Skip to main content

Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссия оид ба ҳамкории илмию техникӣ аз 31.08.2017, инчунин мувофиқи Протоколи Ҷаласаи чоруми Комиссия Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории илмию техникӣ аз 21.07.2025, ҳарду ҷониб ҳамоҳангӣ ва ҳамкориро дар самтҳои афзалиятноки илмӣ таҳким ва тақвият хоҳанд дод.

Комиссия тасмим гирифт, ки барои гузаронидани озмун, экспертиза ва маблағгузории лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ дар самтҳои афзалиятноки илм ва техника гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Гурӯҳи кории муштарак қоидаҳо ва шакли дархостро барои иштирок дар озмун таҳия мекунад. Қарор шуд, ки озмуни аввал дар моҳи декабри соли 2025 эълон шавад. Комиссия имкони маблағгузории муштараки 30 лоиҳаи муштаракро омӯхтааст ва барои ҳар як лоиҳа ҷониби Чин на камтар аз 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) юанро маблағгузорӣ мекунад.

Шартҳои пешниҳоди лоиҳаҳо:

- Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо: 50 рӯз - аз 30 октябр то 20 декабри соли 2025

- Муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои ҶМЧ ба Вазорати илм ва технологияи ин кишвар лоиҳаҳои худро дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод менамоянд (намунаи лоиҳа аз ШРБ АМИТ дастрас намоед);

- Лоиҳаҳо бо забони англисӣ пешниҳод карда мешавад;

- Пас аз пешниҳоди лоиҳаҳо, ҷонибҳо руйхати муассисаҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшударо тартиб дода, муқоиса менмаоянд. Дар натиҷаи мувоифиқ ва мутобиқ будани лоиҳаи ҳамсон аз ҷонибҳо, руйхати ягон тартиб дода шуда, ба экспертизаи давлатӣ ба Ҳукумати ҶХХ ирсол карда мешавад.

- Ба таври умум ҳар як лоиҳа аз ҷониби ҶХХ ба маблағи на кам аз 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) маблағгузорӣ карда мешавад.

- Аз ҳисоби умуми лоиҳаҳои пешниҳодгардида 30 лоиҳаи афзалиятнок ва ҷавобгӯи талабот интихоб карда мешаванд.

- Муҳлати амалигардии лоиҳаҳо: солҳои 2026-2028.

Самтҳои афзалиятноки илмӣ чунин имуайян карда шудаанд:

· Водные ресурсы;

· Ядерная энергетика и использование чистой энергии;

· Информационные технологии;

· Изменение климата;

· Сельское хозяйство и пищевая промышленность;

· Экология и охрана окружающей среды;

· Предотвращение и смягчение последствий стихийных бедствий;

· Биофармацевтика, минеральные ресурсы.

Ҳамзамон Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи татбиқи Барномаи байналмилалии олимони ҷавон лоиҳаҳои тадқиқотии кӯтоҳмуддатро дар муассисаҳои илмии Чин аз ҷониби олимони ҷавони боистеъдод аз кишварҳои дигар маблағгузорӣ мекунад. Комиссия олимони чавони институтхои тадкикоти илмии Тоҷикистонро барои иштирок кардан дар Барномаи байналхалкии олимони чавон барои корхои тадкикотй даъват менамояд. Корҳои тадқиқотии олимони ҷавони хориҷӣ дар муассисаҳои Чин аз ҷониби Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Барномаи дар боло зикршуда маблағгузорӣ карда мешавад.