(Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли 2025)
Дар замони муосир зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи калидӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла рушди устувор шинохта шудааст. Мувофиқи гузоришҳои СММ зеҳни сунъӣ метавонад дар самтҳои ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, маориф ва иқтисод нақши муҳим бозад. Дар Осиёи Марказӣ, ки минтақаи дорои захираҳои бой ва мушкилоти муштарак ба монанди тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иқтисодӣ аст, истифодаи зеҳни сунъӣ имконоти навин фароҳам меоварад.
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли 2025, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, қабул шуд, аввалин ҳуҷҷати байналмилалӣ аст, ки ба татбиқи зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ диққат медиҳад. Ин ташаббус аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ (24 сентябри 2024) сарчашма мегирад: “Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб ба шумор мераванд.
Тоҷикистон тавассути қабули стратегия ва дигар санадҳои консептуалӣ ҷиҳати марҳала ба марҳала гузаштан ба низоми рақамикунонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Вобаста ба ин пешниҳод дорам, ки Маҷмаи Умумӣ дар иҷлоси навбатӣ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ қатъномаи махсус қабул намояд”.
Зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи илмӣ аз солҳои 1950-ум инкишоф ёфтааст ва ҳоло дар самтҳои омӯзиши мошинӣ, шабакаҳои нейронӣ ва коркарди маълумотҳои калон истифода мешавад. Дар вобастагии рушди устувор, зеҳни сунъӣ ба ҳадафҳои СММ (SDGs) мусоидат мекунад. Масалан, SDG 9 (навоварӣ ва инфрасохтор) ва SDG 13 (ҳифзи иқлим).
Дар Осиёи Марказӣ мушкилоти минтақавӣ ба монанди идоракунии захираҳои обӣ, ки Тоҷикистон дар он пешсаф аст, метавонанд бо кӯмаки зеҳни сунъӣ ҳал шаванд. Масалан, моделҳои зеҳни сунъӣ барои пешгӯии офатҳои табиӣ ва оптимизатсияи кишоварзӣ истифода мешаванд. Қатъномаҳои қаблии СММ оид ба зеҳни сунъӣ, аз ҷумла қатъномаи 78/265 аз 21 марти 2024 дар бораи зеҳни сунъии бехатар заминаи ин санадро ташкил медиҳанд. Қатънома ба ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар такя мекунад. Он ҳамчунин ба қатъномаҳои дигар, ба монанди 70/1 аз 25 сентябри 2015 оид ба Барномаи 2030 барои рушди устувор ва қатъномаи 78/1 аз 29 сентябри 2023 оид ба форуми сиёсии сатҳи баланд, сарчашма мегирад.
Қатънома ба соҳаи ғайриҳарбӣ тамаркуз карда, истифодаи зеҳни сунъиро барои ҳадафҳои ҳарбӣ истисно мекунад. Он таъсири трансформатсионии зеҳни сунъиро дар Осиёи Марказӣ эътироф намуда, талошҳои кишварҳои минтақаро, аз ҷумла амали стратегияҳои миллӣ (Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи Ӯзбекистон то соли 2040, Консепсияи Қазоқистон барои солҳои 2024-2029) ва таъсиси марказҳои инноватсионӣ (ба монанди Asian Hub ва Парки технологияҳои баланд дар Қирғизистон) тақвият мебахшад.
Қатънома ҳолати нодирӣ Осиёи Марказӣ – иқтисодиёти гуногун, мероси фарҳангии бой ва мавқеи ҷуғрофии стратегӣ – ва потенсиали зеҳни сунъиро барои ҳалли мушкилот дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, тиҷорат, молия, тандурустӣ ва ғайра эътироф мекунад. Он аз давлатҳои узв ва ҷонибҳои манфиатдор даъват мекунад, ки дар ҳамкорӣ ширкат варзанд.
Қатъномаи A/79/L.94 бо бо дастгирии кулли давлатҳо қабул шуда, ба истифодаи бехатар, масъулиятнокӣ ва ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ диққат медиҳад.
Дар Қатънома муқаррароти зерин дарҷ гардидаанд:
- Механизмҳои худтанзимкунӣ. Таъсиси стандартҳои минтақавӣ барои идоракунии зеҳни сунъӣ, ки мувозинати байни танзим ва навоварӣро таъмин мекунад.
- Рушди устувор. Истифодаи зеҳни сунъӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар Осиёи Марказӣ.
- Ҳамкорӣ. Пешбурди барномаҳои муштарак дар самтҳои омӯзиш, таҳқиқот ва инфрасохтор.
Қатънома:
1. Давлатҳои узвро ба афзоиши ҳамкорӣ дар қобилиятсозӣ, мубодилаи сиёсатҳо, интиқоли технологияҳо ва омӯзиши ҳаётӣ даъват мекунад.
2. Кишварҳои Осиёи Марказиро ба таҳияи ченакҳо ва механизмҳо барои арзёбии таъсири зеҳни сунъӣ ҳавасманд мегардонад.
3. Ҳамкориҳои байналмилалиро дар барномаҳои таълимӣ, дастрасӣ ба захираҳо ва иштироки корхонаҳои хурду миёна пешбарӣ намуда, ташаббуси таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе-ро қайд мекунад.
4. Таҳияи чораҳои худтанзимкунии минтақавиро дар Осиёи Марказӣ қайд мекунад.
5. Агентиҳои СММ-ро ба ҳамкорӣ дар тарҳрезии барномаҳои қобилиятсозӣ ва шарикии давлатӣ-хусусӣ даъват мекунад.
6. Нақши марказӣ ва ҳамоҳангсозии СММ-ро дар ҳамкории байналмилалӣ дастгирӣ мекунад.
7. Системи СММ-ро ба афзоиши ҳамкории амалӣ оид ба қобилиятсозии зеҳни сунъӣ даъват мекунад.
Қатънома ҳамчунин механизмҳои муайянро пешниҳод мекунад, аз ҷумла таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе, ки ҳамоҳангсозии барномаҳоро таъмин менамояд. Қатънома зарурати бартараф кардани фарқиятҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро байни кишварҳо ва дар дохили онҳо таъкид мекунад ва ба маблағгузории давлатӣ ва хусусӣ, мубодилаи донишҳо, интиқоли технологияҳо ва кӯмаки қобилиятсозӣ барои кишварҳои рушдёбанда, аз ҷумла Осиёи Марказӣ диққат медиҳад. Нақши созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва академиро дар пешбурди қобилиятсозии зеҳни сунъӣ эътироф мекунад.
Марказ ҳамчун ҳаб барои ҳамоҳангсозии талошҳо дар Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст, ки дорои вазифаҳои зерин мебошад:
- Дастгирии стартапҳо ва омӯзиши мутахассисон.
- Роҳандозии лоиҳаҳои таҳқиқотӣ.
- Таъсиси шабакаҳои маълумот.
- Ҳамоҳангсозии сиёсатҳои миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ.
- Ҳамкорӣ бо шарикони ҷаҳонӣ.
Ин марказ метавонад намуна барои минтақаҳои дигар гардад, чунонки дар қатъномаҳои қаблӣ оид ба зеҳни сунъӣ зикр шудааст.
Қатъномаи мазкур қадами муҳим дар роҳи истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувор буа, нақши пешсафии Тоҷикистонро дар қабули санадҳои байналмилалӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад. Татбиқи он метавонад ба ҳамгироии минтақавӣ ва навоварӣ мусоидат намояд.
САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад, - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор