Рузи дониш падидаи хотирмонест барои ҳазорон дуструяконе, ки по ба арсаи мактабу маориф гузоштаанд ва донишҷуёне, ки касбу кори худро бо роҳи интихоби донишгоҳу муассисаи таълимии олӣ муайян намудаанд. Дар ин рузи хотирмон анъанаи хубест, ки Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баргузории Дарси сулҳ, бо мактабиёну донишҷуён ва аҳли маорифи кишвар вохурда ба онҳо дуои хайре дар оғози соли нави таҳсил диҳанд.
Басе рамзист, ки дар аввалин дарси оғози соли таҳсил дар тамоми кишвари ҷононҷон ва сулҳпарварамон, Тоҷикистони азиз дарси сулҳ баргузор мегардад. Он намоёнгари фитрати миллати тоҷик буда тараннуми ҳамгироии ҷомеа, ҳамдигарфаҳмиву парвариши амну осоиш ба шумор меравад. Дар дарси сулҳ мо бо фарҳанги сулҳ ва таҷрибаи сулҳофаринии Пешвои миллат ба таври густарда ошно шуда онро бо дилу ҷон пайванд ва ба ояндаҳо интиқол медиҳем.
Бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки Пешвои миллат бо чӣ талошҳои пайваста дар татбиқи қавли ба миллат дар Иҷлосияи таърихии ХУ1ми Шурои олӣ дар соли 1992 додаашон пайгирӣ намуда асосу заминаҳои ҳаёти осоиштаи имтузаи Тоҷикистонро тайину ташкил намудаанд. Барои насли наврас ҳамеша ва такрору ба такрор арзиши олитарин будани сулҳу осоиштагӣ амну мадороро талқин намудан, фарзандонро дар роҳи истиқрори ҳаёти босафову саодатманд тарбия намудан хеле муфид ва мубрам мебошад.
Дар замони пуршуру шарри муосир, ки дар они мижа задан гушае гирифтору тӯъмаи оташи ҷангу ҷидол мегардад, ҳамаҷониба интишор ва устувор намудани фарҳанги сулҳ хеле аҳамиятнок аст. Бинобар ин Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як фурсат истифода бурда дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ фарҳанги сулҳро таблиғу тарвиҷ намуда асосҳои онро ба таври назариявӣ ва амалӣ мустаҳкам карда истодаанд. Ташаббусҳои олии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ки дар баробари матраҳ намудани масоили экологиву амниятӣ, иқлимиву иқтисодӣ Тоҷикистонро ба таври вижа дар пештозии татбиқу тарвиҷи масоили сулҳу амнияти ҷаҳон қарор додааст, бешак, аз ҷониби аҳли олам дастгирӣ пайдо карда, намунаи беҳтарини ҳаёти байни давлату кишварҳоро таҷассум менамояд. Инаст, ки “Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон” аз ҷониби Созмони милали муттаҳид чун яке аз роҳкорҳои байналмилалии олӣ баҳогузорӣ гардида, мақому мартабаи намунаи ба ифоқа овардани ҷомеаи даргирро ба худ гирифта аст.
Дарси сулҳ, ки ҳамасола онро Пешвои миллат шахсан баргузор намуда дар он, зимни нақшагирии рушди мактабу маориф, аз арзишҳои сулҳу амлият, ҳаёти осоишта ва саодатмандии ҷомеаи тоҷик суҳбат менамояд, аз он роҳкору дастурамалҳои пурфайзу баракати сулҳу мадоро ба ҳисоб меравад, ки натанҳо дар ҳар муассисаи таълимии ватани маҳбубамон бояд мавриди корбурд қарор гирад, балки аз ҷониби ҷомеаи пешқадами олам омузиш ва истифода шавад. Дар байни кишварҳои узви Созмони милали муттаҳид махсус таъкид шудани таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон ва чун таблиғгари фарҳанги сулҳ ёдоварӣ шудани он шаҳодати интихоби роҳи дурусту умедбахши он дар арсаи байналмилалӣ аст.
Имсол низ иштироку суханрониҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат Дарси сулҳро ба маъракаи пур аз ҳикмату хирад ва пурфайзу бобаракат табдил дода, дар пойгоҳҳои таълимии Донишгоҳи байналмилалии соҳибкорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон сурат гирифтани он – нишонаи заминагузории ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ-иҷтимоӣ табил дода шудани соҳаи сайёҳӣ, тарбияи кадрҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ гардидани ин муассисаи олии кишвар мебошад.
Пешвои миллат дар суханронии худ зимни таъкид аз дастовардҳои барҷастаи умедбахши соҳаи маорифу таълим, роҳнамоӣ аз донишҷуёну толибилмон дар пешруи оғози соли нави таҳсил, чанд самти мансуб ба инкишофро муқаррар карданд, ки ҳадафи фаъолияти мутахассисони соҳа дар соли оянда ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки аҳамияти махсус ба рушду нумуи сохторҳои соҳаи томактабии таҳсил дода шавад, то ин ки кудакон дар шароити хуб ба мактаб омода шуда бо имкониятҳои беҳтар ба таҳсил шуруъ кунанд. Махсусан ривоҷу равнақ додани кудакистону боғчаҳои бачагона дар гушаву канори ҷумҳурӣ ва ноҳияву минтақаҳои дурдаст таъкид карда шуд. Таъкид гардид, ки маҳз омодагии хуби кудакон ба мактаб аз овони кудакистон сар мешавад.
Ҳар як вохурӣ ва суханрониҳои Пешвои миллат дарси таҷрибаандузиҳои судманданд, ки дар таҳриру такмили нақшаҳои таълиму тарбия нақши калидӣ доранд. Пешвои миллат дар чунин вохуриҳо бо аҳли мактабу маориф ва зиёиёни кишвар ба масъалаҳои доғи ҷомеа ва соҳа назарҳои фароху мушикофона намуда онҳоро бо пешниҳоди роҳҳалҳои мушаххас таҳлил менамоянд. Аз чумлаи ин гуна масоил супориши бо кор таъмин кардани омузгорон ва бо омузгорони хуб таъмин намудани мактабҳоро яке аз мубрамтарин ҳисоб карда ба он дода шудани аҳамияти махсус талаб карда шуд, то ки дар давоми соли ҷорӣ тамоми макотиби миёнаи кишвар бо омузгорони фанҳои гуногун таъмин карда шаванд.
Сиҳатии ҷомеа ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ низ доиман дар сатҳи аввали таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад.
Аҳамияти махсуси Пешвои миллат ба соҳаи тиб ва сиҳати мардум бо таҳлили вазъи имруза ва ҷалби таваҷҷуҳи вижаи мутахассисон ба масъулиятшиносии худ ва касбу кори худ тазйин ёфта ҳидоят карда шуд, ки сатҳи донишу малакаҳои хешро афзун намуда барои боз ҳам баланд намудани сифату анвои хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои фаврии амалӣ андешида шаванд.
Пешвои миллат ба мутахассисон супориш доданд, ки таъмини сиҳати шаҳрвандон, пешгирӣ аз фавти модару кудак, расонидани хизматрасониҳои соҳавии касбии муосир самти афзатиятнок ҳисобида шуда чораҳои оҷил барои дар дохили кишвар таъмин кардани сатҳи баланди табобат, ва бо ин кор - татбиқи шакли хеле даромадноки сайёҳӣ- саёҳати тиббӣ-табобатӣ шароиту корҳои муашаххас андешида шуда дар муҳлатҳои кутоҳтарин ин навъи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон амалӣ карда шавад.
Муҳиба Маҳмадҷонова- сарходими илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ