Skip to main content

Имрӯз, 15 май бо иштироки президенти Академияи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ Полад Булбулоғлу, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Руссия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва олимону зиёиён кори форум ба анҷом расид.

Дар оғоз президенти Академияи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба роҳбарияти Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ барои ҳамкориҳои муштарак дар баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ташаббусҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор мегарданд. Бояд гуфт, ки форуми зиёиёни илмӣ ва эҷодии ИДМ бузургтарин чорабиниҳои башардӯстона дар кишварҳои ИДМ буда, дар он натиҷаҳои соли гузашта ҷамъбаст гардида, нақшаҳои чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон таҳия карда мешаванд.

Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дувум мизбони ин ҳамоиш мебошад. Дар ин замина бо боварӣ метавон гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои густариш ёфтани ҳамкориҳои зиёиёну эҷодкорон ва олимону муҳаққиқони кишварҳои муштаркулманофеъ имконият фароҳам оварда, ба ин восита табодули таҷриба ва беҳбудӣ бахшидан дар дилхоҳ соҳаҳо вусъат меёбат.

Дар анҷоми форум олимону зиёиён хулосаву пешниҳодҳои худро барои афзалият бахшидан дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон иброз дошта, барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узви давлатҳои ИДМ масъалагузорӣ намуданд.