Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд.
(Эмомалӣ Раҳмон)
9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Изҳороти истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намудааст. Ҳоло бошад 192 мамлакати ҷаҳон Тоҷикистонро ба расмият пазируфтаанд. Тоҷикистон ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он, Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ғайра шомил буда, ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҳуқуқи байналмилалӣ шартномаҳои бонуфузи байналмилалиро дар соҳаҳои гуногун ба тавсиб расонидааст ва дорои ҳуқуқу уҳдадориҳои байналмилалӣ гардидаастт. Ин ҷо масъалаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва муайян намудани хусусиятҳои он ба миён меояд, ки на танҳо ҷанбаҳои ҳуқуқии конститутсионӣ, балки ҷанбаҳои ҳуқуқии байналмилалиро низ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1924 ҳамчун давлати худмухтор дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил шуда, соли 1929 ҳамчун узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Шӯравӣ гардида бошад ҳам, аммо соҳибихтиёриаш маҳдуд буд, зеро дар асоси Шартнома «Дар бораи таъсиси Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ» аз 30 декабри соли 1922 як қатор ваколатҳои худро ба Иттиҳоди Шӯравӣ дода буд. Аз ҷумла, намояндагӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, бастани созишномаҳои қарзи давлатӣ, ратификатсияи (эътирофнамоии) шартномаҳои байналмилалӣ, муқаррар намудани низоми савдои дохилӣ ва берунӣ, бастани шартномаҳои консессионӣ, истифода бурдани захираҳои табиӣ ва ғайра.
Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991, ки бо номи “Балвои августӣ” маъмул аст, як кӯшиши ноком барои табаддулоти давлатӣ дар ИҶШС буд. Ин балво аз ҷониби як гуруҳи мансабдорони баландпояи шӯравӣ, ки мехостанд пошхӯрии кишварро боздоранд ва сохти коммунистиро нигоҳ доранд, ташкил карда шуда, пас аз нокомиаш обрӯю эътибори давлати абарқудрати шуравиро паст намуд. Аз ин рӯ, хоҳиши давлатҳои аъзо барои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ боз ҳам зиёд гардид.
Барои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такя намуд, ки дар санадҳои бонуфузи ҳуқуқии байналмилалӣ мустаҳкам шудаанд.
Тибқи принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқҳо, ки дар моддаи 1 Оинномаи СММ мустаҳкам шудааст, ҳар як халқ барои мустақилона ҳал кардани шакли мавҷудияти давлатиаш, озодона муқаррар намудани мақоми сиёсии худ ва ба амал баровардани тараққиёти иқтисодию мадании худ ҳуқуқ дорад.
Санади дигари ҳуқуқии байналмилалие, ки барои ба даст овардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун асос хизмат мекунад, Эъломияи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни давлатҳо мувофиқи Оинномаи СММ мебошад, ки тибқи он: “Дар асоси принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқҳо, ки дар Оинномаи СММ ифода ёфтааст, ҳамаи халқҳо бе дахолати берунӣ ҳуқуқ доранд озодона мақоми сиёсии худро муайян намоянд, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро амалӣ намоянд ва ҳар як давлат уҳдадор аст, ки ин ҳуқуқро мувофиқи муқаррароти Оиннома эҳтиром намояд. Ҳар як давлат уҳдадор аст, ки бо амалҳои муштарак ва инфиродӣ барои амалишавии принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқҳо тибқи муқаррароти Оиннома мусоидат намояд ва ба СММ дар иҷрои уҳдадориҳои аз тарафи Оиннома гузошташуда ҷиҳати амалишавии принсипи мазкур мусоидат намояд...”.
Барпо намудани давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол, яке аз шаклҳои ба амал баровардани ҳуқуқи худмуайянкунии халқи Тоҷикистон мебошанд. Принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқҳо дар ду паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (1966) ва баъзе қарорҳои дигари СММ низ зикр шудааст.
Агар ба Изҳороти истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нараз афканем, дар он якчанд нуктаҳо оид ба асосҳои ҳуқуқи байналмилалии истиқлолияти давлатӣ баён гардидаанд.
Якум, дар дебочаи ин санади тақдирсоз принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқҳо зикр гардидааст. Пас аз он ки соли 1929 Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил аъзои ИҶШС гардид, мақоми он дар иттиҳоди давлатҳо ҳамчун мустамлика набуда, ҳар вақт ҳуқуқ дошт, ки аз иттиҳод барояд ва давлати соҳибистиқлоли худро таъсис диҳад. Аз ин рӯ, баромадан аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқ буд. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ орзуву ормонҳои мардуми шарафманди Тоҷикистон буд. Аммо як нуктаи дигарро қайд кардан зарур аст, ки пойдориву мустаҳкамии истиқлолияти давлатӣ барои мамлакатамон бо осонӣ сурат нагирифт. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ зарбаи ҷиддӣ зада, эҳтимолияти аз харитаи ҷаҳон гум шудани давлати навбунёду соҳибистиқлол калон буд. Маҳз бо талошу ҷонбозиҳои сарвари давлат, Асосзузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии мардуми шарафманди кишвар сулҳу ягонагӣ пойдор гардида, ҳоло халқи тоҷик дар зери Парчами давлатии Тоҷикистон муттаҳиданд.
Дуюм, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз номи давлат ҳуқуқи сухан гуфтан дорад, дар ин Изҳорот пайравии худро ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ иброз медорад. Маҳз дар солҳои аввали пойдории истиқлолият Тоҷикистон санадҳои муҳими ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи башарро ба тавсиб расонида, минбаъд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардиданд. Ҳоло барои амалӣ гаштани ҳуқуқҳои инсон механизмҳои қонунгузорӣ ва институтсионалӣ самарабахш фаъолият карда истодаанд.
Сеюм, дар қабули Изҳороти истиқлолияти давлатӣ ба Эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 такя карда мешавад. Маҳз дар ин Эъломия самтҳои асосии сиёсати берунаи мамлакат муайян гардида, минбаъд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон аз 6 ноябри соли 1994 мустаҳкам карда шудаанд.
Тибқи қисми 15 Эъломия “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад”. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварамон бо 183 мамлакати ҷаҳон робитаи дипломатӣ дорад. Ҳамчунин дар қисми 16 Эъломия қайд мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ, ҷонибдори бо роҳи сиёсӣ ҳал кардани тамоми ихтилофот буда, ҳуқуқ, озодӣ ва соҳибихтиёрии ҳамаи халқҳо ва мамлакатҳоро эхтиром мекунад, барои дӯстӣ, бародарӣ ва пешрафти минбаъда дар тамоми ҷаҳон саъй менамояд.
Муқаррароти мазкур ба принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо, ки дар Оинномаи СММ мустаҳкам шудааст, пурра мувофиқ буда, Тоҷикистон барои ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ аз воситаҳои осоиштаи ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ, ки дар боби 6 (моддаҳои 33-38) Оинномаи мазкур истифода мебарад.
Чаҳорум, дар Изҳорот қайд мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистои дар фаъолияташ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани аслиҳаи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом сайъ менамояд. Ин буд ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи байналмилалӣ оид ба паҳн накардани яроқи қатли омро ба тавсиб расонида, 17 январи соли 1995 ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба қувваи амал даромад. Дар давраи барқарорсозии сулҳ дар Тоҷикистон 16 декабри соли 1994 Миссияи мушоҳидачиёни СММ дар Тоҷикистон ҳамчун миссияи сулҳофар аз тарафи Шӯрои Амнияти СММ таъсис дода шуда буд, ки то 15 майи соли 2000 амал намуда, қадами устувор ба халъи силоҳ ва муътадил гардидани вазъият пас аз ҷанги шаҳрвандӣ гузошта шуд.
Панҷум, дар Изҳорот зикр мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро барои бевосита имзо намудани созишномаҳо ва шартномаҳои баробарҳуқуқ ва манфиатноки дутарафаю бисёртарафа, ки манфиатҳои ягон давлати соҳибихтиёрро маҳдуд намекунад, бо ҳамаи шарикон бе ягон шарти пешакӣ изҳор медорад. То имрӯз Тоҷикистон беш аз 1200 шартномаи байналмилалии бисёрҷониба ва дуҷонибаро ба имзо расидааст, ки масъалаҳои ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбию техникӣ, инчунин дар бахшҳои амният, илм, фарҳанг, маориф, тиб, сайёҳӣ ва ғайра фаро мегиранд.
Ҳамин тариқ, истиқлолияти давлатӣ ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси риояи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунаи худро мустақилона муайян намояд, ба созмонҳои байналмилалӣ дохил шавад, шартномаҳои байналмилалиро ба тавсиб расонад ва аз онҳо барояд, сарватҳои табииашро истифода барад, бо давлатҳои дигар бо назардошти манфиатҳои миллӣ, минтақавӣ ва умумибашарӣ ҳамкорӣ намояд.
Ҷабборов Ф.Н. – ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.