Skip to main content

Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №407 аз 31 августи соли 2023 ва нақшаи баргузории экспедитсияҳои Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кормандони МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар пиряхи назоратии Якарча тадқиқотҳои комплексии байналмилалӣ бо иштироки мутахассисони хориҷӣ ба роҳ монда шуд.

Пиряхи Якарча, ки дар қаторкӯҳи Ҳисор ва ҳавзаи болообии дарёи Варзоб ҷойгир аст, яке аз пиряхҳои муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин пирях на танҳо манбаи асосии ташаккули оби дарё мебошад, балки ҳамчун нишондиҳандаи муҳимтарини тағйирёбии иқлим хизмат мекунанд. Дар даҳсолаҳои охир баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво ба раванди обшавии пиряхҳо суръат бахшида, тағйироти ҷиддӣ дар мувозинати массаи онҳо ба вуҷуд овардааст.

Бо назардошти аҳамияти ин масъала, кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони донишгоҳи Фрибурги Швейтсария, дар давраи аз 22 то 28 августи соли 2025 экспедитсияи комплексии илмӣ дар пиряхи Якарча гузарониданд.

Зимни тадқиқот, бо истифода усулҳо ва таҷҳизоти муосир, дар пиряхи Якарча як қатор корҳои саҳроӣ амалӣ гардиданд. Дар рӯи пирях рекаҳои аблятсионӣ насб карда шуданд, ки барои муайян намудани сатҳи обшавӣ ва ҳисоб намудани баланс-масса хизмат мекунанд.

Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар баландии зиёда аз 3500 метр сатҳи пирях ба ҳисоби миёна дар давоми ду соли охир аз 3,5 то 4 метр паст шудааст. Ин нишонаи он аст, ки пирях дар ҳолати таназзулёбии фаъол қарор дорад.

Дар минтақаи ғизогирии пирях, ки бояд ҳар сол захираи барф ва фирн ҷамъ шавад, дар моҳи августи соли 2025 қариб ягон барфи доимӣ боқӣ намондааст. Ин ҳолат барои мувозинати массаи пирях хеле нигаронкунанда мебошад, зеро маҳз барфи мавсимӣ таъминкунандаи асосии маса ва нигоҳдорандаи пирях ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон дар пиряхи мазкур сенсори ҳароратӣ (термистор) дар чукурии то 15 м насб карда шуд. Дар солҳои оянда аз рӯи маълумотҳои ин сенсорҳо таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба сохтори дохилии пирях мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Ҳамчунин дар давоми экспедитсияӣ мазкур тадқиқотҳои гидрологӣ низ дар маҷрои дарёчаи Майхура наздик ба забонаи пиряхи Якарча сурат гироифтанд.