Skip to main content

(Дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)

21Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунии рушди давлатдорӣ саноатикунонии босуръати кишвар ба шумор меравад. Бо мақсади татбиқи ин ҳадаф як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ таҳия ва амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022 №309 солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуданд. Дар натиҷаи татбиқи ин иқдомҳо, солҳои охир дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ раванди таъсиси корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла саноати хурд ва миёна, ба таври назаррас вусъат ёфтааст. Сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ боиси афзоиши ҷойҳои корӣ гардида, дар навбати худ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, махсусан соҳаи маориф, дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ва ба истифода дода мешаванд, ки ин раванд дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа нақши муҳим мебозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ дар бораи дастовардҳои соҳаи саноат чунин таъкид намуданд: «Бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар давраи татбиқи он (солҳои 2019–2025), яъне дар ҳафт соли охир, беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд. Танҳо дар соли 2025 400 корхонаи истеҳсолӣ фаъолияти худро оғоз намуд».

Яке аз омилҳои калидии рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, истихроҷ ва коркарди канданиҳои маъдании кӯҳии фоиданок ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз соли 1936 академик ва минералоги маъруфи рус А.Е. Ферсман пас аз таҳқиқоти густурда дар кӯҳҳои Тоҷикистон чунин хулоса бароварда буд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали зиндаи элементҳои химиявии Д.И. Менделеев мебошад».

Ин нукта дар суханрониҳои Пешвои миллат низ таъкид гардида, зикр ёфтааст «Дар кӯҳҳои сарбафалаки Тоҷикистон элементҳои химиявие мавҷуданд, ки ҳанӯз дар ҷадвали даврии элементҳои Д.И. Менделеев сабт нагардидаанд».

Воқеан, таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 400 мавзеи канданиҳои маъдании фоиданок, аз ҷумла тилло (Au), нуқра (Ag), сурма (Sb), сурб (Pb), мис (Cu), қалъагӣ (Sn), ангиштсанг (C) ва дигар намудҳо муайян карда шудаанд, ки қисми зиёди онҳо мавриди истифодаи саноатӣ қарор доранд. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, танҳо захираҳои маъдании мавзеи Учкадаи ноҳияи Айнӣ аз рӯйи тилло, нуқра, сурма, сурб ва руҳ (Zn) беш аз 10 миллиард доллари ИМА арзёбӣ мегарданд. Айни замон дар ҷумҳурӣ солона тақрибан 3 тонна тилло истихроҷ мешавад, ки конҳои бузургтарини он Ҷилав, Тарор, Чоре, Дуоба, Каманнор, Шаҳкон ва дигарон мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи захираи нуқра дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои пешсафро ишғол менамояд. Бузургтарин кони нуқра — Конимансури Калон ба ҳисоб рафта, солона ба ҳисоби миёна то 50 тонна нуқра истеҳсол мекунад ва захираи мавҷудаи он барои қариб 200 сол кифоя мебошад. Илова бар ин, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи сурма ва қалъагӣ низ мавқеи хос дорад. Захираҳои сурмадори ҷумҳурӣ тақрибан 10 фоизи ҳаҷми умумии захираи ҷаҳониро ташкил медиҳанд. Миқдори умумии захираи қалъагӣ бошад, зиёда аз 10 миллион тоннаро дар бар гирифта, арзиши он ба чандин миллиард доллари ИМА баробар аст.

Тибқи маълумоти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонӣ дар соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, ки афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробарро ташкил медиҳад. Агар дар соли 1991 дар соҳаи истихроҷ ва коркарди маъданҳои химиявӣ танҳо се номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол мешуд, пас дар соли 2025 шумораи онҳо ба 17 номгӯй расонида шудааст. Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли тилло нисбат ба соли 1991 ҳафт баробар, нуқра шаш баробар ва сурб нӯҳ баробар афзоиш ёфтааст

Дар маҷмӯъ, тадбирҳои амалӣ дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин истихроҷ ва коркарди маъданҳои химиявӣ имкон фароҳам оварданд, ки ҳаҷми умумии истеҳсолоти соҳа дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад. Дар айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2026–2030, инчунин Барномаи рушди истеҳсол ва ғанигардонии металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳими стратегиро мавриди баррасӣ қарор додааст. Амалисозии ин барномаҳо барои бунёди корхонаҳои калони саноатӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истихроҷу коркарди маъданҳои химиявӣ дар тамоми конҳои ҷумҳурӣ заминаи устувор фароҳам хоҳад овард.

Рамазон Шарипов Докторант (PhD)-и Институти ботаника,физиология ва генетикаи растании АМИТ Ҳамзамон ассистенти

кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино"