Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, тахаммулгароӣ, ватандустиву хештаншиноси ва пос доштани арзишҳои милли тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Ҳамасола санаи 27 июн ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда барои ҳамаи фарди ҷомеа дар кишвари азизамон мебошад, маҳз дар ҳамин санаи хотирмон, қарори умуми миллии тақдирсози миллат, бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Пас аз солҳои ҷанги бардоаркуш ва хонумонсӯз, Ваҳдати миллӣ ягона «ҳуҷҷате» мебошад, ки барои якдилии мардум ва сарҷамъ намудани халқу миллат равона гардидааст.
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон орзу ва умеди ҳар як фарди он аст. Дар арсаи ҷахон айни замон бисёр давлатҳое ҳастанд, ки ниёз ба ин неъмати бебаҳо доранд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеъаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳрохи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он бахравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад».
Лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва эҳё гардидани арзишҳои миллӣ ва динии худ ба мо муясар гардид, ки бо мазҳаби аҷдодӣ, пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардем. Ваҳдати милли ва истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамадунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асраҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастарас намоем.
Ба мардуми мо, ҳамчунин имкон фароҳам гардид, ки расму оинҳои миллӣ, ва маросиму идҳои динӣ - ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги милли эҳё созем, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги малмлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоем.
Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон», мо ҷавононро боз ҳам водор месозад, ки барои ҳимоя аз ҳифзу буми ватани азизамон боз ҳам ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем ва барои пешрафти илму техника дар кишварамон саҳму талошҳои беназир дошта бошем. Мо ҷавонон шукрона аз он дорем, ки аз баракати истиқлоли давлати дар тамоми соҳаҳои ҳайёти иҷтимоии кишварамон, озодона кор ва фаъолият менамоем.
Инчунин бояд қайд намуд, ки эълон гардидани соли 2024, “Соли маърифати ҳуқуқии” баёнгари ғамхори ва эҳтироми воло гузоштан аз ҷониби Ҳукумати киварамон нисбат ба шаҳрвандон мебошад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд, ки барои пос доштани сулҳу субот дар ватанамон камари ҳиммат бибандад ва аз сиёсати сулҳ парваронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намояд. Ба қадри сулҳу субот, озодиву ободи он нафароне мерасанд, ки бо чашмони худ шоҳиди рӯзҳои ҷанги мудҳиши шаҳрвндӣ буданд. Аз ин рӯ мо ҷавонон посдори хотироти гузаштагони хеш ва ҷонибдори ободиву озодии Ватани азизамон мебошем.
Муродов Мирамон Қосимович - ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон
Имрӯз, 14 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ ҷоизаи асосии башардӯстонаи ИДМ “Ситораҳои Иттиҳод” ба барандагони ин ҷоиза тақдим карда шуд. Имсол 8 нафар олимони варзида аз кишварҳои муштаракулманофеъ Ситораи фахрӣ мегиранд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи мазкур се номинатсияро дар бар гирифта, дар он олимон аз кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Русия, Узбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон байни ҳам рақобат намуданд.
Ҳамзамон барандагони ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” дар бахши “Барои саҳми барҷаста дар фарҳанг ва санъат” Эдуард ТАДЕВОСЯН – ҳунарпешаи халқии Арманистон, профессори Консерваторияи давлатии Ереван, директори Квартети Комитас, Елена АТРАШКЕВИЧ — бастакор, раиси Иттифоқи бастакорони Белоруссия, муаллими Коллеҷи санъати Минск, Айжан БЕККУЛОВА – коршиноси Кумитаи миллии мероси ғайримоддӣ, раиси Иттифоқи ҳунармандони Қазоқистон, Денис МАТСУЕВ – пианинонавоз, Ҳунарпешаи халқии Русия, солисти Филармонияи давлатии Маскав, Рустам САЪДУЛЛОЕВ — Артисти хизматнишондодаи Узбекистон, профессори фахрии филиали Университети умумироссиягии кинематографияи ба номи С.Герасимов дар Тошканд мебошанд.
Барандагони ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” дар номинатсияи «Барои саҳм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф» Муҳаммадюсуфи ИМОМЗОДА – академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори кафедраи адабиёти форсу тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Азиз АЛИЕВ — профессор, ректори филиали дар Боку будаи Университети якуми тиббии Москва ба номи Сеченов И мебошанд.
Инчунин, Тугелбой КАЗАКОВ — артисти халкии Кирғизистон, раиси комиссия оид ба мукофотҳои давлатӣ, раиси Иттифоқи ходимони мусиқӣ дар номинатсияи «Барои саҳми барҷаста дар фаъолияти башардӯстона» барандаи ҷоиза дониста шуд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» ҳамасола ба намояндагони кишварҳои ИДМ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст ва дар рушди ҳар як кишвари узви ИДМ ва дар маҷмӯъ саҳм гузоштааст, дода мешавад. Маблағи мукофот 2 миллион рублро ташкил медиҳад. Имсол барои дарёфти ҷоизаи олӣ 15 номзад аз 8 кишвар рақобат карданд.
Имрӯз, 14 май дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.
Дар кори Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати МФГС Полад Булбул оғлу, ҳамраиси Раёсати МФГС, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва зиёда аз 200 намояндаи кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок доранд.
Ба кори Форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобасти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз бахшида, таъкид дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, дар асоси принсипи сиёсати хориҷии “дарҳои боз” бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дӯстона барқарор намуд. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи кишварро сиёсати “дарҳои боз”, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад».
Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад. Умуман, яке аз соҳаҳое, ки ба низом ва густариши ҳамкориҳои давлатҳои ИДМ мусоидат менамояд ин соҳаи илм ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда бо Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва баргузор намудани ин форуми сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бори дигар барои мустаҳкам гардидани ҳамокориҳои кишварҳои муштаракулманофеъ замина мегузорад.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар сухани ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки илм олимонро муттаҳид мекунад, аз ин рӯ форум ба майдони табодули байналмилалии бидуни марз табдил ёфтааст. Вусъат додани муносибатҳои байналхалқӣ махсусан ҳозир хеле муҳим аст. Ва форум ба минбари мукаммали ба роҳ мондани ҳамкории зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ табдил ёфт. Ва муҳимтар аз ҳама, он имкони муоширати зиндаро фароҳам меорад, ки бешубҳа ба лоиҳаҳои ҷиддӣ табдил меёбанд.
Таъкид гардид, ки ба масъалаи густариш ёфтани ҳамкориҳои зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ диққати махсус додан лозим аст. Мамлакатҳои аъзои ИДМ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштараки илмӣ чораҳои заруррӣ меандешанд.
Ёдовар мешавем, ки Форумҳои зиёиёни илмӣ ва эҷодии ИДМ бузургтарин чорабиниҳои башардӯстона дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, дар он натоиҷи соли гузашта ҷамъбаст гардида, нақшаҳои чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон тавсияҳо таҳия карда мешаванд.
Қобили зикри хос аст, ки форумҳо аз соли 2006 инҷониб дар кишварҳои мухталиф бо навбат баргузор мешаванд. Тоҷикистон бори дуввум аст, ки мизбони ин ҳамоиш аст.
Мавзӯи Форуми XVIII-и имрӯза «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» мебошад, ки намояндагони ҷомеаҳои касбӣ: ходимони фарҳанг, маориф ва ВАО-ро муттаҳид мекунад.
Ҳамзамон дар ҳошияи Форум имсол бори аввал мулоқоти раҳбарони Академияҳои миллии улуми кишварҳои муштаракулманофеъ ва раҳбарони ҷомеаи илмӣ баргузор мешавад.
Инчунин, Форуми мазкур бо маросими бошукӯҳ супоридани ҷоизаҳо ба барандагони Ҷоизаи асосии байнидавлатии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод», ки барои дастовардҳои барҷаста дар соҳаи санъат, илм ва маориф дода мешавад, ба анҷом мерасад. Ҳамзамон дар ҳошияи ин форум барандагони ҷоизаи ҷавонони ИДМ «Иттиҳоди дебютҳо» низ ҷоизаҳои худро мегиранд.
Бояд гуфт, ки дар доираи барномаи фарҳангии Форум оркестри симфонии ҷавонони ИДМ баромад мекунад. Таъсиси оркестр яке аз лоиҳаҳои муҳими MFGS мебошад. Ба он навозандагони ҷавони мамлакатҳои иттиҳод, ғолибони конкурсҳои бонуфузи мусиқӣ дохиланд. Имсол оркестрро Ҳунарпешаи мардумии Русия Сергей Скрипка, барандаи ҷоизаи Ситораҳои Иттиҳод раҳбарӣ мекунад.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз санаи 14- уми май оғоз ёфта то санаи 15- уми май идома меёбад.
ЗИЁИЁНУ ЭҶОДКОРОНИ ИДМ АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДИДАН НАМУДАНД
Имрӯз, 14 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши дастоварду натиҷаҳои илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар доираи ин Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷкистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, зиёиёну эҷодкорон ва роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ аз намоиши дастовардҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар намоиш натиҷаи таҳқиқотҳои олимону кормандони муассисаву зерсохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар баргузории Форуми зиёиёну эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 300 нафар зиёиёну эҷодкорони варзида, роҳбарияти муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ иштирок доранд, ки онҳо низ бо дастовардҳои муассисаҳои илмӣ шинос гардиданд.
Имрӯз, 14 май дар ҳошияи баргузории Форуми зиёиёну эҷодкорони илмии аъзои давлатҳои ИДМ ҳайати олимону меҳмонон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар назди китобхона меҳмононро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт истиқбол намуданд.
14 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беш аз 300 нафар зиёиёну эҷодкорон ва роҳбарони муассисаҳои илмии давлатҳои аъзои ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Қабл аз оғози баргузории Форум зиёиёну эҷодкорони аъзои давлатҳои ИДМ ба хотири гиромидошт аз таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик дар назди муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросими гулчанбаргузорӣ ҳайати зиёиёну эҷодкорони аъзои давлатҳои ИДМ- ро президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.
Имрӯз, 13 май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Донишгоҳи миллии техникии Беларус мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулқот ҷонибҳо барои рушду густариш додани ҳамкориҳои илмӣ байни муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорусия ба мувофиқа расиданд.
Дар мулоқот дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ ва инноватсионии Беларусия ва Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҳамзамон ҷонибҳо доир ба имкониятҳо ва роҳҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти илмию таълимӣ табодули афкор намуданд. Ба табодули таҷриба ва дониш, ки бояд ба рушди ҳам соҳаи илм ва ҳам маорифи ҳарду кишвар мусоидат намояд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
Дар фарҷоми мулоқот созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои таҳқиқот ва ташаббусҳои муштарак уфуқҳои нав мекушояд. Ин созишнома заминаи муҳими ҳамкориҳои минбаъдаи Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе 08.05.2025
8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар макони баргузори чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода истиқбол гирифтанд.
Ба хотири таҷлили бошукуҳи ин рӯйдоди таърихӣ маҳалли баргузории чорабинӣ идона ороста шуда, дар ду тарафи роҳрави сурх донишандӯзони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф кашиданд.
Дар тадбири тантанавӣ Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпуси дипломатӣ, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст иштирок карданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода оид ба омодагии қушунҳои гарнизони Душанбе барои гузашти ҳарбӣ ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузориш дод.
Баъди садо додани Суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 80-солагии ғалаба самимона табрик гуфтанд.
Пешвои миллат аз оқибатҳои фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан гуфта, ба наслҳои имрӯзу оянда муроҷиат намуданд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани “вабои фашизм” дар асри бистум гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: - “боиси ифтихори мо аст, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳо мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.
Гуфта шуд, ки аз якуним миллион аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазори онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардид ва 60 ҳазори дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳамаи ин ҷоннисориҳо саҳми миллати тоҷикро дар ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.
Таъкид гардид, ки барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор афсару сарбози тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 каси онҳо барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардонида шуданд.
Роҳбари давлат саҳми ақибгоҳро дар ноил гардидан ба музаффарият дар ҷанг беназир арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки беш аз 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд. Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор занону кӯдакон ва пиронсолон аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.
Таъкид шуд, ки ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буд.
“Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд”, - изҳор доштанд Пешвои миллат.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷикро дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат номиданд.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи хизматчиёни низомӣ вогузор гардидааст.
Зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оқибатҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хизматҳои таърихӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқи Ватан баҳри барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ низ андешаронӣ намуданд.
Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи иштирокдорони паради ҳарбиро ба вазъи бисёр мураккаб ва печидаи сиёсии ҷаҳони муосир ҷалб намуданд. Пешвои миллат аз афсарону сарбозон талаб карданд, ки ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди худ оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои оламро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо арзёбӣ намуданд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи мо саъю талоши бештар ба харҷ медиҳанд.
Пас аз анҷоми суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро барои пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, таҳти навои мусиқӣ маросими гулчанбаргузорӣ баргузор шуд.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузошта, хотираи неки қурбониёни ҷангро пос доштанд.
Сипас, дар назди оташи ҷовидон аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, аз номи корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва аз Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчанбарҳо гузошта шуд.
Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ бо амри фармондеҳи гузашти ҳарбӣ низомиёни вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати корҳои дохилӣ, вазорати адлия, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гузашти ҳарбӣ иштирок карда, бо қадамзании мутантан аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гузашти низомӣ анҷом доданд.
