Skip to main content
2123

 

"Пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бо дастгириву ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумат ва заҳмати созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст".

Эмомалӣ РАҲМОН

 

Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тӯли даҳсолаҳои охир на танҳо маркази сиёсиву маъмурии кишвар, балки ба як меҳвари муҳими илму маърифат, фарҳанг ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди миллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Рушди босуръати инфрасохтор, таъсиси муассисаҳои илмиву таълимӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташкили форуму ҳамоишҳои бонуфуз мақоми шаҳри Душанберо дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас таҳким бахшидааст.

Дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдомҳои наҷиби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахт ҳамчун маркази мутамаркази неруи зеҳнӣ ва илмии кишвар рушд намуда, шароити мусоид барои таҳқиқоти илмӣ, инноватсия ва татбиқи дастовардҳои навтарини технологияро фароҳам овардааст. Имрӯз шаҳри Душанбе макони фаъолияти муассисаҳои бонуфузи илмӣ, донишгоҳҳои пешрафта ва марказҳои таҳқиқотии гуногунсоҳа мебошад, ки дар онҳо садҳо олимону муҳаққиқон ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд.

Яке аз омилҳои асосии табдил ёфтани шаҳри Душанбе ба маркази илму маърифат, рушди низоми таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ мебошад. Дар ин замина донишгоҳҳо ва пажуҳишгоҳҳои пойтахт бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва технологияҳои муосир, мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои гуногун омода менамоянд. Ин раванд боиси афзоиши неруи инсонӣ ва тақвияти иқтидори илмии кишвар гардидааст. Ҳамзамон, иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва олимони ҷавон дар барномаҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои илмӣ, сатҳи донишу малакаи онҳоро боло бурда, имкониятҳои навро барои рушди минбаъда фароҳам месозад.

Метавон таъкид намуд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази рушди илми ватанӣ ва муаррифгари ин илм дар арсаи байналмилалӣ баромад намуда, нақши илму олимон дар муаррифии пойтахтамон ва муаррифии илми тоҷик аз ҷониби ин шаҳр дар арсаи байналмилалӣ дар мисоли Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт пайваста меафзояд.

Пойтахти мо расман соли 1924 ҳамчун маркази ҷумҳурӣ интихоб шуда бошад ҳам, вале таърихи тӯлонӣ дошта, дар рушди илму фарҳанги тоҷикон нақши бузурге гузоштааст. Аз ҷумла, дар ҳудуди имрӯзаи Душанбе тақрибан 2300-2400 сол пеш аз ин тамаддуни шаҳрнишинӣ мавҷуд будааст, ки сиккаҳои қадимӣ, тангаҳои нуқрагини аҳди Сосониён, боқимондаи арку қалъаҳо ва ғайра, ки аз ҷониби бостоншиносони муосири пойтахт бозёфт шудаанд, гувоҳи ҳамаи ин аст. Аз ҷониби олимони таърихшиносамон бошад, дар шакли хаттӣ бори аввал Душанбе дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд Валӣ (соли таваллудаш 1595-1596) «Баҳр-ал-асрор фи маноқиб ал-ахйор» («Баҳри асрор дар бораи шукуҳи накӯён») зикр гардидааст. Дар китоби мазкур, инчунин аз номи якчанд маҳаллаи Душанбе, аз ҷумла Қара Миршикор ва Сешанбебозор ёдоварӣ шудааст.

Чунонки медонем, рушди шаҳри Душанбе ҳамчун маркази илмии давлати тоҷикон баъд аз соли 1929 бесобиқа мебошад. Дар ин даврон дар Душанбе 23 пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ, 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 13 литсейи касбӣ ва 19 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ таъсис ёфт. Ҳамзамон, дар потахтамон Китобхонаи давлатии миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, 181 китобхонаи ҷамъиятӣ, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолуддин Беҳзод, нашриёти илмии «Дониш», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик амал мекарданд. Ҳамчунин, дар пойтахт теъдоди зиёди маҷаллаҳои илмӣ ба нашр мерасиданд. Аз соли 1951 бошад, дар Душанбе Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон – ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар назди он Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ амал мекард.

Бо қабули эъломия дар бораи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 рушди илми пойтахтамон боз ҳам тавсеа ёфт. Дар Душанбе дар ин даврон на танҳо биноҳои боҳашамати илмию-фарҳангӣ чун Китобхонаи миллии Тоҷикис- тон қомат афрохтанд, балки пайкараҳои донишмандону мутафаккирони бузургамон-Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ба симои шаҳр ҳусни тоза бахшиданд.

Дар баробари ин, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун марказҳои калидии таҳқиқотӣ амал мекунанд. Дар ин муассисаҳо масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва технологӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, натиҷаҳои онҳо барои пешрафти устувори кишвар истифода мешаванд. Тадқиқотҳои илмӣ дар самтҳои энергетика, геология, технологияҳои иттилоотӣ, тиб ва дигар соҳаҳо нишон медиҳанд, ки Душанбе воқеан ба маркази муҳими истеҳсоли дониш табдил ёфтааст. Нақши пойтахт дар рушди фарҳанги илмӣ ва маърифатнокии ҷомеа низ хеле назаррас аст. Бояд гуфт, ки ташкили конфронсҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар сатҳи баланд, муҳити мусоиди мубодилаи афкор ва таҷрибаро байни олимони ватанӣ ва хориҷӣ фароҳам меорад. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи илмӣ мусоидат мекунанд, балки ба муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ замина мегузоранд.

Имрӯзҳо шаҳри Душанбе ҳамчунин ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ, конфронсҳои илмӣ ва иқтисодӣ, вохӯриҳои сатҳи олӣ ва дигар ҳамоишҳо, ки дар пойтахт баргузор мегарданд, нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият мебахшанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки пойтахт дорои имкониятҳои зарурӣ барои қабули меҳмонони сатҳи баланд ва ташкили чорабиниҳои бузург мебошад. Маҳз инфрасохтори муосири шаҳр, аз ҷумла маҷлисгоҳҳо, марказҳои фарҳангӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ ва шабакаҳои нақлиётӣ, шароити мусоидро барои баргузории чунин чорабиниҳо фароҳам овардааст. Ҳамзамон, зебоӣ ва ободонии шаҳр, боғҳо, хиёбонҳо ва иншооти фарҳангӣ, симои мусбати Душанберо ҳамчун як маркази пешрафта ва муосир муаррифӣ мекунанд.

Дар доираи сиёсати давлатӣ, таваҷҷуҳи махсус ба рушди илм ва инноватсия дода мешавад. Барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии олимон, рушди технологияҳои нав ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот, имкониятҳои васеъро барои пешрафти илму техника фароҳам меоранд. Дар ин замина, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази асосии татбиқи ин сиёсат нақши калидӣ мебозад. Илова бар ин, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва маориф, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти пойтахт мебошад. Ҳамчунин, имзои созишномаҳо бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷӣ, иштироки олимони тоҷик дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ташкили барномаҳои муштарак, ба баланд бардоштани сатҳи илмии кишвар мусоидат мекунад.

Ҳамин тавр, яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори пойтахт тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи илмдӯстӣ ва маърифатпарварӣ мебошад. Тавассути ташкили озмунҳо, конференсияҳои ҷавонон, барномаҳои таълимӣ ва дигар чорабиниҳо, шавқу ҳаваси ҷавонон ба илм афзоиш меёбад. Ин раванд барои таъмини ояндаи устувори кишвар ва рушди минбаъдаи илму техника аҳамияти калон дорад. Дар баробари дастовардҳо, масъалаҳои муайян низ вуҷуд доранд, ки ҳалли онҳо барои рушди минбаъдаи шаҳри Душанбе ҳамчун маркази илмӣ муҳим аст. Аз ҷумла, зарурати такмили инфрасохтори илмӣ, зиёд намудани маблағгузорӣ ба таҳқиқот, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии муассисаҳои илмӣ аз ҷумлаи чунин масъалаҳоянд. Ҳалли ин мушкилот метавонад ба таҳкими бештари мавқеи пойтахт дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.

Дар маҷмӯъ, шаҳри Душанбе имрӯз ҳамчун маркази илму маърифат ва майдони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, нақши муҳимро дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд. Пешрафтҳои назаррас дар соҳаи илм, маориф ва инфрасохтор, имконият медиҳанд, ки пойтахт дар оянда низ мавқеи худро ҳамчун як маркази бонуфузи илмӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дорад ва тақвият бахшад. Ҳамин тавр, рушди устувори шаҳри Душанбе ҳамчун маркази илму маърифат, на танҳо барои пойтахт, балки барои тамоми кишвар аҳамияти стратегӣ дорад. Тавассути идомаи сиёсати дастгирии илм ва инноватсия, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби неруи ҷавон, метавон ба дастовардҳои нав ноил гардид ва мақоми шаҳри Душанберо дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик