Илм ҳамчун омили рушди ҷомеаи Тоҷикистон: дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар
Рушди илм асоси пешрафти иҷтимоию иқтисодии ҳар як кишвар мебошад. Дар Тоҷикистон, ки аз захираҳои табиӣ ва инсонӣ бой аст, илм дар таъмини рушди устувор ва навсозии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Аз замони соҳибистиқлолӣ ҳукумати Тоҷикистон барои пешбурди илм қадамҳои назаррас гузошта, институтҳои нави илмию таҳқиқотӣ таъсис дода, сохторҳои мавҷударо навсозӣ намуда, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои илмиро афзоиш додааст.
Дар суханронии худ дар мулоқот бо ходимони илму маориф Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаҳои калидии рушди илмро дар кишвар солҳои охир таъкид намуда, самтҳои афзалиятноки ояндаро муайян карданд. Мақсади асосии вохӯрӣ муҳокимаи муваффақиятҳо ва мушкилоти ҷорӣ дар соҳаи илм, инчунин муайян кардани тадбирҳои зарурӣ барои баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва тайёр кардани кадрҳо буд.
Президент кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон манбаи муҳими зеҳнӣ мебошад. Ӯ қайд кард, ки ҳукумати мамлакат барои рушди ҳамаҷонибаи илм ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони ин соҳа тамоми шароитро фароҳам овардааст. Саҳми илм дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатпазирии он бе иштироки фаъоли сармояи инсонӣ ғайриимкон аст, аз ин рӯ мақоми илм ва олимон дар ҷомеа давра ба давра баланд мешавад.
Дар байни дастовардҳои асосӣ таъсис ва дастгирии институтҳо ва марказҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ, беҳтар кардани заминаи моддӣ-техникии илм, инчунин сармоягузории назаррас ба лоиҳаҳои илмӣ ҷудо карда шуданд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии мамлакат, аз ҷумла илму маориф зиёда аз 1400 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст. Ин имкон дод, ки сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар карда шавад ва сатҳи камбизоатӣ аз 83% дар соли 1999 то 21,2% дар соли 2023 коҳиш дода шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карданд, ки бо вуҷуди муваффақиятҳои ба даст овардашуда, саҳми илми ватанӣ дар ММД-и кишвар ҳамагӣ 0,1% - ро ташкил медиҳад, ки ин нокифоя аст. Дар робита ба ин, ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтори академияи миллии илмҳо ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии он зарур аст. Мушкилоти самаранокии пасти кори баъзе кормандон ва омодагии нокифояи кадрҳои илмӣ нишон дода шуданд, ки таҳияи меъёрҳои нави арзёбии фаъолияти муассисаҳои илмиро талаб мекунад.
Президент самтҳои афзалиятноки рушди илмро, аз ҷумла модернизатсияи иқтисоди миллӣ, рушди энергетика ва иқтисоди "сабз", иқтисоди рақамӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъиро муайян намуд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо ҳавасмандии кормандони илм, беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ ва аҳамияти амалии онҳо, инчунин ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ва ихтироъкорӣ зарур аст.
Дар хотима, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки илм ва маориф дар пешрафти давлат ва озод кардани ҷомеа аз бадбахтиҳо, аз қабили радикализм, хурофот ва ҷаҳолат нақши калидӣ доранд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки олимони тоҷик рисолати худро бо садоқати баланди ватандӯстона иҷро намуда, дар таҳкими хотираи таърихию фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Ходими хурди илмии шуъбаи сотсиология Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Гардоншоев А.М.
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Роҳбарони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, санаи 25 декабри соли 2024 зимни нишасти шашуми ин иқдом дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, воқеъ дар шаҳраки Академия бо иштироки академики АМИТ Мирсаидов Улмас дар мавзуи “Илмат ба амал чу ёр гардад..” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар раванди чорабинӣ Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба ҷанбаҳои гуногуни баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба илму олимон сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуд.
Академик Улмас Мирсаидов ниҳоят маърӯзаи саривақтӣ ва муҳиму пурмуҳтаво ироа намуданд, ки аз ин сӯҳбат ҳозирин ва олимони ҷавони АМИТ бардоштҳои муфид гирифтанд.
Академик Мирсаидов У. қайд намуданд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки дар пешрафту тариққиёт ва муаррифии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
Пеш аз ҳама дониш омӯзем, ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияту тафаккури илмиамонро тақвият бахшем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем, аз таъриху фарҳангу забони пурғановатамон бархурдор бошем ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, марзу буми кишвар, Истиқлолу Ваҳдати миллиамон омода бошем.
Дар байни экспонатҳои Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон меҳроби Ашт, ки мутаалиқи асри 10 мелодӣ мебошад, ҷои махсусро ишғол мекунад. Ин меҳроб яке аз нодиртарин ёдгориҳои гилин мебошад, ки то имрӯз боқӣ мондааст. Мехроби гилин кандакорӣ кардашудаи Ашт
Дар байни экспонатҳои Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон меҳроби Ашт, ки мутаалиқи асри 10 мелодӣ мебошад, ҷои махсусро ишғол мекунад. Ин меҳроб яке аз нодиртарин ёдгориҳои гилин мебошад, ки то имрӯз боқӣ мондааст. Мехроби гилин кандакорӣ кардашудаи Ашт борҳо диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб кардааст. Дар он, чун дар кандакории бадеии руичӯбии он замон, усули ғании ороишгарӣ бо дақиқии махсуси моҳиронаи бебаҳо бо эҷоди нақш омезиш ёфтааст. Дар қисмати болоӣ бо хатти куфӣ Сураи 23- уми Қуръон Сураи Муъминун ояти 1 ва 2 навишта шудааст.
(Қисмати болоии дарозиаш 8 см, бар-70 см умқ-30 см. Қисмати дарозиаш 107 см, бар-70см ғафсиаш-2-2,5)
Таърихи тамаддуни башарият аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамон халқе аз ҷаҳолату нести раҳо меёбад, ки наслҳои он соҳиби мафкура ва ҷаҳонбинии солим бошад. Мафкура ва ҷаҳонбинии солим ба рушди маънавиёти ҷомеа вобастагии амиқ дорад. Таҷрибаи ҳаёти инсоният собит намудааст, ки дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ унсури асосии тамаддун ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад. Ҷаҳонбинӣ аз илму дониш маншаъ гирифта, дар ташаккули шахс ва рушди он нақши меҳварӣ дорад.
Дар шумораи нави нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон "Минбари халқ" мақолаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зери унвони "Мафкураи солим ва дониши мукаммал - омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа нашр гардидааст. Дар мақолаи мазкур таҳлилҳо доир ба рушду пешрафти соҳаи илм дар замони соҳибистиқлолии кишвар оварда шудаанд.
Дар мақола зикр гардидааст, ки аҳамияти илму донишро ҳанӯз аз аҳди бостон мутафаккирони мухталиф, махсусан донишмандони тоҷик иброз намудаанд.
Воқеан ҳам тоҷикон, чун дигар халқҳои тамаддунофар, ба илму дониш аз ибтидо арҷ гузошта, дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ тавассути фарзандони фарзона дар рушду инкишофи илми ҷаҳонӣ саҳми муносиб гузоштаанд.
Гуфта шудааст, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёре аз муассисаҳои илмӣ аз нав таъмир шуда, пояи моддию техникии онҳо барқарор гардид. Ҳамчунин, бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимони ҷавон тадбирҳои судманд андешида шуданд.
Таъкид шудааст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешбарандаи соҳа ва тамоми олимон аз рӯзҳои нахуст вазифа гузоштанд, ки илм ба шароити нав мутобиқ карда шавад.
Имрӯзҳо зери сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои ободкоронаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамкориҳо бо ҳамтоёни хориҷӣ рушд ёфта, барои беҳтарсозии шароити кории олимону муҳаққиқони ҷавон марҳила ба марҳила ниҳодҳои пешбарандаи илмии дар тобеияти академиябуда, бо технологияҳои наву замонавӣ, муҷаҳаз шуда истодаанд.
Имрӯз (23.12.2024) бо мақсади дар амал татбиқ намудани илм дар истеҳсолот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз муҷаҳазгардонии таҷҳизотҳои сейсмикӣ ва озмоишӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ дода шудааст дидан намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2022 дар Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳони “Тақвияти омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва устуворӣ дар Тоҷикистон (PREPARED)” амали шуда истодааст.
Амали гардонидани зербанди 2.4. «Мустахкам намудани база барои таъмини устувории конструктивй ва сейсмикй (Укрепление базы для обеспечения конструкционной и сейсмической устойчивости)» лоихаи мазкур аз тарафи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо идоракунии гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои Вазорати молияи ҶТ иҷро шуда истодааст.
Дар марҳилаи аввали татбиқи зербанди 2.4. лоиҳаи PREPARED мустаҳкамкунии базаи моддию техникии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ташкил намудани мушоҳидаҳои ларзиши замин, бинохо ва иншоотхо ҳангоми заминларзаҳои сахт ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон тамоми таҷҳизоти ҳозиразамони зарури барои иҷрои зербанди 2.4. «Мустахкам намудани база барои таъмини устувории конструктивй ва сейсмикй» аз тарафи муассисаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Институт ворид шудааст.
Умуман, ҳамаи таҷҳизоти ворид шуда аз назари таъиноташ вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд. Таҷҳизоти сейсмики барои васл намудани дар баъзе бино ва иншоотҳои шаҳри Душанбе монанди дар Маҷмааи Истиқлол бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ насбкардашуда, аз он ҷумла дар дар бинои баландошёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 4 бинои иҷтимоӣ дар ҳар ноҳияи шаҳри Душанбе ва дар 4 иншооти нақлиётӣ (пул ва эстакадаҳо) пешбини гардидаанд.
Ҳамзамон дигар аз таҷҳизотҳои сейсмики барои васл намудани дар замини баъзе пойгоҳои сейсмикии Институт дар ҳудуди ҷумҳури ҷойгир шуда, таҷҳизоти сейсмикии сайёри барои муайян кардани хусусиятҳои динамикии ҳар гуна бино ва иншоот ҳам дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, ҳам дар дигар шаҳрҳо, таҷҳизоти санҷиши сифати масолеҳои сохтмони дар сохтмонҳо истифода бурда истода ва истифода шуда, таҷҳизоти идорави барои таъмини интиқоли маълумотҳо аз ҳамаи таҷҳизотҳои сейсмики насб мешуда ба маркази ягонаи маълумотҳо, коркард ва таҳлили маводҳои мушоҳидави ва санҷиши ба даст оварда шуда муҷаҳаз гардонида шуданд.
Инчунин, барои дар сатҳи баланд ва самаранок иҷрои корҳои мушоҳидавӣ ва санҷиши аз тарафи кормандони Институт ба мутахасисон ду автомобили – сабукрав ва боркаш аз тарафи лоиҳа дода шуд.
23 декабри соли равон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар толори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли 2025 - соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи геологияи тоҷик мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни сухаронӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки тайи даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд. Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, ба гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ин раванд боиси сар задани офатҳои табиӣ - обхезӣ, фаромадани тарма ва сел мегарданд, ки ҳисороти калони иқтисодӣ меоранд ва боиси талафоти ҷонӣ низ мегарданд.
Таъкид гардид, ки дар тули даҳсолаи охир ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирӣ ёфтани онҳоаз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор мекунад, ки сари ин масъалаҳо андешида, баҳри дар амал татбиқ намудани ин масъалаҳои мубраму саривақтӣ кушиш ба харҷ диҳем.
Гуфта шуд, ки санаи 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад Декабрь 21, 2024 08:00
ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад.
Тибқи иттилои ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳабиб Ҳуҷаназаров, инқилоби зимистонаи Офтоб 21 декабри соли 2024, соати 14:21 бо вақти Душанбе ба амал меояд. Ин нуқтае мебошад, ки Офтоб аз бурҷи Қавс ба бурҷи Ҷадӣ таҳвил меёбад. Аз сабаби он ки ин нуқта ба уфуқ наздик аст, шаби дарозтарини сол дида мешавад. Ин ҳодисаи астрономӣ дар байни мардуми сарзамини мо ва мардуми ориёинажод бо номи «Шаби Ялдо» маъруф аст.
Аз сабаби дароз будани шаб мардум машваратҳо ташкил менамуданд ва он ҳамчун ҷашнвора гардид. Бо гузаштани вақт Шаби Ялдо анъанавӣ шуда, бо фарҳанг ва маданияти маҳаллӣ омехта шуд. Ин маросим дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида мешавад. Дар Аврупо ин ҷашн эътиқод ба пирӯзии нек ва афзалияти он аз бадиро ифода месозад. Сокинони маҳаллаҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар атрофи ҳавлиҳо сайру гашт намуда, таронаҳо месароянд ва дар атрофи гулхан рақс менамоянд. Новобаста аз маданияти халқҳо Шаби Ялдо ҳамчун маросими фарҳангӣ шинохта шудааст.
Ҳодисаи табиии Шаби Ялдо бо чунин омилҳо вобаста аст. Сайёраи Замин доимо дар ҳаракат аст ва дар атрофи меҳвари худу Офтоб давр мезанад. Меҳвари Замин хати мебошад, ки аз қутби шимол ба қутби ҷануб тӯл кашидааст ва ба ҳамвории чархиши Замин дар атрофи Офтоб моил аст. Аз сабаби ин моилӣ дар Замин бисёр ҳодисаҳои аҷоиб, масалан, ивазшавии фаслҳои сол, инқилоби зимистона ва дигар ҳодисаҳои астрономӣ рӯй медиҳанд. Замин ҳангоми ҳаракати солонааш дар осмони ситоразор чор мавқеъгирии хосса дорад, ки ду ҳолати он нуқтаҳои эъдидоли баҳорӣ (20-22 март) ва тирамоҳӣ (22-23 сентябр) буда, ду ҳолати дигари он нуқтаҳои инқилоби тобистона (20-21 июн) ва зимистона (21-22 декабр) мебошанд.
Инқилоби зимистона гуфта, лаҳзаи гузариши Офтобро аз нуқтаи ҷанубтарин ҳамвории ҳаракати Замин меноманд. Ин ҳодиса оғози зимистон дар нимкураи шимолӣ буда, бо кӯтоҳтарин давомнокии рӯз ва пасттарин мавқеи Офтоб нисбат ба уфуқ аён мегардад.
19 декабри соли равон экспертони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг пас аз таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот намояндагони Агентии мазкур натиҷаи таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки омода кардани кадрҳои илмиро тавассути барномаҳои таҳсилотӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD амалӣ менамонд, дар таҷрибаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) камназир буда, ба кормандони илмии Академияи миллии илмҳо имконият медиҳад, то дар оянда ба ҳайси эксперт дар аккредитатсияи муассисаҳои ҷумҳурӣ ва минтақа иштирок ва ба фаъолияти илмии онҳо баҳогузорӣ намоянд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз доштанд, ки аккредитатсияи мазкур роҳи хатмкунандагону унвонҷӯёни муассисаҳои илмии АМИТ-ро ба хориҷи кишвар кушода намуда, қадами устуворест дар қабули муҳаққиқони хориҷӣ ба ҳайси магистрант, докторант, аспирант ва унвонҷӯй дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо. Дипломҳои хатм ва дараҷаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар давлатҳои эътирофнамудаи НААР ба расмият шинохтаю эътироф мешаванд. Навгонӣ ва дастоварди хеле муҳим дар самти муаррифии илми ватанӣ хоҳад шуд.
Имрӯз (1912.2024) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии мазкур аз озмоишгоҳи Институти зоология ва паразиталогияи ба номи Е.Н. Павловскии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуда, доир фаъолияти илмию таҳқиқотии кормандон аз наздик шинос гардиданд.
