Сентябрь 21, 2024 11:00
ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ аст. Ба ин муносибат андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон зери унвони «Абарустоди забони модарӣ» манзур мешаванд.
— Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бешубҳа, аз саромадони забону адаби мо маҳсуб мешавад, ки ҳамасола ба ифтихори ӯ 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад.
Дар байни ҳамаи устодони бузурги забони модарии мо аз рӯзгори пешин то ба ин даврон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) мақом ва ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро устод Рӯдакӣ аввалин шоири соҳибдевон ба забони модарии мост ва гуфтаанд, ки вай ҳамчунин муаллифи яке аз нахустин фарҳангҳои забони модарии мо – «Тоҷ-ул-масодир фӣ луғат-ил-фурс» (Тоҷи маъхазҳо дар забони порсиён) мебошад, ки мутаассифона, ин фарҳанг то замони мо нарасидааст.
Ҳамаи сурудаҳои боқимонда аз ӯ содаву равон ва ширину дилрасанд ва аз маҳорату устодии комили ӯ дар забону адаби мо гувоҳӣ медиҳанд. Барои намуна сурудаи маъруфи ӯ «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме»-ро, ки имрӯз вирди забонҳо аст, метавон суруди миллии тоҷикони ҷаҳон барои ҳамаи замонҳо ба шумор овард. Зеро аз ҳар калимаву ибораи он ширинию шевоӣ ва содагию равонии забони модарӣ ба мушоҳида мерасад. Ба баёни дигар, ин сурудаи дилрас ва дигар сурудаҳои устод Рӯдакӣ ҳалқаи васли забону адаб ва таъриху фарҳанги миллии мо аз гузаштаи дур то ба рӯзгори нави Истиқлоли давлатӣ мебошанд.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020), ки муаллифи бузургтарин ҳамосаи миллии мо – «Шоҳнома»-и безавол аст, камоли маҳорату устодии Рӯдакӣ ва «дур суфтан»-и ӯро дар забону адаби мо зимни баёни чигунагии анҷом пазируфтани тарҷумаи манзуми «Калила ва Димна» таъйид кардааст:
Гузорандае пеш биншонданд,
Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.
Бипайваст гӯё парокандаро
Бисуфт инчунин дурри огандаро.
Баъзе сурудаҳои устод Рӯдакӣ бо гузашти айём ба хотири ширинию шевоияшон ба зарбулмасалу мақол табдил ёфтаанд ва имрӯз дар байни пиру барнои ҷумҳурии мо маҳбубияти фаровон доранд. Масалан:
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ё:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Баёни ин нукта ҳам муҳим аст, ки баъзе калимаҳои дар ашъори устод Рӯдакӣ истифодашуда имрӯз фақат дар баъзе гӯйишҳои забони тоҷикӣ боқӣ мондаанд ва дар мамлакатҳои ҳамзабони мо мавриди истифода қарор надоранд. Масалан: варғ (ҷойи оббанду обкушо) (Банди варғи сусти пуда бифканад), коза (каппа) (Ҷой кард аз баҳри будан козае), тундар (раъд) (Наффот – барқи равшану тундар-ш таблзан), хусур (падарарӯс) (Ки то кай кашем аз хусур зиллу хорӣ), модандар (модари угай, ки дар мо моиндар ҳам мегӯянд) (Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро), писандар, духтандар (Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро), фартут (афгор) (Пири фартут гашта будам сахт) ва ғайра.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт устод Рӯдакӣ дар таърихи дерини забони модарии мо абарустоде аст, ки ширинию шевоӣ, шукуҳу шуҳрат, покизагию асолат ва рушду боландагии ин забон дар рӯзгори Сомониён ва давраҳои баъдӣ бо осори мондагори ӯ пайванди амиқи ногусастанӣ дорад.
23 декабри соли равон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар толори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли 2025 - соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи геологияи тоҷик мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни сухаронӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки тайи даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд. Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, ба гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ин раванд боиси сар задани офатҳои табиӣ - обхезӣ, фаромадани тарма ва сел мегарданд, ки ҳисороти калони иқтисодӣ меоранд ва боиси талафоти ҷонӣ низ мегарданд.
Таъкид гардид, ки дар тули даҳсолаи охир ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирӣ ёфтани онҳоаз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор мекунад, ки сари ин масъалаҳо андешида, баҳри дар амал татбиқ намудани ин масъалаҳои мубраму саривақтӣ кушиш ба харҷ диҳем.
Гуфта шуд, ки санаи 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад Декабрь 21, 2024 08:00
ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад.
Тибқи иттилои ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳабиб Ҳуҷаназаров, инқилоби зимистонаи Офтоб 21 декабри соли 2024, соати 14:21 бо вақти Душанбе ба амал меояд. Ин нуқтае мебошад, ки Офтоб аз бурҷи Қавс ба бурҷи Ҷадӣ таҳвил меёбад. Аз сабаби он ки ин нуқта ба уфуқ наздик аст, шаби дарозтарини сол дида мешавад. Ин ҳодисаи астрономӣ дар байни мардуми сарзамини мо ва мардуми ориёинажод бо номи «Шаби Ялдо» маъруф аст.
Аз сабаби дароз будани шаб мардум машваратҳо ташкил менамуданд ва он ҳамчун ҷашнвора гардид. Бо гузаштани вақт Шаби Ялдо анъанавӣ шуда, бо фарҳанг ва маданияти маҳаллӣ омехта шуд. Ин маросим дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида мешавад. Дар Аврупо ин ҷашн эътиқод ба пирӯзии нек ва афзалияти он аз бадиро ифода месозад. Сокинони маҳаллаҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар атрофи ҳавлиҳо сайру гашт намуда, таронаҳо месароянд ва дар атрофи гулхан рақс менамоянд. Новобаста аз маданияти халқҳо Шаби Ялдо ҳамчун маросими фарҳангӣ шинохта шудааст.
Ҳодисаи табиии Шаби Ялдо бо чунин омилҳо вобаста аст. Сайёраи Замин доимо дар ҳаракат аст ва дар атрофи меҳвари худу Офтоб давр мезанад. Меҳвари Замин хати мебошад, ки аз қутби шимол ба қутби ҷануб тӯл кашидааст ва ба ҳамвории чархиши Замин дар атрофи Офтоб моил аст. Аз сабаби ин моилӣ дар Замин бисёр ҳодисаҳои аҷоиб, масалан, ивазшавии фаслҳои сол, инқилоби зимистона ва дигар ҳодисаҳои астрономӣ рӯй медиҳанд. Замин ҳангоми ҳаракати солонааш дар осмони ситоразор чор мавқеъгирии хосса дорад, ки ду ҳолати он нуқтаҳои эъдидоли баҳорӣ (20-22 март) ва тирамоҳӣ (22-23 сентябр) буда, ду ҳолати дигари он нуқтаҳои инқилоби тобистона (20-21 июн) ва зимистона (21-22 декабр) мебошанд.
Инқилоби зимистона гуфта, лаҳзаи гузариши Офтобро аз нуқтаи ҷанубтарин ҳамвории ҳаракати Замин меноманд. Ин ҳодиса оғози зимистон дар нимкураи шимолӣ буда, бо кӯтоҳтарин давомнокии рӯз ва пасттарин мавқеи Офтоб нисбат ба уфуқ аён мегардад.
19 декабри соли равон экспертони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг пас аз таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот намояндагони Агентии мазкур натиҷаи таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки омода кардани кадрҳои илмиро тавассути барномаҳои таҳсилотӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD амалӣ менамонд, дар таҷрибаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) камназир буда, ба кормандони илмии Академияи миллии илмҳо имконият медиҳад, то дар оянда ба ҳайси эксперт дар аккредитатсияи муассисаҳои ҷумҳурӣ ва минтақа иштирок ва ба фаъолияти илмии онҳо баҳогузорӣ намоянд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз доштанд, ки аккредитатсияи мазкур роҳи хатмкунандагону унвонҷӯёни муассисаҳои илмии АМИТ-ро ба хориҷи кишвар кушода намуда, қадами устуворест дар қабули муҳаққиқони хориҷӣ ба ҳайси магистрант, докторант, аспирант ва унвонҷӯй дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо. Дипломҳои хатм ва дараҷаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар давлатҳои эътирофнамудаи НААР ба расмият шинохтаю эътироф мешаванд. Навгонӣ ва дастоварди хеле муҳим дар самти муаррифии илми ватанӣ хоҳад шуд.
Имрӯз (1912.2024) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии мазкур аз озмоишгоҳи Институти зоология ва паразиталогияи ба номи Е.Н. Павловскии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуда, доир фаъолияти илмию таҳқиқотии кормандон аз наздик шинос гардиданд.
Дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он Раис
Дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ иштирок доранд.
@RustamEmomali
18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.
Пас аз тасдиқи реҷаи корӣ ва рӯзномаи анҷуман як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд.
Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 30-юмин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.
Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакилони Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ ва ҷиҳати ширкат дар интихоботи дарпешистода пешбарӣ намуданд. Номзадҳои пешниҳодгардида мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои маҳорату нигоҳи нав ба равандҳои ҷомеа ва ҳам қисмати зиёде аз бонувони соҳибтахассус мебошанд.
Дар анҷуман ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.
Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2025-2030 мебошад, тасдиқ ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.
Имрӯз (18.12.2024) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии мазкур ба Институти ботаника, физиалогия ва генетикаи растании АМИТ ташриф оварда, аз озмоишгоҳҳои Институт дидан намуданд.
Дар идома намояндагони агентии мазкур бо коргарони озмоишгоҳҳои Институт доир ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ суҳбат намуда, ҳамзамон бо рафти таҷрибаомӯзии магистрантону докторантони PhD аз наздик шинос шуданд.
Семинари машваратӣ таҳти унвони «Ташаккул ва рушди низоми бехатарии радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
18-уми декабри соли равон дар дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таҳти унвони «Ташаккул ва рушди низоми бехатарии радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», семинари машваратӣ доир гардид.
Семинари мазкур таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардида, дар он унвонҷӯён, ходимони илм ва олимони ҷавони Агентӣ ва озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуданд.
Чорабиниро академики АМИТ, Улмас Мирсаидов ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди низоми бехатарии радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», истифодаи таҷҳизотҳои муосир, арзёбии вазъи радиатсионӣ ва илман асоснок намудани он суханронӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор унвонҷӯён аз Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ аз натиҷаи корҳои илмӣ ва маърузаҳои худ дар назди ҳозирин баромад доданд.
Бо таваҷҷуҳ ба рушди илму техника академик, Улмас Мирсаидов аз иштирокчиён, масхусан олимони ҷавон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз олимони ботаҷрибаи Агентӣ, ҳарчи бештар ба омӯзишу таҳқиқ рӯ биёранд.
Дар интиҳои семинар вобаста ба мавзуи баррасишуда муҳокимаронӣ сурат гирифта, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
