳамин давраи бисёр душвор, иродаи қавии мардум ва сиёсати хирадмандонаву меҳандустонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро ба сӯи сулҳу субот раҳнамун сохт. Мо ҳамчун миллат аз миёни оташу дуд бархостем. Мо сулҳро худамон сохтем. Мо Ватанро дубора бунёд кардем.
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ХУДСОЗИҲОСТ
Бо шарофати истиқлолият, имрӯз Тоҷикистон тавонистааст дар харитаи ҷаҳон мавқеи устувор касб намояд. Хушбахтона Ҷумҳурии мо имрӯз дорои парчам, нишон ва суруди миллӣ аст. Забони тоҷикӣ — ҳамчун забони давлатӣ дар саросари кишвар мавқеи шоистаро ишғол мекунад. Мактабу донишгоҳҳо, роҳу пулҳо, нерӯгоҳу шифохонаҳо, марказҳои фарҳангиву варзишӣ сохта шуданд. Ба он кишваре, ки як замон барқ надошт, имрӯз НБО "Роғун" нуру қувват мебахшад.
Ҷавонони мо имрӯз дар донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон таҳсил мекунанд. Дар майдонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Ҳунармандону варзишгарони мо парчами давлатро дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ боло мебардоранд. Ин ҳама нишонаҳои онанд, ки истиқлолият ба мо на танҳо озодӣ, балки имконият дод.
ВАҲДАТ — МЕВАИ ШИРИНУ САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Бидуни сулҳ истиқлолият маънӣ надорад. Хушбахтона, мо тоҷикон имрӯз дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарему хушҳолу хушбахтем. Дар саросари кишвар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Мо ҳоло аз ҳарвақта бештар якҷоем, якзабонем ва якмиллатем.
ИСТИҚЛОЛИЯТ ФАҚАТ ЯК ҶАШН НЕСТ — Ӯ МАСЪУЛИЯТ АСТ
Мо бояд ҳар рӯз қадри истиқлолро донем, нафаре, ки ба забони модарӣ сухан мегӯяд, истиқлолро ҳифз мекунад, нафаре, ки Ватанро дӯст медорад, онро обод мекунад, ба қадри сулҳу осоиштагии комил мерасад соҳиби ҳақиқии Ваиану истиқлол аст.
Ҳар як ҷавони тоҷик бояд дарк кунад, ки ояндаи истиқлол дар дасти ӯст. Мо на танҳо бояд аз гузашта ифтихор кунем, балки имрӯзро созем ва фардоро бунёд намоем.
Бо ифтихор мегӯем:
- Мо миллати сулҳпарварем!
- Мо ворисони тамаддуни қадимаи ориёием!
- Мо соҳибистиқлолем!
- Мо тоҷикем!
- Зинда бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон!
- Зинда бод Тоҷикистони озоду обод!
- Зинда бод миллати сарбаланди тоҷик!
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 -уми ихтисоси идоракунии давлатии
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Имрӯз, 14 апрел бахшида ба Рӯзи илми тоҷик як гурӯҳ олимону муҳаққиқон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати пос доштани хотири аҳли илму адаб ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо ба оромгоҳи бузургон сафарбар гардиданд.
Дар ҷараёни ин иқдоми маънавию фарҳангӣ иштирокдорон аз оромгоҳи шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва дигарон боздид намуда, бо гузоштани гулчанбару гулдастаҳо хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд.
Зимни ин маросим таъкид гардид, ки гиромидошти осору мероси илмӣ ва адабии чунин шахсиятҳои бузург барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун манбаи илҳом ва худшиносии миллӣ хизмат намуда, дар таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Таъкид гардид, ки саҳми олимону мутафаккирони тоҷик дар рушди илму фарҳанги миллӣ бениҳоят арзишманд буда, онҳо бо осори гаронмояи худ дар ташаккули тафаккури илмӣ, рушди забону адабиёт ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши муассир гузоштаанд.
Зикр гардид, ки эҳтиром гузоштан ба хотираи чунин фарзандони фарзонаи миллат на танҳо як амали рамзӣ, балки як рукни муҳими тарбияи маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, 13 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили Шурои занон дар мавзуи “Нақши ҷаҳонбинии илмӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҷаҳонбинии илмӣ пояи асосии ташаккули тафаккури солим ва худогоҳии миллӣ мебошад. Қайд гардид, ки дар шароити муосир равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат рушд мекунанд, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тақвияти арзишҳои фарҳангӣ бе такя ба донишҳои илмӣ ва таҳқиқоти амиқ ғайриимкон аст.
Гуфта шуд, ки ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди тафаккури интиқодӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, метавонанд дар тарбияи насли худшинос ва ватандӯст саҳми назаррас гузоранд. Дар ин замина, нақши муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар тарғибу ташвиқи донишҳои муосир ва рушди иқтидори зеҳнӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид гардид, ки занон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа метавонанд дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас саҳми арзанда гузоранд. Аз ҷумла, тавассути тарбияи дуруст дар оила, рушди маърифати фарҳангӣ ва дастгирии таҳсилу тадқиқоти илмии фарзандон, онҳо метавонанд дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои суннатӣ нақши муассир бозанд.
Дар идомаи маҳфил як зумра аз занону бонувон дар маърузаҳои хеш доир ба дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти илмию ҷамъиятии занон ибрози назар намуданд. Зикр гардид, ки сиёсати иҷтимоии давлат дар самти дастгирии занон барои рушди қобилияти зеҳнӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа заминаи устувор фароҳам овардааст.
АЗ ТАЪМИРИ АСОСӢ БАРОВАРДАНИ ГАНҶИНАИ ФОЛКЛОР ДАР ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКИИ АМИТ
Имрӯз, 13 апрел бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону кормандон, Ганҷинаи фолклори Институт, пас аз солҳои тулонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Зимни ифтитоҳ иттиллоъ дода шуд, ки ганҷинаи мазкур дорои маводи нодири фолклорӣ, аз ҷумла дастхатҳо, сабтҳои овозӣ, матнҳои шифоҳии мардумӣ, намунаҳои эҷодиёти даҳонӣ ва дигар осори арзишманди фарҳангии миллати тоҷик мебошад. Таъмири асосии он бо мақсади ҳифз, нигоҳдорӣ ва муаррифии беҳтари мероси ғайримоддии миллӣ анҷом дода шуда, барои муҳаққиқон ва олимон шароити мусоиди илмӣ фароҳам овард.
Таъкид шуд, ки эҳё ва ба истифода додани чунин ганҷинаҳо дар самти омӯзиш, гирдоварӣ ва таҳқиқи фолклори тоҷик аҳаммияти хос дошта, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ нақши муҳим мегузорад.
Зикр гардид, ки дар доираи корҳои таъмири асосӣ шароити нигоҳдории мавод ба талаботи муосир мутобиқ гардонида шуда, утоқҳои махсус бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла низоми танзими ҳарорат ва намнокӣ, рафҳои махсус барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, инчунин шароити мусоид барои рақамисозӣ ва коркарди илмии мавод фароҳам оварда шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки осори нодири фолклорӣ на танҳо ҳифз карда шаванд, балки ба таври васеъ мавриди омӯзиш ва истифодаи муҳаққиқон қарор гиранд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки бо ба истифода додани ганҷинаи таҷдидшуда имкониятҳои нави таҳқиқотӣ барои олимон, магистрантон ва докторантон фароҳам омада, заминаи мусоид барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳияи рисолаҳо ва нашри осори илмӣ муҳайё мегардад.
Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии мардумии Чин мушовири президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Фарҳод Анвар ба шаҳри Пекин барои шиносоӣ ва табодули андеша бо муасисаҳои илмию таълимӣ аз ҷумла Донишгоҳи нақли
Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии мардумии Чин мушовири президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Фарҳод Анвар ба шаҳри Пекин барои шиносоӣ ва табодули андеша бо муасисаҳои илмию таълимӣ аз ҷумла Донишгоҳи нақлиётии Пекин ва Донишгоҳи политехникии Пекин дидан карданд.
Дар сафар профессор Қодирзода Фарҳод Анварро котиби генералии иҷроияи “Маркази ҳамкории таҳсилоти олии Чин-СҲШ-Осиёи Марказӣ”, ҷаноби Бай Цзиньци, намояндаи доимии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Чин, ҷаноби Хе Кантай ҳамроҳи намуданд.
Дар вақти суҳбат бо муовини ректори Донишгоҳи нақлиётии Пекин ҷаноби Гао Лян профессор Қодирзода Фарҳод масъалаи ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ, илмӣ- тадқиқотӣ изҳори назар намуда, барои ҳамкорӣ ҳамтоёни Чиниро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даъват намуданд.
Имрӯз, 11 апрел бо ибтикори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Расадхонаи астрономии Ҳисор бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва тамаддунии мардуми ориёӣ, рамзи эҳёи табиат, покизагӣ, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб меравад. Қайд гардид, ки таҷлили ин ҷашни бостонӣ дар муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла дар марказҳои таҳқиқоти астрономӣ, бозгӯи пайванди амиқи илму фарҳанг буда, ба таҳкими ҷаҳонбинии илмии ҷомеа мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки Расадхонаи астрономии Ҳисор ҳамчун яке аз марказҳои муҳими илмӣ дар кишвар дар рушди илми астрономия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас дорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки омӯзиши коинот ва падидаҳои осмонӣ аз замонҳои қадим бо ҷашни Наврӯз иртибот дошта, ниёгони мо аз рӯи ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ фарорасии баҳор ва соли нави астрономиро муайян менамуданд.
НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ДАР БИНОИ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ БЕХАТАРӢ, АМНИЯТ ВА КАФОЛАТҲОИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
Имрӯз, 10 апрел, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳамроҳии як гурӯҳ олимону кормандон дар бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз макони насби панелҳои офтобӣ дидан намуда, пурра аз тарзи кори панелҳои офтобӣ аз наздик шинос гардиданд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқ ва рушди иқтисодиёти “сабз” кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба роҳ мондаанд. Дар ин замина, аз ҷониби кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ панелҳои офтобӣ таҳия ва омода карда шуда истодаанд, ки ба рушди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мусоидат менамоянд.
Таъкид гардид, ки насби чунин таҷҳизоти муосир имконият фароҳам меорад, то муассиса бо неруи барқи тоза ва аз лиҳози экологӣ безарар таъмин гардида, ҳамзамон сатҳи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ баланд бардошта шавад. Ин иқдом инчунин метавонад ҳамчун намунаи таҷрибаи пешқадам барои татбиқи технологияҳои “сабз” дар дигар муассисаҳои илмӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хизмат намояд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо мақсади сарфа кардани нерӯи барқ минбаъд тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таълимие, ки сохта ба истифода дода мешаванд, бояд панелҳои офтобӣ насб карда шавад. Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони илмии Академияи миллии илмҳо сохта ба истифода додан ва насби панелҳои офтобӣ ба роҳ монда шуд.
Мушовири президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Фарҳод Анвар дар чорабинии бахшида ба 130 - солагии Донишгоҳи нақлиёти Сиан иштирок намуд.
Мушовири президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Фарҳод Анвар дар чорабинии бахшида ба 130 - солагии Донишгоҳи нақлиёти Сиан иштирок намуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ Форуми байналмилалии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Осиёи Миёна ва давлатҳои Аврупо баргузор карда шуд. Дар суханронии худ профессор Қодирзода Фарҳод дар мавзуи форуми мазкур, ки бо номи «Роҳ ба сӯи тарбияи рушди истеъдодҳои оянда» ташкил карда шуда буд, як чанд пешниҳодҳои ҷолиб манзури ҳозирин намуда, мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисони соҳа қарор гирифт.
Бояд ёдовар шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи нақлиёти Сиан барномаи табодули академӣ дар самти аспирантура ва докторантура ба роҳ мондааст.
Дар асоси барномаи мазкур довталабон дар риштаҳои гуногуни ин зинаи таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Инчунин, дар асоси шартномаи ҳамкорӣ аз ҷониби донишгоҳи мазкур бинои маркази муштараки технологияҳои иттилоотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бинои хобгоҳ барои 142 нафар аспирантон ва докторантони ҷавон сохта ба истифода дода мешавад.
ТАШРИФИ САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ, СОХТМОНИ БА ЗАМИНҶУНБӢ ТОБОВАР ВА СЕЙСМОЛОГИЯИ АМИТ
Имрӯз, 10 апрел Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф овард.
Қабл аз оғози ҳамоиши илмӣ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ҳамроҳ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов бо мақсади гиромидошти хотираи академик Қаниш Сетбаев ва арҷгузорӣ ба саҳми ӯ дар рушди илми геологияи тоҷик дар назди лавҳаи ёдгории ӯ гулчанбар гузоштанд.
Сипас, дар доираи сафари мазкур дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки саҳми академик Қаниш Сетбаев дар рушди илми геологияи тоҷик, таҳкими пояҳои мактаби геологии миллӣ ва тарбияи мутахассисони соҳа басо назаррас мебошад. Зикр гардид, ки осори илмии ин шахсияти барҷастаи илми геология то имрӯз дар таҳқиқотҳои муосири геологӣ ҳамчун манбаи муҳими илмӣ истифода бурда мешавад.
Дар идома Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов қайд намуд, ки ҳамкориҳои илмӣ ва техникии миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар самти илмҳои геология, сейсмология ва омӯзиши равандҳои геодинамикӣ, дорои дурнамои васеъ мебошанд. Таъкид гардид, ки мероси илмии академик Қаниш Сетбаев барои рушди мактаби муосири геология дар минтақа аҳамияти бузург дошта, имрӯз низ ҳамчун манбаи муҳим барои таҳқиқоти илмӣ хизмат мекунад.
Ҳамзамон меҳмонон аз музей ва Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, бо дастовардҳои илмӣ, таҷҳизоти муосири назоратӣ ва фаъолияти шабонарӯзии марказ дар самти омӯзиш ва сабти ларзишҳои сейсмикӣ шинос гардиданд.
Дар ҷараёни шиносоӣ ба меҳмонон маълумот оид ба низоми мониторинги сейсмикӣ, имкониятҳои техникии марказ, инчунин корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти пешгӯии хавфҳои зилзила ва таҳлили равандҳои геодинамикӣ пешниҳод карда шуд.
