
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Иди Наврӯз яке аз қадимтарин идҳо мебошад, ки инсоният онро ҳамасола ҷашн мегиранд. То ба бурҷи ҳамал ворид шудани офтоб ғаллаю сӯзишворӣ ва хошоки барои зимистонгузаронӣ захира кардашуда барои одамону чорво кам шуда ба ҳиссаи захиравӣ наздик мешаванд ва бо расидани офтоб ба бурҷи ҳамал, ки равшании рӯз ба торикии шаб баробар мегардад ба рӯзҳои21-22 ва баъзан 23-юми март дар солшумории мелодӣ рост меояд. Рӯзи навбатӣ бо дарозшавии вақти рӯшноӣ дар рӯи замин ва камшавии вақти шаб рост меояд. Дар ин ҳангом табиат низ аз ҳолати оромии нисбӣ ба фаъол будану махсус диҳандагӣ рӯй меорад.
Одамон ба рӯзи нав расиданашонро бо орзую ормонҳои доштаашон бо ҳам пайваста ба амалҳои неку хайрхоҳона дар танҳоию дастаҷамъона рӯй меоранд ва нисбати якдигар кинаю адоватро нораво мебинанд. Иди Наврӯз ба кӯчак ва ва омма бо фарогирии рӯзҳо аз якдигараш фарқ менамояд.
То расидан ба рӯзи нав соли нави шамсӣ одамон аввало хонаю ҳавлӣ, кӯчаю паскӯча ва ҷую ҷӯйборҳоро тозаю озода намоянд сониян ҳунармандону косибон дастовардҳои эҷодкардаашонро бо намоишгузорӣ фурӯш пешниҳод мекарданд.
Иди мазкур инъикоснамояндаи натанҳо навовариҳои истеҳсолӣ, балки пешниҳоднамояндаи шодию шодмонӣ бо шеърҳою намоишҳои нави Наврӯзӣ пешниҳодшаванда сурат мегирад.
Дар рӯзҳои ид аксарияти одамон бо сару либоси навӣ бештар ба рӯшноӣ шабоҳат дошта(сафед, сабз, сурх, гулдӯзӣ) ба идгоҳ меоянд. Одамон бо алоқа бо синну сол ва лаёқату маҳораташон дар мусобиқаҳои гуногун(гуштингирӣ, аспдавонӣ, бодгирӣ, найзапартоӣ, вазнбардорӣ, байтбараку сурудхонӣ ва ғайраҳо) ширкат варзида бо хурсандияшон шодӣ зам менамоянд.
Модарон натанҳо омода кардани майсаи гандум, балки ба гирифтани шираи сабзаю пухтани суманаку ҳалво ва хурокиҳои гуногун аз он машғул шуда, ба меҳмонон ва аҳли байт кадбонуимеҳрубон будани худро исбот менамоянд.
Духтарон бо гулдӯзии анҷом додаашон волидайну бародар ва додарони хешро бо тупиҳои дастидухту миёнбанд ва барои модарону хоҳарони хеш рӯймолҳою либосҳои гулдӯзишударо тӯҳфа менамоянд. Бо ин амал ҳар яке аз онҳо ба зиндагии мустақил омодагардии хешро ба ёру ошно ва меҳмонҳои ба ид омада, муаррифӣ менамоянд.
То ид замин ҳам саховатмандии хешро бо саросар сабзапуш гардидану пешниҳоди гулҳои гуногун ба одамон, ки боиси шодию худболиҳои онҳо мегардад, дареғ намедорад. Одамон он гулҳоро ба якдигар тӯҳфа ва ё ба сарашон овехта, аз бӯю тароват ва ҳусни он баҳра мебардоранд. Одамон он гиёҳҳои нав рустарро ҳамчун маводи ғизоӣ ва доруворӣ барои пагоҳӣ неки худ ҷамъ менамоянд. Барои онҳое, ки бо деҳконӣ машғуланд, иди Наврӯзро бо ба саҳро баровардани барзаговҳою бо ҷуфт кардани замину коштани тухми умед ва гирифтани ҳосили нав, ки паси сар кардани зимистони ояндаро таъмин менамояд, шодию фараҳи дигар ва омодагиҳои дигарро талаб менамояд. Ба ҷуфти идона баромада ҳамроҳаш каме ҳезум, чойҷӯш ва дар дастархони гулдӯзишуда нон гирифта ба саҳро мебаромад.
Ҳар як роҳгузарро ба чойнӯшии идона даъват карда пиёлаи чой ва бурдаи нонро дареғ намедошт. Ҳар як дар ид иштирокнамоянда бо савғотиҳои ба худ хос ба он замин ҷуфтнамоӣ ҳозир мешуд. Ҳамин ки ҷуфтгар каме хаста мешуд, аз иштирокчиён бо сурудхониҳои идораашон он одамро ба ваҷҳ меоварданд ва дигаре ба завқ омада ҷуфтгари хастаро иваз мекард. Ҳамин ки ба замини шудгоршуда тухмӣ мепошиданд, ба болои мола то ду нафар кӯдаконро шинонда заминро мола мекарданд, ки барои онҳо рӯзи ид рӯзи фаромӯшнашуда мегардид. Ҳангоме, ки барзаговҳоро ба дамгирӣ мебароварданд, овози доираю дутор бо суруд омехта шуда, базмро дар гӯшаи саҳро бо рақсу бозӣ ва қувваозмоиҳо ба миён меовард.
Дар рӯзҳои ид ба хостгориравиҳо ва тӯйҳои дар ид барпо шуда, ки шабона бо шамъҳои фурӯзон, арӯсро ба хонаи домод меоварданд, якумра дар хотири хешу ақрабон ва ба висол расидагон мемонад.
Дар рӯзи ид тоҷикон кинаю адоватро фаромӯш карда, об рамзи озодагӣ гуфта якдигарро об мепошанд ва шарики хушнудии якдигар мегарданд.
Дар бораи иди Наврӯз фикру ақида ва гуфторҳои хеле зиёде вуҷуд дорад. Дар мувофиқа ба гуфтаҳо иди Наврӯз дар асри3-и пеш аз мелод, дар давраи шоҳигарии Ориёиҳои эронитабор Ҷамшед ва Каюмарс ба вуҷуд омадааст. Ақидаи мазкурро Умари Хайём дар "Наврӯзнома"-и хеш доир ба таърихи бавуҷудоии иди ҷаҳонӣ қайд кардааст, дар "Аласор-ул-бақия"-и А. Берунӣ ва А. Фирдавсӣ дар Шоҳнома низ ҳамин ақидаро оид ба бавуҷудомадани иди Наврӯз дар асарҳояшон тасдиқ кардаанд. А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, А. Берунӣ, А. Дониш, Н. Туғрал, С. Айнӣ ва қисми зиёди шоирони имрӯза аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Гулназар Келдӣ, Мӯъмин Қаноат, Баҳриниссо натанҳо дар бораи иди Наврӯз маълумот додаанд, балки онро дар осорҳояшон суруданд.
ЮНЕСКО аз соли 2009 иди Наврӯзро осори ғайримоддии ба инсоният аз тоҷикон меросмонда гуфта, қайд кард, ки ин ид иди умумибашарӣ буда, бояд дар ҳамаи давлатҳо он ҷашн гирифта шавад.
Пас иди мазкур як гӯшаи муносибатҳои бо ҷаҳоннишавии иқтисодиётва рақамикунонии он алоқаманд буданашро рушду равнақ дода истодааст. Мо қайд карда метавонем, ки иди Наврӯз, ки эҷоднамояндаё пешниҳоднамояндаи он тоҷиконанд ба қисми таркибии маданияту фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ мубаддал шуда, як шохаи муносибатҳои бо ҷаҳоннишавии иқтисодиёту рақамикунонии онро инъикос карда истодааст ва хоҳад инъикос кард.
Оймаҳмадов Г.Н., Боймуродов Ҷ.С. ходимони калони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ
Таърих гувоҳ аст, ки ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва машҳуртарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёнажод буда, аз баробарии шабу рӯз ва оғози соли нав шаҳодат медиҳад. Мардумони ориёӣ аз оғози зиндагӣ ва тамаддуни хеш, муддатҳо пеш аз тақсим шудан ба шохаҳои ҳиндӣ ва эронӣ фаро расидани баҳорро ҷашн мегирифтанд, то он ҷо ки ин расми зебо ҷузъи одот ва одоби миллии онон шуда буд. Қадимтарин сарчашмае, ки дар он ҷашни Наврӯз зикр шудааст китоби «Авесто» мебошад. Бино ба қавли муҳаққиқон сол дар «Авесто» ба ду фасл – гармо ва сармо, яъне ҳафт моҳ тобистон ва панҷ моҳ зимистон тақсим мегашт ва дар ҳар як аз ин ду фасл ҷашне парпо мешуд ва ҳарду оғози соли нав ба шумор мерафтанд. Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳамчунин дар бораи тақвим, гардиши офтоб, таъин намудани соли кабиса, хосияти маъданҳо, зар, нишонаҳои ганҷҳои пинҳонкардашуда, рустаниҳо, парандаҳо, бозҳо ва уқобон баҳс меравад.
Ба ақидаи файласуф ва мутафаккири тоҷик Кароматулло Олимов «Наврӯз барои мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, на танҳо ҷашн аст, балки он инъикосгари рӯҳи бузурги ниёгони мо, муборизаи онҳо барои сулҳ, некӣ ва созандагист. Ҳатто дар фоҷиабортарин лаҳзаҳои ҳаёти тоҷикон ва ҳамзабононашон, онҳо ин ҷашнро ҳамчун умеде барои ҳаёти орому сулҳомез ва саодатманд таҷлил менамоянд».
Бояд қайд намуд, ки имрӯз Наврӯзро дар кишварҳое ҷашн мегиранд, ки дар замонҳои қадим бо Эрон иртибот доштанд, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Чин ва Туркия низ ҳамчун ҷашни миллӣ ин ид таҷлил мегардад.
Дар қатори дигар кишварҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Наврузи байналмилалӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, ки ин худ аз таърихи бойи қадимаи халқи тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. Барои ҷаҳонишавии Наврӯзи байналмилалӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят назаррас буда, бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат, аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат бузург таҷлил мегардад.
Яке аз анъана ва хусусиятҳои хоси Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маросими суманакпазӣ буда, асосан дар аввали баҳор дар арафаи ҷашни Наврӯз ин намуди таоми идона аз сабзаи гандум омода мекунанд. Суманакро таоми Наврӯзӣ номида, асосан дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, аҳёнан дар Озарбойҷон пухта мешавад.
Анъанаҳои дигари Наврӯзӣ аз замонҳои гузашта то имрӯз ин дар байни мардум хондани байтбарак, достонхонӣ, қиссагӯӣ ва афсонахонӣ аст, ки бо ин хислатҳо ҳамдигарро аз таърих ва тамаддуни қадимаи ориёӣ огоҳ мекунад. Дар арафаи ин ҷашн дар баъзе манотиқ бозиҳои бузкашӣ, арғамчинкашӣ, аловпарак ва лаглагбозӣ дар байни ҷавонон анъана гардида, дар майдонҳои махсус баргузор мегардад. Инчунин аъанаи дигари Наврӯз ин тозаю озода нигоҳ доштани хонаю палосҳо, рӯбу чин намудани хонаю хиёбонҳо, тозаю озода гардонидани роҳравҳо ва ҷӯйборҳо, либоси тозаю озода ва нав ба бар кардани одамон буд, ки хушбахтона то замони мо омада расидааст.
Дар баробари дигар кишварҳо ҷашни Наврӯз яке аз ҷузъи муҳими абрешими бузург гардидааст, ки ин роҳ ба тамаддуни ҷаҳонӣ таъсири худро расонид. Дар анҷумани дуюми байналмилалии фарҳангии Роҳи абрешим моҳи сентябри соли 2015 дар Москва, Созишнома дар бораи таъсиси созмони ҳамкориҳои фарҳангии “Авруосиё – Роҳи Абрешим” ба имзо расид. Баъди ба имзо расидани ин созишнома Роҳи абрешим муколамаи тамаддунҳоро пурзӯр намудааст. Эҳёи роҳи бузурги абрешим, ин аз нав барқарор намудани андозаи ҳазорсолаи таммадунҳо гардида, дар марҳилаи кунунӣ иқтидори бузургро фароҳам овардааст. Хусусиятҳои этнографии он дар байни халқҳо бедор шуд ва ба сайёҳон имконоти бузург пайдо гардид.
Бо роҳи бузурги абрешим дар навбати худ корвонҳо аз Чин зарфҳои чинӣ, маҳсулоти чӯбӣ, биринҷ, чой ва маҳсулотҳои гуногунро дар арафаи ҷашни Наврӯз оварда, ба фурӯш мебароварданд.
Роҳи бузурги абрешим барои ташаккули фазо ба ҷаҳониён шароит фароҳам овард, ки бо тавассути ин роҳ аз фарҳангу тамаддун, хат, забон, санъат ва дигар услубҳои миллии ориёинажод, ки дорои хусусияти таърихи қадима дорад, огоҳӣ дошта бошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми арзишҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз эҳё гардида, дар сатҳи байналмилалӣ бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз яке аз ҷашнҳои таърихии арзишмандтарин, волотарин ва бузургтарини бостонӣ ва муосир мебошад, ки аз замонҳои қадим то замони мо омада, то имрӯз таҷлил мегардад. Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва муосир, яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ, пайвандгари наслҳо ва хотираи таърихии қавми эронӣ ба вижа мардуми тоҷик аст, ки дар ҷаҳон нуфузу эътибори он ба ҳайси як ҷашни умумибашарӣ афзудааст.
НЕМАТОВА П.М., - мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илмҳои иқтисодӣ
Дар фарҳанг ва расму оинҳои ҳар як миллат рӯзҳое вуҷуд доранд, ки заминаи таърихию фарҳангӣдошта, зуҳуроти рамзии эътиқод ва ҳувияти фарҳангиву таърихии миллатро нишон медиҳанд.
Таҷлил ва суннатҳои марбут ба Соли нав аз маъмултарин ойинҳоест, ки ҳамасола бо оғози баҳор ва оғози соли нав дар кишвари мо ва бархе кишварҳои дигари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон баргузор мешавад. Наврӯз, таҷлили соли нави ориёӣ, дорои вижагиҳое аст, ки бо ҷанбаҳои фарҳангӣ, таърихӣва ахлоқӣва ҳамзамон бо эҳёи табиат ва дубора шукуфтани гулҳо аз ҷашнҳои солинавии дигар миллатҳо ва қавмҳо фарқмекунад.
Бо вуҷуди гузашти солҳои тӯлонӣва пастиву баландиҳои таърих нақши гуворо дар пояи устувору мустаҳаками фарҳанги ориёӣпобарҷо боқӣмондааст ва ба ҷуз аз Тоҷикистон, дар дигар манотиқи дунё, аз Истамбул то Осиёи Марказӣ ва аз нимҷазира то Чин, дар ҳар ҷое, ки осори фарҳангу тамаддуни бостонии ориёӣвуҷуд дорад ва дар ҳар ҷо, ки ин лаҳзаҳои фарҳангии бостонӣвуҷуд дорад ҷашн гирифта шуд.
Инчунин ин ҷашни аҷдодии моро дар баъзе ҷумҳуриҳои минтақаи Қафқоз ҷашн мегиранд.
Наврӯз дар ҷумҳуриҳои минтақаи Қафқози Русия таҷлил мешавад. Мардуми ин ҷумҳурии соҳили шимолии баҳри Хазар аз кайҳо боз ин ҷашни бостониро таҷлил мекунанд ва мардуми он сарзамин Наврӯзро "Ёрони савор" меноманд, ки ба маънои ҷашни офтоб аст. Дигар миллатҳои муқими Доғистон, аз қабили "аварҳо" онро ҷашни кишоварзӣва оғози кишту кори баҳорӣмедонанд. Ба муносибати Наврӯз дар Махачқалъаи маркази Доғистон ва дар дигар шаҳрҳои ин ҷумҳурӣбо намоиши расму ойинҳои марбут ба кишварҳои Шарқва Доғистон як ҷашнвораи театру мусиқӣ баргузор мешавад. Тибқи анъана рӯзҳои 21-ум ва 22-юми март дар толори театри драмавӣбо ҳузури мардуми зиёд маросими истиқболи соли нав баргузор мешавад. Мардум пас аз тамошои маросими миллӣнону ширинӣ ва меваҷот мехӯранд. Дар ин барнома озмуну тафреҳҳо, нақлҳои шӯхӣ, иҷрои рақсҳои миллӣва сурудани сурудҳо дар назар аст. Рӯзи 23 март дар шаҳри бандарии Каспий барномаи Наврӯз амалӣмешавад. Наврӯзро дар Тотористон ва Бошқирдистон, ҷумҳуриҳои мусалмонии Россия низ таҷлил мекунанд. Мусулмонони Қрим низ Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ин нимҷазира дар соҳили Баҳри Сиёҳягона ҷумҳурии мухтори Украина аст, ки аксари сокинонашро русҳо ташкил медиҳанд. Онҳо ҷашни Наврӯзро, ки аз ҷашнҳои ҳамашумул ва миллии худ медонанд, дубора эҳё кардаанд. Маросими Наврӯз дар Ялта, Симферопол маркази Қрим ва дигар шаҳрҳо баргузор мешавад. Дар факултаи забоншиносии шарқи Донишгоҳи «Таврия»-и ин шаҳр ба муносибати Наврӯз консерт ва конфронсҳо баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, тоҷикон, озарбойҷонҳо ва мардуми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Наврӯзро таҷлил мекунанд.
Ҷашни Наврӯз дар Ҷумҳурии Озарбойҷон низ таҷлил карда мешавад.
Дар Озарбойҷон чанд анъанаи таҷлили Наврӯз вуҷуд дорад, ки мо дар зер шарҳ медиҳем.
Ривояте ҳаст, ки Озариён Наврӯзро санаи гардиши замин дар атрофи офтоб, иваз шудани фасл ва оғози мавсими нави кору талош дар саҳро медонанд, ба гуфтаи мардуми Озарбойҷон, бо фаро расидани Наврӯз ҳокимон аз ҷанг даст мекашиданд, созишномаҳои сулҳба имзо мерасанд ва маҳбусон озод мешаванд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Озарбойҷон мисли баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ муддати тӯлонӣаз таҷлили Наврӯз маҳрум буд, дар тӯли тамоми солҳое, ки Озарбойҷон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣбуд, Наврӯз дар ин кишвар ғайрирасмӣва пинҳонӣтаҷлил мешуд. Аммо имрӯз ва пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ШӯравӣНаврӯз дар Озарбойҷон як маросими расмӣмаҳсуб мешавад. Тибқи қонуни меҳнат дар Озарбойҷон, ки соли 2006 тасвиб шуд, коргарон 5 рӯз истироҳат мекунанд. Чунин ба назар мерасад, ки пас аз Тоҷикистон ва Эрон дар Озарбойҷон аз ҳама бештар ҷашнҳои Наврӯз бо ҳафт рӯзи истироҳат дорад.
Мардуми Озарбойҷон дар ҷашни Наврӯз чӣгуна расму русум доранд? Ба далели он ки мардуми Озарбойҷон ба Наврӯз қадри зиёд доранд, аз ин рӯ дар остонаи Наврӯз маросимҳои зиёде доранд. Мардуми ин кишвар баҳору Наврӯзро бо шавқу завқи хоса истиқбол мекунанд ва ин иди бузургро бо ороиш додани хонаҳо, харидани либосҳои нав ва кабудизоркунӣ таҷлил мекунанд.
Чоршанбеи охири сол дар Озарбойчон
Мардуми Озарбойҷон ва Боку барои истиқболи Наврӯз дар шаби сешанбеи охири сол, ки онро чоршанбеи "охшомӣ" мегӯянд меноманд ва дар ин рӯз оташ меафрӯзанд. Чоршанбегиҳои Озарбойҷон бар чаҳор унсур асос ёфта, бовар доранд, ки вақте оташ афрӯхтанд, шамол онҳоро ба кӯҳҳо мебарад ва барфи кӯҳҳо дар даштҳо ва чарогоҳҳо об шуда, ҷорӣмешавад ва ба замин ҳаёти нав мебахшад ва сабзиши ҳаёт оғоз меёбад.
Озариҳо чаҳор Наврӯзи чоршанбегӣ доранд:
Чоршанбеи обӣ
Чоршанбеи оташ
Чоршанбеи оташ
Чоршанбеи шамол мебошад.
Якеи дигар аз расму русуми наврӯзии озариҳо ин оташбозӣ мебошад.
Оташбозӣяке аз ойинҳои маъмули мардуми озарӣаст, ки аз гузашта ба он пайравӣ мекунанд. Мардуми Озарбойҷон ба қудрати тозакунандаи оташ бовар дорад. Ба андешаи онҳо, оташ рамзи зиндамонӣ буда, барои мардум гармии зиндагӣ ва ғизо меорад. Аз ин рӯ, оташи Наврӯз бояд ҳамеша аз макони муқаддаси Озарбойҷон оварда шавад. Дар ин рӯзхо бисёр одамон ба Боку сафар мекунанд, то дар ин маросими шавковар ва ҷаззоб иштирок кунанд.
Намоиши гуштингирон. Намоиши варзишгарон ё паҳлавонон як суннати дигари мардуми Озарбойҷон дар ҷашни Наврӯз аст. Вазнабардорӣ ва гуштӣаз варзишҳое ҳастанд, ки озариҳо дар рӯзи Наврӯз машғуланд. Ба қавли муҳаққиқони озарӣ, вақте зимистон фаро мерасад, гӯё баданҳо ях мекунанд, ҳатто вазнҳо вазнинтар ба назар мерасанд ва барои бардоштан заҳмати бештаре лозим аст. Мо зимистонро паси cap карда, онро ба баҳор иваз мекунем, мегӯянд онҳо.
Ҳафт Син дар Озарбойҷон
Ҷадвали Ҳафт Син дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ҳафт унсур иборат аст, ки номашон бо ҳарфи Син оғоз мешавад. Бо тафовут, ки номҳо бар асоси номашон дар туркии озарбойҷонӣинтихоб мешаванд. Албатта, ин тафовут дар чадвал чандон тағйир намеёбад. Зеро номҳои аксари ин унсурҳо форсист. Илова бар ин, ин ҷадвалро дар минтақаҳои гуногуни Озарбойҷон бо роҳҳои гуногун омода мекунанд.
Суфраи Ҳафт Син дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Сумак, нишонаи офтоб, танга, нишонаи бахт, сумано, ширинӣ, баракат ва ҳосилхезӣ, сабза, покӣ ва хушбахтӣ, Саки кок- зардчуба - ширинии зиндагӣ, суот (шир), саломатӣ ва зебоӣва сув (об), таваллуд ва ҳаёти нав мебошад, ки бисёрии онҳо ба ҳафтсину ҳафтшини мо тоҷикон монанд мебошанд.
Боиси сарфарозист, ки расму русум ва ҷашну оини мо аз ҷумла ҷашни Наврӯз, ки хоси мардуми ориёиҳо, аз ҷумла тоҷикон мебошад, на фақат дар Осиёи Марказӣва Шарқи Миёна таҷлил мешавад, инчунин дар кишварҳои Қафқоз низ таҷлил мешавад, ки ин аз фарҳанги бой ва пурғановати тамаддуни фарҳангсолори тоҷикон шаҳодат медиҳад.
ҚУРБОНЗОДА ФАРИДА, - ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ҷашни Наврӯзи Аҷам аз комилтарину машҳуртарин ҷашнҳо аст, ки дар байни мардумони олам аз қаъри асрҳо то кунун эътибору манзалати худро ҳифз кардааст, зеро Наврӯз аз рӯзи аввали ҷашнвора эълон гаштанаш ба худ хусусияти фаромилливу фароқавмӣ касб намуда, аз марзҳои фарҳанги ҷаҳонӣ дар қаламрави инсонӣ гаштааст.
Наврӯз дар баробари устураҳо ва муққадасоти мазҳабӣ, ки дар масири таърих ба он илова шуданд, монанди дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон бо падидаҳои табиӣ дар пайванди мустақим ва ногусастанӣ қарор дорад. Аз ин рӯ Наврӯзро ҷашни табиат гуфтаанд, зеро дар робитаи мустақим бо гардиши Замин бо даври Офтоб қарор дошта, рӯзи аввали моҳи Фарвардин маҳсуб меёбад ва ба қавли донишмандони пешин “расидани Офтоб бо нуқтаи аввали Ҳамал ва ибтидои баҳор аст”. Болотар аз ин ҷашни мазкур аз муқаддасоти оинӣ низ бархӯрдор аст. Мутобиқ ба эътиқодоти бостонии мардуми мо одоби ин ҷашн бар асоси ангезаи накӯдошт ва посдорӣ аз муҳити зист ва ҳамоҳангии байни кайҳон, замин ва инсон бино ёфтааст.
Аслан мафҳуми Наврӯз аз забони суғдӣ гирифта шуда, бо истилоҳи “Навсард” ё “нувсард” дар пайванд мебошад ва маънои он “Соли Нав” аст. Ин калима дар забони авастоӣ бо лафзи “Сарзе” бо маънои “Соли хуршедӣ” омадааст. Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон асли паҳлавии ин калима “ нук руҷ” ва ё “нӯг рӯз” будааст, ки то имрӯз дар ҷануби кишвар аз он бо мафҳумҳои “Нуки рӯз” ёд мекунанд.
Дар баёни сабабҳои баргузории ҷашни Наврӯз низ андешаҳои бисёре ба майдони баҳс дохил шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо дар ҷойгоҳи хеш аз эътибори хосса бархурдор мебошанд. Ба қавли қисмати аъзами муаррихон дар охирин рӯзи соли кабиса Ҷамшед подшоҳи пешдодӣ баъд аз анҷоми як силсила ислоҳоти иҷтимоӣ бар тахти заррин нишаста, фосилаи байни Дамованд то Бобулро дар як рӯз тай менамояд, ки он рӯз “ҳурмуздрӯз”-и фарвардинмоҳ ба шумор мерафт. Дар асоси дастури Ҷамшед ин рӯзи “Сари сол” ҷашн гирифта шуда, ба он “Наврӯз” номгузорӣ мекунанд. Ба андешаи Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯз “нахустин рӯз аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат “рӯзи нав” ном кардаанд, зеро ки пешонии Соли нав аст, он чи паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост”(ат- Тафҳуму -л-авоил санату- л- танҷим, с.253).
Умар Ибни Иброҳими Хайём низ дар “Наврӯзнома”- и хеш, ки дар кашфи ҳақиқати Наврӯз навишта шудааст, таъкид месозад, ки “сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр буд, яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқа Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд, бад – ин дақиқаи натавонад омадан.
Чи ҳар сол аз муддат ҳама кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзи аввали мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми сол ва моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Язди таборак дувоздаҳ фаришта офаридааст. Аз он чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ва ҳарчи андар ӯ аст, аз аҳриманон нигоҳ дорад” (Наврӯзнома, с. 19).
Ба ҳамин тариқ, аз таҳлили қисмати аъзами сарчашмаҳои таърихӣ чунин бармеояд, ки поягузори ҷашни Наврӯз шоҳи Пешдодиён Ҷамшед будааст ва ин дар дар вақти таъсиси худ ҳеҷ иртиботе ба дини Зардуштия надоштааст ва фаротар аз маҳдудиятҳои мазҳабӣ мебошад. Болотар доир ба ин аз ҷашни Навӯз дар “Авасто” ном бурда нашудааст. Яке аз зеботарин бахшҳои Готҳо дар “Авасто” готи 29 маҳсуб мегардад, ки сарчашмаи чеҳрасозӣ ва намоишноманависӣ дар ин китоб аст. Дар он муколама ва музокираи Зардушт бо Ҳурмузд сурат мегирад, ки муҳокимаҳои Суқрот дар муқоиса ба онҳо берангу беэътибор менамоянд. Баъд аз пурсиши Зардушт аз Ҳурмузд, ки “чӣ гуна буд оғози офариниш! (28:77) тамошохонае барои хонандаи Готҳо барпо мегадад ва гуфтӯгуҳои миёни Ҳурмузд ва нақшофаринони гетӣ ба гуш мерасад. Шеваи ҳунармандии Зардушт дар саволу ҷавоб як навоварӣ дар адабиёти дунё буд, ки дар таърихи афкори фалсафаи ҷаҳонӣ намунабардориҳои зиёде аз он анҷом гирифтааст.
Дар доираи ин гуфтугӯ Зардушт аз Ҳурмузд савол мекунанд: “Ин динро нахуст ба чӣ кас намудӣ!” Ҳурмузд: “Нахуст ба Гивмарт намудам, ки онро дарёфт ва бидуни фарогирӣ ва омӯхтанӣ, ба ёд супорид”.
Зардушт: ”Чаро ин динро аз роҳи (ваҳм) ба Гивмарт намудӣ ва ба ман аз роҳи гуфтор!”
Ҳурмузд: “Зеро боиста буд ту ин динро биомӯзонӣ ва дигаронро баҳравар дорӣ, аммо Гивмарт касеро намеёфт, ки бипазирад ва бинобар ин аз сухан хомуш буд”.
Ба саволи Зардушт, ки баъд аз Гивмарт ва ё Каюмарс Ҳурмузд динро ба кӣ пешниҳод кард? Дар ҷавоб меорад, ки ба Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун, Гаршосп, Кайораш ва Кайқубод.
Зардушт: “Ҷамшед ба ҷаҳон чӣ бадтар кард”
Хурмузд: “Чун дин бад-ӯ намудам, напазируфт”.
Ба қавли Ҳурмузд замоне, ки вай Ҷамшедро ба дин даъват месозад, Ҷамшед Ҳурмуздро таҳқир намуда, даъвои бемаргӣ ва номирандагӣ мекунад. Аз сабаби ин таҳқир девону одамон ӯро пора-пора месозанд.
Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки дар асоси солшумории куҳан Фарвардинмоҳ дар ҳар сол чанд соат аз мавқеи аслии худ ақиб афтода, дар муддати 1461 сол боз ба ҳамон маҳал, ки нуқтаи эътидол мебошад, пас мегардад. Аз замоне, ки Гивмарт ва ё Каюмарс ҳисоби соли хуршедиро пайдо кард, то саду бисту якумин соли салтанати Ҷамшед ин рӯз ба охир расид ва ин фасли сол ба маҳалли нахустини худ бозгашт.
Қобил ба зикр аст, ки дар хусуси Ҷамшед ақидаҳои бисёре дар китобҳои қадимаи Ҳундуҳо ва Эрониён вуҷуд дорад ва мутобиқи онҳо падараш Таҳмурас ном дошта, дар санскрик Ҷамшед бо номи Йама (Jаma) ва дар “Авасто” Йима (Jima) омадааст. Лақаби вай дар “Авасто” “хшеата”, яъне “дурахшон” хонда шудааст ва ба тадриҷ “йам” ба “ҷам” ва “хшеата” ба “шед” мубаддал гаштааст. Ба таври қатъӣ ва яқинан метавон гуфт, ки Ҷамшед аз подшоҳони муштараки қавмҳои ҳинду эронӣ буда, замони зиндагӣ ва қудрати давлатдории вай беш аз ду ҳазор сол аз милод тахмин карда мешавад.
Мувофиқи устураи куҳан чун Аҳриман баракатро аз рӯи замин бурда, шамолро аз вазиш монд то дарахтон хушк шаванд ва наздик буд, ки олами ҳастӣ аз байн равад, Ҷамшед ба амри Ҳурмузд ба ноҳияҳои ҷанубӣ рафта, бо Аҳриман дар ҷанг қарор мегирад. Баъд аз пирӯзии Ҷамшед вазъи иҷтимоии мардум хуб шуда, кишвар ба ҳолати фаровонӣ бармегардад. Ҷамшед дар ин рӯз ба мисли офтоб тулӯъ карда, аз вай нур меборад. Мардум аз тулӯи дувуми хершед тааҷҷуб карда, бо як садо мегӯянд: “Инак, рӯзи нав”, яъне Наврӯз шуд:
Сари Соли нав, Ҳурмузд фарвардин,
Бар осуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар-он рӯзро “Рӯзи нав” хонданд.
Ба ҳар ҳол ҷашни Наврӯз баъд аз зуҳури оини авастоӣ илова ба решаи мифологӣ ва асотирӣ, ки ба достони Ҷамшед боз мегардад, решаҳои дигаре дар эътиқодоти мазҳабии мардум низ пайдо мекунад, ки намунаи он сипосу ситоиш ба даргоҳи Ҳурмузд мебошад.
Расму оин ва одоби баргузории ҷашни Наврӯз низ дар бисёр матнҳои кӯҳан бо ривояту далелҳои таърихнигорон хеле дилчаспу зебо баён шуда, аз расми иҷрои он метавон асолати ҳузури ин оинро дар байни гузаштагони тоҷикон дарёфт намуд.
Абӯрайҳони Берунӣ дар “Осору-л-боқия”овардааст, ки “аз одоби ҷашни Наврӯз ин буд, ки дар саҳни ҳар хона бар ҳафт сутун рақами ғалла мекоштанд ва ҳар як аз онҳо, ки мерӯид, онро далели тараққии он навъ ғалла дар Соли нав медонистанд”.
Ба ибораи дигар аҷдоди тоҷикон чанд рӯз қабл аз поёни соли кӯҳан ба хонатаконӣ ва таҳияи либоси наву сабз кардани ғаладонаҳо аз қабили гандум, ҷав, нахӯд, биринҷ, кунҷид, лӯбиё ва ғайра машғул мешуданд. Амали мазкур аз ҷониби “Авасто” низ дастур шуда буд, зеро мутобиқи он рӯҳу равони мурдагон ва фариштагон (фраваҳрҳо) дар рӯзҳои фарвардинмоҳ ба хонаҳои худ боз мегарданд. Аз ин рӯ бояд мардум хонаҳоро пок кунанд ва фаршу қолинҳои пок густурда, хӯроку хӯрданиҳои хуштамъу бомазза ва иштиҳоовар ниҳанд ва аз онҳо хуранд, то рӯҳи мурдагон аз бӯй ва нерӯи он қувват гиранд.
Мувофиқи расму одоби Наврӯз чунин буд, ки пеш аз фаро расидани Соли нав ҳамагон ба гармоба рафта, сипас равғани “бон” ба тани хеш мемолиданд ва эътиқод доштанд, ки ин равған барои хосияти дорӯӣ доштан саломатии онҳоро дар муддати як сол кафолат медиҳад.
Шаби аввали сол бояд ҳама хонаҳо бо шамъ равшан карда мешуд ва чанд соат қабл аз гусели Соли кӯҳна ва пешвози Соли нав аҳли хонавода ва дар маҷмӯъ мардум саропо либоси нав мепушиданд ва дар атрофи “суфра” ё “хонча”, ки дар даврони Сосониён бо номи “суфраи ҳафтшин” шӯҳрат дошт, ҷамъ меомаданд. Ба ҷумлаи ҳафтшин инҳо дохил мешуданд: шамъ, шароб, ширинӣ, шаҳд (асал), шамшод, шарбат ва шақоиқ. Ҳафт хӯрок, ки дар хони наврӯзӣ мениҳоданд, дар зарфҳои чинӣ, ки аз Хитой ворид мегаштанд, чида мешуданд. Ба ҳамин сабаб ба сурфаи наврӯзӣ дар баъзе ҳолатҳо “ҳафтчин” низ мегуфтанд.
Як нуктаро бояд таъкид созем, ки ҳафт шин дар даврони оини исломӣ тағйир ёфта, ранги дигар гирифт ва миқдори он ба 12 бурда шуд: китоби муқаддас, оина, шамъдон, обу моҳӣ, тухми мурғ, испанд, суманак, себ, санҷид, сабза, сир, сикка, ки маънои зерин доранд:
1. Китоби муқаддас: зардуштиён низ “Авасто”-ро ба хони наврӯзӣ мегузоштанд.
2. Оина: равшанӣ ва воситаи таҷаллии анвори Аҳуроии офтоб.
3. Шамъдон: рамзи созиш ва сӯзиш, субот ва нурбахшӣ.
4. Обу моҳӣ: рамзи баракат ва зиндагӣ. Моҳӣ рамзи Исфандмоҳ низ аст.
5. Тухми мурғ: рамзи зоиш ва борварӣ.
6. Испанд. Дар суфраи наврӯзӣ зардуштиён ба нияти саломатӣ ва дармонбахшӣ мегузоштанд.
7. Суманак: рамзи зоиш ва борварии гиёҳҳо.
8. Себ: ин мева аз сабаби он ки дар тафаккури динӣ (яҳудӣ, насронӣ) меваи биҳиштӣ аст дар анешаи эронтабориён низ қабул шуд.
9. Санҷид: рамзи ишқ ва дилбохтагӣ.
10. Сабза: рамзи шодобӣ ва сарсабзӣ ва нишонгари зиндагии башарият ва пайванди ӯ бо табиат.
11. Сир: зиндагӣ ва рамзӣ шодобӣ.
12. Сикка: рамзе аз Амошсипанди шаҳривар (нигаҳбони фулузот) аст ва ба нияти баракат ва даромади зиёд интихоб шудааст.
Мутобиқи расму оини куҳан агар ҳангоми гусели Соли кӯҳна ва пешвози Соли нав аҳли хонавода дар хонаи худаш дар атрофи сурфаи ҳафтшин набошад, то соли дигар аз хонааш овора хоҳад буд.
Дар ин лаҳзаҳои муқаддас дастархони наврӯзӣ бо дуо боз мешуд. Аломати гусели Соли кӯҳна ҷунбиши барги сабз дар рӯи об ва бо навохтани табла эълон мешуд. Падару модар ба фарзандон ва хидматгорон туҳфаҳои идонаи худро тақдим мекарданд. Аз хӯрокиҳо дар ин рӯз палавмоҳӣ, мурғпалав, риштапалав ва ё оши ришта пухта мешуд.
Дар дарбори шоҳон ҷашни Наврӯз ба мисли мардуми омма пешвоз гирифта мешуд. Дар ин рӯз либоси дарбориён шакли хосае дошт ва дар тамоми маросими Наврӯз бо ин либоси расмӣ зоҳир мешуданд ва ҳадяҳои гуногунро аз сар то сари мамлакатҳои тобеи худ қабул мекарданд.
Умари Хайём дар ин хусус чунин овардааст: “Оини мулуки Аҷам аз Кайхусрав то рӯзгори Яздигурди шаҳриёр охарин мулуки Аҷам буд, чунон будааст, ки рӯзи Наврӯз нахуст мубадони мубад, пеши мулук омада, бо ҷоми заррини пурмай, ангуштарӣ, дираме ва динори хусравонӣ як даста хавиди (ғаллаву сабзаҷот) сабз ва руста, шамшере, тиру камоне, давоту қаламе, аспе, бозе, ғуломе ва хубруе ситоиш намӯдӣ ва ният кардӣ ӯро ба забони порсӣ. Ба иборати ишон ва чун мубадони мубад аз охирин пардохтӣ чошани кардӣ (чашидан) ва ҷом ба малик додӣ ва хавид дар дасти дигараш ниҳодӣ ва динору дирам дар пеши тахти ӯ бинҳодӣ ва бад-ин сон хостӣ, ки рӯзи Наврӯз ва Соли нав, ҳарчи бузургони аввал дидор бар он афкананд, то соли дигар шодону хуррам бо он чиз дар комронӣ бимонанд”.
Зеро мафҳуми “хубрӯе” Умари Хайём шахсеро дар назар дорад, ки номи дилписанде дошта, ба некӯкорӣ маъруф буд ва сурату зоҳири хеле зебо ва забони шеваву ширин дошт. Вай ба дарбор омада, иҷозати ворид шуданро савол мекард. Подшоҳ аз куҷо буданд ва ба куҷо равон шудани ӯро мепурсид ва иҷозати дохил шудан медод.
Он шахс посух медод, ки “аз сӯи ду ҷой, ки хайру баракат ва саодат дар он ҷо аст, меоям ва мехоҳам ба ҷое, ки саодат ва баракат вуҷуд дорад, биравам ва касе, ки пирӯз аст, маро ба ин ҷо овардааст. Номи ман Хуҷаста аст бо Соли нав омадаам ва барои подшоҳ армуғони саломат паём овардаам”.
Ин шахси хушқадам дар фарҳанги қадима бо номи “Фирӯз” ва ё “Мири Наврӯз” маъруф буд, ки дар айёми ҷашн ҷомаи сурхи арғувонӣ ба бар мекард ва чеҳраи сиёҳ дошт. Чеҳраи сиёҳ рамзи талхиҳо ва сиёҳиҳои рӯзгор буда, ҷомаи сурх маънои шодӣ ва сурурро дошт. Дар дасти ӯ доирае буд, ки маънои он “доираи зиндагӣ” буд. Вай армуғони осмонро аз ҳафт фуруҳар ва ё фариштаи осмонӣ, ки дар айёми Наврӯз ба шеваи рамз мутаҷаллӣ мешуданд, ба подшоҳ ва мардум мерасонд.
Баъд аз шодбошӣ дар назди шоҳ як тангаи нуқра ва ё тиллоро, ки дар атрофи он ҳафт ғаллаворӣ қарор дошт, мегузошт. Донаҳое, ки дар таҳияи нон дохил мешуданд, дар атрофи нонҳо чида шуда буданд. Дар байни ҳафтшин шохае аз зайтун ё анор ҷой дода мешуд. Ҳар як шохаҳо дорои шаддаҳо буда, ҳар кадоми шохаҳо номи яке аз кӯзаҳои холӣ ба худ дошта буданд ва ин кӯзаҳое буданд, ки Мири Наврӯз бо ҳамроҳи худ онҳоро ба дарбор оварда буд.
Мири Наврӯз хӯрданиҳоро аз сурфаи ҳафтшин мехӯрд ва сипас барои саломатӣ ва иззати шоҳ дуо мекард. Дар бисёр аз матнҳои кӯҳан аз Мири Наврӯз номбар шуда, ӯро шахси мазҳакабоз ва масхарабоз низ меномиданд. Ҳангоми наздики шоҳ омадан вайро ҳатман ба тахт мешинонданд ва дар айёми Наврӯз вай ба салтанати чандрӯза мерасид. Ба ибораи дигар шоҳ дар рӯзҳои наврӯзӣ қудрати давлатдориро ба дасти Мири Наврӯз медод.
Мири Наврӯз аз оғози ҷашн то рӯзи “Сездаҳ бадар” дар номоиши “шаҳбозӣ” иштирок намуда, аз фаъолияти нодурусти шоҳ ва дарбориён ба тариқи масхара баён мекард, то дар Соли нав онҳо атрофи ин иштибоҳоти хеш фикр кунанд. Муҳимтарин ҳадаф аз “шаҳбозӣ” пандомӯзии шоҳ ва дарбориён буд:
Сухан дар парда мегӯям, чи гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест, ҳукми Мири Наврӯзӣ.
Мири Наврӯз ба як даст худро бод медод ва дар дасти дигар бози сафед ва дар бар шамшер мегирифт. Ин намоиш бозгашти Мири Наврӯзӣ аз набард ва шикаст додани душман буд. Ба ҳар хонае, ки мерафт, бояд соҳиби хона ба ӯ ҳадяе медод ва ба таноби дасташ туҳфае овезон мекард.
Мутобиқи эътиқодоти бостонӣ Мири Наврӯз то поёни “сездаҳ бадар”, ки рӯзи охирини ҷашни “Наврӯз” аст дар шаҳру деҳот гашта, ҳукумат мекард ва камбудиҳои мавҷударо ба саҳнаи мазҳакаи Наврӯзӣ мекашонд. Вай роҳбарон ва кормандони давлатиро ба адлу инсоф ва покиву садоқат даъват мекард.
Дар ин айём агар духтари бахтбаргашта дар хонае мебуд, бо наздик шудани Мири Наврӯзӣ ба он хона, духтар дар утоқе пинҳон шуда, гиреҳҳое бар миёни (чорқади) хеш месазад. Модари духтар аз хона берун омада, кӯдаки ноболиғеро аз ҳамроҳону корвони Мири Наврӯзӣ ба дохили хона мебурд, то он гиреҳҳоро кушояд. Ин худ рамзи кушоиши бахти духтарон буд. Дар ин рӯз духтарони ба балоғат расида аз Аҳурамаздо дуо талаб мекарданд, ки бахташон сафед ва соҳиби хонадони босаодат гарданд.
Мувофиқи эътиқоди куҳан аввалин касе, ки дар бомдоди иди Наврӯз бояд ба хонаҳояшон ворид мешуд, ин марди хушқадам буд. Вай баъд аз ворид шудан бояд дубора аз дари хона берун мешуд ва аз нав ба хона боз мегашт. Далели ин расму оин аз он иборат буд, ки дар фарҳанги гузошта мардон таъминкунанда рӯзгори хонавода ва рамзи рӯзиву баракат маҳсуб мешуданд. Пас вуруди онҳо нишонаи ин буд, ки то поёни сол рӯзӣ ва хайру баракат дар ин хона бошад. Саҳнаи рафтани мард ва дубора бозгаштани вай ба хона низ рамзе аз рафту бозгашти ризқу толеъ ба хонадон аст. Ба ибораи дигар бо ин рафтори рамзӣ то поёни сол рӯзӣ ва хайру баракат аз ҳамон даре, ки мард медарояд меояд, меравад ва боз мегардад.
Ҳамчун дар оғози рӯзи ҷашн шоҳон дар дарбори хеш аз намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа истиқбол ба амал меоварданд. Дар ин рӯз шоҳ ба ҳеҷ кас ҳукм намекард ва ҷурмоне ба ҷуз дар таъмини хостаҳои мардум содир намехост. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ дар “рӯзи дуввуми фарвардин деҳқонон ва хидматгузорони оташкадаҳо ба ҳузури шоҳ бар меёфтанд ва рӯзи саввум борёбии мубадон буд”.
Хешу табори шоҳ, роҳбарони воломақом ва фармондеҳони артиш дар рӯзи чаҳорум ба назди вай даъват мешуданд. Аъзои хонадон ва фарзандону наздикони шоҳ дар рӯзи панҷум ба дидори шоҳ ва пазироии Наврӯз мерафтанд. Рӯзи шашуми Наврӯз шарафёби надимон ва мушовирон аз дарбор буд.
Аз бомдоди иди Наврӯз то шомгоҳи дувоздаҳуми фарвардин аъзои оила ба дидори якдигар мерафтанд. Хурдҳо ҳатман аз аҳволи бузургони хона бохабар мешуданд ва калонсолон дар навбати худ ба онҳо туҳфаҳо тақдим мекарданд.
Қобил ба тазаккур аст, ки ба хусус дар гаҳвораи зуҳури тамаддуни ориёӣ ва наврӯзӣ дар шаҳри Балх (бист километраи Мазори Шарифи Афғонистон) дар анҷумангоҳи “Навбаҳор” дирафши Ковиёнӣ барафрохта мешуд. Сарбозон бо парчамҳои ифтихорӣ ва пирӯзиву ғалабаҳои хеш вориди анҷумангоҳи “Навбаҳор” мешуданд ва дар канори Дирафши Ковиёнӣ пойкӯбӣ мекарданд.
Чӣ тавре ки қаблан зикр сохтем, поёни Наврӯз дар рӯзи сездаҳуми моҳ бо ҷашни “Сенздаҳ бадар” ба охир мерасид. Дар ин рӯз тамоми мардуми шаҳр ба кӯҳу пушта рафта, дар байни гулҳову марғзорҳо истироҳат мекард. Дар он рӯз, ки бо номи “Эзиди Таштар” – оварандаи борон номгӯзҳорӣ шудааст ва рӯзи муққадас маҳсуб мегашт, мардум, ба хусус аз моҳӣ ва сабзавот хӯрок омода мекарданд. Дар давоми ҳамин сабзаҷоти суфраи идонаи Наврӯзро ба унвони ҳадя ба Аноҳито ба об меандохтанд, то сол аз аввал то охираш дар кишвар сарсабзу хурам боқӣ монад.
Мувофиқи асотири мавҷуда дар ин рӯзи муқаддас аввалин одамони рӯи замин Машиё ва Машиёна издивоҷ кардаанд, ки онҳо аз нутфаи Каюмарс дар замин рӯида буданд. Дар асоси эътиқодоти кӯҳан Аҳурамаздо дар марҳилаи аввалини офариниши навъи башар Каюмарсро офарид. Каюмарс ва ё Гивмарт- намуна ва истиорае аз нахустин инсон дар рӯи замин мебошад. Дар фарвардининяшти 87 аз китоби “Авасто” омадааст, ки “фараваши (равону рӯҳи) Гивмарти ашаванро (порсоро) меситоем. Нахустин касе, ки ба гуфтор ва омӯзиши Аҳурамаздо гуш фаро дод ва аз ӯ хонаводаи сарзаминҳои Эронӣ ва нажоди эрониён падид омадааст”.
Каюмарс муддати сӣ сол дар саросари ҷаҳон гардиш намуда, дар миёни кӯҳу дашт рӯзгори хешро сипарӣ мекард. Вай дар рӯи замин подшоҳи гулҳо буд, зеро дар он марҳилаҳои офариниш дигар ҳеҷ мавҷуде ба ҷуз аз гулҳо офарида нашуда буданд. Пас аз сӣ соли подшоҳӣ бар гулҳо ва табиат ҳангоми марг аз салби вай нутфае хориҷ шуд, ки баъд аз тасфияву поксозӣ тавассути офтоб ва аз газанд олоиш ёфтан дар домани хок ва дар раҳми замин ҷой гирифт. Пас аз чиҳил сол ин нутфа дар гули шакли ишқидарпечон мерӯяд ва дар рӯзи Меҳррӯзи Меҳрмоҳ онҳо ба сурати инсон даромада, аз онҳо аввалин ҷуфти марду зан падид меояд, ки мувофиқи устураи оини Меҳргон (митраизм) бо номи Машиё ва Машиёна хонда мешаванд.
Ин ду гули ишқи дарпечон ва аввалин инсонҳои устуравии рӯи замин баъд аз панҷоҳ сол, яъне дар рӯзи сездаҳум фарвардинмоҳ ба ҳам издивоҷ мекунанд. Чун дар он замон меҳваре ҳамчун қоидаи издивоҷ набуд, онҳо ду гиёҳро ба рамзи пайванди сабзу муборак миёни хеш гиреҳ намуда, онро нишони пайванди заношӯӣ қарор медиҳанд.
Аз ҳамон рӯз шурӯъ карда, ин расм ҳамчун оин ба ёдмон аз нахустинсонҳои устуравӣ –Машиё ва Машиёна дар байни мардумони табори гузаштаи мо боқӣ монд. Ҳамчун рӯзи муқаддас мардумон дар 13-уми фарвардинмоҳ ба кӯҳ рафта, он оинро иҷро мекарданд.
Асли мақсади тамоми ин мероси бузурги фарҳангии Наврӯзӣ-парвариши ҳаёт дар домони табиат ва Модар – Замин аст, ки онро мо бояд муққадас дорем. Ва ҳамчун фарҳанги ғании гузашта, ки ба оини навини мо ҳеҷ иртиботе надорад, фаромуш насозем. Сарфи назар таи ҳазорсолаи охир рамзи иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷик тағйир ёфт, лекин бунёди ин фарҳангу тамаддун дар маънавиёт ба ҷавҳари ҳар як нафари табори мо боқӣ мондааст ва ҳамчун нишоне аз гузаштаи дур дар руъиёи мо зуҳур мекунад.
Абдулвоҳид Шамолов, - доктори илмҳои фалсафа, сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили Ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосаро пайдо кард. Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад. Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад.
Тавре ки дар сарчашмањои таърихї омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки
«Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст”. Бояд зикр намуд, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашни Наврӯз ки чигуна мардуми давронаш аз пиростани хонаву кошона аз Наврӯзи оламафрӯз истиқбол менамуданд, маълумотњои љолиб овардааст.
Бояд гуфт, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, ки њамасола дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Дар замони соњибистиќлолї Наврӯз боз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ таҷлил менамоем. Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки "Наврӯз ҷашнест, ки инсонро ба покию нафосат, некию накӯкорӣ, дӯстиву бародарӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ ҳидоят мекунад." Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки ҷашни Наврӯз рамзи эҳёи табиат ва шодии мардум, арзёби гардида, ин ҷашн баёнгари пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек мебошад.
Воќеан њам мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонанд. Ҷашни Наврӯз арзишҳои чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстӣ миёни қавму миллатҳои гуногунро афзоиш медиҳад.
Ҳамасола дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар чорабиниҳои бузурги Наврӯзӣ баргузор мешаванд, ки на танҳо тоҷикон, балки меҳмонони хориҷиро низ ба худ ҷалб мекунанд.
Дар сатҳи фарҳангӣ ва сиёсӣ, Наврӯз ба як воситаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа ҳамкорӣ намуда, барои таблиғ ва ҳифзи арзишҳои Наврӯз талош мекунад. Ин ҷашн ба мустаҳкам шудани робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстонаи кишварҳои гуногун мусоидат менамояд.
Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки як мактаби худшиносӣ, эҳтиром ба гузашта ва пайвастагии инсон бо табиат ва ҷомеа мебошад. Ин ҷашн ҳамеша мардумро ба сӯи якдигар наздик мекунад, рӯҳияи дӯстиву ҳамбастагиро таҳким мебахшад.
Фарзона Маҳмадова - ходими хурди илмии ИФСҲ АМИТ
Ниёгони соҳибфарҳанги мо, тоҷикон, аз аҳди қадим Соли нав- Наврӯзи бостонии худро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯзро дар табиӣ будани он медонанд ва ин комилан дуруст мебошад. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.
Ба андешаи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад. Яке аз ҷанбаҳои асосии фалсафаи Наврӯз ба сифати ҷашни моҳиятан оммавию мардумӣ дар баробарӣ миёни одамон зоҳир мегардад. Яъне Наврӯзро хурду бузург озодона ҷашн мегиранд ва баробар хурсандӣ мекунанд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнгирии Наврӯзи бостонӣ ва воқеан ҳампайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои фарҳангӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳоиниёгони накуном, ба марҳалаи нав ворид шуд.
Тавассути иқдомоти фарҳангпарварона ва эҳёкунандаи расму русуми ниҳоят арзишманди миллати тоҷик - Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи бостонии тоҷикони бофарҳангу меҳанпарвар ҷаҳонӣ шуд. Вуруди Наврӯзифаррухпайи мо, тоҷикон, ба арсаи ҷаҳонӣ ба рӯзи 18-уми феврали соли 2010 рост меояд. Маҳз дар ҳамин рӯз дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттахид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қарори “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” тасвиб гардид. Он бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамрайии давлатҳои Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ сурат гирифтааст. Дар он гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон рӯзи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад.
Ба арсаи умумиҷаҳонӣ ворид гардидани Рӯзи нав, яъне Наврӯз, ҳамчун аз ҷониби ҷаҳониён эътироф гардидани фарҳанги тамаддунсози миллати тоҷик маҳсуб меёбад ва ҷашни фаро расидани баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзию боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳори нозанин дар тамоми ҷаҳон доман паҳн мекунад.
Дар баробари ин, бо ин васила ҷаҳониён метавонанд аз таърих, тамаддун, фарҳанг ва урфу одат, инчунин хулқу атворинекбинонаи мо, тоҷикон, огаҳии бештар ва воқеъбинона пайдо кунанд, ки ҳамаи ин ба манфиати мардуми мо хоҳад буд, зеро дар раванди омодагириҳои хурду бузург ва зану мард, хулласи калом тамоми мардуми тоҷик ба таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи фархундапай ва ҷаҳонсозибостониашон хислатҳои беҳтарини инсони некухоҳ, боҳурмат, меҳнатқарин, ободгар ва посдори сулҳу таъминсози амнияти тамоми инсоният нуҳуфтаанд. Решаи ҳамаи иннекхоиву накукориҳо дар аҳди қадим гузошта шудааст.
Аз қадимулайём то кунун дар рафти омодагириҳо ба ҷашни Рӯзи Нав – Наврӯз ва таҷлили бошукӯҳи он мардуми тоҷик маросимҳои идонаи худро ҳифзкардаву пеш мебарад.
Роҷеъ бамазмуну муҳтавоимаросимҳои марбути омодагирӣ ва таҷлили ҷашни бошукӯҳ ва бостонӣ - Наврӯзи куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихӣ: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-махосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар ки дар онҳо Ҷамшеди пешдодиён ҳамчунасосгузори ҷашни Наврӯз шинохта шудааст, метавон маълумоти пайдо кард
Баргузор намудани маросимҳои ҷашни Наврӯз хусусан дар даврони Сомониён бо шукӯҳи тоза идома дода шудааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар намудаанд. Шоирони забардасти тоҷик Рӯдакию Фирдавсї ва Дақиқӣ дар ситоиши онҳо бо меҳру муҳаббати хоса сухан гуфтаанд.
Ҷойи ифтихору қаноатмандист, ки мардуми фарҳангпарвару меҳанпарасти тоҷик дар ин айёми тинҷиву осудагӣ, ки бо шарофати саъю кӯшиши пайгирона ва сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам гардидааст, аҳлонамаросимҳои суннатии ин ҷашни бостонии ниёгони хешро ҳифз намудаву то кунун бо меҳру садоқати бепоён ва аҳлона идома медиҳанд.
Имрӯз дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рӯзгорони пеш маросимҳои таърихии наврӯзии зерини ниёгон бо самимияти том анҷом дода мешаванд:
– маросими зебои гулгардонӣ;
– ҷуфтбаророн, маросиме, ки аз оғози корҳои деҳқонӣ дарк медиҳад
– хонатакконӣ, маросими як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯз хонаро рӯфтаю сафед кардан ва курпаю пардаҳоро шустану хушбуйӣ задан;
– чаҳоршанбесурӣ, яъне дар чорраҳае алав афрӯхтану хурду калон аз болояш ҷаҳидан ва ба оташ муроҷиат кардану гуфтан: ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман;
– обрезон – яъне пеш аз фарорасии соли нав – Наврӯз худро поку озода кардан ва чандин маросимҳои дигари ибратомӯзу тарбиятдиҳандаи наврӯзи бостонӣ идома доранд ва тақвият меёбанд;
– обгирӣ. Дар деҳоти Рӯшони Бадахшон пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хӯрокҳои идонаи наврӯзӣ соҳибхоназан ё мард саҳарии барвақт ба сари чашма барои об меравад ва ҳангоми об овардан, бояд аз хона то сари чашма ё дарё ва аз онҷо то хона бо касе сухан нагуяд. Ӯ ҳангоми обгирӣ ба даруни сатил чандто сангча меандозад, ки ин сангчаҳо рамзи пурбаракатшавиро ифода мекунанд. Обро ба хона оварда як қисмашро ба хамир меандозад ва як қисми дигарашро барои пухтани боҷ – як навъи хӯроке, ки аз каллаву почаи гӯсфанд ва рудаҳои он бо гандум нимкӯфта ва боқило пухта мешавад, истифода мебаранд ва аз боқимондааш ҳамаи аҳли хонавода кам-кам менӯшанд, ки он шугун - фоли нек нек хисоб мешавад.
Ойини мазкур ба он далолат мекунад, ки об дар қаринаи ҷашни Наврӯзи мардуми тоҷик аз даврони бостон ба ғайр аз корбурди маишӣ, инчунин мазмуни асотириву рамзӣ доштааст.
Обро тоҷикони имрӯза чун аҷдодони ориёии худ дар қатори оташу бод ва хок ҳамчун як унсури муқаддаси табиат, дорои неруи поккунандаи тамоми айбу гуноҳҳо, нопокиҳо ва зиштҳо медонанд. Об рамзи ҳаёти поку беолоиш ва оромиву сулҳу субот низ мебошад.
– ҳафт Син ва ҳафт Шин, номгӯи анвоест, ки номашон бо ҳарфҳои С ва Ш оғоз меёбанд. Масалан, сир, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, суманак, сипанд
ва шакар, шона, шамъ, ширинӣ, шарбат, ширбиринҷ, шир;
– суманакпазӣ, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии хаёт ба шумор меравад;
– пӯхтани хӯрокҳои анъанавии наврӯзӣ, ки асосан аз ғалладона тайёр карда мешаванд. Хӯрокҳои гандумӣ рамзи фаровонии Соли нав маҳсуб дониста мешаванд;
– сайри наврӯзӣ, ки дар богу чаман, лаби чашмаву рудхонаҳо, яъне яъне дар идгоҳҳо баргузор мегардад;
– оштикунонӣ, маросими ба ҳам ошти кунонидани аз ҳам қаҳркардагиҳо. Анъане роиҷ ҳаст, ки дар оғози соли нав набояд касе бо касе қаҳрӣ бошад. Ашхоси калонсол дар байни қаҳркрдаҳо даромада, онҳоро бо ҳам оштӣ мекунонанд;
– бозиҳои варзишӣ. Дар айёми Наврӯз мусобиқоти паҳвонон дар намудҳи гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ(давидан), бандкашӣ, ҷавгонбозӣ, ки асосан дар Ягнобу, Бадахшон маъмул ҳаст, сурат мегиранд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ғолибон туҳфаҳо, аз қабили ҷома, қолину палос, телевизору видеомагнитофон, мошини сабукрав, гӯсфанд, барзагов ва асп тақдим карда мешаванд;
– сароидани таронаҳои наврӯзӣ. Яке аз ғояҳои асосии таронаҳои наврӯзӣ муқобилгузории фаслҳои зимистону баҳор мебошад. Мардум бо рафтани зимистон ва омадани баҳору иди Навруз бо сурудхонӣ шодиву нишоти худро ифода мекунад.
Ҳамин тариқ, иди Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳиби ин ҷашни бошукӯҳу фархунда будани мардуми фарҳангпарвари тоҷик болида, иброз медоранд: “Мо аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд.
Сарходими илмии шуъбаи шарқи Миёна ва наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ доктори илмҳои сиёсӣ Маҳмадбекзода М.Ш
Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани пайвандҳои муштараки адабу фарҳангу забону таърих, лоиҳаву барномаҳо дар коркард ва мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ мебозанд.
Покистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Миёни мардумони Тоҷикистону Покистон муштаракоти зиёде вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо маросими Ҷашни Наврӯз мебошад. Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 5-уми апрели соли 2018 аввалин бор дар таърих Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Покистон расман таҷлил гардид, ки он бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Исломобод ба вуқуъ пайваст.
Бояд гуфт, ки соли 2016 ЮНЕСКО бо қарори худ Покистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки Наврӯз дар онҳо ҷашн гирифта мешавад, илова намуд ва он дар ин кишвар ба номи «Новроз» ва ё «Ҷашни баҳорон» маъмул аст. Ҷашни Наврӯз дар маҳаллаҳои гуногуни Покистон бо шеваҳои мухталиф баргузор шуда, мардуми онро хеле самимӣ ва шоён пешвоз мегиранд. Рӯзи аввали Наврӯзро «Олами рӯшноӣ» номида, бар он боваранд, ки бо омадани он олам мунаввар мегардад. Мардуми Покистон шаби Наврӯз дар хонаҳои худ маҳфили наъту ғазалсароӣ баргузор карда, барои боз ҳам хубу ҷолиб шудани он овозхонони машҳурро даъват мекунанд.
Маврид зикр аст, ки санаи 23 март аз солгарди Қатъномаи таърихии муҳими шаҳри Лоҳур, ки бештар бо номи қатъномаи Покистон ё «Резолюцияи Покистон» машҳуру маъруф аст 85 сол сипарӣ мешавад. Қатъномаи Лоҳур изҳороти расмии қабулшудаи Лигаи Мусулмонони Ҳинд дар соли 1940 мебошад, ки ба худидоракунӣ даъват мекард. Тибқи маълумоти дарёфтшуда бори нахуст олим ва омӯзгор Сайид Аҳмадхон (1817-1898) эълом дошт, ки мусулмонон ва ҳиндуҳо дар Ҳинд ду миллати ҷудогона, ба ибораи дигар, “назарияи ду миллат”-ро ташкил медиҳанд. Шоир, файласуф Муҳаммад Иқбол ин консепсияро боз ҳам бештар тавзеҳ дода, дар соли 1930 дар конфронси солона дар Аллоҳобод суханронӣ намуда, аз мухторият ва худидоракунӣ доштани минтақаи алоҳида таъкид кард. Ба андешаи ӯ, ба он бештари аҳолии минтақаи Панҷоб, музофоти шимолу ғарбии сарҳадӣ, Синд ва Балуҷистон дохил мешаванд. Дар даврони ҳукмронии англисҳо дар Ҳинд Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ва Муҳаммад Иқбол борҳо дар ин бора миёни ҳам гуфтугӯ карда, табодули нома мекарданд. Ҳамин тариқ, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ҳамчун роҳбарии сиёсӣ аз дидгоҳҳои олии Иқбол чун шоир ва муфаккир илҳом гирифта, 21 июни соли 1937 ба ӯ нома фиристода чунин гуфт:"Умедворам, ки аз навиштани номаҳо ба шумо зуд-зуд нороҳат нашуда бошед, зеро шумо ягона муфаккире дар Ҳиндустон ҳастед, ки ҷомеа ҳақ дорад, ки тавассути тӯфоне, ки ба Ҳиндустони Шимолу Ғарбӣ ва шояд ба тамоми Ҳиндустон меояд, роҳнамоии беҳтару бехатарро ҷустуҷӯ кунад."
Ҳамин тавр, чунин Резолюция концепцияи Покистонро ба вуҷуд оварда, расман қабул шуд. Мутобиқи маълумотҳо ин резолюцияро А. К. Фазлул Ҳақ дар конфронси 27-уми солонаи Лигаи мусулмонон дар Лоҳур пешниҳод кард.
Дар натиҷаи он Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ аз «назарияи ду миллат» ҷонибдорӣ карда, ишора намуд, ки «Мусулмонон аз рӯи ҳар гуна таърифи миллат миллатанд ва бояд ватан, сарзамин ва давлати худро дошта бошанд... Мо таманно дорем, ки халқи мо то ҳадди пурраи ҳаёти маънавӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ тавре рушд кунад.. ».
Муаррих Стэнли Волперт изҳор намудааст, ки ин суханронии Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ заминаи фароҳам овард то унвонии "Бобои қавм" ё Қоиди Аъзам сазовор шуда, байни халқ маъруфу муҳтарам шавад. Ба қавли Волперт "Ҳеҷ бозгаште набуд. Сафири ваҳдати ҳиндуҳо ва мусулмонон худро комилан ба раҳбари бузурги Покистон табдил дод." Аз он вақт инҷониб, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ бештар маъруфият пайдо карда, пайравонаш афзоиш ёфтанд. Қатъномаи Лоҳур имкони таъсиси минтақаи алоҳидае, ки дар он дин ва фарҳанг ҳифз карда мешавад, ба миён гузошт.
Ба андешаи муаррих, муҳаққи соҳа Нодия Хон, новобаста аз он ки тақсими Ҳиндустон кори дуруст ё нодуруст буд, баҳсест, ки то ҳол ақидаҳо ва эҳсосоти мухталифро ба вуҷуд меорад. Барои баъзеҳо, ин як лаҳзаи фалокатборе буд, ки "Модар Ҳиндустон" -ро тақсим кард; барои дигарон ин ягона иҷоза барои мусалмонон буд, ки боварӣ ва тарзи зиндагии худро нигоҳ доранд.[1]
Ҳамин тариқ, бо гузашти ҳама сахтиҳо Покистон ба вуҷуд омада, ба ҳайси як кишвари калидӣ нақш мебозад. Аҳолии бештари онро ҷавонони бофарҳанг, пешрав ва эҷодкор ташкил дода, пайваста барои беҳбудии ояндаи хуб ва осоишта талошҳо варзида, мубориза мекунанд.
Ба андешаи адиб ва рӯзноманигори машҳури Осиёи Ҷанубӣ Сайид Сибти Ҳасан (1916 - 1986) дар водиҳои дарёи Даҷла ва Фурот се ҷашни мавсимӣ мавҷуд буданд, ки Наврӯз яке аз онҳо мебошад. Ин ҷашн дорои се унсури асосӣ яъне аввал, намоиши тасвирии коинот, ки дар он подшоҳ қаҳрамонӣ нишон дода, дувум, тоҷпӯшии подшоҳ аз нав сурат гирифта, севум, оиладоршавии шоҳ сурат мегирад.
Покистони имрӯзаро қавмҳои гуногун, ба мисли синдӣ, панҷобӣ ва сарҳад ташкил медиҳанд, ки дорои расму русуми хос мебошанд. Истиқболи Наврӯз дар манотиқи гуногуни Покистон ба монанди тоҷикон аст. Оғози баҳор зироаткорон ва деҳқонон аввалин донаро ба замин пошида, барои ободӣ ва зиндагии оянда умеди тозаеро истеҳком мебахшанд. Наврӯзро «Оламафрӯз» низ мегӯянд, ки ба маънои рӯзи тоза мебошад ва вурудаш ҷаҳонро равшан ва дурахшон мекунад. Дар ин айём мардуми атроф, ба мисли Дера Исмоилхон, Кувайта ва Порочанор маросимҳои худро бозкушоӣ карда, тамоми хонаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, ибодатхонаҳо ва боғҳоро софу тоза ва чароғон мекунанд. Дар шаби Наврӯз дар хонаҳои худ маҳфилҳои ғазалсароӣ бо иштироки ғазалсароёни машҳур ташкил менамоянд. Дар шаҳри Кувайта мардум кӯлчаҳо ва шириниҳо, ба монандӣ «расмалоӣ», «суҳон ҳалво» ва «барфӣ» пухта, якдигарро муборакбод менамоянд. Дар манотиқи шимолии Покистон, аз ҷумла, Гилгет, Балтистон, Свот ва Чатрол ба таври расмӣ Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ҳадя додани тухмҳои рангкарда ва боздид аз хонаводаҳои якдигар ва тамошои чавгонбозӣ аз анъанаҳои мардум дар фарорасии фасли баҳор ва Наврӯз мебошад.
Хулоса, фестивали "Ҷашни Баҳорон" ҳамасола ба истиқболи Наврӯз дар нимаи охири моҳи феврал оғоз шуда, то 23-юми март дар Покистон идома меёбад, ки дар он намоиши ҳунармандон, маҳоратҳои варзишӣ ва озмунҳои гуногун барпо мегарданд.
Ҳамин тариқ, Наврӯз дар Покистон низ ба мисли Тоҷикистон бо зиндашавии табиат ва фарорасии фасли баҳор ҷашн гирифта мешуд, ки тавассути он мардум зебоиҳои муҳити оламро қадр карда, барои равнақу шукуфоии он дастаҷамъона барномаҳои хоси иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ташкил менамуданд, то тавонанд якдилона бо дили софу меҳри инсонӣ озоду орому обод умр ба сар баранд. Тоҷикистон ва Покистон чун аъзои фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай якҷоя метавонанд ҳамкории бештари худро дар чаҳорчӯбаи форуму лоиҳаҳои мазкур масири аслии рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва энергетикиро тавсеа бахшида, шароитҳои созгору хуберо барои эҷод ҳамкорӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ фароҳам карда, аз сарватҳои инҷо барои рифоҳи зиндагии мардум истифода карда, дар пешбурди сулҳу субот ва иқтисоду тиҷорату саноату саёҳат саҳми муҳим ва муассир гузоранд.
Мирсаид РАҲМОНОВ, - таҳлилгар, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
[1] Golden Threads. Нодия Хон. 23 март Рузи Покистон. https://www.goldenthreads.uk/blog/pakistanday
Барҳақ, Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад ва ҷашни баробаршавии шабу рӯз, инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯйи замин маҳсуб ёфта, мақоми он дар фарҳанги миллати тоҷик ва мардуми форсзабон, ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад. Ин ҷашни аҷдодии мо шукӯҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ хамнавоӣ бо табиату замин, нерӯи тоза ва қавӣ пайдо намудан, ободкориву накӯкориро инъикос ва таҷассум намудааст. Бинобар ягон боду газандҳои рӯзгор, зарбаҳои таърих натавонистанд Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси ба он мутааллиқро аз байн бубаранд.
Истиқлоли ватани азизамон ва сиёсати хирадмандононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он ибтидо гузошт, ки дар сарзамини биҳиштосоямон заминаи ваҳдати миллӣ барпо ва устувор гашта, урфу одат, расму оини миллии ниёгонамон ва арзишҳои муқаддасоти аҷдодиамон дар симои Наврӯзи Аҷам дубора эҳё ва ба тамоми оламиён муаррифӣ шавад ва ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Албатта ин паёми нек ба шоирону адибони муосири мо барои эҷоди шеъру чакидаҳои наву рангин илҳоми тоза бахшид. Шоири шинохтаи тоҷик Муҳаммад Ғоиб дар шеъри зер васфи гулу Наврӯз менамояд ва бо ифтихор «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст», мегӯяд:
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст.
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Бӯи Наврӯз расад аз ҳама дар
Рӯзи Наврӯз расад аз ҳама бар.
Ҳама дар пероҳани наврӯз аст
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст...
Сабзгун ҳама пуштаву саҳрои Ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷои Ватан.
Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст.
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст...
Мусаллам аст, ки Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайвандгари наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстию берун сохтани кинаҳо, хамдигарбахшӣ ва дӯст доштани марзу буми худ ва баҳори зиндагии пас аз сардиҳову сахтиҳои зимистон, ибтидои умеду орзуҳои нав барои расидан ба саодатмандиву хуррамии рӯҳу қалб мебошад. Бинобар ин Наврӯз самимитарин, муборактарин ва бошукуҳтарин ҷашни қадими ва дӯстдоштанӣ мебошад. Дар ҳама давру замон шоирони чӣ классик ва чӣ муосир мавзуи Наврӯзу Баҳорро бо як маҳорату шавқи хоси шоирона, бо эҳсосоти баланду қалби саршори пур аз шодмониву меҳрафзо васфу тараннум кардаанд.
Воқеан ҷашни Наврӯз, ки дар фасли зебои сол - Баҳори нозанин рост омадааст, бо омаданаш қалбҳоро шодиву сурур мебахшад. Ҳанӯз дар гузаштаҳои дури дур Манучеҳрии Домғонӣ нигоштаст:
Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод!
Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,
Мурд зимистону баҳорон бизод.
Дар ҷое дигар Фахруддини Гургонӣ чунин тасвироти зебоеро рӯи варақ меорад:
Зимистонро бувад фарҷом Наврӯз,
Чу бошад тирашабро оқибат рӯз.
Чу лашкаргоҳ зад хуррам баҳорон,
Ба дашту кӯҳсору ҷӯйборон.
Ҷаҳон аз хуррамӣ бӯстон шуд,
Замин аз некуӣ чун осмон шуд.
Ҷаҳони пир барно шуд дигар бор,
Бунафша зулф гашту лоларухсор.
Шоири бузургу файласуфи мо-Умари Хайём дар «Наврӯзнома»- и худ менависад: «Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ бинишаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд...». Ҳамзамон рубоиҳои дар васфи Наврӯз сурудаи шоир содаву файласуфона ва беназиранд:
Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азм дуруст,
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.
Баҳору Наврӯзро бидуни шеър наметавон тасаввур кард. Яке аз хусусиятҳои Наврӯзро ҷашни бедоршавии табиат, шеъру шоирӣ гуем хато намекунем. Зеро фасли Баҳору Наврӯзро бе шеър, бе мусиқиву бе рақсу бозӣ наметавон тасаввур кард. Агар ба ашъори шоирону адибони дирузу имрузи миллатамон нигарем, баръало аён мегардад, ки шоирон дар фасли Баҳору Наврӯз, тасвири табиат, манзараҳои дилрабо ва гулу булбул шеъру ғазалҳои дилангезу дилчасп ва нотакрорро иншо намудаанд, Шояд як сабаби дар адабиёти классику муосири тоҷик зиёд васф гардидани Баҳору Наврӯз ин табиати нотакрор, зебою афсунгар ва дилрабои сарзамини мост, ки бо омадани ин фасл дашту даманаш гулпушу гулрез гашта, қалбҳоро тасхир карда, ба кас илҳоми тоза мебахшад. Шоирону донишмандону маъруфи тоҷик мавзуи Баҳору Наврӯзро бо як маҳорату шавқи хоси шоирона, эҳсосоти баланд ва қалби саршори пур аз шодмониву меҳрафзо васфу тараннум кардаанд. Шояд дар тули таърих дар адабиёти ғайр мисли адабиёти мо дар васфи ҳеч ҷашне мисли Баҳору Наврӯз қасидаву ғазал ва шеъру тарона насуруда бошанд. Таваҷҷуҳи шоирони точик ба ин мавзуъ торафт афзун мешаваду кам не.
Мавриди зикр аст, ки қасидаҳои Абуабдуллоҳи Рудакӣ, манзараофариҳои Фаррухию Унсурӣ ва Дакикию Фирдавсӣ ба эҷоди шоирони баъдӣ илҳоми тоза бахшида таъсири амиқ гузоштаанд. Воқеан ҳам имруз дар байни мардуми мо чӣ пиру чӣ барно касе нест, ки «Баҳория» - и устод Абуабдуллоҳи Рудакиро дӯст надораду пайваста замзама накунад. Тасвироти сода ва моҳиронаи шоирро ғайр аз худи ё наметавон каси дигар тасвир намояд. Чун Устод Рудакӣ шеъри ӯ низ нотакрору бемисл аст:
Омад баҳори хуррам, бо рангу рӯи тииб,
Бо сад ҳазор накҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир ба-д-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гети ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Ё ин ки ғазали дар васфи боғу баҳор навиштаи Ҳофизи Шерозӣ тасвироти чӣ сон рангину пурмуҳтаво ва хосса сабки шоирии ӯст:
Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.
Арғавон ҷоми ақиқӣ ба суман хоҳад дод,
Чашми наргис ба шақоиқ нигарон хоҳад шуд…
Ҳофиз аз баҳри ту омад сӯи иқлими вуҷуд,
Қадаме неҳ ба видоаш, ки равон хоҳад шуд.
Чунин таманниёти зебо ва тасвироти хеле оливу ҷаззобро аз забони Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мо ҳанузам барои муборакбодии наврузӣ ба якдигар мефиристем:
Имрӯз ҷамоли ту бар дида муборак бод,
Бар мо ҳаваси тоза печида муборак бод!
Гулҳо, ки миён бандад, бар ҷумла чаҳон хандад,
Эй бар гулу сад гул хандида муборак бод!
Шоири маҳбубу маъруфи замони мо Фарзонаи Хучандӣ Наврӯзро ба «Ҷони Ҷаҳонсоз» шабеҳ дода, бо як эҳсосоти ба худ хоси шоирона мегӯяд:
Наврӯз шуду панҷараро боз намудем,
Сад шукри ту, эй Ҷони Ҷаҳонсоз, намудем.
Табрики ҳама майнаву гунҷишку парасту
Бо марҳалаи тозаи парвоз намудем.
Воқеан ҳам, Наврӯз дар фарҳанги миллии мо хислату андешаҳои накӯ ва созандаро густариш бахшида, оштӣ ва сулҳофарӣ, адолатпешагиву ваҳдатро парастиш менамояд, сулҳу оромиро тақдим мекунад. Бо даромадани рӯзи наву Наврӯз ҳама дарду ғамҳои куҳна ба гушаи фаромӯшӣ рафта, зиндагии хушу рангин ва марҳилаи тоза барои ибтидои ҳаёти нав оғоз мешавад.
Хулоса, шеъру ғазалиёти дар мавзуи Баҳору Наврӯз эҷоднамудаи шоирону адибони мо дар шинохти ҷашни Наврӯз, мақому мартаба, ғояҳои арзишманди он барои бедор намудани хисси зебоипарастиву худшиносӣ, хештаншиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи худ барои наслҳои оянда хеле муҳим ва арзишманд буда, аз ҳамаи мо онро тақозо менамояд, ки пос доштану эҳтироми ин мероси аҷдодиамонро муққаддас шуморему ёдгор бимонем.
Шоира Холиқова, - ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои филология

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
