Skip to main content

«Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саҳодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад»

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон- як ҷашни муҳими миллӣ мебошад, ки ҳар сол 9 сентябр таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ифтихори милии халқи тоҷик аст. Он на танҳо як санаи таърихӣ, балки ифодагари орзуи деринаи миллат барои доштани давлати мустақил ва соҳибихтиёр аст.

Санаи 9 сентябри соли 1991, дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эъломияи истиқлолият қабул гардид. Ин қадами бузург баъд аз садҳо сол ҳукмронии империяҳои гуногун ва ҳукумати Шӯравӣ, Тоҷикистонро ба як давлати мустақил табдил дод. Аммо, ин роҳ осон набуд. Кишвар дар оғози истиқлолият бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд.

Истиқлолияти барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Ин ҷашн имконият медиҳад, ки мо ба гузаштаи пуршарафи худ назар андозем, ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги бою ғании худ эҳтиром гузорем. Дар ин рӯз, дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва консертҳо баргузор мегарданд. Ин рӯз на танҳо як ҷашни расмӣ, балки рӯзи ифтихор аз забон, фарҳанг ва таърихи миллати тоҷик аст.

Дар олами муосир, гарчанде ки аксари давлатҳо соҳибистиқлоланд, фишорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз ҷониби давлатҳои бузург ва созмонҳои байналмилалӣ метавонанд истиқлолияти онҳоро зери хатар гузоранд. Аз ин рӯ муҳим аст, ки ҳар як давлат барои ҳифз ва таҳкими истиқлолияти худ мубориза барад.

Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Инҳо баъзе аз муҳимтарин дастовардҳо мебошанд:

Таъмини сулҳ ва якпорчагии миллӣ
Яке аз муҳимтарин дастовардҳо ин барқарор кардани сулҳ ва оштӣ буд. Соли 1997 дар Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва барои рушди минбаъдаи кишвар замима гузошт.

Рушди иқтисодӣ

Иқтисодиёти Тоҷикистон аз солҳои 1990 то ҳол рушд карда истодааст. Баландшавии маҳсулоти дохилӣ, афзоиши сармоягузорӣ ва беҳтар шудани инфрасохтор, бахусус дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт мушоҳида мешавад.
Сохтумони оншооти бузург

Дар даврони истиқлолият, як қатор иншооти муҳими стратегӣ ба монанди нерӯгоҳи барқи обии (НБО) Роғун, нерӯгоҳи барқи обии (НБО) Сангтӯда- 1 ва Сангтӯда- 2, нерӯгоҳи барқи обии (НБО) Себзор, нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ва яке аз мушкилтарин қитъаҳои шоҳроҳи «Душанбе-Қулма» - қитъаи роҳи «Қалъаи Хумб-Ванҷ-Рӯшон» сохта шуданд.

Мустаҳкам кардани робитаҳои хориҷӣ

Тоҷикистон узви ташкилотҳои байналмилиалӣ, аз ҷумла Созмони Милиали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои бонуфуз гардида, робитаҳои дипломатиро бо кишварҳои мухталиф густариш дод.

Истиқлолияти давлатӣ танҳо як ҳодисаи таърихӣ нест, балки раванди доимӣ мебошад, ки масъулият ва саъю кӯшиши доимии ҳар як фарди ҷомеаро талаб мекунад. Он аз ваҳдати миллӣ, эҳтироми мутақобила ва кори фидокоронаи тамоми мардум вобаста аст. Ин аст, ки мо набояд аз ёд барорем, ки озодӣ ва истиқлолияти кишвар кори дастаҷамонаи наслҳост, ки онро барои ояндаи неки Ватан саҳм мегузоранд. Танҳо ҳамин тавр метавон итминон дод, ки истиқлолият на танҳо пойбарҷо хоҳад монд балки боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.

Илолов Хурсанд-директори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар ВМКБ