Баъзан дар тақвим санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти даҳсолаҳо аҳамияти худро гум намекунанд. 9-уми май маҳз аз ҳамин гуна рӯзҳост. Ин на танҳо як санаи таърихӣ дар китобҳои дарсӣ, балки қиссаи зиндаи ҳар як оила, дарди меросӣ ва ифтихори бузурги миллати мост. Ҳарчанд дар ҳудуди Тоҷикистон садои тиру тӯп шунида намешуд, аммо ҷанг ба хонаи ҳар як тоҷикистонӣ ворид гардида буд. Аз кӯҳистони дурдаст то водиҳои зарнисор беш аз 300 ҳазор ҷавонмард ба ҷабҳа рафтанд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии онвақтаи Тоҷикистон ҳамагӣ тақрибан 1,5 миллион нафарро ташкил медод.
9-уми май дар таърихи инсоният ҳамчун санаи тақдирсоз сабт гардидааст. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1945, Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шикасти комили фашизм ба анҷом расид. Барои мардуми Тоҷикистон ин рӯз на танҳо рамзи пирӯзии низомӣ, балки нишонаи фидокорӣ, матонат ва ватандӯстии бемисл мебошад.
Дар ҳоле ки мардон дар муҳорибаҳои шадиди назди Москва, Сталинград ва дигар ҷабҳаҳо қаҳрамонӣ нишон медоданд, дар ақибгоҳ занону кӯдакон низ заҳмати шабонарӯзӣ мекашиданд. Онҳо дар саҳроҳои пахта, корхонаҳо ва муассисаҳои истеҳсолӣ бо шиори “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба!” меҳнат мекарданд. Корхонаҳои ҷумҳурӣ либос, маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти заруриро барои фронт омода менамуданд.
Зиёда аз 100 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Барои шуҷоату ҷасорати бемисл 54 нафар ҳамватанони мо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд. Дар байни онҳо Неъмат Қаробоев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Саидқул Турдиев ва дигар фарзандони шуҷои миллат ҳастанд. Неъмат Қаробоев аввалин тоҷикест, ки соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардидааст. Ӯ ҳанӯз соли 1940 барои шуҷоат дар ҷанги Финландия бо ин унвон қадрдонӣ шуда, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ қаҳрамониҳои зиёде нишон додааст.
Дар ҷанг на танҳо мардони тоҷик, балки занон низ фаъолона иштирок доштанд. Аз ҷумла, Ойгул Муҳаммадҷонова ҳамчун аввалин зани халабони тоҷик дар солҳои ҷанг зиёда аз 400 парвози ҷангӣ анҷом дода, борҳо техника ва мавқеъҳои душманро нобуд сохтааст.
Имрӯз барои насли ҷавон, ки дар фазои сулҳу оромӣ ба воя мерасад, ҷанг метавонад як воқеаи дур намояд. Аммо Рӯзи Ғалаба моро водор месозад, ки қадри сулҳ, субот ва истиқлолиятро бештар дарк намоем. Ҳар як гуле, ки имрӯз назди ёдгориҳо гузошта мешавад, рамзи эҳтиром ва арзи сипос ба қаҳрамониҳои гузаштагон аст. Ин рӯз ба мо ёдрас мекунад, ки маҳз иттиҳоду ҳамбастагӣ метавонад бар ҳама гуна бадӣ ва душманӣ ғолиб ояд.
9-уми май — ин иди бо ашк дар чашмон аст. Мо дар ин рӯз ба хотираи касоне, ки барои зиндагии осоиштаи имрӯза ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Сулҳе, ки имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо ҳукмфармост, идомаи ҳамон зафари бузурги соли 1945 мебошад.
Имрӯз дар байни мо собиқадорон хеле ангуштшумор боқӣ мондаанд. Ҳар як суҳбат бо онҳо, ҳар як хати рӯй ва ҳар як медали рӯи синаашон худ як достони пурифтихор аст. Вазифаи мо танҳо бо табрики солона маҳдуд намешавад, балки эҳтиром ба хотираи онҳо ва ҳифзи сулҳу ваҳдат бояд ҳамеша рисолати ҳар яки мо бошад.
9-уми май — ин рӯзи пирӯзии ҳаёт бар марг, рӯшноӣ бар зулмот ва инсоният бар бадист. Бигзор дар ҷаҳон дигар ҳеҷ гоҳ садои тир шунида нашавад ва сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бимонад.
САЙФУДИНОВА Н.И. Лаборанти Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
СЕЮМИН КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ИЛМИ-АМАЛИИ “АЗ ВОЛГА ТО ГАНГА ТАВАССУТИ ТРАНСОКСИАНА: ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИМИНТАҚАВИИ РАҚАМӢ”
Дар таърихи 24-25 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе сеюмин конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана: густариши ҳамкории байниминтақавии рақами” баргузор гардид. Чорабиниро Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим-Шоҳроҳи Ваҳдат” бо дастгирии Фонди Горчаков (Федератсияи Россия) ташкил намуд. Дар ин конфронс коршиносон ва олимони шинохтаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гирди ҳам омада, масъалаҳои калидии марбут ба роҳҳо ва механизмҳои муосир дар густариши ҳамкориҳои рақамӣ дар байни кишварҳои ИДМ, СҲШ ва минтақахои гуогуни Авросиёро баррасӣ карданд.
Дар миёни мавзӯъҳои баррасишуда хусусан ба вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи се минтақаи бузурги АвроОсиё таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Дар раванди он олимони тоҷик оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту комёбиҳои кишвар, густариши илми муосири тоҷик суханронӣ намуда, дар ташвиқу тарғиби ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар баланд бардоштани обрӯй ва нуфузи кишвар ҳиссаи муносибе гузоштанд. Муҳокимаи ҷамъбастӣ лаҳзаҳои муҳимиконференсия буд, ки дар он иштирокчиён фаъолона мубодилаи афкор намуданд ва саволҳо доданд.
Иштирокчиёни конфронс аз тарзи ташкилу гузаронидани чорабинӣ ба роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Имрӯз (28.10.2024) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳисобот оид ба таҳлилу натиҷагирии лоиҳаҳои илмю таҳқиқотӣ барои солҳои 2020 - 2024 баргузор гардид, ки дар он кормандони Институт аз рӯи лоиҳаҳои амалкунанда "Баҳои суммаҳои омехтаи тригонометрӣ ва тадбиқи онҳо дар назарияи нулҳои қаторҳои махсуси Дирихле", "Баҳои спектр ва ҳалшавандагии масъалаҳои вариатсионӣ барои операторҳои эллептикии таназзулёбандаи бо ёрии шаклҳои якунимхатии ғайрикоэрситивии тавлидшуда" ва "Тадқиқи масъалаҳои муосири математикаи амалӣ ва информатика" д.и.ф.м, узви вобастаи АМИТ Исҳоқов С.А, н.и.ф.м. Саддридинов П.Б. , н.и.ф.м. Назрубллоев. Н.Н. баромад намуданд.
Лоиҳаҳои номбаршуда барои солҳои 2021 - 2025 дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шудаанд. Ҳисоботи кормандони Институт аз тарафи шунавандагон хуб пазируфта шуд
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ, КАЛИДИ МАЪРИФАТ ВА ТАШАККУЛИ ФАЗОИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ ҶОМЕА»
24 октябри соли равон дар толори Муассисаи давлатии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо ибтикори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Конститутсия - бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фазои зиддикоррупсионии ҷомеа» баргузор гашт, ки дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок ва суханронӣ намуд.
Конфронси мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт баромад намуда таъкид дошт, ки соли равон бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юмин солгарди қабули санади тақдирсози миллат-Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва соли 2024 ба ин муносибат ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудааст, таваҷҷуҳ ба ин масъала мубрамияти хоса касб кард. Бахшида ба ин санаи муҳим имрӯзҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, конференсия, ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявӣ баргузор гардида истодаанд.
Дар кори конфронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти як қатор сохторҳои давлатӣ ва доираи васеи кормандони соҳаҳои гуногун иштирок доштанд
Дар доираи баргузории Форуми V олимони кишварҳои узви ИДМ имрӯз (24.10.2024) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимони ҷавон ва муҳақиқони кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мизҳои мудаввар баргузор гардиданд.
Дар рафти баргузории ин мизҳои мудаввар олимону муҳақиқони мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба «Тамоюлҳои асосии рушди илмҳои бунёдӣ: ҳолат ва дурнамои рушд»; «Проблемаҳои актуалии илми техникии муосир: анъанаҳо ва навовариҳо»; Самтҳои асосии донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ: технология ва алгоритмҳо» маърузаҳо намуда, фикру андешаҳои коршиносонаи хешро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳадаф аз баргузории Форуми V олимони кишварҳои узви ИДМ ва мизҳои мудаввар дар ҳошияи он ин пеш аз ҳама дар амл тадбиқ намудани илмҳои бунёдӣ ва гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки рушди ҳамкориҳои илмию техникӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, такони оғози тадқиқоти муштарак, таҳияи пешниҳодҳо оид ба рушди сиёсати инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ, таҳким ва густариши ҳамкориҳои илмию техникӣ ва гуманитарӣ байни аҳли ҷомеа ва мамлакатҳои аъзои он мебошад.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ниҳоди илмии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши бориз дорад. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар паҳлуҳои сиёсати кишвар, ба илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. И
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ниҳоди илмии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши бориз дорад. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар паҳлуҳои сиёсати кишвар, ба илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин коргузорӣ бештар дар робитаҳои хориҷии мамлакат назаррас аст.
Барои саҳми арзанда дар тадбиқи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Шаҳодатномаи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мукофотонида шуд.

23 октябри соли равон дар доираи баргузории Форуми V олимони кишварҳои узви ИДМ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласаи XII- уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдӣ давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа олимону муҳақиқони мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок варзиданд. Ба кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, воқеан ҳам ин рӯйдоди муҳим, ки муассисаҳои илмии пешрафтаи кишварҳои моро муттаҳид мекунад, имкон медиҳад, мубодилаи дониш, муҳокимаи масъалаҳои асосӣ ва ҳалли муштараки рушди минбаъдаи илми бунёдӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил густариш дода шавад.
Ҳамзамон дар кори ҷаласа 12 масъалаи мубрами ҳам вобаста ба иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда ва ҳам таҳияи ташаббусу барномаҳои нав баррасӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки моҳи августи соли 2024 ба Кумитаи иҷроия аз Академияи миллии илмҳои Беларус нома бо пешниҳоди хориҷ кардани банди 5 аз лоиҳаи ҷаласаи Шӯро – «Дар бораи таҳияи лоиҳаи Стратегияи илм дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ирсол карда шуд. »
Дар идома зикр гардид, ки айни замон дар тамоми кишварҳои узви ИДМ татбиқи Рӯйхати лоиҳаҳои илмии ояндадор идома дорад ва мо мебинем, ки таваҷҷӯҳ ба ҳамкорӣ ва корҳои муштараки илмӣ меафзояд. Хеле муҳим аст, ки ҳамаи аъзоёни Шӯро минбаъд низ дар татбиқи Рӯйхати мазкур фаъолона саҳмгузор бошанд.
Ёдовар мешавем, ки маълумот дар бораи рафти иҷрои ин лоиҳаҳо бояд то 31 декабри соли 2024 ба Котиботи Шӯро фиристода шавад. Албатта ин ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи пешравӣ тасаввуроти равшан дошта бошем ва ба душвориҳои ба миён омада сари вақт чавоб диҳем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ заминаи рушди ҳамкориҳои худро бо аксарияти кишварҳои олам густариши беандоза додааст. Маҳз сиёсате, ки кишвари Тоҷикистонро дар сатҳи байналхалқӣ муаррифӣ намуд, ин сиёсати ояндадори “Дарҳои боз” мебошад.
Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, дар асоси принсипи сиёсати хориҷии “дарҳои боз” бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дӯстона барқарор намуд. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи кишварро сиёсати “дарҳои боз”, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад».
Ҳамин аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад. Умуман, яке аз соҳаҳое, ки ба низом ва густариши ҳамкориҳои давлатҳои ИДМ мусоидат менамояд ин соҳаи илм ба шумор меравад.
Дар заминаи ин дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз санаи 23-24 октябри соли равон Форуми V олимони аъзои давлатҳои ИДМ баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки баргузории ин форуми сатҳи байналмилалӣ мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар самти ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2023-2024, ки дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ 28 октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қабул гашта буд, баргузории Форуми V олимони аъзои давлатҳои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд ва имрӯз дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамзамон баргузории ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ нақшбандӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки ташкилкунандагони чорабинӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои олимони ҷавони АМИТ, Кумитаи иҷроияи давлатҳои аъзои ИДМ, Фонди байнидавлатии ҳамкориҳоии бунёдии ИДМ ва вазорату идораҳои дахлдор мебошанд.
Ҳадафи асосии форуми мазкур рушди ҳамкориҳои илмию техникии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мусоидат ба ташаккул ва густариши фазои илмӣ, таҳлили ҳолат ва дурнамои рушди илми фундаменталӣ, роҳҳои татбиқи тадқиқоти илмии инноватсионӣ дар давраи рақамӣ, инчунин такмил додани раванди рақамикунонӣ дар соҳаи маориф ва илм дар кишварҳои ИДМ мебошад.
Дар кори форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини директори Раёсати ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоии ИДМ Манучеҳр Ҳоҷизода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, мушовири Раёсати иҷроияи IFGS Камол Раҳимов, мушовири Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, академик Мохсун Нағисойлу, саркотиби илмии Академияи илмҳои Беларус Василий Гурский, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон Кубанычбек Ҷумалиев, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемура Усмон Махмадёрзода, саркотиби илмии президиуми Академияи илмҳои Россия Михаил Дубина, саркотиби илмии Академияи илмхои Ҷумҳурии Узбекистон Ғайрат ва дигар олимону муҳақиқони соҳа иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар сухани ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки илм олимонро муттаҳид мекунад, аз ин рӯ форум ба майдони табодули байналмилалии бидуни марз табдил ёфтааст. Вусъат додани муносибатҳои байналхалқӣ махсусан ҳозир хеле муҳим аст. Ва форум ба минбари мукаммали ба роҳ мондани ҳамкории олимони ҷавон табдил ёфт. Ва муҳимтар аз ҳама, он имкони муоширати зиндаро фароҳам меорад, ки бешубҳа ба лоиҳаҳои ҷиддӣ табдил меёбанд.
Таъкид гардид, ки ба масъалаи ба илм ҷалб намудани мутахассисони ҷавон диққати махсус додан лозим аст. Мамлакатҳои аъзои ИДМ барои ба илм ҷалб намудани ҷавонон чораҳои заруррӣ меандешанд. Дар баробари ин, нигоҳ доштани мутахассисони ҷавон, таъмини афзоиши касбии онҳо ва фароҳам овардани шароити зарурии иҷтимоӣ низ муҳим аст. Дар ин самти фаъолият олимони ҷавон бояд ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои якҷояи мақсадноки илмӣ, ташаккули таклифҳо оид ба ҳамкории илмию техникӣ фаъолонатар ҷалб карда шаванд.
Қобили зикр аст, ки вобаста ба гузаронидани Форуми Ѵ олимон давлатҳои аъзои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки моҳи октябр соли 2023 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуда буд қайд намуда буданд.
Дар чорабинӣ зиёда аз 70 нафар олимону муҳақиқони варзида, роҳбарияти муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ иштирок доранд.
